.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

Ё чи тавр як садамаи оддӣ аз омода набудани «Тоҷиктелеком» дар татбиқи «Маркази ягонаи коммутатсионӣ» хабар дод?

Оддитарин як садама дар хати интернет ва қатъи 5-соатаи он дар аксар манотиқи кишвар нишон дод, ки «Тоҷиктелеком» ҳанӯз аз ҷиҳати моддиву техникӣ омода нест Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи он гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқии ин ширкат ба роҳ монда шудааст, пурра дар амал татбиқ намояд ва амнияти мухобиротии кишварро кафолат диҳад. Садамаи мазкур бори дигар собит сохт, ки пешбинии олимону коршиносон ва таҳлилгарони соҳаи телекоммуникатсия дар мавриди хатари таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар базаи «Тоҷиктелеком» беасос набуда, аксар аллакай 5 соати беинтернетӣ ва беамалии масъулинро чун бохти нахустини «Тоҷиктелеком» дар татбиқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ эътироф карданд. Суоли матраҳ ин аст, ки дар чунин ҳолатҳои садамавӣ ва тахриби хати интернет «Тоҷиктелеком» бояд аз кадом тадбирҳои эҳтиётӣ кор мегирифт ва чаро нагирифт?
Шоми 15-уми август, соати 17:00 дар аксари манотиқи кишвар Интернет қатъ шуд ва то соати 22:00 муштариён маҳдудияти интернетро сахт эҳсос карданд. Тадқиқ нишон дод, ки як мошини борбари «Дулан» дар маркази ноҳияи Айнӣ, 150-километрии шимоли пойтахт, ба сутуни торҳои нурии «Тоҷиктелеком» бархӯрда, ҳудуди 200 метр сими интернетро хароб кардааст. Тибқи хабарҳои дар ВАО нашршуда, гурӯҳи мутахассисони фаннии ширкати «Тоҷиктелеком» ва «Телеком Технолоҷӣ» фавран ба ҷои ҳодиса ташриф оварда, дар давоми 5 соат хати муҳими таъминкунандаи интернетро таъмир ва дубора пайваст кардаанд.
Сабаби тӯл кашидани пайвастнамоии хати Интернетро Сӯҳроб Шеров, як масъули ширкати «Телеком Технолоҷӣ» ба Радиои Озодӣ шарҳ дода, гуфтааст, ки «пас аз рух додани садама ва то замони мушаххас кардани нуқтаи садама, вақти зиёд сарф шуд. То расидан ба маркази ноҳияи Айнӣ роҳ дур буд, баъдан сими интернет 8 хат дорад ва кафшер намудани ҳар яке аз онҳо фурсат мехост. Вале хушбахтона, мутахассисон муваффақ шуданд дубора интернетро дар соати 10-и шаб барқарор кунанд».
