.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

Мушкилоти нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе солҳост, ки идома дорад. Хусусан бо оғоз шудани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дигар ҳатто аз аввали хатсайр ҳам ба нақлиёт нишастан кори саҳл нест: ҳатман бояд чусту чолокӣ нишон дода, ҳатто мошин наистода, дарро кушода, худро дохили нақлиёт партоӣ, вагарна, ба кор ва ё дигар ҷойи лозима саривақт расидан амри маҳол аст. 

Бо дарназардошти чунин вазъ ҳанӯз соле пеш раиси вақти шаҳри Душанбе барои тағйир додани вақти дарс дар муассисаҳои олии таълимӣ дархост карда буд. Вазорати маориф ва илм дархостро қабул ва иҷро кард. Пас аз соати 7-у 30 дақиқа муайян кардани вақти дарс мушкилоти норасоии нақлиёт дар саҳар то андозае коҳиш ёфта буд, зеро муҳассилин аллакай дар ин вақт ба донишгоҳ мерасиданд ва мусофирони дигар, ки шояд аксаран коргаранд, бемамониат дар вақти зарурӣ ба ҷойи лозима роҳсипор мешуданд. Мутаассифона, Вазорати маориф ва илм бо оғоз шудани соли хониши 2017-2018 саросемавор эълон кард, ки «бинобар зарурат надоштан» вақти дарсӣ (дар шаҳри Душанбе) чун солҳои пеш соати 8:00 муайян мешавад. Аммо ҳамагӣ моҳе нагузашта, эҳсос шуд, ки асосан чунин тасмим гирифтани вазири маориф ва илм «зарурат надошт». Зеро шуруъ аз якуми сентябр ҳар субҳ қад-қади роҳҳои шаҳри Душанбе пур аз мусофиронест, ки ҳар лаҳза ба соат менигаранд ва аз дер кардан ба кор нигаронанд.
Воқеан, мушкилотро роҳбарияти шаҳри Душанбе саривақт дарк намуда, барои тағйир додани вақти дарс ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм муроҷиат намуд. Дар ин дархост зарурати гузаронидани вақти дарсӣ ба соати 9:00 нишон дода шудааст, ки оқилона ва саривақтист. Ин иқдоми раиси шаҳри Душанбе қобили дастгирист. Зеро дар шароити имрӯза шояд ягона роҳи сабук карадани мушкилот бошад. Чунки теъдоди микроавтобус ва автобусу троллейбусро зиёд кардан, дар кӯчаҳои бе ин ҳам сермошини шаҳри Душанбе шояд мушкилоти тамбашавиро ба вуҷуд орад.
Директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбехадамотнақлиётрасон» Фирдавс Саидзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «чунин вазъ дар тамоми шаҳрҳои калон вуҷуд дорад. Дар шаҳри Душанбе ҳолати норасоии нақлиёт ҳамагӣ 20 дақиқа давом мекунад. Мо кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик мушкилот бартараф мешавад».
Хеле хуб мешавад, ки то дастгирӣ ёфтани пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумат, саҳар дар вақти зиёд будани анбуҳи мусофирон лоақал як автобуси калон дар хатсайрҳое, ки айни замон танҳо микроавтобусҳо фаъолият доранд, ҷудо карда шавад. Масалан, дар хатсайри рақами 25 ин корро кардан айни муддаост, зеро аксар мусофирбарони ин хатсайр имкони савор кардани ҳамагӣ даҳ нафарро доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми зиёд будани мусофирон як автобус ҳам метавонад шиддатро то андозае паст намояд.
