.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

Ҳафтаи гузашта радиои «Озодӣ» дар маводе бо унвони «Ё русӣ ё англисӣ» хабар дод, ки «Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур додааст, ки минбаъд дар кишвар ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба истиснои «ихтисосҳои ҷанбаи этникиву миллидошта», бо забони русӣ ва ё англисӣ баргузор шавад». Дастур бо имзои вазири маориф Нуриддин Саид дар ҷаласаи мушовараи вазорат содир шудааст.

Агарчи дастури мазкур дар сомонаи расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://vak.tj/) ва дар сомонаи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.maorif.tj/) дида намешавад, вале аз нусхаи ба мо дастрасшудаи Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2017, №49/1-3 «Оид ба вазъи таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълум мешавад, ки воқеан чунин қароре қабул шуда, дар он гуфта мешавад: «Минбаъд ҳамаи рисолаҳои илмиро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо, доктор аз рӯи ихтисос, доктори фалсафа (Phd) ва доктори илмҳо, ба ғайр аз ихтисосҳои ҷанбаи этникию миллидошта, бо забони русӣ ё англисӣ ба роҳ монанд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир Р. Мирбобоев вогузор карда шавад».
Бархе аз коршиносон қарори мазкурро хилофи Замимаи 2 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №505 «Дар бораи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ» (дотсент, профессор) медонанд. Зеро дар банди 3-юми қарори номбурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №505, ки «Пешниҳод ва ҳимояи диссертатсияҳо» ном дорад, чунин муқаррароте ҷой дорад, ки зимни ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ риояи он ҳатмӣ мебошад: «Диссертатсия ба шӯрои диссертатсионӣ бо забони давлатӣ, забони русӣ ва ё забони англисӣ пешниҳод мешавад. Автореферат бояд дар шакли саҳифабандишуда пешниҳод гардад ва аннотатсияи мавзӯъ дар он бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ оварда шавад. Дар ҳолати ба шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод кардани диссертатсия бо забони русӣ ё забони англисӣ автореферати он бояд ба забони давлатӣ тарҷума шуда бошад. Ҳимояи диссертатсия бо забони давлатӣ, забони русӣ ё забони англисӣ баргузор мегардад (дар мавриди зарурӣ шӯрои диссертатсионӣ тарҷумаи ҳамзамонро таъмин менамояд)».
Чӣ сабаб шуда, ки Вазорати маориф ва илм ҳимояи рисолаҳои илмиро ба забони давлатӣ манъ карда, ба кори Комиссияи Олии Аттестатсионӣ тағйирот ворид намудан мехоҳад, муайян нест, вале далели овардашуда собит месозад, ки Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №505 аст, зеро Комиссияи Олии Аттестатсионӣ муассисаи алоҳида буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ташкил шудааст ва Вазорати маориф ва илм ҳуқуқи дахолат ба кори ин комиссияро надорад.
Ба ҷанбаи қонунӣ будан ва ё набудани Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф дар бораи танҳо ба забони англисӣ ё русӣ ҳимоя намудани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ баҳс намекунам ва ба ин кор бигзор ҳуқуқшиносон машғул шаванд. Дар маводи мазкур мехоҳам бипурсам, ки агар воқеан Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2017 №49/1-3 «Оид ба вазъи таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амал татбиқ шуда, минбаъд ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба забони ғайридавлатӣ сурат гирад, тақдири забони давлатӣ чӣ хохад шуд? Оё ин беэҳтиромӣ ба забони давлатӣ нест? Ё забони тоҷикӣ - забони Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Румӣ ва садҳо шоирону уламои гузаштаи мо дигар наметавонад забони аҳли илм бошад ва он ҳам дар давлате, ки соҳибистиқлол асту забони давлатиаш тоҷикӣ аст? Чаро забонеро, ки ҳатто дар замони истилои арабҳо чун забони илм боқӣ монда буд, дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушду равнақи он монеа мегузорем ва ба забони илм буданаш шубҳа мекунем?
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд, ки «забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд». Пас чаро Вазорати маориф ва илм ба ҷои баланд бардоштани иқтидори ин забон, забони тоҷикиро аз забони илм дур кардан мехоҳад?
Танҳо дар сурати бо забони тоҷикӣ навиштани ҳама корҳои илмию амалӣ ин забон метавонад иқтидори худро нигоҳ дорад ва афзун кунад. Дар акси ҳол, забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм аз байн хоҳад рафт. Чи гуна ки шоир Рустами Ваҳҳоб қайд мекунад, «агар ҳимоя дар ҳамаи тахассусҳо ба забони тоҷикӣ сурат нагирад, муҳол аст, ки забони мо воқеан табдил ба забони илм шавад».
Мо давлати алоҳидаем ва забони мо дар Тоҷикистон забони давлатӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки барои баланд бардоштани сатҳи забони тоҷикӣ ва табдил додани он ба забони илм бояд ҳимояи рисолаҳои илмиро дар ҳама ихтисосҳо бо забони давлатӣ ба роҳ монем ва дар сурати бо забонҳои русиву англисӣ ҳимоя шудани рисолаҳо низ тарҷумаи комили онҳоро ба забони давлатӣ таъмин намоем, то ин ки толибилмони тоҷик аз он бархӯрдор шаванд. Олимони мо бояд рисолаҳои илмиашонро ба забони давлатӣ тарҷума ва чоп намоянд. Ё чи тавре, ки Исфандиёри Одина савол гузоштааст, «мо ин рисолаҳоро магар барои шаҳрвандони Россия ё кишварҳои дигар ҳимоя мекунем, ки бояд рисолаҳо ҳатман ба забони онҳо навишта шаванд?». Ман гумон намекунам, ки давлатҳои дигар ба рисолаҳои мо эҳтиёҷе дошта бошанд.
