.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҳукумат

На ҳама чизе, ки медурахшад, тиллост

Тилло аз  ҷумлаи металлҳои қиматбаҳо маҳсуб ёфта, дар давоми асрҳо арзишу манзалати хешро гум накардааст. Дар замони қадим низ сармояи инсоният ва кишварҳои алоҳида  аз рӯйи ҳаҷми ин металли гаронбаҳо ҳисоб карда мешуд. Дар ҷаҳони муосир низ тилло муайянкунандаи сатҳи иқтидори иқтисодии мамлакатҳо боқӣ мондаву буҳронҳои молиявии чанд соли охир арзиши онро бамаротиб боло бурдааст. Инсонҳо низ кӯшиш мекунанд, ки аз ин металли  камёфт барои худ ороишот харидорӣ намуда, ба ин васила, завқи зебоипарастӣ ва имконоти молиявии хешро ба маҳзари ом гузоранд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар замони собиқ шӯравӣ  дастрасии мардум ба маснуоти заргарӣ  осон набуд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми манотиқи мамлакат фурӯши чунин маснуот роиҷ буда, ҳама метавонанд дар доираи имконоти молиявии худ онҳоро дастрас намоянд.

Манзури банда аз иншои матлаби мазкур чизи дигар аст. Мушоҳида мешавад, ки ҳамрадиф бо маҳсулоти баландсифати заргарӣ, маснуоте ба харидорон пешниҳод мегардад, ки сифаташон  ҷавобгӯйи талаботи мавҷуда нест. Барои мисол, то ҳанӯз ба харидорон пешниҳод намудани тиллои «низкий», «туркӣ», «арабӣ» ва ғайра ҷой дошта,  харидорон низ аз «бренд» -ҳо таври мунтазам ва дар ҳаҷми зиёд харидорӣ намуда истодаанд. Ҳол он ки аксари чунин маснуот, агар зебоии зоҳириашонро сарфи назар намоем, оҳанпорае беш нестанд. Мутаассифона, қисмати аъзами харидорон ин ҷиҳати масъаларо ба инобат нагирифтаву бозори тоҷирони бевиҷдонро «гарм» намуда истодаанд. Чунин нафарон бо харидории чунин тиллои бесифат мақоли «Хоҷа, боғ дорӣ? -Дорам»-ро амалӣ  карда, дарк намекунанд, ки «на ҳама чизе, ки медурахшад, тилло аст».

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъди ба марҳилаи сифатан ворид гардидани  фаъолияти Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъулиятшиносии роҳбари он – Дилшод Саидзода рабт дорад,  фурӯшандагон ва харидорон доир ба  мавҷудият ва рисолату ваколати Нозироти мазкур иттилои комил пайдо карданд. 

Пештар ҳолатҳои зиёде мавҷуд буданд, ки харидорон аз ҷониби тоҷирони беинсоф зимни фурӯши тилловорӣ  фиреб  хӯрдаву иқдоме барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолии худ намекарданд. Кунун вазъият куллан дигар шуда, сохтори мазкур рисолати хеш - назорати коркард, истифода, нигаҳдошт ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дар ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки чунин фаъолиятро пеш мебаранд, дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодааст. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ назорати иёргирӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳову сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати носолим ва  ҳимояи манфиати давлат гузаронида мешавад.

Табиист, ки дақиқияти ташхис бидуни таҷҳизоти замонавӣ ғайриимкон аст. Биноан, бо ибтикори Дилшод Саидзода барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ таҷҳизоти махсус ва маводи лаборатории истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ дастрас гардид.  Нуктаи муҳим он аст, ки тӯли фаъолияти Нозирот аввалин маротиба ин гуна таҷҳизот дар раванди фаъолият  истифода  шуданд. Илова бар ин, бинои Нозирот, ки дар ҳолати на чандон хуб қарор дошт, бо риояи назокатҳои бахши меъморӣ бозсозӣ ва таъмир гардид, ки аз завқи баланди роҳбари он – Дилшод Саидзода гувоҳӣ медиҳад. 

