.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

Ё розҳои нокушодаи Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва таърихномаи ин ниҳод


Дӯсти донишмандам, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҷӯрабек Назрӣ дар ҳафтавори «Миллат» силсилаи мақолаҳоро ба табъ расонд. Гумон мерафт, ки ин навиштаҳо тезиси баромади ӯ дар съезди тоза ба вуқуъ пайвастаи Иттифоқи нависандагон бошад, зеро дар он анҷуман ба хоҳишмандон сухан кардан муяссар нагашт, чунки рӯйхати баромадкунандагон қаблан тартиб дода шуда буд.
Устод баъдтар ин мақолаҳоро дар шакли китоб аз нашр баровард. Нигоштаро пурра хонда, шахс эҳсос мекунад, ки он натанҳо аз тезисҳо иборат будааст. Шояд маърӯзаи алтернативӣ дар анҷуман буд, ё муаллиф ин маърӯзаашро ба анҷумани навбатӣ ё ғайринавбатии ин созмон пешниҳод карданӣ аст. Ба ҳар ҳол, асар ба илми идораи адабиёт бештар дахл дошта, бо тарафҳои нақди адабӣ, таҳлили порчаҳои шеъриву насрӣ, такмили андеша ва ғайраҳо сарукор гирифтааст.
Барои он идораи адабиёт гуфтем, ки дар ҳақиқат ҳам устод барои корбарӣ ва роҳбарӣ ба ин соҳа бетафовут нест. Аз таҷрибаи бобоӣ, ки садрнишинон аз ҳисоби мардумсолору маҳфилорову шахсони солдидаву дар гузашти рӯзгор пухта иборат мегашт, муаллиф худро бетафовут гирифта наметавонад. Адабиётсолорони имрӯза, шахсоне, ки дар роҳи адабиёт бемуболиға ҷоннисорӣ кардаанд, аз роҳбарӣ ба ин соҳа дур мондаанд. Дар раёсати Иттифоқи нависандагон барои падарсолори адабиёт Муъмин Қаноат ва Аскар Ҳакиму Меҳмон Бахтӣ, ки ҳар кадоме 10-15 соли умри худро бо роҳбарӣ дар ин соҳа сарф кардаанд, ҷой нарасид.
Ин бесобиқагиро натанҳо дар шикасти анъанаи аҷдодӣ мебинем, балки дар байни ҳамаи миллатҳои дигар ҳам ин рафтор аз одоб берун ҳисоб мешавад. Ин амал ҳам баробари панди горбачёвӣ буд, ки аз 35-сола боло наметавонад дар сатҳи роҳбарии ноҳия бошад, аз 40-сола боло дар зинаи роҳбарии вилоят. Ин андарзи ӯ ба чӣ анҷомид, аз ҳар як таърихдӯст бишнавед.
Китоби мазкур ҷамъи андешаву фикрронии ин шахси пажуҳишгари пуркору хушкор аст. Албатта, ҳар кас бардошту мулоҳизаҳои худро дорад, на ба ҳамаи хулосаву пешниҳодҳои он кас мувофиқ буда метавонад. Аз ҷумла мо низ наметавонем дар бораи баҳодиҳӣ ба зиндагинома ва эҷодиёти «шоирону нависандагони халқӣ» розӣ шуда тавонем. Баъзе олимони дигар аз устод «илҳом» гирифта, ҳатто пешниҳод мекунанд, ки «фаъолияти ин унвондорҳо бознигарӣ шавад, зеро онҳо бо дарёфти ин номҳо мавқеи иҷтимоӣ касб карданд». Мутаассифона, ин пешниҳодро онҳое мекунанд, ки дар бораи ваҳдату якпорчагӣ аз дигарон дида, бештар сухан мегӯянд. Мо бар он ақидаем, ки ин адибон дар шароити хоси таърихӣ соҳиби унвон гаштаанд. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки қариб аксарияти онҳо замоне пеш-пеши сарнайзаи командирони саҳроии давр буданд. Бознигарии фаъолияти онҳо ревизияи аъмоли худи мост. Нашитобед, вақт ҳамаро дар ҷои худ мегузорад.
Дар умри тӯлонии худ дар даҳҳо съездҳо, аз ҷумла анҷуманҳои умумииттифоқии ташкилотҳои ҷамъиятии давраи советӣ - комсомолу ДОСААФ-у Ҷамъияти дӯстдорони китоб ва ғайра иштирок доштам. Роҳбарони ташкилотҳо иваз мешуданд, вале ягон раисро надида будам, ки мисли Меҳмон Бахтӣ баъди хондани маърӯза ба қатори дуюм гузарад ва дар бурдани маҷлис минбаъд иштирок надошта бошад. Зеро Съезд аз рӯи сенарияе мерафт, ки аъзои раёсат хабар надоштанд. Он ҳодиса ҳам, ки чанд саҳифаи аввали маърӯзаи ҳисоботӣ дар ҷояш набуд, ба фаъолияти муаллифони сенарияи анҷуман пайвастагӣ дорад. Меҳмон Бахтӣ гап ёфта, суханашро давом дода, аз мушкилӣ баромад, вале ҷавонмардиро аз даст надод, варақҳои маърӯзаро ба сари ҳамкорони масъули собиқаш напошид, онҳоро шарманда насохт.
Дигар лаҳзаи нозуке, ки дар хотир мондааст, рафти интихобот аст. Лоиҳаву рӯйхатҳо нохонда ба овоз гузошта шуданд. Мувофиқи талаботи моддаи 3.2 банди «б» «… аз тариқи райъдиҳии ниҳонӣ бо аксарияти овозҳо Раис, Садорат ва Комиссияи тафтишоти Ташкилотро интихоб мекунад». Вале ин тавр нашуд.
Тибқи моддаи 3.2, банди «г» аз ҳар 6 нафар аъзо як нафар узви садорат интихоб карда мешуд. Мақсад аз чӣ иборат буд, ки аз шумораи умумии 430 нафар аъзо ҳамагӣ 68 нафар интихоб шуд, на 71 кас? Нависандаи ба қавли Ғаффор Мирзо сахтсар - Абдурофеъ Рабизода пешниҳод кард, ки нависанда Маҷид Салим ба ҳайати Садорати Иттифоқ интихоб карда шавад. Раисикунанда ин таклифро ба овоз монд. Ҳама қабул карданд, вале ҳоло маълум мешавад, ки ӯ дар рӯйхат нест.
Китоби устодро варақ зада, рафти съезди охирини Иттифоқи нависандагонро боз пеши назар оварда, як саҳифаи таърих ба ёд меояд:
Соли 1934 Маҷлиси Шӯрои Комиссарони халқи СССР мегузашт. Лоиҳаи қарор дар бораи таъсиси Иттифоқи нависандагон муҳокима мегардид. Котиби КМ ВЛКСМ-и давр Александр Косарев (ҳамагӣ 24 сол дошт) лоиҳаро дастгирӣ, инчунин як даста коғазро ба раёсат пешниҳод карда, дар бораи таъсиси «Иттифоқи адибони ҷавон» сухан ронд. Вақте ки нишаст, аз пушт ба ӯ хатчае расонданд, ки каме калонтар аз қуттии гӯгирд буд: «Саша, фаромӯш накун, ки муҳити аз ҳама ҳасудбор ва душманигарӣ иҳотаи адибон аст. Шитоб накун. Горкии ту».
Таърихи ВЛКСМ гувоҳ аст, ки ин масъала дубора мавриди муҳокима қарор нагирифт. Он комиссияҳои корӣ доир ба фаъолияти эҷодкорони ҷавон, ки дар фаъолияти комсомол вуҷуд доштанд, салоҳияти итттиҳодияи махсусро нагирифтанд.
Таърихи Итифоқи нависандагони СССР гӯёст, ки чӣ қадар бетартибиву бесарусомонӣ дар дохили он сурат гирифтааст. Бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳое, ки мо пӯё мешавем, боз таърихи умумии СССР шаҳодат медиҳад, ки раисшавҳову раискунҳои Иттифоқ он замон кам набуданд. Вале Сталин дар болои номи Максим Горкий ангушт гузошт. Медонист, ки ӯ панҷаи боистеъдоду майнаи тоза дорад. Ишон худаш аз онҳое буд, ки ташкили Инқилоби коргариро аз романи «Модар»-и Горкий омӯхта буд. Баъди сари Горкий дар миёни адибон чӣ ҳодисаҳое рух надоданд, онҳоро таърихнависон медонанд. Александр Блок, Владимир Маяковский, Сергей Есенин ва дигарон аз ҷабри ҳампешагон заҳроба нӯш карданд. Сарнавишти Александр Фадеев чун раиси Итттифоқ қобили омӯзиш аст. Михаил Шолохов ҳам аз нешҳои заҳррези рақибон кам зарба надидааст. Дар деҳаи худ ихтиёр кардани зиндагӣ бе асрор набуд. Ӯ нахост, ки ба шаҳр биёяду дар бораи Никита Хрушев китоб нависад.
Ҳамин гуна сардаргумиву фарозу шеб дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буданд. Ҳодисаи ба сари Сотим Улуғзода омада, овозаву имзоҷамъкунӣ, ҳангомаҷӯӣ дар атрофи Бозор Собир мисолҳои равшанеанд дар солҳои охир. Дасисаҳое, ки ба сари Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо бор шуда буданд, низ танҳо аз ҷониби дӯстони собиқ ва ҳамқаламони ин даргоҳ таҳия гардида буданд. Яъне, суханони Горкий ҳақ будаанд, муҳитро ноҳамвор худи адибон месозанд, на ҷомеа, на вазиру на кабир. Оре, Сталин ҷомеаи иҷтимоиро бо бозуву қалами адибони содиқ созонд, вале Михаил Горбачёв бо суханони адибони ҳарзагӯ онро нагун сохту пошонд. Яъне адиб созанда аст, сӯзанда ҳам метавонад бошад.
Барои он ки хонанда каме дам бигираду варзищи ақл кунад, як ҳикмати Ҳаким Фирдавсиро аз «Шоҳнома» оварданиам. Ин тамсилро ҳар муҳаққиқ ба таври худаш маънидод мекунад. Вале кӣ рад карда метавонад, ки бист - сӣ сол пештар Устоди ҳамосагӯ надимони Султон Маҳмудро нашинохта буд (ҳадди ақал Унсурӣ ва Манучеҳриро)? Онҳо боис буданд, ки даҳҳо ҷавонони донишманд аз наздикӣ ба доираҳои расмӣ дур мемонданд. Фирдавсӣ созанда монд ва онҳоро чун морони сари китфони Заҳҳок тасвир кард.
Акаи Ҷӯрабек дар бораи чопи китобҳо сухан меронад, ки гуфтаниҳояшон саҳеҳанд. Нашриётҳои давлатӣ, махсусан муассисаи «Адиб» дар навбати аввал асарҳои адибон - аъзои Иттифоқро чоп мекунанд, вале бояд бубинем, ки китобҳои кадом муаллифон бештар ба табъ мерасанд. Оё зарурати чопи асарҳои ҳамин адибон ҳаст? Боз аз ҳисоби сандуқи давлат, аз кисаи андозсупорандагон. Танҳо дар кишвари коммунистӣ чопи китоб чун масъалаи иҷтимоӣ ба нақша гирифта мешуд, ҳал мегардид. Мақсад тарбияи ҷавонон, тарбияи маънавии аҳли ҷомеа буд. Ҳоло ки мо дар пеш сохтмони ҷомеаи сармоядорӣ (яъне капиталистӣ)-ро дар нақша дорем, ҳама чиз бояд аз нигоҳи фоидаоварии иқтисодӣ баҳо дода шавад. Албатта, чопи асарҳои классикони адабиётамон ва нашри бори аввали асарҳои адибони ҷавон дар ҳаҷми чор - панҷ чузъи чопӣ истисност.
