.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

«Сюрпризи солинавӣ»

Дек 16, 2017
Хонданд: 494

Cухане чанд аз бурду бохти дусолаи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ва тасмими мақомот барои таъсиси Маркази ягонаи дигар

Бо ҷамъбасти соли 2017 аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад. Қарори мазкур бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ба имзо расида, дар асоси он гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқии оператори давлатии ҶСК «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Гарчанде аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад, ба назар чунин мерасад, ки ҳанӯз аз бурду бохти он гузориши расмие чоп нашудааст ва чунин гузорише пешкаш мешавад ё на, ҳанӯз маълум нест. Вале, ба фикри мо, вақти он расида, ки раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Бег Сабур, ки бо пофишориҳои бевоситаи зиёда аз 10-солаи эшон маркази мазкур таъсис ёфта буд, бояд аз бурду бохти дусолаи ин марказ ҳисобот диҳад. Зеро суолҳои зиёде пайдо шудаанд, ки муштариёни алоқаи барқӣ ба онҳо посух мехоҳанд: Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ, ки бо мақсади назорати воридот ва содироти зангҳои байналхалқӣ ва интернет таъсис ёфта буд, дар тӯли фаъолияти худ чӣ суде овард? Ба буҷаи «Тоҷиктелеком» аз ҳисоби ба воситаи маркази мазкур гузаронидани трафики алоқаи байналхалқӣ чӣ қадар маблағ ворид шуд? Маркази ягонаи коммутатсионӣ чӣ қадар андоз ба буҷаи давлат ворид намуд? Баъди ба воситаи ин марказ гузаштани алоқаи байналхалқӣ чаро сифати алоқа паст шуда, арзиши он боло рафт? Оё маркази мазкур чун маркази назоратии трафики зангҳои байналхалқӣ ва интернет боқӣ монд ва ё ба маркази тиҷоратӣ табдил ёфт? Оё таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ боиси вайрон шудани қонунҳои зиддиинҳисорӣ нагашт ва рақобатро аз байн набурд? Даромади ба даст овардаи маркази мазкур ба куҷо меравад ва онро кӣ назорат мекунад? Ё чаро ҳанӯз ҳам кӯшишҳои ба воситаи маркази мазкур ба монополисти ягонаи бозори алоқаи барқӣ табдил додани ҶСК «Тоҷиктелеком» идома дорад?
Бинобар он, ки дар атрофи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ҳанӯз баҳсҳо зиёданд, ҷавоб додан ба саволҳои гузошташуда роҳи ягонаи батараф намудани шубҳаву гумонҳо ба ҳисоб меравад. Зеро аллакай дар васоити ахбори омма баҳси гарме ба амал омада, ишора меравад, ки фаъолияти дусолаи марказ нишон медиҳад, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҳам буҷаи ширкатҳо ва ҳам буҷаи давлат хеле зарар дидааст. Агарчи маълумоти расмие дар ин бора вуҷуд надорад ва инчунин маълум нест, ки даромади мегирифтаи марказ ба куҷо меравад, вале нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз бо ба истифода додани фаъолияти маркази мазкур арзиши зангҳои овозии байналхалқӣ хеле боло рафта, сифати он коҳиш ёфт ва пешбиниҳои масъулини Хадамоти алоқа, ки хеле мехостанд аз ширкатҳо барои терминатсияи трафик маблағи бештаре ба даст оранд, иҷро нашуд. Зеро якбора болоравии арзиши зангҳои байналхалқӣ ва то 50 - 60 дар сад кам шудани зангҳо боиси он гардид, ки даромади ширкатҳои мухобиротӣ аз ҳисоби трафики зангҳои байналхалқӣ ба куллӣ кам шуда, аз ин ҳисоб воридоти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз аксиз ва хироҷи иҷозатномавӣ низ ба буҷаи давлат хеле коҳиш ёбад. Ҳарчанд ба таври ошкоро намегӯянд, вале кам шудани даромад баъзе ширкатҳоро маҷбур кард, ки ҳатто ба ихтисори кормандон шурӯъ намоянд. Зеро баъди якбора болоравии арзиши зангҳои байналхалқӣ (аз 60 дирам то 1,5 - 2 сомонӣ) муштариён аз зангҳои овозӣ даст кашида, маҷбур шуданд, ки василаҳои дигари тамоси телефонӣ бо хешовандони худро ҷустуҷӯ намоянд. Яъне, аз ин ҳам ширкатҳо зарар диданд, ҳам буҷаи давлат.
Сабаби дигари зиёновар будани ин марказро коршиносон дар он медонанд, ки тамоюли фаъолият ва ҳадафҳояш баъд аз таъсис куллан тағйир ёфт. Зеро гузашти вақт нишон дод, ки агарчи тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматарсониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил шудааст, вале дар ниҳоят ин марказ ба як маркази сирф тиҷоратӣ табдил ёфта, бо нақзи қонунҳои зиддиинҳисорӣ бевосита манфиатҳои «Тоҷиктелеком»-ро ҳимоя карда, ширкати «Тоҷиктелеком»-ро ба ягона монополисти бозори алоқаи барқӣ табдил дода истодааст. Албатта, ин гуфтаҳо бесабаб нестанд. Зеро таҷриба нишон дод, ки агарчи дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф назорат гуфта мешавад, вале Хадамоти алоқа онро бевосита бо ҳадафи ба даст овардани даромад аз зангҳои байналхалқӣ ва бо ин роҳ наҷот додани ҶСК «Тоҷиктелеком» истифода бурда истодааст, чунки «Тоҷиктелеком» то ҳол дар вазъи хеле вазнини молиявӣ қарор дошта, қарзҳои зиёди дохиливу берунӣ дорад. Ба ҷуз вазъи молиявӣ, инчунин вазъи техникии он низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Инро зуд - зуд кандашавии хати алоқа ва хеле паст шудани сифати он тасдиқ мекунад.

Интернет
Аз сӯҳбат бо намояндагони баъзе ширкатҳои мухобиротӣ бармеояд, ки Хадамоти алоқа бо трафики зангҳои байналхалқӣ қаноат накарда, ба ҳамаи интернетпровайдерҳо дастур додааст, ки минбаъд трафики интернетро маҳз аз Маркази ягонаи коммутатсионии ҶСК «Тоҷиктелеком» харидорӣ намоянд. Агар чунин амал сурат гирад, «Тоҷиктелеком» воқеан ба монополисти ягонаи бозори алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад ва Маркази ягонаи коммутатсионӣ комилан хусусияти назоратии худро аз даст дода, сирф ба як маркази тиҷоратӣ табдил меёбад, ки ин на танҳо хилофи қонунҳои зиддиинҳисорӣ, балки хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ низ мебошад. Зеро, тибқи ин қарор, Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳуқуқ дорад, ки ба воситаи таҷҳизоти техникии худ трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернетро аз ҷониби операторони алоқаи барқӣ гузаронад ва назорат барад, вале худаш ҳуқуқ надорад, ки ба операторони алоқаи барқӣ интернетро бевосита фурӯшад. Марказ инчунин ҳуқуқ надорад, ки ҳамчун монополисти ягонаи фурӯшандаи интернет баромад кунад. Зеро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 ба ин марказ ҳуқуқ надодааст, ки ба сифати ба даст овардани даромад фаъолият кунад. Бояд махсус қайд кард, ки қарори мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ операторони алоқаи барқиро аз ҳуқуқи аз операторони хориҷӣ харидани интернет маҳрум накардааст.
Таҷриба нишон дод, ки ба воситаи маркази мазкур гузаронидани трафики алоқаи байналхалқӣ боиси на танҳо болоравии нарх, балки сабаби паст шудани сифати алоқа гардид. Агар дар оянда трафики интернет низ аз «Тоҷиктелеком» харидорӣ шавад ва бевосита тавассути ҳамин марказ гузарад, ҳам арзиши интернет 2-3 маротиба боло меравад ва ҳам сифати он комилан паст хоҳад шуд. Бинобар ин, набояд ин марказро ба маркази сирф тиҷоратӣ табдил дода, ҳуқуқи озодона бастани шартномаҳо аз ширкатҳо гирифта шавад ва набояд иҷозат дода шавад, ки Маркази ягонаи коммутатсиониро аз мақомоти назоратӣ ба мақомоти сирф тиҷоратӣ табдил диҳанд. Зеро моддаи 453-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Мустақилияти Шартнома» ном дорад, дар банди 1 ба таври дақиқ нишон додааст: «Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар ҳамин Кодекс, қонун ё ӯҳдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад».
То ба имрӯз ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи интернет мустақилона интернетро аз операторони хориҷӣ мехариданд ва ба муштариён дастрас мекарданд. Дар сурати садама ё аз фаъолият бозмондани трафики як ширкат трафики интернет аз ширкати дигар ба иҷора гирифта мешуд ва фавран трафики интернет барқарор карда мешуд. Ҳатто муштариён дарк намекарданд, ки дар трафики интернет садама ба вуҷуд омадааст. Агар харидории мустақими трафики интернет манъ карда шуда, танҳо аз «Тоҷиктелеком» харидорӣ шавад, он вақт дар сурати ба вуҷуд омадани садама, тамоми Тоҷикистон чанд муддат бе интернет хоҳад монд. Қатъи интернет боиси он хоҳад шуд, ки бонкҳои кишвар, корхонаҳое, ки ҳама табодулашон бо интернет вобастагӣ дорад ва ҳатто давлат зиёни ҷиддӣ бинад. Ин на танҳо зарари бузурги иқтисодист, балки метавонад ба амнияти кишвар низ халал ворид кунад, ки инро касе намехоҳад. Бинобар ин, Хадамоти зиддиинҳисориро зарур аст, ки аз табдили Маркази ягонаи коммутатсионӣ ба маркази тиҷоратӣ пешгирӣ кунад ва роҳ надиҳад, ки операторон аз ҳуқуқи мустақилона бастани шартнома ва дастрас намудани трафики интернет маҳрум карда шаванд, зеро ин комилан хилофи қонун аст.

