.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

 «Илму маориф омили муҳимтарини рушду пешрафти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи насли наврас вобаста мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҷумҳурӣ, хусусан дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе кори бунёду созандагӣ рӯ ба тараққӣ ва инкишоф аст. Муассисаҳои таҳсилотӣ, корхонаҳо, марказҳои саломатӣ, хонаҳои баландошёна, марказҳои бузурги савдо, тарабхонаҳо ва дигар иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Сохтмони дигар иншоот низ босуръат идома дорад.

Мутаассифона, сохтани шаҳраки академикҳо аҷабе нест, ки ҳанӯз ҳам лоиҳакашӣ нашуда, шояд аз хотирҳо фаромӯш шуда бошад. Манзур аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки шуруъ аз Академияи илмҳои ҶТ (чуноне, ки мегӯянд, Саракадемия), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи тиббии Тоҷикистон, Академияи иқтисодии Тоҷикистон, Академияи ВКД-и Тоҷикистон, Академияи ВАО дар ҷойҳое фаъолият доранд, ки муҳити дилгиркунанда дошта, ҷиҳати эҷоду фаъолият намудан ва ноил гардидан ба дастовардҳои наву пешрафти замон носозгор мебошанд. Ғурроси нақлиёт, фарёду мағали пулчинакҳо, роҳгузарон ва дигар қишри ҷомеа, ки садди роҳи пурмаҳсул фаъолият намудани олимон ва ходимони илмӣ мегарданд, боиси нигаронист.
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия шаҳраки академикҳо бо номи «Солнечный», дар шаҳри Новосибирск - «Академгородок» ва дар баъзе дигар вилояту кишварҳои ҳамин давлат шаҳраки академикҳо дар беруни шаҳр, дар ҷойҳои хушманзара ва дилкушо, табиати хубу созгор дошта ва аз ҳама муҳимаш, орому сокит, ки боиси болоравии илҳоми эҷодӣ ва сермаҳсулӣ мегардад, бунёд карда шуда, фаъолият доранд. Алалхусус, дар ин шаҳракҳо шароитҳои иҷтимоии хуб, аз қабили боғҳои истироҳатӣ, таомхонаҳои хӯрокҳои барои тановул ниёзи аввалдошта ва дастрас, нуқтаҳои савдо, биноҳо барои машқи бадану руҳ, истироҳат барои рафъи хастагиро баровардан, толорҳои калони ҷаласа ва конфронсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Дар шаҳри Новосибирск шаҳраки академикҳо дар ҷое сохта шудааст, ки табиати хеле зебову барҳаво дорад. Мо аз ин ҷо борҳо дидан намуда, аз ҳавои мусаффо ва табиати чашмгираш баҳра бурдаем. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки олимон дар ин мавқеъ хеле пурсамару сермаҳсул кор мекунанд ва маҳсули меҳнаташон низ беназир аст. Бисёр навовариҳои илму техника аз шароити хуби ҳамин шаҳраки орому созгор, ки илҳомбахши фаъолияти эҷодӣ мебошад, вобастагӣ дорад.
Мутаассифона, олимони тоҷик дар шароитҳои номувофиқ кор мекунанду заҳмат мекашанд, ки ин барои рушду пешравии илм бетаъсир намемонад. Чуноне ки дар боло қайд намудем, ташвишҳои ҳаррӯзаи шаҳрӣ, ғавғои роҳгузарон, ғурроси нақлиёт ва амсоли ин «каму кост»-иҳо, куҳнасохт будани биноҳо, муҳайё набудани дафтарҳои кории замонавӣ ва надоштани шароитҳои хуби иҷтимоӣ, фароғатӣ ва ғайра боиси каммаҳсулӣ ва камсифатии фаъолияти кори олимон мегарданд. Чӣ бояд кард?
Агар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо вазоратҳое, ки академияҳо ба онҳо мансубанд, сарпарастҳо ва билохира, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат банданд, аҷабе нест, ки як шаҳраки хубе барои академикҳо ва олимони тоҷик бунёд гардад. Дар он сурат шояд илми тоҷик зиёдтар рӯ ба рушд ва нумуъ оварад ва дастовардҳо боз ҳам пурғановат гарданд. Ин боиси он мегардад, ки истеҳсолот ва шароити зиндагӣ беҳтару хубтар шавад ва омилҳои ҷаҳоникунонӣ роҳандозӣ гарданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ва дигар мавридҳо борҳо дар ин масоил таъкидҳо намудаанд.
Асри бистуякум асри технологияи навин маҳсуб меёбад ва нақши олимон дар пешрафти илму техникаи муосир бояд назаррас бошад.

