.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

ВАО ё «партовгоҳи ақидаҳо»?

Март 19, 2018
Хонданд: 605

Вақте ки нахустин нашрияҳо ба вуҷуд омаданд, шояд касе гумон намекард, ки замоне ин соҳа ташаккул меёбад ва ба воситаи иттилоот ҷаҳонро идора менамоянд. Аммо бо гузашти солҳо, ки матбуот рушд карда, радиову телевизион ба вуҷуд омад, масъалаи идоракунии ҷаҳон ба воситаи иттилоот низ пайдо шуд. Пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давлатҳои абарқудрат муборизаро ба воситаи иттилоот ба роҳ монданд, ки дар таърих бо номи «ҷанги сард» маъруф аст. Дар ин давра садҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион зидди Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ фаъолият мекарданд. Хусусан, радиоҳои «Озодӣ», «Садои Америка», Би-Би-Сӣ, Мавҷи Олмон дар як шабонарӯз беш аз 100 соат барои Шӯравӣ бо забони русӣ ва дигар забонҳои ҳудуди он барнома бахш менамуданд. Ҷанги сардро ИМА ва иттифоқчиёнаш бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ то барҳамхӯрии он давом доданд. Дар асри 21 муборизаҳои иттилоотӣ бамаротиб шиддат гирифт, зеро бавуҷудоии интернет имкониятҳои ВАО-ро хеле бештару фарохтар намуд. Дигар ҳеҷ ҳодисаеро наметавон аз назари аҳолии курраи Замин пинҳон дошт. Агар дар дуртарин нуқтаи сайёра ҳодисае ба вуқуъ ояд, дар як они воҳид тамоми ҷаҳон аз он хабардор мешавад. Аз ин ҷост, ки муборизаҳои иттилоотӣ торафт бештару хатарноктар мегарданд. Ҳатто дигар замоне шудааст, ки пеш аз амалиётҳои ҷангӣ дар ин ё он давлат кишварҳои абарқудрат аввал ба воситаи иттилоот мардумро омода менамоянд. Аз ин ҷост, ки давлатҳо барои рушди ВАО-и ватаниашон аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода мебаранд. Имрӯз дар давлатҳои абарқудрат ва кишварҳои рушдкарда телевизиону радио бо хубтарин таҷҳизоти интиқоли мавҷ таъмин буда, барои фарогирии ҳарчи бештари аҳолии курраи Замин тамоми кӯшишро ба роҳ мемонанд. Дар бисёре аз давлатҳо агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзномаҳое амал мекунанд, ки дар фазои иттилоотии умумиҷаҳонӣ низомсоз ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, дар чунин шароити мураккаб дар кишвари мо ба рушди ВАО таваҷҷуҳи лозимӣ ба назар намерасад. Кушодани телевизионҳои сартосарӣ хуб аст, аммо кофӣ набудани маблағгузорӣ, масъалаи кадрҳо ва дигар мушкилот сабаб гардидааст, ки барномаҳои сусту қолабӣ, рекламаҳои дилгиркунанда ва эфири холӣ дар телевизионҳо хеле зиёд буда, онҳо дар баробари ВАО-и кишварҳои минтақа рақобатпазир нестанд. Хусусан, дар масъалаи кадрҳои баландихтисос ВАО-и давлатии мо ба танқисии ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.

Кадрҳо ҳама чиро ҳал намекунанд?
Шояд мувофиқи омор ВАО-и давлатии Тоҷикистон 100 дарсад бо кадр таъмин аст. Зеро то имрӯз дар ҷойе нашунидаем, ки масъуле аз норасоии кадр дар соҳаи матбуот сухан гуфта бошад. Аммо агар ба сатҳу сифати дониш ва ҷаҳонбинии кадрҳо назар афканем, маълум мешавад, ки дар аксари расонаҳо шояд 50 дарсад мутахассиси соҳа набошанд. Хусусан, ин ҳолат дар телевизионҳои давлатӣ зиёдтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар як факултет ва чанд шуъбаи журналистӣ амал мекунанд. Аксари нафароне, ки дар телевизион фаъолият доранд, аз соҳа тамоман бехабаранд. Онҳо танҳо ба хотири «ситора» шудан ин расонаи пурқудрати давлатиро барои фаъолият интихоб кардаанд. Шояд як сабаби паст будани сифати барномаҳо ва рақобатпазир набудани онҳо бо телевизионҳои давлатҳои ҳамсоя дар ҳамин бошад.
Дар матбуот низ айнан чунин ҳолат ба назар мерасад, аммо дар қиёс ба телевизион камтар. Дар телевизион агар чеҳраро ба назар гиранд, пас дар матбуот муҳимтар аз ҳама қалам аст ва на ҳамаи «ҳавасдоштаҳо» имкони фаъолият дар ин ё он газетаро доранд. Лекин баъзан нафаронеро дучор шудан мумкин аст, ки дар баробари ғайрикасбӣ будан, ҳатто як ҷумлаи дуруст навишта наметавонанд. Чунин «журналистон» аз ҳисоби дорандагони ихтисосҳои журналистӣ низ ба назар мерасанд, диплом доранд, аммо саводи казоӣ на. Фаъолияти нафарони ғайрикасбӣ дар матбуот таҳаввулоти жанриро ба вуҷуд овардааст. Имрӯз ба кадом жанр мансуб будани баъзе навиштаҳоро муайян карда намешавад. Худ қазоват кунед, дар рӯзнома маводе чоп мешавад, ки муаллифаш корманди ҳамон идора нишон дода шудааст. Вақте маводро аз аввал то охир мехонӣ, маълум мешавад, ки навиштаи муаллиф набуда, танҳо аз зери таҳрир ва «ихтироаш» гузаштааст. Зеро суханҳо аслан аз нафари масъули ягон корхона буда, корманди рӯзнома онро бо навиштани сарсухан ва овардани як ҷумла дар зер ба мисли «фалонӣ зимни суҳбат ба мо чунин гуфт:» дигар пурра он навиштаро ба нашр мерасонад ва тарзе имзо мегузорад, ки гумон мекунед худи «муаллиф» онро навишта бошад.

