.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Ваъдаҳои нави Тоҷиддин Пирзода…

Фев 10, 2018 Диданд: 934
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Муродалӣ Алимардон чӣ мегуфта бошад?

Ҳафтаномаи «Фараж» тасмим гирифт, ки роҷеъ ба чи гуна татбиқ шудани дастури Президенти кишвар оид ба солимгардонии бонкҳои ба буҳрон печида бевосита ба сарони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» муроҷиат карда, аз тасмими минбаъдаи онҳо, барномаҳои таҳияшуда барои солимгардонии бонкҳо ва баргардонидани маблағи муштариён пурсон шавад ва аз натиҷааш мавод омода карда, ба хонандагон пешниҳод намояд. Инак, гузориши нахустини худро дар ин мавзуъ мо аз суҳбат бо Икромӣ Сироҷиддин Салом - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки зимни муроҷиати шаҳрвандон дар Бонки миллӣ доир гашт ва Тоҷиддин Пирзода Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» пешкаши мизоҷон ва хонандагони нашрия мегардонем.
Ду соли охир мавзуи ба мушкилӣ дучор шудани бонкҳои кишвар ба яке аз мавзуҳои доғи рӯз табдил ёфта, дар расонаҳои кишвар таҳлилу баррасиҳои гуногун мавриди чоп қарор гирифтанд. Алъон низ чунин ба назар мерасад, ки мизоҷон бо умед ба расонаҳо менигаранд, то ин ки хабарҳои умедворкунандаеро хонанд. Аз суҳбат бо аксари мизоҷоне, ки бо шикоят ба расонаҳо муроҷиат мекунанд, ба хулосае омадан мукин аст, ки худи бонкҳо омода нестанд, ки дар бораи вазъи воқеии худ ба мизоҷонашон маълумот диҳанд ва ё тариқи васоити ахбори омма хулосаҳои умедворкунанда пешниҳод намоянд. Маҳз ҳамин омил сабаб шуда, ки мизоҷон дар бораи бонки худ, на аз тарафи масъулини бонкҳо, балки бевосита тариқи матбуот маълумот гиранд.
Бояд гуфт, ки якбора ба буҳрон гирифтор шудани якчанд бонки кишвар, аз ҷумла «Агроинвестбонк», «Фононбонк», «Агропромбонк», «Тоҷиксодиротбонк» мизоҷони бонкҳоро дар ҳолати ногувор қарор дода, боварӣ ва эътимоди онҳоро коста кард ва мардумро яъсу ноумедии ҷиддие фаро гирифтааст. Инак дар расонаҳо хабари умеворкунандае паҳн шуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси солонаи Ҳукумати кишвар ба сарони ҳамаи бонкҳои ба мушкилӣ дучоршуда, аз ҷумла ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» 2 моҳ муҳлат дода, аз масъулин талаб намудааст, ки барномаи солимгардонии бонкҳои ба буҳрон печидаро ба роҳ монда, усулҳои баргардонидани маблағҳои амонатии мизоҷонро таҳия намоянд ва дар мувофиқа бо Бонки миллӣ ва Вазорати молияи кишвар дар амал татбиқ созанд. Инро рӯзи шанбеи гузашта, зимни қабули муроҷиати шаҳрвадон, дар суҳбат бо банда Икромӣ Сироҷиддин Салом - муовини Раиси Бонки миллӣ тасдиқ карда, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар 2 моҳ муҳлат дод, то ин ки ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои солимгардонии бонкҳои худ чораандешӣ намоянд. Инчунин аз посухи хаттии мактуби банда ҷиҳати мушкили баргардонидани пасандоз дар ҶСК «Агроинвестбонк» бармеояд, ки айни замон «Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти низоми бонкии мамлакат як қатор чорабиниҳои солимгардонӣ андешида истодааст ва умедвор аст, ки дар ояндаи наздик мушкилоти мазкур ҳалли худро хоҳад ёфт».
