.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Музаффар Раҷабзода: Тамоми шароитро дорем

Авг 26, 2017 Диданд: 545
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Яке аз муассисаҳои пурнуфузи соҳаи тандурустии кишвар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил мебошад, ки ҳамчун сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ба табобат ва пешгирии касалиҳои дил нигаронида шудааст. Ҳамзамон, ин муассисаи пурнуфуз ҳамчун сармуассиса дар корҳои ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиологии вилоятҳо ба бахшҳои бемориҳои дилу шарён дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳа ва тайёр намудани мутахассисони ин соҳа равона карда шудааст.
Ин марказ, ки дар Шаҳраки шифокорон (Қарияи боло) ҷойгир аст, дорои 192 кат буда, аз сохторҳои зерин иборат мебошад: бахши қайду қабул, дармонгоҳи машваратӣ, коргоҳи клиникиву ташхисӣ, бахши реабилитатсия, бахши ташхис, бахши наҷот, бахши сактаи дил, бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил, бахши фишорбаландии шарёнӣ, бахши артимия ва нуқсонҳои дил. Марказ барои 325 басти корӣ пешбинӣ шудааст, ки он бо табибон ва ҳамшираҳои шафқат пурра таъмин мебошад.
Ин марказ, ки калонтарин муассисаи табобатӣ дар соҳаи дил мебошад, имрӯз тавассути ёрии амалии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз муассисаҳои беҳтарини соҳа на ин ки дар сатҳи мамлакат, балки берун аз кишвар низ шинохта шудааст. Он аз лиҳози ободкориҳо ва таъмиру таҷдид яке аз беҳтарин муассисаҳо дар мамлакат ба шумор рафта, аз нигоҳи таъминоти дастгоҳҳои табобатӣ ва ташхисӣ дар мамлакат ҳамто надорад. Давоми панҷ соли охир дар ин муассиса он шароите барои беморон муҳайё карда шудааст, ки дар гузаштаи на чандон дур, метавон гуфт, онро дар хоб медиданд. Ин муассиса на ин ки табобат мекунад, балки дар он барои тамоми муассисаҳои табобатии бемориҳои дил мутахассисони аълодараҷаро тайёр намуда, ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мефиристанд. Танҳо давоми соли ҷорӣ дар ҳудудҳои ба ин беморхона тааллуқдошта садҳо метр роҳҳо сафолбандӣ карда шуда, зиёда аз панҷ ҳазор метри кватратӣ ба як гулзори афсонавӣ табдил дода шуда, дар он дарахтони сояафкани ҳамешасабз ва ҳазорон бех гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст. Дар ин марказ 93 нафар табибони маълумоти олидор фаъолият мебаранд, ки аз он 42 нафарашон дараҷаҳои олии якум ва дуюмро доро мебошанд. Сатҳи дараҷанокии табибони асосӣ 80,5%-ро ташкил менамояд. Дараҷанокии ҳамшираҳои шафқат бошад, 65,5%-ро ташкил мекунад, ки ин яке аз беҳтарин натиҷаҳо дар ҷумҳурӣ аст. Аз сабаби нарасидани собиқаи корӣ 10 нафар табиб ва 31 нафар ҳамшираҳои шафқат дараҷаи тахассусии касбиро доро намебошанд. Дар ин муассисаи пурнуфуз 7 нафар корманд номзади илми тиб мебошанд, ки ин низ яке аз натиҷаҳои беҳтарин дар мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 3220 бемор бистарӣ кунонида шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 170 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 41,7%-ро сокинони пойтахт ташкил дода, 58,2%-и беморон сокинони дигар манотиқи кишвар мебошанд. Аз шумораи умумии беморон 1718 нафарашонро нафақагирон ташкил дода, 183 нафари дигар бошад, беморони гурӯҳи маъюбидошта мебошанд. Давоми нимсолаи соли ҷорӣ се нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ табобат карда шудаанд.
