.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 22 Сентябр 2018 15:18

Бохтар: Номи калону шаҳри вайрон

Ба гуфтаи масъулин, аз масофаи 1979,6 км роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фақат 20 дарсади онҳо ба рои рафту омади  нақлиёт мувофиқанд. Омили асосии харобии роҳҳои маҳаллӣ нокифоя будан ё дар тамоман  ҷудонашудани маблағ аз буҷетҳои шаҳру навоҳии вилоят мебошад.

Вазъи хароби роҳҳои маҳаллии вилояти Хатлон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди сари вақт супоридани андозҳо, роҳҳо то кунун ба талаботи мардум ҷавобгӯ нестанд. Олимбек Маҳмудов, ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш аз ноҳияи Вахш гуфт, ки қариб ҳама роҳҳои маҳаллӣ дар ин ноҳия хароб мебошанд ва қариб сари ҳар моҳ мошинҳои худро аз нав таъмир мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки дар фасли зимистон дар роҳҳои ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш тамоман рафтуомади нақлиёт мушкил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Наҳтулло Олимов мегӯяд, ки барои таъмири роҳҳо дар 8 моҳи соли равон азҳисоби бӯҷаи ноҳия танҳо 9540 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин бар сари ҳар як километр роҳ 17 дирам рост меояд. Ӯ гуфт, ки айни замон дар ихтиёри идора 169 км роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта мебошад, ки аз он 90 фоизаш ба таъмир ниёз дорад.

Инчунин, ронандагони дигар аз он изҳориноризоӣ карданд, ки саривақт андози роҳмесупоранд, аммо ҳолатироҳҳо қариббетағйирбоқи мондааст. Музафар Холиқов, самуҳандиси Муассисаи давлатии Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар 8 моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз тарфи буҷетҳои маҳаллии 8 шаҳру ноҳияҳо 536 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ аз масофаи 1979,6 км роҳҳоимаҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳамагӣ 20 дарсади онҳо барои рафтуомади нақлиётмувофиқанд, боқимонда 80 фоизи дигар ба таъмир ниёз доранд. Маблағҳое, ки аз тарафи ҳукуматҳои маҳал ҷудо карда шудааст, сари ҳар як км роҳ аз 5 то 8 сомонӣ рост меояд. Ин дар ҳолест, ки барои таъмири асосии як км роҳ 1 миллиён сомонӣ лозим аст. Ба гуфтаи ӯ аз тарафи буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Панҷ, Ҷайҳун ва Леваканд дар 8 моҳ барои таъмири роҳҳои маҳал тамоман маблағ ҷудо карда нашудааст. Ҷудо нашудани маблағ аз тарафи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, мегӯяд ӯ, аз иҷро нашудани қарори ҳукумати ҶТ таҳти №639 “Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва камуникатсияи ҶТ оид ба ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва бехатар намудани фаолияти вазорат дар ин самт” гувоҳӣ медиҳад.

Сардори шӯъбаи соҳаи иқтисоди Сараёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев мегӯяд, кидар 8 моҳи соли 2018 аз тарфи мақомтҳои шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Ҷайҳун, Панҷ,Шаҳритус,Леваканд, Балҷувон, Ҳамадони, Фархор, Ховалингва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тамоман барои таъмири роҳхои маҳаллӣ маблағ ҷудо карда нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳатто аз буҷетҳои ноҳияҳои Ховалинг, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва шаҳри Норак ду сол мешвад, ки барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо карда намешавад. Ӯ гуфт, ки барои таъмири роҳхои аҳамияти маҳаллидошта дар ин давра 2 миллиёну 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз он 1 млн 529 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҷудо нашудани маблағ аз ҳисоби буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта аз иҷро нашудани даромади буҷети шаҳру ноҳияҳо дарак медиҳад.

Соҳибкорон умеди охиринанд.

Музафар Холиқов мегӯяд, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмири роҳхои аҳамияти  маҳаллидошта беш аз 2 миллиону 228 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаст. Қисмати зиёди роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби ин маблағ таъмир карда шудаанд. Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Наҳтулло Олимов низ афзуд, ки барои таъмири роҳҳо имрӯз танҳо умед ба соҳибкорон бастаанд. Дар 8 моҳи соли равон аз тарафи соҳибкорон 725 ҳазору 500 сомонӣ  маблағ ҷамъ шуда, чанде аз роҳҳои харобгашта таъмиру бозсозӣ шудаанд.