Дар ҷаҳон яке аз бизнесҳои муътадил нашри китоб аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон бананфурӯш обрӯ дорад, бологузар асту ноширу китобфурӯш паси дар! Агар китобсозиву китобфурӯшӣ дар маҷрои мантиқии худ роҳандозӣ гарданд, он вақт масъалаи додани унвонҳои «халқӣ» худ аз худ ҳал мешавад - китоби ҳар киро бештар хариданду ба буҷет аз ҳисоби андоз маблағи бештар ворид кард, ӯ соҳиби унвон мегардад. Дар он сурат Иттифоқ худгардонии молиявиро пеш гирифта метавонад, чи тавре ки Оинномаи созмон онро тақозо дорад.
Қобили андеша аст, ки баъзе кишварҳои аз Иттифоқи Советӣ монда, мавҷудияти ин созмонро зарур нашумориданд, ё онро аз подоши молиявӣ аз ҳисоби буҷет маҳрум карданд. Дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон 26 каси аъзоро аз созмон бо мактуби Раиси Ҷумҳури вақт хориҷ карда буданд. Сабаби асосии ин иқдом аз он иборат буд, ки ин нигорандагон дигаргуниҳои замони Истиқлолро фаҳмида натавонистанд. Онҳо бохтанд, зеро аз табобат дар шифохона ва дамгирӣ дар санатория маҳрум шуданд. Боз аз чанд имтиёзи дигар бебаҳра монданд.
Замоне ношир ду фоиз аз арзиши умумии китобро ба Хазинаи адабиёт мерехт. Ин маблағ барои таблиғи китоб ва дастгирии адибон дар сафарҳои эҷодӣ, вохӯрӣ бо мардум сарф мешуд. Он замон ин пешниҳодро аз ҳама бештар вазирони молия дастгирӣ мекарданд. Ҳоло дар ин бора ба онҳо гап ҳам намерасад...
Яке аз ташкилкунандагони таблиғи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа телевизион аст. Бисёр мебинем, ки соҳибкоре бо як халта пиёз ё картошка дар экрани телевизорҳо пайдо мешавад, вале дастбахайре, ки садҳо китобро ба хонандагон расондааст (ҳарчанд дар ҳақиқат шумораашон ҳанӯз кам аст), ба наврасони маъюб туҳфа кардааст, ба дурбини телевизион намеафтад. Масалан, соҳибкор, олим Сангаҳмад Тиллоев бештар аз се ҳазор китобро ба музейи Ғойиб Сафарзода, дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ супорида, дар назди он библиотека кушод. Ӯ ба таблиғ ниёзу ҳавас надорад, вале ин амали ӯ барои як соҳибкори дигар метавонад намунаи ибрат гардад, ба пешравии ташаббус таконе диҳад.
Муаллифи асар чанд ҷумла дар бораи ҳайати Иттифоқи нависандагон рӯи саҳифа овардаанд. Ин андешаи он кас аст. Албатта дар бораи савияи ҳунару дониши аъзои Иттифоқ фикр кардан лозим аст, вале дар ҳар шоир ҷустани Ҳофизу дар ҳар ҷумла Носир Хисрави Қубодиёнӣ нашояд. Рӯдакиву Ҷомӣ, Соибу Аҳмади Дониш, Лоҳутиву Айнии дигар пайдо намешавад. Ҳар як адибро давру замон мувофиқи талаботи худ меёбад, меофарад. Адиби имрӯза ягон имтиёзеро ба фоидаи молиявияш касб намекунад, ҳатто китобашро бо пули худаш чоп мекунад, худаш ба хонандааш мерасонад. Пас Иттифоқ ба ӯ чӣ даркор? Адибе, ки як мухлис дорад, аллакай эътирофшуда ҳисоб меёбад. Абдулло Дӯст як байт дорад:
Пурсанд: Хоксорӣ кай шудӣ девона?
Гӯям: Рӯзе, ки тарк кард маро ҷонона!
Сухтаму пухтаме, ки дар бораи ишқ суруда мешавад, имрӯз куҳна шудааст. Агар асрҳо сӯхтани булбулро дар фироқи гул суруда бошанд, имрӯз бояд нолаи гулро дар фироқи булбул шунид, зеро дигар ин парандаи хушнаво нест, онҳоро майнаҳо хӯрдаанд ва имрӯз боғбони гулбоғҳо онҳоянд.
Ба фикри нигорандаи сатрҳои китоб бешак розиам. Адибӣ касб нест, завқ (хобби) аст. Барои тақвияти фикраш шоир Муштоқро мисол меорад, ки табъи баланди шоирӣ дорад, соҳибкори муваффақ аст, вале барои узвият ба Иттфоқ то ҳол фикре ҳам надоштааст. Устод барало медонад, ки Мавлонои Балх дӯкондори тикафурӯш (матоъ) буду Сайидо карбосбоф. Мавлоно Ҷомӣ ва Аҳмад Махдуми Дониш надимони шоҳ буданду ризқи ба даст овардаашонро бо аъзои маҳфилашон якҷо медиданд. Боз гап сари маҳфил омад, соҳибкорон дар гузашта маҳфилҳои адабиро сарпарастӣ мекарданд. Дар дарбор, дафтари пулдоре мирзоиву надимӣ мекарданд, бо даромади ночизашон асарҳои ҷолибро китобат мекарданд. Имрӯз чӣ?
Бурҳониддин Усмонов соҳибкор нест. Ӯ соли 1965 Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм карда, ба ноҳияи Фархор ба кор омад. Ҳамон сол ба идораи рӯзномаи «Гулистон» даъват шуда, каме баъдтар маҳфили адабие ташкил кард. Чанд бор ҷои кораш иваз, фаъолияташ дигар шуд, вале ҳар куҷо, ки мерафт, хӯрҷини маҳфил дар пушташ буд. Дар ин шабу рӯз ба ӯ утоқе ҷудо кардаанд, ки бо номи «Хонаи адибон» дар хидмати эҷодкорони ноҳия аст. Худи Бурҳониддин то имрӯз ҳафт китоб чоп кардааст, вале ҳеҷ гоҳ дар фикри узвият ба Иттифоқи нависандагон наафтодааст. Худаш замони донишҷӯӣ узви маҳфили адабии донишгоҳ буд ва хонандаи шеърҳои аввалини Ҳабибулло Файзулло, ҳамагӣ як синф аз Лоиқ Шералӣ ва Меҳмон Бахтӣ поин мехонд.
Дар ноҳияи Муъминобод, дар назди идораи газетаи ноҳиявӣ бист сол боз амал мекунад. Адибон Наср Бобои Сарфароз ва Хайрандеш фурсат ёфта, сари чанд вақт рафта дар нишастҳои он иштирок менамоянд. Ҳамин ҷо дар бораи маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Хайрандеш чанд сухан нагуфтан айб аст. Мо мехоҳем, намехоҳем, бештар аз сӣ сол боз амал мекунад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти 1400-умини маҳфилаш доир мегардад. Аксарияти шоирони ҷавонони соҳибистеъдод аз мактаби ӯ мегузаранд, ба шоҳроҳи адабиёт дохил мешаванд.
Маҳфили адабии «Чилчанор» дар ноҳияи Ховалинг низ собиқаи тӯлонӣ дорад. Дар Истаравшан, Исфара, Мастчоҳи Куҳӣ низ ҳамин гуна маҳфилҳо амал мекунанд.
Ғайр аз шоир Муштоқ мо боз чанд эҷодкори дигар дорем, ки соҳибкоранд ва адибҳои шинохта. Ҳар кадоми онҳо метавонанд маҳфилеро ҳусни оро бахшанд.
Дар бораи сифати чопи китобҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки мушкиле нест. Дар чопхонаҳо бе имзои муҳаррир китобро нашр накунанд, мабодо хатоҳои имлоӣ гузаранд, ё андешае носолим ва ифротгароёна, ҷудоиандозу иғвогарона дар он ҷо биёбад. Муаллиф қалами муҳаррирро қабул накард, худаш имзо гузораду дар сурати хатоӣ дар назди хонанда ва Қонун ҷавоб гӯяд.
Албатта, ин чанд ҷумла ибрози андеша ва бардоштҳои ин ҷонибанд. Шояд бародарони соҳибқалам андешаҳои дигар доранд? Зеро, яқин аст, устод аз дилсӯзӣ ин суханҳоро гуфтаанд. Мо инро дар таҷрибаи худ санҷида ва дидаем.
Пеш мақолае навишта будам бо номи «АкаДЕмия» (газетаи «Миллат», рақами 9, аз 27-уми октябри соли 2005). Рафтори ҳамонвақтаи роҳбарияти ин муассисаи муқаддасро таҳлил намуда, баъзе андешаҳои худро дар бораи ояндаи ин даргоҳ баён карда будам. Устод ҷавоб навишта, бандаро чанд тозиёнаи маънавӣ зада, як «гӯшмол» ҳам доданд. Маро ба ғаразгӯӣ ва нодидагирии фаъолияти Раиси ҳамонвақтаи Академияи илмҳо Мамадшо Илолов айбдор карда буданд. Мутаассифона, роҳбарияти ҳамонвақтаи Академия кореро анҷом дод, ки ба ҷои пеш рафтан, шаффоф шудани кори илм дар ин муассиса, торикӣ бар рушанӣ соя афканд. Наранҷидам, ба навиштаҳояшон бо мақолаи «Бозгашт ба АкаДЕмия» (газетаи «Миллат», рақами 17, аз 22-юми декабри соли 2005) ҷавоб гуфтам. Мақсад аз матлаби мо ин буд - Академия маркази идораи ҳамаи пажуҳишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ бошад. Имрӯз самти фаъолияти Академияро Вазорати маориф ва илм муайян мекунад. Аз ислоҳоте, ки Вазорати маориф ва илм рӯи кор гирифтааст, нақши муаллим ва сояи девор дар мактаб як аст, мабодо аҳволи олим ҳам то ин сатҳ бирасад.
Илм мол аст, нархаш тиллоӣ, онро ҳукумат бихараду бифурӯшад, мақоми ваколатдораш АИ ҶТ бошад. Оё вазири хоҷагии қишлоқ метавонад Академияи илмҳои кишоварзиро сарпарастӣ кунад, ё вазири маориф Академияи илмҳои педагогиро? Вақте ки илм мол аст, бояд тавлидкунанда ва харидор дошта бошад. Ҳамаи вазоратхонаву идораҳо харидори илманд, бояд онро аз тавлидкунанда - идораи илмӣ бихаранд. Як идора худаш ҳам фармоишгар, ҳам харидор буда наметавонад. Мақоми ваколатдори Ҳукумати Тоҷикистон доир ба хариду фурӯши илм бояд Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бошад, дар оянда ба он чӣ номе, ки наниҳанд.
Оре, барои он дилсӯзона гуфтам, ки Устод маро ба ғаразгирӣ, мабодо маҳалгароӣ ҳам бошад, шак бурда буданд. Имрӯз он кас дар таҳлили фаъолияти Идораи Иттифоқи нависандагон пешдастӣ карданд. Гуфтаҳову навиштаҳояш дилсӯзонаанд, беғаразона ва ба нияти беҳбудии кор. Бинобар ҳамин, бетафовут истода натавонистем.
Бале, месазад, ки ин андешаҳо мавзуи муҳокимаи съезди ғайринавбатии Иттифоқи нависандагон бошанд. Маъруза тайёр аст, китоби устод ин вазифаро иҷро карда метавонад.