Дар шӯъбаи наҷоти ин муассисаи пурнуфуз давоми нимсолаи соли ҷорӣ 455 нафар бистарӣ кунонида шудаанд, ки аз он 229 нафарашон дар ҳолатҳои вазнин тариқи худмуроҷиат бистарӣ гардида, ин 50,32%-и беморони дар бахши наҷот бистаришударо ташкил менамояд. Аз миқдори умумии бистаришудагон 119 нафар бемор тариқи автомашинаҳои ёрии тиббии таъҷилӣ дастрас карда шудаанд, ки 26,15%-ро ташкил менамояд. Яке аз сабабҳои дер анҷом ёфтани табобат ё то ба ҳолатҳои фавт расонидани беморон ин ба бахши наҷот дер овардани беморон мебошад. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 230 нафар бемор баъд аз 24 соати беморӣ дастрас карда шудаанд, ки ин ба натиҷаи кори табобатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шӯъбаи сактаи дил 168 нафар бемор бистарӣ кунонида шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Аз онҳо 66 нафарашон ё 39,27% тариқи худмуроҷиат, тавассути ёрии таъҷилии тиббӣ 69 нафар, ки 41,7%-ро ташкил медиҳад, бистарӣ кунонида шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар шароити имрӯза фаъолияти бригадаҳои ёрии тиббии таъҷилӣ ба таври намунавӣ басо пурзӯр карда шудааст, ки пеш аз мӯҳлатҳои муайяншуда ҳатто беморонро аз тамоми гӯшаву канорҳои мамлакат ба ин муассиса барои табобат дастрас менамоянд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин муассисаи пурнуфуз тадқиқот ва ташхисоти тиббӣ мебошад. Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 21587 нафар аз ташхис ва тадқиқотҳои гуногун гузаронида шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1147 нафар зиёд мебошад.
Дар коргоҳи клиникиву ташхисӣ бошад, 44737 ташхисҳои клиникӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3572 ташхис зиёд мебошад. Ин озмоишгоҳ давоми 24 соат шабонарӯз фаъолият менамояд, ки ин ба вазъи табобатии муассиса таъсири басо мусбат мерасонад.
Дар бахши табобат ва реабилитатсия бошад, давоми нимсолаи соли ҷорӣ 4545 беморон табобат ва реабилитатсия кунонида шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 375 нафар зиёд мебошад.
Давоми нимсолаи соли ҷорӣ ба 908 нафар бемор ба таври ройгон хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст. Имрӯз дар тамоми шӯъбаҳои ин бемористони намунавӣ гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ташкил шудааст. Аз рӯи суханони Раҷабов Қиёмиддин, ки дар ин марказ табобат мегирад, «чанд сол боз бемории дил маро ташвиш медиҳад. Ҳар дафъа ман табобатро дар ин муассиса гирифта, ба зудӣ шифо меёбам. Фикр мекунам, ки дар ягон ҷои дунё чунин шароити хуби табобатӣ ва чунин табибони дараҷаи олӣ кам андар каманд. Офарин ба сартабибу кулли табибони ин беморхона».
Ба гуфтаи Юсуфов Юсуф, сокини деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб, «ман, ки аспсавораму човандозиро дӯст медорам, дар яке аз маъракаҳои бузкашӣ ҳис намудам, ки ҳолатам бад шуда истодааст ва аз бародарон хоҳиш намудам, то маро ба ин беморхона интиқол диҳанд. Ду дафъа дар ин муассисаи пурнуфузи махсусгардонидашуда табобат гирифтаму фикр мекунам, аз ин беморӣ пурра наҷот ёфтам. Ин ҷо барои табобат ва истироҳату реабилитатсияи беморон тамоми шароит муҳайё карда шудааст, ки ман ба сартабиби беморхона мӯҳтарам Раҷабзода Музаффар ва кулли кормандони ин муассиса миннатдорӣ баён мекунам».
Дар сӯҳбат бо мо директори ин муассиса Раҷабзода Музаффар Эмом иброз намуд, ки «имрӯз тавассути дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он шароите муҳайё карда шудааст, ки на ин ки кормандони муассисаи мо, балки кулли кормандони соҳаи тиб онро дар гузашта ҳатто дар хоб орзу карда наметавонистем. Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар кишвар ончунон зиёданд, ки барои номбар кардани онҳо ҳазорон саҳифаҳои китобу маҷаллаҳо камӣ мекунанд. Мо, кормандони соҳаи тандурустии кишвар танҳо ва танҳо бояд ба доҳӣ ва Пешвои муаззами худ арҷ гузошта, аз он кас миннатдор бошем».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
ШАРҲИ МО:
Раҷабзода Музаффар Эмом 19-уми августи соли 1962 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1980 шомили факултаи муолиҷавии ДТТ ба номи А. Сино гашта, онро соли 1986 бо баҳои аъло хатм намудааст. Давоми 31 сол дар риштаҳои мухталифи тиби муосири тоҷик кору фаъолият дорад. Аз моҳи майи соли 2013 Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» мебошад. Номзади илми тиб, докторанти илмҳои тиб, Аълочии тандурустии ҶТ, духтури дараҷаи олӣ, муаллифи 26 рисолаи илмӣ, роҳбар ва оиладори намунавӣ, падари 4 фарзанд.

Тағйироти охир Шанбе, 26 Август 2017 13:13
Хонданд 545
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.