Албатта рух додани чунин садамаҳо як кори тасодуфист ва ҳеҷ ширкат дар баробари чунин осебҳои фаннӣ эмин нест, вале вақте ки трафики Интернети ҳама ширкатҳо ба воситаи Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад, чаро масъулини «Тоҷиктелеком», ки таъмини хати Интернетро ба дӯш гирифтаанд, аз андешидани тадбирҳои эҳтиётӣ кор нагирифтанд? Зеро масъулин бояд ҳанӯз пеш аз пиёда намудани маркази мазкур хатҳои захиравии худро ташкил мекарданду амнияти мухобиротии кишварро пурра таъмин месохтанд. Худ қазоват кунед, агар Интернет бегоҳ неву рӯзона қатъ мешуд ва тамоми ширкатҳову бонкҳо дар муддати 5 соат аз интернет маҳрум мешуданд, Тоҷикистонро чи қадар зиёне интизор буд?
Тибқи гузоришҳои намояндагони ширкати «Телеком-Технолоҷӣ», бо назардошти созишномае, ки миёни «Тоҷиктелеком» ва ширкатҳои дигари интернетрасон ба имзо расидааст, «Тоҷителеком» муваззаф шуда буд, ки дар ҳолати рух додани чунин садамаҳо, фавран интернетро ба хатҳои захиравӣ пайваст намояд ва имкон надиҳад, ки муштариён беинтернет монанд. Вале баъди ба амал омадани садамаи мазкур масъулини «Тоҷиктелеком» на танҳо масъулияти ба дӯш гирифтаашонро иҷро карда натавонистанд, балки посух додаанд, ки «имкони кӯмак карданро надоранд».
Пас суоле ба миён меояд, ки ширкате, ки чун идоракунандаи Маркази ягонаи коммутатсионӣ хизмат карда, ҳама трафикҳои интернет ба воситаи он мегузарад ва кафолати амнияти мухобиротии кишварро додааст, чаро имкони кӯмакро надорад ва дар бартаф кардани як садамаи оддӣ ин қадар оҷизӣ мекашад? Агар ширкат кафолати таъмини ҳаматарафаи Интернетро надорад, пас чаро бо вуҷуди надоштани шароитҳои фанниву техникӣ масъулияти таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва ба воситаи хатҳои худ гузаронидани трафикҳои интеренетии ҳама ширкатҳоро ба дӯш гирифтааст? Масъулини «Тоҷиктелеком» ҳатто ваъда карда буданд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани садама, ширкатҳоро фавран ба хати интернети Ӯзбекистон пайваст хоҳанд кард, вале дар рӯзи садама маълум шудааст, ки «Тоҷиктелеком» ҳанӯз бо Ӯзбекистон созишнома ба имзо нарасонидааст ва аз ин рӯ наметавонад ба ширкатҳои зарардида кӯмак расонад.
Аз ҳама аҷиб он аст, ки масъулини ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар робита ба иддаои ширкати «Телеком Технолоҷӣ» на танҳо назари худро баён накарданд, балки дар дафтари матбуоти Хадамоти алоқа дар робита бо садамаи охир ба «Озодӣ» изҳори бехабарӣ кардаанд, ки ба назар хеле хандаовар менамояд.