Саидҷалол САИДЗОДА, публисист

P.S. Баъд аз нашри навиштаҳои мунаққид Мубашшири Акбарзод (ҳафтавори «Озодагон», №20, 21, 22) аз чопи мақола худдорӣ карданӣ будам, ки мабодо раис дар маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқ рӯзи 30-юми июн истеъфо бидиҳад. Вале чун ин ҳодиса рух надод, маълум гашт, ки раис ҳоло ҳам аз аспи ҷаҳл нафаромадааст, ҳарчанд порикоб шудааст. Бо вуҷуди ин, дари Иттифоқ боз ба рӯи 4 каси дигар баста шуд, аз ҷумла Абдулвайси Азизи 80-сола, ки нисфи умраш дар Иттифоқ гузаштааст. Навигарии аз ҳама муҳим он аст, ки роҳбарон акнун фаҳмиданд, ки дар Иттифоқ аксаран беадабон мондаанд, бинобар ҳамин, «Комиссияи одоби Иттифоқи нависандагон» таъсис доданд, яъне политсияи ахлоқи ин даргоҳ. Шояд раиси он Абдулҳамид Самад бо пойбанду қамчини бобоӣ мусаллаҳ гардонда шавад.
Умед аст, ки дар съезди ғайринавбатӣ масъалаи истифодаи истилоҳҳои ғалати Садорат, Раёсат, Бахши очерк ва публисистика низ муҳокима гардида, ислоҳи худро меёбанд.

