.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Зиёев ва К°

Окт 14, 2017 Хонданд: 2465
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Пасандози мизоҷони “Тоҷпромбонк” дар куҷост?

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Ба Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саймумин Ятимов

АРИЗА

Муҳтарам Ҷаноби Президент, Пешвои миллат!
Бо арзи эҳтироми зиёд ба Шумо, Президенти Тоҷикистон ва Пешвои миллат ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пайгиронаатон дар амри беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ ва мубориза бо коррупсия дар кишвар, боз бо як аризаи навбатӣ муроҷиат мекунам. Бовар дорам, ки ин мавзуъ таваҷҷуҳатонро ҳамчун Сарвари давлат ҷалб менамояд.
Дар робита ба аҳамияти ҷамъиятӣ доштани масъала эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ супориш диҳед, то нисбати собиқ раиси Ҷамъияти саҳомии “Тоҷпромбонк” Зиёев Ҷамшед Азизович ва аъзои гуруҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, онҳоро барои дуздии воситаҳои пулии ман ва садҳо миллион маблағи аҳолии Тоҷикистон (670 нафар), ки ҳамчун пасандоз дар ихтиёри бонки ӯ гузошта шуда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.
Факту далелҳо нишон медиҳанд, ки Зиёев ва гуруҳи ӯ бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз боварии амонатгузорон воситаҳои пулии шаҳрвандонро аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезишуда бо ин роҳҳо дуздидаанд:
1. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби пасандози амонатгузорон барои истифодаи шахсӣ ӯ барои худ ва хешовандонаш даҳҳо истироҳатгоҳ, хона, биноҳои гаронқимат, тарабхона ва нуқтаҳои савдо харидаву бунёд кардааст. Барои рӯйпӯш намудани дуздии маблағҳои амонатгузорон бошад, ӯ арзиши аслии иншооти ба ихтиёри бонк гирифта ва харидашударо зиёд нишон додааст, маблағҳои зиёд нишондодашударо бошад, аз худ кардааст!
Ҳамзамон, гӯё ба манфиати давлат ва ҷамъият кор мекарда бошад, боз ҳам бо мақсади шахсан бой шудан ва манфиати наздиконаш амал намудааст. Маблағҳои амонатгузоронро барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, ки қудрати истеҳсоли маҳсулотро надоранд ё ин ки фоидаовар нестанд, сарф намуда, ҳаҷм ва нархи онҳоро зиёд нишон додаасту зиёдатиашро боз аз они худ намудааст.
Яъне:
2. Ба номи шахсони дигар дар Маскав як бонки тиҷоратиро ташкил дода, он ҷо худ, ҳамсар ва писарашро ҳамчун саҳом ва сармоягузор ба расмият дароварда, бо роҳи ҳиллаҳои тиҷорӣ ва амалиётҳои бонкии гуногун, ғайриқонунӣ ба он ҷо (аз рӯи баъзе маълумотҳо ба Англия низ) амонатҳои пулии аҳолии Тоҷикистонро дар ҳаҷми даҳҳо миллион доллар интиқол додааст.
3. Аз ин ҳисоб дар маркази шаҳри Маскав як квартира, як хонаи боҳашаммати гаронқимат (қариб 3 миллион доллари ИМА) дар як ноҳияи ашрофнишини шаҳр ва дар Подмосковйе як маҷмааи тиҷоратиро харидааст.
4. Бо мақсади шустан (отмывание)-и пулҳои бо роҳи ҷиноӣ ба даст овардашуда ва тамоман рӯйпӯш намудани дуздии маблағҳои амонатгузорон, бо баҳонаи буҳрони иқтисодӣ (бо пуштибонҳояш аз мақомоти болоӣ ва маъмурияти муваққатии “Тоҷпромбонк”), фаъолияти ин бонкро барҳам дода, ӯ муфлисии сохтаро расман эълон намуда, арзиши моликияти бонкро, ки барои барқарор кардани пасандози амонатгузорон бояд фурӯхта шаванд, ба таври сунъӣ 2-3 баробар зиёд кардааст. Ин ҷо ҳам Зиёев нақшаеро истифода бурдааст, ки амалан пардохти маблағҳои амонатгузоронро номумкин мекунад ва тамоми фикру андешаи ӯ барои пӯшидани дуздии қаблан анҷомдодааш равона шудааст, ки ин идомаи фаъолияти ӯ ва ғорати аҳолӣ то риштаи охиринаш мебошад!