Ҳафтаномаи «Фараж» тасмим гирифт, ки роҷеъ ба чӣ гуна татбиқ шудани дастури Президенти кишвар роҷеъ ба солимгардонии бонкҳои ба буҳрон печида бевосита ба сарони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» муроҷиат карда, аз тасмими минбаъдаи онҳо, усулҳои ба роҳ монда, барномаҳои таҳияшуда барои солимгардонии бонкҳо ва баргардонидани маблағи муштариён пурсон шавад. Тасмими бевосита ба раисони бонкҳо муроҷиат намудан ба он хотир гирифта шуд, ки мизоҷон аз вазъи воқеии бонкҳои кишвар, аз забони раисони он огоҳ шаванд, на аз забони шахсоне, ки аз чораандешии бонкҳо огоҳӣ надоранд. Бо ин мақсад, мо баъд аз вохӯрӣ бо муовини Раиси Бонки миллӣ ҷаноби Икромӣ, нахуст ба Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» муроҷиат намудем.
Ба саволи мо - «Раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои солимгардонии вазъи бонк ва ҳалли мушкилоти ба амал омада дар ояндаи наздик чӣ иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст ва мизоҷони бонки мазкур аз кай метавонанд бемонеа пасандозҳои худро бозпас гиранд?” Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода изҳор дошт, ки «бо мақсади рафъи буҳрони молиявӣ ва ба эътидол овардани вазъи бонкҳои мушкилдор бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо маблағҳои давлатӣ ҷудо гардид. Тибқи супориши Ҳукумати кишвар роҳбарияи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои солҳои 2017-2019» ва «Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои солҳои 2017-2021»-ро таҳия ва қабул намуд. Айни ҳол бонк фаъолияти худро дар асоси ин ду ҳуҷҷати муҳим дар ҳама самтҳо амалӣ намуда истодааст. Яъне, бо пурра амалӣ шудани нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявӣ, бонк ҳамаи мушкилот ва монеаҳои мавҷударо комилан пушти сар мекунад ва дигар натанҳо монеае барои хизматрасониҳои бонкӣ боқӣ нахоҳад монд, балки сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ беҳтару хубтар хоҳад шуд».
Мо аз ҷаноби Тоҷиддин Пирзода инчунин пурсон шудем, ки «ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» то охири моҳи ноябри соли 2017 ба ҳар мизоҷ, новобаста ба маблағи депозитиаш, дар як рӯз то 200 сомонӣ ва дар як моҳ то 2000 сомонӣ пули нақд медод. Вале аз 01.12.2017 бонки мазкур додани пулро барои мизоҷони минтақавии худ комилан қатъ кард ва фаъолияти кортҳои минтақавиро дар пойтахт боздошт. Оё ин тасмими Раиси «Тоҷиксодиротбонк» қонунӣ аст? Оё ин тасмим ҳуқуқи мизоҷони «Тоҷиксодиротбонк»-ро дар минтақаҳо поймол намекунад?».
- Пеш аз ҳама, бояд содиқона бигӯям, ки мо ҳеҷ гоҳ дар пайи поймол кардани ҳуқуқи муштариёни худ нестем,- гуфт ҷаноби Тоҷиддин Пирзода.- Баръакс, мо тамоми чораҳоро дида ва аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаем, ки дар навбати аввал мушкили мардуми оддиро ҳал кунем ва ин хоҳиши самимонаи дили мост. Беҳтараш биёед бо забони рақам ҳарф бизанем. Лутфан ба ин омор таваҷҷуҳ кунед: бақияи сандуқи амонатӣ дар таърихи 13-уми декабри соли 2016, ки баъд аз анҷоми муҳлати Маъмурияти муваққатии Бонки миллии Тоҷикистон мо дубора ба кор шуркъ кардем, маблағи 3 миллиарду 11 миллион сомонӣ ва дар таърихи 31-уми декабри соли 2017 бошад, маблағи 887,0 миллион сомониро ташкил дод, яъне сандуқи амонатӣ дар ин давра ба маблағи 2 миллиарду 124 миллион сомонӣ, ё ба андозаи 70,5% кам гардидааст. Бақияи маблағҳо дар ҳисобҳои шахсони воқеӣ аз 1 миллиарду 423 миллион сомонӣ ба 767 миллион сомонӣ расида, ба маблағи умумии 656 миллион сомонӣ кам гардидааст. Яъне, ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки «Тоҷиксодиротбонк» новобаста аз фишори буҳрони молиявӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар фикри иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди муштариёни худ мебошад.