Хонданд 804

Рӯзноманигор

Окт 02, 2017
Хонданд: 1211

(Дар ҳошияи 60-солагии Бобоҷон Икромов)

Вақте хабари 60-солагии ӯ расид, ростӣ, як қад паридем. Наход аллакай 60? Гӯё дирӯз аз 50-солагии ӯ мегуфтем ва ҳоло 10 соли дигар сипарӣ шудаву мо бехабар мондем. Кас худро ба ин маломат мекунад, ки аз канори як даҳа таърихи дигар хеле бехабар гузаштааст...
Ӯ як устод ва устураи зиндаи журналистикаи тоҷик аст. Онест, ки агар як ба зиндагиномааш назар андозӣ, мегӯӣ, чӣ рангину ғаниву пур аз ифтихор аст ва ҳамзамон инро ҳам мебинӣ, ки бо ӯ як даврони тиллоие шуруъ ва хатм шудааст. Агар холисанлиллоҳ, на рӯбинии воқеиятҳои мавҷуд, як рӯзноманигори касбиро зарур ояд, ки ном гирем, бахусус, дар соҳаи телевизион, беихтиёр номи ӯ гирди забон мечархад. Номи инсоне, ки як умр аз рӯзноманигорӣ канор нарафт ва то охир ҳар чӣ аз дасташ омад кард. Номи як шогирди муваффақ, ки ба устодии даҳҳо шогирд расид.
Сухан аз Бобоҷон Икромов аст...

Панди Турсунзода...
- Хушбахт аз он будам, ки шогирди устодони арзанда будам ва ҳамеша мекӯшидам, ба боварии онҳо сазовор бошам,- мегӯяд ӯ.
Фарзанди омӯзгорон буд. Падараш устоди риёзиёт, модараш устоди ҷуғрофия буданд. Як зиёӣ тавлид ва бузург шуд. Соли 1972 сарнавишт яке аз боэътибортарин зиёиёни давр Мирзо Турсунзодаро, ки намояндаи мардуми Исфара дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, бо ӯ рӯ ба рӯ кард. Турсунзода ба деҳаи Чоркуҳ - зодгоҳи Бобоҷон барои мулоқот бо интихобкунандагон омад ва бо амри тақдир меҳмони омӯзгор Сайфиддин Икромов шуд. Ин ҳам тасодуф набуд, ки шоири бузург дар чашмони Бобоҷоне, ки дар сафи ҳозирин нишаста, ба ӯ бо ҳавас менигарист, як истеъдодро шинохт. Пурсид: “Шеър медонӣ?”. Бобоҷон банде аз достони «Ҷони ширин»-ро азёд гуфт. Турсунзода аз падари ӯ пурсид: «Мулло Сайфиддин, писаратон дар куҷо таҳсилашро идома хоҳад дод?». Падар ба Бобоҷон нигарист. Ахирӣ рамуз гирифт, ки ин суол ба ӯст ва зуд посух дод: «Мехоҳам муаллими забони англисӣ шавам». Турсунзода ба ӯ хитоб кард: «Бобоҷон, англисӣ хуб аст, вале гуворотару ширинтар аз забони модарии мо нест”. Ва ба ӯ маслиҳат дод, ки ба факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон равад...
Ҳамин тавр ҳам шуд. Панди Турсунзода Бобоҷонро ба саҳнаи сухану суханварӣ - риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Ӯро дарсҳои номоварони илми филологияи тоҷик - Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Мукаррама Қосимова, ҳамчунин Худойдод Ҳусейнов, Баҳриддин Камолиддинов, Мадиброҳим Норматов, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Наима Қаҳҳорова, Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Султон Воҳидов, Толиб Хаскашев, Саид Ҳалимов, Алиакбар Муминов, Хоҷабек Зулфиқоров, бахусус, Мадиброҳим Норматов интизор буданд. Он устодони зебокалому соҳибфазлу олитабъе, ки аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон беҳтарин устоду коршиносу пажуҳандаи таърихи забону адаби миллатро тарбия кардаанд...
- Хотираи он айём он қадар ширин аст, ки агар навори зиндагӣ ба ақиб гардад, маҳз он айёмро мехоҳам аз дигар зиндагӣ кунам,- мегӯяд Бобоҷон.- Аммо хуб дарк мекардам, ки дарсҳои зиндагӣ, ки дар чаҳорчӯби соатҳои дарсии донишгоҳ набуданд, дар пешанд.

Аз Ёвон то...
Пас аз хатми Донишгоҳ тақсимоти донишгоҳ ӯро ба рӯзномаи «Коммунисти Ёвон» партоб кард. Фурсати зиёд нагузашт, ки моҳи декабри соли 1978 Искандар Мирзоев ӯро ба телевизиони Тоҷикистон хонд. Ин ҷо низ омӯзгороне назири F. Н. Қаландаров, И. Мирзоев, А. Асроров, М. Муҳаббатшоев, М. Султонов, Р. Додхудоев, А. Самадов, С. Содиқов, Л. Налоева, В. Шпилев, Б. Қобилов, Б. Арамов, К. Бузруков, Н. Латифов, Р. Давидов, В. Бикова, А. Замонов, Х. Келдиёров, С. Fуломова ва даҳҳои дигар Бобоҷонро бо таълиму тарбияи касбиву инсонӣ фаро гирифтанд.
Аммо телевизионе, ки кори тамоми зиндагии ӯ шуд, барои ӯ “армуғон”- ҳое дар пай дошт. Нахустин матлабаш боиси қариб аз кор ронданаш шуд. Вақте муҳаррири хурди шуъбаи ахбор буд, бо ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Муродов мусоҳибае анҷом дод. Раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон Ғоиб Қаландаров на танҳо мусоҳибаро написандид, балки дар ҷаласаи кумита масъалаи «бошад - набошад»-и муаллиф дар телевизионро ба миён гузошт. Марҳум Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки сармуҳаррири идораи ахбор буд, аз ӯ пуштибонӣ кард ва барои собит кардани Бобоҷон ӯро ба Хуҷанду Конибодом ва Шӯробу Исфара барои таҳияи гузоришҳо фиристод, ки хушбахтона, ҷони ӯро хариданд.
Телевизион аз ин ба баъд бо ӯ меҳрубон шуд. Ӯро кашф кард ва барои таҳсил ба шаҳрҳои Тошканд, Маскав, Минск фиристод, ки дониши фаннии ӯ дар кори телевизионро такмил дод.

“Сапеда”
Як замон устод Лоиқ Шералӣ аз сафари Амрико баргашта, ба телевизиони Тоҷикистон омад. Қаламеро чун армуғони сафар ба Бобоҷон туҳфа ва бо оҳанги шӯхӣ гӯё гила кард: «Э, бевафо, бевафо! Ҳоло ҳам дар чанголи коҳилӣ ҳастӣ. Наход, имкони эҷоди як барномаи навро надошта бошӣ?»...
Бо амри тасодуф он рӯзҳо Бобоҷон барномаи «Сапеда»-ро тарҳрезӣ мекард. Ризоияти роҳбарияти кумитаро гирифта буд, аз ин хотир, бадоҳатан ба устод Лоиқ гуфт: «Устод, рӯзи шанбе нахустнамоиши барномаи субҳгоҳии мо «Сапеда» аст, ороставу пероста аз ашъори зебои Шумо».
- Кори телевизион гуруҳист. Агар мақоларо барои рӯзнома як нафар дар сатҳи олӣ нависад, дар кори телевизион аз як даст садо намебарояд. Ба танҳоӣ ба бинанда як барномаи хубро наметавон пешниҳод кард. Он маҳсули сенарияи хуб ва кори ҳирфаии коргардону дастаи эҷодист, ки муҳарриру муҷриву наворбардору садобардору нурпардозу амсоли инро дар бар мегирад,- ин андешаи Бобоҷон Икромов дар бораи кори телевизион аст.