Акнун ба баъзе факту далели ҳуҷҷатӣ рӯ меорем.
1. Соли 2016 дар ҳоле ки пасандозҳои аҳолиро аз рӯи талабот ва ба охир расидани муҳлати шартномаҳо намедод, ӯ ва аъзои гуруҳаш дидаву дониста арзиши воқеиву бозории моликияти худ (автомашинаҳо, мағозаҳо, хонаҳову биноҳо ва дигар амволи ғайриманқул)-ро 2-3 маротиба боло нишон дода, ба амонатгузорон пешниҳод намуд, ки онҳоро ба ҷои қарз бо нархҳои осмонӣ бигиранд!? Масалан: мошинаи сабукрави куҳнаи «Опел»-ро, ки арзиши аслиаш аз 400 доллар зиёд нест, ба 3 ҳазор доллар пешниҳод намуданд. Қимати “Мерседес (Сечка)”, мошинҳои боркаш ё дигар намуди техника, хонаҳо ва амволи ғайриманқулро на камтар аз ду баробар зиёд нишон доданд. Бо ин кор тарроҳони нақша амонатгузоронро маҷбур карда, барои онҳо ҳеҷ имкони интихобро нагузоштанд, ба ғайр аз он ки ба шартҳои бонк розӣ шаванд.
Як қисми амонатгузорон ҳатто аз фоизҳои худ даст кашиданд ва маҷбур ҳар чиро, ки пеш омад, гирифтанд, то билкулл маҳрум намонанд ва ҳамин тавр, ҳисороти ҷиддии моддӣ диданд. Амонатгузорони дигар, ки дар миёни онҳо ман ва писарам Соиб Ҷӯраев (чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар синни ҷавонӣ касбашро аз сабаби набудани маблағ барои такмил додани малака, пардохти ҳаққи мураббиён ва ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тарк кард) ҳам будем. Аммо мо талаб кардем, ки бонк уҳдадориҳои шартномавии худро иҷро кунаду маблағи моро баргардонад.
Соли 2013 писаронам хонаашонро фурӯхтанд ва барои мардикорӣ ба Россия рафтанд. Қисми маблағашон - 45 ҳазор доллари ИМА-ро бошад, мо дар “Тоҷпромбонк” амонат гузоштем. Тайи ду соли ахир ман, писарам ва намояндаамон тариқи ваколатнома 79 маротиба (!) ба бонк муроҷиат кардем, то амонати моро баргардонанд. Чандин маротиба тариқи ариза, аз ҷумла ба раиси Бонки миллии ҶТ (нусхаҳояш пешниҳод мешаванд) муроҷиат карда, хоҳиш намудам, ки лоақал 20 ҳазор доллари онро диҳанд, то ҳаққи чопи китоби худ - “Ман муфаттишам!”-ро дар нашриёти “Молодая гвардия”-и Маскав пардохт кунам. Раҳбарони бонк - Зиёев ва Эшов, ҳамчунин мудири муваққатии бонк ва муовини ӯ, ҳар дафъа моро бо суханони “ана, имрӯз, ана, пагоҳ” гӯл мезаданд! Ҳамин тавр, ба ман, амонатгузорони дигар, нафақахӯрон ва камбизоатон пасандозҳоямонро надоданд, аммо ба сарватмандон ва мизоҷони бахусус доро, бо камоли майл ва бидуни ягон мушкил маблағҳояшонро доданд! Зиёев ва Эшов ба ман ва намояндаам худро хеле сафед карданд, ки чаро ба эҳтиёҷмандон тангае надоданд, аммо 300 ҳазор долларро ба “одамони муътабар” доданд!...
Марҳамат, бубинед, ки дар идома ин гуруҳи муташаккил чӣ гуна амал мекунад!
1. Соли 2017 баъд аз он, ки қарори барҳам додани бонк ва фурӯши дороиҳои он содир шуд, Зиёев боз ҳам тариқи созиш бо аъзои гуруҳаш ва ширкати баъзе роҳбарони Комиссияи барҳамдиҳӣ даст ба дуздии моликияти бонк зад, ки барои соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодаи онҳо аллакай ҳақ надошт.