Убайдулло РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҶТ, узви ИЖТ

Хонданд 516

Психологияи нигилистро беҳтар ва равшантар аз ҳама Достоевский дар асари безаволаш «Ҷин» («Бесы») тасвир кардааст. Кори асосии нигилистон дар ҷомеа паҳн кардани овоза, шӯру исён, воҳимаю бетартибӣ (хаос) мебошад. Дар ин роҳ онҳо аз дурӯғ рӯ намегардонанд, ҳамарову ҳама чизро бад мегӯянд, бо ин рафтори ноҷавонмардонаашон байни инқилобчиён рӯсиёҳ гаштаанд. 

Тротский яке аз намунаи нигилистон аст, ки ҳарчанд Ленин ӯро ҳамчун донишманд эътироф мекард ва аз Сталин боло мегузошт, барои хислати шӯрангезиаш аз ӯ эҳтиёт шуданро таъкид мекард. Чунин хислат буд, ки Тротский дар як мамлакати фарангӣ ҳангоми оби ҷавнӯшӣ баъди бо шӯру исён дар бораи Русия гап заданаш бо дӯлчаи пиво ба сараш хӯрда, ҷон бохт.
Яъне, оқибати хуб надорад нигилизм. Намунаи чунин рафторро дар шӯру фиғони дар атрофи забони русиро надонистани вазири маориф ва илм Нуриддин Саид барангехтаи баъзе нигилистони имрӯза дидан мумкин аст. Онҳо дар ин бобат хулқу хӯи Пётр Степанович Верховенский (прототипи С. Нечаеви нигилист, авантюрист, аз ин ҷо ҷараёни нечаевчигӣ пайдо шудааст)-ро аз асари зикршудаи Достоевский такрор мекунанд.
Барои нигилистон масъалаи хурду калон аҳамият надорад, муҳим бетартибӣ (хаос) ба миён ояд. Онҳо ҳар кирдорашонро барои иҷрои ҳадафи калонтаре, ки зидди давлату миллат нигаронда шудааст, роҳандозӣ менамоянд. Ба баромади нигилист таваҷҷуҳ намоед: «Мы уморим желание, мы пустим пьянство, сплетни, донос; мы пустим неслыханный разврат; мы всякого гения потушим в младенчестве» (Ф. Достоевский. Собр. соч., т. 7, 1990, стр. 392). Бале, ҳадафи нигилист ноором кардани ҷомеа, барангехтани ошӯб аст, бо куштору сӯхтор, ҳақорату дашном, таҳқиру таҳвин бошад ҳам. Ба ин монанд, масъалаи забони ғайрро надонистани Нуриддин Саид ҳарчанд хурду ночиз аст, барои ҳадафҳои калонтар ба роҳ андохта мешавад.
Кору амали Нуриддин Саидро бо тақозои вазифа бисёр ба мушоҳида гирифтаам. Принсипи ҳаётии ӯ ҳамин гуфтаҳои Конфутсий аст: «Агар мардум маро нашиносанд, ҳеҷ қисса нест. Ман аз он метарсам, ки мабодо рӯзе ман мардумро нашиносам».
Рӯзе аз назди бинои асосии ДМТ мегузаштам, ки одами зиёдро дидам; дар дохили порчаи замин ректор Нуриддин Саид бо каланди бобоӣ хоки рехтаро паҳн мекарду ҳамроҳонаш - устодони донишгоҳро ҳадаҳа мекард, ки «ҳа, бачаҳо, суст наоед, магар зӯри мо, ин қадар профессор, ба як мошин хок намерасад?!». Бале, он рӯз шанбегӣ буд. Дар бисёр муассисаҳо, ҳатто муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дар рӯзҳои қабул ба дидори роҳбар расидан амри маҳол, илова ба ин, саду як посбону мушовир асабатонро вайрон мекунанд. Аммо Нуриддин Саид ҳама ҷо дастрас аст. Дар куҷое рост ояд, бо ӯ суҳбат мекунанд ва як сухани бадоҳатан гуфтаашро неку бад иқтибос меоранд. (Ба нияти нек бошад, дарди бахайр).
