.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

Дуои нек барои Паём

Янв 06, 2018
Диданд: 1104

Ба номи Худованди ҷону хирад!

Ман бе ту даме қарор натвонам кард,

Эҳсони туро шумор натвонам кард.
Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯйе,
Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.
(Абулхайр)

Худои меҳрубон аз ду Паёмбараш дар Қуръон, дар сураи Наҳл, 120-121 ва сураи Исро-3 ёдовар мешавад ва мефармояд, ки Ҳазрати Иброҳим (ъ) ва ҳазрати Нуҳ (ъ) бандагони шукргузори ман буданд. Яъне, Худовандро аз шукргузории бандагонаш хуш меояд. Ва инчунин Худованд наҷоти башарият дар шукргузорӣ гузоштааст. Дар сураи Иброҳим, ояти 7 Худованд мефармояд, ки «агар маро шукргузорӣ кунед, барои шумо наъматамро зиёд мекунам ва агар дар неъматҳоям носипосӣ кунед, азобам хеле сахт аст».
Аз гуфтаҳои боло инро хотиррасон карданиам, ки бояд дар Тоҷикистони зебоямон хурду калон забони шукргузорӣ дошта бошанд. Азбаски бо мардум дар маҳфилу маъракаҳояшон нишаст дорам, гоҳ вақт мешунавам, ки баъзе мегӯянд «шукргузорӣ хубай, лекин ба чӣ шукргузорӣ кунем?», яъне аз баъзе норасоиҳо шикоят мекунанд. Ҳол он ки, Паёмбар (с) мефармояд, агар инсон як дандонковак дошта бошад, бояд шукргузор бошад.
Мо Худовандро шукргузорем, ки имрӯз мардуми тоҷик бо фазли Худо ва талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бисёри хоҳишамон расидем. Ва боз аз Худои меҳрубон умед дорем, ки дар оянда диёрамонро пешравиҳо, ободиҳо интизор аст. Чи гунае, ки дар урфият мегӯянд: «Банда бо умед, шайтон ноумед».
Аҳмади Дониш дар китобаш «Меъёру-т-тадайюн» овардааст, ки дар шаҳре, ки панҷ сифат мавҷуд набошад, марди оқил онро ба худ Ватан интихоб накунад:
1. Подшоҳи одилу ҳушманд;
2. Ободкунандагони шаҳр;
3. Обҳои ҷорӣ, чашма, то мардум зироат кунанд;
4. Вуҷуди атибо (табибон) ва ҳукамо (донишмандон), то ҳарду мардумро ҷисмиву маънавӣ тарбият кунанд;
5. Мардони саховатпеша то ғурабо, фақирҳои дохилӣ ва берунӣ.
Худоро сипосгузорем, ки аз ин фармудаи ҳукамо мардуми мо бархӯрдор ҳастанд.
Ҳар хидматеро, ки Пешвои миллат дар ин сарзамин ба сомон расонидааст, беҳисоб аст. Ба ин пешрафтҳое, ки ноил шудем, сабабгораш ҳам Пешвои миллат аст.
Паёмбар (с) фармудааст: «Беҳтарини Шумо касе аст, ки хайри ӯ ба мардумаш мерасад».
Паёме, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат расонида шуд, бори дигар умеди ҳамагонро ба ояндаи хубу нек қавӣ гардонд. Фикр мекунам, барои ваъдаҳое, ки дар Паём омадааст, бояд ҳар нафаре, ки пойбанди иҷрои кадом коре бошад, онро софдилона иҷро намояд. Яъне барои сохтани як ҷомеае, ки он обод бошад, зебо бошад, ором бошад, мардум молдор шаванд, аз тоҷик буданашон хурсанд бошанд, ҳеҷ гоҳ хавотиру ҳаросон набошанд, сарҷамъии ин миллат бисёр муҳим аст. Яъне мардум бояд гумони бад дар нисбати якдигар надошта бошанд, аз Пешвои миллат ҳамеша истиқбол кунанд, ба ҳар ваъдаву қонуне, ки анҷом дода мешавад, бовар кунанд.
Ба ҳар нафаре, ки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ ҳастанд, ҳамеша буғзу кина, ҳасад, адоват, бадбинӣ доранд, бовар надошта бошед. Як бор пеши назар биёред, ки инҳое, ки ба гуруҳҳо ҷудо шуданд, ба ҳизбҳо ҷудо шуданд ва имрӯз аз ободиҳои Тоҷикистон нороҳатанд, чӣ карданд? Ба ғайри фитна андохтан ва аз номи Ислом сӯйистифода кардан, сабабгори бисёри нафарҳо дар зиндонҳо шудан, аз Ватан бе Ватан шудани ин мардум дигар чизе аз инҳо ба мардум нарасидааст.
Ду кабӯтар боли ҳам шикананд,
Туъмаи гурбаро омода кунанд.
Аз мардуми хуби миллат инро хоҳиш дорам, ки бояд ба сухани Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) хуб диққат диҳед: «Мусалмонро аз як сӯрох ду бор мор намегазад».
Бояд ҳушёру зирак бошем, ҳамчунин, барои ин осудагиву ободиҳои доштаамон аз сафсатҳои ҳеҷ нафари дилсиёҳ пуштибонӣ накунем. Дар баробари ин, фаҳмондадиҳӣ дар дохили кишвар анҷом дода шавад.
Имсол ман ба чанд шаҳри Русия сафар доштам. Худи тоҷиконе, ки Худо ба онҳо ақл додааст, як калонтарро гӯш мекунанд, аз тоҷиконе, ки фирефтаи «Гуруҳи 24» ё ҳизби наҳзат, ё салафӣ, ё шиа шудаанд, бисёр нороҳат буданд.
Паёмбарамон фармудааст, ки дуо дар зиндагии мо ва охирати мо нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ҳар нафаре, ки моҳияти дуоро медонад, бояд даст бардошта, барои Ваҳдат, сарҷамъӣ, баланд шудани сатҳи зиндагӣ, инсоф, тавфиқ дуо кунад.
1. Дар иттиҳод қувват ва тавоноӣ афзоиш меёбад.
2. Корҳои муназзамро ихтилоф фосид мекунад.
3. Ихтилофҳо хазинаи ҷангҳо ҳастанд.
Ҳикоятеро барои сарҷамъӣ меорам: пирамарде 10 фарзанд дошт. Ҳамаашро дар назди худ ҷамъ кард ва ба ҳар кадомаш як навдаи дарахтро дод ва гуфт, ки ин навдаро шиканед. Ҳамаашон навдаҳои дар дасташон доштаро шикастанд. Баъдан дар дасти ҳар кадомаш 10 навдаро якҷо карда дод ва гуфт, ки навдаҳоро шиканед. Писаронаш ҳарчанд зӯр мезаданд, шикаста натавонистанд. Падар гуфт, агар ба танҳои бошед, шуморо мешикананд, агар ҳамаатон якҷо бошед, яктан бошед, қуввати душман ҳеҷ гоҳ ба шумо намерасад. Барои одами бофаҳм ин ҳикоят бисёр дарси муҳим аст.
Ку адофаҳме, ки бо абрӯ кунам кори забон,
То ба кай бо суфлатабъон ришҷунбонӣ кунам?
Дар охир дуо мекунам, ки ҳаргиз рӯзҳои сахту душвориро набинем ва моро бандагони шукргузор ва неъматҳояшро дар ин диёри мо зиёд гардонад.

Ҳоҷӣ МИРЗО

Хонданд 1104

Сӣ гул дар сабади як умр...

Дек 18, 2017
Диданд: 713

РУҶӮЪ...