 Муҳимтар аз ҳама, бо ташаббуси роҳбари Нозирот, дастгирии Ҳукумати мамлакат,  мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми чанд соли охир  ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қисми 14 илова гардида, бар ивази андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти як грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло ҳаждаҳ сомонӣ ва барои воридоти як грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра се сомониву шаш дирам муқаррар карда шуд.  

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мавриди назар  вазъи бозори маснуоти заргарӣ ташвишовар буду воридоти он бо дарназардошти талаботи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ такмил ва дастгирии давлатиро тақозо менамуд. Таҳлили нишондиҳандаҳои барасмиятдарории маснуоти заргарӣ дар солҳои пеш  далели бебаҳс буданд, ки ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, бо сабаби баланд будани пардохтҳои давлатӣ, ки бо дарназардошти хароҷоти интиқолӣ аз 40 то 42 дарсади арзиши моли воридкардаро дар бар мегирифт, ба таври қочоқ воридшавии маснуоти мазкур  тамоюли афзоишро касб намуда буд.  Табиист, ки ҳолати мазкур сабаби рушди бозори пинҳонии харидуфурӯши маснуоти заргарӣ шуда, омилҳои коррупсиониро ба миён меовард.

Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл зимни суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе-2015» оид ба «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» зикр намуданд, ки “дар нуҳ моҳи соли 2015  аз Ҷумҳурии Туркия тавассути хатсайри ҳавоӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба кишвар 700 кг маснуоти заргарӣ, танҳо тилло ворид гардидааст, ки дар асл аз он 15 кг ба таври расмӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, ҳамагӣ 2,1 фоизи ҳаҷми умумии молҳои воридгардидаро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ба расмияти гумрукӣ надаровардани 685 кг маснуоти заргарии бо роҳи қочоқ воридгардида ба ҳисоби миёна зиёда аз 39,7 миллион сомонӣ ё ин ки 5,9 миллион доллари ИМА пардохти гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нагардидааст”. Қобили зикр аст, ки ин танҳо рақамҳои оморӣ буда, вазни хоси соҳибкории пинҳонӣ ба инобат гирифта нашудааст.

Рақамҳо ҳокианд, ки баъд аз қабули қонуни мазкур ва дар заминаи меҳнати пурмаҳсулу масъулиятшиносии роҳбарияти Нозироти мавриди назар,  новобаста  аз таъсири буҳрони молиявӣ, ки дар натиҷаи он қобилияти харидории маснуоти заргарӣ аз ҷониби аҳолӣ бамаротиб суст шудааст, нишондиҳандаҳои  воридоти маснуоти заргарӣ ба кишвар  ва аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ ворид шудани маблағ дар муқоиса ба солҳои пеш хеле баланд аст.

Аз ҷониби дигар, ба шарофати қонуни зикршуда миёни истеҳсолкунандагони маснуоти заргарии ватанӣ рақобати солим роҳандозӣ ва баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,  ба кишвари содиркунандаи ин намуди  маҳсулот табдилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам шуд.

Мутаассифона, то ҳанӯз  як идда дар ҳолати нақзи ҳуқуқҳояшон ҳангоми харидории маснуоти заргарӣ хомӯширо ихтиёр менамоянд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки  ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо оид ба ин масъала вазифаи ҷонии Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро мебояд равобитро бо ин сохтор тақвият бахшанд.

 

Далер Мерганов,  

журналист

Хонданд 291

«Роғун» дар чанд сатр

Нояб 26, 2018
Хонданд: 147
«Роғун» дар чанд сатр

Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи нерӯгоҳҳое, ки дар рӯди Вахш ҷойгиранд аз боло нуҳум буда, дар масофаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Нерӯгоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. 

 

Пайдоиши лоиҳа

Таърихи пайдоиши лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» бо маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо ва иттилои охири пахшнамудаи АМИТ “Ховар” ба соли 1930 рабт мегирад, ки ҳамон он сол лоиҳаи мазкурро нақшакашӣ кардаанд. Соли 1960 бошад, корҳои омӯзишӣ гузаронидаанд.  

 

Шуруъ ба сохтмон

Соли 1974 Госстройи СССР лоиҳаи омоданамудаи шуъбаи осиёимиёнагии Институти “Гидропроекти”-и шаҳри Тошкандро барои сохмтони НБО-и «Роғун» тасдиқ кард.