“Давраи тиллоӣ”
Аксарият солҳои 80-уми асри гузаштаро давраи гулгулшукуфии телевизиони Тоҷикистон мешуморанд. Устодоне, ки зикри хайрашон дар боло рафт ва ҳам кормандони маъруфи он - Саёҳат Неъматова, Ҳалим Сангинов, Толибхон Шаҳидӣ, Хайриддин Қосимов, Барно Fайбуллоева, Баҳром Сайфиддинов, Неъматулло Мирсаидов, Ҳикматулло Сатторов, Меҳрубон Раҳмонов, Мақсудшо Имматшоев, Оллоҳвердӣ Шодиев, Наврӯз Аҳмадов, Сергей Ситковский, Костя Кухаренко, Светлана Набиева, Малоҳат Дӯстматова, Акрамалӣ Ҳасанов, Иззат Самадов, Салом Нарзуллоев, Ҳасанҷон Халилов, Саидмурод Раҳимов, Каримҷон Бурҳонов, Неъмат Халилов, Ҷобир Азизмуродов, Шавкат Муҳаммадиев, Саидқул Қурбонов, Абдулло Олимов, Набиҷон Набиев, Раҳмон Остонов, Зулфиддин Муъминҷонов, Кароматулло Аҳмадов ва даҳҳои дигар барномаҳоеро, назири «Рангоранг», «Парасту», «Шоми Душанбе», «Ҷаҳоноро», «Чойхонаи Мушфиқӣ», «Ранда», «Меҳрангез», «Гуфтугӯи мустақими телевизионӣ», «Негатив», «Оҳанги зиндагӣ», «Муҳаббат ва оила» ва ғайра ба мардум пешниҳод карданд, ки то ба ҳол аз бозёфтҳои таърихи журналистикаи телевизионии тоҷик ба шумор меоянд ва онро ба як телевизиони воқеан мардумӣ табдил доданд.
- Чаро “давраи тиллоӣ” буд? Ҳама касбӣ буданд. Ҳама дар кори худ устод буд. Вақте чунин буд, барномаҳо ҳам касбӣ меомаданд. Бо он вуҷуд, ки телевизион сахт аз ҷониби мақомот назорат мешуд ва намегузоштанд, ки аз чаҳорчӯби идеология берун қадам ниҳем, кормандон он гуна кори худро иҷро мекарданд, ки ҳам “ганҷ ба даст меомад, ҳам ёр намеранҷид”. Ҳоло мебинам, ки риояи ин қоида дар замони мо фақат ба хотири касбият имконпазир буд. Ҳар чӣ накунед, телевизион ё расонаҳои дигар, ки аз ҳисоби буҷа, ё андози мардум кор мекунанд, моли мардуманд ва бояд барои мардум хизмат кунанд,- хулоса мекунад Бобоҷон Икромов.

Як роҳи ноҳамвор
Бо ин вуҷуд, кор дар телевизиони давлатии Тоҷикистон барои Бобоҷон Икромов як роҳи ҳамвору бедардисар набуд. Тайи 15 соли кор ӯро чор бор аз вазифа гирифтанд. Бори аввал барои мусоидат ба як барномаи танқидӣ дар бораи буҳрони парвариши занбӯри асал дар Тоҷикистон аз вазифаи директори барномаҳои телевизион сабукдӯш шуд. Аммо он замон “арбобон ба ҳар боб мезаданд”. Масалан, ӯро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Минск фиристоданд ва ин як усули халосӣ аз кадрҳои саркаш буд. Бори дуввум, бо фармони президент Раҳмон Набиев се соат аз вазифаи ҷонишини раиси телевизион ва радиои Тоҷикистон сабукдӯш карданд ва сипас, боз ба ҳамин вазифа таъин намуданд. Бори сеюм, моҳи майи соли 1992 нахуст гаравгони Мулло Абдуғаффору дастааш шуд ва баъд ин «пешвои дину мазҳаб» ӯро аз мақомаш барканор кард. Ва ниҳоят дафъаи чорум... Ин қисса тӯлонитар аст.

Байни обу оташ
Ин як давраи комилан дигар аст. Ҷолибтарин нуктаи ин давраи зиндагии Бобоҷон Икромов ин аст, ки ӯ як вазифаи баланд, зоҳиран, дар сатҳи вазириро анҷом дод ва замоне, ки касе намехост вазир шавад.
Соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аз сӯи раиси вақти он ва ҳоло президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи радио ва телевизион пешниҳод шуд. Ин иттифоқ, ки дар Қасри Арбоб афтод, бо аввалин ҳукумате рабт дорад, ки таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бояд фаъолият мекард. 21 нафар ба вазифаҳо таъин гардиданд, аммо кам касе ҳозир шуд, ки ба Душанбе равад ва ба кор шуруъ кунад. Он вақт ҳаёту мамот байни ҳам сабқат доштанд. «Вазирон» дар ғами ҷони ширини худ буданд. Касе намехост зери борони тир адои вазифа кунад. Аз ин бадтар, аксарият ба сулҳу амният ва бақои ҳукумати конститутсионӣ бовар надоштанд.
Баъдтар ҷое президент Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳоро ба ёд оварда, гуфта буд, ки вақте ба бархе ашхос вазифаҳои вазириву раисии ҳукумати навро пешниҳод кард, розӣ нашуданд, балки баҳона пеш оварданд, ки пир шудаанд, ё вазъи саломатиашон хуб нест ва ё... Хулоса, намехостанд масъулияти он рӯзҳои сангинро ба дӯш гиранд. Аммо он рӯзҳои вазнин Эмомалӣ Раҳмон ду нафарро шабона ба наздаш хост ва супориши қатъӣ дод, ки роҳи Душанберо пеш гиранд. Яке, Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва дигарӣ Бобоҷон Икромов, раиси Кумитаи радио ва телевизион буданд. Онҳо ба Душанбе омаданд, шаҳре, ки ҳамоно дар ихтиёри Ҳукумати муросои миллӣ буд, аммо беҳокимиятӣ ҳукмронӣ мекарду пойтахт ба майдони тохтутозу даргириҳои гуруҳҳои мусаллаҳу ҷиноӣ табдил ёфта буд. Ва онҳоро чӣ интизор буд, намедонистанд.
Чаро Бобоҷон Икромов ба монанди дигарон баҳонаҷӯӣ накард? Шарҳи ӯ:
- Ҷавон будам, хунам ҷӯш мезад. Шукри Худо, аз чизе камӣ надоштам. Ошноҳоям аз хориҷ ба расонаҳои ҷаҳонӣ ба кор даъват мекарданд. Аммо ҳуқуқи маънавии тарки Тоҷикистонро надоштам. Наметавонистам ба сарнавишти ватан - модар, ки ба кӯмаки фарзандон эҳтиёҷ дошт, бефарқу нозири он бошам, ки замини падариям аз оташи як ҷанги таҳмилӣ чӣ тур месӯзад. Ихтилофи шадиди мазҳабиву ақидатӣ - зиддияти исломиву коммунист, қавмпарастӣ ва маҳалгароии сунъиву даҳшатовар, бетаваҷҷуҳӣ ва хомӯшии ҷуброннопазири сиёсатмадорону зиёиён ба сарнавишти кишвар ва дахолати хастагинопазири ҳамсоягони наздику дур ин бадбахтии миллиро ба сари мо оварда буд ва мо бояд ба баҳои ҷон бо он ҳама муқовимат мекардем. Ҳоло шояд барои бехабарон хандаовар намояд, аммо воқеан Тоҷикистонро таҷзияву нобудӣ, тавре имрӯз ба Ироқу Сурия мушоҳида мешавад, таҳдид мекард. Оё марг беҳтар аз ин зиндагӣ нест тамошобин бошӣ, ки чӣ тавр ватан - модаратро барбод медиҳанд? Худоро шукр, ин ифтихорро дорам, ки бигӯям, афроде даст ба кор шуданд, ки ба қавли шоир, “шишаи номуси миллат дар бағал доштанд”. Ва садҳо шукр, ки ман дар қатори онҳо будам...