Ҷавоб ба ин суол, ки чаро мо додани маблағҳои муштариёни филиалҳоро аз банкоматҳои Сарбонк қатъ кардем, пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин ҳам як амри муваққатӣ аст ва бо оддӣ шудани вазъияти молиявӣ аз байн меравад. Яке аз ҳадафҳои ин тадбир, боло бурдани масъулияти филиалҳои бонк дар назди муштариён мебошад. Зеро вақте ки муштариён маблағҳои худро аз Сарбонк дарёфт мекунанд, ин то як андоза масъулини филиалҳоро фориғбол мекунад, аз тарафи дигар, муштарӣ маҷбур мешавад, ки барои гирифтани маблағҳои худ бо сарф намудани маблағи иловагӣ ва вақти гаронбаҳои худ аз ноҳия ба марказ биёяд. Барои аз байн бурдани ин ноҳинҷории муштариён мо ба филиалҳо супориш додем, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе маблағҳои муштариёнро тибқи меъёри муқарраршуда пардохт ва аз натиҷаи он дар рӯзи баъдӣ ба Раёсати бонк маълумотнома ирсол намоянд. Айни замон бо ҳамин тартиб мо кор бурда истодаем, вале боз ҳам таъкид мекунам, ки ин як тадбири муваққатист.
Дар соли сипаришуда уҳдадориҳои қарзии муштариён дар назди бонк ба маблағи умумии 1 миллиарду 145 миллион сомонӣ пардохт гардид, ки ин аз «Нақшаи чорабиниҳои солимгардонии вазъи молиявии бонк барои солҳои 2017-2019» то охири соли 2017 пешбинигардида беш аз 2 маротиба зиёд аст. Дар ин давра ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк, бо дарназардошти қарзҳои субординарӣ, аз 3 миллиарду 882 миллион сомонӣ дар таърихи 13-уми декабри соли 2016 то ба 1 миллиарду 545 миллион сомонӣ поён рафта, ба маблағи 2 миллиарду 337 миллион сомонӣ кам гардид.
Инчунин, аз суҳбат бо Раиси «Тоҷиксодиротбонк» ҷаноби Тоҷиддин Пирзода маълум шуд, ки Роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» соли 2018-ро соли ҷалби сармоя ва фурӯши амволи калони аз қарзҳои калон ба тавозуни бонк гирифташуда эълон кардааст. Мувофиқи маълумоти пешниҳодгардида, кор дар ин ду самти афзалиятнок бо ҷиддият ва қотеияти тамом шуруъ шуда, идома ёфта истодааст ва мо итминони комил дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳусни тафоҳуми муштариён вазъи молиявии бонкро комилан солим мегардонем.
Ин буд натиҷаи суҳбати мо бо раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода. Мо ҳам умедворем, ки чораҳои андешида мушкилоти ба вуҷуд омадаро дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба зудӣ ҳал мекунад ва мизоҷони бонк бе мушкилӣ пасандозҳои худро бозпас мегиранд.
Ҳафтаномаи «Фараж» ҳафтаҳои наздик аз натиҷаи муроҷиати худ ба раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон низ оид ба чӣ гуна татбиқшавии дастурҳои Президенти кишвар, вазъи кунунии ҶСК «Агроинвестбонк» ва чораҳои андешидашуда барои солимгардонии бонки мазкур мавод омода карда, пешкаши мизоҷон хоҳад кард.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Тағйироти охир Шанбе, 10 Феврал 2018 11:24
Хонданд 934
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.