Соли 1976 корҳои омодагӣ барои сохтани НБО-и “Роғун” шуруъ шуд. Моҳи сентябри соли 1976 бригадаи аввали сохтмончиён ба Роғун омаданд.  Барои амалисозии лоиҳаи мазкур 300 корхонаи хурду бузурги даврони шӯравӣ иштирок доштанд. Барои сохтмончиён ҳукумати вақт шароити зистро фароҳам овард, хонаҳои баландошёна, мактаб барои 1200 хонанда ва боғчаи кӯдаконаи “Юнга”-ро бунёд намуд.

 

Бунёди сарбанд

Соли 1987 бунёди сарбанди нерӯгоҳ оғоз ёфт. 27-декабри соли 1987 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. То соли 1993 баландии сарбанд ба 40 метр расонида шуда ва наздики 21 км нақб канда шуд. 

 

Мавқуф гузоштани сохтмон

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба сохтмони НБО-и “Роғун” мавқуф гузошта шуд. 8 майи соли 1993 дар натиҷаи обхезӣ қисмати зиёди сохтмон хароб шуда, як қисми нақбҳои кандашуда зери об монданд.

 

Аз нав оғоз кардани сохтмон

Баъд аз танаффуси 11- сола сохтмони нерӯгоҳро аз нав оғоз намуданд. Ҷониби Тоҷикистон бо ширкати русиягии “Русал” соли 2004 барои сохтмони НБО-и “Роғун” шартнома ба имзо расониданд. Ширкати “Русал” аз соли 2004 корҳои омӯзишӣ гузаронида, қисме аз иншооти мазкурро, ки дар обхезии соли 1993 зарар дида буд, аз нав барқарор кард. Аммо, сентябри соли 2007 аз сабаби ба миён омадани назарҳои мухталиф оиди сохтмон ва пешниҳоди паст кардани баландии сарбанди нерӯгоҳ аз ҷониби ширкати “Русал”, ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷониба шартномаро бо ин ширкат бекор кард.

 

Роғунро бо маблағи худамон месозем

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009-2010 азм дошт, ки Роғунро худ ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Дар ин солҳо қисмати зиёди аҳолӣ, қариб ҳар як хонавода бо маблағи ҳадди ақал 100-сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо фаъолони вилояти Суғд соли 2009 чунин иброз дошта буд: «Барои ин ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоат бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад». 

Фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум дар соли 2010 дер давом накард ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ карда шуд.

 

Ташхиси байналмилалӣ

Моҳи декабри соли 2010 корҳои сохтмонӣ дар нақби якуми нерӯгоҳ ба анҷом расид. Дар соли 2011 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа шуд, ки Роғунро аз ташхиси байналмилалӣ мегузаронанд. Феврали соли 2011 пудратчии ташхис ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd» интихоб гардид.

Моҳи июни соли 2012 ташхисгарони байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки баландии сарбанди НБО-и “Роғун”-ро на 335 метр, балки 170 метр намоянд. Ин пешниҳодро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ рад кард.

 

Шартнома бо ширкати итолиёвӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июли соли 2016 пас аз дар тендери байналмилалӣ ғолиб омадани ширкати «Салини Импреҷило” бо ин ширкат барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО-и “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид .

 

Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

29 октябри соли 2016 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахшро аз сари нав баст ва ба бунёди сарбанди НОБ-и «Роғун» оғоз бахшид. Ёдовар мешавем, ки Президент худ ба сари чанбари булдозер нишаста, дар муддати якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёро дигар намуд. 

 

“Роғун” ба кор шуруъ кард

Санаи 16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО-и Роғун бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи чархаи мазкур намояндагони кишварҳои ба мо дӯсту бародар: Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Италия, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд. 

Маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон намоиш дода шуд. Инчунин дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 нафар рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ҳузур доштанд.  

Дар маҳалли сохтмони НБО-и “Роғун” Эмомалӣ Раҳмон, хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро ба истифода дод. Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” аз сентябри соли 2017 оғоз ёфта то августи соли 2021 пешбинӣ шудааст, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. 