Шаби хотирмони 7-уми декабри соли 1992
Бобоҷон тариқи ҳавопаймо мустақим аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Дар фурудгоҳ ӯро сарбозони пойгоҳи 201-и Русия бо се танк пешвоз гирифта, ба бинои Хонаи Радио оварданд. Он шаб... Шояд ҳеҷ шабе дар зиндагии Бобоҷон Икромов он қадар хотирмон, фаромӯшнашаванда ва дар навбати худ даҳшатнок набуду нахоҳад буд, ки он шаб буд. Гоҳо он шаб ба хобаш медарояд ва ин кобус ҳатто ӯро дар бедорӣ таъқиб мекунад.
Аз соати 6-и бегоҳи ҳамон рӯз то соати 1-и шаб бинои Хонаи Радио аз сӯи як гуруҳи силоҳбадаст тирборон шуд. Ҷолиб ин буд, ки кормандони радио ва телевизион набуданд. Бино холӣ буд. Танҳо се - чор нафар кормандони техникӣ ҳузур доштанду халос. Он рӯзро Бобоҷон Икромов, ки раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати нави Тоҷикистон буд, чунин ба ёд меорад:
- Хато накунам, 7-уми декабри соли 1992 буд. Банди кор будам, ки ногаҳ борони шадиди тири “Калашников” ба бино рехт. Худои меҳрубон некӯ нигаҳ дошт, ки ба 48 ҷои девори утоқи корам тир асобат кард, аммо ҷони ин банда дар амон монд. Ин мудҳиштарин сӯиқасд ба ҷони ман буд. Пас аз он ба худ гуфтам, ки чун Худованд туро нигаҳ дошт, пас дар роҳи дуруст ҳастӣ ва корро идома деҳ! Мефаҳмидам, ки агар дар ин роҳ ҷонам ҳам равад, беҳуда намеравад...
Ҳамон рӯзҳо зане ба Кумита занг зада гуфт, ки омода аст наттоқӣ кунад. Ӯ Мунаввара Мирхонова буд. Кормандони амнияти миллӣ бо ҳамроҳии танкҳои пойгоҳи 201 ӯро аз хонааш дар минтақаи Автовокзали Душанбе ба Хонаи радио оварданд. Бегоҳи 9-уми декабр Бобоҷон Икромов барои Мунаввара ин сатрҳоро навишта дод: “Ассалому алайкум, тамошобинони азиз! Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард!”...
“Ин чӣ ҳукумати конститутсионӣ буд? Чӣ аҳдоферо дунболагирӣ мекард? Ва аз ҳама муҳим: то куҷо ин аҳдофро воқеӣ ба миён гузошта буд?”. Ин суолҳоро пеши Бобоҷон Икромов матраҳ мекунему чашмонаш дар нуқтае аз канори утоқ хира мешаванд. Гӯё ба худ мегуфт, ки “бале, ҳоло ки замонаи дигар аст, дарки он рӯзҳо содда ба назар меояд, аммо чунин нест...”. Ӯ як нафаси чуқур мекашаду ба сухан медарояд:
- Пеши ҳукумат дар раъси Эмомалӣ Раҳмон як ҳадафи аслӣ гузошта шуда буд: сулҳ ва амнияти мардум. Ин ҳадаф эълон шуда буд, аммо мо зиёд сари он таъкид намекардем, зеро боз гуруҳҳое буданд, ки аз вазъ мехостанд барои худ суди бештар бардоранд, балки мехостанд, ба истилоҳи мардум, “обро лой нигоҳ дошта, моҳӣ доранд”. Ман ин гуруҳҳоро мушаххас намекунам, зеро ҳамчун шоҳиди айнӣ он чӣ мегӯям, як ҳарфи оддӣ нахоҳад буд. Ман дар майдони набард набудам. Дар ягон сохторҳои қудративу низомӣ ҳам хизмат намекардам, ки мустақим бо мухолифин ё ягон гуруҳи дигар ҷангида бошам. Майдони набарди ман садову симо буд. Як журналисте будам, ки таблиғоти ҳукуматро роҳбарӣ мекард. Он рӯзҳо барномаҳое, назири «Хоки Ватан» ва «Тоҷикистон - хонаи умеди мо»-ро роҳандозӣ кардем, ки ҳатто дар маҳфилҳои наздик ба ҳукумат барои сарзаниши мо баҳона дода буд. Ҳатто мегуфтанд, ки бо мухолифин ҳамдастӣ мекунем. Аммо худи таърих собит кард, ки роҳи мо ҳақ буд. Тариқи ин ду барнома мо тавонистем даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз Афғонистону дигар кишварҳо ба Тоҷикистон баргардонем. Ҳамватанони мо баргаштанд, оғӯши бародарӣ кушодем ва чароғи умед дар манзилу маъвои онҳо дубора фурӯзон шуд. Ростӣ, агар пуштибонии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, шояд ҳамин барномаҳо ҳам набуданд. Як замоне буд, ки ҳама “ман” мегуфт ва мехост ба тасмимҳои раҳбари давлат таъсир расонад. Аммо он кас ба китфи мо мезад, ки пеш равед, ман бо шумоям!
Рафт ва расид… На фақат ӯ, балки тамоми миллат.
- Хуб, пас чаро соли 1994 Шуморо аз вазифа гирифтанд?
Бобоҷон Икромов мегӯяд:
- Он сол ҳанӯз ҷанги дохилӣ идома дошт, аммо ҳукумат ҳукумати соли 1992 набуд. Нуфуз карда, дар арсаи байнулмилал соҳиби эътибор гашта буд. Зарур донистанд, аз вазифа гирифтанд. Ман ҳам сахт хаста шуда будам. Тавре дар боло гуфтам, афроди алоҳида ё “ман”-ҳое ҳанӯз буданд, ки фишор меоварданд. Аммо ман аз он даврон хеле қаноатманд ҳастам. Ба иловаи он, ки дар боло гуфтам, корҳои дигарро низ анҷом додем, ки имрӯз самараашро тамоми миллат мебинад. Тайи ду соли корам ҷавононе, ки то ҷанг бо мо буданд ва ё дар замони ҷанг ба мо ҳамроҳ шуданд, назири Сафаралӣ Эргашев, директори ТВ “Кӯлоб”, Мунира Самадова, раиси ТВ “Суғд”, Асадулло Раҳмонов, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизион, ҳоло мушовири кадри Президент, Садриддин Шамсиддинзода, собиқ директори Агентии миллии “Ховар”, ҳоло “Ҷаҳоннамо”, Носир Саидов, директори ТВ “Сафина”, Набиҷон Набизода, директори ТВ “Синамо”, Иззатманд Саломов, собиқ раҳбари намояндагии “Интернюс” дар Тоҷикистон ва даҳҳо нафари дигар низ аз мактаби ҳамон рӯзҳои Кумитаи радио ва телевизион гузаштанд. Аз ин рӯ, рафтан аз вазифа ё мақом барои ман фоҷеъа набуд. Шахси ман нисбати амри раҳбарият ҳассосияте нишон надодам…
Ҳамин тавр, бори охир Бобоҷон Икромов моҳи апрели соли 1994 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, он замон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз телевизиони давлатии Тоҷикистон рафт...

Аз “Мир” то “Вароруд”
Аз соли 1994 то соли 2000 Бобоҷон Икромов дар Маскав мушовири мудири телевизиони “Мир”, як расонаи русӣ буд, ки барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ барнома пахш мекунад. Ӯ дар умури Осиёи Марказӣ машварат медод.
Соли 2001 ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 2016 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вароруд”, яке аз бонуфузтарин расонаҳои минтақаии Тоҷикистон буд. Онро ба як мактаби тарбияи рӯзноманигорони ҷавон табдил дод. Ҳоло иддае аз онҳо дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ (Хуршед Халилбеков, хабарнигори “Россия - сегодня” (Русия) ва Каюмарси Ато, хабарнигори радиои “Озодӣ” (ИМА) кор мекунанд.
Ҳамин тавр, Бобоҷон Икромов ҳамчун рӯзноманигори касбӣ, дигарбора ба майдони рӯзноманигории Тоҷикистон баргашт. “Вароруд” тайи ин ҳама солҳо ба яке аз расонаҳои муҳими минтақаӣ табдил ёфт, ки майдони иттилои вилояти Суғдро ба даст гирифт ва бо расонаҳои вилоятҳои кишварҳои ҳамсоя дасту панҷа нарм кард.
Аз ин хотир, худи ҳафтанома соли 2004 ва сармуҳаррираш соли 2016 ба муътабартарин мукофоти рӯзноманигории тоҷик - Ҷоизаи устод Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд...