А) Моҳи май Комиссияи барҳамдиҳӣ ба амонатузорон рӯйхати дороиҳои бонк ва арзиши мушаххаси онҳоро барои фурӯхтан пешниҳод кард. Охири моҳи май ба ҷои бақияи пасандозам дар ҳаҷми қариб 39 ҳазор доллар ман розӣ шудам, ки хонаи сеҳуҷрагии пешниҳодшуда воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ, бинои 12/1, 68-ро бигирам. Аммо соҳиби аслии он Камолов маро ронд... Пас ба ман як дуҳуҷрагиро дар хонаи навбунёди ҳанӯз нотамом, воқеъ дар кӯчаи Бухоро-29 ба қимати 365 ҳазор сомонӣ пешниҳод карданд (рӯйхати хонаҳо ва нархи онҳо вуҷуд дорад). Хонаи навсохтро аз назар гузаронида, розигии худро додам. Маро ба назди Зиёев, ки ваъдаи ҳалли мусбати масъаларо дода буд, фиристоданд. Бар хилофи интизориҳои ман, ӯ пешам ин шартро гузошт: “Ё ин хонаро ба нархи нав мехарӣ, яъне на ба 365 ҳазор, балки ду баробар гаронтар - 727 ҳазор сомонӣ ё шартномаи “қонунӣ”-и интиқоли пулҳои туро ба заводи ман мебандем ва ту пулҳоятро дар давоми 5 сол хоҳӣ гирифт!”. Ман розӣ нашудам ва гуфтам, ки дар ин муддат ё ман мемирам, ё ту! Нархи моликияти бонкро, ки аллакай аз сӯи комиссия барои амонатгузорон, онҳое, ки пешашон бонк қарздор аст, муайян шудааст, ҳуқуқи зиёд кардан надорӣ; харҷи маблағҳои амонатгузорон барои эҳтиёҷоти худ, сохтани заводу корхона, тарабхонаву мағоза, харидани бӯстонсарову хонаҳои гаронқимат (аз як корманди КДАМ дар кӯчаи Бухоро) амали ғайриқонунӣ ва бойшавии шахсан худат асту халос!
Ман ҳушдор додам, ки оид ба азонихудкунӣ ва исрофкунии маблағҳои амонатгузорон ба Прокуратураи генералӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия шикоят мекунам ва ту пушаймон мешавӣ!
Дар посух Зиёев бешармона гуфт: «Ҳар чӣ ман кардам ва сохтам, бо дастури Президент ва Ҳукумат анҷом додам! Одамон ҳатто ба таври дастаҷамъӣ ба Президент навиштанд. Чӣ шуд?! Агентӣ ва Прокуратураи генералӣ як соли тамом садҳо шикоятро санҷиданд. Омаданду рафтанд!... Ягона одаме, ки шикоят нанавишта монд, ту будӣ! Навис ба ҳар куҷову ҳар кӣ мехоҳӣ!».
Бо ин суханонаш ӯ ба ман фаҳмонд, ки ҳамаро харидааст, ба ҳама кор қодир аст ва ба ӯ чизе таҳдид намекунад! Ман ба ӯ вақт додам, ки фикр кунад. Пас аз се рӯз боз ҳамроҳии вакилам ба бонк омадам. Зиёев набуд. Намояндаи бонк, ки се рӯз пеш ба ман ба ҷои пасандозам хонаро пешниҳод карда буд, акнун гуфт: «Нархи амволи ғайриманқули мо боло рафт! Пешакӣ барои ширкат дар тендер 1700 сомонӣ пардохт кунед ва он ҷо хонаҳои қаблан пешниҳодшударо дар баробари дигарон бо нархи ду баробар зиёд, ба пули нақд харед!...». Ҳамин тавр, ин кас, чун Зиёев, маро аз амонатгузор ба харидор табдил дод. Пеши ман як коғази аҷибро гузошт, ки чунин ном дорад: “Рӯйхати моликияти “Тоҷпромбонк”, ки ба тендер барои фурӯш дар таърихи 02. 06. 2017 гузошта мешавад!». Дар ин рӯйхат ҳудуди 100 номгӯй моликият зикр шуда буд, ки дар бозори амволи ғайриманқул талабот надоранд, аммо нархҳояшон осмониянд!
Ҳайрон мешавед! Чӣ тавр дар давоми як рӯз нархи хонаҳои ба ман пешниҳодшуда, амволи ғайриманқул ва дигар моликияти бонк 2-3 маротиба боло рафт, дар ҳоле ки дар бозор ин нархҳо ҳар рӯз поён мешаванд? Ва чаро моликияте, ки бо пули амонатгузорон харида шудааст, бояд ба худи онҳо дар тендер се ва ҳатто чор маротиба гаронтар фурӯхта шавад?