Пас аз ба истифода додани хатти баландшиддати “Душанбе-Роғун” Президент ба фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшид. 

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли нерӯи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ нерӯи барқи дар НБО-и «Роғун» истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.

 

90%-и кормандони “Роғун” тоҷиконанд

Корҳои сохтмону васлкунӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

 

Таҳияи Мусои Бобоҳоҷӣ

Хонданд 147
Ховалинг: Аз Мирзозода омӯзед!

Ноҳияи Ховалинг дар баробари мавзеъҳои таърихӣ ва оромгоҳҳои бузургворон доштанаш, инчунин дорои табиати фусункор мебошад. 

Ҳангоме, ки  мо чанд нафар аз дӯстон ба ин ноҳия сафар намудем, садҳо нафар одамонро дидем, ки ба зиёрати оромгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ва мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ мерафтанд. Тамошои мазори ҳазрати Султон, ки аз маркази ноҳия 17-километр қарор дорад, ҳар як бинандаро ба чашмаҳои софу мусаффо, ҳавои салқину фараҳбахш ва дарахтони гуногуни сояафканаш ба худ ҷалб менамояд. Дар пештоқи мазор навишта шудааст : « Бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст»

Ба зиёрати ин мадфангоҳ имрӯзҳо аз шаҳру навоҳои Ҷумҳурии Узбекистон меҳмонҳои бисёре меоянд. Дар маркази шаҳраки Ховалинг мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ ҷойгир аст. Ин мавзеи таърихӣ низ пайваста макони зиёрати одамон гаштааст.

Ҳар шахсе, ки меҳмони ин диёри зебоманзар мегардад, ҳатман таваҷҷуҳи ӯро мавзеи дилкаши « Чилчанор», ки дар давоми роҳбарии раиси ноҳия Мирзозода Нурулло ба худ ҳусну қабои нав гирифт, ҷалб менамояд. Дар ҳақиқат дар давоми се-чор соли охир дар ин мавзеъ, ки дар маркази ноҳия рӯи ба рӯи бинои ҳукумат ҷойгир аст, бисёр навгониҳои нав аз қабили фаввораи калон, ҳавзи шиноварӣ, катҳои ба усули шарқиёна ва монанди инҳо сохта шудаанд. 

Бегоҳ мо ба тамошои шаҳраки Ховалинг баромадем. Тамоми кӯчаҳо чароғону  мумфарш карда шуда буданд. Ба ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия дар марказ « Гулгашти ҷавонон» ва « Олами кӯдакон» ташкил карда шудааст. Мардуми шаҳрак ҳангоми суҳбат миннатдории худро нисбати раиси ноҳия баён менамуданд.

-Аз вақте ки раиси ноҳия Нурулло Мирзоев шуд, шаҳраки мо ба кулли симои худро дигар намуд,-гуфт ҳангоми суҳбат сокини шаҳрак , ки худро Раҳмоналӣ муаррифӣ намуд,- Мо ҳар бегоҳ бо ҳамроҳии дӯстонам дар назди « Гулгашти ҷавонон» ҷамъ шуда, сайру гашт менамоему ба муҷассамаи Восеъи қаҳрамон нигариста ифтихори он мекунем, ки чунин родмардони бонангу баномус зодаи ноҳияи мо мебошад.

 Ҳамон бегоҳ бо якчанд зану мардҳои ноҳия, ки фарзандонашонро ба тамошои воситаҳои гуногуни атраксионӣ оварда буданд, ҳамсуҳбат шудам.Зане, ки шодию хурсандии кӯдаконашро назорат мекард, баъди мақсади моро фаҳмидан, бо як чеҳраи кушоду хандон андешаҳояшро чунин баён намуд:

-Ҳазор раҳмат ба ташкилкунандагони ҳамин ҷо. Мо ҳар бегоҳ бо ҳамроҳии ҳамсояҳоямон баъди хӯроки шом фарзандонамонро гирифта ба ҳаминҷо меоем. Дар баробари фарзандонамон мо низ давраи кӯдакиамонро ба ёд оварда, савор шуда, «катайска» мекунем. Чанд рӯз пеш ба хонаи падарам ба ноҳияи Восеъ ба меҳмонӣ рафтем. Ҳеҷ бовариам намеояд, ки як ноҳияи калон, ки даҳ баробари Ховалинг мебошад, чунин «Олами кудакон» надошта бошад.