Охирсухан
Ҳамин тавр, Бобоҷон Икромов аз як шогирди хуб ба устоди мумтоз табдил ёфт. Он чиро омӯхт, ба дигарон дод ва бар иловаи ин, як чиро ба шогирдон дод, ки аз касе нагирифта буд: мактаби бузурги инсоният!
Онҳое, ки ӯро мешиносанд, бар иловаи як раҳбари кордону рӯзноманигори касбӣ буданаш, сатҳи баланди фарҳангу муомила ва инсонияти ӯро низ зикр мекунанд. Ҳар касе бо ӯ ҳатто як бор ҳамсуҳбат шавад, ӯро болотар аз тасвиру тасаввуроте мебинад, ки қаблан шунида буд.
Устод ҳоло ба синни мубораки 60 қадам мезанад. Ва ин суханони ӯро метавон нақли қавл кард:
- Ҳарчанд аз вазифаҳо канор рафтаам, ҳамоно вақте мепурсанд, ки чӣ кор мекунам, беихтиёр посух медиҳам: “Рӯзноманигор!”. Вақте мепурсанд, ки дар куҷо кор мекунӣ, мегӯям: “Рӯзноманигори мустақил!”. Ва инро бо ифтихор мегӯям. Худоро шукр, ки як умр рӯзноманигор будам. Ба рӯзноманигорони ҷавон гуфтаниям, ки аз касби худ ифтихор кунанд, зеро ин касбест, ки барои дифоъ аз манфиатҳои мардуму миллат эҷод шудааст. Агар Худованд бори дигар маро халқ кунад, боз аз роҳи рӯзноманигорӣ хоҳам рафт...

“ФАРАЖ”

Хонданд 1211

Мушкилоти нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе солҳост, ки идома дорад. Хусусан бо оғоз шудани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дигар ҳатто аз аввали хатсайр ҳам ба нақлиёт нишастан кори саҳл нест: ҳатман бояд чусту чолокӣ нишон дода, ҳатто мошин наистода, дарро кушода, худро дохили нақлиёт партоӣ, вагарна, ба кор ва ё дигар ҷойи лозима саривақт расидан амри маҳол аст. 

Бо дарназардошти чунин вазъ ҳанӯз соле пеш раиси вақти шаҳри Душанбе барои тағйир додани вақти дарс дар муассисаҳои олии таълимӣ дархост карда буд. Вазорати маориф ва илм дархостро қабул ва иҷро кард. Пас аз соати 7-у 30 дақиқа муайян кардани вақти дарс мушкилоти норасоии нақлиёт дар саҳар то андозае коҳиш ёфта буд, зеро муҳассилин аллакай дар ин вақт ба донишгоҳ мерасиданд ва мусофирони дигар, ки шояд аксаран коргаранд, бемамониат дар вақти зарурӣ ба ҷойи лозима роҳсипор мешуданд. Мутаассифона, Вазорати маориф ва илм бо оғоз шудани соли хониши 2017-2018 саросемавор эълон кард, ки «бинобар зарурат надоштан» вақти дарсӣ (дар шаҳри Душанбе) чун солҳои пеш соати 8:00 муайян мешавад. Аммо ҳамагӣ моҳе нагузашта, эҳсос шуд, ки асосан чунин тасмим гирифтани вазири маориф ва илм «зарурат надошт». Зеро шуруъ аз якуми сентябр ҳар субҳ қад-қади роҳҳои шаҳри Душанбе пур аз мусофиронест, ки ҳар лаҳза ба соат менигаранд ва аз дер кардан ба кор нигаронанд.
Воқеан, мушкилотро роҳбарияти шаҳри Душанбе саривақт дарк намуда, барои тағйир додани вақти дарс ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм муроҷиат намуд. Дар ин дархост зарурати гузаронидани вақти дарсӣ ба соати 9:00 нишон дода шудааст, ки оқилона ва саривақтист. Ин иқдоми раиси шаҳри Душанбе қобили дастгирист. Зеро дар шароити имрӯза шояд ягона роҳи сабук карадани мушкилот бошад. Чунки теъдоди микроавтобус ва автобусу троллейбусро зиёд кардан, дар кӯчаҳои бе ин ҳам сермошини шаҳри Душанбе шояд мушкилоти тамбашавиро ба вуҷуд орад.
Директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбехадамотнақлиётрасон» Фирдавс Саидзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «чунин вазъ дар тамоми шаҳрҳои калон вуҷуд дорад. Дар шаҳри Душанбе ҳолати норасоии нақлиёт ҳамагӣ 20 дақиқа давом мекунад. Мо кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик мушкилот бартараф мешавад».
Хеле хуб мешавад, ки то дастгирӣ ёфтани пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумат, саҳар дар вақти зиёд будани анбуҳи мусофирон лоақал як автобуси калон дар хатсайрҳое, ки айни замон танҳо микроавтобусҳо фаъолият доранд, ҷудо карда шавад. Масалан, дар хатсайри рақами 25 ин корро кардан айни муддаост, зеро аксар мусофирбарони ин хатсайр имкони савор кардани ҳамагӣ даҳ нафарро доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми зиёд будани мусофирон як автобус ҳам метавонад шиддатро то андозае паст намояд.
Агар корманде бо иллати мушкилоти нақлиёт ба кор дер ояд, ҳатман барои чунин саҳлангорӣ огоҳие аз роҳбарияти корхонааш мегирад. Аммо ба назар чунин мерасад, ки баъзе роҳбарони ширкатҳои хизматрасонӣ дар самти мусофирбарӣ парвои бартараф кардани мушкилотро надоранд. Барои чунинҳо танҳо ҷамъоварии маблағ муҳим асту халос. Вагарна, микроавтобусҳое, ки бо ҷамъияти онҳо шартнома дораду дар хатсайри муайян фаъолият мекунад, баъзан то ними роҳ ва шояд баъзан умуман бе мусофир ҳаракат наменамояд. Баъзан аз муомилаву муоширати дағал ва барзиёд ситонидани роҳкиро аз ҷониби ронандагон ва ё пулчинакҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳо ба нашр мерасад. Роҳбарони ширкатҳои мусофирбар ва Хадамоти назорати давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт бо раддияи ҳангомавие вокуниш нишон дода, аз ҷарима шудани ронанда ва ё пулчинак бо маблағи зиёд (аксаран аз 1000 сомонӣ бештар) хабар медиҳанд. Вале вазъ на танҳо ислоҳ, балки зиёдтар такрор мешавад.
Воқеан, ҳанӯз саволе беҷавоб мемонад, ки агар масъулини ширкатҳо ва дигар хадамоти лозима чунин чораандешӣ намоянд, пас чаро солҳо боз мушкилот идома дорад? Оё воқеан ронандагони тартиботро вайронмекарда ҷазои сазовор мегирифта бошанд? Ва ё пас аз қатъ шудани шартнома аз ҷониби ширкате бо ширкати дигар шартнома баста, дар дигар хатсайр фаъолият мекунанд?
Ҳамарӯза бо хатсайри рақами 25 омадурафт дорам ва шоҳиди бевоситаи давутози мусофирон дар ин хатсайр ҳастам. Мутаассифона, баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои маъруф чун «Старекс» дар вақте ки норасоии нақлиёт шадидан эҳсос мешавад, «нағмабозӣ»-ро шуруъ мекунанд. Ҳамин ки барои азқайдгузарӣ мошинро нигоҳ медоранду мусофирон медаванд, ронанда аз анбуҳи одамон истифода карда, то ними роҳ, аксаран то маҳаллаи маъруф бо номи «Қарияи боло» рафтанашро изҳор медорад. Вақте ки сабаб мепурсем, ҷавоб ҳамонест, ки имрӯз миёни мардум маъмул аст: «кор дорам». Дар асл, ин гуна ронандагон, ки ба ҷуз мусофиркашонӣ коре надоранд, танҳо ба хотири зиёдтар мусофир гирифтан ва аз ин ҳисоб маблағи бештар даромад кардан чунин нағмаро ба роҳ мондаанд. Зеро хуб медонанд, ки аз соати 7 то 7-у 40 дақиқа мусофирони зиёде интизори нақлиётанд ва фаровардани даҳ нафар то Қарияи боло имкон медиҳад, ки 10 нафари дигарро то охири хатсайр савор кунанд. Яъне агар аз аввали хатсайр то охир ҳаракат кунанд, шояд чанд нафаре ҳастанд, ки то маҳаллаи Сирк (бо 1 сомонӣ) ва чанд нафари дигар то охири хатсайр (бо 2 сомонӣ) маблағи роҳкиро месупоранд. Аз ин рӯ, ронандагон нафарони аз аввал то охири хатсайр сафармекардаро чашми дидан надоранд. Бинобар ин, бо баҳонаи «кор доштан»-и ронанда, нафаре, ки то охири хатсайр ҳам ҳаракат карданӣ бошаду аммо ба нақлиёте савор шавад, ки ронандааш то Қарияи боло рафтанашро изҳор дошта буд, ҳатман бояд ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 3 сомонӣ пардохт намояд.
Инчунин, микроавтобусҳои маъруф бо номи «Мерседес спринтер» ба ҳадде аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанд, ки нафас гирифтан дар дохили нақлиёт душвор мешавад. Ғайр аз ин, дар ин фосилаи вақт (аз соати 7 то 7-у 40 дақиқа) ронандагон тарзе бо мусофирон мағрурона рафтор менамоянд, ки гӯё соҳиби мутлақи замину замон бошанд. Чунин вазъ дар дигар хатсайрҳо низ ба мушоҳида мерасад.
Шояд масъулин моро ба умумгӯйӣ муттаҳам мекунанд ва рақами мушаххаси нақлиётро талаб менамоянд, аммо ин амал якрӯза ва ё аз ҷониби як нафар содир намешавад, ки бо пешниҳод кардани рақами қайди давлатии автомобилаш мушкилот бартараф шавад. Мутаассифона, шумораи чунин нафарон кам нест. Масъулинро мебояд бо истифода аз рейдҳои ногаҳонӣ ба ин рафтори номуносиби баъзе ронандагон хотима диҳанд. Кифоя аст, ки ҳамагӣ чанд дақиқа дар маҳаллаи Зарафшон интизори нақлиёт бошӣ ва чунин ҳодисаҳоро бо чашми сар мушоҳида намоӣ…