Боз «сюрприз»: Маркази нав
Ба назар чунин мерасад, ки ташкили Маркази ягонаи коммутатсионӣ охири кор набуда, тибқи гузориши хабаргузории «Озодӣ», мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд дар соли 2018 «Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ»-ро таъсис диҳанд: «Мувофиқа барои таъсиси чунин як марказ ҳафтаи гузашта миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои интизомӣ ҳосил шудааст». Тибқи лоиҳа, дар сурати таъсиси чунин як марказ компютерҳои ҳамаи марказҳои муштариёни алоқаи барқӣ ва дилерон ба маркази ягона пайваст карда шуда, ҳангоми фурӯши симкортҳо ва ба қайд гирифтани муштарӣ ҳама маълумотҳои муштарӣ ба таври худкор ба махзани ягона ворид мешавад. Дар он ҳолат барои аз тарафи мақомоти марбута гӯш кардани тамосҳои муштариён дигар зарурияти гирифтани иҷозаи суд боқӣ намемонад, ки ин комилан хилофи моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар моддаи мазкур гуфта мешавад: «Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда шуда, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани маълумот манъ аст». Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба таври возеҳу равшан операторонро ӯҳдадор карда, мегӯяд: «Сирри гуфтугӯҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя карда мешаванд. Ҳамаи операторони алоқаи барқӣ ӯҳдадоранд, ки сирри гуфтугӯҳо ва ахбороти ирсолшавандаро махфӣ нигоҳ доранд».
Пас, саволе ба миён меояд, ки чи гуна метавон марказеро таъсис дод, ки хилофи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои кишвар бошад? Вақте Конститутсияи кишвар ва қонунгузориҳои гуногун кафолати махфияти гуфтугӯҳои шаҳрвандонро додаанду бо қарорҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шудаанд, чи гуна дидаву дониста, бар хилофи он амал намудан мумкин аст? Коршиносон иброз медоранд, ки «Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни алоқаи барқӣ» дар сурати таъсис ёфтанаш метавонад ҳатто салоҳияти суду прокурор ва дигар мақомоти оперативӣ - ҷустуҷӯиро ба зиммаи худ гирифта, дилхоҳ тамосро гӯш кунад, ки ин комилан хилофи қонун ва хилофи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Зеро қонун гӯш кардани тамоси ин ё он нафарро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо қарори суд иҷозат медиҳаду халос. Таъсиси чунин як марказ ҳатто метавонад кишвари моро ба чашми созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ чун поймолкунандаи ҳуқуқи инсон муаррифӣ кунад, ки набояд ба он роҳ дод.
«ФАРАЖ»

Хонданд 494

Чаро дили халқ ба ришвахӯрон месӯзад?

Мардум дар кӯчаву нақлиёт ошкору ниҳон, аммо дар доираи дӯстони худ баҷуръаттар аз мавҷудияти коррупсия дар сохтори давлатӣ ҳарф мезананд. Ба андешаи онҳо, аз дасти милиса, омӯзгор, духтур, нотариус, судя ва ҳар корманди давлатӣ бӯи тамаъ меояд. Аҷоиб. Агар ин ҳама воқеият аст, пас чаро хомӯшем? Гӯё намедонем, ки Агентии зидди коррупсия дорем, то ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо ба кормандонаш муроҷиат кунем. Афсӯс, ки ин ҳамаро медонем, лек ба як миллати бетараф табдил ёфтаем ва ҳамкорӣ бо ин мақомотро ор меҳисобем. Ҳатто нисбати нафари поквиҷдоне, ки барои дастгир кардани ришвахоре мусоидат кардааст, бо нафрат менигарем. Ҳамсоя, хеш ё ҳамкорамонро, ки бо тамаъу ришва хона сохтаву кайфу сафо дорад, ҳимоятгарона мегӯем: «Молодес, қандаша занад, гург аст, ҳаққи худашро соҳиб аст». Дилхоҳ ҳақиқатҷӯро нафратангез «аризабоз»-у масхараомез «коммунист» гуфта, аз ӯ фосила мегирем. Пас, мо аз куҷо метавонем садои он момодояро, ки дар таваллудхона аз мо 200 ё 500 сомонӣ тамаъ мекунад, сабт кунему назди корманди агентӣ равем. Неъ. Ҳаргиз ин корро намекунем. Бахусус ҳангоме, ки зан тамаъҷӯ аст, мо омодаем ба як порадеҳи шердил табдил ёбем. «Вайҳо ҳам зиндагӣ доранд» мегӯем. Яъне, мо халқи дилсӯзем. Диламон ба тамаъҷӯён месӯзад. Пас биёед якрӯ шавем. Ё бо мақомот ҳамкорӣ намоем, ё ғайбатро бас кунем. Зеро аз ин нигоҳ, муқовимат бо коррупсия мақоли «Ҳам дар наъл мезанию ҳам дар пошна»-ро ба хотир меорад. Ҳол он ки, дар бисёр маврид зимни додугирифтҳои коррупсионӣ на фақат порагир, балки порадеҳ низ манфиатдор аст. Масалан дар донишгоҳ ҳангоми иҷрои ин амал омӯзгор соҳиби «нон» мешавад, донишҷӯ бесаводии худро рӯйпӯш мекунад. Ё «якдигарфаҳмӣ» бо корманди БДА аксар вақт ба манфиати ронанда анҷом меёбад. Ҳар муаллим ё корманди БДА, ки покниҳод асту бо мо «созиш» намекунад, он сӯ рафта «мараз»-аш мегӯем.

Ҳамин тавр, аксари мардум дар бархӯрд бо коррупсия мисли буқаламун (хамелеон) рафтор мекунанд. Яъне, ҷомеаи мо мехоҳад «хитрый» бошад, то бидуни пора камбудиҳояшро рӯйпӯш кунад. Лек, мебахшед, дар зиндагӣ қонунҳои сиёҳи нонавиштаро наметавон гӯл зад.