13-уми январи соли 2017... Ҷумъа... Ҳаво сард...
Саҳаргоҳон ҳанӯз рӯз равшан нашуда буд. Ҳангоми ба кор рафтан дар роҳ дӯстам Хайруллои Фатҳуллоро дидам. Пас аз салом кардан пурсид:
- Хайр, навигариро шунидӣ? Телевизионро имшаб тамошо кардӣ?
Ба ростӣ, ҳамон шаб ё бо сабаби барнома омода кардан барои радио ва ё ба дарс тайёр гаштан бошад, ки натавонистам оинаи нилгунро бинам. Чун ҷавоби маро шунид, боз пурсид:
- Ҳа фаҳмо... ақаллан ба ин саҳарии барвақт оё ягон дигаргуниро эҳсос карда истодаӣ?
Оре, ҳамон субҳгоҳони бармаҳал садои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ аз ҳаррӯза бештару зиёдтар садо медоду фаррошон низ хеле барвақт ба рӯбучини хиёбону кӯчаҳо машғул буданд... мошинҳои обпош низ дар тоза кардан аз дигар рӯзҳо фаъолтар...
- Ҳа, мушоҳидаҳоят дуруст-дуруст, охир... шаҳрдор иваз шуд.
Ин суханони рафиқам Хайруллои Фатҳулло буд.
Пас аз чанде дар роҳу кӯчаҳои тозашуда қадамзанон ба истгоҳ рафта, савори нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ шудем. Ба коргоҳ омадем. 
Дар корхона, дар сӯҳбатҳои байни ҳамкорон ва пас аз таваҷҷӯҳ кардан ба интернет ҳамон рӯз дар кӯчаю берун аз кор низ ҳамин мавзӯи асосӣ шуда буд.
- Шаҳрдории Душанбе ва ё ба қавли дигар «Раиси шаҳри Душанбе Маҳмасаид Убайдуллоев аз вазифааш озод карда шуд...».
Аслан дар ВАО чанд моҳе пештар, чанд маротиба ҳамин гуна гапҳо буду гӯё ариза навиштан ва хоҳиши ба нафақа рафтани Маҳмасаид Убайдуллоев низ қайд шуда буд... Аммо гӯё муаммо он буд, ки кадом шахс, кӣ ин вазифаи басо муҳиму сермасъулиятро ба ӯҳда мегирад? Киро роҳбарияти давлат лоиқ медонанд? Ва...
Рустами Эмомалӣ... Ба ростӣ, дигаргунӣ, тозаю обод гаштани шаҳри азизамон Душанбе аз нахустсоатҳои роҳбарии ӯ ба мақоми нав хубу бараъло эҳсос гашта, раванди ободкориҳои пойтахти давлатамон шакли ҷадид - ҷараёни ҳамагониро гирифтааст. Яъне гуфтанист, ки таҳти роҳбарии шаҳрдори ҷавон гӯё ҳама қувваю нерӯҳо ҷавонтар гаштанд ва самараи корҳо назаррас аст... ва дигар ба зудӣ шунидем, ки дар он моҳҳои сармои фасли сол - зимистон маоши кормандони хизматрасониҳои коммуналӣ, хусусан бонувону мардони фаррош афзуда, онҳо барои корҳои шоёни худ, барои саривақт, новобаста ба сардиҳою барфбориҳои зиёд пурсамар меҳнат намуда, арзанда мукофотпулӣ гирифтанд! Дар ҳақиқат ин кори осон нест, дастӣ барфи зиёдеро аз роҳу кӯчаҳо тоза намудан... Ва баъзеҳо мегуфтанд:
- Ҳа, муҳим, ки меҳнат қадрдонии худи худро акнун ёфта, аксарият гирифтани чунин маошу мукофотпулиро ҳатто орзӯ мекунанд...
Рустами Эмомалӣ... Гӯё ӯро ҳамагон мешиносем, гӯё хеле барвақт медонемаш, гӯё дар зиндагияш мушкилоте набуду нест, гӯё хеле осон ба вазифаю мансабҳо омадааст... Ва... чун хостам маводе рӯйи авроқ биёрам, дидам қариб намедонамаш, ғайр аз чанд маълумоти расмӣ қариб чизе дар ихтиёр надорем...
Ин ҳама ободкориҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ҷидду талоши шаҳрдори ҷавон ҳидоятгари он шуд, ки ба ҷамъоварии мавод оғоз намоям...

ОЗАРМОҲ... СИТОИШИ ОН МАҲУ ШУКРИ ОФАРИДГОР...
Мерасонам ба ҳама ёрон саломи Данғара,
Чун биҳишти адн мебошад мақоми Данғара.
Ҷаҳди мардум кард хуррамтар аҷиб мулку кӯҳҳои Данғара
Гул ба дом, гул ба бар, гулҳо ба боми Данғара.
Аз насими файзбахшу аз нигоҳи тезбин,
Шаҳди яфзун ҳар кӣ мебахшад мақоми Данғара.
(Арафамоҳ Сафарова)

Данғара...
Ду бор бо имкон дар моҳи ноябр ба ин ноҳия сафар карда, тамошокунон бо чанд мусофир сӯҳбати гарм намуда, хеле тез расиданро ба Данғара ҳатто пайхас накардем. Дар ҳақиқат ин навоҳӣ, хусусан маркази он хеле зебою озода шуда, раванди ободкориҳо идома дорад.
Данғара... ба худ тасавур мекунам, ки сӣ сол қабл, дар хонаи марди шарифи ориёасле пас аз интизориҳо, пас аз тавлиди чанд гулдухтар, он шанбеи 19-уми моҳи декабри соли 1987, он озармоҳи аҷдодӣ...
Дар гузашта аҷдодонамон тақвими авастоиро истифода мекарданду озармоҳи ниёгон ба 22-юми ноябр – 21-уми декабр рост омада, бо номи Озаргон ҳамон айём ҷашне барпо мешуд. Озар... он як навъ ба оташ алоқаманд буда, ба ин унсури лозимӣ дар «Авасто» эҳтироми хосе дода шудааст... Озар... он рӯз, он моҳ дар ҳақиқат дар ин хонадон оташе, нуре, гармии дигаре омад... Садои тифл баланд шуду нидоҳо, овоҳои фараҳагез афзуд...
Шодиёна диҳед! Накӯқадам омад, он меҳмони деринтизору хушпай омад!
Оре, метавон тасаввур кард, ки дар як хонадони суннатии тоҷик баъди тавлиди духтарон ба дунё омадани писар чӣ шодие, чӣ хурсандие, чӣ накҳати дигаре дорад!
Модар меболиду падар мамнун буд...
- Ҳа, нагуфта будам, ки Худованд сабуронро дӯст медорад, ана соҳиби писар ҳам шудӣ... ҳамааш ба хайр мегардад, муборак бошад!
Ин садои модари қиблагоҳи хона буду гарм ва бо меҳр писарашро ба оғӯш гирифта, бӯсида шодбошӣ мекард.
- Ҳой-ҳой, ин қадар гирди ӯ ҷамъ нашавед, тифлон фариштагони рӯйи заминанд, онҳоро аз ҳама чиз, аз чашми баду газандҳо эмин доред!
Ин таъкидҳояш буду ҳама хомӯшона пайи кори худ мешуданд...
- Рустам! Оре, ин исм худ гӯё пайку нишотафзо гашта, озармоҳ оташи дигаре оварду ҷилое бахшид! 
«Ситоиш ба ҷой меоварам туро, эй Озар, писари Аҳура Маздо ва ҳамаи озаронро!» (Авасто. Китоби I. Душанбе: «Бухоро», 2014.- С. 31.).
Аҳли оила шукри даргоҳи Офаридгор мекарданд. Падар хеле-хеле шод гашт. Дӯстон табрикаш мегуфтанду хешу ақрабо дилшод буданд. Тифл парвое надошт... дасту почак мезад, гиря мекард... вале ин гиряю ин ҷунбишҳо дар гаҳвораи меросӣ ҳамагонро хушнуд месохт. Як гиряю як садо, як хандаю овои кӯдаконаи писарона гӯё дунёи дигар дошт. Апаҳо ҳама гирди гаҳвора ҷамъ омада, ҳар кадоме бо ин дӯстрӯяк гуфтугӯ мекарданд, бо навбат мехостанд ӯро ҷунбонанду ба даст гиранд. Бибӣ овое медод:
- Фарзандонам, оҳиста-оҳиста, оромона ҷунбонед, то Рустамҷонамон лат нахӯрад... 
Тифл дар кошонаи меҳр, дар оғӯши муҳаббат ноз дошт...