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

Хонданд 628

Қалам ба даст гирифтан осон аст, аммо дар васфи Ватан хома фарсудан саҳлу сода нест. Бештари фарзонафарзандони ҳувиятгаро ва дифоъгари Ватан худодод ҳастанд ва кори сад пайкону шамшерро бо хомаву қалам анҷом медиҳанд. Ба гунаи Ҳаким Фирдавсӣ ва даҳҳо дигар суханварони оқилу фарзона, ки бо достону ҳамосаҳои меҳанпарваронаву инсонгароёнаашон номи Ватану миллати хешро дар авроқи таърих бо шарафмандӣ ҳаккокӣ кардаанд. Хидмати эшон буд, ки то имрӯз моро зиндаву ҷовидона нигаҳ доштааст. Вале нигаронӣ дар он аст, ки на ҳама аз осору рисолаҳои онон огаҳиву баҳрае доранд. Магар мумкин аст, ки аз асли худ ғофил бошӣ? На! Зинҳор шоистаи чун мо як миллати фарҳангофару хирадпеша набуду нест! 

Дар остонаи ҷашни фархунда ва муборак - Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва барои ҳар яки мо ин санаи тақдирсозу озодиофар муқаддас аст. Агар барои кулли давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолият осон ва бе ҳеҷ ҷангу ҷидоли девонавор ба даст омада бошад, баҳри мо на чун эшон, балки бо ҳазорон қурбониву ҷонбозиҳо, дилрешиву захм дар дилҳо ба ҷо гузошта, ба даст омад. Яъне мо барои ба даст овардани Истиқлолият талафоти зиёде додаем ва дар натиҷа ин ҷанги бунёдсӯз бештари аҳли зиёи хешро аз даст додем. Ба қавли шоир:
Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо.
Ва дар манзумаи пурдарди дигаре чунин ба қалам додааст:
Бас буридандат забону бас шикастандат миён,
Боз гӯё, боз пӯё, боз поё мондаӣ.
Дар ҳамин минвол махсусан шоиронамон зиёд нигоштаанд, ки он, гумон мекунам, моро ба худшиносиву ватандӯстдорӣ бештар водор мекунад. Бо вуҷуди ҳама он нобаробариҳо ва хиёнати баъзе нафарон, имрӯз мо рӯ ба сӯи фардо овардаем ва аз пайи сохтану бунёд кардан ва тармими вайронаҳо ҳастем. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рукнҳои давлатдорӣ рӯз аз рӯз пурқуввату тавоно мегардад, ки ин ба мо имкон медиҳад, то баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёт, хирадгустарӣ ва иқтисодиёти давлату миллати худ гомҳои аз ин ҳам бештар бигзорем.
Аз рӯзи нахуст то ба имрӯз шахсан роҳбари давлат заминаҳо барои васеъ шинохтани асолату рисолати хидмати содиқона ба Ватанро гузоштаанду мегузоранд, аммо на ҳар кадоми мо масъулиятшиносӣ кардаем. Ба мисол, нарасидани кадрҳои соҳавӣ то ба ҳол дар мо ҷо дорад, ки метавонистем дар ин муддат бартараф намоем, вале ноуҳдабароӣ ва ба таври бояду шояд амал нанамуданамон садди ин роҳ гардидааст. Бахусус қисмати фарогирии таълиму тарбия дар мактабҳои миёнаву олӣ, ки ҳарчанд дастовардҳои назаррасе ҳам доштаем, аммо наметавон ба он иктифо кард ва ин ҷараёнро то ҷое ба ҳоли худ гузошт. Пешниҳоди мо дар ин замина ин аст: агар аз ҳама бештар асарҳои бадеӣ, рисолаҳои илмии адибони классику муосири худамон ва хориҷиро, ки хусусияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ доранд, нашр намоем ва дастраси тарбиятгирандагону толибилмон гардонем, дар ин маврид муваффақ хоҳем гашт, то насли наврасу ҷавон соҳибмаърифату соҳибилм бигарданд. Сари ин нукта нигаронии мо ҳам бесабаб нест, чунки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ҷавон ва ҳам фаро гирифтани эшон ба омӯзиши илмҳои гуногун зиёд аст.
Бо вуҷуди ҳама нобасомониҳову норасоиҳо дар дунё, имрӯз мо тавоноем ва умед ба каси ғайр ҳам надорем. Бигзор суннати аҷдодиамон - фарҳанги сутургофарӣ, инсонпарастӣ, дили бекина, ғаразе ба касе надоштан дар вуҷудамон ва табиати инсониамон поянда бимонад. Миллати куҳанпайванди тоҷикон дар гузашта пояи давлаташро бо пиндору гуфтору кирдори нек бунёд намудааст, ки ин далели бегазандӣ ва ҷовидонагиаш аст. Дар ҳама бедодгариҳои замон агарчи зиёни бештар бар тоҷикон расидааст, аммо боз захмҳои таърихиро бо хирад, бо заковат даво бахшида, худро сохтаанд. Ҳарчанд имрӯз мушкилоти зиёде дар пеши рӯи кишвар ҳаст, вале аминам, ки ба таври густурда ҳар кадомашон ҳалли худро меёбанд ва мо фарзандони ҳамоварди истиқлолият талош меварзем Тоҷикистон ободтар гардад ва боз фарзандонаш бо хирадмандӣ рӯи дунёро фатҳ намоянд. Аз дасти мо ғоратгариву бедодгарӣ барнамеояд ва ҳамин сабаб шудааст, ки сарзаминҳои паҳноварро ба ғосибону кӯчманчиён вогузошта, омадем ба тангноҳову дараву куҳҳо. Вале донишу ҳунару санъат сарҳад надоранд ва аз ин лиҳоз мо дар ҳама ҷо ҳузур доштем. Чи тавре, ки шоири маҳбуб Бозор Собир мегӯяд:
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Рахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард…
Яъне миллати тоҷикро бо фарҳангу забон ва маърифаташ мешиносанд.
Таманно мекунем, ки Истиқлолияти кишвар аз ҷовидон то ҷовидонаҳо пойдор бимонад.
Ҳусни анҷоми таманниётро ба шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ мегузорем:
Бо сухан, бо хирад, бо шараф, бо ҳунар
Мекунӣ, эй - Ватан, бар адӯят зафар.
Ҷумла фарзанди ту, решапайванди ту
Хӯрда савганди ту - ҷонфидои туем.
Раҳкушои туем, раҳнамои туем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Хонданд 924

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

    Имрӯз тасодуфан бо мансабдоре вохӯрдам. Дурусттараш, ӯ ба ҳуҷрае, ки…
  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.