Ҳақ бар ҷониби Исфандиёри Одина аст, ки менависад: «Ин ки масалан ниҳодҳои илмию окодемии Русия тақозо мекунанд, ки рисолаҳои илмӣ ба русӣ нивишта шаванд, амре табиист, чун донишмандони рус фақат забони худашонро медонанд ва барои ин ки як рисолаи илмиро баррасӣ кунанд, бояд матни онро фаҳманд. Ин ки дар Олмон ҳам тақозо мешавад матолиби илмӣ ба олмонӣ, ё дар Инглис тақозо мешавад, ки ба инглисӣ ё дар Чин тақозо мешавад, ки ба чинӣ нивишта шавад, низ амре табиист. Чун агар шумо мехоҳед дар ин кишварҳо таҳсил кунед ё ба маҷаллоте дар он кишварҳо мақолаи илмӣ фиристед, баночор бояд ба забони худашон фиристед. Аммо дар Тоҷикистон, ки забони давлатиаш тоҷикӣ аст, дастури нивиштани китобу мақолаи илмӣ ба забонҳои ғайр комилан дур аз мантиқ аст. Ин китобу мақолаҳо барои кӣ нивишта мешаванд? Барои инглису рус ё барои тоҷик? Буҷети фарҳангистон ва донишгоҳҳои Тоҷикистон аз куҷо таъмин мешавад? Русу инглис таъмин мекунад ё молиётпардозандаи тоҷик? Чаро бояд аз мо пул бигиреду барои русу инглис китобу мақолаи илмӣ бинвисед? Илми тоҷик чаро бояд ба ҷои хидмат кардан ба миллат, дар хидмати дигарон бошад?».
Дар фарҷом мехоҳам ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Нуриддин Саид муроҷиат карда, пешниҳод намоям, ки ҳаргуна монеаҳои сунъиро, ки дар пешорӯи рушди забони давлатии мо қарор доранд, аз байн бардоред ва дар кишвар ҳама гуна шароитро баҳри рушди забони давлатиамон муҳайё сохта, барои ба забони илм табдил додани он мусоидат кунед ва ҳамчун вазир дар рушду нумӯи забони тоҷикӣ саҳмгузор бошед. Зеро мансаб ҳамешагӣ нест, вале забони тоҷикӣ забонест, ки ҳазор сол қабл ҳам чун забону илму адаб ва шеъру шоирӣ мавҷуд буд, новобаста ба монеаҳо пеш мерафт ва дар оянда низ рушд хоҳад кард. Пас, биёед ба забони тоҷкӣ арҷ гузорем, зеро Пешвои миллатамон ҳамеша мегӯянд: «Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад».

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Хонданд 1369

Иҷлосияи наҷотбахши миллат

Нояб 18, 2017
Хонданд: 503

Соли равон ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI-и таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки поягузори сулҳу ваҳдат ва давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад, бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил хоҳад гардид.
Дар арафаи ин ҷашни бузурги давлатӣ, ҳамчун яке аз иштирокчиёни бевоситаи ин Иҷлосияи наҷотбахши миллат баъзе хотираҳои хешро аз он рӯзҳо баён карданиам, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки насли калонсол - шоҳидони бевоситаи воқеаҳои таърихӣ баҳри тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон доир ба аҳамияти Иҷлосияи мазкур, ҳодисаю воқеаҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух додаанд ва дастовардҳои солҳои Истиқлолият, корҳои ташвиқотию тарғиботиро гузаронида истанд.
Бо назардошти он, ки дар он солҳо камина дар вазифаи муовини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дар як вақт, ба ҳайси сардори Идораи молияи вилоят кор мекардам, аз оғоз то ба анҷоми ин Иҷлосия иштирокчии бевоситаи он будам.
Ҳар як қавму миллат ва давлат дар давраи ҳастии хеш, бо мурури замон ба мушкилоту вазъиятҳои ҳассос рӯ ба рӯ мешаванд, вале тадбирандешиҳои саривақтӣ метавонад онҳоро аз чунин ҳолатҳои бӯҳронӣ фавран раҳоӣ диҳад.
Солҳои 90-уми асри гузашта, таърих барои давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷик низ чунин имтиҳонҳои хеле ҷиддиро пеш гузошт, ки ҳатто хатари дар оянда арзи вуҷуд доштан ё худ, аз харитаи давлатдории ҷаҳон барҳам хӯрдани кишвари моро ба амал оварда буд. Ҳамагон хуб медонанд, ки пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ, моҳи сентябри соли 1991 дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии худро эълон дошт. Азбаски он солҳо дар бисёр давлатҳои нав ба мустақилият соҳибгардидаи Иттиҳоди Шӯравӣ бинобар пайдо шудани як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, зери ниқоби демократияю ошкорбаёнӣ нооромиҳои сиёсӣ ба амал меомаданд, баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз дастгириҳои хоҷагони хориҷиашон мехостанд мардумро ба низоҳои дохилӣ барангехта, соҳиби мансабу сарватҳои калон гарданд ё худ, нуфузи сиёсиашонро дар минтақа қавӣ гардонанд. Дар чунин мавридҳо, бештар усули барангехтани оташи миллатчигию маҳалгароӣ, мансабталошию бо истифода аз номукаммалии донишҳои динии мардум, алалхусус ҷавонон, гумроҳкунии онҳо ба кор бурда мешуд, ки дар натиҷа соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳои барои халқи тоҷик мудҳишу даҳшатбор, кулли мардуми кишвар хеле азият мекашиданд ва он ҷанги шаҳрвандии аз тарафи қувваҳои тундгарои дохилию хориҷӣ тарҳрезишуда ба давлати соҳибистиқлоли ҷавони мо зарарҳои хеле калони ҷонию молӣ расонида буд.
Ба хотир овардани онро зарур мешуморам, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ тӯли солҳои 1992-1993 тақрибан 60 000 кас фавтида, бисёр шахсон беному нишон гум шуда буданд, зиёда аз 60 000 нафар сокинони қисми ҷануби кишвар ба Афғонистон, 195 000 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муваққатан барои зист ба дигар давлатҳои ҳамсояи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гуреза шуданд. Миқдори гурезаҳои дохилии мамлакат дар он солҳои мудҳиш қариб ба 1 млн нафар расида, 35723 хонаҳои истиқоматӣ сӯхтаю вайрон гардиданд, 25000 занҳо бешавҳар, 53000 нафар кӯдакон бепарастор монданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемантиқ 61 муассисаи табобатӣ, бисёр мактабу муассисаҳои соҳаи маориф, бонкҳо ва дигар нуқтаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ғорат карда шуда, ба нобудӣ расонида шуданд. Тибқи ҳисобҳои мавҷуда, зарари иқтисодии ҷанги мазкур зиёда аз 10 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он рушди давлати моро якчанд даҳсолаҳо ба ақиб партофта буд.