Нурмаҳмад Қаҳҳоров Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён ба мо гуфт, ки аз тарафи мақомоти маҳал барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо нашудааст, вале бо дасгирии ҳукумати ноҳия ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 3 км роҳ таъмир карда шуда, 2 км роҳҳои дигар сангфаршшуда, ҳамчунин 147 км дигар аз нав бозсозӣ шудааст, ки маблағи он 915 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вазъи 24 пул хароб аст. 

Ба иттилоъи масъулин дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 24 пули мошингузар дар роҳҳои маҳаллӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар умум дар роҳҳои маҳаллӣ 485 пули мошингузар мебошад, ки 99 фоизи он ниёз ба таъмир доранд.Харобшавии пулҳои мазкур боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳ гаштааст. Ҳарчанд, ҳукумати кишвар ҳама талошҳои хешро баҳри таъмиру таҷдиди роҳҳо харҷ намуда, маблағгузориро дар ин самт афзоиш додааст, аммо то кунун роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба талаботи мардум ҷавобгӯ нестанд. Беҳтар кардани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон барои афзоиши суръати интиқоли бору коло ва рушди иқтисоду саноат, инчунин боло бурдани сатҳи некӯаҳолии мардум нақши муҳим дорад. Ҳалли мушкилоти мазкур таваҷҷуҳи хоси масъулинро мехоҳад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро аз ҳисоби буҷетҳои маҳалҳо дар ин самт маблағ ҷудо намешавад? Кӣ дар ин сарзамин ғами мардумро бояд хӯрад?

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

Хабарнигори махсуси “Фараж” 

дар вилояти Бохтар

Шумо дар Слайд
Шанбе, 22 Сентябр 2018 15:12

«РИСК»

Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ» гирифтор шудаанд ва аз риск кардан, ҳарос доранд.

На ҳар нафар ҷуръати риск карданро дорад. Мардуми рус як мақол доранд, ки «Кто не рискует, тот не пьёт шампанского».

Агар ин вожаро ба таври дигар шарҳ диҳем, шояд дар худ маънии «худқурбониро» ғунҷонад. Аслан, ин тоифа нафароне ҳастанд, ки миёни тоҷикон «говҷигар» мегӯянд. На аз чизе тарс ва на аз касе ҳарос доранд. Кистанд онҳо?

Сиёсатшиноси олмонӣ М. Вебер мегӯяд, ки онҳо нафароне ҳастанд, ки аз одамони оддӣ бо рафтору гуфтор, иродаву иқдоми худ ба куллӣ фарқ мекунанд. Ҷои дигар менависад, ки ин тоифа нафаронеанд, ки характери харизматикӣ доранд. Ҳам Макиавеллӣ ҳам М. Вебер ва ҳам Г. Моска дар эҷодиёти худ аз онҳое таҳсин кардаанд, ки соҳиби иродаанд ва риск карда метавонад. 

Агар ба таърих назар афканем, ҳар ки «риск» карда чизе гуфт, ҳар ки «риск» карда дигаргуние дар ҷомеа ба вуҷуд овард,  номаш дар таърих монд. Оне ки ҷомеа замоне ба онҳо санг зад, онҳоро радди маърака карданд, аз онҳо ба нафрат ёд карданд, мавзӯи дигар аст. 

Сабаби ба ин мавзӯъ даст заданам дигар аст. Тахмин 7 рӯз қабл пурсиданд, ки «чаро Айнӣ зиёд навишт вале нависандагони замони муосири мо кам менависанд?». 

Касе ҳам посухи дуруст надод. На ман ва на худи саволдиҳанда. Вале суол воқеан бамаврид буд. Чаро Айнӣ бузург шуд? Шояд Айнӣ ба он хотир бузург шуд, ки ба таваккал даст заду ҷонашро зери хатар гузошт. Сино барои он Сино шуд, ки вақти дар зиндон қарор доштанаш, миёни хатҳои «Қуръон» боби нави китобашро навишт. Достоевский ба он хотир бузург шуд, ки дар зиндон аллакай хаёлан китоби «Преступление и наказание» - ашро навишт. 

«Риск» кардан бояд дар вуҷуди нависанда, журналист ва адиб ҷӯш занад. Расул Ғамзатов китоби «Доғистони ман»-ро замоне навишт, ки болои сараш панҷаи оҳанини ҳукумат соягӣ мекард. Ҷумъа Одина «Гузашти айём»-ро навишту дилкаф шуд. Вақте фарзанди Сотим Улуғзода, Азиз ба хориҷа рафт, китобҳои нависандаро аз фурӯш гирифтанд, ӯро радди маърака карданд. Вале номаш боқӣ монд. Яъне онҳое, ки «риск» карда, зиндагӣ карданд, дар хотир монданд. 

