.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Евробонд

Янв 20, 2018 Хонданд: 448
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Бароришу фурӯши бетаъхири онҳо арзандаи ситоиш аст

Дар ҷаҳони муосир гирифтани қарз аз ин ё он давлат ва ё ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ падидаи маъмул маҳсуб шуда, маҳз дар ин замина давлатҳои рӯ ба инкишоф такомули хешро таъмин менамоянд.
Пайгирии масъалаи мазкур маълум намуд, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам низ аз гирифтани қарз дар канор набуда, дар муқоиса бо Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳаҷми қарзи хориҷиашон хеле зиёд аст. Барои мисол, қарзи хориҷии ИМА 18 триллион доллари ИМА, Федератсияи Россия 732,2 миллиард доллари ИМА, Белорус 34 миллиард доллари ИМА, Қирғизистон 3,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда бемайлон афзуда истодааст. Ду сол пеш Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон пешбинӣ намуда буд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар шояд ба 3,7 миллиард доллари ИМА расад. Аз маълумоти тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет дастрасшуда бармеояд, ки нисбат ба ММД ҳаҷми қарзи ИМА 130 фоиз, Япония - 232, Португалия - 133, Ирландия - 123, Кипр - 112, Белорус - 53, 4, Қирғизистон 53 фоиз рост меояд.
Ҳамватанонамон иттилоъ доранд, ки чанде пеш Маҷлиси намояндагон ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дод. Тавре муовини вазири молия зимни рӯнамоии ин иқдом дар парлумони касбии мамлакат иброз дошт: «Қарори мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ аз бозорҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони иншооти стратегии давлат - Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳия шуда, барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатиро (евробондҳо) пешбинӣ намуда, аз чорабиниҳои Гуруҳи кори ваколатдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст».
Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли вомбаргҳо ба маблағи то 1 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал ба маблағи то 500 000 000 (панҷсад миллион) доллари ИМА ба муҳлати то 10 сол бароварда мешавад. Меъёри фоизи вомбаргҳо дар заминаи рейтинги қарзии давлат муайян карда шуда, дар марҳилаи муаррифии тарҳи барориш ба сармоягузорони инфиродӣ ва институтсионалӣ мушаххас карда мешавад. Зикр шуда буд, ки «паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатӣ дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда шуда, чунин тарзи қарзгирии берунаи давлатӣ таҷрибаи нахустини давлат дар ин самт ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷалби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматноки хориҷа, аз қабили андеррайтер, агентиҳои бақайдгиранда ва амсоли онҳо дар назар аст. Расмиёт ва давраҳои эмиссияи коғазҳои қиматнок тибқи тартиби қонунгузории ИМА ва давлате, ки дар он паҳнкунии вомбаргҳо дар назар аст, амалӣ карда мешавад».
Тибқи маълумоти дастрасшуда, евробондҳои мавриди назар шуруъ аз 31-уми августи соли гузашта дар чаҳор шаҳри бузурги дунё - Ню-Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон ба маърази сармоядорон ва харидорон гузошта шуда, “Роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ - Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил намуданд. Хурсандиовар аст, ки рӯнамоӣ ва фурӯши евробондҳо бомуваффақият амалӣ шуда, дар ин замина 500 миллион доллар ба муддати 10 сол, ки фоизи солонааш 7,125 дарсад аст, ба кишвар ҷалб шуд.
Коршиносони масоили иқтисодӣ ба он назаранд, ки фурӯши евробондҳои Тоҷикистон боз як муваффақияти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои охир буда, аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза аст.
Ҷанбаҳои мусбати евробонд зиёданд. Барои мисол, харидорони евробондҳо ба фарқ аз созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми қарз додан дар назди Ҳукумат шарт намегузоранд. Маъмулан созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва ё Бонки осиёии рушд қабл аз ҷудо кардани қарз шарти ислоҳотро матраҳ мекунанд, ки барои кишварҳое назири Тоҷикистон то андозае қобили қабул нест. Сониян, маблағ аз фурӯши евробондҳо зуд ба суратҳисоби дахлдор ворид мешавад ва ба траншҳо ҷудо намешавад.
Дар суҳбат бо мо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода барориш ва фурӯши бетаъхири коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
- Иқдоми мазкур замина фароҳам меорад, ки нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ чун шарики боэътимод болотар равад. Зеро ҷалби қарз дар ҷаҳони муосир падидаи маъмул буда, далели азми қавӣ доштан дар ҷодаи рушд мебошад. Вақте мо қарз ҷалб карда, онро дар муҳлати пешбинишуда бармегардонем, он гоҳ эътимоду таваҷҷуҳи давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфуз тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, фоизи қарзи мавриди назар низ баланд набуда, вобаста ба талаботи ҷаҳони муосир қобили қабул аст. Бо дарназардошти ин, Маҷлиси намояндагон ба Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дод,- гуфт номбурда.
Масъулини Вазорати молияи мамлакат ба он назаранд, ки дар раванди барориши вомбаргҳо, алалхусус дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ вақти барориши онҳо аҳамияти хос дорад. Зеро фоизи пешниҳодшаванда аз ҷониби эмитент аз зиёд ё кам будани талабот ба вомбаргҳо вобастагии калон дорад. Масалан, агар талабот ба вомбаргҳо зиёд бошад, эмитент метавонад барои вомбаргҳои худ фоизи паст пешниҳод намояд, ки ин ба
фоидаи эмитент мебошад.
Ба андешаи муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамшед Каримзода, феълан даромаднокии чунин евробондҳо боз рӯ ба баландшавӣ ниҳода, ба 4,6 дарсад баробар шудааст. Аз лиҳози вазъи бозор ин марҳала барои барориши евробондҳо хеле мусоид ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ ба фурӯш баровардани евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қарори санҷидашуда арзёбӣ мегардад.
Айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиарду 803 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ин таносуб нисбат ба ММД яке аз нишондиҳандаҳои камтарин дар минтақа аст.
Хеле муҳим аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии мамлакат дар муқоиса ба ММД сол то сол тамоюли коҳишёбиро касб намудааст. Барои мисол, чанде қабл ин нишондиҳанда ба 35-38 фоиз баробар буд. Соли 2015 кишвари мо қарзи худро дар назди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон пурра пардохт намуда, пардохти қарзи давлатҳои дигар ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ раванди муттасил аст.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ қисмати аъзами он - 1 миллиарду 980 миллион доллари ИМА қарзи давлатӣ маҳсуб шуда, бо кафолати Ҳукумати ҷумҳурӣ дастрас шудааст. Қарздиҳандаи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд ба ҳисоб рафта, ҳаҷми қарзи аз онҳо гирифташуда мутаносибан 950 миллион доллари ИМА, 325 миллион доллари ИМА ва 277 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Баъзан аз ҷониби як идда ба ном коршиносон ва иқтисодчиён вобаста ба ҳаҷми қарзи хориҷии кишварамон андешаҳое баён мегарданд, ки муғризона буда, аз «пашша фил сохтан»-ро шабеҳанд. Пешниҳоди далелу арқоми асоснок вобаста ба ин раванд ва муқоисаи ҳаҷми қарзи хориҷӣ бо давлатҳои ҳамҷавор шаҳодати он аст, ки ҳангомасозиҳо бобати масъалаи мавриди назар бепоя аст.

Далер МЕРГАНОВ, журналист

Тағйироти охир Шанбе, 20 Январ 2018 12:26
Хонданд 448
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.