Лутфан ба ин факту далелҳо ва ҳуҷҷатҳои бонк таваҷҷуҳ намоед!
1. Ба арзиши филиали бонк дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ки комиссия моҳи май 1 млн 920 ҳазор сомонӣ нарх монда буд, 3 млн 838000 сомонӣ зам шудааст ва аз ҳаво нархи онро 5 млн 758800 сомонӣ муайян карданд. Дар арзиши бинои Мастчоҳи Куҳӣ, ки 2 млн 270 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд, 4 млн 537402 сомонӣ изофа навишта, арзиши онро ба 6 млн 807402 сомонӣ баровардаанд;
2. Ба арзиши филиалҳои бонк дар Тоҷикобод - 4 млн 810 ҳазору 17 сомонӣ, Айнӣ - 4 млн 619 ҳазору 271 сомонӣ, Панҷакент - 1 млн 682 ҳазору 744 сомонӣ ва ғ.ҳ. илова шудаанд.
Ба ҳамин роҳ, Зиёев ва аъзои гуруҳи ӯ танҳо аз ҳудуди 100 амволи ғайриманқуле, ки барои фурӯш гузоштанд, бе ягон асос арзиши онҳоро ба 95 млн сомонӣ зиёд карда, бо ин восита пасандозҳои қаблан дуздидашудаи амонатгузоронро рӯйпӯш намуда, боз ба дуздии моликияти шаҳрвандон даст задаанд ва ё мехоҳанд боз онҳоро ғорат кунанд!
Инак: Зиёев истироҳатгоҳҳоеро, ки қаблан бо нархҳои арзон аз пули бонк харидорӣ намуда, ба номи наздиконаш ҳамчун саҳомони бонк ҳуҷҷат карда буд, моҳи майи соли 2017 намоишкорона ҳамчун амволи ғайриманқули бонк, эҳтимол ба хотири пӯшонидани камбуди маблағ, ба фурӯш гузошт:
1. Истироҳатгоҳ дар деҳаи Фанфароғи дараи Варзоб. Он ба номи Зиёева Т. ба расмият дароварда шудааст, ки арзишаш 4 млн 610000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст (дар асл ин иморати шахсӣ бо се бинои боҳашаммат, саунаҳо, ошхона, варзишгоҳи хурд ва тарабхонааш дар сари роҳи калон, на камтар аз 3 миллион доллари амрикоӣ меистад);
2. Дар ҳамон ҷо як истироҳатгоҳи дигар 3 млн 790 ҳазор сомонӣ нарх гузошта шудааст, ки ба номи Зиёев А. ҳуҷҷатгузорӣ шуда буд;
3. Истироҳатгоҳ дар дараи Ҳаррангон (ба қавли ҳамсояҳо, амалан ба 200 ҳазор сомонӣ харида шуда, 400 ҳазор ҳуҷҷат шудааст) - 7 млн 900 ҳазор сомонӣ;
4. Истироҳатгоҳ дар дараи Ғусғарф - 7 млн 702 ҳазор сомонӣ;
5. Истироҳатгоҳ дар дараи Кондара - 5 млн 700 ҳазор сомонӣ.
Акнун бинед! Пас аз он, ки аз ҳисоби беасос боло бурдани арзиши дороиҳои бонк ба маблағи ҳудуди 95 миллион сомонӣ пули зиёдатӣ ба вуҷуд омад, аз ин ҳисоб Зиёев моҳи июн ин панҷ истироҳатгоҳро ба фурӯш набароварда, онҳоро ҳамчун амволи зиёдатӣ боз аз они худ кардааст!
Аз рӯи дигар маълумотҳои боэътимод, таъмир, таҷдид, сохтмонҳои иловагӣ, пардохти музди посбонон ва таъмини дигар хароҷоти панҷ истироҳатгоҳе, ки ба Зиёев ва хешовандони ӯ тааллуқ доранд, аз ҳисоби бонк - пулҳои амонатгузорон ба анҷом расонида шудаанд.