Як сухани Шери Панҷшер, Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотирам расид. Вақте аз ӯ суол мекунанд, ки инсон чӣ тавр бояд зиндагӣ кунад, ки номаш ҷовидон монад, гуфт «ҳамон тавре, ки иродааш мехоҳад. Муҳим нест, ки чанд сол умр мебинед, муҳим он ки чӣ тавр зиндагӣ мекунед, пушти парда ва ё миёни майдони ҷавонмардӣ». Як саҳобаи пайғомбар, ки номаш дар хотирам нест, рӯи бистари беморӣ гириста, гуфта буд, ки «ҳайфо, ки дар майдони ҷанг мурдан, насиби ман нашуд». 

Ирода муҳимтарин аслиҳа барои ҳар нафарест, ки бо қалам сару кор мегирад. Агар ирода намешуд, Чингиз Айтматов ва Максим Горкий барин нависандагон сиёсати замонаро ба тавре, ки пай бурданаш душвор аст, ба риштаи тасмахур намекашиданд. 

Айнӣ чӣ?

Айнӣ ҳам «риск» кард. Ҳамон тавре, ки гуфтам, ҷонашро зери хатар гузошт. Ҳар касе, ки «Ёддоштҳо», «Марги Судхур», «Мактаби кӯҳна», «Ғуломон» барин асарҳои Айниро хондааст, ба хубӣ дарк мекунад, ки чӣ тавр ва чаро Айнӣ «риск» кард. Шояд «риск» кардани Айнӣ маҷбурӣ буд ва шояд баракс. Шояд ин аз сари шавқу завқи худи нависанда буд, шояд ин тақдир буд. Вале агар иродаи ӯ намебуд, Айнӣ бузург намешуд. 

Устод Айнӣ ба як сабаб зиёд навишт: 

Омили таҳриккунанда дар ин моваро насле буд, ки кӯшиши мутолиа карданро дошт, як чӣ омӯхтан мехост, як кас шудан мехост, аз ҳодисоти замона огоҳ шудан мехост. 

Вакте Айнӣ романи «Ғуломон»-ро навишт, дар яке аз рӯзномахои маҳаллӣ бо унвони «Ленин Уйли» дар хусуси ин роман маколаи чоп шуд. Муаллифи мақола кӯшиш кард, то «исбот» кунад, ки романи мазкур характери зиддихалқӣ ва зиддисотсиалистӣ дорад. Соли 2005 академик Ҳамид Мансуров  навишта буд, ки «ин замон хонаводаи Айнӣ мотам гирифтанд, худи нависанда дар коргохаш пардахои тирезаро пӯшонида менишаст ва ҳар лаҳза омадани одамони НКВД-ро интизор буд. Дар мактаб муаллимаи забони узбекӣ ба мо пешниҳод кард, ки болои сурати Айнӣ дар саҳифахо китоби дарсӣ хат кашем. Ман рӯирост гунаҳкор будани нависандаро дурӯғ гуфтам. Муаллима аз дасти ман гирифта, барои суҳбат назди мудири қисми таълимии мактаб бурд. Он рӯзҳо аз ҳар тарафи шаҳр ҷилдҳои романро ба фойтунҳо бор карда оварда, дар майдони Регистон оташ мезанданд…».  Аммо ҳамагӣ пас аз як сол, онҳое, ки ба ин амал даст зада буданд, аз Айнӣ узр пурсиданд. 

….Пас аз пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ нависандагони мо низ муҳри хомушӣ ба лаб заданд. Гуноҳ аст вақте хизмати Саттор Турсун, Сорбон, Баҳманёр барин нависандагонро нодида мегирем. Вале бо як гул баҳор шудан амрест маҳол. 

Шояд як омили дигар дигар дар он бошад, ки мо хонанда надорем. На мо китоб хондан мехоҳем, на нависандагон асаре меоваранд, ки ҷомеи моро таккон диҳад. 

Шояд на нависандагон «риск»  карда, асар менависанд ва на мо «риск» карда пайрави ӯ мешавем. 