ҲАФТСОЛАГИЮ ЧУН ГУЛ ҲАВОЛА БА ЧАМАН...
Эй аҷаб, дирӯз ман кӯдак будам,
Дар дилам аз зиндагӣ доғе набуд.
На хатое, на гуноҳе доштам,
Танбеҳе аз ваҷҳи густохӣ набуд.
Рустами Эмомалӣ... Пас аз аз даву ғеҷ, бозӣ карданҳо, бепарвоёна қадамзаданҳо дар хонаи падару амакаш вақти мактаб рафтанҳо сар шуд... Сар шуд... он солҳо... оғози солҳои 90-уми асри пешин тамоми моҷаро, душворӣ ва мушкилот ба якборагӣ барои мардуми Тоҷикистон сар шуду рӯбарӯйи диёру мардуми кишвар вартае пеш омад... Раҳоӣ меҷустем...
Шояд хуб эҳсос намекард, ки падар куҷосту паси кадом кору қаҳрамониҳо равона шудааст...
Ба мактаб рафт... ба собиқ мактаби №7-уми ба номи Комсомол...
Мувофиқи маълумоти муаррих Бозор Муродов, пештар ин мактаб шахсан аз тарафи Абулқосим Лоҳутӣ як навъ сарпарастӣ дида, аз тарафи ӯ ин дабистон бо ашёи хониш ва китобу дигар лавозимоти зарурии мактабӣ таъмин мешуд.
Айни ҳол инҷо (оғоз аз соли 2003-юм) Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара буда, хеле зебою диданӣ гаштааст. 
Соли 1993... Ӯю ҳамсабақонашро директор Саид Амонову омӯзгорон хуш пешвоз гирифта, ба синфи яке аз омӯзгорони ботаҷриба бону Ҳарамгул Ҳалимова раҳнамоӣ карданд. Шахсан бо чанд омӯзгор, аз ҷумла бо ин муаллимаи хушфеълу пухтакор мулоқот доштам. Ӯ иброз дошт: “Рустамҷон ҳамон айём як наврасаки майдаякак ба назар мерасид, зеро аз дигарон бо қаду баст, ба синну сол хурдтар менамуд. Дар синф дар партаи пеш гоҳ ҳамроҳи духтарамакаш Маҳбуба менишасту гаҳ ҳамроҳи рафиқаш Фирӯз Ҳалимов. Ӯ кунҷков, донояк ва орому хоксор буд, тайёрии хуб медид. Хубу аъло мехонд”.
Ба сӯям нигоҳ карда:
- Шуморо фаҳмидам... ин шогирдам сардори синф набуд, сардори синф муддате Тахмина Ҳалимова, чанд соли дигар Мижгона Раҳимова буданд...
Ва хаёлан гӯё ба он солҳо парвоз мекунаму мебинам, ки ин муаллимаи нахустину роҳбари синфаш ӯро паси парта менишонаду ба дасташ бо меҳр «Алифбо» медиҳад, ҳарф меомӯзаду ҳисоб меомӯзад... Рустам бархӯрдор аз гармӣ... сабақ меомӯзад...
- Ёдам меояд, ки чанд моҳи сармо вазъи сиёсӣ низ ноҷӯр гашту як-якуним моҳ Рустамҷонро дар хонаашон сабақ медодам,- хотиррасон мешавад муаллима Ҳарамгул Ҳалимова ва давом медиҳад: 
- Бовар мекунед, ки дар хонаи онҳо агарчи барои ин фарзандашон мизу курсии одие омода карда буданд, вале тахтаи синф - доскае дарёфт нашуд... Шояд ҳозир ин афсона намояд, вале он замон мо ҳам ҳеҷ имкони иқтисодӣ надоштем... ва ман пас аз дарси асосӣ ба хонаи Рустамино рафта, машғули тадрис мешудам. Онҷо ҳам чанд соате аз рӯйи мавзӯҳои гузаштаю тибқи нақшаи таълимӣ дарс медодам. Сипас вазъият каме ором шуду ӯ дубора ба мактаб омад. Ду соли аввал роҳбари синфашон будаму фанҳои асосиро мегузаштам. Умуман, Рустамҷон шогирди хуб буду боҳуш...
- Дар синф чанд нафар буданд?
- 18 нафар, 8 духтар, 10 писар...
- Ғайр аз исми ин шогирдатон ному насаби дигарон дар ёд мондааст?
- Оре, Раҳмонова Маҳбуба, Афғонов Нуриддин, Ҳалимов Фирӯз, Каримова Майсара, Ҳалимова Тахмина, Неъматова Маҳбуба ва...
- Ташаккур муаллимаҷон, баъди ба рухсатии дарозмуддат рафтанатон кӣ роҳбарии синфро соли дигар, яъне дар синфи 3-юм ба ӯҳда дошт?
- Ҳамин муаллими онвақт ҷавонамон Изатулло Сатторов...
Ин омӯзгор аввал моро ба синфхонае, ки Рустами Эмомалӣ онҷо се сол таҳсил дошт, бурда, ӯ ҳам бо муҳаббат аз зиракию ҳушмандӣ ва завқи зиёди шогирдаш ба таълим ёдрас мешавад: 
- Бисёр хонандаи хушфеъл буду чанд муддате ман ӯю Маҳбубаро ба мактаб оварда, мебурдам. Гузарам аз ҳамон сӯ мегузашт. Мактаб ба хонаашон наздик буд...