Дар солҳои 1992-1993 иқтисодиёти мамлакат пурра фалаҷ гардида, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои қашоқтарини дунё табдил ёфта, ин ҳолат дар назди роҳбарияти нави сиёсии кишвар хеле вазифаҳои мушкил, ҷиддию масъулиятнокро гузошта буд. Ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон он солҳо ба вуқӯъ пайваст, боиси ба ояндаи неки давлати мо нобоварӣ изҳор кардани аксари ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ низ шуда буд. Масалан, моҳи ноябри соли 1993 ҳангоми сафари якҷояи хизматиам бо собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Р. Қ. (рӯҳашон шод бод!) ба Фаронса, шоҳиди бевоситаи он шуда будам, ки дар яке аз ҷаласаҳо намояндаи ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ бинобар дар Тоҷикистон идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамагуна маблағгузориҳоро ба иқтисодиёти кишвари мо бесамар меҳисобид ва хуб дар хотир дорам, ки дар он толор, бо далелҳои асоснок, муваққатӣ будани нооромиҳои сиёсии мавҷудаю барои ширкатҳои хориҷӣ дар ояндаи наздик хеле манфиатовар будани сармоягузориҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда будем.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама мавридҳои ҷангу нооромиҳо кулли мардум азият мекашанд, вале саркардаҳои ин ҷангҳо бештар ба қатлу куштори шахсиятҳои бузургу донишманд, инсонҳои бозаковату хирадманд ва сиёсатмадорони варзида машғул мешаванд.
Ҳодисаҳое, ки солҳои 1992-1997 дар кишвари мо ба вуқӯъ омад, бори дигар нишон дод, ки мухолифони давлату ҳукумат барои соҳибшавӣ ба мансабу дороиҳо, чандин олимони бузург, соҳибкорони муваффақ, роҳбарони кордону ватанпараст ва сиёсатмадорони варзидаро ба қатл расониданд. Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки яке аз аввалин қурбонии дасисабозиҳою оғози ҷанги шаҳрвандии давлати мо собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», вакили ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллоҳи Шералӣ буд, ки санаи 5-уми майи соли 1992 аз тири нохалафон дар назди бинои Шӯрои Олӣ кушта шуд. Аз тири ашхоси нохалаф санаи 24-уми августи соли 1992 ба тариқи ваҳшиёна собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, санаи 18-уми октябри соли 1992 санъаткори боистеъдод Кароматулло Қурбонов ва 11 нафар аъзои гурӯҳаш, олимони шинохтаи кишвар Муҳаммад Осимӣ (29-уми июли соли 1996), Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов (6-уми майи соли 1996), собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Назаршоев (10-уми марти соли 1994), рӯзноманигори варзида Муҳиддин Олимпур (12-уми декабри соли 1995) ва даҳҳо дигар шахсиятҳои маъруфи кишвар ба қатл расонида шудаанд, ки он зарари умуман ҷуброннашаванда мебошад.
Дар хотир дорам, ки ҳангоми хабари куштори вакили халқ, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳи Шералӣ ба вилоят расидан, сарвари ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, зани хеле ҷасуру боирода Муҳаббат Мирсаидова аз роҳбарияти он давраи вилоят талаб кард, ки тавассути телевизиони вилоятӣ ба мардум вазъиятро фаҳмонида диҳанд. Бо кадом сабаб бошад намедонам, ҳама аз ин баромад кардан худдорӣ карда, тавсия доданд, ки Карамулло Одилов бо забони тоҷикӣ хуб сухан мегӯяд ва бигзор он кас баромад кунад. Ман он вақт узви кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод будам ва доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, роҳ надодан ба амалишавии тамоми ғаразҳои сиёсии мухолифони давлату ҳукумат, худдорӣ намудан аз тамоми бесарусомониҳо ба мардуми вилоят муроҷиат карда будам. Ин мусоҳибаи ман бо роҳбари ҳамонвақтаи телевизиони вилоят Мирсаидова М. У. санаҳои 6-7-8-уми майи соли 1992 чандин маротиба тавассути оинаи нилгуни вилоят намоиш дода шуда буд ва модарам (рӯҳашон шод бод!) бисёр хавотир буданд, ки барои чунин ошкорбаёниҳо ба ман аз тарафи намояндагони мухолифин зараре нарасад. Вале шукри Худо, ки ҳақ ғалаба карду ман низ аз ин ҳодисаҳо зараре надидам
Ё худ, ҳанӯз солҳои «бозсозиҳои горбачёвӣ» ва махсусан дар аввалҳои соҳибистиқлолии кишвар бисёр сиёсатмадорони маҳалгаро ба саҳна баромаданд ва даъвои онро доштанд, ки тамоми даромадҳои буҷети вилоят бояд ба худи вилоят мононда шавад ва аз ман ҳамчун сардори Идораи молияи вилоят талаб мекарданд, ки ҳиссаҷудокуниҳоро ба буҷети ҷумҳуриявӣ боздорам. Вале, дар тамоми иҷлосияҳо ва ҷамъомадҳои расмӣ ба чунин ашхос қотеъона мефаҳмонидам, ки ин талаботҳои онҳоро дастгирӣ намудан теша ба решаи ягонагии давлат задан аст ва ба ин корҳо ҳангоми фаъолияти хеш умуман роҳ нахоҳам дод. Бар замми ин, тӯли он солҳои мудҳиш дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимият бо далелу рақамҳои асосноки иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ, оид ба имконнопазир будани ҷудошавии вилоят аз ҷумҳурӣ баромадҳо мекардам ва боварӣ дорам, ки фаъолони собиқи вилоят ин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд.
Ин хотираҳоро баён намуда, ба кулли ҷавонон маслиҳат доданиам, ки агар шахс дар раванди ҳаёти хеш ба халқу давлат содиқ бошад, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ боинсофию адолатпешагиро риоя намояд, дар ҳамагуна вазъиятҳои мушкили баамаломада дурандешии инсонию сиёсиро дошта бошад, ба гурӯҳҳое, ки тавассути ғаразҳои сиёсиашон дар ҷамъият нооромиро ба амал оварда, тибқи мақоли халқӣ, «обро лой карда, моҳӣ медоранд», ҳамроҳ нашавад, бо гузашти солҳо дар назди халқу Ватан бо сари баланд кору зиндагӣ карда метавонад.
Бо назардошти он, ки банда аз бисёр чунин имтиҳонҳои ҳаётӣ сарбаландона гузашта будам, новобаста аз он, ки худ иқтисоддон (молиячӣ) ҳастам, ба хотири тарбияи насли ҷавони кишвар ва ҳушдор додани ҷомеа аз такрори тамоми зуҳуроти бесарусомониҳо дар мамлакат, тавассути воситаҳои ахбори умум ақидаҳои хешро баён карда меистам ва андешаҳои мазкур низ аз қабили онҳо мебошанд.