Намедонам… 

 Диловар Салимов 

Шумо дар Нигоҳи хос

Дар таърихи Нюрнберг саҳфаҳои драмавиву фоҷеабор ба асри ХХ алоқаманданд. Соли 1927 ин шаҳри қадимии Олмон ба маркази идеологии натсионал-сотсиалистҳо табдил шуд. Дар ин шаҳр бештари анҷуманҳои ҳизбӣ доир шудаанд, роҳпаймоиҳои аъзои ҳизби миллигаро маҳз аз ҳамин шаҳр шуруъ гардиданд. Аввалин нутқҳои оташини сарвари ин ҳизб Адолф Гитлер ҳам аз даҳҳо минбари анҷуману гирдиҳамоиҳои ҳамин шаҳр ба гӯши ҳамаи олмониён ва мардуми минтақаву ҷаҳон расиданд. Рейхи сеюм дар солҳи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳамин шаҳр конслагерҳои худро бунёд намуд. Ва билохира маҳз дар Нюрнберг додгоҳи ҷинояткорони ҷангӣ доир шуд, ки муттаҳаминро ҳукми ҷазо муқаррар намуд.

Бо гузашти даҳсолаҳо аз рӯйдодҳои хунини гузашта ва мурофиаи додгоҳӣ дар Нюрнберг ин ҳамаро наметавон тасодуфӣ номид.

 Соли 2001дар Нюрнберг тарҳи байналмилалии Маркази ҳуҷҷатнигорӣ таъсис ёфт, ки ширкаткунандагонаш ба пажуҳиши гузаштаи начандон дур-забони ҳокимияти миллигароёни гитлерӣ мепардозанд. Ин марказ дар маконе ҷойгир шудааст, ки он замонҳо Адолф Гитлер ва пайравону думравонаш ҷамъомадҳои пуровозаи худро ташкил мекарданд ва муҳимтарин қарорҳову низомҳоро ба иҷро мегузоштанд. Аз он рӯзгори пур аз даҳшат ва аз он давроне, ки баъдан дар таърихи башарият нақши хунин аз худ ба ёдгор гузошт, филмҳои зиёд, расму наворҳое боқӣ монд, ки ҳар кадом арзише доранд ва ҳикоёте аз лаҳзаҳои таърих.  

Барои анҷуманҳои солонаи худ тибқи тарҳи меъмори Гитлер Алберт Шпеер, ки баъдан вазири Рейх оид ба мусаллаҳшавӣ таъин шуда буд, соли 1933 маҷтамаъи бузурге дар майдони 11 м. мураббаъ сохта шуд, ки баъдан он қаламрави анҷуманҳои Ҳизби коргари миллӣ-сотсиалистии Олмон унвон гирифт. Дар қисмати шимолии он иншоотҳои монументалӣ аз қабили Луитполдарен, Кӯчаи калон, Минбари Сеппелин, Варзишгоҳи олмонӣ, Майдони Мартов ва ғайра ҷой гирифта буданд. 

Дар қисмати ҷанубии он иншоотеро ба нақша гирифтанд, ки мебоист ба чандин ҳазор ширкаткунандагони чорабиниҳо хизмат мерасонд. Дар ин ҷо саристгоҳи роҳи оҳан, бинои сангии комендатура, урдугоҳҳои бузурги хаймагӣ ва шабакаи азими роҳҳо мавҷуд буданд.  

Бо оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қаламрави ин шаҳр урдугоҳҳо барои асирони ҷангӣ, яъне конслагерҳо кушода шуданд. Ин лагер бо номи шталаг XIII D  ва ё Нюрнберг-Лангвассер маълуму машҳур аст. То моҳи апрели соли 1945, то замоне, ки амрикоиҳо ин шаҳррро аз натсистон озод карданд, дар ин лагерҳо бештар аз 200 ҳазор нафар асирони ҷангӣ аз ҳамаи кишварҳои олам, ки Гитлер лашкар кашидаву ишғол намуда буд, иқомат кардаанд.  

Баъди ҳамла ба СССР ба Нюрнберг сарбозони асири шӯравиро низ эъзом мекарданд. Дар бораи шарту шароити ин лагерҳо садҳо навиштаву гуфтаҳо ва шаҳодати шоҳидон мавҷуданд. Гуруснагӣ ба ҳадде буд, ки бо вуҷуди садои тири нигаҳбонон сарбозон ба муҷарради ба замин пой мондан, ҳатман дар талоши чизе мешуданд, ки ба даҳон баранд. Даҳҳо ҳазор сарбозону афсарони Артиши Сурх аз ҷумлаи бошандагони ин урдугоҳҳо буданд.  