Яъне бо як ҳилла дар як рӯз Зиёев 70 миллион сомонӣ бой шуду майишати худро мебинад, аммо ба амонатгузорони камбизоату солхӯрда ва бемор ӯ ҳатто пули дарду дармон ва нонашонро намедиҳад! Ва ҳар касе, ки бо зориву тавалло амонати худро талаб мекунаду мекӯшад аз ҳаққу ҳуқуқи худ дифоъ кунад, тавре ки расонаҳо навиштанд, таҳқир, ҳатто латукӯб мешавад!
Сабаби муфлисии бонк ва барҳам додани фаъолияти он дар чист?
Ин, ба истилоҳ, буҳрони бонкӣ буд ё натиҷаи дуздиву фаъолияти коррупсионии афроди дахолатнопазир? Ин аст он чӣ, ки амонатгузорон ва меҳнаткашони оддӣ мехоҳанд донанд! Албатта, Президенти кишвар ҳам!
Ман қаблан ҳам ба Шумо дар ин бора навишта будам, ки атрофиёни Шумо, инчунин ба Рустами Эмомалӣ ҳақиқатро намегӯянд ва инро парвандаи порахӯрону ғоратгарони мардуми худ дар Агентии мубориза бо коррупсия собит кард!? Тавре ки инҳо парвандаҳои қалбакӣ, ба мисли кори сохта нисбат ба шаҳрванди хитойӣ Ин Сюандэ, пешниҳод мекарданду ба Шумо маълумоти дурӯғро мегуфтанд, Зиёев ба президенти кишвар - Пешвои миллат корхонаҳо ва иншооти корношоям ва бефоидаро пешниҳод карда буд!
Таҳқиқи шахсии ман ва далелҳои овардаам бараъло аз он шаҳодат медиҳанд, ки Зиёев ҳамеша ба манфиати шахсии худ амал намуда, дар ин ҷо ҳам бар зарари давлат ва ҷамъият, зидди сиёсати Президенти кишвар оид ба беҳбудии аҳолӣ кор кардааст.
Ҳамчун мисоли барҷастаи фиреб фабрикаи дӯзандагии “Шарофат” дар ноҳияи Ҳисорро меорем, ки дар расми ба истифода доданаш соли 2015 шахсан Шумо, Президенти кишвар - Пешвои миллат ширкат доштед!
Дар хабарҳои расмии давлатӣ чунин навишта буданд: “Дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии “Шарофат” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бузургтарин дар ноҳия буда, дорои беш аз 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин иншооти саноатӣ, ки ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори шодмон бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшид. Зикр гардид, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Зиёев дар майдони як гектар доман густурдааст, бо харҷи 7 миллион сомонӣ бо санъати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар назди ин корхона меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор, корхонаи рангуборкунии матоъ ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ мебошад...”.
Қабули ин корхона чандин бор тариқи телевизион нишон дода шуд ва ба таври васеъ дар ВАО бозтоб ёфт. Даҳҳо овезаи аксҳои Зиёев бо Президент, ки худро ҳамчун қаҳрамон ва одами пурқудрати наздик ба Президент ба намоиш гузоштааст, на фақат дар атрофи ин корхонаи қалбакӣ овехта шудаанд, балки деворҳои дохили ин бинои бузург низ бо ин фотосессияҳо оро дода шудааст. Аммо ин ”каҳрамон” ҳам монанди коррупсионерҳои аслӣ, муфаттишони Агентӣ, ки ҳатто аз сӯи Прокуратураи генералӣ муборизони ҳақиқии зидди коррупсия муаррифӣ шуда буданд, қалбакӣ баромад.
Оё ягон кас инро таҳқиқ кард, ки корхонае, ки дар маросими ифтитоҳаш худи Президент - Пешвои миллат ҳузур доштанд, кор мекунад ё не? Ва чӣ қадар пули амонатгузорон дар сохтмони ин иншооте, ки ҳоло ба фурӯш гузошта шудааст, обу лой шудаанд?
Ҳеҷ кас ҳисоб накардааст! То ба ҳол фабрикаи дӯзандагии “Шарофат”, ягон корхонаи атрофи он ва нуқтаҳои савдо кор намекунанд! Пас ягон одам ҳам бо кор таъмин нашудааст. Фоидаеро ҳам касе аз Зиёев надидааст, ба ҷуз зиён ва азоби алиме, ки аз дасти ӯ 670 амонатгузор мекашанд! Охир аз қабули намоишкоронаи истифодаи иншоот ду сол гузаштаву дороиҳои корхонаи маъруфи “Шарофат” ба шумули дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қисм ба қисм фурӯхта мешаванд, аммо нархи онҳо осмонист!