Дар ҳақиқат шаҳраке, ки ҳамагӣ 7,5 ҳазор аҳолӣ дорад, майдони воситаҳои атраксионӣ дошта бошаду шаҳраке, ки зиёда аз 23 ҳазор аҳолӣ дораду падару модар фарзандонашонро барои тамошо ба шаҳри Кӯлоб мебаранд, айб аст.

Баъди тамошои шаҳраки Ховалинг пешравии бисёреро мушоҳида намудем. Гулгашти хору зори шаҳраки Восеъ, ки дар паҳлуи шоҳроҳи  Душанбе-Кулоб ҷойгир аст, табъи ҳар як бинандаро хира месозад. Боғи марказии ноҳия, ки аз се тарафаш маҳкам аст, ба ғайр аз як ошхона ва хонаи саққобозӣ, ки аз давраи шуравӣ мерос монда буд, ягон ҷои ҷалбкунанда надорад. Замоне дар ин ҷо воситаҳои гуногуни атраксионӣ фаъолият мекард ва имрӯз дар ҷои он майдони хурди футбол сохтанд. Худ қазоват намоед, боғи фарҳангӣ дорои майдони гуштингирӣ, валейбол, баскетбол ва футбол мебошад, пас ҷои ҷалбкунандаи он куҷост? Ба ғайр аз коркунони боғ ягон кас вориди он намегардад. Ҳайфи чунин боғ.

Тамошои кучаҳои шаҳраки Ховалинг ба чароғҳои замонавӣ, ки истеҳсоли хитоӣ мебошанд, насб карда шудааст. Дар бунёдкории ноҳияи Ховалинг ҳиссаи соҳибкорон назаррас аст. Давоми се-чор соли охир мансабдорону соҳибкорони ноҳияи Восеъ кучаҳоро ба номи бобою падарашон гузоштанд, ки боиси норозигии сокинонаш гашта буд, аммо садои онҳоро ҳеҷ кас гӯш накард. Дар охир ба чунин хулоса омаданд, агар ҳамин тавр рафтан гирад, дар оянда номҳои Сино, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Навоӣ ва монанди инҳоро ба номи модару холаҳояшон, ки бисёр « хизмат» карданд, мемонанд. Чи илоҷ ҳамин хел замона омадааст, ақаллан дар ободии он ҳиссагузор бошанд, ба чунин хулоса омаданд, сокинони куча.

Вақти он аст роҳбарони ноҳияи Восеъ рафта аз таҷрибаи Мирзозода Нурулло ибрат гиранду нисбати вазифаи худашон масъулиятман бошанд.

Тавре дар суҳбат раиси ноҳия иброз намуд:

-Дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.18, №АП-1059 «Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкориҳо дар давоми солҳои 2018-2021, оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида , мавриди иҷро қарор дода шудааст. Аз он ҷумла дар маркази ноҳия дар масофаи 2,4 гектар замин ба маблағи 2,5 млн сомонӣ боғи фарҳангию истироҳатӣ бунёд менамоем. Дар мавсим зиёда аз 29,5 ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонидем. То ҷашни 30-солагии истиқлолият як қатор нақшаҳои назаррасе омода намудем ва дар оянда бо дастгирии фарзандони саховатпешаи ноҳия инҳоро амалӣ мегардонем. 

Мо боварӣ дорем, он бунёдкориҳое, ки шумо дар ноҳия карда истодаед, боиси таҳсини мардум айни ҳол гаштааст ва дар оянда ҳам низ шуморо ҳеҷ гоҳ мардуми шарифи Ховалинг фаромуш намекунанд.