ДУШАНБЕ... ОҒОЗИ ПАРВОЗҲО...
Баробари каме ба эътидол омадани авзои сиёсии ҷумҳурӣ аҳли оилаи онҳо ба пойтахт кӯчиданд, барои сарвари хонадон низ осон набуд... Он солҳои 1992-1997 шаҳри Душанбе бо ном пойтахт ҳисоб мешуд. Дар асл як шаҳри камодаму пурхатар ва пуртаҳлука буда, худ, ки он замон (солҳои 1994-1999) донишҷӯй будам, хуб дар ёд дорам, ки шаҳр шабаҳеро мемонд. Душанбе... Он давра...
Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,
Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо.
Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада,
Бар сарнавишти бад гарданниҳодаҳо...
Ва баъдан як паёми ҷонбахше омад: Соли 1997… Дар он сол тоҷикон тавонистанд ҳама масъалаҳои душвору асосиро ҳал намоянд. Аз ҳама муҳимтар, пеши роҳи ҷанг гирифта шуд...
Ваҳдат, Истиқлолият, Сулҳ, Якпорчагӣ, Фазои орому осуда…
Инҳо мафҳумҳои муқаддас барои ҳар як миллату давлат буда, дар воқеияти он ҳар халқу кишвар пешрафт, комёбӣ ва зиндагии беҳтару боварӣ ба ояндаи дурахшонро мебинад. Аммо ин омилҳои муҳим насиби на ҳар қавм ва кишвар мегардад. Агарчи дар роҳи озодӣ ва расидан ба арзишҳои баланди миллӣ дар масири таърих ҷонбозию муборизаҳои зиёде шудааст, аммо соҳибихтиёрӣ ва соҳиби марзу буми хеш будан танҳо ба он нафароне муяссар мешавад, ки кори оғоз кардаро аз аввал то ба охир, новобаста ба ҳама мушкилот давом дода, таҳти ливои Озодӣ ва роҳбарии марди шарифе ба қуллаи мурод мерасад! Чунин шахсият аллакай Пешвои барҳақи миллат ва озодибахши кишвару давлат Эмомалӣ Раҳмон буду маросими имзои ин санаи муҳим дар меҳмонсарои «Президент-отел»-и Маскав анҷом ёфт. «Ба имзорасии ҳуҷҷати зикршуда маҳсули он заҳматест, ки сарвари давлат тӯли 1495 рӯз сари ҳокимият омаданаш интизор буд!». (Саидов З., Тоштемуров М. Шоҳроҳи сулҳ. //«Ҷумҳурият» 8.02.1997, №5 (19.923). Гуфтушуниду музокираҳо дар Кобулу Ашқобод, Маскаву Теҳрон, Тошкант ва Алматою дигар ҷойҳо дар охир натиҷаи хубу самараи нек доданд! 27-уми июни соли 1997 рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон шуда, ҳар сол бо тантана таҷлил мегардад. Он ҳама бадбахтиҳо ба поён расид:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад!
Рустами Эмомалӣ... Ва ҳарчанд шояд он қадар пурра ба дарки гирудорҳои зиндагӣ намерафт, вале андак-андак оромӣ ва чеҳраи хандони падарро дидаю даме дар бағали ӯ ҷо гирифта, хурсанидиаш меафзуд, ки қиблагоҳашро акнун нисбат ба солҳои пешин тез-тез мебинад... Сипас дар шаҳр низ ба зудӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба собиқ литсейи барои кӯдакони лаёқатманд пас аз супурдани санҷишу имтиҳонҳои зарурӣ шомил шуд. Ёдрас мегардем, ки ин дабистон аз санаи 20.02.1998 номи мактаб-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатандро гирифт. Дар ин таълимгоҳ ҳам омӯзгорони мушфиқ баҳраш дарс медоданду роҳбари синфаш муаллима Зулфия Иномова як бонуи коршинос ва огоҳдил буд. Зимни сӯҳбат бо ӯ дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ин шогирдашро на таърифу мадҳи зиёдатӣ, балки воқеиятро изҳор карда, аз рафтору хониши хубу аълояш ёдовар гашт. Шавқу рағбаташ ба фанҳои математикаю алгебра, таъриху ҳуқуқ, информатика зиёд буду ба варзиш дилбохта буд. Муаллима мегӯяд, ки «агар соате онҳоро дар синфхона намеёфтам, пас ҳатман дар майдони футбол пайдо менамудам. Аз байни онҳо ҳамсабақашон Шоҳрух Саидзода низ ба футбол меҳри зиёд дошт. Гузашта аз ин, онҳо дар шанбегию корҳои ҷамъиятӣ, нишасту маҳфилҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекарданд. Як синфи муттаҳид буд...».
Собиқ директори ин гимназия мӯҳтарам Қурбон Неъматовро дар назди кӯдакистони №113-уми «Аниса»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дида, бо ӯ вохӯрдам. Дар тақвияти гуфтаҳои муаллима Зулфия Иномова ӯ ҳам изҳори хушнудӣ дошт, ки “Рустам як хонандаи рамузфаҳм буду ман-манӣ надошт. Боре нашунидаам, ки аз номи падар ва мансабу мақоми қиблагоҳаш сӯйистифода карда бошад”.
Боре Президенти Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги ҶТ, варзишгари маъруф Мирсаид Яҳёев иброз карда буд, ки «Рустами Эмомалӣ чанд муддат дар толори варзишии мо машқу тамрин карда, шогирди умедбахш буд...».
Таҳсил дар мактаб тамом шуду гирифтани донишу сабақ дар шоҳроҳи бузургтари таҳсил фаро расид...
ДМТ... факултаи молиявию иқтисодӣ. Тавре декани факултаи молиявию иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фозилҷон Обидов иброз доштанд: «Рустами Эмомалӣ як донишҷӯйи фаъол буду сари вақт дар дарсҳо иштирок мекард ва аз донишҳои универсалии ДМТ бархӯрдор мешуд. Тамоми супоришу масъулияти ба дӯш доштаашро саривақт иҷро менамуду ба дарсҳо омодагӣ медид. Боиси ифтихор аст, ки чунин хатмкарда ва шогирди ин муассисаи маъруфи мамлакат ҳоло пурмасъул кор мекунад!».
Акнун дар пешаш ҷодаи нав - ҳаёт меистод! Равандҳои зиндагӣ мисли саманди бодпо савораи боҳушу маҳкамиродаро тақозо дошту Рустам ба монанди ҳамон қаҳрамони марказии «Шоҳнома» савораи Рахши хеш аст! 
Ба ростӣ, ба ҳамаи он муассиса ва вазоратҳое, ки то соли 2017-ум ӯ кор кардааст, рафта натавонистам, вале бо имкон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо иҷозат бо муовини ин ниҳод мӯҳтарам Зарифзода Абдукарим Абдураҳим вохӯрдам. Ӯ баён дошт, ки аз соли таъсиси ин Агентӣ (соли 2007) инҷо фаъолият дошта, новобаста ба оне, ки ба синну сол аз Рустами Эмомалӣ бузургтар аст, вале баъзе паҳлуҳои роҳбарӣ, тарзи муомилот ва ташрифу пазироиро аз ӯ омӯхтааст: “Худи зиндагӣ ба таври доимӣ омӯхтан асту сайқали маҳорати касбӣ. Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбар шахси ба кор ҷиддӣ, ғамхору сахтгир ва серталаб буда, ба ҳар нафар корманд диққат дода, фаъолияти шахсро инфродӣ баҳогузорию қадрдонӣ мекард. Ба ростӣ, баробари ба ин бино омадан (воқеъ дар кӯчаи Карамов), ки собиқ бинои Вазорати адлия буду он қариб корношоям гашта буд, ба тезӣ таъмир сар шуду ба зудӣ тарҳу сурати бино шакли зебо гирифта, дохили утоқҳои корӣ, роҳравҳо сафедгуну зебо карда шуда, рӯйи ҳавлӣ гулкорию сабзазор шуд”. 
Мӯҳтарам Зарифзода А. мегӯяд, ки «бовар кунед, ҳамаи ҳамкорон якҷоя чанд маротиба шанбегӣ гузаронида, худам ба он раванди ободкориҳо ҳамроҳ шудам. Ҳамчун роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ шахси кордону фаъол буд...».
Ва аз ВАО хабардор ҳастем, ки дар ин ҷо Р. Эмомалӣ ҳанӯз дар моҳи майи соли 2015 ба нафақа 38 кормандро ботантана гусел карда, аз ин ҳисоб номи ду ҳамкор ба Китоби фахрии ин ниҳод барои меҳнати шоён қайд шуда, 4 нафар бо ҷоизаҳои вижа, 15 кас бо Ифтихорномаҳо сарфароз шуданд. Дар моҳи июни соли 2015 бошад, тавассути аттестатсия, ки дар он худаш иштирок дошт, 56 кормандро барои фаъолияти ғайрипрофессионалӣ аз кор ихтисор намуда, ҳамчунин тариқи озмун ҷавонони лаёқатманди соҳаро ба кор пазируфт.
Аз ҳисоботи соли 2016-уми Агентӣ бароям маълум шуд, ки аз тарафи мутахассисони инҷо он сол 1190 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 386 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, дар рафти тафтишу санҷишҳо 269 миллион сомонӣ ба давлат барқарор гардид, ки ин 70%-и зарари ошкоршударо ташкил медиҳад!
Кори Агентӣ зери роҳбарии ӯ афзуда, кормандон имконияти бештар ба даст оварда, такмили ихтисос ва ҳамкорӣ бо дигар ниҳоду вазоратҳо хубтар шуду дар раванди решакан кардани ришваситонӣ муборизаи беамон шиддатнок шуд. Дар панҷ соли охир (2001-2016) зарари молиявӣ ба маблағи 1 млрд 435 млн сомонӣ ошкор шуда, аз ин ҳисоб ба соли 2011-ум 107 миллион, 2012-ум 166 миллион, 2013-ум 241 миллион, 2014-ум 366 миллион, 2015-ум 285 миллион ва дар соли 2016 ба маблағи 386 миллион сомонӣ рост меояд! 
Метавон гуфт, Рустами Эмомалӣ дар ин кор ва зинаи навбатии фаъолият боз ҳам худро ҳамчун соҳибкасб нишон дода, содиқона меҳнат намудааст.
Рустами Эмомалӣ... Раиси шаҳри Душанбе... ба ин кор низ ҷиддӣ машғул шуда, дар санаи 17.01.2017 қарори махсуси ӯ таҳти №24 дар бораи тасдиқи ҷадвали навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баромада, фаъолият ҷоннок шуд. Дар санаи 28-уми январ бошад, аз Корхонаи воҳиди давлатии “Троллейбус”-и пойтахт боздид намуда, то соати 23:00 хизматрасонӣ ба мусофиронро ба роҳ монд. Ин қарору тадбир ва боздидҳои корӣ аввалан барои таъмини мусофирон бо нақлиёт буду дар ояндаи наздик даҳҳо троллейбус, нақлиёти сабукрави мусофиркаш ва автобусҳои нав масалан аз Туркия ба шаҳр ворид гардид.
Иқдоми дигар, аз 2-юми феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарию роҳнамоии Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ва омодагиҳо ба Наврӯз буд. Зимнан қарори Раиси шаҳр таҳти №52 аз санаи 06.02.2017 дар бораи эълони 150 рӯзи ободонии “Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт” интишор шуда, ин равандро ҳамагон дастгирӣ карда, дар сарсабз шудани пойтахти азизамон саҳмгузор ҳастем. Дар баробари ин, ӯ мустақилона кор бурда, дар сатҳи баланд вохӯриҳо мегузаронад. Аз ҷумла, дар санаи 9-уми феврал мулоқоти самараноки Р. Эмомалӣ бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 12-уми апрел мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори ФР дар ҶТ Игор Лякин-Фролов ва бо Сафири фавқулоддаю мухтори Ӯзбекистон дар ҶТ Шоқосим Шоисломов, 28-уми июн мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар ҶТ бону Ясмин Гуедар, 25-уми сентябр мулоқот бо ноиби губернатори Санкт-Петурбург Анна Митянина хубу судбахш доир гардид. Зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Қ. Бердимуҳаммадов аз санаи 2-юми ноябр бошад, созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрии ҳокими Ашқобод Шомуҳаммад Дурдилиев ва Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Ҳамагон шоҳид будем ва аз ВАО хабардор гаштем, ки имсол дар санаи 21-уми март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ Э. Раҳмон дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” иди Наврӯз ботантана таҷлил гардид. Барои дар сатҳи баланд барпо кардани ин ҷашн арзи сипоси роҳбари давлат ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ баён гашт, ки ин баҳои баланд буд! 
Чун соли 2017-ум “Соли ҷавонон” эълон шудааст, аз ин лиҳоз барои муташаккилонаю дар зинаи баланд гузаронидани он аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 03.04.2017 таҳти №152 “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018” ба имзо расид. Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки маҳз имсол “Рӯзи ҷавонон” дар моҳи май дар варзишгоҳи марказӣ бо шукӯҳ ва ҷалоле гузашта, омодагӣ ба он зери назорати шаҳрдор ҷиддӣ сурат гирифта буд!
15-уми апрели соли ҷорӣ дар рӯзи пойтахт хидматрасонии ройгони нақлиёти шаҳрӣ сурат гирифта, ҳазорон сокин ва меҳмони пойтахт аз он истифода карда, аз кӯчабоғу сайргоҳҳо дидан намуданд. 
Имсол дар Душанбе сохта ба истифода додани 78 майдончаи варзишию барои бозии кӯдакон ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин 36 истгоҳи замонавӣ дар ҳоли бунёд қарор доранд. Худи Раиси шаҳри Душанбе ҳанӯз 24-уми август дар хиёбони Рӯдакии пойтахт дар рӯнамоии нахустин чунин истгоҳ иштирок карда, ба сохтмончиён маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, ташкили телевизиони “Душанбе HD” навгонӣ буда, HD худ шакл ё формати ҷадид дар сохтори телевизион ба ҳисоб рафта, пешниҳоди барномаҳо бо сифати баландтар дастраси тамошобин мегардад. Тавассути ин телевизион ҳамаррӯза мебинему мешунавем, ки масъулини шаҳр аз сокинон хоҳиш мекунанд, то камбудиҳои маҳаллаю раста ва норасоиҳои пойтахтро дар ягон намуди видеоӣ ва ё расм ба онҳо равон намоянд. Ва бад-ин тариқ он камбудиҳо бартараф гардад! В-ин як роҳи аз байн бардоштани нуқсонҳои ҷомеа бо иштирок ва кӯмаки худи ҷамъият маҳсуб ёфта, ин амали нек аллакай натиҷа дода истода, иштироки оммаро фаъолтар мекунад. Ҳамчунин, ин кор мардумро ҳушёр намуда, ба муҳити зист, шаҳр ва пойтахт дилгарм сохта, масъулинро ҳушдор медиҳад!
Чорабиниҳои зиёд, қарорҳои муҳим ва ба таври хастанопазир кор кардани Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамоно аз дилсӯзии ӯ ба кори хеш, ба ҷодаи интихобнамудааш дарак дода, борҳо шунидем, ки дар назди Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумат ҳисоботу гузориш дода, ба мисли сарбози ҷонфидо дар хизмат ба ин миллату кишвар омода аст.
Рустами Эмомалӣ... Сӣ гуле дар сабади умраш мегузорад, пуртароват, накҳатбор ва шукуфон! Сӣ гуле...
Сӣ баҳори умри ман бигзашту рафт
Мисли рӯзони гулафшони баҳор.
Гӯиё бисёр раҳҳо тай шуданд
Дар давоми умри кӯтоҳи сарам.
Гӯиё бисёр кас огаҳ шуданд
Аз замирам, аз дилам, аз хотирам.
Гӯиё ман ҳам кушодам оламе,
Безиён гӯё, ки суде ёфтам,
З-ин сабукборони хаскаш нестам,
Мехурӯшам, то садое дардиҳам.
Меравам бо зиндагонӣ по ба по,
То ба пои зиндагонӣ сар ниҳам...
Рустами Эмомалӣ... баробари ошно гаштан бо зиндагиномаи кӯтаҳи ӯ акнун бароям як олами дигаре кушуда шуду баҳри дил низ, зеро новобаста ба оне, ки ҳанӯз ҷавон аст, вале таҷрибаю маҳорат ва кордонии як бузургсолорро дорад. Аз устодонаш, ҳамсабақону кормандонаш дарёфтам, ӯ ҳамонест, ки шиораш фармудаи оқилонаи орифи тавоно Мир Сайид Алии Ҳамадонист:
Назди ман ҷавонмард он бувад,
Ки камтарин кораш фидои ҷон бувад!
Рустами Эмомалӣ... Сӣ гуле дар сабади умраш мегузорад, пуртароват, накҳатбор ва шукуфон! Бигзор шукуфон бошаду ин шаҳру ин диёрро боз ҳам шукуфон созад!