Як қадам ба пеш, се қадам ба қафо
Бояд ёдовар шуд, ки то соли 2011 Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешрафтаи Иттиҳоди давлатҳои маштаракулманофеъ дар соҳаи телекоммуникатсия эътироф шуда буд. Рушди назарраси базаи муштариёни алоқаи мобилӣ ва Интернет дар фазои ИДМ дар солҳои 2008, 2009 ва 2010 дар Ӯзбекистон, Арманистон ва Тоҷикистон мутобиқан ба 69,3%, 65,4% и 61,7% эътироф шуда буд. Инро тадқиқоти пешбурдаи ComNews Research зери унвони «Бозори алоқаи мобилии кишварҳои ИДМ» чоп карда буд. Ин маънои онро дорад, ки соҳаи телекоммуникатсия дар Тоҷикистон, дар он солҳо ҳатто аз Қазоқистон, Белорусия ва Россия, ки рушди соҳа дар ин кишварҳо 32,5%, 27,1% ва 10,6%-ро нишон медод, хеле пеш гузашта буд.
Дар натиҷаи рушди сесола 7 кишвар аз 12 кишвари ИДМ сатҳи таъмини алоқаи мобилӣ ва Интернетро 90 фоиз таъмин намуданд, ки ин имконият медиҳад 90 дар сади аҳолӣ пурра бо хизматрасониҳои гуногуни алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин карда шаванд. Тибқи ин гузориш, Тоҷикистон ва Молдова дар ин се сол дар ҷои аввал қарор гирифта буданд.
Коршиносон сабаби аз рушд бозмондани соҳаи телекоммуникатсияро, ки аз таъминкунандаи асосии буҷаи Тоҷикистон мерафт, дар солҳои баъдӣ пеш аз ҳама ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд рабт медиҳанд. Ба ин маҳдудиятҳо аз ҷумла ворид намудани аксиз, болоравии сатҳи андозбандӣ, бастани сайтҳову аз байн бурдани рақобати солим ва даҳхо омилҳои дигарро мисол меоранд, ки рушди соҳаи мазкурро дар кишвар чанд сол ба ақиб партофт ва бо ҷорӣ намудани Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва додани бартарият ба «Тоҷиктелеком» таъмини амнияти иттилоотии кишвар низ зери суол рафт. Ин аст, ки Тоҷикистон дигар наметавонад дар ин соҳа пештоз бошад.
Қатъи панҷсоатаи Интернет нишон дод, ки Тоҷикистон барои таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳанӯз омода нест. Бояд Ҳукумат садамаи мазкурро чун дарси нахустин қабул карда, масъалаи мондан ва ё муваққатан боздоштани фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсиониро мавриди омӯзиши ҷиддӣ карор диҳад ва ба хотири дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳолат, то дасрас кардани дастгоҳҳои техникии муосир ва омода намудани хатҳои захиравии Интернет фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсиониро дар базаи «Тоҷиктелеком» боз дорад. Зеро садамаи мазкур бори дигар нишон дод, ки «Тоҷиктелеком» воқеан аз лиҳози иқтисодӣ, техникӣ ва тахассусӣ имконияти таъмини ҳаматарафаи амнияти мухобиротии кишварро надорад ва ин барои кишваре чун Тоҷикистон, ки ба рӯйхати кишварҳои рӯ ба рушд дохил мешавад, хеле зиён дорад.
Ҳангоми ҷорӣ намудани Маркази ягонаи коммутатсионӣ шояд ба ҳисоб гирифта нашуд, ки ҳанӯз соли 2006 маҳз ба он хотир, ки таъсиси ин марказ метавонад амнияти мухобиротии кишварро зери хатар гузорад, ин масъала мавриди таваҷҷӯҳ ва натиҷагирии Ҳукумати кишвар ва боиси ташвиши намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва нигаронии як зумра ширкатҳои мобилӣ, сафирони давлатҳои хориҷа ва васоити ахбори омммаи ватанию хориҷӣ гардида буд.
Соли 2006 лоиҳаи таъсиси «Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ»-ро маҳз ба он хотир қабул накарда буданд, ки лоиҳаи мазкур аз лиҳози ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, техникӣ, тахассусӣ ва мантиқӣ асоснок карда нашуда буд. Инчунин бо назардошти он, ки қарори мазкур метавонист фазои инвеститсиониро халалдор намуда, ба пешрафти ин соҳа дар кишвар монеа эҷод кунад, ташкили чунин марказро ҳукумати кишвар мувофиқи мақсад нашуморида, ба идомаи баҳс хотима гузошта буд.
Вале чаро баъдан бе омӯзиши дақиқ Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар амал татбиқ карда шуд, суолест, ки ҷавоби хеле ҷиддӣ мехоҳад. Зеро садамаи нахустин аллакай пешбиниҳои соли 2006-ро дар амал нишон дод ва собит сохт, ки таъсиси чунин марказ дар базаи «Тоҷиктелеком» ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд.
Раиси Хадамоти алоқа, ки Маркази ягонаи коммутатсиониро асосан бо мақсади тиҷорат ва наҷоти «Тоҷиктелеком» таъсис дод, бояд ҷиҳатҳои амниятии онро низ ба ҳисоб мегирифт. Дуруст аст, ки таъсиси чунин Марказ ба «Тоҷиктелеком» даромади зиёд меорад, вале ҳеҷ гоҳ амнияти иттилотии кишварро таъмин карда наметавонад ва инро мо аллакай дар таҷриба дучор омадем.
Ба назари банда, вақти он расидааст, ки масъалаи мазкур аз нав мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шуда, пеш аз такрор шудани чунин ҳодисаҳо ё хатҳои захиравӣ ташкил карда шаванд ва ё то ҳаматарафа омода шудани «Тоҷиктелеком» Маркази ягонаи коммутатсионӣ боздошта шавад.