Рӯзимади Тоҳир

Хонданд 626
Алифбои зиндагии генерал Азимов

Нақши ҳар инсон дар ҷомеа ва эътибори ӯ дар байни мардум ба андозаи кор ва  амали некаш баҳогузорӣ карда мешавад. Ташаккули маънавии инсон ва камолоти ахлоқии ӯ низ то расидан ба ҳадди шахсияти комил аз дунёи ботинӣ, ният ва ҳадафи ҳаётиаш вобаста аст. Дар ин раванд таъсири муҳити оила, шеваи тарбияи волидайн ва омӯхтаҳои худи шахс аз лаҳзаи шинохти худ то даргоҳи мактабу донишгоҳ ва баъдтар дар тӯли зиндагии мустақилона ва таҷрибаи корӣ нақши ҳалкунанда доранд. 

Ҳамин маъниро Амирқул Насимович Азимов барои худ масири зиндагӣ интихоб карда, тарҳи рӯзгори оилавӣ ва корномаи хидматиашро дар ин асос поягузорӣ намудааст. Аз ин ҷост, ки  ҳамагон ӯро ҳамчун инсони бомаърифат, ҳуқуқшинос, муфаттиши варзида, ходими намоёни давлатӣ ва шахсияти бошараф мешиносанд.

Азимов кори худро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура ӯ малакаи ибтидоии фаъолиятро дар соҳаи тафтишот, кушодани гиреҳи ҷиноятҳоро ба хубӣ аз бар карда буд. Вақте  бевосита ҳамчун муфаттиш ба кор оғоз намуд, бо қатъияти том ва  нияти пуразм кӯшиш менамуд, то аз муфаттишони варзида асрору нозукиҳои ин пешаи мушкил ва масъулиятталабро фаро гирад. 

Ӯ дар таҳқиқу тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим ҷузъитарин омилу шароитро ба назар гирифта, дилхоҳ масъаларо соатҳои дароз дар мизони ақл бармекашид ва хулосаи холисона мебаровард. 

Иштирок ва саҳмгузорӣ дар тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими дорои хусусиятҳои ҳархела, ки дар шароитҳои хос таҳти омилҳои муайян аз ҷониби ашхоси вобаста ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи табақаҳои гуногуни ҷомеа содир шуда буданд, бо гузашти замон шахсияти Амирқул Азимовро комилтар, доираи мафкура, шинохти инсонии ӯро бовусъат ва диду назарашро амиқу мӯшикофтар намуд. Дар он солҳои ҳукуматдории шӯравӣ, дар мақомоти прокуратура  ӯ ҳамчун мутахассиси миллие ба камол расид, ки аз ҳар нигоҳ дар мавқеи касбии худ муносибу арзанда ва ифтихорофарин буд. 

Чеҳраи воқеии ҳар як инсон аз диди ҳамкорону дӯстони ӯ  ба таври равшан ҳувайдо мегардад. Собиқ вазири амнияти ҷумҳурӣ  генерал – лейтенанти мустаъфӣ Саиданвар Камолов манзалати инсонӣ ва тавонмандиҳои касбии Амирқул Азимовро чунин ба қалам додааст:

 - Таҳқиқу тафтиши парвандаи марбут ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990  даричаи одамият ва касбияти волои ин инсони саропо тамкину заковатро ба рӯям боз намуд. Он замон дар вазифаи сардори шӯъбаи тафтишотии мақомоти бехатарии давлатии ҷумҳурӣ ифои вазифа доштам, Амирқул Насимович мақомоти прокуратураро намояндагӣ мекард. Чун парвандаи воқеаҳои баҳманмоҳ оғоз  шуд, барои таҳқиқи мунсифонаи он муфаттишони чандин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ кор мекардем. Ҳамкории наздик чеҳраи воқеии инсонро рӯнамо мекунад. Ҳангоми таҳқиқи парвандаи баҳманмоҳ барои ман ҳамчун шахсе, ки нисфи зиёди умрамро дар мақомоти бехатарӣ сипарӣ мекардам, ҳар амалу рафтори Амирқул Насимович як саҳфаи тоза, панди зиндагӣ ва сабақи омӯзанда буд. Ҳар қадар дар доираи як ҳайат корҳои тафтишотиро пеш мебурдем, ҳамон андоза ба фазилати фарқкунанда, ғановати афкору  умқи назар ва зеҳни пурмаънии ӯ боварӣ ҳосил менамудам.

