.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 09:24

Вазъи ҳаво: Борону барф мерезанд

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо рехтани борон ва  дар баландии 3000 м барф пешгӯӣ шудааст. 

Имрӯз, 27-уми сентябр, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва  дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯйи шудааст.      Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда,  шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва  раъду барқ   пешбинӣ шудааст.  Ҳаво шабона +10 +15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

23-юми сентябр дар назди театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сокинон ва меҳмонони ин шаҳр “Рӯзи шаҳр”-ро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Ин чорабинии муштараки идона бо ибтикори мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд ва ширкати Tcell баргузор шуд.

Ба хотири таҷлили шоиста аз “Рӯзи шаҳр” ширкати Тселл ба сокинон “тӯҳфа”-и олиҷаноб кард, ки он ҳунарнамоии овозхони маъруфу шинохтаи кишвар Далер Назаров буд.   

Дар ҷашни “Рӯзи шаҳр” намоишҳои мухталифи театрӣ баргузор гардида, ҳунарнамоии сарояндаҳои эстрадаи тоҷик ва устодони санъати вилояти Суғд аз ҷониби мухлисон хуш истиқбол шуданд.

Зимнан, дар ин чорабинӣ ба иштирокчиён ва сокинони шаҳр дастовардҳои бахшҳои гуногуни иқтисодии минтақа: маҳсулоти ҳунарҳои дастисохт, асбобу ускунаи корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ ва шириниҳо пешниҳоду муаррифӣ гардиданд. Ҳунармандон аз минтақаҳои мухталифи вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсулоти муосир, ҳамчунин осори таърихӣ ва антиқаро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷараёни баргузории барнома чанд тан аз бонувони соҳибкор ва ҳунарманди шаҳр аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд бо бурсия (маблағи бебозгашт) сарфароз гардонида шуданд.

Анҷоми чорабинӣ ҳам хеле зебову хотирмон буд. Дар хотима Далер Назаров, меҳмони олиқадри шаҳр ва овозхони нотакрор барои меҳмонону сокинони шаҳр барномаи вижаи ҳунариашро пешниҳод карда, табъи онҳоро болида сохт. Миёни иштирокчиён кам касеро пайдо кардан мумкин буд, ки дар ҳавои мусиқии Далер нарақсад ва ё бо овози ӯ ҳамоҳанг нашавад. 

«Мо дар рӯзи таҷлили “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” ба ҳеч ваҷҳ бетараф буда наметавонистем. Барои ҳар шахс зодгоҳ азиз асту аҳамияти зиёд дорад: зеро дар ин ҷо мо ба дунё омадаем, таҳсил кардаем, дӯстони аввалинамонро ёфтем ва ба фатҳи қуллаи мақсуд расидаем.

Ана ҳамин тавр, шаҳри Хуҷанд барои ширкати Tcell ҷойгоҳи вижа дорад – маҳз аз ҳамин ҷо таърихи алоқаи мобилӣ оғоз мегардад. Дар аввали солҳои 2000-ум дар ин ҷо фаъолияти Tcell- аввалин оператори алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд! Мо ҳамаи Шумо- сокинони шаҳри Хуҷандро ба ин рӯз, яъне “Рӯзи шаҳр” аз самими қалб табрик мегӯем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Дар таҷлили “Рӯзи шаҳр” дар Хуҷанд беш аз 30 000 нафар ширкат карда, то дергоҳ ин чорабинии фарҳангӣ дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд. 

«Конcерт бениҳоят хуш гузашт, ҳар як суруде, ки Далер Назаров мехонд ҳамаашро эҳсос карда, лаззат бурдем. Овози зинда бо дигар хел будаст- дия. Ширкати Tcell кори хубе кард! Раҳмат барои ташкилкунандагони чунин маҳфил, ки барои шаҳри Хуҷанди бостонӣ хизмати худро карданд,”- мегӯяд меҳмони ин ҷашнвора, Бахтиёр Раҷабов.

Гуля Атоева, як корбари шабакаи иҷтимоӣ эҳсосоти худро чунин баён кард: «Ташаккури зиёд барои чунин консерти олӣ! Дарёи эҳсосу хушнудӣ! Сипоси бепоён ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ! Мо аз ин ҷашн бо табъи болида берун шудем! Далер Назаровро хеле эҳтиром мекунам, мухлиси ашаддии ҳунари ӯ ҳастам,, хеле хурсандам, , ки дар ин консерт ширкат карда, ҳаловат бурдам!”. 