Ҳафтаи гузашта, рӯзи шанбе дар рӯзи урфии қабули вазири маориф аз забони омӯзгори собиқадор Алиева Файзимо мешунидам, ки мушкилашро ҳал карда баромада дар берун мегуфт: «Нуриддин Саид ягона вазирест, ки дар ҳар рӯзи қабул бо ҷонишинонаш ба истиқболи шаҳрвандон мебарояд».
Бале, ҳафтаи гузашта дар қабули вазири маориф ва илм зиёда аз 70 нафар шаҳрвандон ҳозир шуда, мушкилашонро осон намуданд. Дар рӯзҳои дигар аз сад нафар бештар меоянд ва ман боре надидаам, ки ягон нафар бо димоғи сӯхта аз ҳузури ӯ баромада бошад. Вазир на дар ҳуҷраи кориаш, балки дар ошёнаи аввал, дар шуъбаи умумӣ қабул мекунад. Борҳо дидаам, ки ин корро дар даромадгоҳ, роҳрави Вазорат низ анҷом медод ва ҷонишинонаш мизу курсӣ гузошта, дар ҳамон долон менишастанд. Дар қабули охирин ба пиразани русзабоне барои ариза навиштанаш ёрӣ расондам. Пиразани 81-сола бо ягона аберааш зиндагӣ мекунад. Аберааш Кристина тамомкунандаи гимназия буда, дорандаи даҳҳо мукофоту ҷоизаҳо оид ба варзиши тарзи ушуи чинӣ ва акробатика, донандаи забони чинӣ ва ғайра мебошад. Падараш - хизматчии дивизияи 201-и ФР дар ҳодисоти маълуми кишвар ҳалок шудааст, модараш ҳам гузаштааст, дигар касе надорад, дар таълимгоҳ хубу аъло мехонад. Оё чунин ятимони кулл вақти дохил шудан ба донишгоҳ имтиёзе доранд? Вазири маориф халтаи вазнини медалҳои Кристинаро рӯйи даст гирифта, хушнудона мегуфт: «Бардошта бинед, 2-3 кило! Чемпиони Тоҷикистон, пагоҳ Худо хоҳад, чемпиони ҷаҳон мешавад». Вазир ҳамон лаҳза бо телефон ба куҷое занг зад, ба тобеон дастур дод, ки корҳои омодагиро бинанд ва ба пиразану духтарак маслиҳати дуруст диҳанд. Сипас, ба пиразан барои бархостанаш мадад расонда, дили ӯро пур кард, ки ғам нахӯрад, масъала ҳал хоҳад шуд. Ҳамин вақт воқеаи як рӯз пеш - рӯзи ҷумъа рӯйдода пеши назарам омад: Дар даромадгоҳи вазорат ду пиразани маҳаллӣ бо милисаи дарбон баҳс доштанд. Ҳамин асно вазир дар даст сумкаи калон ҳозир шуд ва гапи онҳоро шунида, бо овози баланд гуфт: «Вазирро меҷӯед? Агар маро дар назар доред, марҳамат!». Ба гирду атрофаш нигариста, дари шуъбаи умумиро наздиктарин шуморида, онҳоро ба он ҷо ҳидоят намуд ва ба суханонашон гӯш дод. Вазири маориф онҳоро бо диққат гӯш дода, даст ба китфашон гузошта, андак ҳазлу шӯхӣ карда, дилашонро бардошт, мушкилоти онҳоро ҳал кард ва каме ёрии моддӣ ҳам расонида, гусел намуд.
Ман вақте чунин ҳодисаҳоро мушоҳида мекунам, ба андеша меравам, ки мо дар ҳақиқат, ба қадри кадрҳои хубамон намерасем, ё вақте мерасем, ки дер шудааст. То он вақт бо тамоми қувва ранги нигилистҳо айбашонро меҷӯем, агар наёфтем, мегӯем – «думи сагат каҷ».
Магар беҳтар нест: чи тавре ки дар ҳамон филми тасвирӣ мегӯянд - «Ребята, давайте, жить дружно!» ва ба манфиати худу давлату миллат ва шукуфоии Ватан меҳнат кунем?!