Ба ҳамагон маълум, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон минтақаи имрӯзаи Рашт макони аз ҳама ноамнтарин ва маркази асосии даргириҳои мусаллаҳона ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Сарвари давлат роҳбарии комиссияи ҳукуматии ба эътидол овардани авзоъ дар минтақаи мазкурро ба ӯҳдаи Амирқул Азимов вогузор карданд.  

Воқеан,  роҳбари дурандеши Тоҷикистон дар интихоби Амирқул Насимович ҳамчун сарвари ин комиссия хато накарда буданд. Зеро  Азимов  шуҷоати бемисл нишон дода, ҷони худро дар хатар монда, чанд маротиба барои музокирот, озод намудани асирон ва гаравгонҳо, инчунин муътадил намудани вазъият ба навоҳии минтақаи Рашт баҳри таъмини амнияту ҳаёти осоиштаи мардуми ин гӯшаи Тоҷикистон саҳми намоён ва таърихӣ гузошт. 

Генерал – майори мустаъфӣ Худойқул Ҳамроқулов, ки дар гузашта раиси кумитаи гумрук ва муовини вазири амният буд, аз матонату фидокории Амирқул Азимов дар лаҳзаҳои барои давлати ҷавони мо фоиҷиабор мегӯяд, ки « соли 1996  ҳамроҳ бо Амирқул Азимов  ва ҷонишини вақти вазири корҳои дохилӣ С.Лоиқов ба мавзеи «Дупула», воқеъ дар сарҳадоти ноҳияҳои имрӯзаи Нуробод ва Рашт, тавассути чархбол сафар намудем. Хати дифоии байни қувваҳои ҳукуматӣ ва мухолифин он вақт аз ҳамин мавзеъ  мегузашт. Мақсади сафар ба он ҷо додани  дастур ба  қувваҳои ҳукуматӣ ва нагузоштани ҳаракати яроқбадастони мухолифин ба самти шаҳри Душанбе буд. Чархболи мо дар вақти бозгашт ба сӯи Душанбе бо сабаби оташкушоӣ аз замин қариб буд, ки ба садама дучор гардад. Аммо танҳо бо талаби қотеъона ва хунсардонаи А. Азимов сарнишин бе нишастан ба замин бо як маҳорати хоса чархболро ба фурудгоҳи пойтахт расонид».

Ҷойи дигар Худойқул Ҳамроқулов он рӯзҳои вазнинро ба хотир оварда, навишта буд, ки  «солҳои 1997 - 1999  ба ҳайси муовини вазири амният ҳамчун масъули  мақомоти бехатарии навоҳии водии Рашт ифои вазифа менамудам ва ба хотири таҳкими сулҳу амният ва ёрӣ ба ҳайати шахсии шӯъбаҳои мақомоти амнияти гурӯҳи ноҳияҳои водии мазкур ба он ҷо сафарҳои хидматӣ доштам. Бори аввал таҳти  роҳбарии котиби вақти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов, ҳамроҳ бо  ҷонишини вақти вазири корҳои дохилии кишвар Д.Булбулшоев, инчунин роҳбари Нерӯҳои сулҳхоҳи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) сафари хидматии мо сурат гирифт. Мақсад аз сафар озод намудани зиёда аз 800 нафар асирон аз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз дасти  мухолифин буд. Дар давраи аввали музокирот 120  нафар аз асирони номбурда озод ва ба  шаҳри Душанбе баргардонида  шуданд. Ҳангоми бозгашт дар наздикии деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод қувваҳои сиёҳкор хостанд мо ва асирони озодшударо тавассути минагузории пули мошингузар тарконанд. Аммо бо ахбороти саривақт ба дастовардаи мақомоти дахлдор ин амали душманона пешгирӣ карда шуд ва мо ҳама солим мондем. Дар маҷмуъ, бо мақсади ба эътидол овардани вазъ ва озод намудани тамоми асирон якчанд маротиба бо сарварии Амирқул Азимов ба гурӯҳи навоҳии Рашт сафар доштем. 