Котибони матбуотӣ чӣ рисолат доранд?
Марказҳои матбуотии вазорату идораҳо бояд пуле бошанд байни журналистон ва мақомот. Мутаассифона, дар аксари вазорату идораҳо марказҳои матбуотӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар аксари онҳо нафарони аз соҳа ноогоҳ фаъолият доранд. Онҳо рисолаташонро танҳо дар бардоштани ҷузвдони раису вазир ва «ҳимоя» кардани мансабдорони он ниҳод аз журналистон медонанд.
Борҳо шудааст, ки зимни иҷрои рисолати касбӣ ба марказҳои матбуот муроҷиат намудаву дар ҷавоб «мактуб биёред, раис вақт надоранд, саволҳоятонро пешакӣ навишта ба мо нишон диҳед» ва дигар баҳонаҳо шунидаем. Ҳол он ки, котиби матбуотӣ бояд журналистон ва расонаҳои хабариро дар доираи қонунҳои амалкунанда бо иттилооти лозима таъмин намояд. Ин шуъбаест, ки дар он бояд журналисти касбӣ фаъолият кунад, аммо чунин ба назар мерасад, ки барои аксари мансабдорони мо ин бахш як бахши беаҳамият ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр кард, ки дар корхонаву идораҳое, ки журналистон бахши матбуотро роҳбарӣ менамоянд, инъикоси фаъолияти он ниҳод дар расонаҳо ба таври касбӣ ва хеле хуб роҳандозӣ мешавад.

Оё журналистон ба такмили ихтисос ниёз надоранд?
Журналистон шояд аз камтарин намояндагони қишри ҷомеа бошанд, ки камтар ба такмили ихтисос ҷалб мешаванд. Дуруст аст, ки вақтҳои охир аз ҷониби Академияи ВАО ва дигар идораҳо ҳар сари чанд вақт курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда мешаванд ва аз идораҳои ВАО дархост мешавад, ки иштироки намояндаашонро таъмин намоянд. Аммо он тарзе, ки курсҳои махсус гузаронида мешаванд, ба талабот ҷавобгӯй нестанд.
Нафаронеро медонам, ки бо таҷрибаи зиёда аз 30-40-солаи фаъолият дар ВАО давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар умуман аз такмили ихтисос нагузаштаанд. Аз ин рӯ, фикру андеша, тарзи пешниҳоди мавод ва баррасии мавзуъ аз ҷониби баъзеи онҳо ба талаботи замони нав ҷавобгӯй нест. Ҳол он ки, дар асри нав журналист бояд аз ҳар пешаи дигар дида, бо донишҳои замонавӣ «мусаллаҳ» бошад. Дар муқоиса ба матбуоти давлатӣ ВАО-и хусусӣ бамаротиб дар ин масъала фаъолтар аст, зеро бо истифода аз имконоте, ки баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ ба онҳо медиҳанд, ҳамасола бо курсҳои бозомӯзӣ дар давлатҳои пешрафта фаро гирифта мешаванд. Вале аз рӯзномаҳои расмиву давлатӣ боре нашунидаам, ки нафареро барои такмили ихтисос ба ҷумҳуриҳои бародар фиристода бошанд.

«Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!»
Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар нашрияҳои маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Аммо баъзеи он ба ном вуҷуд доранд, зеро ба гоҳнома табдил ёфта, нашри мунтазамашон таъмин нест. Дар баробари сари вақт чоп нашудан, инчунин дар саҳифаҳояшон маводи ҷолибу хонданӣ қариб ки ба назар намерасад. Танҳо дар арафаи идҳои муҳими давлативу умумиҷумҳуриявӣ чоп мешаванд, ки нисфе аз саҳифаҳояшро табрикоти роҳбарони мақомот пур кардааст. Дар ин баробар аксари ин нашрияҳо бо теъдоди хеле кам нашр мешаванд, ки шояд ба дасти муштариён ҳам нарасанд.
Соли 2016 бо ибтикори Иттифоқи журналистон дар ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявӣ дар масъалаи ВАО-и маҳаллӣ баргузор гардид. Вақте ки муҳаққиқи соҳа А. Қутбиддинов рӯзномаи «Оинаи Рашт»-ро мавриди таҳлили илмӣ қарор дод, як баҳсе ба вуҷуд омад. Муҳаррири ин рӯзнома дар суҳбат гуфта буд, ки ҳеҷ заруратеро барои нашри мунтазами нашрия намебинад. Аз ин рӯ, худ ба танҳоӣ онро дар вақтҳои зарурӣ ба нашр мерасонад. Мутаассифона, муносибати масъулин бо нашрияҳои маҳаллӣ чун ба «бачаи угай» сурат мегирад. Дар даврае, ки матбуот метавонад барои пойдории сулҳу ягонагӣ нақши ҳалкунанда бозад, оё муносибати хунукназарона ба он раво аст? Агар ба андешаи роҳбарони шаҳру ноҳия рӯзнома як «қоғази нодаркор» бошад, пас аз оне, ки дар се-чор моҳ як маротиба бо иштибоҳу ғалатҳои зиёд нашр мешавад ва вазифаи асосии худро иҷро карда наметавонад, барҳам доданаш ба мақсад мувофиқтар нест?!...