Баргузоршавии иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) барои мардуми вилоят ин як боварии калон буд ва масъулияти ниҳоят бузургро ба зиммаи роҳбарияти ҳамонвақтаи вилоят вогузор мекард, зеро масъалаҳои муҳайёсозии шароити бехатари фаъолияти вакилон ва таъминоти моддӣ-техникии шахсони ба кори Иҷлосия даъватшударо Ҳукумати вилоят бояд ҳал мекард ва хушбахтона, ин тадбирҳо дар маҷмӯъ бонизом амалӣ гардонида шуда буд.
Ҳамаи қарорҳои дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида бобати заминагузорӣ ба имзои Созишномаи сулҳу ваҳдат дар кишвар муҳим бошанд ҳам, интихоби вакилони мардумиро нисбати ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Президенти имрӯзаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон амали бениҳоят оқилона ҳисобидан зарур аст. Зеро, тавассути қарори Иҷлосияи таърихии мазкур ба арсаи сиёсат ва давлатдории тоҷикон чеҳраи нави сиёсӣ, шахсияти оқилу хирадманд ва дурандешу ғамхори беназири халқу миллат ворид гардида, тӯли ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон вафодории хешро ба аҳди додаашон мунтазам исбот карда омада истодаанд, ки барои чунин хислатҳои наҷиб ин шахсияти таърихии давлатдории навини тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳисобида шуданд. Ҳанӯз он солҳо дарк карда мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз дақиқаҳои аввалини ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон роҳҳои муттаҳидкунии мардумони тамоми гӯшаю канори мамлакат, аз вартаи бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳарчи тезтар раҳоӣ додани кишвар ва хотима додани тамоми зуҳуроти ҷудоиандозию маҳалгароиро дар байни мардумони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамагон шоҳиди онанд, ки тӯли 25 соли охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини тинҷию осоиштагии мардуми кишвар, дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи давлати тоҷикон чӣ қадар заҳматҳо кашидаанд. Мо набояд фаромӯш созем, ки ин марди нексиришт бо мақсади пурра амалӣ гардонидани қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва ба даст овардани сулҳу оштии миллии кишвар мувофиқи ваъдаҳои дар иҷлосия додаашон, ҷони худро борҳо зери хатар гузошта, дар давоми солҳои 1992-1997 чандин маротиба барои вохӯрӣ бо мухолифин ба давлати ҳамсоя - Афғонистон (ки маркази амалиётҳои террористон буд) ва дигар минтақаҳои он замон ниҳоят хавфноки ҷумҳурӣ сафар кардаанд. Дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, ба хотири оромии сиёсии мамлакат гузаштҳои зиёд мекарданд ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Президент буд, ки тоҷикон ба имзои Созишномаи сулҳ муваффақ гардиданд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи ақлҳои солими кишвар дар солҳои пурошӯби 1992-1993 дарки масъулият карда, барои боз ҳам васеътар нашудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои аз дасташон меомадаро меандешиданд ва дар бобати барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар кишвари азизи мо, бешубҳа, фарзандони вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) низ мақоми махсус доштанд. Дар хотир дорам, ки тамоми мардуми вилоят новобаста аз мавҷудияти масъалаҳои ҳалталаби дохилӣ, тарафдори дастгирии бевоситаи моддию маънавии мардуми минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон буданд. Зеро хуб медонистанд, ки дар он ҷо одамони бегуноҳ азоби гуруснагӣ мекашанд, оилаҳои зиёд бо сабаби ҷанги бародакушии таҳмилӣ бесаробону бесарпаноҳ мондаанд. Роҳбарияти ҳамонвақтаи вилоят аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои мардуми Кӯлоб ва дигар минтақаҳои қисми ҷануби ҷумҳурӣ орду ғалла, меваю сабзавот, сӯзишворӣ ва дигар асбобу анҷомҳои заруриро мефиристоданд.
Ҳанӯз дар рӯзҳои гузаштани Иҷлосияи мазкур аллакай як қатор намояндагони мухолифин ва тарафдорони онҳо низ ҳис мекарданд, ки одамкушию хунрезиҳо ва хонасӯзиҳои бемаънии дар мамлакат ба амал омада ба ягон талаботи демократию ошкорбаёнӣ мувофиқ намеояд, ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои гуногун танҳо бо роҳи мубоҳисаҳои сиёсӣ ва дигаргунсозиҳои иқтисодии беҳдошти зиндагии мардумро таъминкунанда имконпазир аст. Аз ин рӯ, баъзе шахсиятҳои ҳақиқатан демократияхоҳ бо зудӣ аз қувваҳои носолим алоқаашонро канда, ба меҳнати софдилонаю бунёдкорона баҳри таъмини осоиштагии кишвар машғул шуданд, ки дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст.
Хурсандиовар он аст, ки Роҳбари давлати мо аз рӯзҳои аввали фаъолияти давлатдориашон ба масъалаҳои хоста гирифтан ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани масъулияти кадрҳои роҳбарикунанда бобати иҷрои вазифаҳои хизматиашон диққати махсус медиҳанд. Зеро ҳаёт борҳо исбот намудааст, ки омили асосии ҳамаи муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳо - ин ҷорӣ намудани интизоми қатъӣ, дарки масъулият, доштани таҷрибаи кофии касбӣ ва муносибати беғаразонаю боинсофона дар иҷрои вазифаҳои бар дӯш доштаи ҳар шахс мебошад.
Дар рӯзҳои охирини кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоби кадрҳо маро Раиси навинтихобгардидаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даъват намуда, номзадиамро ба ҳайси Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданашонро гуфтанд ва бо ман сӯҳбати тӯлонӣ доштанд. Ҳамчун инсон ва мутахассиси соҳаи молия барои ба чунин боварии Роҳбари давлат сазовор гаштанам хеле хурсанд будам, аммо танҳо бо сабаби он, ки барои аз назди модари куҳансолам (рӯҳашон шод бод!) дуртар рафтан он рӯзҳо тамоман имконият надоштам, ин таклифро қабул карда натавонистам. Вале, ба Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода будам, ки дар кадом мансабе кор накунам, барои устувории пояҳои давлатдорию рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат то лаҳзаҳои охирини умрам саҳмгузор хоҳам шуд ва шукрона, дар тӯли солҳои сипаригардида ҳамеша баҳри иҷрои ин қавли додашуда кӯшиш мекардам.