Дар урфият мегӯянд, ки одамро дар сафар мешиносанд. Ин гуфта воқеият дорад. Дар ин сафарҳо ба минтақаи он вақт ноамну хатарноки ҷумҳурӣ ба матонат, диловарӣ, ҷасорат ва соҳиби қобилияти баланди ҳалли низоъ ва пешбурди мусолиҳа  будани  Амирқул Азимов эътимоди калон пайдо намудам.  Дар ҳолатҳои зикршуда ва мавридҳои дигар низ Амирқул Азимов бо такя ба фазилатҳои баланди инсонӣ, адолатхоҳона ва ҳақиқатҷӯёнаи хеш саломатӣ, қадр ва амнияти одамонро дар мадди аввал мегузошт».

Нақши  Амирқул Азимов  инчунин дар  ҳалли қазияи  пурсарусадои ба хоки Тоҷикистон ворид шудани Ҳоҷиев Ҷумъабой (машҳур бо лақаби Ҷумъаи Намангонӣ),  силоҳбадастони ӯ ва гурезагон аз давлати ҳамсоя (зиёда аз 2000 нафар), инчунин бо роҳи сулҳомез аз ҳудуди кишварамон берун намудани онҳо, аз асораташон озод кардани шаҳрвандони ҷопонӣ ва як генерали қирғиз басо бузург буда, ҷойи таъкиди хос ва қадрдонии арзанда мебошад. Ин амалиёти ҳаётан барои Тоҷикистон муҳим таҳлил, вақт ва навишти алоҳидаро тақозо мекунад. 

Теъдоди  дӯстони Амирқул Азимов бешуморанд. Яке аз онҳо генерал – майор Аҳтамшоҳ Саидшарипов, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти амнияти ҷумҳурӣ кор карда истодааст, дар бораи Амирқул Азимов чунин мегӯяд, ки «ин марди соҳибирода дар миёни дигар ҷонфидокорони Ватан аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар устувории ҳукумати қонунӣ, мустаҳкам намудани шохаҳои сохти давлатдории навташкилшуда, махсусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он гузошт. Амирқул Насимович дар лаҳзаҳои басо ҳассос, мушкилу вазнини тақдирсози миллати тоҷик, ки кишвар дар оташи алангаи душманону бадхоҳон қарор гирифта буд, вазифаҳои муҳими сатҳи давлатиро дар партави амру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона иҷро мекард. Ӯ тамоми малакаю маҳорати касбӣ, хислатҳои шахсии худро ба мақсади дар сатҳи баланд иҷро кардани вазифаҳои гузошташудаи роҳбари давлат истифода мебурд, то дар иҷроиши онҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ расад».

Амирқул Азимов ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳояш дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан муҳими Прокуратураи ҷумҳурӣ, яке аз роҳбарони Фронти халқӣ, муовини Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори  генералӣ,  Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба истифодаи таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбии тӯли солҳо ҳосилкардааш такя намуда, содиқона ва  фидокорона, бо ростқавливу поквиҷдонӣ барои ободии Ватан ва саодати ҳамватанон хидмати сазовор анҷом  додааст.

Фаъолияти хидматии Амирқул Азимов дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳои  байналхалқии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст ва созмонҳои шарик дар самти густариши робитаҳои амниятӣ, мудофиавӣ ва  парлумонӣ  низ назаррас буда, яке аз шохаҳои муҳими кору амали вазифавии ӯро ташкил медод. 

Заҳмату саҳмгузориҳои бо дасту дили пок анҷомдодаи Амирқул Азимов бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, ду орден ва зиёда аз даҳ нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» - и Федератсияи Русия, ва ду ифтихорномаи фахрии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қадршиносӣ карда шудаанд. 

Ҳоло дар остонаи 70 – солагии Амирқул  Азимов зикр кардан аз рӯи адолат аст, ки ӯ яке шахсиятҳои калидӣ дар роҳи барқарор намудани низоми ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор рафта, ба нафъи осоиши мардум ва ҳифзи дороиҳои миллӣ танҳо бо роҳи пешгирии низоъ ва даргириҳои давомдор саҳм гузошта, ба пояи ақлу хирад салоҳи кор ҷуста, ҳамсафу ҳамқадами Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инсони худогоҳ ва  обрӯманду  соҳибмактаб  мебошад. 

 

Эркин  Муҳиддинов,

собиқадори  мақомоти  амният,

генерал – майори  мустаъфӣ

Хонданд 704
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.