Самир МИРЗОЕВ, таҳлилгар 

Хонданд 614

«Просто бизнес»

Авг 26, 2017
Хонданд: 1076

Магар камбағал дигар таҳсил накунад?!

- Ба синфи якум рафтан аз ба донишгоҳ шомил шудан мушкил аст, мегӯяд як дӯстам, ки писараш имсол мактабрав шудааст.
- Аз аввали сол мо ба ҷустуҷӯи мактаби мувофиқ барои писарамон шудем,- мегӯяд ӯ ва меафзояд:- Мо мехостем, ки писарамонро ба мактабе диҳем, ки синфи русӣ дошта бошад ва дар ҳар як гурӯҳ аз 25 нафар зиёд набошад. Албатта, мехостем, ки мактаб намунавӣ бошад ва дар сатҳи зарурӣ дар он раванди таълиму тарбия сурат гирад. Вале ба имконияти мо, ки ману завҷаам дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунем, чунин мактаб пайдо накардем. Дар аксари мактабҳои давлатии гирду атрофамон дар шаҳри Душанбе синфҳои русиро бастаанд. Ба чанд мактаби хусусӣ муроҷиат кардем, вале нархҳои дандоншикани онҳо барои мо мувофиқ набуд. Аксари онҳо барои 10 моҳи таълим 12 ҳазор сомонӣ мехостанд, ки ин хеле гарон аст. Масалан, дар мактаби хусусии «Андешаҳои пок», ки дар гузаргоҳи дуюми кӯчаи Зеҳнӣ воқеъ аст, барои таҳсили хонандаи синфи якум 12 ҳазор сомонӣ мехостанд. Албатта, аксари ин муассисаҳо аз соати 8 то 16 хонандаро ба машғулияту бозӣ фаро мегиранд.
- Моҳи май аз рӯи эълон кӯдакистон - мактаби «Омина»-ро дар рӯ ба рӯи Сафорати ИМА дар Душанбе пайдо кардем,- суханашро идома дод дӯстам.- Боғчаи мазкур бори аввал ба синфи якум хонанда қабул мекард. Шарти мактаби мазкур ба мо писанд омад. Дар ин мактаб синфи русӣ кушода мешуд ва аз синфи аввал забони англисӣ дарс дода мешуд. Ба мо ваъда доданд, ки дар як синф аз 20 нафар зиёд хонанда таҳсил намекунад ва онҳо то соати 16 дар мактаб мемонанд. Ба мактаббачаҳо як маротиба хӯроки гарм медиҳанд ва барои ҳамаи ин моҳе 500 сомонӣ мегиранд, ки солона 5 ҳазор сомонӣ мешавад. Мо ба ин шарт розӣ шуда, писарамонро номнавис кардем. Вале аввали моҳи август ба мо гуфтанд, ки шарти таҳсил дигар шудааст. Мактабро Муборакхон ном муаллимаи соҳибкор иҷора гирифтааст.
Ӯ волидонро ҷамъ карда гуфт, ки «шарти таҳсил дигар мешавад. Кӯдакони шумо аз соати 9 то 12 таҳсил мекунанд ва тӯли 6 моҳ нархи пешина - моҳе 500 сомонӣ боқӣ мемонад. Баъд нархро зиёд мекунем. Агар то соати 16 кӯдаконатон дар мактаб монанд, пас мактабпулӣ 1 ҳазору дусад сомонӣ дар як моҳ мешавад».
Шарти мазкур барои мо мақбул набуд. Аввалан, мо бояд соати 8 дар ҷои кор шавем. Дуввум, то соати 8 кӯдак куҷо меистад ва соати 12 ӯро кӣ аз мактаб мегирад? Сеюм, нархи таҳсил боло мерафт ва мо онро пардохта наметавонистем. Мо ба ин шарт розӣ нашуда, ҳуҷҷатҳои писарамонро гирифтем ва ба мактаби маҳаллаамон супоридем,- гуфт дӯстам.
Воқеан ҳам, ҳоло волидон барои пайдо кардани мактаби мувофиқ барои кӯдаконашон ба мушкилӣ гирифторанд. Волидоне, ки кор мекунанд, наметавонанд фарзандашонро ба мактаби таҳсилоти умумии давлатӣ монанд, зеро кӯдак баъди 3-4 соати дарс дар кӯча мемонад. Барои кӯдакони чунин ашхос бояд синфҳои таҳсилаш то бегоҳ ташкил карда шаванд. Зеро кӯдакро наметавонӣ дар хона танҳо монд. Дар мактабҳои хусусӣ бошад, нархи таҳсил аз донишгоҳҳо ҳам гаронтар аст. Соли равон таҳсил дар аксари донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 6 то 8 ҳазор сомонӣ дар як сол аст. Масалан, таҳсили шартномавӣ дар факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино солона 8 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Суоли дигаре ба миён меояд: Чаро солҳои охир дар шаҳри Душанбе синфҳои русӣ дар мактабу кӯдакистонҳои давлатӣ баста шуданд? Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳарф мезанад ва ба донистани чанд забон даъват мекунад. Аз ҷониби дигар, тибқи моддаи 2-юми Конститутсияи Тоҷикистон, «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Ман шогирдоне дорам, ки ба забони англисӣ ва баъзе ба арабӣ озод муошират мекунанд, вале забони русиро надониста, ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро дар мактаб забони русӣ нахондаанд ва ё ба он таваҷҷӯҳ накардаанд.

