.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 03 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар ноҳияи Бешарики вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон автобус бо 40 мусофир дар ҷӯйи канори роҳ сарозер шудааст. Хабар дода мешавад, ки автобус занону кӯдаконро барои ҷамъоварии мева мебурд.

Дар натиҷаи ин садама 7 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳодисаи мазкур 30-юми август рух додааст.

«Дар натиҷаи садама мусофирон ҷароҳат бардоштанд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд», - гуфтааст яке аз табибони бемористоне, ки мусофирон онҷо бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, занону кӯдакон барои ҷамъоварии ҳосили шафтолу мерафтанд.

Шумо дар Хабари рӯз

Ноҳияи Ҷайҳун яке аз минтақаҳои таърихии вилояти Хатлон ба шумор рафта, дар он 23 осори таърихӣ арзи ҳастӣ мекунад, ки онҳо дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд. Қайд кардан зарур аст, ки як қисми ёдгориҳои таърихии ноҳия аз беназоратии масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯ ба нестӣ овардаанд.

Бояд гуфт, ки қадимтарин ёдгориҳои ноҳияи Ҷайҳун - Куҳна Қалъа, Қумтеппа, ки ба асрҳои 1-и пеш аз мелодӣ рост меояд ва имрӯз ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ равона нагардидааст. Ин мероси таърихӣ, ки гузаштаи миллати моро фаро мегиранд, имрӯз ҳолати ногувор доранду касе парво надорад. Ёдгории таърихии Қалъаи Якадин низ аз зумраи қадимтарин ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ҷайҳун ба шумор меравад, ки дар Ҷамоати деҳоти Якадин воқеъ аст. Аз барфу борон ва беназоратии масъулин хавфи нестшавӣ онро таҳдид мекунад. Раиси ноҳияи мазкур, Аминзода Фотеҳ Файзулло зимни нишасти матбуотиаш қайд карда буд, ки аз ҳоли Қалъаи Якадин воқиф аст ва барои обод кардани он чораҳои зарурӣ меандешанд, аммо ин ваъдаҳо кай амалӣ мегарданд, маълум нест.

Ба иддаои Шералӣ Сафаров, мудири бахши фарҳанги ноҳия, ин қалъа ба асрҳои 7, ба давраи Кӯшониён тааллуқ дорад. Айни ҳол бошандагони деҳаи атрофи он ин ҷоро ба оромгоҳ табдил додаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин қалъа ба худ таърихи бою рангин дорад, ки давраҳои гуногунро дар бар мегирад. Сокини солманди ноҳия Холмурод Исломқулов мегуяд, аз ин қалъа, ки имрӯз ба қабристон мубаддал гардидааст, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳ будаааст.

Дар баробари ин, набудани осорхона дар ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун мушкилоти меҳварии соҳаи фарҳанг ба шумор меравад. Боз ҳам, раиси ноҳияи мазкур дар нишасти хабариаш дар соли 2017 гуфта буд, ки дар маркази ноҳия осорхонаи замонавӣ сохта хоҳад шуд, лекин то ҳанӯз хишти аввали ин иншоот гузошта нашудааст.

Ссоли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, аммо вазъи маконҳои таърихии ноҳияи Ҷайҳун нигаронкунанда боқӣ мемонаду касе нест ба дарди онҳо даво бахшад.

Аҳмадҷон Раҳимзода

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Слайд

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз,3-юми сентябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин бора котиби матбуотии МНМО Муҳамадато Султонов ба «Фараж» иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, Лоиҳаи Қонуни зикршуда ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65 нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2030, бо мақсади такмили механизми эъломиясозии даромадҳо ва молу мулки шахсони мансабдори давлатӣ, довталабони мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ва мушаххас намудани вазифаи хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои МНМО ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  МНМО ҶТ лоиҳаи Қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди 4 таклифу хулоса аз он ҷонибдорӣ карданд.

Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» низ баррасӣ гардидааст. Манбаъ мегӯяд, санади мазкур бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ба талаботи тавсияҳои гуруҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва қонун «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм” бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1-и қонуни амалкунанда сархати нав бо ибораи мафҳуми «молик-бенефитсиар» илова карда шуд. Дар робита ба ин моддаи 20 таҳрир карда шуда, ба он қисмҳои 13-15 илова гардидааст.

Ҳамчунин, дар Шӯрои МН зикр гардид, ки тибқи бандҳои 283 ва 284-и Дастури МНМО ҶТ вакилон 10-ум то 18-ум сентябр ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба сафари хизматӣ фиристода шаванд.

Шумо дар Хабари рӯз

Бинои љамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷойгир аст, ки пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

20-уми август зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хостем бо фаъолияти љамоти деҳоти «Ҳалевард» ошно шавем. Ҳангоми ворид шудан ба бинои ҷамоат тарс моро фаро гирифт, зеро бино пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Оид ба вазъи бинои мазкур хостем бо раиси ҷамоат суҳбат кунем, аммо ӯро дар утоқи кориаш пайдо кардан натавонистем. Дар утоқи дигар ду нафар менишастанд. Аз онҳо куҷо будани раиси ҷамоатро пурсон шудем. Яке аз онҳо гуфт: «Раис дар рухсатӣ асту ҳама ҳуҷҷатҳо дар утоқи кории раисанд ва ман айни замон иҷрокунандаи вазифаам». Хостем бо иҷрокунандаи вазифа суҳбат кунем, аммо бо садои хаста гуфт: «ман танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳуҷҷатҳо имзо мегузорам ва бо шумо суҳбат кардан наметавонам”.

Мо хело кӯшиш кардем, бо иҷрокунадаи вазифаи раиси ҷамоат суҳбат кунем, аммо худро муаррифӣ накарда, дархости моро рад кард ва дар ин масъала танҳо ба раис муроҷиат кунед гуфт. 

Бо яке аз муовинони раиси ҷамоат тамос гирифтем. Ў гуфт: «Мо даҳҳо маротиба ба ҳукумати ноҳия мактуб барои таъмири бинои ҷамоат ирсол кардем, дар ҷавоби ҳукумати ноҳия гуфта шудааст, ки бинои ҷамоат таъмир намешавад, зеро сохтмони бино дар дигар минтақаи ноҳия ба нақша гирифта шудааст».

Ростӣ, бо дидани бинои садамавии Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, роҳраву утоқҳои пур аз хок ва гирду атрофи аз партов пур табъи кас хира мешавад. Дидани чунин манзара дар асри 21 хеле боиси таассуф аст.

Дар ҳақиқат барои таъмиру бозсозии ин бино маблағ зарур аст, аммо бо ташкил ва гузаронидани шанбегӣ масъулин метавонанд утоқҳои корӣ, роҳрав ва гирду атрофи биноро тоза кунанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Слайд
саҳ 5 аз 6

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.