 

ЗИНДАҲО АЗ ДӮЗАХ  

 Дар бораи сарнавишти аҷоиби маҳбуси зиндамондаи Нюрнберг ва рафиқи вай асноде ҳикоят мекунад, ки дар хазинаи маҷтамаъи  ёдбуди “Қалъаи қаҳрамон Брест” боқӣ мондааст. Солҳои 70-и асри гузашта муҳаққиқ Владимир Иванович Купчиков, собиқадори ҷанг Фёдор Иванович Железовро, ки бо насаби Шахов  мезист, ҷустуҷӯ кард. 

Железов/Шахов ба ҷанг чун сержанти полки 125-уми тирандози двизияи шашум, ки он замон двизияи Байрақи сурхдори Орлов номида мешуд, ҳамроҳ шуд. 22-июни соли 1941 Федор Иванович аз ҳалқаи муҳосира худро наҷот дод, вале ду рӯз пас фашистон ӯро дар ҳоли беҳушӣ дастгир карданд ва аввал дар урдугоҳи лаҳистонии бяла-Подляск ҷо карданд ва баъдан ба Нюрнберг интиқол доданд. Дар ҳамин ҷо вай бо Сергей Капитонович Поляков аз полки тирандози 333-и двизияи шашум вохӯрд.  Солҳои 80-и асри гузашта Поляков ба ёд оварда буд: Охири соли 1941 моро ба Нюрнберг оварданд, дар хаймаҳои брезинӣ ҷой доданд. Ҳаво хеле сард буд. Шабушҳо ба мо ҳамла карданд, одамони зиёде ба ҳалокат расиданд. Мурдаҳоро шабона мебурданд. Аз чор ғурфаи бузург мо ду нафар зинда мондем ва аксарият мурданд”.  

Албатта, Поляков дар бораи ҳамон урдугоҳи хайманишиноне нақл мекард, ки то оғози ҷангҳо мавҷуд буданд. Ин ғуфраҳои инсонбадбин ба макони азияту шиканҷаи ҳазорон асирони ҳарбӣ табдил ёфтанд, ки тадриҷан аксари онҳо фавтитанд ва теъдоди каме зинда монданд. Шароити нигаҳдории маҳбусонро идеологияи натсистӣ муайян мекард. Касонеро, ки барои кор аз лагер берун мебурданд, бахташон омад мекард ва эҳтимоляти зинда монданашон зиёд буд. Ва Железов ва Поляков аз ҷумлаи ҳамин хушбахтон буданд. Аввалӣ муддате дар як хоҷагии деҳқонӣ кор мекард. Дуюмӣ дар ҳайати коргарони дигар дар омода кардани зағолсанг иштирок кард. Дар ду маврид ҳам заҳматашон хорошикану сангин буд, вале аз шароити дохили урдугоҳ фарқ дошт. Ин ҷо метавонистанд ақалан аз гуруснагӣ намиранд.  

…Вале муаммои насаби Железов ба Шаховро хеле одӣ фаҳмониданд. Вақте ба ватанаш вилояти Иванов баргашт, Фёдр Иванович бо бонуи серфарзанде издивоҷ кард ва барои он ки насаби ин панҷ фарзандро дигар накунад, насаби худро тағйир дод. 

 

ЗИНДОНИЁНИ УРДУГОҲ 

 Ҷустуҷӯи бойгонӣ кори хеле заҳматталаб ва мушкил мебошад ва лозим аст хеле бо эҳтиёт ва мӯшикофона кор кард. Муаррихон истилоҳе доранд: танқиди сарчашма. Ва суоле бармеояд: оё метавон ҳамаи шаҳодати шоҳидонро  дар бораи он солҳои мудҳиш чун ҳақиқат қабул кард? Аз натиҷаи кори ҳамкасбони олмонӣ бармеояд, ки на ҳамеша метавон он ҳама гуфтаҳову навиштаҳоро чун ҳақиқат қабул кард. Таърихи солҳои ҷанг ҳодисаҳои зиёдеро ёд дорад, ки дар бораи марги сарбозе ё афсаре иттилоъ дода мешавад. Номаи сиёҳ ба хешовандону пайвандонаш низ мерасад, дар ватанаш рӯзи мотам ҳам мегузарад. Марги ӯро шоҳидон ҳам тайид мекунанд. Вале сарнавишти он мард дигаргуна сурат мегирад.  