Ҷоизи қайд аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар баромадҳояшон ба хирадмандию заковати бузурги мардуми Хуҷанди бостонӣ ва тамоми халқи вилояти Суғд (собиқ вилояти Ленинобод) бобати таъмини фаъолияти мӯътадили Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории якпорчагии ҷумҳурӣ дар он солҳои пурталотум баҳои баланд медиҳанд ва ин шаҳодати он аст, ки Роҳбари давлати мо ҳамаи шахсиятҳои ҷумҳуриро новобаста аз маҳалли зисташон, ки дар пойдор гардидани пояҳои Ҳукумати конститутсионӣ, рушду нумӯи иқтисодии кишвар ҳиссагузор шуданд, ҳамеша дар хотир нигоҳ медоранд ва қадршиносӣ менамоянд. Хело хуб мешуд, агар ин хислатҳои неки инсонии Сарвари дурандеши давлатамонро ҳамаи ҳукуматдорони сатҳҳои гуногуни ҳокимият ва тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо (новобаста аз шакли моликияташон) соҳиб гарданд.
Имрӯзҳо ҳар як фарди солимақл дарк менамояд, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои ниҳоят муҳим андешида шуда истодааст. Корҳои азими ободонию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмонҳои нақбу кӯпрукҳо ва роҳҳои ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, идома ёфтани корҳо бобати бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, алалхусус НБО-и «Роғун», ки иншооти бузурги аср ва кафолатдиҳандаи бадастоварии истиқлолияти пурраи энергетикии мамлакат мебошад, ҳамчунин афзоиши мунтазами хароҷотҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҷоизи зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Сардори давлат оид ба тақвият додани корҳои ободонию созандагӣ дар мамлакат, бо иқдоми ватанпарастонаи роҳбарияти вилоят бинои Қасри Арбоб пурра таъмир карда шуда, дар ҳудуди он иншооти боҳашаммати истироҳатию фароғатӣ (чойхонаи миллӣ, амфитеатр, фаввораҳою гулгаштҳои зебо ва ғайраҳо) бунёд гардида, ин макон алҳол ба як минтақаи ниҳоят ободи сайру саёҳат табдил ёфтааст ва он худ гувоҳи бевоситаи мардуми созандаю бунёдкор будани тоҷикон мебошад.
Ба ақидаи банда, онҳое, ки 25 сол қабл, дар рӯзҳои баргузоршавии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин минтақаи кишвар бо дили ғамноку хотири парешон омада буданд, албатта аз дидани манзараҳои имрӯзаи зебою нотакрори Қасри Арбоб ба ҳаяҷон омада, хуб дарк мекунанд, ки танҳо вазъияти ороми сиёсии мамлакат метавонад ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии он мусоидат намояд. Ногуфта намонад, ки барои ба чунин роҳи тараққиёт оварда расонидани давлати мо нақши Иҷлосияи наҷотбахши XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа хеле бузург аст ва нисбати ҳамаи онҳое, ки дар он рӯзҳои даҳшатбор баҳри якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор буданд, Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мунтазам сипосгузорӣ намуданашон, худ далели инкорнопазир будани хизматҳои ҳар як шахсияти таърихӣ дар назди давлату халқ мебошад.
Ёди он солҳоро карда, ҳамчун шоҳиди бевоситаи кори Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон таъкид кардани онро зарур мешуморам, ки барқароркунии иқтисодиёти мамлакат, то ба сатҳи имрӯза оварда расонидани рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо тавассути ҷасорату хирадмандии Сардори давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамдигарфаҳмию ҷонфидоии дигар фарзандони фарзонаи миллат ва сабру таҳаммули мардуми дурандеш ва соҳибфазилати давлати тоҷикон ба даст оварда шудааст.
Таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён хиради азалии мардуми тоҷик, дурандешии сиёсию заковати бузурги фарзандони далеру шуҷои миллатро баҳри муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солим ҷиҳати аз вартаи касодӣ халос намудани халқу давлат ва ба роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронидани мамлакат муаррифӣ хоҳад намуд.
Ҳар як фарди баору номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати имрӯза расида, аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ омада хулосаҳои лозимӣ бароварда, бобати таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва дар ин асос, ноил гардидан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ҳиссагузор бошад.
Карамулло ОДИЛОВ,
иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонданд 503

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли мамлакат калонтарин ноҳия буда, дар он 364 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд. Ҳоло дар ноҳия дар сохтори госпиталӣ як беморхонаи марказӣ, 7 беморхонаи рақамӣ ва се беморхонаи минтақавӣ, ки дар маҷмуъ дорои 1076 кати бистарикунонӣ мебошанд, хизмат мерасонанд.
Имрӯз дар сохтори госпиталии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 155 нафар духтурон ва 1200 нафар коркунони миёнаи тиб ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд. Кулли системаи тандурустии ноҳия пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар асоси супориши раиси вилоти Суғд, муовини авали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси ноҳияи Б. Ғафуров Зариф Назирӣ корҳои зиёди ободкорӣ ва таъмиру таҷдиди соҳаи тандурустӣ хуб ба роҳ монда шуда, соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, давоми соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор дона гулу гулбуттаҳо ва ду ҳазору панҷсад дона дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шудааст. Дар ҳудудҳои беморхонаи марказӣ чандин ҷойҳои махсуси аёдаткунандагон ва истироҳати беморон омода карда шуда, боз ду хонаи махсуси аёдаткунандагон дар рӯ ба рӯи шуъбаи қабул ва эҳё дар асоси супориши раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин хонаҳо бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Барои бемайлон фаъолият намудани беморхонаи марказӣ се хел истеҳсоли кислород омода ва васл карда шуд, ки он ба ҳамаи шуъбаҳои асосӣ васл карда шудааст ва имрӯз сохтори госпиталии ноҳия бо кислороди худӣ таъмин карда мешавад. Кулли системаи гармидиҳии беморхонаҳо таъмиру таҷдид карда шуда, онҳо муттамарказ бо оби гарм ва гармӣ таъмин карда мешаванд, ки дар фасли сармо мушкилоти таъмини беморхонаҳо бо гармӣ ва оби гарм ҳалли худро ёфтааст. Барои шуъбаҳои осебшиносӣ, ҷарроҳии калонсолон ва амрози гурда таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шудааст.
Сатҳи дараҷанокии кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Б. Ғафуров дар мамлакат яке аз баландтаринҳо ба шумор рафта, аз 155 духтур 88 нафарашон дорои дараҷаи олӣ буда, 55 нафари дигар дорои дараҷаҳои якуму дуюм мебошанд, ки ин 92%-и духтуронро ташкил менамояд. Миёни кормандони миёнаи соҳаи тандурустӣ бошад, дараҷанокии тахассусӣ 68%-ро ташкил менамояд.