Як маълумотнома - 10 сомонӣ
- Вақте фарзандамро ба синфи якум бурдам, аз стансияи санитариву эпидемиологии ноҳия маълумотнома талаб карданд,- мегӯяд як шиноси ман.- Ҳол он ки, картаи тиббии кӯдакро пешниҳод карда будам. Вақте ба Стансияи санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино омадам, волидони зиёде дар навбати маълумотномагирӣ меистоданд. Чун навбатам расид, котиба зодномаи фарзандамро гирифта ҳамту маълумотнома навишт, ки тӯли 21 рӯзи охир касе аз ин хонавода бемории сироятӣ нашудааст. Ӯ барои ин амал 10 сомонӣ хизматона гирифт.
Воқеан, ин маълумотнома ба хотири чист? Агар мабодо касе аз оила ба касалии сироятӣ гирифтор бошад, магар фарзанди ин хонадонро ба мактаб намегиранд?
Тибқи моддаи 41-уми Конститутсияи Тоҷикистон, «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» низ ин нукта тасдиқи худро ёфтааст.
Магар ин поймолкунии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба таҳсил нест?
Ё ин ба қавле «просто бинес аст». Тасаввур кунед, ки агар дар як ноҳия 10 ҳазор нафар ба синфи якум раванд, 10 сомонӣ сари касе ин маблағ 100 ҳазор сомонӣ мешавад. Маблағи мазкур ба кисаи кӣ медарояд? Зеро барои ин амал квитансия дода намешавад. Ва билохира, магар як маълумотнома 10 сомонӣ арзиш дорад?!

Либоси ҳатмии мактабӣ
Соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе либоси ҳатмии мактабӣ талаб карда истодаанд. Ҳар мактаб муқаррар кардааст, ки хонандагону муаллимонаш бояд ҳатман аз як ширкати хусусии дӯзандагӣ либос харанд. Масалан, хонандагону муаллимони макотиби ноҳияи Сино бояд ҳатман аз Ширкати «Тоҷ» воқеъ дар маҳаллаи 102-юм либоси мактабӣ бихаранд. Аз шогирдони синфи якум талаб карда мешавад, ки камаш ба 175 сомонӣ аз ин ҷо барои либоси мактабӣ чек оранд. Барои синфҳои болоӣ ин маблағ зиёд мешавад. Муаллимон бошанд, бояд на камтар аз 350 сомонӣ чеки либос оранд.
Бояд гуфт, ки чек танҳо барои харидани шиму костюм ва кофтаю юбка дода мешавад. Агар курта ва шими иловагӣ гиред, ба он чек намедиҳанд. Маълум, ки бо ин роҳ мехоҳанд иҷборан шиму костюми дӯхтаи худро ба мактаббачаҳо фурӯшанд. Волидон аз ин амал изҳори норозигӣ мекунанд, ки ба маблағи мазкур аз бозори «Корвон» сарулибоси беҳтар ва арзонро харидан мумкин аст.
Воқеан, чаро волидон ва умуман муаллимон бояд маҳз аз ширкатҳои муқарраркардаи мактабҳо либос харанд?! Чаро шаҳрвандон дар хариди либоси мактабӣ озод нестанд? Шояд дар таги коса нимкосае бошад?
Воқеан, ин ширкатҳои либосфурӯшӣ ба кӣ тааллуқ доранд ва кӣ аз ин манфиат мебинад? Директорони мактаб оё дар ин бизнес ҳамроҳанд ё онҳоро аз боло супориш додаанд?
Чунин ба назар мерасад, ки мансабдорон ба ҷои осон кардани мушкили мардум бо ҳар роҳу восита мехоҳанд онҳоро корафтодаи худ бикунанд.

Ҷовид МУҚИМ 

Хонданд 1076

Гила аз парлумон

Авг 18, 2017
Хонданд: 1822

Мӯҳтарам намояндагони мардумӣ! Аз январи соли равон “Қонун дар бораи нафақа” ба ҳукми амал даромад. Аз ин Қонун собиқадорон умеди калон доштанд, аммо афсӯс, ки Қонуни мазкур боиси фақру заҷри ҳазорон собиқадорони меҳнат гардидааст! Барои мӯътамад ва муассир гардидани номаи дод аз номи ҳама “ҷабрдидагон” шикваи нафақахӯреро ҳамчун нутқи айнан нақлшуда меоварам.

