.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 16 Август 2018 - || ФАРАЖ

Дар робита ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018-ум аз тарафи Пешвои муазами милат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 августи соли 2018 мардуми ҳунарманди ноҳияи Мастчоҳ дар гулгаштҳои  Қалъаи Хуҷанд намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро баргузор карданд.

Сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз ин намоишгоҳ таассуроти нек бардоштанд ва ба барпокунандагони он таҳсину офарин гуфтанд.

Дар намоишгоҳ консерти ҳунармандони мумтози ноҳияи Мастчоҳ ба сокинону меҳмонони шаҳри Хӯҷанди бостонӣ пешниҳод карда шуд, ки хотирмону бошукӯҳ буд.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Шумо дар Минтақа

11-уми август дар гулгашти назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳия ва идораи захираҳои моддии “Тоҷикматлубот”-и вилояти Суғд баргузор гардид, ки аз он раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода ва дигар масъулини шаҳру вилоят дидан намуданд.

Дар вохурӣ бо шаҳрвандону деҳқонон раиси вилоят қайд кард, ки чунин чорабиниҳо дар асоси супориши бевоситаи Пешвои муазам, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар рӯзҳои истироҳат то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ идома меёбад.  

Ин иқдомро сокинони шаҳри Хуҷанд бо хушнудӣ истиқбол намуданд.

Нархи маҳсулот нисбат ба нархҳои бозор 20-40 % арзон буда, сифати маҳсулот низ хуб арзёбӣ карда мешуд. Дар ин намоишгоҳ 1кг аст картошка 080 - 1 сомонӣ, пиёз  40-60 дирам, гӯшти гов 30 сомонӣ, гӯсфанд 33 сомонӣ, карам 0,60-1 сомонӣ, ангур 3-4 сомонӣ, шафтолу 2-4 сомонӣ, себ 1-3 сомонӣ олуча  3 сомонӣ, асал 20-25 сомонӣ, намак 40 дирам, тарбуз 2-4 сомонӣ ва харбуза 10-20 сомонӣ арзиш доштанд.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Шумо дар Хабари-рӯз

Шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар таърихи халқи тоҷик мақоми хосаро доро буда, яке аз шаҳрҳои қадимтарин ба ҳисоб меравад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баҳри ободу зебо гардонидани маркази вилоят ва ба шаҳри ҳамешабаҳор табдил додани ин ганҷинаи миллат корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Мардум аз ин зебоиҳову гулкориҳо роҳат намуда, шомгоҳон аз ҳавои форами Сирдарё ва сабзазорон тану ҷони худро роҳату истироҳат медиҳанд. Ин мавзеъҳо ҷои дӯстдоштаи сайёҳону меҳмонон низ гардидааст.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Шумо дар Слайд

Овозхони шинохтаи тоҷик Парвиз Назаров, ки айни ҳол дар Қазоқистон умр ба сар мебарад, имсол 30-мин солгарди овозхонии худро бо барномаҳои консертӣ дар Душанбе баргузор менамояд. 

Имрӯз дар толори калони “Шарқи озод” вохурии журналистони тоҷик бо ин ҳунарманди шинохта баргузор гардид.

Ба гуфтаи худи ҳунарманд барномаҳои консертиаш, ки аллакай дар Қазоқистон шуда гузашт, акнун дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон гузаронида мешавад.

“Бо сабаби баъзе мушкилҳо ва ҳамзамон масъалаи молӣ наметавонам дар Хоруғ барномаи консертӣ диҳем”, - иброз намуд овозхон.

Ба гуфтаи ӯ, барномаҳои консертӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва шаҳри Хуҷанд бо овози зинда ва бе истифодаи фонограмма гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки дар барномаҳои консертиаш овозхонҳои шинохтаи тоҷик Баҳроми Ғаффурӣ, Зикриоллоҳи Ҳаким ва Таҳмина Рамазонова низ суруд мехонанд.

Сарпарасти ин маърака – сарпарасти кулл ширкати мобилии Tcell, ҳамшарикони сарпараст Казкоммерсбонк Тоҷикистон, ширкати алюминийи ТАЛКО, ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» ҳастанд.

Шумо дар Фарҳанг
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.