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА

Хонданд 1471

Ӯ ТАШНАИ ЗИНДАГӢ БУД

Март 03, 2018
Хонданд: 551

Ҳар гоҳ кас аз ин кӯча гузарад, беихтиёр таваққуф карда, ба навиштаҷоти дар санги мармари сафед сабт гашта, менигараду мехонад: «Ислом Ҷалолов. соли 1959 - 2006»

Нафарони ношинос аз роҳгузарон мепурсанд, ки ӯ кист ва чӣ хел корнамоӣ нишон додааст, чаро кӯчаро ба номи вай пайвастаанд?
Аммо ҳамаи сокинони шаҳри Истаравшан, ҳамкоронаш ӯро мешиносанд ва медонанд, ки Ислом Ҷалолов зиндагии хешро барои осоиши мардум нисор намудааст.
Ӯ 2 июни соли 1959 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1966 дар МТМУ № 14 - и шаҳр таҳсилашро оғоз менамояд ва соли 1975 онро ба итмом мерасонад. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980 ба итмом мерасонад.
Соли 1980 ба вазифаи сармуҳандиси идораи сохтмони ноҳияи Зафаробод ба кор қабул мекунанд. Соли 1981 ӯро ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба кор даъват менамоянд ва барои баланд бардоштани дониш И.Ҷалоловро ба Донишгоҳи махсуси такмили ихтисоси ВКД ба шаҳри Саратови Федератсияи Русия мефиристанд.
Соли 1982 баъди хатми донишгоҳи мазкур ба ШКД - и шаҳри Бӯстон сафарбар менамоянд ва бар дӯшаш вазифаи нозири БЭП (мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ) - ро мегузоранд.
Соли 1985 ӯро ба шаҳри Истиқлол мегузаронанд, он ҷо дар вазифаи ваколатдори БХСС - и ШКД - и шаҳр таъин мекунанд.
Соли 1992 роҳбарияти РКД пешрафти корҳои ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи сардори шуъбачаи БЭП - и РКД - и вилоят мегузаронанд. Соли 2003 аз сабаби барҳам хӯрдани хадамоти ОБЭП ба ӯ вазифаи нозири криминалии РКД - и вилояти Суғдро вобаста мекунанд.
Соли 2004 аз сабаби барқарор гардидани шуъбаи нав дар вилояти Суғд ӯро ба УБОП мегузаронанд ва сардори шуъбачаи зидди терроризм ва экстремизм таъин мекунанд.
Соли 2005 ба шаҳри Истаравшан ба ҳамин кор мефиристанд ва рутбаи подполковники милитсия медиҳанд.
Соли 2006 моҳи август ҳангоми адои вазифа дар шаҳри Исфара, вақти доштани ҷинояткор қаҳрамонона ҳалок мешавад.
Солҳои 2006 - ум дар вилояти Суғд аз тарафи гуруҳҳои тундрав ва ифродгар чанд ҷинояти вазнин, аз ҷумла куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ба қайд гирифта шуд. Чунин ҷиноятҳо асосан аз ҷониби ҳаракати «Ҳизб-ут-таҳрир» содир шуданд. Эшон дар минтақа ба амалиётҳои террористӣ даст зада ба амнияти мамлакат таҳдид намуданд. Аксари ҷиноятҳо аз Исфара ибтидо мегирифт ё ин ҷо таҳрезӣ мешуд ва дар он сокинони ин шаҳри бостонӣ ҷабр медиданд.
Чунончӣ 26 - и январи соли 2006 аъзоёни гуруҳи тундрав ба маҳкамаи муваққатии нигаҳдории шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) ҳуҷум карда, лейтенанти навбатдор Бобоҷон Гадойбоевро парронданд ва боздоштшуда, Фатҳулло Раҳимови Исфарагиро аз маҳбас бурданд.
Тахмин соати дуи шаби 12 майи соли 2006 гуруҳи афроди мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ҳуҷум карда, даҳҳо нафар сарҳадчиёни тоҷику қирғизро тирборон карданд ва яроқи зиёдро бурданд. Дар ҳайати даста сокини шаҳри Исфара бародари Фатҳулло Дилшод Раҳимов шомил буд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хавфнокии гуруҳҳои экстремистиро ба эътибор гирифта, муборизаро алайҳи онҳо ҷоннок намуданд.