Дар системаи госпиталии ноҳия 11 нафар номзадҳои илми тиб, 6 нафар дорандагони мукофотҳои давлатӣ ва 43 нафар аълочии нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ фаъолияти корӣ доранд. Дар давраи ҳисоботӣ муроҷиати 76 нафар, ки ба таври хаттию шифоҳӣ оид ба масъалаҳои ёрдам бо доруворӣ ва муолиҷаи госпиталии ройгон муроҷиат карда буданд, пурра ҳалли худро ёфтааст.
Давоми нуҳ моҳи соли 2017 нақшаи воридоти маблағҳо дар суратҳисоби махсус 103,5% иҷро шуда, дар ин давра аз тарафи сохторҳои госпиталӣ ба 8220 нафар, ки дорои имтиёзҳо мебошанд, ба маблағи 969 ҳазору 371,4 сомонӣ ройгон хизматрасонии тиббӣ карда шудааст.
Маблағи умумии барои таъмир ва корҳои сохтмонӣ ҷудокардашуда 1 миллиону 378 ҳазору 759 сомониро ба ин нуҳмоҳа ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ - ин таҳлили биохимиявӣ ва ташхису таҳлилҳо дар асбобҳои ҳозиразамон мебошад, ки бо ин мақсад 490 ҳазору 252 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 дар системаи госпиталӣ 25 ҳазору 123 бемор бистарӣ кунонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 987 бемор зиёдтар мебошад. Аз ин шумора бо нақлиёти ёрии таъҷилии ноҳия 4,1% беморон ба беморхонаҳо оварда шуда, 60% беморон бо роҳхатҳои муассисаҳои КАТС бистарӣ кунонида шуда, 35,9% беморон бошанд, тариқи худмуроҷиакунӣ ба беморхонаҳо бистарӣ кунонида шудаанд.
Давоми нуҳ моҳи сипаришуда дар шуъбаҳои ҷарроҳии системаи госпиталӣ 3864 беморон бистарӣ кунонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173 бемор зиёд мебошад. Аз онҳо 1467 нафар бемор ҷарроҳӣ карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 96 нафар зиёд мебошад.
Давоми нуҳ моҳи соли 2017 дар шуъбаҳои таваллудхонаи ноҳия 3787 тифли навзод таваллуд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 628 нафар тифл кам мебошад. Давоми нуҳ моҳи соли 2017 дар системаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ягон фавти модару кӯдак ба қайд гирифта нашудааст. Яъне ин нишон медиҳад, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла КАТС-и ноҳия тамоми корҳои лозимаро дар самти пешгирии таваллуди номатлуб ва пешгирии таваллуд дар занҳои бемор хуб ба роҳ мондаанд.
Барои хизматрасонии тиббӣ ва табобати кӯдакон дар системаи госпиталии ноҳия даҳ шуъба бо 136 кати табобатӣ фаъолият доранд, ки ба онҳо 16 нафар духтурон, ки дараҷанокии касбияшон 94% мебошад, хизмат мерасонанд. Давоми нуҳ моҳи соли 2017-ум 3794 кӯдак бистарӣ кунонида шудааст, ки аз онҳо 66%-аш тариқи худмуроҷиат ва 34%-ашон тариқи роҳхатҳо бистарӣ кунонида шудаанд.
Дар ноҳия миқдори умумии катҳои сонатикӣ 391-торо ташкил менамояд, ки аз ин дар соҳаи амрози дарунӣ 11 шуъба бо 221 кат, амрози асаб 4 шуъба бо 90 кати калонсолон ва 10 кати кӯдакона ва соҳаи амрози дил 3 шуъба бо 70 кати табобатӣ фаъолият доранд. Дар шуъбаи амрози дарунӣ 16 нафар духтур фаъолият доранд, ки аз ин як нафарашон номзади илми тиб ва 94%-ашон духтурони дараҷанокидошташударо ташкил мекунанд. Дар ин шуъбаҳо давоми нуҳ моҳ ҳамагӣ 3248 бемор бистарӣ гаштааст, ки тариқи худмуроҷиат 76% ва тариқи роҳхат 24%-ро ташкил менамояд.
Дар шуъбаҳои амрози дил 6 нафар духтурон фаъолият доранд, ки аз онҳо як нафарашон номзади илми тиб ва ҳамаи шаш нафар тахассусҳои дараҷанокиро доро мебошанд, ки ин 100%-и духтуронро ташкил менамояд. Дар ин шуъба давоми нуҳ моҳи соли сипаришуда 1398 бемор қабул карда шудааст, ки иҷроиши катҳо 100,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар шуъбаи асабшиносӣ 10 нафар духтурон фаъолият доранд, ки 9 нафари онҳо духтурони дараҷаи олидор буда 1 нафарашон духтури ҷавон мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи кӯдакона 2366 бемор бистарӣ кунонида шудааст.
Дар системаи госпиталии ноҳия 1 шуъбаи физиотерапевтӣ ва 10 ҳуҷра фаъолият доранд, ки дар онҳо 60 адад таҷҳизоти тиббии муосир мавҷуд мебошанд. Давоми нуҳ моҳи соли 2017 ба 1162 беморон хизмати тиббӣ расонида шудааст, ки 21% фоиз беморони бистаригашта муолиҷаи физиотерапевтӣ гирифтаанд.
Дар сохтори таҳлилгоҳҳои беморхонаи марказӣ давоми нуҳ моҳ 111630 таҳлилҳои клиникавӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 58 ҳазору 658 ташхис ба шахсони дорои имтиёз ройгон гузаронида шудааст. Дар ҳуҷраҳои ултрасадо бошад, ба 3226 нафар бемор ройгон муоина гузаронида шуда, 5826 нафар беморони бистаришуда ва 3802 нафар беморони амбулаторӣ мебошанд, ки шумораи умумии беморони қабулшуда 9628 нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми нуҳ моҳ дар шуъбаҳои рентгенӣ ба 9902 нафар ташхиси нури рентгенӣ гузаронида шудааст.
Дар дармонгоҳи ташхисию машваратии беморхонаи марказӣ 12 нафар мутахассисони гуногуни дараҷаи олӣ фаъолият доранд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 4488 нафар беморон табобату машварат гузаронида шудааст, ки аз ин 1966 бемор бистарӣ гаштаанд, ки 654 нафарашон кӯдакон мебошанд. Ба боқимонда беморон тавсия оид ба муолиҷаи амбулаторӣ дода шудааст.