Ба рӯзнома чӣ ном монем?
Бо гузашти 27 сол аз соҳибистиқлолии кишвар ҳанӯз ҳам номи аксари нашрияҳо дар қолаби номгузории давраи шӯравӣ қарор доранд. Баъзеаш бо вуҷуди иваз кардани ном ҳамоно номҳои ғайримилливу ночаспон боқӣ мондааст. Масалан, дар тамоми мавҷудияти зиёда аз 90-солааш шояд номи номувофиқе барои рӯзномаи рақами яки кишвар - «Ҷумҳурият» бошад. Худ қазоват кунед, шуруъ аз чопи нахустин шумораи рӯзномаи мазкур, ки ба 15-уми марти соли 1925 рост меояд, то соҳибистиқлолии кишвар онро номҳои зебои мутобиқ ба меъёрҳои калимаву иборасозии забони тоҷикӣ, ба мисли «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» муаррифӣ мекарданд. Чун ба истиқлолияти давлатӣ расидем, он ба «Ҷумҳурият» табдили ном кард. Аслан номи «Ҷумҳурият» дар муқоиса бо номҳои собиқаш ғайритоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки, метавон ба ин рӯзномаи расмии давлатӣ бо истифода аз калимаи муқаддаси «Тоҷикистон» номе гузошт, ки рамзе ба соҳибистиқлолии кишвар бошад. Акнун, ки кишвар дорои бузургтарин неъмати худовандӣ - озодист, пас бояд нашрияи расмии он низ бозгӯкунандаи ин озодӣ бошад…
Ё ин ки ҳанӯз ҳам қисми аввали номи рӯзномаҳо бо калимаи «ҳақиқат» шуруъ мешавад. Ин маҳфум бозгардон аз «правда»-и русӣ ва «мерос» аз замони шӯравӣ мондааст. Мутаассифона, дар чунин қолаб, ки аллакай моли таърих ба ҳисоб меравад, то ҳанӯз ҳам рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо номи «Ҳақиқати Суғд» нашр мешавад. Ҳол он ки, танҳо бо ихтисор кардани калимаи «ҳақиқати» метавон унвони зебое барои ин рӯзнома баргузид, яъне «Суғд» (ба мисли «Хатлон»-у «Бадахшон»).
Ҳамин тариқ, дар якчанд ноҳияҳо чунин номгузорӣ то ҳол вуҷуд дорад, ки якеи он «Ҳақиқати Ховалинг» мебошад. Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ то ҳол бо номи «Меҳнат» (баргардон аз «труд»-и русӣ) нашр мешавад, ки низ номи куҳнаву ночаспон барои як нашрия мебошад.

Журналистони оянда бояд дар куҷо тайёр шаванд?
Дар кишвар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва якчанд муассисаи олии таълимӣ низ журналист тайёр мекунанд. Имрӯз ҳатто Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ихтисоси «шореҳи варзиш» дорад, ки гӯё журналистони соҳаи варзишро омода менамояд. Ноқаноатмандӣ аз сатҳи дониш ва фаҳмиши хатмкардаҳои ихтисосҳои журналистӣ гоҳ - гоҳе изҳор мешавад. Фикр мекунам, ки ин амри табиист, зеро дар дигар соҳаҳо низ ҳамаи дипломдорон кадри хубу таърифӣ намешаванд. Аммо на ҳамаи шуъбаҳои журналистика ҷавобгӯйи талаботанд. Масалан, дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ шуъбаи журналистикаи телевизион ва радио амал мекунад. Тавре маълум аст, донишкада тобеи Вазорати фарҳанг буда, бояд барои ин вазорат мутахассис омода намояд. Аз воситаҳои ахбори омма танҳо бахши матбуот тобеи вазорати мазкур буда, фаъолияти телевизиону радиоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Дар ҳоле, ки нашрияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз норасоии мутахассис танқисӣ мекашанд, чаро вазорат барои Кумитаи телевизион ва радио кадр омода мекунад? Оё беҳтар нест, ки барои соҳаи матбуот мутахассис омода намуда, ба ноҳияҳои аз кадр танқисидошта равон намояд?
Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз барои бахши асосии матбуот - котибот ягон муассисаи таълимоти олии касбӣ мутахассис омода наменамояд. Кормандони он ба таври худомӯзӣ ва ё тавассути шогирд истодан дар назди котиби масъули рӯзнома ин ихтисосро меомӯзанд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдор бояд сари фаъолияти шуъбаҳои журналистика чораву андешаҳои ҷиддӣ дошта бошанд. Заминаи илмиву техникии онҳоро баланд бардошта, барномаҳои таълимиашонро ба талаботи замон мувофиқ кунанд.