Дил ба қиблае месӯзад, ки сӯяш тамаъҷӯён саҷда мекунанд
Агарчи фанатҳои динӣ мансабдорони моро дунёпараст мегӯянд, дар асл воқеият чунин нест. Бисёре аз мансабдорон ошкору ниҳон намоз мехонанд. Ҷойнамози чорқатшуда дар ҳуҷраи кории баъзе ташкилоту идораҳо, ки соҳибаш шояд гоҳо пинҳон кардани онро фаромӯш мекунад, аз садоқат ба ислом дарак медиҳад. Лек вақте чунин ашхос порахӯранд, суоле дар зеҳн бозӣ мекунад, ки чаро ин тоифа сарфаҳми намозхонӣ мераванду ҳиҷ намехоҳанд эътироф кунанд, ки тамаъ ҷустан гуноҳ ва ришва ҳаром аст!? Бо онҳое, ки чунин рафтор мекунанд, ғоибона ба ин зайл гуфтугӯ мекунам: «Дар Қуръон ва ҳадисе, ки Шумо хондед, саҳифаи маҳкумкунандаи ришва кандагӣ буд? Медонам, Шумо ҳангоми тамаъҷӯӣ ном ва миқдори пулро ба забон намеоред, то ҷинояткориатон исбот нашавад. Бисёр ҳолат мегӯед, ки «ин гапи телефонӣ нест, биёед аз пеш сӯҳбат мекунем». Чун медонед, ки дар даромадгоҳи коргоҳатон нахуст телефони шаҳрвандро мусодира мекунанд, то мабодо дағалӣ ё суханҳои тамаъолудаатонро сабт накунад. Бо ин вуҷуд, эҳтиёт мекунед. Айёмро гунаҳгор месозед, мегӯед «замона ҳамин, одамгарӣ кардан даркор, чойчақа лозим, дуо диҳед, хабар гиред, дасти холӣ наоед». Хулас, бо ибораҳои нестдарҷаҳон мақсадатонро мефаҳмонед ва пора мегиред. Яъне механизми мубориза бо ришвахории давлатро фиреб медиҳед. Лек Худоро чӣ гуна гӯл мезанед? Магар намедонед, ки бо забон тамаъ кардан он сӯ истад, ҳатто агар бо қалб тамаъ кунед, Худо аз вазъ огоҳ ва луқмаатон ҳаром мешавад. Агар ин шакл рафтор доред, сад ҳайфи қиблае, ки ба сӯяш саҷда мекунед!

Вақте фаҳмиш дигар асту қонун дигар…
Вақте коррупсия мегӯм, он ҳолатеро дар назар надорем, ки як шаҳрванд аз сидқи дил дар заминаи фалсафаи зиндагифаҳмӣ, ноаёнакак ба кисаи духтур ё муаллим 5 сомонӣ мегузорад. Ҳарчанд чунин одат ҳам хуб нест. Сухан аслан сари тамаъ меравад. Вақте духтур маблағ тамаъ мекунад, моддаҳои Конститутсия пеши назар меоянд, ки чунин мазмун доранд: «давлат ҳифзи саломатиро ба инсон ва шаҳрванд ройгон кафолат медиҳад». Бо ин вуҷуд, хаёл мекунӣ тоҷик боре Конститутсия нахонадааст, ки то дар кисааш пул набошад, беморхона намеравад. Аслан ҳам тасаввур кунед, агар дар беморхонаву дорухона ба ҷойи пул китоби Конститутсия бароварда, моддаи даркориро қироат кунӣ, ё ба ҳолат механданд, ё зимни ҷарроҳӣ докапорае дар дохили шикамат фаромӯш мешавад. Яъне зиндагии мо ба қонунҳоям мутобиқ нест. Пас, чунин моддаҳоро бояд аз Конститусия ҳазф кард, то ин санади олӣ назди мардум «дурӯғгӯ» нашавад.