Агар корманде бо иллати мушкилоти нақлиёт ба кор дер ояд, ҳатман барои чунин саҳлангорӣ огоҳие аз роҳбарияти корхонааш мегирад. Аммо ба назар чунин мерасад, ки баъзе роҳбарони ширкатҳои хизматрасонӣ дар самти мусофирбарӣ парвои бартараф кардани мушкилотро надоранд. Барои чунинҳо танҳо ҷамъоварии маблағ муҳим асту халос. Вагарна, микроавтобусҳое, ки бо ҷамъияти онҳо шартнома дораду дар хатсайри муайян фаъолият мекунад, баъзан то ними роҳ ва шояд баъзан умуман бе мусофир ҳаракат наменамояд. Баъзан аз муомилаву муоширати дағал ва барзиёд ситонидани роҳкиро аз ҷониби ронандагон ва ё пулчинакҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳо ба нашр мерасад. Роҳбарони ширкатҳои мусофирбар ва Хадамоти назорати давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт бо раддияи ҳангомавие вокуниш нишон дода, аз ҷарима шудани ронанда ва ё пулчинак бо маблағи зиёд (аксаран аз 1000 сомонӣ бештар) хабар медиҳанд. Вале вазъ на танҳо ислоҳ, балки зиёдтар такрор мешавад.
Воқеан, ҳанӯз саволе беҷавоб мемонад, ки агар масъулини ширкатҳо ва дигар хадамоти лозима чунин чораандешӣ намоянд, пас чаро солҳо боз мушкилот идома дорад? Оё воқеан ронандагони тартиботро вайронмекарда ҷазои сазовор мегирифта бошанд? Ва ё пас аз қатъ шудани шартнома аз ҷониби ширкате бо ширкати дигар шартнома баста, дар дигар хатсайр фаъолият мекунанд?
Ҳамарӯза бо хатсайри рақами 25 омадурафт дорам ва шоҳиди бевоситаи давутози мусофирон дар ин хатсайр ҳастам. Мутаассифона, баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои маъруф чун «Старекс» дар вақте ки норасоии нақлиёт шадидан эҳсос мешавад, «нағмабозӣ»-ро шуруъ мекунанд. Ҳамин ки барои азқайдгузарӣ мошинро нигоҳ медоранду мусофирон медаванд, ронанда аз анбуҳи одамон истифода карда, то ними роҳ, аксаран то маҳаллаи маъруф бо номи «Қарияи боло» рафтанашро изҳор медорад. Вақте ки сабаб мепурсем, ҷавоб ҳамонест, ки имрӯз миёни мардум маъмул аст: «кор дорам». Дар асл, ин гуна ронандагон, ки ба ҷуз мусофиркашонӣ коре надоранд, танҳо ба хотири зиёдтар мусофир гирифтан ва аз ин ҳисоб маблағи бештар даромад кардан чунин нағмаро ба роҳ мондаанд. Зеро хуб медонанд, ки аз соати 7 то 7-у 40 дақиқа мусофирони зиёде интизори нақлиётанд ва фаровардани даҳ нафар то Қарияи боло имкон медиҳад, ки 10 нафари дигарро то охири хатсайр савор кунанд. Яъне агар аз аввали хатсайр то охир ҳаракат кунанд, шояд чанд нафаре ҳастанд, ки то маҳаллаи Сирк (бо 1 сомонӣ) ва чанд нафари дигар то охири хатсайр (бо 2 сомонӣ) маблағи роҳкиро месупоранд. Аз ин рӯ, ронандагон нафарони аз аввал то охири хатсайр сафармекардаро чашми дидан надоранд. Бинобар ин, бо баҳонаи «кор доштан»-и ронанда, нафаре, ки то охири хатсайр ҳам ҳаракат карданӣ бошаду аммо ба нақлиёте савор шавад, ки ронандааш то Қарияи боло рафтанашро изҳор дошта буд, ҳатман бояд ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 3 сомонӣ пардохт намояд.
Инчунин, микроавтобусҳои маъруф бо номи «Мерседес спринтер» ба ҳадде аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанд, ки нафас гирифтан дар дохили нақлиёт душвор мешавад. Ғайр аз ин, дар ин фосилаи вақт (аз соати 7 то 7-у 40 дақиқа) ронандагон тарзе бо мусофирон мағрурона рафтор менамоянд, ки гӯё соҳиби мутлақи замину замон бошанд. Чунин вазъ дар дигар хатсайрҳо низ ба мушоҳида мерасад.
Шояд масъулин моро ба умумгӯйӣ муттаҳам мекунанд ва рақами мушаххаси нақлиётро талаб менамоянд, аммо ин амал якрӯза ва ё аз ҷониби як нафар содир намешавад, ки бо пешниҳод кардани рақами қайди давлатии автомобилаш мушкилот бартараф шавад. Мутаассифона, шумораи чунин нафарон кам нест. Масъулинро мебояд бо истифода аз рейдҳои ногаҳонӣ ба ин рафтори номуносиби баъзе ронандагон хотима диҳанд. Кифоя аст, ки ҳамагӣ чанд дақиқа дар маҳаллаи Зарафшон интизори нақлиёт бошӣ ва чунин ҳодисаҳоро бо чашми сар мушоҳида намоӣ…