Дар мусоҳиба бо мо сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Б. Ғафуров, номзади илми тиб Ҷӯраев Муродҷон Абдуалиевич иброз намуданд: «Мо кормандони соҳаи тандурустӣ ҳар қадаму ҳар нафас ёриҳои беғаразонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализодаро эҳсос менамоем. Танҳо давоми ду соли охир иловатан ҷудо гардидани зиёда аз 3,5 миллион маблағҳои иловагӣ барои соҳаи тандурустӣ ин нишон аз хизматҳои беғаразонаи нафарони дар боло ёдшуда мебошад, ки то ба қадри зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ хизмати худро арзонӣ медоранд. Имрӯз соҳаи тандурустии ноҳияи калонтарини вилояти Суғд омодаи мураккабтарин табобатҳо мебошад. Инро дар мисоли бе ҷарроҳӣ резонидани сангҳои гурда ва табобати зиёд бемориҳо бо усули гиёҳдармонӣ метавон иброз намуд».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе - Суғд - Душанбе
МАЪЛУМОТИ МО:
Ҷӯраев Муродҷон Абдуалиевич 10.01.1975 дар шаҳри Душанбе дар оилаи табиб таваллуд шудааст. Падарашон Ҷӯраев Абдуалӣ, номзади илми тиб, устоди ДДТ ба номи А. Сино, модарашон Ҷӯраева Хайриниссо, муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи Хуҷанд. Соли 1981 ба мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе рафта, онро соли 1991 хатм намуда, худи ҳамон сол ба ДДТ ба номи А. Сино дохил шуда, онро соли 1997 бо ихтисоси духтури узвҳои даруна хатм намудааст. Солҳои 1997-98 интернатураи Беморхонаи марказии н. Б. Ғафуров, 1998-2001 - духтури шуъбаи амрози гурда, 2010 - ҳимояи рисолаи номзадии илми тиб, аз августи соли 2010 инҷониб сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Б. Ғафуров. Дорандаи Ифтихорномаи ҶТ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Духтури дараҷаи олӣ, падари чор фарзанд, оиладори намунавӣ.

Хонданд 580

Як пораи хотираи ман ба ду фарди бароям ниҳоят азизу муътабар, ки онҳо замоне дар давраи бачагӣ бо ҳам дӯсту бародар буданд ва рӯзгори пуршӯру шар ва қисмати талху вазнин бо гардиши айём онҳоро аз ҳам ҷудою бегона гардонд, бахшида мешавад. Якеаш олими машҳури соҳаи иқтисод, сиёсатмадори варзидаю фарди ҳалиму меҳрубон ва бениҳоят хоксору фурӯтан Талбак Назаров ва дигараш, ҳамсинфам, падари меҳрубону бародари ғамхор ва деҳқони хокпоши хоҷагии пахтакории ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) Абдусаттор Боронов, ки имсол пас аз маргаш бист сол гузаштааст, ба шумор мераванд.

Ҳар дуяш зодаи деҳаи Шингхо (ҳоло ин деҳа пас аз бунёди НОБ - и Норак зери оби баҳри Норак мондааст) буда, соли таваллудашон 1938 мебошад. То соли 1953 дар ҳамин деҳа умр ба сар мебаранд ва бо ҳам дӯсти қарину қадрдон будаанд. Баъд зиндагӣ онҳоро ба ҳар гӯшаи дунё партофтааст. Аниқтараш, баъди барҳам додани ноҳияи Кангурт соли 1953 оилаи Бороновҳо (онҳо: модар ва се бардар - Абдусаттор, Абдуҷаббор ва Абдураҳмон) ба деҳаи Қизил - Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Колхозобод муҳоҷир шуданду устод Талбак Назаров роҳи илму маърифатро ихтиёр карда, пас аз хатми факултаи иқтисодии Университети Давлатии Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) омӯзгори фанни иқтисоди сиёсии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (айни ҳол ДМТ) шуданд.
Ману Абдусаттор, воқеан ӯ аз ман 6 сол калон буд, соли 1961 мактаби миёнаи рақами 8 (айни замон рақами 33) - ро хатм кардем. Абдусаттор, азбаски сардори оила буд, пешаи деҳқониро интихоб кард ва табиист, ки бо ин шуғлаш ӯ ҳеҷ гоҳ аз деҳа ба ҳеҷ куҷо баромада наметавонист. Як бегоҳии фасли баҳори соли 1968 ба ҳавлиамон даромада, ба ман муроҷиат намуд:
- Зариф, пагоҳ мо бояд ба шаҳри Душанбе равем.
- Бе иҷозати роҳбар ман ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонам, - ҳайрон посух додам. Он замон ман дар идораи редаксияи «Ҳақиқати Колхозобод» ба ҳайси ходими адабӣ кор мекардам. - Ва баъдан чи зарурат пеш омад, ки ман ҳамроҳат ба пойтахт равам?
- Ту бояд маро бо устод Талбак Назаров рӯ ба рӯ кунӣ, - Абдусаттор мақсади асосиашро пинҳон мекард.
- Чӣ шуморо бо ҳам мепайвандад? - кунҷковӣ кардам. - Ва чи тавр ман туро бо устод рӯ ба рӯ мекунам, ки айни замон ӯ декани факултети иқтисодиёт буда, ба наздаш даромадан амрест муҳол ва аслан ман устодро намешиносам.
- Мо бо ҳам дӯстони давраи бачагием, - ранги рӯи дӯстам қадре тағйир ёфт. - Он тарафашро намедонам. Хоҳиши маро бояд иҷро кунӣ.
- Эҳ - ҳа, - аз ҳайрат китф боло кардам. - Ин қадар солҳо гузаштааст. Ҳоло он кас магар саломи моро алейк мегиранд. Ягон шахси баробарвазн ёфтан даркор.
- Туро корат ба дигарон набошад, - Абдусаттор ба фикрам қадре ранҷид. - Вазифаат, боз такрор мекунам, моро рӯ ба рӯ кардан. Ман ба назди ҳеҷ кас намеравам. Ягона шахси боваринокам ту мебошӣ.
Ноилоҷ розӣ шудам ва субҳи барвақт ба дафтари кори устод даромадам. Боадабона салом додам. Ҷавонмарди ниҳоят зебочеҳра сар аз навиштан бардошта, ҷавоби саломам дода пурсид:
- Хизмат?
- Устод…, - забон хоидам. - Илтимоси ман ғайриоддист…
- Гӯш мекунам, - на омиронаю на ҳалимона овозаш садо дод.