Масалан, дар рустои белорусии Милевичи Иван Фёдрович Нагуй, соли таваллудаш 1913 мезист. Моҳи майи соли 1941 аллакай мақомот медонистанд, ки аз ҳамлаи фашистон ҷойи гурез нест, ӯро қатори дигарон, аз ҷумла ҳамватанаш Пётр Андреевич Русак аз эҳтиёт ба самти ҷабҳаи эҳтимолӣ бурданд. Ҳарду ҳамхизмат дар полки 124-уми артилерӣ шуданд. 22-юми июни соли 1941 полк тақрибан бе ягон муҳимоти ҷангӣ дар тамрингоҳи Красний Бор ба ҷанг рӯ ба рӯ шуд. “Бо фармон ба самти Белосток ақиб нишастем,- ба ёд меорад Пётр Русак, ки то охир дар ҷанг буд. - Бисёре аз рафиқон аз партови бомбҳо ва тири мушакҳои душман ба ҳалокат расиданд. Ва 26-уми июни соли 1941 дар ҳамин ҷо дар пеши чашмони худам дӯстам ва ҳамдеҳаам Нагуй Иван Фёдрович кушта шуд. Маконро дақиқ намедонам, вале тахминан 15 км баъди Белосток буд”. 

Бар ассоси ҳамин шаҳодат комиссариати ҳарбӣ ҳамсари вай Анна Макаровнаро хабардор кард, ки шавҳараш қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар бойгониҳо низ ҳамин гуна навишта шудааст, асноди Вазорати мудофиаи Русия низ ҳаминро тайид мекунад. Аниқтараш чанд даҳсола ҳамин аснод ҳақиқати ҳол дониста мешуд. То он замоне, ки қайди Нагуйро дар дафтари як лагери фашистон пайдо накарданд. Дар ин қайдҳо омада, ки Нагуй 25-уми июн ба асорат меафтад ва ба Нюрнберг бурда мешавад. Вай дар пурсишҳо рақами қисми ҳарбии худро нагуфт, худро то тавонист пинҳон дошт ва ба ҷойи қисми ҳарбӣ аз ким-кадом воҳиди ҳарбии сохтмонӣ ном гирифт. Вале то охир ин ҳама пинҳонкориҳояш кор надоданд. Гестапо билохира шахсияти ӯро муайян кард. Вале сабаби маргаш номаълум, метавон ҳадс зад, ки дар кадом эътирозе ширкат намуд ва тасодуф кушта шуд.  

 

ЁДИ ҲАМА  

 Чун қоида асирони шӯравиро дар урдугоҳи Нюрнберг дурудароз нигоҳ намедоштанд. Як ҳафта ва шояд ду ё се ҳафта он ҷо нигоҳ медоштанд ва баъдан ба сар то сари Баварияи Шимолӣ тақсим менамуданд. Аммо аъзоёни ҳизбӣ, ки 1400 нафар буданд, сарнавишти дигар доштанд. Ҳамаи онҳоро дар атрофи лагер ба кор монданд. Моҳи ноябр аз онҳо тими кории 298 сохтанд. Зимистони солҳои 1941-1942 маҳбусон бо вуҷуди вазъи асафборашон ба корҳои вазнини замин дар майдони Мартов истифода шуданд. То моҳи апрели соли 1942 аз 1500 нафар наздик ба 600 нафар зинда монданд. Дигарон аз гуруснагӣ, беморӣ, сардӣ ва шароити тоқатшикани кор фавтиданд. Беш аз 30 ҳазор сарбозон ҷабран дар лагерҳои марг кушта шуданд. Тими кории 298 ҳам истисно набуд: онҳоро ба гуруҳҳо ҷудо мекарданд ва дар тамрингоҳҳо мепарронданд. 

Ҳоло исми сарбозони руси кушташудаву ҳалокшуда дар ин урдугоҳҳо маълум аст ва ҳатто ҷойи дафнашон дар қабристони Нюрнберг низ дақиқ аст. Аз ҳамаи касони шомилбуда дар тими 298 ва баъдан паррондашуда дар Дахау исми 30 нафарашон маълум, аммо ҳамагӣ як расм пайдо шудааст. 

 

ҶУСТУҶӮ ИДОМА ДОРАД 

Соли 2019 дар Нюрнберг намоишгоҳи сайёр ташкил мешавад ва баъдан аз он ҷо ба кишварҳои дигар бо ҳама асноду экспонатҳояш сафар мекунад. Муҳаққиқон талош доранд ҳамзамон бо ин рӯнамоии онлайни онро низ баргузор кунанд, аз ҷумла қарор аст бо забони русӣ низ он муаррифӣ шавад. 