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

Хонданд 663

Қалам ба даст гирифтан осон аст, аммо дар васфи Ватан хома фарсудан саҳлу сода нест. Бештари фарзонафарзандони ҳувиятгаро ва дифоъгари Ватан худодод ҳастанд ва кори сад пайкону шамшерро бо хомаву қалам анҷом медиҳанд. Ба гунаи Ҳаким Фирдавсӣ ва даҳҳо дигар суханварони оқилу фарзона, ки бо достону ҳамосаҳои меҳанпарваронаву инсонгароёнаашон номи Ватану миллати хешро дар авроқи таърих бо шарафмандӣ ҳаккокӣ кардаанд. Хидмати эшон буд, ки то имрӯз моро зиндаву ҷовидона нигаҳ доштааст. Вале нигаронӣ дар он аст, ки на ҳама аз осору рисолаҳои онон огаҳиву баҳрае доранд. Магар мумкин аст, ки аз асли худ ғофил бошӣ? На! Зинҳор шоистаи чун мо як миллати фарҳангофару хирадпеша набуду нест! 

Дар остонаи ҷашни фархунда ва муборак - Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва барои ҳар яки мо ин санаи тақдирсозу озодиофар муқаддас аст. Агар барои кулли давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолият осон ва бе ҳеҷ ҷангу ҷидоли девонавор ба даст омада бошад, баҳри мо на чун эшон, балки бо ҳазорон қурбониву ҷонбозиҳо, дилрешиву захм дар дилҳо ба ҷо гузошта, ба даст омад. Яъне мо барои ба даст овардани Истиқлолият талафоти зиёде додаем ва дар натиҷа ин ҷанги бунёдсӯз бештари аҳли зиёи хешро аз даст додем. Ба қавли шоир:
Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо.
Ва дар манзумаи пурдарди дигаре чунин ба қалам додааст:
Бас буридандат забону бас шикастандат миён,
Боз гӯё, боз пӯё, боз поё мондаӣ.
Дар ҳамин минвол махсусан шоиронамон зиёд нигоштаанд, ки он, гумон мекунам, моро ба худшиносиву ватандӯстдорӣ бештар водор мекунад. Бо вуҷуди ҳама он нобаробариҳо ва хиёнати баъзе нафарон, имрӯз мо рӯ ба сӯи фардо овардаем ва аз пайи сохтану бунёд кардан ва тармими вайронаҳо ҳастем. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рукнҳои давлатдорӣ рӯз аз рӯз пурқуввату тавоно мегардад, ки ин ба мо имкон медиҳад, то баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёт, хирадгустарӣ ва иқтисодиёти давлату миллати худ гомҳои аз ин ҳам бештар бигзорем.
Аз рӯзи нахуст то ба имрӯз шахсан роҳбари давлат заминаҳо барои васеъ шинохтани асолату рисолати хидмати содиқона ба Ватанро гузоштаанду мегузоранд, аммо на ҳар кадоми мо масъулиятшиносӣ кардаем. Ба мисол, нарасидани кадрҳои соҳавӣ то ба ҳол дар мо ҷо дорад, ки метавонистем дар ин муддат бартараф намоем, вале ноуҳдабароӣ ва ба таври бояду шояд амал нанамуданамон садди ин роҳ гардидааст. Бахусус қисмати фарогирии таълиму тарбия дар мактабҳои миёнаву олӣ, ки ҳарчанд дастовардҳои назаррасе ҳам доштаем, аммо наметавон ба он иктифо кард ва ин ҷараёнро то ҷое ба ҳоли худ гузошт. Пешниҳоди мо дар ин замина ин аст: агар аз ҳама бештар асарҳои бадеӣ, рисолаҳои илмии адибони классику муосири худамон ва хориҷиро, ки хусусияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ доранд, нашр намоем ва дастраси тарбиятгирандагону толибилмон гардонем, дар ин маврид муваффақ хоҳем гашт, то насли наврасу ҷавон соҳибмаърифату соҳибилм бигарданд. Сари ин нукта нигаронии мо ҳам бесабаб нест, чунки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ҷавон ва ҳам фаро гирифтани эшон ба омӯзиши илмҳои гуногун зиёд аст.
Бо вуҷуди ҳама нобасомониҳову норасоиҳо дар дунё, имрӯз мо тавоноем ва умед ба каси ғайр ҳам надорем. Бигзор суннати аҷдодиамон - фарҳанги сутургофарӣ, инсонпарастӣ, дили бекина, ғаразе ба касе надоштан дар вуҷудамон ва табиати инсониамон поянда бимонад. Миллати куҳанпайванди тоҷикон дар гузашта пояи давлаташро бо пиндору гуфтору кирдори нек бунёд намудааст, ки ин далели бегазандӣ ва ҷовидонагиаш аст. Дар ҳама бедодгариҳои замон агарчи зиёни бештар бар тоҷикон расидааст, аммо боз захмҳои таърихиро бо хирад, бо заковат даво бахшида, худро сохтаанд. Ҳарчанд имрӯз мушкилоти зиёде дар пеши рӯи кишвар ҳаст, вале аминам, ки ба таври густурда ҳар кадомашон ҳалли худро меёбанд ва мо фарзандони ҳамоварди истиқлолият талош меварзем Тоҷикистон ободтар гардад ва боз фарзандонаш бо хирадмандӣ рӯи дунёро фатҳ намоянд. Аз дасти мо ғоратгариву бедодгарӣ барнамеояд ва ҳамин сабаб шудааст, ки сарзаминҳои паҳноварро ба ғосибону кӯчманчиён вогузошта, омадем ба тангноҳову дараву куҳҳо. Вале донишу ҳунару санъат сарҳад надоранд ва аз ин лиҳоз мо дар ҳама ҷо ҳузур доштем. Чи тавре, ки шоири маҳбуб Бозор Собир мегӯяд:
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Рахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард…
Яъне миллати тоҷикро бо фарҳангу забон ва маърифаташ мешиносанд.
Таманно мекунем, ки Истиқлолияти кишвар аз ҷовидон то ҷовидонаҳо пойдор бимонад.
Ҳусни анҷоми таманниётро ба шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ мегузорем:
Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар
Мекунӣ, эй - Ватан, бар адӯят зафар.
Ҷумла фарзанди ту, решапайванди ту
Хӯрда савганди ту - ҷонфидои туем.
Раҳкушои туем, раҳнамои туем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Хонданд 997

Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар харитаи дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар таърихи халқи тоҷик башорат дод. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик рӯзи муқаддас ба шумор меравад.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизи Тоҷикистон мебошад.
Ибтидои ваҳдати мо рӯзи истиқлоли мост. Ҳарчанд тоҷикон аз қадимтарин халқҳои дунё маҳсуб мешаванд, аз ҷумлаи бунёдгузорони таърихи тамаддуни башарият буданду ҳастанд, фарзандони бодонишу бофарҳанги халқи тоҷик мисли нигини тобноке тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукуҳ мебахшиданд, вале ин миллат баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Аз ин рӯ, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо на танҳо рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқароршавии адолати таърихӣ азизу арҷманд аст.
Мафҳуми «истиқлолият» дар фарҳангҳо мустақил, мухтор, соҳибихтиёр ва бе дахолат анҷом додани нақшаҳо ва ё корҳои бузург аст. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - парчам, нишон ва суруди нави миллӣ гардидем. Ба ҳамин хотир, калимаи «истиқлолият» имрӯз барои мо Тоҷикистониён бештар аз ҳарвақта муқаддас ва азиз гардидааст.
Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.
Яке аз мардони ватандӯсту миллатпарвар ва обрӯманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ободии ватан ва оромии халқи тоҷикро аз Худованд талаб мекард ва мехост миллатро якҷо карда, дар байни онҳо сулҳу оштиро барқарор намояд. Чунонки Худованди мутаъол мефармояд: «Ва агар ду гуруҳе аз муъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас миёни онҳо сулҳ кунед». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад. Ниҳоят бо ташаббус ва ҷонфидоиҳои ин родмарду қаҳрамони миллат миёни мардуми тоҷик сулҳ барқарор гардид ва барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Шукронаи неъмати истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият, заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи арзишҳои миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ ва ғайраро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро ташаккул медиҳад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Имрӯз беш аз 97% мардуми сарзамини мо дини Исломро пайравӣ менамоянд ва аҷдодони баору номуси мо тибқи тавону истеъдоди фитрии хеш саҳми худро дар рушду пешрафти дини мубини Ислом бо ҳарфҳои заррин навиштаанд. Бале, шукру сипос ба Худои мутаол, ки имрӯз мо ҳама мусулмонему аз сарчашмаи ноби таълимоти Ислом ва Паёмбари акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам баҳра мебарем. Шукри истиқлоли кишвар, ки ба мусулмонони Тоҷикистон ҳуқуқи озодии виҷдон - озодии пайравӣ ба динро ато намуд.
Дини мубини Ислом хизмат намудан ба мардум ва кӯшиш дар роҳи ислоҳи ҷомеаро яке аз беҳтарин корҳои нек меҳисобад. Барқарор кардани оштӣ ва сулҳу сафоро дар байни мардум яке аз ҳадафҳои асосии худ мешуморад, зеро душманиву адоват монанди бемории сирояткунандае мебошад, ки дар байни дӯстону наздикони тарафайн зиддиятро ба вуҷуд оварда, боиси нофаҳмиҳои омма ва баҳсу мунозира мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ бисёр дуруст қайд намуданд: «Террорист ватан, дин ва мазҳаб надорад». Бинобар ин, шариати исломӣ ҷилавгирӣ аз адовату душманӣ ва эҷод кардани сулҳу сафоро дар байни мардум яке аз сифоти хуби мусулмонон меҳисобад.
Агар мо ба ҳаёту зиндагии Паёмбари Худо (с) назар андозем, эҳсос мекунем, ки ҳаёти Расули акрам (с) пур аз панду ҳикмат мебошад ва мо метавонем аз ин зиндагиномаи Расули Худо (с) манофеи зиёде гирифта, онро ҳамчун намунаи зиндагии худ қарор диҳему ба он амал намоем.
Вазифаи ҷонии ҳар фарди соҳибхирад аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои пешрафт ва шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон саъйу талош ба харҷ диҳад. Дар амалишавии ин ва дигар нақшаву ниятҳои нек ба ҳамагон комёбиҳои бемисл орзумандем.