Моҳи августи соли 2006 шабона ду нафар бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади содир намудани акти террористӣ ва тарсонидани аҳолӣ бо яроқи таркандаи норинҷак мусаллаҳ гашта, ба кӯчаи Бузургзодаи деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара равон гаштанд. Онҳо ба он маҳал омада бо кормандони Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД - и ҶТ дар вилояти Суғд И.Розиқов, И.Ҷалолов ва Ш.Наимов вомехӯранд. Рӯ ба рӯ шавӣ барои гуруҳи экстремистӣ ногаҳонӣ буд. Гумон надоштанд, ки афсарон аз нияту нақшаашон хабар ёфтанд ва барои боздоштани онҳо омаданд.
Нафаре аз террористон вазъиятро дарк намуд ва фаҳмид, ки илоҷи гурехта халос хӯрданро надорад, даст ба бағал хаст. Подполковник Ислом Ҷалолов тахмин кард, ки вай ҳозир норинҷакро мегираду ё худро метарконад ё сӯйи онҳо мепартояд. Агар тарафи дигарон ҳаво диҳад рафиқонаш ва шояд роҳгузарон зарар бинанд. Бояд фавран чора андешид, вагарна дер мешавад. Бе дудилагӣ Ислом Ҷалолов болои террорист ҷаҳид ва ӯро ба замин пахш кард.
Аввал садои таркиши воҳимаангез, баъд доду войи гӯшхароши роҳгузарон баланд шуд. Аз захмҳои гирифта террорист ва подполковники милиса Ҷалолов Ислом Бобоевич дар маҳалли ҳодиса ҳалок гаштанд. И.Розиқов ва Ш.Наимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд ва ҳардуро ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара бурданд. Ҳамшарики гумонбаршуда аз маҳалли ҳодиса ғайб зад, вале ду рӯз пас кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вайро дастгир намуданд. Дар натиҷа шахсияти норинҷакро тарконда аниқ гашт. Вай сокини кӯчаи ба номи С.Айнӣ, ҳавлии №302, деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара Ҷалолов Орифхон Илёсович будааст.
- Дар ин ҳодиса Ҷалолов Ислом Бобоевич нафаре, ки баҳри ҳифзи Ватан часпу талош дошт, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳама чиз боло медонист, 3 августи соли 2006 дар синни 47 солагӣ баҳри осоиши кишвар ва амнияти Ватан қаҳрамонона ҳалок шуд.
Ҳамкоронаш гуфтанд, ки ӯ яке аз кормандони беҳтарини мақомоти корҳои дохилии вилоят буд. Ӯ 21 сол дар сафи мақомот бенуқсон хизмат кард ва то вазифаи сардори бахши ШМАҶМ ВКД - и ҶТ дар вилояти Суғд расид ва сазовори рутбаи подполковники милитсия шуд. Ӯ фидоӣ буд, вақти иҷрои вазифа аз касею чизе наметарсид.
Аз байн марде рафт, ки таҳти мақоли бузургон «ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар» умр ба сар мебурд. Ӯ ташнаи зиндагӣ буд, корҳои нотамому нақшаҳои амалӣ нашуда дошт. Ҳанӯз фарзанди ноболиғашро ба камол нарасонда буд…
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин қаҳрамонии ӯ қадрдонӣ гашт ва подполковники милитсия Ислом Ҷалолов ҳамчун қаҳрамон бо ордени Спитамен дараҷаи 2 баъди маргаш мукофотонида шуд.
Инчунин, ҳукумати шаҳри Истаравшан хизматҳои шоистаи ӯро ба инобат гирифта, 15 ноябри соли 2011 барои абадӣ гардонидани номаш яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба номи Ислом Ҷалолов гузошт.