Коррупсия давлатро бадном мекунад!
Воқен, коррупсия як зуҳуротест, ки обрӯи давлатро дар сатҳи байналмилалӣ мерезонад, барои воридшавии сармоя ба Ватан садд мегузорад ва ҳисси эътимоди халқро ба ҳукумат кам мекунад. Бо дарки чунин оқибатҳои нангин - доштани амалҳои коррупсионӣ, давлати Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррпусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қабул кардааст, ки дар ин замина талошҳо сурат мегиранд, то вазъ ба таври мусбат тағйир ёбад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми ахири худ аз мушкилоти мазкур изҳори нигаронӣ намуд. Мардум ҳам дар умқи дилашон аз кирдорҳои коррупсионӣ хаста шудаанд. Воқеан, агар мо мехоҳем ҳарчи зудар аз коррупсия халос шавем, бояд ин пешниҳодҳоро баррасӣ кардаву бипазирем ва он гаҳ эҳтимолан тамаъҷӯиву порадиҳию ришвахорӣ аз байн равад:
1. Тамаъҷӯӣ? Курсиро супор! Ҳар кӣ бо ҷурми тамаъҷӯӣ дастгир ва гуноҳаш собит гашт, бигзор аз ҷои кораш маҳрум шавад ва минбаъд дар сохтори давлатӣ кор накунад. Биравад суроғи бахши хусусӣ, каланд занад, бозорнишин шавад ё мардикор бошад, то аҳволи ӯ барои дигар ҳамтоҳояш дарси ибрат гардад. Дар ин сурат хавфи сар задани амалҳои коррупсионӣ аз байн меравад ва дар як вақт кӯдакони чунин афрод ҳам соҳиби як бурда нон гардида, адолати иҷтимоӣ таъмин мешавад. Яъне на сих месӯзад, на кабоб. Аммо дар ҷомеаи мо бозгашти омӯзгорон ё кормандони давлатӣ ба ҷойи кори худ баъди содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ воқеиятест, ки ба он ҷомаи қонунӣ мепӯшонанд. Яъне мегӯянд, ки қонун чунин ҳолатро иҷоза медиҳад, агар онро суд манъ накарда бошад. Таҳлилгарони хатлонӣ дар посух ба суоли он, ки «оё чунин «ғамхорӣ» дигар омӯзгоронро ба гирифтани пора шердил намекунад?», мегӯянд: «На». Тарафдорони ин фикр ба он боваранд, ки вақте устоди донишгоҳ ё корманди давлатӣ ба дасти Агентии зидди коррупсия меафтад, ин худ бешарафӣ, хиҷолатмандӣ ва як навъ ҷазост. Хеле аҷиб! Магар корманади бошараф ва нафаре, ки чӣ будани хиҷолатро мефаҳмад, порахӯр мешавад? Вақте ки як масъул ҳангоми пора гирифтан аз соҳиби пул шарм накард, пас чӣ гуна аз ҳамтоҳояш шарм мекардааст, он ҳам дар ҳоле, ки аксарашон шояд мисли худаш тамаъҷӯю порахӯранд?!
2. Телефонатро насупор! Ба корафтодагон иҷоза дода шавад, то бо телефонҳои дастии худ вориди дилхоҳ идораи давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаванд. Тарс аз сабти телефонӣ боис мешавад, ки мансабдор тамаъ накунад, шаҳрванд мавриди шиканҷа, таҳқир, тӯҳмат ё дашному ҳақорати корманди мақомот қарор нагирад ва дар сурати рух додани чунин ҳолат ҳам гунаҳгор будани кадом тараф зуд муайян мешавад ва судя низ зимни баровардани ҳукм азоби виҷдон намекашад.
3. Ҳамтабақӣ бас! Гирди як миз нишастану бо ҳам тановул кардани мансабдорон (ҷуз тӯю маъракаҳо) манъ шавад. Зеро вақте афроди калидии давлат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар нисфирӯзӣ якҷо нишаста таом мехӯранд, дар натиҷа миёни эшон муносибатҳо дар заминаи «ҳурмати нону намак» пайдо мешавад ва бо якдигар ба ҳадде унс мегиранд, ки гӯӣ «акаву додар» бошанд. Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, барои мисол аз болои қарорҳои суд ба прокуратура ё баръакс шикоят бурданд, мантиқист ва натиҷаи хуб ҳам медиҳад. Чунки мансабдорон якдигарро хуб намешиносанд, аз ҳамдигар шубҳа карда, ба амалҳои коррупсионӣ даст намезананд ва ё ҳангоми баррасии арзу шикваи мардум боадолатона қарор бароварда, «азоби виҷдон» ҳам намекашанд, яъне «ҳамтабақон»-и худро хафа намекунанд. Маҳз ҳамин фарҳанги дастурхондории мо дилхоҳ судяву адвокату корманди дигар мақомотро новобаста аз помириву суғдиву хатлонӣ буданаш дар як лаҳза дӯсту қарин намуда, ба шахси боваринок табдил медиҳад ва талошҳои давлат дар самти решакан кардани амалҳои коррупсионӣ барҳадар меравад. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, аксар вақт мансабдорони сатҳи шаҳру ноҳияро бо ҷурми тамаъҷӯӣ кормандони мақомоти сатҳи минтақавӣ, вилоятӣ ё ҷумҳурӣ дастгир мекунанд, ҳол он ки, мақомоти сатҳи ноҳиявӣ низ тавассути порадеҳони шартӣ метавонист чунин тамаъҷӯёнро ошкор кунад. Аммо «ҳамтабақӣ» имкон намедиҳад, ки ин навъ ҷиноятҳо ошкор карда шаванд.
4. Заминро фурӯшед! Чун дар бисёр маврид объекти додугирифтҳои коррупсионӣ замин аст, бигзор заминфурӯширо қонунӣ кунанд. Зеро замин ҳам чун дигар сарватҳои табиӣ моликияти давлат аст. Ман ҳиҷ сарфаҳми кори ҳуқуқдонҳоро нарафтам. Чаро давлат об, ҳезум, кон, бузҳои кӯҳӣ ва ғайраро фурӯхта тавонаду заминро не? Замин бояд фурӯхта шавад. Зеро, бе ин ҳам ройгон дастрас кардани замини наздиҳавлигӣ қариб ки ғайриимкон аст. Аз ниёзмандии мардум ба замин миёнравҳо истифода карда, пул мегиранд, соҳиби қасру кӯшк ва мошинҳои рангобаранг мешаванд. Аз он, ки маблағи замин ба кисаи корманди ҷамоат ё кадом қаллоби дигар меравад, беҳтар нест, ки он ба кисаи давлат дарояд, буҷа ғанӣ шавад, «Роғун»-ро созанд ё роҳҳоро таъмир кунанд?
Бояд гуфт, заминҳое, ки то 10 км дуртар аз маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд, бигзор ҳар сотихаш 3 ҳазор сомонӣ нарх дошта бошад ва бо назардошти камзаминии Тоҷикистон 6-сотихӣ тақсим ва он ҳам ба ду оила дода шавад. Яке аз оилаҳо дар ошёнаи якум, дигаре дар ошёнаи дуввум зиндагӣ кунад. Лоиҳаи маҳаллаҳо тарзе кашида шавад, ки сокинони ошёнаҳои якум ба як кӯча ва сокинони ошёнаҳои дуюм ба кӯчаи дигар дарвозаи даромаду баромад дошта бошанд. Дар ин сурат сатҳи коррупсия коҳиш меёбад ва мушкили бехонагии мардум то ҷое ҳалли худро меёбад. Ин пешниҳод барои афроде, ки хона доранд, хандаовар аст. Зеро савора кай ғами пиёдаро дорад? Бовар кунед, тӯй кардан ё мурдан дар хонаи худ охирин армони ҳар тоҷик аст. Ин ҳодисаҳоро дар хонаи иҷора пешвоз гирифтан хеле хиҷолатовару дарднок мебошад. Суханҳои гиряолуди як кампир ҳич аз ёдам намеравад, ки мегуфт: «Дар дари хонаи мардум мурдан намехоҳам».
Он ҷанҷолҳои хонаводагӣ, ки ба оилабарҳамхӯрӣ хотима меёбанд, аксаран дар атрофи замин ва хона аст. Агар тақсимоти замин одилона сурат гирад, 3 сотих замин ва як кулбаи муваққатӣ кофист, ки садҳо оила аз парокандагӣ эмин монанд.
Мутаассифона, дар баъзе маврид заминҳо, бахусус заминҳои наздик ба маркази ноҳия насиби соҳибкорону мақомдорон ё афроди наздик ба онҳо мегардад, ки дар асл баъзеашон ҳеҷ ниёзе ба замин надоранд. Ба муаллим ва духтуре, ки дар маркази ноҳия кор мекунад, 10-20 км дуртар аз ҷойи кораш дар як биёбон замин медиҳанд, ки агар он ҷо хона бунёд кунад, маҷбур аст ҳар рӯз 20 сомонӣ роҳкирою 10 сомонӣ «обедпулӣ» сарф намояд. Агар маошро бо ин хароҷот муқоиса кунем, тақсимоти замин ғайримантиқӣ ба назар мерасад. Хона бояд ба коргоҳ наздик бошад, то хароҷот кам шавад. Имрӯз садҳо оилаи зиёӣ дар шаҳрҳо маошро гирифта рост ба ҷайби соҳибхона ҳамчун ҳаққи иҷора месупоранд. Аз ин лиҳоз, ҳиҷ не, ки 1-и онҳо 2 шавад. Зеро хона ба объекти даромати муфти баъзеҳо табдил ёфтааст. Дар як шаҳре, ки анқариб нисфи хонаҳояш ба иҷора дода шудаанд, қариб ҳеҷ соҳибхона ба давлат андоз намесупорад. Дар ин маврид нозирони минтақавӣ, раисони маҳалла ва махсусан масъулони андоз дар даҳон об гирифта мегарданд. «Как будто, нечего не было». Ба ин хотир, ман ҳоло намегӯям, ки бо назардошти камзаминии Тоҷикистон бояд хариди хона маҳдуд карда шавад. Зеро эҷодгарони қонун эҳтимол худ ба як хона қаноат намекунанд. Барои ин ман аввалан пешниҳод карданӣ будам, ки мафҳуми «ҳама дар назди қонун баробаранд» аз Конститутсия ва қонунгузориҳо хориҷ карда шавад. Фақат дар ин сурат депутатҳо қонунҳои барои мардум манфиатнок пешниҳод ва қабул карда метавонанд. Масалан агар дар қонун нависем, ки «шаҳрвандон ҳақи аз як хона зиёд доштанро надоранд ва як вергул гузошта, «ҷуз вакилон» гӯем, он вақт эҳтимол ин қонун қабул гардида, нархи хона поин равад ва мардум аз азоби дарбадарӣ халос шаванд. Аз ду сар ҳама дар назди қонун баробар нестанд. Вакилон ва мақомдорони сатҳи олӣ дахлнопазиранд. Ин меъёр дар Конститусия мустаҳкам шудааст. Як бор Конститутсия хонед! Аз калимаи нобаробарӣ набояд ҳаросид. Дигар ин мафҳум инқилобангез нест. Ҳамаамон ба чунин муҳит одат кардаем. Охир, воқеияти зиндагии мо ҳамин аст. Инсон аз дурӯғ дида, ба ҳақиқат зудтар унс мегирад.
5. Пора додӣ, ҷарима супор! Порадеҳон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро вақте як касро бо ҷурми қаллобӣ дастгир мекунанд, «тапар-тупур» сар мешавад. Даҳҳо даъвогар чун замбурӯғҳои баъди борон пайдо шуда, мегӯянд, ки «ин қаллоб аз мо ҳам фалон миқдор доллар гирифтаву ваъдаи замин карда буд». Эъ, то ин вақт куҷо будед!? Гӯё намедонистед, ки заминро намеха-ра-н-д, балки онро бояд мақомот ройгон диҳад. Инро медонистед, аммо барои манфиати худ бо ҷинояткор забон як карда будед-ку! Агар порадеҳро ҷавобгар кунанд (ҷарима банданд), чашми дигарон метурад. Албатта, вақте мегӯяд, ки «тавони пардохти ҷаримаро надорам», ба ӯ бояд гуфт: «Порапулӣ меёбӣ-ку!».
Хуллас, бо ҷазо додани порадеҳон, ки дар бисёр маврид мақомот аз онҳо «фиребхӯрдагон» ном мебарад, метавон то ҷое сатҳи ришвахориро паст кард. Порадеҳ кӯдак нест, ки ӯро «фиребхӯрда» унвон кунем. Дилсӯзӣ ба порадеҳон бас аст!
6. Муборизаи виҷдонӣ пурзӯр карда шавад. Агарчи ҳарфи рӯҳониён дар муқовимат ба коррупсия таъсирбахш ба назар рассад ҳам, лек иштироки онҳо дар фаҳмондадиҳиҳои зидди коррупсионӣ мушоҳида намешавад. Ё шояд масъулон намехоҳанд шунаванд, ки даромади пулӣ аз ҳисоби тамаъҷӯиву порахӯрӣ макрӯҳ аст? Бигзор диндорон ошкоро гӯянд, ки тамаъҷӯӣ гуноҳ ва пули бо ин роҳ ба даст омада макрӯҳу ҳаром аст. Шояд он вақт ақаллан мансабдорони намозхон сари хулосае меоянд. Наход ибодати онҳо барои аз мардум «бонус» гирифтан бошад?