Ташаббускорони олмонӣ талош мекунанд донанд, ки ба ҷуз тими машҳури 298 боз кадом гуруҳҳо ё шахсоне дар ин урдугоҳҳои марговар буданд. Мехоҳанд ҳамчунин номҳои фаромӯшшудаи сарбозон ва афсарони Артиши Сурх, ки дар ин зиндонҳо будаанд, пайдо кунанд. 

Кормандони Маркази ҳуҷҷатнигорӣ ба аксу суратҳо, хотирапораҳои маҳбусони собиқ, тарҷумаи ҳоли тоҷангии фармондеҳону сарбозон, ки дар қабристони Ҷанубии Нюрнберг ба хок супурда шудаанд, таваҷҷуҳ доранд. 

Ҳамзамон ин созмон аз ҳамагон хоҳиш мекунад ҳар иттилое дар ин замина доранд, ба ин суроға ирсол намоянд: 

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Роман НИКИТИН,

"Совершенно секретно", No.8/409 августи соли  2018

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Шумо дар Ҷаҳон
Шанбе, 22 Сентябр 2018 15:02

Пешвои миллати Покистон

Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ-Ёде аз Бобои қавм ё Қоиди Аъзами Покистон 

Миллатсозӣ ё мудирият корест, хело душвор ва масъулиятталаб. Таърих гувоҳ аст, ки шахсиятҳо ва роҳбароне дар гӯшаву канори дунё мавҷуданд, ки барои сохтани миллатҳо талошҳо ва муборизаҳо  карданд. Номи ин афрод дар ҷаридаи олам сабт аст ва то ҳол фаромӯш нашудааст. Ва лизо донистани таърих ва саргузашти ин ақвому ашхоси хурду бузург барои ибратомӯзӣ ва рушди иҷтимоии ҳар инсон мадад мерасонад. Ба мо мардуми мутамаддини Тоҷикистон-миллати саршор аз меросу фарҳанги ғанӣ, омӯзиш ва маърифати саргузашту осори ин афроди таърихсоз хело ба маврид буда, корнамоиҳои онон аз манфиат холӣ нест.

Инҷо хостем ёде ба саргузашти пешвои миллат ё ба истилоҳ қоиди аъзами Покистон чун шахсияти таърихсози минтақа дошта бошем.

Гуфтан ба маврид аст, ки 25 декабри соли 1876 дар маҳаллаи Вазир Мансиони шаҳри Карочӣ кӯдаки ба дунё омад. Ин марди наҷибу шариф фарде корсозе буд ва лиҳозо талошу муборизаҳои вай сабаб шуд, то миллат ва кишвареро бунёд ва обод кунад. Ин абармарди таърих бо ин мақсадҳои неку ормондор ба мактаб рафт ва таҳсилоти ибтидоияшро оғоз кард. Тадриҷан баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи шаҳри Бомбай ва Линколн Инни Британия қабул шуда, риштаи ҳуқуқ ва ваколатдориро хатм кард. Ҳамзамон баъд аз такмили курсҳои олии тахассусӣ чун ҳуқуқшинос дар суди олии Бомбай ба фаолият оғоз кард.

Тибқи сарчашмаҳои муътабар ва таърихӣ исми аслии ин абармарди наҷиб Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ буда, дар кишвари Покистон чун "бобои қавм" ё "Қоиди Аъзам" шуҳрат дорад. Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз соли 1913 то 1944 дар созмони “Олл Индия Муслим Лиг” ба ҳайси роҳбари ин ташкилоти халқиву мардумӣ кор кард. Бо тавсия ва машваратҳои дурусту мантиқӣ ва дастгирии ин фард дӯстиву ваҳдат ва ҳамгироии ҳуқуқӣ байни мусулмонон ва ҳиндуён ҳифз ва дастгирӣ меёфт. Дар ҳамон замон, соли 1916 Созишномаи Лакнаву байни  Конгресс ва Олл Индия Муслим Лиг имзо шуд, ки аз тарафи Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ идора ва ҳимоя мешуд. Вале бо баъзе сабабҳо ва  ихтилофи назарҳо вай аз конгресс канорагирӣ карда, истеъфо дод.

Дар натиҷа, соли 1920 Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ аз Конгресси Миллии Ҳинд барканор шуда, барои таҳким ва ваколати ҳуқуқи мусулмонон 14 нукоти калидеро ироа кард. Ин нукот ва назарот сабаб ва заминаи ташкили давлати алоҳида барои қавмиятҳои Ҳиндустон гашт.