“... Бештар аз 40 сол ҳамчун педагог ва баъдан корманди соҳаи идеологӣ содиқонаву самимона хидмат намудам, дар мушкилтарин солҳои баъдиистиқлолӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, сабру тоқат карда, гоҳо бемаош низ ба хотири ояндаву таҳкими пояҳои Ватани тозаистиқлоламон заҳмат кашидам. Чунки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон сахт боварӣ доштам. Оғози сол 63 сола шудам, роҳбарияти яке аз дастгоҳҳои пурқудрати идеологӣ, ки онҷо фаъолият доштам 1 гулдастаро бароям дареғ дошта, огоҳам карданд, ки дигар ба кор набароям. Тибқи қонуни нави ба тасвиб расонидаи шумо нафақаам 350 сомонӣ муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки ҳамкору ҳамкурсам 1 моҳ пеш, яъне то қабули қонун бо ҳамин собиқаи корӣ 750 сомонӣ нафақа мегирад. Агар дар гузашта нафақа то 80 фоизи маошро ташкил медод, ҳоло бошад, тақрибан 30 фоизи маош ё окладро ташкил медиҳад. Намояндагони мардумӣ! Биёед, ҳисоб кунем, нафақаи ман ба чӣ мерасад? 200 сомонияш пули обу барқу партобу ғайра, 150 сомонияш як халта орду тамом. Ману мо баринҳо дар сари пириямон бояд дору нахарем, либос нахарем, сафар накунем, истироҳат наравем… Дар бораи сабади истеъмолӣ бошад, умуман ҳарф намезанам. Орзуву умеди давлати пирӣ рондан доштам... Мо нафақахӯр не, мо зиндадаргӯрем”.

Ҳарфе ба нома изофа накарда, ҷавоби намояндагони мардумиро интизорем.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

Хонданд 1822

Тавре хонандагони гиромӣ огоҳанд, ҳафтаномаи «Фараж» ду шумора пеш (№30 (556), аз 26-уми июли соли 2017) аз суханҳои ҷолиби дар нишастҳои матбуотӣ садодода иқтибосҳо оварда буд. Тасмим гирифтем дар ин шумора низ чанд «масалгуфтор»-ро, ки лоиқи баҳсу мулоҳиза ҳастанд, ба табъ расонем.

1. Гавҳар ШАРОФЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
А. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шуд. Ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд. Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд. Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунед, дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.
Б. Дар ҳар қадам меъёр хато, гуфтор хато, навиштор хато аст, ман мебинам. Дар асоси низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо назораткунандаи иҷрои ин талабот ҳастем. Шумо ба кумита занг бизанед, санг бизанед, маломат кунед, ки дар фалон гузаргоҳ, дар фалон таблиғгоҳ, шабакаҳо, рӯзномаҳо меъёри забони адабӣ вайрон шуда истодааст, Кумитаи забон куҷоро нигоҳ карда истодааст? Мо дар асоси муроҷиати шумо тавонем равем ва татбиқи назорати қонунро ба роҳ монем!

2. Зариф АЛИЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон:
А. Иштирок дар маршировкаҳо ихтиёрӣ ва барои ҷавонону ҷомеа манфиатовар аст. Мо қадамҳои аввалро дар ин самт гузошта истодаем. Муассисаҳое, ки ҷавононро ба маршировка сафарбар мекунанд, бояд донанд, ки кадом кӯдак имконият надораду бемор аст, ё ягон узри дигар дорад ва бояд ҷалб карда нашавад. Бояд ғамхорӣ карда, кӯдаконро бо обу дигар лавозимот таъмин кунанд.
Б. Зӯроварӣ на танҳо нисбати занону кӯдакон, балки нисбати мардон низ ҷой дорад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки мардон даст ба худкушӣ задаанд. Зӯроварии ҳам ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ нисбати мардон ҷой дорад. Бештар албатта азоби рӯҳӣ медиҳанд. Мегӯянд, ки ин одам ин хел карду ту карда наметавонӣ! Баъзан мардон имконият надоранд, аммо занҳо талаб мекунанд. Пойро ба андозаи кӯрпа дароз кардан даркор. Бояд тамоми масоили хонаводагӣ бо маслиҳат ҳал шаванд. Дар солҳои охир баҳсҳои оилавӣ махсусан сари молу мулк зиёд шудааст.

3. Раҷабмоҳ ҲАБИБУЛЛОҲЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон:
Дар мавриди ҷалби иҷбории ноболиғон ба «маршировка»-ҳо шикояте дарёфт накардаем. Маълумот дар мавриди ҳалокати як хонандаи мактаб дар натиҷаи маршировка дар шаҳри Ваҳдат барои ҷашни Ваҳдати миллиро мо надорем.
Ҳар шахс бояд ҳисси миллӣ дошта бошад ва кӯдакону калонсолон бояд дар ҷашнҳои сатҳи миллӣ иштирок кунанд. Ин ҷо ягон поймолкунии ҳуқуқи кӯдакон дида намешавад.