Анҷом
Таҳлилгарон боло бурдани маошро роҳи аслии аз байн рафтани коррупсия маънидод мекунанд. Вақте мансабдоре бо 10-20 ҳазор доллар пора ба даст меафтад, пас маошашон бояд ба ин андоза бошад? Ҳатто чанде пеш як мансабдори тоҷикро дар ҷараёни «обулойкунӣ»-и мабалғҳои грантӣ бо ним миллион доллар пора дастгир карданд. Аз ин нигоҳ, мо бояд маошро 500 ҳазор доллар муқаррар кунем.
Дар маҷмӯъ, суоли матраҳ ин аст, ки агар омӯзгор ё ҳар корманди дигар 2 ё 4 ҳазор сомонӣ маош гирад, аз ришвахорӣ даст мекашад ё на? Таҷриба нишон додааст, ки «на». Чунки дар ҷамъияти мо порагириву порадиҳӣ кайҳо ба як одати хунӣ табдил ёфтааст. Воқеият ин аст, ки фақат инсонҳои бовиҷдон метавонанд бо маоши беҳтар қаноат кунанд. Вақте инсон дониш дораду инсоф не, дониши ӯ ба силоҳи хатарнок табдил меёбад. Бинобар ин, кадрҳоро бояд на фақат аз рӯи дониш, балки аз рӯи дараҷаи инсоф ва қаноатмандиашон ба вазифа таъин кард. Аммо кӣ бояд дар тафаккур ва рӯҳияи наслҳо ҳисси қаноатпешагиро парвариш диҳад? Албатта боз ҳам омӯзгор. Ба шарте, ки ӯ худ қаноатпеша бошад.
Хуллас, барои видоъ бо коррупсия аз ду роҳ якеашро бояд пазируфт. Ё кадрҳоро қаноатпеша тарбия кард ё маошро 500 ҳазор доллар муқаррар мекунем. Тамом, вассалом.