Ширкати Tcell бори дигар ҳамаи сокинони шаҳри Хуҷандро ба “Рӯзи шаҳр” табрик мегӯяд.  

Шумо дар Хабари-рӯз

Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷаро, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов шикоят шуда буд, бекор кард. Мақомоти назоратӣ прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад.

31-уми июли соли 2018 сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов барои дастрас кардани ёрии ҳуқуқӣ ба Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи номбурда, ӯ аз 16 то 20-уми июли соли 2018 дар ШВКД-и ноҳияи Ёвон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шуда, ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардидааст. Муроҷиаткунанда тасдиқ кард, ки ӯро бо дасту пой зада ва бо қувваи барқ шиканҷа кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дарди сахти ҷисмониро тоқат наоварда, иқрор кардааст, ки барқасдона бо корд шахсро зада, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Ин амалҳо ба нишонаи ҷиноятҳое мувофиқ меоянд, ки моддаи 110, қисми 1-и КҶ ҶТ (Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) муқаррар намудааст.

Аммо, аллакай 20-уми июл ӯро ба хона раҳо карданд, чун шахсияти нафаре, ки дар ҷиноят гумонбар дониста мешуд, маълум гардид. Худи ҷабрдида, ки дар беморхона қарор дошт, дар симои Аҳмадов нафари ҳуҷумкунандаро надид. Ҳамин тавр, Аҳмадов Ш. дар мавриди содир гардидани ҷинояте, ки «софдилона иқрор шуда буд», бегуноҳ баромад.

Ташхисгари бахши байниноҳиявии ташхиси судӣ-тиббӣ барои ноҳияҳои Ҷомӣ, Хуросон ва Ёвон Наҷмиддинов С. Ш., ки Аҳмадов ба ӯ муроҷиат карда буд, 25.07.2018 чунин хулоса баровард: «... Дар бадани Аҳмадов Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар шакли харошидагӣ ба мушоҳида расиданд... Хислати ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар натиҷаи истифода аз асбобҳои кунд ва сахт эҳтимол рӯзи 17-уми июли соли 2018 ба вуҷуд омадаанд».

6-уми августи соли 2018 Прокуратураи ноҳияи Ёвон аз рӯи аризаи адвокат дар бораи амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсияи ШВКД-и ноҳияи Ёвон нисбати Аҳмадов Ш. санҷиши муқаддамотӣ оғоз намуд. Дар натиҷа, бо сабаби он, ки дар амалҳои милисаҳо таркиби ҷиноят муайян нагардид, дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор бароварда шуд.

Дар натиҷаи фаъолияти адвокат, 17-уми августи соли 2018 Прокуратураи генералии ҶТ маводҳои парвандаро талаб карда гирифт ва онҳоро омӯхта, қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятиро бо ин асос бекор намуд: «... бо сабаби ғайриқонунӣ будан ва саросемавор қабул шудан».

Парванда боз барои тафтиши иловагӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд. Эътилоф нақша дорад дар ҳамкорӣ бо адвокат тамоми ваҷҳу далелҳоро пешниҳод намояд, то нафароне, ки дар истифодаи шиканҷа гунаҳгоранд, ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

Шумо дар Хабари-рӯз

 

Дар натиҷаи пеш бурдани як қатор суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта, ҳафтаи сипаришуда 4 нафар шаҳрванд, аз ҷумла 3 сокинони шаҳри Душанбе ва 1 сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки инҳо бо моддаҳои 401, иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ва 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд. Онҳо бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсияи пойтахт ҳозир шуданд.

Дар вебгоҳи РКВД дар шаҳри Душанбе дар бораи инҳо чунин маълумот омадааст:

1. Раҳматов Раҳматулло Ҳасанович соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 5-фарзанд, аз 13-уми январи соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

2. Каримов Аҳлиддин Наҷмиддинович соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, аз санаи 13-уми январи соли 2016 бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

3. Саодатов Исматулло Қудратович соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ, аз санаи 01-уми августи соли 2016 бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

4. Амирхудоев Одина Бодуршоевич соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, аз 30-юми августи соли 2018 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Бино ба иттилои тафтишот нафарони зикршуда ҳамчун ҷинояткорони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта давоми 2 сол, то ин вақт дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ умр ба сар бурда, ҳафтаи сипаришуда бо ёрӣ ва роҳнамоиҳои кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Ватан баргардонида шудаанд. Зимни ба мақомоти милитсия ҳозир гардидан номбурдагон ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд.

 

Шумо дар Слайд
саҳ 8 аз 49

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.