Раҳим КАРИМОВ,
декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа

Хонданд 1396

Суханронии пурмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯзи 30 август дар ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохила гӯш кардам. Таъкиди хеле огоҳона, падарона ва бамавриди роҳбари муҳтарами давлати Тоҷикистон ба он ки «сулҳу субот ва оромию осудагӣ неъмати бузург аст ва ҳар фарди ватандӯст ва боимон ба ҳифзи соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамеша омода бошад» дар ҷони мо такони тоза бахшид. Воқеъан «Истиқлол» вожаест, ки аз шуниданаш ва ҳатто ба ҳангоми навиштанаш ба дилҳо фараҳ мебахшад. Наслҳои бешуморе аз табори тоҷик дар орзуву ҳасрати чашидани таъми гуворо ва лаззатбахши ин меваи шаҳдбор дунёро падруд гуфтанд. То ҳанӯз садои озодихоҳии Хоҷа Камоли бузург- ин тоҷики озодаи хуҷандӣ аз қаъри қарнҳо ба гӯш мерасад, ки мегӯяд: «Неъмате хуштар зи Истиқлол нест.» Доштани истиқлоли давлатӣ воқеъан як неъмати олӣ аст, аммо ҳифзи он, ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии кишвар, таъмини ваҳдату осоиштагии мардум масъулияти хеле сангин аст. Ин масъулият ва вазифаи муҳим дар душвортарин даврони таърихи навини миллат ва давлатдории тоҷикон бар рӯйи шонаҳои сардори ҷавони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бор шуд. Раҳбари давлати навпо ва тозаистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ва бо муҳаббати бепоён ба хотири ободиву пешрафти кишвараш даст ба кор шуд ва ҳар соату лаҳзаи он солҳо хастанопазир барои рафъи мушкилоту нуқсонҳо мубориза мекард. Раҳбарияти давлати Точикистон дар замони хеле сахту душвор барои ба низом даровардани фаъолияти системаи идоракунии давлатӣ, барои идораи кишвар Қонуни асосӣ таълиф кард ва ҳамин тариқ, бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ дар 6 ноябри соли 1994 қабул шуд. Ҷаноби Олӣ дар рӯйи лахчаву хокистари тафсони ҷанг сари кор омад, аз хиради воло истифода кард ва шаҳру деҳоти сӯхтаро гулистон намуд. Агар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Пешвои миллат ва Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ аст, ин ҳама унвонҳо ҳалолаш бод, зеро сулҳу ваҳдати саросариро пойдор сохт, миллатро аз нобудӣ ва парешонӣ наҷот бахшид. Барои касоне, ки хотироташон заъф дорад ва ё амдан он солҳои наҳсу ноамниро фаромӯш кардаанд бояд хотирасон кард, ки 10 соли аввали роҳбариаш Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлатдорӣ накард, рӯзу рӯзгори ин сиёсатмадори шариф сарфи давлатсозӣ шуд. Давлатдории воқеъии ӯ асосан аз соли 2002 бо торумор намудани охирин лонаҳои терроризм ва одамрабоӣ дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ва хотима додан ба бедодгариҳои Раҳмон Гитлер, Мансур Муаккалову Сафари подабон оғоз шуд. Насли калонсоли ҷомеъаи мо хуб дар ёд доранд, ки сар аз нимаи дуввуми соли 1992 дар пойтахти кишвар ягон муассисаи давлатӣ ё вазоратхонае намонда буд, ки фаъолияти бонизом дошта бошад, бенизомиву беҳокимиятӣ ҳукм меронд. Дар ҳоле, ки он солҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрате надоштанд амнияти биноҳо ва кормандони худро таъмин намоянд, дар бораи ҳимояи бехатарии мардум чӣ кор метавонистанд бикунанд? Ба ҳамин хотир имрӯзҳо бояд ҳама шаҳрвандони кишвар шукрона аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати ҷомеъа дошта бошанд. Намозгузорон дар панҷ вақт намози хеш дар ҳаққи