Дар Покистони навин Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ мулаққаб бо “Қоиди Аъзам” чун муассис ва пешвои Покистон шинохта шуда, ҳамасола дар санаи 11-уми сентябри 1948 ёдбудаш баргузор мегардад. Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар 19-20 солагиаш ба Лондон рафт ва дар риштаи тиҷорат ва ҳуқуқ илм ҳосил кард ва чун ваколатдори ҳуқуқ фаъолият кардааст.

Муҳамад Алӣ Ҷиноҳ вақти зиёди худро дар мутолиаи китоб, дидан аз осорхонаҳо ва шунидани баҳсу мунозираҳои аъзои порлумони Британия гузаронд ва баъди такомул ва таҷрибаомӯзи ба Ҳиндустон баргашт. Ин даврон барояш душвор ва заҳматталаб буд то корҳои назариашро дар муддати тулонӣ амалӣ гардонад. Ҳамзамон вай дар 30 солагиаш ба Конгресси миллӣ шомил шуд ва ҳамроҳи дигар роҳбарон назару афкорашро барои  рушд ва истиқлолият ироа ва тавсия медод.

Вай чун шаҳрвандти Ҳинд, вазъияти кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои озодии сарзаминаш ба талошу муборизаҳо оғоз кард. Вале Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ мухолифи озодихоҳии муҳандис Карамчан Гандӣ чун шахсияти мазҳабӣ ба ин назар буд, ки мусулмонон ва ҳиндуҳо муштарак тавони берун кардани душманро доранд. Лиҳозо ӯ, соли 1931 барои муқовимати душманон созмони озодихоҳонеро ташкил дода, роҳбарияшро ба дӯш гирифт.

Хулоса, ин марди наҷиб зодаи шаҳри Карочӣ буда, падараш савдогар ва хохараш Фотима Алӣ Ҷиноҳ яке аз фаъолони даврони истиқлол мебошад. Аз соли 1905 ба сиёсат ворид шуд ва тадриҷан ба зинаҳои болотар расидан гирифт, ки дар натиҷа роҳбари як кишвари бузург гашт.

Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ солҳои зиёд созмони мардумии "Олл Индия Муслим лиг"-ро сарварӣ кард. Дертар санаи 14-уми августи соли 1947 бо машваратҳо ва тавсияҳо дар ташкил додани давлати алоҳида дар қораи ҳинд ба номи Покистон саҳм гузошт, ки то имрӯз дар ҷаҳон шинохта мешавад.

Метавон гуфт, ки Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ муассис ва бобои қавми Покистон буда, чунин хусусиётро  низ дорост, ки метавон онҳоро  намунаи ибрат қарор дод:

- Муассис ва "бобои қавм"-қоиди аъзам ё падари миллат; 

- Дорои афкору назароти модернӣ ё аврупоӣ ва маълумоти олӣ;

- Сиёсатмадори барҷаста ва озодихоҳи мусулмонтабор;

- Талош мекард, то кишварро бо мисли Аврупо тасаввур ва идора кунад, аммо бо равишҳои гуногун ва қавмию мардумӣ;

- Донандаи хуби илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ӯ сарқонуни Британияро муҳтарам мешуморид.

Тибқи маълумоти торнамои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дипломатӣ байни кишвари Покистон ва Тоҷикистон аз 6 июни соли 1992 барқарор шуданд. Покистон яке аз аввалин давлатҳое аст, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. 

Айни ҳол, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ҷононов Шералӣ Сайдамирович мебошад.

Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расиданд. Моҳи марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон боздиди расмӣ ба амал овард. Ин боздид дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи нав оғоз намуд. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон кушода шуд. Дар давоми 21соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар тақрибан 40 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорони инфиродии покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Дар соли 2011 гардиши мол байни ду кишвар 14 млн. 850,1 ҳазор долл. ИМА ва дар соли 2012 бошад, ба 78 млн 814,8 ҳазор доллар расид, ки аз он содирот 26 млн. 498,5 ҳазор доллар ва воридот 52 млн. 316,3 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 

Муносибату ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар дигар соҳаҳо - иқтисод, маориф, илму техника, тандурустӣ, савдо низ мавриди баррасӣ қарор дошта, тарафайн барои ҳифзи сулҳу суббот ва оромӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, алалхусус дар кишвари Афғонистон, ки яке аз ширкаткунандаи лоиҳаи CASA - 1000 мебошад, саҳм мегузоранд.

Дар бахши маориф муносибатҳои ду кишвар рушд меёбанд ва айни замон шуморе аз донишҷӯёни покистонӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Мирсаид Рахмонов, ходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупо

Шумо дар Таърих
саҳ 6 аз 41

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.