Сабзаалӣ АСОЗОДА,
Душанбе - Данғара – Душанбе
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Хонданд 713

«Сюрпризи солинавӣ»

Дек 16, 2017
Диданд: 424

Cухане чанд аз бурду бохти дусолаи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ва тасмими мақомот барои таъсиси Маркази ягонаи дигар

Бо ҷамъбасти соли 2017 аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад. Қарори мазкур бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ба имзо расида, дар асоси он гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқии оператори давлатии ҶСК «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Гарчанде аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад, ба назар чунин мерасад, ки ҳанӯз аз бурду бохти он гузориши расмие чоп нашудааст ва чунин гузорише пешкаш мешавад ё на, ҳанӯз маълум нест. Вале, ба фикри мо, вақти он расида, ки раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Бег Сабур, ки бо пофишориҳои бевоситаи зиёда аз 10-солаи эшон маркази мазкур таъсис ёфта буд, бояд аз бурду бохти дусолаи ин марказ ҳисобот диҳад. Зеро суолҳои зиёде пайдо шудаанд, ки муштариёни алоқаи барқӣ ба онҳо посух мехоҳанд: Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ, ки бо мақсади назорати воридот ва содироти зангҳои байналхалқӣ ва интернет таъсис ёфта буд, дар тӯли фаъолияти худ чӣ суде овард? Ба буҷаи «Тоҷиктелеком» аз ҳисоби ба воситаи маркази мазкур гузаронидани трафики алоқаи байналхалқӣ чӣ қадар маблағ ворид шуд? Маркази ягонаи коммутатсионӣ чӣ қадар андоз ба буҷаи давлат ворид намуд? Баъди ба воситаи ин марказ гузаштани алоқаи байналхалқӣ чаро сифати алоқа паст шуда, арзиши он боло рафт? Оё маркази мазкур чун маркази назоратии трафики зангҳои байналхалқӣ ва интернет боқӣ монд ва ё ба маркази тиҷоратӣ табдил ёфт? Оё таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ боиси вайрон шудани қонунҳои зиддиинҳисорӣ нагашт ва рақобатро аз байн набурд? Даромади ба даст овардаи маркази мазкур ба куҷо меравад ва онро кӣ назорат мекунад? Ё чаро ҳанӯз ҳам кӯшишҳои ба воситаи маркази мазкур ба монополисти ягонаи бозори алоқаи барқӣ табдил додани ҶСК «Тоҷиктелеком» идома дорад?
Бинобар он, ки дар атрофи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ҳанӯз баҳсҳо зиёданд, ҷавоб додан ба саволҳои гузошташуда роҳи ягонаи батараф намудани шубҳаву гумонҳо ба ҳисоб меравад. Зеро аллакай дар васоити ахбори омма баҳси гарме ба амал омада, ишора меравад, ки фаъолияти дусолаи марказ нишон медиҳад, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҳам буҷаи ширкатҳо ва ҳам буҷаи давлат хеле зарар дидааст. Агарчи маълумоти расмие дар ин бора вуҷуд надорад ва инчунин маълум нест, ки даромади мегирифтаи марказ ба куҷо меравад, вале нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз бо ба истифода додани фаъолияти маркази мазкур арзиши зангҳои овозии байналхалқӣ хеле боло рафта, сифати он коҳиш ёфт ва пешбиниҳои масъулини Хадамоти алоқа, ки хеле мехостанд аз ширкатҳо барои терминатсияи трафик маблағи бештаре ба даст оранд, иҷро нашуд. Зеро якбора болоравии арзиши зангҳои байналхалқӣ ва то 50 - 60 дар сад кам шудани зангҳо боиси он гардид, ки даромади ширкатҳои мухобиротӣ аз ҳисоби трафики зангҳои байналхалқӣ ба куллӣ кам шуда, аз ин ҳисоб воридоти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз аксиз ва хироҷи иҷозатномавӣ низ ба буҷаи давлат хеле коҳиш ёбад. Ҳарчанд ба таври ошкоро намегӯянд, вале кам шудани даромад баъзе ширкатҳоро маҷбур кард, ки ҳатто ба ихтисори кормандон шурӯъ намоянд. Зеро баъди якбора болоравии арзиши зангҳои байналхалқӣ (аз 60 дирам то 1,5 - 2 сомонӣ) муштариён аз зангҳои овозӣ даст кашида, маҷбур шуданд, ки василаҳои дигари тамоси телефонӣ бо хешовандони худро ҷустуҷӯ намоянд. Яъне, аз ин ҳам ширкатҳо зарар диданд, ҳам буҷаи давлат.
Сабаби дигари зиёновар будани ин марказро коршиносон дар он медонанд, ки тамоюли фаъолият ва ҳадафҳояш баъд аз таъсис куллан тағйир ёфт. Зеро гузашти вақт нишон дод, ки агарчи тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматарсониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил шудааст, вале дар ниҳоят ин марказ ба як маркази сирф тиҷоратӣ табдил ёфта, бо нақзи қонунҳои зиддиинҳисорӣ бевосита манфиатҳои «Тоҷиктелеком»-ро ҳимоя карда, ширкати «Тоҷиктелеком»-ро ба ягона монополисти бозори алоқаи барқӣ табдил дода истодааст. Албатта, ин гуфтаҳо бесабаб нестанд. Зеро таҷриба нишон дод, ки агарчи дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф назорат гуфта мешавад, вале Хадамоти алоқа онро бевосита бо ҳадафи ба даст овардани даромад аз зангҳои байналхалқӣ ва бо ин роҳ наҷот додани ҶСК «Тоҷиктелеком» истифода бурда истодааст, чунки «Тоҷиктелеком» то ҳол дар вазъи хеле вазнини молиявӣ қарор дошта, қарзҳои зиёди дохиливу берунӣ дорад. Ба ҷуз вазъи молиявӣ, инчунин вазъи техникии он низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Инро зуд - зуд кандашавии хати алоқа ва хеле паст шудани сифати он тасдиқ мекунад.