Марҳамат, далели навтарину раднашаванда!
Фабрикаи дӯзандагии “Шарофат”, ки дар вақти кабули он 7 млн сомонӣ арзиш дошт, аз сӯи Зиёев ва Комиссияи барҳамдиҳӣ бо нархи 31 млн 700 ҳазор сомонӣ моҳи майи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуда буд. Аммо пас аз ду рӯз, яъне 2 июн, дар хуҷҷатҳои расмии худ арзиши ин корхонаи рӯ ба харобиро ба ҳуҷҷатҳои бонкиаш 9 маротиба, ба 63 млн 400 ҳазор сомонӣ боло бардошта, ба амонатгузорон ва харидорон пешниҳод намудаанд.
Эҳтимол ҳаст, як вақте мешаваду харидорони соддалавҳе пайдо мешаванд ва ин корхонаву дигар амволи ғайриманқули бонкро бо қимати гӯшношунид мехаранд, аммо ин муъҷизаро амонатгузорони ғорату фирефташуда ҳеҷ гоҳ нахоҳанд дид!...
Ҳамин тавр, ҳеҷ як аз корхонаҳое, ки гӯё Зиёев барои мардум сохтааст, амалан кор намекунанд, аммо корхонаҳои шахсии ӯ, як бонк дар Маскав, тарабхонаҳо ва корхонаҳои тиҷоратӣ фаъоланд ва аз ин роҳ сарвати ӯ ва хешовандонаш аз ҳисоби маблағҳои амонатгузорон меафзояд. Кӣ ба ӯ иҷозат дод, ки дар Душанбе аз ҳисоби маблағи амонатгузорон корхонаи истеҳсоли обҳои минералӣ созад, дар сурате, ки аксарияти онҳо наметавонанд аз дасти бойбача Зиёев пулҳои худро гиранду гуруснаву ташна мегарданд?
Ҳатто барои як соддалавҳ рӯшан аст, ки корчаллону ҳиллагари бузурге ба монанди Зиёев, ки ҳамаро фиреб додаву гумроҳ кардааст, тариқи зиёд нишон додани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ пулҳои ҳангуфтро аз они худ мекунад!
Роҳҳои дигари талаву тороҷ шудани маблағҳои амонатгузорон дар мисоли қарзҳои беасос додашуда низ вуҷуд доранд, ки қонунӣ будани онҳо шубҳаи бармалоро ба миён меорад. Масалан, Зиёев ва ҳаммаслакони ӯ оид ба истироҳатгоҳҳои минтақавӣ, ки дар асл вуҷуд надоштанд, ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, бо роҳи ба гарав мондани қитъаҳои заминҳои холӣ дар деҳаи Даҳанаи дараи Ромит даҳҳо қарзи ғайриқонунӣ додаанд, ҳол он ки, замин моликияти шахсии шаҳрвандон ва предмети дороӣ барои ба гарав гузоштан буда наметавонад.
Аҷоиб! Муфаттишони Агентии мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ ва мансабдорони боломақоми ҳукумат чӣ тавр далелҳои дуздии ошкору боигарии беҳисоб, гӯлзаданҳои аҳолӣ, ҳатто фиреб додани ҳукумат ва худи Президентро аз сӯи Зиёев надиданд? Ва то ҳол намебинанд! Ва ҳеҷ кас аз Зиёев намепурсад, ки чаро амонатгузорон муфлис шуданду ӯ бо панҷ истироҳатгоҳ дар дараи Варзоб, иморати бошукуҳи иборат аз се бинои зист, саунаҳову шаршараҳо, варзишгоҳ ва ғайраву ҳоказо ба таври афсонавӣ сарватманд шуда рафт.
Ва магар чунин як гӯлзании мардум ва ҳукумати кишварро ҳам “муборизони зидди коррупсия”, ҳам мансабдорони давлатӣ, ки ба муфлисии сохтаи бонк муносибат доранд, намебинанд!? Зиёда аз ин, худи онҳо амонатгузорон ва аҳолиро гӯл зада, мегӯянд, ки сабаби муфлисии бонк буҳрони иқтисодӣ аст, на дуздӣ ва харҷи беҳудаи маблағҳои амонтгузорон ба мақсадҳои нолозим ва ба мардум зарарнок!