Чӣ бояд кард?
(ба ҷойи пешниҳод)
Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки ВАО-ро муассисаву идораҳои мустақили давлатӣ ба танзим дароранд. Зеро фаъолияти Вазорати фарҳанг дар соҳаи ВАО қаноатбахш нест. Танҳо тобеи он будани матбуотро дар рӯзи Иди матбуот эҳсос кардан мумкин асту халос. Дар минбаъда, агар масъалаҳои азнавбаҳисобгирӣ ба миён наояд, пас ҳеҷ гуна вобастагии матбуот ва ин вазоратро эҳсос намекунем.
Беназорат будани ВАО онро ба «партовгоҳи ақидаҳо» табдил медиҳад, ки аз он давлату миллат ҳеҷ манфиате намебинад. Аз ин рӯ, агар ниҳоди алоҳидае таъсис дода шудаву назорати агентиҳои иттилоотӣ, матбуот ва дигар ВАО-ро зери назорат гирад, ба мақсад мувофиқтар аст. Ғайр аз ин, бояд котибони матбуотии вазорату идораҳо низ аз ҳисоби журналистони ҳирфаӣ таъин карда шаванд, то дар шароити мураккаби муборизаҳои геополитикӣ тавонанд, ки васоити ахбори оммаро бо ахбори саривақтӣ таъмин намоянд.
Зарур мешуморам, ки чун дигар соҳаҳо бозомӯзии кадрҳои соҳаи ВАО ба роҳ монда шуда, ба як раванди доимӣ табдил ёбад, зеро, тавре қайд кардем, танҳо бо дониши донишгоҳӣ наметавон фаъолияти пурмаҳсул дошт.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Академияи ВАО барои нафароне, ки журналистони касбӣ нестанд, курсҳои махсус ташкил карда, оид ба принсипҳои асосии журналистика таълим дода шаванд. Имрӯз дар рӯзномаҳо бо маводҳое дучор мешавем, ки пурра аз интернет рӯбардор ва тарҷума шуда, ҳатто манбаъ ва ё сарчашмаи онҳо нишон дода нашудааст, ки асардуздӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, бояд нашри мунтазами ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд аз ҷониби Ҳукумат муваззаф шаванд, ки лоақал теъдоди нашри рӯзномаҳоро (агар чунин гуфтан ҷоиз бошад) аз 1000 нусха кам накунанд. Ақаллан ба ҳамин миқдори нашр аз ҷониби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ шаванд.
Инчунин, ба хотири самаранок шудани тарғибу ташвиқи сиёсати давлат бояд лоақал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «рӯзҳои ахбор» роҳандозӣ шавад, то муҳассилин рӯзномаҳои давриро мутолиа намоянд, радио гӯш карда, телевизионро бинанд. Вагарна, имрӯз интихоб ончунон зиёд аст, ки шояд ҳеҷ нафаре аз машғулияти яксоатаи интернетиаш 20 дақиқаашро ба хондани рӯзнома сарф нанамояд.
Дар ин робита шуъбаҳои идеологии шаҳру ноҳияҳо фаъолияташонро бояд ҷоннок намоянд. Эътироф бояд кард, ки ба масъалаи идеология аксари шаҳру ноҳияҳоямон хунукназарона муносибат менамоянд (ВАО низ ҷузъи идеология аст, ки оид ба вазъи нашрияҳои маҳаллӣ гуфтем).
Замони имрӯз замони идеология аст. Ин бахш метавонад дар пойдории давлат ва соҳибихтиёрии кишварҳо нақши муҳим бозӣ кунад. Имрӯз дар бахшҳои идеологии шаҳру ноҳияҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда нафароне таъин мешаванд, ки мутаассифона аксарияташон чӣ будани мафҳуми идеологияро шояд сарфаҳм нараванд. Сари ин масъалаҳо ниҳоят ҷиддӣ андеша бояд кард.

Шариф СОЛЕҲ

Хонданд 605

САРДОРИ ДАВЛАТ

Март 10, 2018
Хонданд: 641

Аз он замоне, ки инсон соҳиби ақлу идрок ва тафаккур гардид, ба оила, авлод, қабила, ҷамъият ва давлат роҳбар (сарвар, пешво, доҳӣ) интихоб (таъин) мекард. Дар ин гузориш мо сухан аз боби сарвари давлат, ном, мақом, нақш, мавқеъ ва тарзу тартиби таъину интихоби он ҳарф заданием.