Интернет
Аз сӯҳбат бо намояндагони баъзе ширкатҳои мухобиротӣ бармеояд, ки Хадамоти алоқа бо трафики зангҳои байналхалқӣ қаноат накарда, ба ҳамаи интернетпровайдерҳо дастур додааст, ки минбаъд трафики интернетро маҳз аз Маркази ягонаи коммутатсионии ҶСК «Тоҷиктелеком» харидорӣ намоянд. Агар чунин амал сурат гирад, «Тоҷиктелеком» воқеан ба монополисти ягонаи бозори алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад ва Маркази ягонаи коммутатсионӣ комилан хусусияти назоратии худро аз даст дода, сирф ба як маркази тиҷоратӣ табдил меёбад, ки ин на танҳо хилофи қонунҳои зиддиинҳисорӣ, балки хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ низ мебошад. Зеро, тибқи ин қарор, Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳуқуқ дорад, ки ба воситаи таҷҳизоти техникии худ трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернетро аз ҷониби операторони алоқаи барқӣ гузаронад ва назорат барад, вале худаш ҳуқуқ надорад, ки ба операторони алоқаи барқӣ интернетро бевосита фурӯшад. Марказ инчунин ҳуқуқ надорад, ки ҳамчун монополисти ягонаи фурӯшандаи интернет баромад кунад. Зеро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 ба ин марказ ҳуқуқ надодааст, ки ба сифати ба даст овардани даромад фаъолият кунад. Бояд махсус қайд кард, ки қарори мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ операторони алоқаи барқиро аз ҳуқуқи аз операторони хориҷӣ харидани интернет маҳрум накардааст.
Таҷриба нишон дод, ки ба воситаи маркази мазкур гузаронидани трафики алоқаи байналхалқӣ боиси на танҳо болоравии нарх, балки сабаби паст шудани сифати алоқа гардид. Агар дар оянда трафики интернет низ аз «Тоҷиктелеком» харидорӣ шавад ва бевосита тавассути ҳамин марказ гузарад, ҳам арзиши интернет 2-3 маротиба боло меравад ва ҳам сифати он комилан паст хоҳад шуд. Бинобар ин, набояд ин марказро ба маркази сирф тиҷоратӣ табдил дода, ҳуқуқи озодона бастани шартномаҳо аз ширкатҳо гирифта шавад ва набояд иҷозат дода шавад, ки Маркази ягонаи коммутатсиониро аз мақомоти назоратӣ ба мақомоти сирф тиҷоратӣ табдил диҳанд. Зеро моддаи 453-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Мустақилияти Шартнома» ном дорад, дар банди 1 ба таври дақиқ нишон додааст: «Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар ҳамин Кодекс, қонун ё ӯҳдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад».
То ба имрӯз ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи интернет мустақилона интернетро аз операторони хориҷӣ мехариданд ва ба муштариён дастрас мекарданд. Дар сурати садама ё аз фаъолият бозмондани трафики як ширкат трафики интернет аз ширкати дигар ба иҷора гирифта мешуд ва фавран трафики интернет барқарор карда мешуд. Ҳатто муштариён дарк намекарданд, ки дар трафики интернет садама ба вуҷуд омадааст. Агар харидории мустақими трафики интернет манъ карда шуда, танҳо аз «Тоҷиктелеком» харидорӣ шавад, он вақт дар сурати ба вуҷуд омадани садама, тамоми Тоҷикистон чанд муддат бе интернет хоҳад монд. Қатъи интернет боиси он хоҳад шуд, ки бонкҳои кишвар, корхонаҳое, ки ҳама табодулашон бо интернет вобастагӣ дорад ва ҳатто давлат зиёни ҷиддӣ бинад. Ин на танҳо зарари бузурги иқтисодист, балки метавонад ба амнияти кишвар низ халал ворид кунад, ки инро касе намехоҳад. Бинобар ин, Хадамоти зиддиинҳисориро зарур аст, ки аз табдили Маркази ягонаи коммутатсионӣ ба маркази тиҷоратӣ пешгирӣ кунад ва роҳ надиҳад, ки операторон аз ҳуқуқи мустақилона бастани шартнома ва дастрас намудани трафики интернет маҳрум карда шаванд, зеро ин комилан хилофи қонун аст.

Боз «сюрприз»: Маркази нав
Ба назар чунин мерасад, ки ташкили Маркази ягонаи коммутатсионӣ охири кор набуда, тибқи гузориши хабаргузории «Озодӣ», мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд дар соли 2018 «Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ»-ро таъсис диҳанд: «Мувофиқа барои таъсиси чунин як марказ ҳафтаи гузашта миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои интизомӣ ҳосил шудааст». Тибқи лоиҳа, дар сурати таъсиси чунин як марказ компютерҳои ҳамаи марказҳои муштариёни алоқаи барқӣ ва дилерон ба маркази ягона пайваст карда шуда, ҳангоми фурӯши симкортҳо ва ба қайд гирифтани муштарӣ ҳама маълумотҳои муштарӣ ба таври худкор ба махзани ягона ворид мешавад. Дар он ҳолат барои аз тарафи мақомоти марбута гӯш кардани тамосҳои муштариён дигар зарурияти гирифтани иҷозаи суд боқӣ намемонад, ки ин комилан хилофи моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар моддаи мазкур гуфта мешавад: «Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда шуда, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани маълумот манъ аст». Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба таври возеҳу равшан операторонро ӯҳдадор карда, мегӯяд: «Сирри гуфтугӯҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя карда мешаванд. Ҳамаи операторони алоқаи барқӣ ӯҳдадоранд, ки сирри гуфтугӯҳо ва ахбороти ирсолшавандаро махфӣ нигоҳ доранд».
Пас, саволе ба миён меояд, ки чи гуна метавон марказеро таъсис дод, ки хилофи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои кишвар бошад? Вақте Конститутсияи кишвар ва қонунгузориҳои гуногун кафолати махфияти гуфтугӯҳои шаҳрвандонро додаанду бо қарорҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шудаанд, чи гуна дидаву дониста, бар хилофи он амал намудан мумкин аст? Коршиносон иброз медоранд, ки «Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни алоқаи барқӣ» дар сурати таъсис ёфтанаш метавонад ҳатто салоҳияти суду прокурор ва дигар мақомоти оперативӣ - ҷустуҷӯиро ба зиммаи худ гирифта, дилхоҳ тамосро гӯш кунад, ки ин комилан хилофи қонун ва хилофи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Зеро қонун гӯш кардани тамоси ин ё он нафарро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо қарори суд иҷозат медиҳаду халос. Таъсиси чунин як марказ ҳатто метавонад кишвари моро ба чашми созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ чун поймолкунандаи ҳуқуқи инсон муаррифӣ кунад, ки набояд ба он роҳ дод.
«ФАРАЖ»

Хонданд 424

Дӯстиву душманӣ бо коррупсия

Дек 09, 2017
Диданд: 621

Чаро дили халқ ба ришвахӯрон месӯзад?

Мардум дар кӯчаву нақлиёт ошкору ниҳон, аммо дар доираи дӯстони худ баҷуръаттар аз мавҷудияти коррупсия дар сохтори давлатӣ ҳарф мезананд. Ба андешаи онҳо, аз дасти милиса, омӯзгор, духтур, нотариус, судя ва ҳар корманди давлатӣ бӯи тамаъ меояд. Аҷоиб. Агар ин ҳама воқеият аст, пас чаро хомӯшем? Гӯё намедонем, ки Агентии зидди коррупсия дорем, то ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо ба кормандонаш муроҷиат кунем. Афсӯс, ки ин ҳамаро медонем, лек ба як миллати бетараф табдил ёфтаем ва ҳамкорӣ бо ин мақомотро ор меҳисобем. Ҳатто нисбати нафари поквиҷдоне, ки барои дастгир кардани ришвахоре мусоидат кардааст, бо нафрат менигарем. Ҳамсоя, хеш ё ҳамкорамонро, ки бо тамаъу ришва хона сохтаву кайфу сафо дорад, ҳимоятгарона мегӯем: «Молодес, қандаша занад, гург аст, ҳаққи худашро соҳиб аст». Дилхоҳ ҳақиқатҷӯро нафратангез «аризабоз»-у масхараомез «коммунист» гуфта, аз ӯ фосила мегирем. Пас, мо аз куҷо метавонем садои он момодояро, ки дар таваллудхона аз мо 200 ё 500 сомонӣ тамаъ мекунад, сабт кунему назди корманди агентӣ равем. Неъ. Ҳаргиз ин корро намекунем. Бахусус ҳангоме, ки зан тамаъҷӯ аст, мо омодаем ба як порадеҳи шердил табдил ёбем. «Вайҳо ҳам зиндагӣ доранд» мегӯем. Яъне, мо халқи дилсӯзем. Диламон ба тамаъҷӯён месӯзад. Пас биёед якрӯ шавем. Ё бо мақомот ҳамкорӣ намоем, ё ғайбатро бас кунем. Зеро аз ин нигоҳ, муқовимат бо коррупсия мақоли «Ҳам дар наъл мезанию ҳам дар пошна»-ро ба хотир меорад. Ҳол он ки, дар бисёр маврид зимни додугирифтҳои коррупсионӣ на фақат порагир, балки порадеҳ низ манфиатдор аст. Масалан дар донишгоҳ ҳангоми иҷрои ин амал омӯзгор соҳиби «нон» мешавад, донишҷӯ бесаводии худро рӯйпӯш мекунад. Ё «якдигарфаҳмӣ» бо корманди БДА аксар вақт ба манфиати ронанда анҷом меёбад. Ҳар муаллим ё корманди БДА, ки покниҳод асту бо мо «созиш» намекунад, он сӯ рафта «мараз»-аш мегӯем.

Ҳамин тавр, аксари мардум дар бархӯрд бо коррупсия мисли буқаламун (хамелеон) рафтор мекунанд. Яъне, ҷомеаи мо мехоҳад «хитрый» бошад, то бидуни пора камбудиҳояшро рӯйпӯш кунад. Лек, мебахшед, дар зиндагӣ қонунҳои сиёҳи нонавиштаро наметавон гӯл зад.