Албатта, фактҳои овардашуда ва фарзияи шахсии ман санҷиши ҳаматарафа ва холисонаро аз ҷониби муфаттиши бовиҷдон ва мақомоте, ки ба он мардум бовар мекунанд, талаб менамоянд.
Бояд зикр кард, ки қаблан Агентии мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералӣ арзу шикоятҳои амонатгузоронро тафтиш карда, дар амали роҳбарияти “Тоҷпромбонк” ягон ҷиноятро ошкор нанамудаанд. Инчунин, онҳо даҳҳо аризаи ман (се адад ба унвони Президент)-ро дар бораи ҷиноятҳои муфаттишони Агентӣ рӯйпӯш карда буданд.
Зиёда аз ин, амри Шумову дастури хаттии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №30/Ч350-16 аз 18-уми январи соли 2016-ро бо далелҳои ҳуҷҷатии ман дар ҳаҷми 108 варақ, ки барои тафтиш шахсан ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дода шуда буд, бидуни ягон санҷишу ҳалли қонунӣ ва посух ба муроҷиаткунанда, бе иҷро монданд.
Гузашта аз ин, далелҳо ва аризаи кушодаи ба номи Президент навиштаамро Прокуратураи генералӣ ва мақомоти Агентӣ то ҳадди шинохтанашаванда таҳриф карда, ҳатто мактуби аз номи Рустами Эмомалӣ бо имзои қалбакиву дурӯғ навиштаро аз номи Агентӣ ва Прокуратураи генералӣ бе ягон дигаргунӣ дар ВАО чоп карда, бидуни ягон асос маро туҳматгар ва ҷинояткори давлатӣ эълон намуданд. Гӯё ман муфаттишони “тозаю баобрӯ”-и Агентӣ - Фирдавс Ниёзбадалов, Умед Раҳмонов, сардори онҳо Фирӯз Холмуродов ва муовини прокурори генералӣ, генерали адлия В. Ваҳҳобовро, ки аз болои корҳои ин муфаттишони Агентӣ назорати прокурориро “дуруст” бурда будааст, аз он ҷумла, мансабдорони “бовиҷдон”-и баландмартабаи давлатиро беобрӯ карда бошам. Аммо фактҳои парвандабофӣ, аз ҷумла, дар мурофиаи судии шаҳри Душанбе гуноҳи шаҳрванди хитойӣ Ин Сюандэ бо ягон далел тасдиқ нашуда бошад ҳам, ӯ зери фишори бевоситаи муфаттишони алҳол зиндонӣ “говсуд” карда шуд ва ин ҳама то ҳозир бе эътибори Прокурори генералӣ мондаанд.
Аз ин рӯ, факту далелҳои овардашуда ба ман асос мешаванд, ки шахсан ба ин хел “ростгӯён”, яъне Прокуратураи генералӣ ва мақомоти Агентӣ бовар накунам.
Бо ин асос, ба манфиати 670 амонатгузор ва ҷамъият, ки интизори ҳақиқат ҳастанд, самимона аз Шумо, Президенти кишвар ва Пешвои миллат, хоҳиш мекунам, ки тафтиши парвандаро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоред.
Дар асоси гузориши зикрёфта, аз КДАМ-и Тоҷикистон хоҳиш мекунам:
1. Алайҳи Зиёев Ҷамшед Азизович ва гуруҳи ӯ аз рӯи моддаҳои 314, қисми 2, 245, қисми 4, 247, қисми 4, 262, қисми 3, 265 ва 271-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
2. Ҳангоми ревизияи ҳуҷҷатии фаъолияти молиявию хоҷагии бонк, санҷиши ҳар як ҳолати додани қарз ва қонунӣ будани харҷи маблағҳо ба ҳайати комиссияи тафтишотӣ намояндагони ҷониби манфиатдор - амонатгузорони ҷабрдида дохил карда шаванд.

Замима:
1. Ҳуҷҷатҳое, ки дар матн ёдовар шудаанд.
2. Нусхаи шикоятҳо ба Президент ва дастури хаттии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон.

Бо эҳтиром,
аризадиҳанда Солеҳҷон Ҷӯраев,
шаҳрванд, узви раёсати Иттиҳоди байналмилалии адвокатҳо

Тағйироти охир Душанбе, 16 Октябр 2017 09:55
Хонданд 2465
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.