Вобаста ба анъана, урфу одат, шароити таърихӣ, тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва дигар омилҳо сардори давлат номҳои гуногунро, аз қабили фиръавн, подшоҳ, шоҳ, шоҳаншоҳ, император, султон, амир, хон, малик ва дигарҳо гирифта буд.
Дар бисёр давлатҳо руҳониёни тамаллуқдор ӯро сояи Худо дар рӯи замин васф мекарданд. То пайдо шудани ғояи таҷзияи ҳокимият ё ба тарзи илмӣ гӯем аввалин парлумонҳо роҳбари давлат иҷрои ҳар се рукни ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ медошт.
Айни ҳол, дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ сардори давлат мақоми аввалро касб намояд ҳам, аммо нақши он дар бисёр мавридҳо ба ҳолати вокеии он мутобиқ нест. Сардори давлат тамоми дастгоҳи давлатиро роҳбарӣ карда, мутобиқи талаботи Конститутсия салоҳияти бешумор дошта, аз лаҳзаи ба сари қудрат омаданаш хусусиятҳои ғайримасъулӣ (ҳисоботнадиҳанда), ивазнашавандагӣ ва бетарафиро дорост. Дар асоси талаботи Қонуни асосии давлат сарвари кишвар мамлакатро роҳбарӣ менамояд ва дар муносибатҳои байналмилалӣ халқу давлаташро муаррифӣ мекунад.
Одатан, сардори давлат фарди танҳо мебошад. Аммо дар раванди таърих ҳолатҳое вомехӯранд, ки салоҳияти сардори давлатро мақомоти дастаҷамъӣ (коллегиалӣ) ба иҷро мерасонад. Масалан, дар Конфедератсияи Швейтсария салоҳияти роҳбари давлат ва ҳукуматро Шӯрои федералӣ, ки аз 7 нафаранд ва онҳоро Маҷлиси федералӣ (парлумон) ба муҳлати 4 сол интихоб менамояд, иҷро менамояд. Дар Шӯрои федератсия нақши асосиро Президенти федератсия, ки он аз ҷониби Маҷлиси федератсия аз узви Шӯрои федератсия ба муҳлати як сол интихоб мекунад, мебозад. Салоҳияти анъанавии роҳбарии давлатро ҳам Шӯрои федератсия ва ҳам Президент, якҷоя Ҳукумати Иттифоқ ба иҷро мерасонанд.
Дар шакли дастаҷамъона (коллегиалӣ) сардорӣ кардани давлат дар таърихи инсоният аҳён ва муваққатӣ рух додааст. Одатан он дар шакли Шӯрои ноибуссултона (регенство) зуҳур ёфтааст, ки инро мо бештар дар шоҳигарии парламентӣ дар ҳолати холӣ (вакант) будани мансаб ва ё то ба синни балоғат расидани валиаҳд таъин карда мешавад. Яке аз чунин давлатҳои шакли идоракунии ҷумҳурӣ, ки усули дастаҷамъонаи роҳбарии давлатро ба зимма гирифта буд Ироқ ба шумор мерафт. Шӯрои давлатӣ (мақомоти дастаҷамъона, ки аз се нафар иборат буданд, аз соли 1958 то соли 1963, яъне то қабули Конститутсия роҳбарии давлатро бар уҳда дошт.
Бояд тазаккур дод, ки дар кулли мамлакатҳои дунё одатан роҳбарии давлатро танҳо як шахс ба зимма дорад, ки вазъи ҳуқуқии ӯ аз шакли идоракунии давлат вобаста аст. Дар мамлакатҳое, ки шакли идоракунии шоҳигарӣ доранд, чун қоида сарвари давлат шоҳ мебошад. Айни ҳол, дар тамоми олам 42 давлати шоҳигарӣ (дар Аврупо - 10 - то, дар қитъаи Амрико - 10 - то, дар минтақаи Австралия ва Уқёнуси Ором - 6 - то, дар қораи Осиё - 13 - то ва дар сарзамини Африқо - 3 - то) мавҷуданд. Аз шумораи умумии ин давлатҳо 3 - тояшон (Арабистони Саудӣ, Уммон ва Қатар) шоҳигарии мутлақ мебошанд. Ҳамчун қоида ва анъана дар кишварҳои шоҳигарӣ мансаби шоҳ меросӣ буда, он ба се низом ба тартиб дароварда шудааст.
Якум, низоми салигӣ мебошад, ки дар он тахти шоҳигарӣ танҳо насиби ҷинси мард мегардад. Ин низом бештар ба мамлакатҳои арабӣ мансуб мебошад. Занон аз доираи меросгирии тахт берун мемонанд. Чунин низомро кишварҳои Белгия ва Норвегия низ қабул кардаанд.
Дуюм, низоми кастилиягӣ ба ҳисоб меравад ва он занонро аз доираи меросгирони тахти шоҳӣ маҳрум намекунад. Вале дар ин низом таваҷҷуҳ бештар ба ҷинси мард дода мешавад. Ҳатто бародари хурдӣ аз хоҳарбузург бартарӣ дорад. Ин шакли низом дар Британияи Кабир ва Испания маъмул аст.
Сеюм, низоми утришӣ (австриягӣ) қабул шудааст. Ин низом занонро аз меросгирии тахт маҳрум намекунад. Аммо дар ин низом ҳам бартариро дар ҳама самтҳо ва дараҷаҳо ба ҷинси мард медиҳанд. Занон танҳо пас аз хотима ёфтани авлоди мардӣ ҳуқуқи идоракунии давлатро ба даст меоранд. Ин низом пас аз соли 1797 дар Русия низ ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он минбаъд ба роҳбарии давлат занон роҳ дода нашуданд.
Тартиби меросгирии авлодии давлатҳои араб хусусияти фарқкунанда дорад. Чун анъана писари калонӣ меросгири асосии тахт ба шумор меравад. Вале ин анъана на ҳамеша риоя карда мешавад. Масалан, дар Кувайт шоҳ метавонад дилхоҳ фарзандашро валиаҳд таъин кунад. Дар Қатар бошад ин ҳуқуқро дилхоҳ фарзанди хешу табор ба даст дароварда метавонад. Баъзан пешниҳоди шоҳ оид ба таъини валиаҳдро Маҷлиси халқӣ бояд дастгирӣ намояд.
Услуби меросӣ барои ҳамаи давлатҳои шоҳигарӣ асосӣ ва ҳатмӣ ба шумор равад ҳам дар таърих ҳолатҳое вомехӯранд, ки шоҳонро интихоб кардаанд. Дар замони ҳозира чунин услуб дар Федератсияи Малайзия вуҷуд дорад. Шоҳигарии интихоботӣ дар худ унсурҳои ҷумҳуриявӣ ва шоҳигариро таҷассум менамояд. Аммо таҷриба нишон дода истодааст, ки унсурҳои шоҳигарӣ нисбат ба унсурҳои ҷумҳуриявӣ дар ин кишварҳо бартарӣ доранд.