Дил ба қиблае месӯзад, ки сӯяш тамаъҷӯён саҷда мекунанд
Агарчи фанатҳои динӣ мансабдорони моро дунёпараст мегӯянд, дар асл воқеият чунин нест. Бисёре аз мансабдорон ошкору ниҳон намоз мехонанд. Ҷойнамози чорқатшуда дар ҳуҷраи кории баъзе ташкилоту идораҳо, ки соҳибаш шояд гоҳо пинҳон кардани онро фаромӯш мекунад, аз садоқат ба ислом дарак медиҳад. Лек вақте чунин ашхос порахӯранд, суоле дар зеҳн бозӣ мекунад, ки чаро ин тоифа сарфаҳми намозхонӣ мераванду ҳиҷ намехоҳанд эътироф кунанд, ки тамаъ ҷустан гуноҳ ва ришва ҳаром аст!? Бо онҳое, ки чунин рафтор мекунанд, ғоибона ба ин зайл гуфтугӯ мекунам: «Дар Қуръон ва ҳадисе, ки Шумо хондед, саҳифаи маҳкумкунандаи ришва кандагӣ буд? Медонам, Шумо ҳангоми тамаъҷӯӣ ном ва миқдори пулро ба забон намеоред, то ҷинояткориатон исбот нашавад. Бисёр ҳолат мегӯед, ки «ин гапи телефонӣ нест, биёед аз пеш сӯҳбат мекунем». Чун медонед, ки дар даромадгоҳи коргоҳатон нахуст телефони шаҳрвандро мусодира мекунанд, то мабодо дағалӣ ё суханҳои тамаъолудаатонро сабт накунад. Бо ин вуҷуд, эҳтиёт мекунед. Айёмро гунаҳгор месозед, мегӯед «замона ҳамин, одамгарӣ кардан даркор, чойчақа лозим, дуо диҳед, хабар гиред, дасти холӣ наоед». Хулас, бо ибораҳои нестдарҷаҳон мақсадатонро мефаҳмонед ва пора мегиред. Яъне механизми мубориза бо ришвахории давлатро фиреб медиҳед. Лек Худоро чӣ гуна гӯл мезанед? Магар намедонед, ки бо забон тамаъ кардан он сӯ истад, ҳатто агар бо қалб тамаъ кунед, Худо аз вазъ огоҳ ва луқмаатон ҳаром мешавад. Агар ин шакл рафтор доред, сад ҳайфи қиблае, ки ба сӯяш саҷда мекунед!

Вақте фаҳмиш дигар асту қонун дигар…
Вақте коррупсия мегӯм, он ҳолатеро дар назар надорем, ки як шаҳрванд аз сидқи дил дар заминаи фалсафаи зиндагифаҳмӣ, ноаёнакак ба кисаи духтур ё муаллим 5 сомонӣ мегузорад. Ҳарчанд чунин одат ҳам хуб нест. Сухан аслан сари тамаъ меравад. Вақте духтур маблағ тамаъ мекунад, моддаҳои Конститутсия пеши назар меоянд, ки чунин мазмун доранд: «давлат ҳифзи саломатиро ба инсон ва шаҳрванд ройгон кафолат медиҳад». Бо ин вуҷуд, хаёл мекунӣ тоҷик боре Конститутсия нахонадааст, ки то дар кисааш пул набошад, беморхона намеравад. Аслан ҳам тасаввур кунед, агар дар беморхонаву дорухона ба ҷойи пул китоби Конститутсия бароварда, моддаи даркориро қироат кунӣ, ё ба ҳолат механданд, ё зимни ҷарроҳӣ докапорае дар дохили шикамат фаромӯш мешавад. Яъне зиндагии мо ба қонунҳоям мутобиқ нест. Пас, чунин моддаҳоро бояд аз Конститусия ҳазф кард, то ин санади олӣ назди мардум «дурӯғгӯ» нашавад.