Л.Ҳусензода,
Р.Фирдавс 

Хонданд 551

Хизмат шараф аст!

Фев 24, 2018
Хонданд: 643

Инак, Артиши Тоҷикистон 25-сола мешавад. Аз рӯзи таъсис то имрӯз дар ин саф барои ҳифзи марзу буми ватан чандин ҷавонмардон ҷони худро нисор кардаанд, ки руҳашон шод бод. Имрӯз дар ин мавқеи хизматӣ ва муҳофизатии кишвар сафи ҷавонони бо хоҳиши хуб мерафта ба маротиб кам шуда истодааст, ки дорои сабабҳои худ мебошад.
Дар замони шӯравӣ ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват намешуд ё намерафт, ӯро “девона аст” гуфта, касе духтарашро намедод. Ҳоло ин калимот дар мо каме тобиши дигар пайдо кардааст, ки агар ҷавон ба хизмати ҳарбӣ равад, ба ӯ чӣ балое рух додааст. Дар он замон се сол хизмат мекарданд, дар баробари ин, боз маоши хуб низ мегирифтанд. Яъне дар баробари дар сафи қувваҳои шӯравӣ талабот зиёд будан, боз ҳавасмандгардонӣ низ кам набуд. Ин боис мешуд, ки ҷавонони даврони советӣ бо сарбаландӣ вазифаи ҷониашонро адо намоянд. Аммо дар он давра мисли имрӯз тартибот ва талабот дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷорӣ набуд. Мисол, ҳоло аз рӯйи тағйироти нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ” як қатор имтиёзҳо ба сарбоз дода шудааст, ки ин дар замони шӯравӣ дида намешуд. Аз ҷумла, дар рафти хизмати ҳарбӣ ба сарбозони қаторӣ дар давоми шаш моҳ як маротиба рухсатии 20-рӯза ва ба сержантҳо рухсатии 30-рӯза дода мешавад ва дар миён маблағи рафтуомади сарбоз аз тарафи қисми ҳарбӣ пардохт мегардад. Ба сарбозоне, ки оиладоранд, имконият дода мешавад, ки дар масофаи 100 километр то зодгоҳашон хизмат кунанд, то рафтуомад ба хона осон гардад. Боз, дар баробари ин, ҷавонони оиладоре, ки соҳиби як фарзанданд, агар дар давоми хизмати ҳарбӣ фарзанди дуюмашон тавлид шавад, онҳо аз аскарӣ озод карда мешаванд. Ин имконоти номбаршуда ба сарбозони дигар аз давлатҳои ҷаҳон дода намешавад. Агар дар замони шӯравӣ тоҷиконро ба Қазоқистону Украинаву Озарбойҷон ба хизмат мебурданд, ӯзбеконро ба Латвияву туркменҳоро ба Россияву русҳоро ба Тоҷикистон меоварданд, яъне ҳеҷ кадом тоҷик дар Тоҷикистон хизмат адо намекарду ҳеҷ ягон қирғиз дар Қирғизистон хизмат намекард, ҳоло барои ҷавонони оиладор имкониятҳо фароханд. Ҳамагӣ дар масофаи 100 километр дуртар аз мавзеи зист хизматро адо мекунад, ки ҳаёти сарбозияшон шабеҳи даврони донишҷӯӣ аст. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонони вақт ба ҳамаи ин имкониятҳову шароитҳои мусоиди хизматӣ бо назари нодида менигаранду аз хизмат кардан ба Ватан-модар меҳаросанд? Ин суол низ то чанде посухи худро ёфтааст. Чи тавре медонем, ҳоло аксари ҷавонон ба аскарӣ рафтан намехоҳанд, ки албатта дорои сабабҳои худ мебошад. Ба монанди шароити на он қадар хуби хизматӣ, муносибати аз меъёр беруни сарбозони калон нисбати сарбозони навомад ва вақти тӯлонии хизмати ҳарбӣ.
Дар бораи шароити нохуби хизматӣ ҳаминро гуфтанием, ки сарбоз ба ҳар гуна мушкилоти ҷойдошта сабр карданаш лозим, зеро дар вақти ҷанг аз ин зиёд мушкилӣ ба сари ҳар як муҳофизи ватан меояд. Пас, дар он ҳолат ӯ чӣ кор мекунад? Барои ҳамин, аз аввал дар ҳолати омодабош ва ҷавобгӯи ҳама гуна талаботи ҳарбӣ дар вақти ҷанг бояд буд.
Муносибати ғайринизомии сарбозони калон низ ба сарбозони навомад аз аввал ҳаст ва то охир низ буданаш эҳтимол дорад. Дар вақти ҷанг ҳангоми ба асорат афтодан ба дасти душман ба сари сарбозон чӣ машаққатҳое меояд? Пас, дар он замон ба доди сарбоз кӣ мерасад? Танҳо бояд сабр кунад, мисли даврони хизматиаш.
Хизмати тӯлонии сарбозон, ҳоло фикр мекунем, сабаби асосии аз хизмат саркашӣ кардани аксарияти ҷавонон гаштааст. Вале ин низ баҳона шуда наметавонад барои аз хизмат дур шудани ҷавонон. Ҳол он ки, хизмати ҳарбӣ вазифаи ҷонӣ ва конститутсионии ҳар як ҷавонмарди миллати тоҷик мебошад. Аммо барои беҳтар кардан ва ба низом даровардани муҳлати хизмати ҳарбӣ якчанд пешниҳод дорем. Мисли он, ки ба ҷавонони маълумоти олидошта имтиёзи хизмати яксола додаем, инро ба дигар қишри ҷавонон низ диҳем. Барои донишҷӯён бошад, санаде ба имзо бояд расонд, ки мувофиқи он “ба ҳар донишҷӯи муассисаи олиро хатмкарда танҳо дар ҳолате диплом дода шавад, ки ба муҳлати 6 моҳ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунад” ва ё ин ки “дар ҳар донишгоҳи кишвар кафедраҳои ҳарбӣ таъсис дода шавад”, то донишҷӯ дар баробари таҳсили илм кардан боз дорои донишҳои ҳарбӣ гардад. Барои ҷавонони аз таҳсил дурбуда, хуб мешуд, ки муҳлати хизматро як сол ва ё якуним сол муқаррар кунанд, то ҷавонони кишвар дубора мисли замони қаблӣ барои ба аскарӣ рафтан дилгарм шаванд.
Дар ҳолати ба кор наомадани ин муқаррарот маҷбур мешавем боз ба қонунҳои нонавишта рӯй орем. Ба мисли надодани духтар ба ҷавони ба аскарӣ нарафта, ки ҳоло дар аксар манотиқи куҳистонии кишвар ин расм ҷорӣ аст.
Нуралӣ КАРИМ