Дар ҳолатҳои холӣ (вакант) будани мансаб, хурдсолии валиаҳд, беморӣ ва ғайби дарозмуддати шоҳ институти ноибуссултонӣ (регенство) ҷорӣ карда мешавад, ки он ба ҷойи шоҳ давлатро идора менамояд. Ноибуссултон метавонад як шахс ва ё дастаҷамъӣ - Шӯрои ноибуссултонон бошад. Таҷриба исбот намудааст, ки институти ноибуссултонӣ қоидаи фавкулодда ва чандир мебошад. Ин қоида аз ҷониби дарбориён ва ашрофони манфиатдор борҳо ҳамчун аслиҳаи табаддулот барои аз салтанат барканор кардани шоҳони номақбул истифода бурда шудааст.
Дар замони ҳозира институти ноибуссултон (регенство) дар идоракунии давлат чандин маротиба истифода бурда шуд. Дар моҳи июли соли 1952 дар сурати хурдсол будани валиаҳд Фаррух - шоҳи ояндаи Миср ин қоида ҷорӣ карда шуд. Дар моҳи августи соли 1952 парлумон шоҳи Урдун Талалро бемории руҳӣ эълон карда, ҳокимиятро ба Шӯрои ноибуссултон супорид. Шӯрои ноибуссултон аз соли 1947 Испанияро, яъне пас аз барқарор кардани шоҳигарӣ ба дасти генералиссимус Ф. Франко супурд, ки ӯ то тирамоҳи соли 1975 давлатро идора кард. Тирамоҳи соли 1975 шоҳ Хуан Карлоси 1 аз сулолаи Бурбонҳои испанӣ, пас аз фавти Ф.Франко ба тахт нишаст.
Маъзул кардани шоҳ аз мансаб бо роҳи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Вале дар таърих ҳолатҳое рух додаанд, ки гуруҳи манфиатдор борҳо шоҳро маҷбур кардаанд, ки аз тахт даст кашад ё ӯро сарнагун кардаанд ва ё дар охир ҷисман нобуд намудаанд.
Қонунан шахсияти шоҳ дахлнопазир ва муқаддас маҳсуб меёбад. Шоҳ як қатор ҳуқуқҳои фахрӣ ва имтиёзӣ дорад, ки дар байни онҳо тоҷ, либоси махсус, тахт, кураи тиллоӣ, унвон ва дигарҳо ҷойи махсусро мегиранд.
Дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ сарвари давлат Президент мебошад ва ҳамчун шахси мансабдори олии давлатӣ интихоб карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо мансаби президентиро бо роҳи табаддулоти давлатӣ низ ба даст меоранд.
Айни ҳол бо назардошти шакли идораи ҷумҳуриявӣ ва муқаррароти конститутсия се низоми интихоботӣ барои соҳиб шудан ба мансаби президентӣ роиҷ мебошад.
Интихоботи бевоситаи президентӣ қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои президентӣ баргузор мегардад ва президентҳо мансаби худро бе дахолати парлумон (Мексика, Бразилия, Венесуэла, Панама, Парагвай, Перу, Колумбия, Коста - Рика, Кореяи Ҷанубӣ ва инчунин Тоҷикистон) ба даст меоранд. Аз соли 1994 инҷониб дар Тоҷикистон барои интихоби президент усули интихоботи бевосита истифода бурда мешавад.
Интихоботи бавоситаи президентӣ асосан дар ҷумҳуриҳои президентӣ (ИМА) ба роҳ монда мешавад. Дар интихоботи бавосита интихобкунандагон сараввал коллегияи интихоботӣ интихоб мекунанд, ки баъдан он президентро интихоб менамояд.
Дар ҷумҳуриҳои парлумонӣ ба ғайр аз (Утриш - Австрия, Ирландия, Исландия - дар ин ҷумҳуриҳо интихоботи бевосита гузаронида мешавад) президентро ба тариқи бисёрзинагӣ интихоб менамоянд. Дар ин низом се намуди интихоботро мушоҳида кардан мумкин аст.
1.Президентро танҳо парлумон интихоб мекунад, ки ба тарафдории он танҳо вакилон овоз медиҳанд. Чунин тартиб дар Ҷумҳуриҳои Исроил, Туркия ва Лубнон ба ҳукми қонун даромадааст. Бо ҳамин усул соли 1991 Маҳкамов Қ.М. президенти Тоҷикистон интихоб шуда буд.
2. Барои интихоби президент коллегияи интихоботӣ аз ҳисоби вакилони парлумон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии воҳидҳои бузурги марзӣ - маъмурӣ ташкил карда мешавад. Ин низом бештар дар интихоботи президенти Италия ба назар мерасад.
3. Дар баъзе ҷумҳуриҳои федеративӣ барои интихоби президент коллегияи махсус аз ҳисоби вакилони парлумони иттифоқ ва намояндагони субъектҳои федератсия ташкил карда мешавад. Масалан, президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмонро тибқи талаботи Конститутсия ва Қонун дар бораи интихоботи Президент аз соли 1959 аз тарафи вакилони Бундестаг (палати поёнӣ) ва намояндагони заминҳои федератсия интихоб мекунанд. Чунин тартиб дар Конститутсияи Ҳиндустон аз соли 1950 низ ҷорӣ карда шудааст.
Дар ин ҳолатҳо президент ваколати роҳбарии давлатро аз ҷониби парлумон ба даст меоварад.
Дар замони ҳозира таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми интихоботи сарвари давлат дар кишварҳои сохти идоракунии ҷумҳуриявӣ қонунияти зеринро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳар қадаре, ки парлумон аз интихоботи президент дур карда шавад ҳамон қадар мавқеи президент дар идоракунии давлат ва ҷомеа меафзояд.
Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҷумҳуриҳои сохти идоракунии президентӣ мавқеи сарвазир ҳамчун роҳбари ҳукумат торафт аз байн рафта, салоҳияти онро президентҳо ба даст дароварда истодаанд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мутобиқи конститутсия мансаби сарвазирӣ вуҷуд надорад. Ноиби презитент вазифаи сарвазириро иҷро намуда, ба фаъолияти ҳукумат роҳбарӣ мекунад.