Марҳабо РАМАЗОНЗОДА, рӯзноманигор

Хонданд 725

Ахиран тасмим гирифта шудааст, ки дар асоси ворид намудани банди нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, мардони “сабукпо” низ ҷарима карда шаванд.

Ба пешниҳоди муҷозоте, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, равона гардид, ҷомеа гуногун бархӯрд мекунад. Пас аз расонаӣ шудани ин пешниҳод агар бархе онро дастгирӣ карда бошанд, бархеи дигар нисбати ин иқдом манфӣ бархӯрд мекунанд. Аз ҷумла, танфурӯшон норозигии худро нисбати ин тасмим баён намуда, мегӯянд, ки дар акси ҳол манбаи ягонаи даромадашонро аз даст медиҳанд. Як зани танфурӯш дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки “танҳо ҳамон вақт мардонро ҷарима банданд, ки барои ман барин занҳо ҷойи кор ташкил кунанд. Мо аз ҳисоби мардон зиндагиамонро пеш мебарем. Онҳоро ҷарима кунанд, занҳои танфурӯш чӣ кор мекунанд? Зиндагиамонро аз куҷо пеш мебарем”.
Ба гуфтаи ин зан, гарчанде хостааст ба рӯбучини хона ё нигаҳбонии кӯдакон машғул шавад, вале ӯро касе ба кор қабул накардааст: “Чанд дафъа хостам ба рӯбучини хона ё нигоҳубини кӯдакон машғул шавам, аммо касе хадамоти маро қабул накард. Вале вақте дар дар рӯзнома менависам, ки маҳс мекунам, ҳама занг мезананд”.
Дар Тоҷикистон то имрӯз танҳо занони фоҳишаву танфурӯш муҷозот мешуданд. Акнун, пас аз қабули банди нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ки дар аввали соли 2018 ба парлумони кишвар пешниҳод мешавад, мардоне, ки аз хизмати занони сабукпо истифода мебаранд, муҷозот хоҳанд шуд. Ба қавли Прокуратураи генералии Тоҷикистон, аз муҷозоти занони сабукпо дида ҷазои мардони “сабукпо” сахттар хоҳад буд.
Ба қавли масъулини Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи мазкур пешгирӣ намудани фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа мебошад, ки ҷавобгар ҳам ҷарима ва ҳатто ба ҳабси маъмурӣ кашида мешавад.
Ҷомеашиноси тоҷик Марям Давлатова чунин пешниҳодро дастгирӣ намуда, мегӯяд, ки танҳо зан наметавонад ин бозори ғайриахлоқиро нигоҳ дорад. Ӯ чунин мегӯяд: “Аз нигоҳи ахлоқ ва иҷтимоъ, зан ба танҳоӣ наметавонад ин бозори ғайриахлоқиро нигоҳ дорад. То талабот набошад, мол дар бозор мавқеъ пайдо намекунад. Танзими талабот аз ин нигоҳ ҳамчун усули сард кардани бозор усули хуб аст”.
Дар идома ӯ гуфт, ки аз ҷониби дигар дар мавриди пешгирии касодии ахлоқ ва пайдо шудани фоҳишагӣ, усулҳои дигар тарбияи дурусти фарзандон, афзоиши маърифати санитариву тиббӣ ва амсоли ин низ бояд корбаст шаванд. Зеро аксаран ба ин бозор занону духтаракон, қурбониёни хушунатҳои гуногун, аз ҷумла зӯровариҳои шаҳвонӣ дар айёми наврасиву кӯдакӣ ворид мешаванд.
Ба қавли ин ҷомешиноси тоҷик, агар ин тарзи муҷозот тавонад ҷомеаро эмин нигоҳ дорад ва арзишҳои волои миллатро ҳифз намояд, онро набояд сарфи назар кард.
- Баъдан, шояд ҳоло ҳомиёни дурӯғини демократия эрод бигиранд, ки нақзи ҳуқуқи инсон хоҳад буд. Демократия вобаста ба арзишҳои маънавию ахлоқии ҳар ҷомеа ташаккул меёбад ва агар ин тарзи муҷозот тавонад арзишҳои волои миллатро ҳифз намояд, бояд аз он истифода кард. Ҳарчанд дар ин маврид шояд танҳо ошкор кардани ному насаби ин одамон бо чеҳраву ҷойи корашон кифоя бошад,- мегӯяд ӯ.
Дар ин ҳол, Шаҳноз Комилзода, мутахассиси кор бо ҷомеа ин пешниҳодро ба манфиати кор намешуморад ва мегӯяд, ки ахлоқро ба таври иҷборӣ тарбият кардан ғайримкон аст. Ба қавли ӯ, бояд сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум боло бурда шавад.
- Албатта, ман мухолифи танфурӯшӣ ҳастам, аммо, мутаасифона, ин падида дар ҳама давру замон ва дар тамоми кишварҳои дунё буд, ҳаст ва фикр мекунам, то вақте одамизод вуҷуд дорад, боқӣ хоҳад монд. Ва ҷолиб аст ҷиноятро чӣ тавр муайян мекарда бошанд? Чӣ тавр исбот мекарда бошанд, ки оё воқеан ҳам он зан танфурӯш аст ва ё дилдодаи он мард? Ва оё фоҳишаро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном карда, барояш дастгоҳи чекбарор медиҳанд, ки дар асоси он танфурӯшии ӯро исбот мекунанд? Ин тағйирот роҳи ҳал нест ва як иқдоми беҳуда аст. Беҳтар аст як стратегияи дарозмуддатро тарҳрезӣ карда, ба таври идеологӣ аз рушди ин падида пешгирӣ кунанд,- мегӯяд ӯ.
Имрӯз бештари танфурӯшон шиква аз он мекунанд, ки агар маҷбур намешуданд, ба ин кор даст намезаданд. Аксарияти танфурӯшоне, ки дар канори ҷодаҳои Душанбе шабона ҷамъ мешаванд, сокинони минтақаҳои кишвар маҳсуб меёбанд.
Аълохуҷа Умарзод, як фаъоли ҷомеа чунин мешуморад, ки занон аз ночорӣ ба чунин кор даст мезананд ва агар ҳамаҷиҳата таъмин бошанд, ин касабаро пеша намекунанд.
- Барои солимгардонии ҷомеа ва поксозии он аз ин афрод қабл аз ҳама сатҳи зиндагии мардумро каме ҳам бошад, баланд бардоштан лозим аст. Бисёр занҳое, ки ба ин амалҳои ношоиста даст мезананду бо мардони ба қавле "сабукпо" муносибати маҳрамона доранд, сабаби асосиаш бо ҷои кор таъмин набудани онҳо мебошад. Аз ночорӣ барои рӯзгузаронӣ ба чунин амалҳо даст мезананд. Агар онҳо бо ҷои кор таъмин бошанд, фикр мекунам ба чунин амалҳои ношиста даст намезанд,- мегӯяд ӯ.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, бо ҷаримабандии мардони "сабукпо" низ ин қазия ҳалли худро намеёбад.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёд шудани шумораи фоҳишаҳо мақомоти тоҷикро нигарон кардааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта наздик ба ду ҳазор занро ҳамчун “занҳои бадахлоқ” сабт кардаанд. Ин мақомот изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз танфурӯшҳо мубталои бемориҳои сироятӣ буда, ин бемориҳоро байни мизоҷонашон паҳн мекунанд.
Вале, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар кишвар теъдоди фоҳишаҳо зиёду шумораи фоҳишахонаҳо кам шудааст. Қосимзода рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли 2015 дар Тоҷикистон 157 адад фоҳишахона сабт шудааст, ки нисбати соли пешӣ 37 адад кам мебошад.
Парлумони Тоҷикистон 15-уми октябри соли 2015 бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шаддидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд. Бар пояи ислоҳи қонуни онвақта дар давоми як сол агар танфурӯш бори дуввум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд.
Вале, ҳоло маълум нест, ки тарҳи пешниҳодӣ барои таъйини ҷазо барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, дар порлумон қабул мешавад ё не?