4. Ҷумъа ДАВЛАТОВ, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон:
А. Санҷишҳои дар ҳукуматҳои маҳаллии навоҳии Лахш, Айнӣ, Қубодиён, Ёвон, Роштқалъа, шаҳри Панҷакент ва раёсатҳои адлия ва шуғли аҳолии ВМКБ гузаронидашуда муайян кард, ки дар мақомоти иҷроияи ноҳияи Лахш аз соли 2013 то 2016 озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ нагузаронида, кормандон бидуни озмун ба мансабҳо таъин шудаанд. Мудири шӯъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш бо таҳсилоти олии нопурраи омӯзгорӣ, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ихтисоси меъмор-муҳандис, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия бо ихтисоси технологияи истеҳсолоти полиграфӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Ваҳдат бо таҳсилоти олии нопурра, сармуҳосиби ин ҷамоат бо таҳсилоти миёнаи касбӣ таъин шудаанд. Бархе раисони навоҳӣ мансабдоронро бидуни мувофиқа бо мақомоти марказӣ таъин кардаанд. Барои камбудиҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ 3 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Б. Нисбати мансабдорони соҳиби душаҳрвандӣ дар мақомоти давлатӣ фишоре нест. Имконияти интихоб дода шудааст. Нафароне, ки шаҳрвандии давлати дигарро доранд, метавонанд яке аз шаҳрвандиро интихоб кунанд ва ҳангоми интихоби шаҳрвандии Тоҷикистон метавонанд дар хизмати давлатӣ боқӣ монанд. Фикр мекунам, ин масъала ташвишовар нест. Миёни 20 ҳазор хизматчии давлатӣ ҳамагӣ 20 нафар дорои душаҳрвандӣ буданд, ки ин боиси ташвиш нест.

5. Маҳмад РАҲИМЗОДА, роҳбари Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон:
А. Шахсан набераамро Ашкиноз ном ниҳодам, ки дар Феҳрасти номҳои миллӣ нест. Номро қабул карданд, шаҳодатнома гирифтам. Дар сурати зарурӣ комиссия номи пешниҳодкардаи волидонро баррасӣ мекунад, агар номи зебо бошад, қабул мекунад. Ин ба манфиати мо аст. Ҳатто дар Русия нисбат ба тарзи дурусти номгузорӣ як таваҷҷӯҳи хоса пайдо шудааст.
Б. Дар Кодекси нави ҷиноятӣ дар бисёри ҳолатҳо ҷарима ҷои ҳабсро мегирад. Башардӯстӣ дар қонунҳои кишвар бартарият дорад. Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ муайян шудаанд. Дар 25 соли Истиқлолият ҳар 1,5 сол дар Тоҷикистон авф татбиқ мешавад, ин гуманизм аст. Инсонро танҳо бо ҳабс кардан тарбия кардан мумкин нест, аммо куллан бидуни ҳабс ҳам намешавад. Баъзе роҳҳои дигари тарбия вуҷуд дорад. Дар қонунгузорӣ принсипи оқилона пешбинӣ шудааст. Вазифаи мо тарбияи инсон аст, на қатлу ҷазо.

6. Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон:
А. Барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад. Тоҷикистон баръакс ҳавасманд аст, то соҳибкорони эронӣ дар иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ намоянд. Ширкатҳои эронӣ имрӯз дар иншооти мо хуб фаъолият доранд, вале дақиқан гуфта наметавонам, ки барои чӣ онҳо имрӯз дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда наметавонанд. Агар имрӯз таваҷҷӯҳ карда бошед, теъдоди хеле зиёди ширкатҳо дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки барои фаъолияташон ягон монеае нест. Ба қарибӣ бо соҳибкорони ҶИЭ оид ба таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе чанд вохӯрӣ доштем. Омодагӣ доранд, ки ҳудуди 100 миллион доллар барои таъсиси чунин як корхона дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Ин масъала ҳоло ҳам дар сатҳи кумита ва ҳам дар сатҳи мақомоти шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад.
Б. Мӯҳлати фурӯши корхонаҳои “Сементи тоҷик”, осоишгоҳи Хоҷаобигарм ва корхонаи дӯзандагии “Гулистон” то поёни соли ҷорӣ дароз карда шудааст. Ҳоло вобаста ба ин иншоот корҳои барномарезӣ идома доранд. Корхонаи дӯзандагии “Гулистон” аз “Фононбонк” ва “Амонатбонк” қарздор аст ва айни замон сари ин масъала гуфтушунид идома дорад ва дар назар аст, то охири сол оид ба истифодаи минбаъдаи он ба мувофиқа бирасем. Корхона айни ҳол фаъолият дорад. Дар як қисми бино бо эҳтиёҷмандии корхонаҳои давлатӣ, як қатор корхонаҳои давлатӣ ҷойгир карда шудаанд ва қисмати дигари корхона фаъолияти пурсамар дорад.

7. Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон:
А. Маҳз ширкатҳои чиптафурӯшӣ аз тармафароиҳо ва роҳбандии Душанбе-Хуҷанд сӯйистифода карда, нархи чиптаро боло бурданд. Ширкатҳои ҳавоӣ манфиатдор нестанд, ки дар чунин ҳолатҳо нархро боло баранд, чун онҳо аллакай нархи номиналиро пештар муайян кардаанд. Дар чунин рӯзҳо аз нуқтаҳои чиптафурӯшии назди “Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр” истифода намоед, чун он ҷо сӯйистифода намешавад. Одатан дар рӯзҳои парвоз нархи чиптаи ҳавопаймо боло меравад. Тартиби ҷаҳонӣ аст, ки агар 80 фоиз чиптаҳо фурӯхта шаванд, нархи 20 фоизи дигар қимат мешавад. Супориш додем, ки болоравии якбораи нархи чиптаи ҳавопаймо дар рӯзҳои роҳбандӣ таҳқиқ шавад.

8. Худоёр ХУДОЁРЗОДА, вазири нақлиёти Тоҷикистон:
А. Дар кишвар, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои дағалии ронандаю пулчинакҳои нақлиёти мусофирбар ҷой дорад. Давоми 8 сол ба ҳайси муовини вазири нақлиёт кор кардам ва рӯзҳои шанбею якшанбе аз хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебурдам. Рӯзе ба нақлиёти мусофирбар савор шудам, то гардиши микрорайони 33 маро бурд. Он ҷо дар нақлиёт танҳо мондам, ки ба ронанда занг заданд. Баъд ӯ ба ман гуфт, ки фаро ман бояд баргардам. Гуфтам, чӣ хел фароям, бояд маро то охир барӣ. Оқибат маро фуровард, ман номери «Тангем»-ро гирифтам, рӯзи дигар хадамоти давлатии назорат он ронандаро ба утоқи кориям оварданд. Ӯ маро дида, монанди муш меларзид. Гуфт, ман гумон намекардам, ки муовини вазир ҳам ба «Тангем» савор мешавад. Гуфтам, ман ҳамчун муовини вазир не, ҳамчун шаҳрванд савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудам. Иҷозатномаи он мардро гирифтанд, хеле гиряю нола кард.
Б. Аз ду ҷониб “Узбакистон ҳаво йуларӣ” ва “Сомон Эйр” иҷозатномаи 2 парвоз дар як ҳафтаро гирифтаанд, аммо ба далели камбуди мусофирон “Узбакистон ҳаво йулларӣ” низ ҳамагӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе парвоз анҷом дода истодааст. Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо нарасидааст ва парвозҳо дар асоси протокол амалӣ мешаванд. Дар пайи анҷоми тамоми расмиёт “Сомон Эйр” низ парвозҳоро амалӣ хоҳад кард.

9. Абдувосид ЮЛДОШЕВ, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон:
- Довталабу наздиконашон бояд ҳушёр бошанд, зиракиро аз даст надиҳанд. Дар низоми имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ, касе қодир нест, ки ба натиҷаи довталабон таъсир расонад. Қаллобӣ дар ҳар давру замон буд, пеши инро ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Аммо ин амалҳо ҳеҷ рабте ба Маркази миллии тестӣ надоранд.

10. Илҳомҷон АТОЕВ, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа:
- Сардори Хадамоти алоқа тибқи талаботи маъмурӣ рӯзҳои қабул доранд. Агар хоҳед бо ӯ мулоқот кунед, муроҷиат кунед, мо ташкил мекунем. Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор доранд.

11. Мирзо ИСМОИЛЗОДА, раиси ширкати “Барқи тоҷик”:
- Барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ вуҷуд дорад. Лекин зиёд намудани нархи нерӯи барқ аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои дигар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳозир ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Агар бо қарори ҳукумат нарх зиёд шавад, мо ҳамчун иҷрокунанда ин қарори ҳукуматро амалӣ мекунем.

Таҳияи Шамсулло ФОЗИЛОВ

Хонданд 693

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.