Метарсам, ки дар ҷанг пушт мегардонем!
Дӯстам, Нуралӣ! Бисёр хуб навиштӣ. Ба аксар гуфтаҳоят розиям, вале на ба ҳамааш. Хуб аст, ки бо кадом сабаб аз хизмати ҳарбӣ гурехтани ҷавонмардони кишварро медонӣ. Фикрҳоятро хондам, акнун маро шунав.
Дар яке аз саҳначаҳои ҳаҷвии гуруҳи “Ғарибшо-компания” сухане ба ин маънӣ гуфта мешавад: “Шахсоне, ки аз аскарӣ мегурезанд, дар ҳуҷҷат “негодный”, дар ҳаёт “годный” ва шахсоне, ки ба аскарӣ мераванд, дар ҳуҷҷат “годный”, вале дар ҳаёт “негодный” мешаванд.
Ин сухан чанд сол пеш гуфта шуда буд, аммо имрӯз ҳам ҷой доштани зӯроварӣ ба сарбозони нав ба хизмат рафта шунида мешавад ва тавре худат гуфтӣ, ба ин кор тарафдор ҳам ҳастӣ.
Мо барои чӣ ба хизмат меравем? Барои он, ки ҷангро ёд гирем, то агар сагбачае ба кишвари мо бо чашми бад нигарад, чашмонашро канда, партофта тавонем ва бо ин роҳ ватанамонро муҳофизат кунем.
Ҳама вақт дуо мекунем, ки дар ягон кишвар ҷанг нашавад, лекин ҳеҷ як давлат аз низоъҳои мусаллаҳона эмин нест. Дар ҳама ҷо шахсони бадхоҳ буданду ҳастанд. Мабодо дар ватани мо ҳамин гуна низоъ сар занад, аз рӯйи ақидаи ту, бояд дар қисмҳои ҳарбӣ ба сарбозони нав зӯроварӣ карда шавад, чунки вақти ба дасти душман асир афтодан тоқат карда тавонанд? Инро бидон, ки душман на ҳама вақт асиронро азобу машаққат медиҳад, махсусан дар чунин ҳолат. Тасаввур кун, ки туро бесабаб латукӯб кунанд, дашномат диҳанд ва шаъну шарафатро паст зананд. Дар вақти асир афтодан дар ҷанг душман туро эҳтиром намояду имконияти беҳтар зиндагӣ карданро диҳад. Дар ин ҳолат ту ё бо душман ҳамроҳ мешавӣ ва ё коре ба корашон намегирӣ, ошно! Метарсам аз ин рӯз, сахт метарсам...

Хайёми САРАХОН 

Хонданд 643

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.