Фарзонаи УМАРАЛӢ, “ФАРАЖ” 

Хонданд 1330

Парчами мо қомати болои мост!

Нояб 25, 2017
Хонданд: 548

Ҳал сол 24-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни яке аз рамзҳои Давлати соҳибистиқлоли худ - Рӯзи Парчами миллиро ботантана ҷашн мегиранд.
Бояд гуфт, ки Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд. Зимнан, Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи Ваҳдат, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳо, арзиши фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти Давлат инъикос меёбад. Гузаштагони мо дар Парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардию тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир, ки тасвири нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он Парчам рамзи як Давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне, Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахустин ҳамчун иди миллӣ 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд. Бешак, Парчами давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мисоли равшани инро мо, ҷавонон дар олимпиадаву озмунҳо ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мушоҳида мекунем. Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони ватандӯст бо дастболо шудан ба ҳарифони худ, Парчами милли Тоҷикистонро баланд бардошта, бо ифтихор ба майдон мебароянд. Аз ин партавфишонии Парчами миллӣ тамоми мардуми Тоҷикистон ифтихор менамоянд. Ин аст, ки Сарвари давлат соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудааст. Онҳо, ки ояндаи миллату давомдиҳандаи кори аҷдодон ба ҳисоб мераванд, баҳрашон тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё намудаанд, то ин ки дар тамоми мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналминалалӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранду қомати мардуми тоҷикро боло намоянд.
Бо дидани Парчами миллӣ, беихтиёри касро ҳисси меҳандӯстиву ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад. Суханони Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми устувор намудани Парчами миллӣ ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ рӯй оварда буданд, айни муддаост: “Бигзор рӯҳи поки аҷдодони сарбаланду озодихоҳи мо, таърихи бисёрсолаи миллатамон истиқлолияти моро пуштибон ва мададгор бошад. Бигзор, Парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари мамлакати куҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад”.

Фариза ФАЙЗИДДИНОВА

Хонданд 548

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.