- Дар берун шуморо дӯсти давраи бачагӣ интизор аст, - зери обу арақ мондам.
- Кӣ будааст он дӯсти давраи бачагиям? - декан ҳайрон ба ман савол дод.
- Абдусаттор Боронов! - базӯр ҷавоб гардондам.
- Чаро худаш ба наздам надаромад? - тааҷҷуби устод афзуд.
- Аз ваҷоҳати вазифа ва солҳои зиёди ҷудоӣ ҷуръат накарданд, - худро сафед кардам. - Ва ӯ як деҳқони оддӣ мебошад.
- Аҷоиб, - гуфтанду Талбак Назаров қаламро болои навиштаҷот гузошта, аз ҷой хестанд. - Канӣ, пеш даро! - фармон доданд. - Ку, ман он дӯсти давраи бачагиамро бинам.
Мо ба саҳни факултет баромадем. Он солҳо факултет дар мавзеи саристгоҳи Роҳи Охан қарор дошт. Ман, ки вохӯрии самимию гарму ҷӯшонро интизор будам, аз дастфишории кӯтоҳу сардонаи устод дар ҳайрат мондам. Абдусаттор низ аз чунин муносибат худро гум карда, дар ҳолати ногувор монд. Устод дарҳол ба дӯсти давраи бачагиаш савол дод.
- Ташрифи шумо бе мақсад нест? Гӯшам ба шумо?
- Ҳамин… додарам, - Абдусаттор сурху сафед шуда, даст ба қафо бурда, бо азоб овоз бароварда, Абдураҳмонро нишон дод, - қарздор…
- Чанд - то қарз дорад? - такроран пурсид устод.
- Сето…
- Эҳ - ҳа, - мад кашид декан. - Пас аз қарзи якум наомадед. Баъди қарзи дуюм муроҷиат накардед. Қарзи сеюм шуморо аз хоби ғафлат бедор кард. Дер шуд. Фармон кайҳо содир шудааст.
Хомӯшии вазнине байни мо ҳукмрон гашт. Акаву додар чун ҳайкалу чун шахсони гунаҳкор танҳо ба замин менигаристанд. Аҳволашонро дида, надонистам, ки ба онҳо чи тавр ёрӣ расонам. Вақте ба худ омадам, ки устод аллакай баргашта, ба дафтари кориаш даромада буд. Аз қафояшон беовоз даромадам ва кӯшиш намудам ба дилашон раҳму шафқат ҷой диҳам.
- Устод… охир ӯ … дӯсти давраи бачагиатон мебошад.
Декан бо шаст аз ҷояш хеста, ба наздам омада, бо зарда гуфт:
- Ҳамон дӯсти давраи бачагӣ замоне, ки ба даҳ тин зор будам, куҷо буд? Медонӣ, ки ман дар мусофират чи қадар рӯзҳои вазнинро паси сар кардам? Не, намедонӣ! Ҳамон дӯсти давраи бачагиам боре аз аҳволам пурсид? Замоне, ки ба сараш мушкилӣ афтид ӯ маро ба хотир овард.
Хеле баъд ба маънои гуфтаҳои устод сарфаҳм рафтам. Ҳамаи мо ҳангоме, ки шахсеро ба мансаби баланди давлатӣ таъин ва ё интихоб кунанд, ё бо қудрати ақлу заковат, донишу малакаи таҷрибаи корӣ ба вазифае соҳиб шавад, дар гирди хони пурнозу неъмат бо виқору худнамоӣ ба атрофиён ҳадс мезанем, ки фалонӣ дӯсти давраи бачагиям буд. Ва ӯро пас аз соҳибмансаб шуданаш ба хотир меорем.
Ба ҳар ҳол дилам ба ҳоли ҳамсинфам дар мегирифт ва боз савол додам.
- Устод, ҳеҷ илоҷаш нест? Охир ҳаёти додараш месӯзад?
- Исто, ки ту худат кистӣ? - Талбак Назаров рост ба чашмони маҳзунам нигарист.
- Ман коргари заводи Орҷоникидзе мебошам, - дурӯғ ҷавоб гардондам ва бо ин кирдорам хостам, ки ба дили устод раҳму шафқат биоварам.
- Дурӯғ мегӯйӣ, - декан дасти ростамро дошта ба тарафи худ кашида, ба кафу ангуштонам дида дӯхт. - Дастони коргар ин хел намешаванд. Ту ё муаллимӣ ва ё рӯзноманигор. Дониста мон, ки дили ман ҳам аз санг нест. Онҳо вақтро аз даст додаанд. Танҳо як роҳ мемонад. Аз сари нав имтиҳонҳоро супорида ба Университет дохил мешавад. Лекин ин дафъа даҳанялагӣ накунанд. Акнун, аз ту коргари заводи Орҷоникидзе эҳтиромона хоҳиш дорам, баромада рав…
Бо сари хам аз дафтари кории Талбак Назаров баромадам. Ҳар се паҳлӯи ҳам қадам мезадем. Ҳеҷ кас ёрои сухан гуфтан надошт. То меҳмонхонаи Душанбе хомӯшона омадем. Сукути аламоварро Абдусаттор хотима бахшид:
- Ҳамааш айби худам. Тайи ин қадар сол ман боре ӯро суроғ накардам. Худам гунаҳкор, худам…
Баъди суханони дӯстам чеҳраам кушода шуд. Гӯё санги вазнинеро аз болои дилам гирифтанд.
Солҳо гузаштанд. Факултети ҳуқуқшиносиро хатм карда, дар пойтахт ба кор мондам. Ва ҳар боре, ки устод Талбак Назаров дар кӯчаҳои шаҳр бо ман вохӯрад бо табассуми ба худаш зебанда аҳволпурсӣ мекунад:
- Ҳа, коргари заводи Орҷоникидзе, аҳволат чӣ хел?
Ман низ дар партави саволи устод бо чеҳраи шукуфон ҷавоб мегардонам:
- Ба монанди дӯстони давраи бачагӣ!
Ва ҳар дуямон он лаҳзаи хотирмонро ба ёд оварда, бо завқ механдем…
Ин сатрҳоро барои он ба хонандагони гиромӣ пешкаш намуда истодаам, то ки онҳо дӯстиро ҳеҷ гоҳ ба давраҳо тақсим накунанд. Он аз давраи худшиносӣ оғоз гардида, бояд беғаразона то охири умр давом кунад.

Зариф ҒУЛОМ, адиб

Хонданд 1790

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.