Коррупсия давлатро бадном мекунад!
Воқен, коррупсия як зуҳуротест, ки обрӯи давлатро дар сатҳи байналмилалӣ мерезонад, барои воридшавии сармоя ба Ватан садд мегузорад ва ҳисси эътимоди халқро ба ҳукумат кам мекунад. Бо дарки чунин оқибатҳои нангин - доштани амалҳои коррупсионӣ, давлати Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррпусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қабул кардааст, ки дар ин замина талошҳо сурат мегиранд, то вазъ ба таври мусбат тағйир ёбад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми ахири худ аз мушкилоти мазкур изҳори нигаронӣ намуд. Мардум ҳам дар умқи дилашон аз кирдорҳои коррупсионӣ хаста шудаанд. Воқеан, агар мо мехоҳем ҳарчи зудар аз коррупсия халос шавем, бояд ин пешниҳодҳоро баррасӣ кардаву бипазирем ва он гаҳ эҳтимолан тамаъҷӯиву порадиҳию ришвахорӣ аз байн равад:
1. Тамаъҷӯӣ? Курсиро супор! Ҳар кӣ бо ҷурми тамаъҷӯӣ дастгир ва гуноҳаш собит гашт, бигзор аз ҷои кораш маҳрум шавад ва минбаъд дар сохтори давлатӣ кор накунад. Биравад суроғи бахши хусусӣ, каланд занад, бозорнишин шавад ё мардикор бошад, то аҳволи ӯ барои дигар ҳамтоҳояш дарси ибрат гардад. Дар ин сурат хавфи сар задани амалҳои коррупсионӣ аз байн меравад ва дар як вақт кӯдакони чунин афрод ҳам соҳиби як бурда нон гардида, адолати иҷтимоӣ таъмин мешавад. Яъне на сих месӯзад, на кабоб. Аммо дар ҷомеаи мо бозгашти омӯзгорон ё кормандони давлатӣ ба ҷойи кори худ баъди содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ воқеиятест, ки ба он ҷомаи қонунӣ мепӯшонанд. Яъне мегӯянд, ки қонун чунин ҳолатро иҷоза медиҳад, агар онро суд манъ накарда бошад. Таҳлилгарони хатлонӣ дар посух ба суоли он, ки «оё чунин «ғамхорӣ» дигар омӯзгоронро ба гирифтани пора шердил намекунад?», мегӯянд: «На». Тарафдорони ин фикр ба он боваранд, ки вақте устоди донишгоҳ ё корманди давлатӣ ба дасти Агентии зидди коррупсия меафтад, ин худ бешарафӣ, хиҷолатмандӣ ва як навъ ҷазост. Хеле аҷиб! Магар корманади бошараф ва нафаре, ки чӣ будани хиҷолатро мефаҳмад, порахӯр мешавад? Вақте ки як масъул ҳангоми пора гирифтан аз соҳиби пул шарм накард, пас чӣ гуна аз ҳамтоҳояш шарм мекардааст, он ҳам дар ҳоле, ки аксарашон шояд мисли худаш тамаъҷӯю порахӯранд?!
2. Телефонатро насупор! Ба корафтодагон иҷоза дода шавад, то бо телефонҳои дастии худ вориди дилхоҳ идораи давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаванд. Тарс аз сабти телефонӣ боис мешавад, ки мансабдор тамаъ накунад, шаҳрванд мавриди шиканҷа, таҳқир, тӯҳмат ё дашному ҳақорати корманди мақомот қарор нагирад ва дар сурати рух додани чунин ҳолат ҳам гунаҳгор будани кадом тараф зуд муайян мешавад ва судя низ зимни баровардани ҳукм азоби виҷдон намекашад.
3. Ҳамтабақӣ бас! Гирди як миз нишастану бо ҳам тановул кардани мансабдорон (ҷуз тӯю маъракаҳо) манъ шавад. Зеро вақте афроди калидии давлат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар нисфирӯзӣ якҷо нишаста таом мехӯранд, дар натиҷа миёни эшон муносибатҳо дар заминаи «ҳурмати нону намак» пайдо мешавад ва бо якдигар ба ҳадде унс мегиранд, ки гӯӣ «акаву додар» бошанд. Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, барои мисол аз болои қарорҳои суд ба прокуратура ё баръакс шикоят бурданд, мантиқист ва натиҷаи хуб ҳам медиҳад. Чунки мансабдорон якдигарро хуб намешиносанд, аз ҳамдигар шубҳа карда, ба амалҳои коррупсионӣ даст намезананд ва ё ҳангоми баррасии арзу шикваи мардум боадолатона қарор бароварда, «азоби виҷдон» ҳам намекашанд, яъне «ҳамтабақон»-и худро хафа намекунанд. Маҳз ҳамин фарҳанги дастурхондории мо дилхоҳ судяву адвокату корманди дигар мақомотро новобаста аз помириву суғдиву хатлонӣ буданаш дар як лаҳза дӯсту қарин намуда, ба шахси боваринок табдил медиҳад ва талошҳои давлат дар самти решакан кардани амалҳои коррупсионӣ барҳадар меравад. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, аксар вақт мансабдорони сатҳи шаҳру ноҳияро бо ҷурми тамаъҷӯӣ кормандони мақомоти сатҳи минтақавӣ, вилоятӣ ё ҷумҳурӣ дастгир мекунанд, ҳол он ки, мақомоти сатҳи ноҳиявӣ низ тавассути порадеҳони шартӣ метавонист чунин тамаъҷӯёнро ошкор кунад. Аммо «ҳамтабақӣ» имкон намедиҳад, ки ин навъ ҷиноятҳо ошкор карда шаванд.
4. Заминро фурӯшед! Чун дар бисёр маврид объекти додугирифтҳои коррупсионӣ замин аст, бигзор заминфурӯширо қонунӣ кунанд. Зеро замин ҳам чун дигар сарватҳои табиӣ моликияти давлат аст. Ман ҳиҷ сарфаҳми кори ҳуқуқдонҳоро нарафтам. Чаро давлат об, ҳезум, кон, бузҳои кӯҳӣ ва ғайраро фурӯхта тавонаду заминро не? Замин бояд фурӯхта шавад. Зеро, бе ин ҳам ройгон дастрас кардани замини наздиҳавлигӣ қариб ки ғайриимкон аст. Аз ниёзмандии мардум ба замин миёнравҳо истифода карда, пул мегиранд, соҳиби қасру кӯшк ва мошинҳои рангобаранг мешаванд. Аз он, ки маблағи замин ба кисаи корманди ҷамоат ё кадом қаллоби дигар меравад, беҳтар нест, ки он ба кисаи давлат дарояд, буҷа ғанӣ шавад, «Роғун»-ро созанд ё роҳҳоро таъмир кунанд?
Бояд гуфт, заминҳое, ки то 10 км дуртар аз маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд, бигзор ҳар сотихаш 3 ҳазор сомонӣ нарх дошта бошад ва бо назардошти камзаминии Тоҷикистон 6-сотихӣ тақсим ва он ҳам ба ду оила дода шавад. Яке аз оилаҳо дар ошёнаи якум, дигаре дар ошёнаи дуввум зиндагӣ кунад. Лоиҳаи маҳаллаҳо тарзе кашида шавад, ки сокинони ошёнаҳои якум ба як кӯча ва сокинони ошёнаҳои дуюм ба кӯчаи дигар дарвозаи даромаду баромад дошта бошанд. Дар ин сурат сатҳи коррупсия коҳиш меёбад ва мушкили бехонагии мардум то ҷое ҳалли худро меёбад. Ин пешниҳод барои афроде, ки хона доранд, хандаовар аст. Зеро савора кай ғами пиёдаро дорад? Бовар кунед, тӯй кардан ё мурдан дар хонаи худ охирин армони ҳар тоҷик аст. Ин ҳодисаҳоро дар хонаи иҷора пешвоз гирифтан хеле хиҷолатовару дарднок мебошад. Суханҳои гиряолуди як кампир ҳич аз ёдам намеравад, ки мегуфт: «Дар дари хонаи мардум мурдан намехоҳам».
Он ҷанҷолҳои хонаводагӣ, ки ба оилабарҳамхӯрӣ хотима меёбанд, аксаран дар атрофи замин ва хона аст. Агар тақсимоти замин одилона сурат гирад, 3 сотих замин ва як кулбаи муваққатӣ кофист, ки садҳо оила аз парокандагӣ эмин монанд.
Мутаассифона, дар баъзе маврид заминҳо, бахусус заминҳои наздик ба маркази ноҳия насиби соҳибкорону мақомдорон ё афроди наздик ба онҳо мегардад, ки дар асл баъзеашон ҳеҷ ниёзе ба замин надоранд. Ба муаллим ва духтуре, ки дар маркази ноҳия кор мекунад, 10-20 км дуртар аз ҷойи кораш дар як биёбон замин медиҳанд, ки агар он ҷо хона бунёд кунад, маҷбур аст ҳар рӯз 20 сомонӣ роҳкирою 10 сомонӣ «обедпулӣ» сарф намояд. Агар маошро бо ин хароҷот муқоиса кунем, тақсимоти замин ғайримантиқӣ ба назар мерасад. Хона бояд ба коргоҳ наздик бошад, то хароҷот кам шавад. Имрӯз садҳо оилаи зиёӣ дар шаҳрҳо маошро гирифта рост ба ҷайби соҳибхона ҳамчун ҳаққи иҷора месупоранд. Аз ин лиҳоз, ҳиҷ не, ки 1-и онҳо 2 шавад. Зеро хона ба объекти даромати муфти баъзеҳо табдил ёфтааст. Дар як шаҳре, ки анқариб нисфи хонаҳояш ба иҷора дода шудаанд, қариб ҳеҷ соҳибхона ба давлат андоз намесупорад. Дар ин маврид нозирони минтақавӣ, раисони маҳалла ва махсусан масъулони андоз дар даҳон об гирифта мегарданд. «Как будто, нечего не было». Ба ин хотир, ман ҳоло намегӯям, ки бо назардошти камзаминии Тоҷикистон бояд хариди хона маҳдуд карда шавад. Зеро эҷодгарони қонун эҳтимол худ ба як хона қаноат намекунанд. Барои ин ман аввалан пешниҳод карданӣ будам, ки мафҳуми «ҳама дар назди қонун баробаранд» аз Конститутсия ва қонунгузориҳо хориҷ карда шавад. Фақат дар ин сурат депутатҳо қонунҳои барои мардум манфиатнок пешниҳод ва қабул карда метавонанд. Масалан агар дар қонун нависем, ки «шаҳрвандон ҳақи аз як хона зиёд доштанро надоранд ва як вергул гузошта, «ҷуз вакилон» гӯем, он вақт эҳтимол ин қонун қабул гардида, нархи хона поин равад ва мардум аз азоби дарбадарӣ халос шаванд. Аз ду сар ҳама дар назди қонун баробар нестанд. Вакилон ва мақомдорони сатҳи олӣ дахлнопазиранд. Ин меъёр дар Конститусия мустаҳкам шудааст. Як бор Конститутсия хонед! Аз калимаи нобаробарӣ набояд ҳаросид. Дигар ин мафҳум инқилобангез нест. Ҳамаамон ба чунин муҳит одат кардаем. Охир, воқеияти зиндагии мо ҳамин аст. Инсон аз дурӯғ дида, ба ҳақиқат зудтар унс мегирад.
5. Пора додӣ, ҷарима супор! Порадеҳон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро вақте як касро бо ҷурми қаллобӣ дастгир мекунанд, «тапар-тупур» сар мешавад. Даҳҳо даъвогар чун замбурӯғҳои баъди борон пайдо шуда, мегӯянд, ки «ин қаллоб аз мо ҳам фалон миқдор доллар гирифтаву ваъдаи замин карда буд». Эъ, то ин вақт куҷо будед!? Гӯё намедонистед, ки заминро намеха-ра-н-д, балки онро бояд мақомот ройгон диҳад. Инро медонистед, аммо барои манфиати худ бо ҷинояткор забон як карда будед-ку! Агар порадеҳро ҷавобгар кунанд (ҷарима банданд), чашми дигарон метурад. Албатта, вақте мегӯяд, ки «тавони пардохти ҷаримаро надорам», ба ӯ бояд гуфт: «Порапулӣ меёбӣ-ку!».
Хуллас, бо ҷазо додани порадеҳон, ки дар бисёр маврид мақомот аз онҳо «фиребхӯрдагон» ном мебарад, метавон то ҷое сатҳи ришвахориро паст кард. Порадеҳ кӯдак нест, ки ӯро «фиребхӯрда» унвон кунем. Дилсӯзӣ ба порадеҳон бас аст!
6. Муборизаи виҷдонӣ пурзӯр карда шавад. Агарчи ҳарфи рӯҳониён дар муқовимат ба коррупсия таъсирбахш ба назар рассад ҳам, лек иштироки онҳо дар фаҳмондадиҳиҳои зидди коррупсионӣ мушоҳида намешавад. Ё шояд масъулон намехоҳанд шунаванд, ки даромади пулӣ аз ҳисоби тамаъҷӯиву порахӯрӣ макрӯҳ аст? Бигзор диндорон ошкоро гӯянд, ки тамаъҷӯӣ гуноҳ ва пули бо ин роҳ ба даст омада макрӯҳу ҳаром аст. Шояд он вақт ақаллан мансабдорони намозхон сари хулосае меоянд. Наход ибодати онҳо барои аз мардум «бонус» гирифтан бошад?

Анҷом
Таҳлилгарон боло бурдани маошро роҳи аслии аз байн рафтани коррупсия маънидод мекунанд. Вақте мансабдоре бо 10-20 ҳазор доллар пора ба даст меафтад, пас маошашон бояд ба ин андоза бошад? Ҳатто чанде пеш як мансабдори тоҷикро дар ҷараёни «обулойкунӣ»-и мабалғҳои грантӣ бо ним миллион доллар пора дастгир карданд. Аз ин нигоҳ, мо бояд маошро 500 ҳазор доллар муқаррар кунем.
Дар маҷмӯъ, суоли матраҳ ин аст, ки агар омӯзгор ё ҳар корманди дигар 2 ё 4 ҳазор сомонӣ маош гирад, аз ришвахорӣ даст мекашад ё на? Таҷриба нишон додааст, ки «на». Чунки дар ҷамъияти мо порагириву порадиҳӣ кайҳо ба як одати хунӣ табдил ёфтааст. Воқеият ин аст, ки фақат инсонҳои бовиҷдон метавонанд бо маоши беҳтар қаноат кунанд. Вақте инсон дониш дораду инсоф не, дониши ӯ ба силоҳи хатарнок табдил меёбад. Бинобар ин, кадрҳоро бояд на фақат аз рӯи дониш, балки аз рӯи дараҷаи инсоф ва қаноатмандиашон ба вазифа таъин кард. Аммо кӣ бояд дар тафаккур ва рӯҳияи наслҳо ҳисси қаноатпешагиро парвариш диҳад? Албатта боз ҳам омӯзгор. Ба шарте, ки ӯ худ қаноатпеша бошад.
Хуллас, барои видоъ бо коррупсия аз ду роҳ якеашро бояд пазируфт. Ё кадрҳоро қаноатпеша тарбия кард ё маошро 500 ҳазор доллар муқаррар мекунем. Тамом, вассалом.

Марҳабо РАМАЗОНЗОДА, рӯзноманигор

Хонданд 621

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Нигоҳи хос

  • ХОСта

    Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ…
  • Хоҳиш ва ҳадаф

    «Агар Шумо хоҳед, ки ҳаёти хушбахтона дошта бошед, бояд алоқаманд…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.