Зариф ҒУЛОМ, ҳуқуқшинос

Хонданд 641

 «Илму маориф омили муҳимтарини рушду пешрафти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи насли наврас вобаста мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҷумҳурӣ, хусусан дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе кори бунёду созандагӣ рӯ ба тараққӣ ва инкишоф аст. Муассисаҳои таҳсилотӣ, корхонаҳо, марказҳои саломатӣ, хонаҳои баландошёна, марказҳои бузурги савдо, тарабхонаҳо ва дигар иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Сохтмони дигар иншоот низ босуръат идома дорад.

Мутаассифона, сохтани шаҳраки академикҳо аҷабе нест, ки ҳанӯз ҳам лоиҳакашӣ нашуда, шояд аз хотирҳо фаромӯш шуда бошад. Манзур аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки шуруъ аз Академияи илмҳои ҶТ (чуноне, ки мегӯянд, Саракадемия), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи тиббии Тоҷикистон, Академияи иқтисодии Тоҷикистон, Академияи ВКД-и Тоҷикистон, Академияи ВАО дар ҷойҳое фаъолият доранд, ки муҳити дилгиркунанда дошта, ҷиҳати эҷоду фаъолият намудан ва ноил гардидан ба дастовардҳои наву пешрафти замон носозгор мебошанд. Ғурроси нақлиёт, фарёду мағали пулчинакҳо, роҳгузарон ва дигар қишри ҷомеа, ки садди роҳи пурмаҳсул фаъолият намудани олимон ва ходимони илмӣ мегарданд, боиси нигаронист.
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия шаҳраки академикҳо бо номи «Солнечный», дар шаҳри Новосибирск - «Академгородок» ва дар баъзе дигар вилояту кишварҳои ҳамин давлат шаҳраки академикҳо дар беруни шаҳр, дар ҷойҳои хушманзара ва дилкушо, табиати хубу созгор дошта ва аз ҳама муҳимаш, орому сокит, ки боиси болоравии илҳоми эҷодӣ ва сермаҳсулӣ мегардад, бунёд карда шуда, фаъолият доранд. Алалхусус, дар ин шаҳракҳо шароитҳои иҷтимоии хуб, аз қабили боғҳои истироҳатӣ, таомхонаҳои хӯрокҳои барои тановул ниёзи аввалдошта ва дастрас, нуқтаҳои савдо, биноҳо барои машқи бадану руҳ, истироҳат барои рафъи хастагиро баровардан, толорҳои калони ҷаласа ва конфронсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Дар шаҳри Новосибирск шаҳраки академикҳо дар ҷое сохта шудааст, ки табиати хеле зебову барҳаво дорад. Мо аз ин ҷо борҳо дидан намуда, аз ҳавои мусаффо ва табиати чашмгираш баҳра бурдаем. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки олимон дар ин мавқеъ хеле пурсамару сермаҳсул кор мекунанд ва маҳсули меҳнаташон низ беназир аст. Бисёр навовариҳои илму техника аз шароити хуби ҳамин шаҳраки орому созгор, ки илҳомбахши фаъолияти эҷодӣ мебошад, вобастагӣ дорад.
Мутаассифона, олимони тоҷик дар шароитҳои номувофиқ кор мекунанду заҳмат мекашанд, ки ин барои рушду пешравии илм бетаъсир намемонад. Чуноне ки дар боло қайд намудем, ташвишҳои ҳаррӯзаи шаҳрӣ, ғавғои роҳгузарон, ғурроси нақлиёт ва амсоли ин «каму кост»-иҳо, куҳнасохт будани биноҳо, муҳайё набудани дафтарҳои кории замонавӣ ва надоштани шароитҳои хуби иҷтимоӣ, фароғатӣ ва ғайра боиси каммаҳсулӣ ва камсифатии фаъолияти кори олимон мегарданд. Чӣ бояд кард?
Агар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо вазоратҳое, ки академияҳо ба онҳо мансубанд, сарпарастҳо ва билохира, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат банданд, аҷабе нест, ки як шаҳраки хубе барои академикҳо ва олимони тоҷик бунёд гардад. Дар он сурат шояд илми тоҷик зиёдтар рӯ ба рушд ва нумуъ оварад ва дастовардҳо боз ҳам пурғановат гарданд. Ин боиси он мегардад, ки истеҳсолот ва шароити зиндагӣ беҳтару хубтар шавад ва омилҳои ҷаҳоникунонӣ роҳандозӣ гарданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ва дигар мавридҳо борҳо дар ин масоил таъкидҳо намудаанд.
Асри бистуякум асри технологияи навин маҳсуб меёбад ва нақши олимон дар пешрафти илму техникаи муосир бояд назаррас бошад.

Убайдулло РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҶТ, узви ИЖТ

Хонданд 493

Психологияи нигилистро беҳтар ва равшантар аз ҳама Достоевский дар асари безаволаш «Ҷин» («Бесы») тасвир кардааст. Кори асосии нигилистон дар ҷомеа паҳн кардани овоза, шӯру исён, воҳимаю бетартибӣ (хаос) мебошад. Дар ин роҳ онҳо аз дурӯғ рӯ намегардонанд, ҳамарову ҳама чизро бад мегӯянд, бо ин рафтори ноҷавонмардонаашон байни инқилобчиён рӯсиёҳ гаштаанд. 