Пешвои муҳтарами миллатамон, дар ҳаққи хонаводаи ӯ бояд дуъои хайр намоянд. Он чӣ имрӯз мебинем як Артиши муназзаму мусаллаҳи ҳамеша дар ҳифзи марзу буми диёр бедору устувор, биноҳои муҷаллову хуштарҳи сар ба боло, кӯдакону модарони ханда бар лаб, мулки ободу ором, созандагиву бунёдкориҳои ҳамарӯза он замон ин ҳама як орзуи ширин буд. Кӯчаҳои шаҳру растаҳои бозор пур аз силоҳдорон буд. Ҷанги бемаънӣ зӯргӯёнеро зода буд, ки худ арзише надоштанд, аммо то 10 посбони саропо мусаллаҳ хизмати онҳоро ба ҷо меовард. Ин овардаҳои сели наҳси ҷангро боди қудрати давлат барои ҳамеша рӯфта бурд ва насими форами сулҳ бар тану ҷони мардуми азияткашида чун кимиёи саодат расид. Имрӯз симои кишвари азизи биҳиштосои мо ба таври шинохтанашаванда дигар шудааст. Агар оид ба тағйироту таҳаввулот, дигаргуниву пешрафтҳои дар кишвар тайи 26 соли соҳибистиқлолӣ ба амал омада ҳарф занем, сад ҷилд китоб бояд навишт, то он ҳама инъикос шавад. Дар ҳар кӯчаву гузар, дар ҳар шаҳру ноҳия, дар ҳар хонаводаву коргоҳ имрӯз мо осори пешрафту дигаргуниро бармало мебинем. Агар дар кадом хонаводае наворҳои видеоӣ аз солҳои 1990- 1997 маҳфуз монда бошад, як бор бигираду ба шаклу намуди хонаву кӯчаҳо, ба симои одамон, либоспӯшии онҳо, ороиши дастархон, нақлиёту ҷодаҳои он замон назар афканад, агар фарқ аз самак то саморо надид, пас ман аз зумраи хатокорон будаам. Ман чунин навореро, ки туйи хонадоршавии як шиносам дар соли 1996 дар як рустои канори пойтахт акс ёфтааст, дидаам. Ранги рӯйи одамон кандаву коҳида, осори ҳузну яъсу навмедӣ ҳувайдо, баданҳо лоғару камгӯшт, чашмҳо гуруснаву маҳзун аст. Рӯйи дастархон ҳар ҷо- ҳар ҷо нонпораву қанди парварда рехтаанд ва одамон ҳаросону ҳарисона ғизо мехӯранд, ҳатто хандаҳо сохтаву ғамолуда аст. Ба аҳли туйхона менигариву гумон мекунӣ, як тӯдаи аз «конслагер» (маъзарат мехоҳам) гурехта омада аст. Чанд тан аз он аз «конслагергурехтаҳо»-ро, ки дар он навор акс ёфтаанд, як моҳе пеш дида будам, рухсораҳо арғавонӣ, чеҳраҳо бардаму нуронӣ, аз 20 сол пеш ҷавонтар, хандаҳо баланду беғаш, ба акнун ба қанди парварда нигоҳ намекунанд, москвичу запорожетсу жигулиҳоро кайҳо ба мерседесу опелу лексус иваз карда, хонаҳо замонавӣ, дуошёна, қолинпеч шудаанд. Ҳамон палосеро, ки он замон меҳмони азизашон рӯяш менишаст, имрӯз дар даромадгоҳи оғили гов партофтаанд. Оё ин ҳама аз файзи Истиқлол нест?! Оё ин ҳама ҷойи сад ҳазорон бор шукрона кардан надорад?! Барои ҳар инсони бохирад ва соҳибандеша ҳамин як ишора, ки кардам- он як мисоли оддӣ, ки намуна овардам, кифоят аст, то бифаҳмад, ки Истиқлол чӣ неъматест ва он ба миллату давлати Тоҷикистон чӣ дода. Ҳарчанд дар ибтидо Истиқлоли Тоҷик намедонам чашми бади кӣ расид, ки бо ҷангу хусумату ноамнӣ печид, аммо ин ки имрӯз дари ҷаҳон ба рӯйи Тоҷикистон боз ва чор дарвозаи сарзамини нозанинамон ба аҳли дунё кушода аст, ин ҳама аз баракати Истиқлол аст. Имрӯз чуноне дар боло таъкид шуд, вазифаи асосии ҳар шаҳрванди ватандӯст ва махсусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимояти комил аз сулҳу оромии кишвар ва пуштибонӣ аз сиёсатҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муҳтарами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. 

Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон барои ҳамагон муборак бошад!

Сафарали ҚУРБОНИЁН, судяи Суди вилояти Суғд

Хонданд 492

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.