Тротский яке аз намунаи нигилистон аст, ки ҳарчанд Ленин ӯро ҳамчун донишманд эътироф мекард ва аз Сталин боло мегузошт, барои хислати шӯрангезиаш аз ӯ эҳтиёт шуданро таъкид мекард. Чунин хислат буд, ки Тротский дар як мамлакати фарангӣ ҳангоми оби ҷавнӯшӣ баъди бо шӯру исён дар бораи Русия гап заданаш бо дӯлчаи пиво ба сараш хӯрда, ҷон бохт.
Яъне, оқибати хуб надорад нигилизм. Намунаи чунин рафторро дар шӯру фиғони дар атрофи забони русиро надонистани вазири маориф ва илм Нуриддин Саид барангехтаи баъзе нигилистони имрӯза дидан мумкин аст. Онҳо дар ин бобат хулқу хӯи Пётр Степанович Верховенский (прототипи С. Нечаеви нигилист, авантюрист, аз ин ҷо ҷараёни нечаевчигӣ пайдо шудааст)-ро аз асари зикршудаи Достоевский такрор мекунанд.
Барои нигилистон масъалаи хурду калон аҳамият надорад, муҳим бетартибӣ (хаос) ба миён ояд. Онҳо ҳар кирдорашонро барои иҷрои ҳадафи калонтаре, ки зидди давлату миллат нигаронда шудааст, роҳандозӣ менамоянд. Ба баромади нигилист таваҷҷуҳ намоед: «Мы уморим желание, мы пустим пьянство, сплетни, донос; мы пустим неслыханный разврат; мы всякого гения потушим в младенчестве» (Ф. Достоевский. Собр. соч., т. 7, 1990, стр. 392). Бале, ҳадафи нигилист ноором кардани ҷомеа, барангехтани ошӯб аст, бо куштору сӯхтор, ҳақорату дашном, таҳқиру таҳвин бошад ҳам. Ба ин монанд, масъалаи забони ғайрро надонистани Нуриддин Саид ҳарчанд хурду ночиз аст, барои ҳадафҳои калонтар ба роҳ андохта мешавад.
Кору амали Нуриддин Саидро бо тақозои вазифа бисёр ба мушоҳида гирифтаам. Принсипи ҳаётии ӯ ҳамин гуфтаҳои Конфутсий аст: «Агар мардум маро нашиносанд, ҳеҷ қисса нест. Ман аз он метарсам, ки мабодо рӯзе ман мардумро нашиносам».
Рӯзе аз назди бинои асосии ДМТ мегузаштам, ки одами зиёдро дидам; дар дохили порчаи замин ректор Нуриддин Саид бо каланди бобоӣ хоки рехтаро паҳн мекарду ҳамроҳонаш - устодони донишгоҳро ҳадаҳа мекард, ки «ҳа, бачаҳо, суст наоед, магар зӯри мо, ин қадар профессор, ба як мошин хок намерасад?!». Бале, он рӯз шанбегӣ буд. Дар бисёр муассисаҳо, ҳатто муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дар рӯзҳои қабул ба дидори роҳбар расидан амри маҳол, илова ба ин, саду як посбону мушовир асабатонро вайрон мекунанд. Аммо Нуриддин Саид ҳама ҷо дастрас аст. Дар куҷое рост ояд, бо ӯ суҳбат мекунанд ва як сухани бадоҳатан гуфтаашро неку бад иқтибос меоранд. (Ба нияти нек бошад, дарди бахайр).
Ҳафтаи гузашта, рӯзи шанбе дар рӯзи урфии қабули вазири маориф аз забони омӯзгори собиқадор Алиева Файзимо мешунидам, ки мушкилашро ҳал карда баромада дар берун мегуфт: «Нуриддин Саид ягона вазирест, ки дар ҳар рӯзи қабул бо ҷонишинонаш ба истиқболи шаҳрвандон мебарояд».
Бале, ҳафтаи гузашта дар қабули вазири маориф ва илм зиёда аз 70 нафар шаҳрвандон ҳозир шуда, мушкилашонро осон намуданд. Дар рӯзҳои дигар аз сад нафар бештар меоянд ва ман боре надидаам, ки ягон нафар бо димоғи сӯхта аз ҳузури ӯ баромада бошад. Вазир на дар ҳуҷраи кориаш, балки дар ошёнаи аввал, дар шуъбаи умумӣ қабул мекунад. Борҳо дидаам, ки ин корро дар даромадгоҳ, роҳрави Вазорат низ анҷом медод ва ҷонишинонаш мизу курсӣ гузошта, дар ҳамон долон менишастанд. Дар қабули охирин ба пиразани русзабоне барои ариза навиштанаш ёрӣ расондам. Пиразани 81-сола бо ягона аберааш зиндагӣ мекунад. Аберааш Кристина тамомкунандаи гимназия буда, дорандаи даҳҳо мукофоту ҷоизаҳо оид ба варзиши тарзи ушуи чинӣ ва акробатика, донандаи забони чинӣ ва ғайра мебошад. Падараш - хизматчии дивизияи 201-и ФР дар ҳодисоти маълуми кишвар ҳалок шудааст, модараш ҳам гузаштааст, дигар касе надорад, дар таълимгоҳ хубу аъло мехонад. Оё чунин ятимони кулл вақти дохил шудан ба донишгоҳ имтиёзе доранд? Вазири маориф халтаи вазнини медалҳои Кристинаро рӯйи даст гирифта, хушнудона мегуфт: «Бардошта бинед, 2-3 кило! Чемпиони Тоҷикистон, пагоҳ Худо хоҳад, чемпиони ҷаҳон мешавад». Вазир ҳамон лаҳза бо телефон ба куҷое занг зад, ба тобеон дастур дод, ки корҳои омодагиро бинанд ва ба пиразану духтарак маслиҳати дуруст диҳанд. Сипас, ба пиразан барои бархостанаш мадад расонда, дили ӯро пур кард, ки ғам нахӯрад, масъала ҳал хоҳад шуд. Ҳамин вақт воқеаи як рӯз пеш - рӯзи ҷумъа рӯйдода пеши назарам омад: Дар даромадгоҳи вазорат ду пиразани маҳаллӣ бо милисаи дарбон баҳс доштанд. Ҳамин асно вазир дар даст сумкаи калон ҳозир шуд ва гапи онҳоро шунида, бо овози баланд гуфт: «Вазирро меҷӯед? Агар маро дар назар доред, марҳамат!». Ба гирду атрофаш нигариста, дари шуъбаи умумиро наздиктарин шуморида, онҳоро ба он ҷо ҳидоят намуд ва ба суханонашон гӯш дод. Вазири маориф онҳоро бо диққат гӯш дода, даст ба китфашон гузошта, андак ҳазлу шӯхӣ карда, дилашонро бардошт, мушкилоти онҳоро ҳал кард ва каме ёрии моддӣ ҳам расонида, гусел намуд.
Ман вақте чунин ҳодисаҳоро мушоҳида мекунам, ба андеша меравам, ки мо дар ҳақиқат, ба қадри кадрҳои хубамон намерасем, ё вақте мерасем, ки дер шудааст. То он вақт бо тамоми қувва ранги нигилистҳо айбашонро меҷӯем, агар наёфтем, мегӯем – «думи сагат каҷ».
Магар беҳтар нест: чи тавре ки дар ҳамон филми тасвирӣ мегӯянд - «Ребята, давайте, жить дружно!» ва ба манфиати худу давлату миллат ва шукуфоии Ватан меҳнат кунем?!

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА

Хонданд 1434

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

    Имрӯз тасодуфан бо мансабдоре вохӯрдам. Дурусттараш, ӯ ба ҳуҷрае, ки…
  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.