.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

“Гови ҷӯшоӣ” (ВИДЕО)

Янв 06, 2018 Хонданд: 954
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Чӣ корхонаҳои Тоҷикистонро ба фано мебарад?

Соҳибкори маъруф, ки ҳудуди даҳ корхонаи хурду миёнаву бузургро идора мекунад, бо ду даст сарашро дошта, ғарқи андеша буд. Омадани мо ӯро ба худ овард. Вақте аҳвол пурсидем, бо як ҷумла посухи моро дод:

- Бисёр бад!
Ӯ моро ба тирезаи дафтараш роҳ намуд. Дар кӯча чор кас ба чашм мерасиданд.
- Инҳо мунтазиранд, ки кай ман аз дафтар хориҷ мешаваму онҳо ба дари ман муҳр мезананд! Ин аст ҳоли соҳибкори тоҷик...
Корхонаҳои Тоҷикистон тофтаҳои ҷудо аз ҳам афтодаи як ҷуғрофиёянд, ки аз тӯфони қонунҳои нонавиштаи воқеиятҳо ё берун меоянд, ё ба як суқути тадриҷии ҷонфарсо дучор мешаванд. Таҳқиқи мо нишон дод, ки ба истилоҳ, “хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад”. Корхонаҳои Тоҷикистон, ки калиди бахту рифоҳ ва шуғли мардумро дар бағал доранд, аксар вақт на ба қонунмандиҳои собитшудаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, балки бар асари воқеиятҳои ошнову ғайри қобили тасаввур суқут мекунанд, ки то ба ҳол дар ягон қоидае таъриф нашудаанд. Аз ин хотир, ин як қиссаи тоҷикии корхонаҳост.

Суқути “империя”
“Самар”-ро тамоми Кӯлоб мешиносад. Он ба ному сарнавишти марҳум Самариддин Фазлиддинов, асосгузори ин ширкат рабт дорад. Мавсуф соли 1981 ба ин корхона омад, ки фақат як пункти қабули пахта дошт. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ ӯ аз Русия баъзе таҷҳизоти дар вақти худ пешрафтаро ворид намуда, як корхонаи таҷрибавии пахтатозакуниро ба роҳ андохт. Пас аз пошхӯрии шӯравӣ то соли 1997 беш аз 20 корхонаи истеҳсолӣ (ресандагӣ, кешбофӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, қолин, матоъ, равған, собун, шарбат) ва ғайриистеҳсолӣ (ширкати ҳавонавардии “Самар Эйр”, телевизиони “Мавҷи озод”, "Самартранс", ширкати сохтмонӣ)-ро дар Кӯлоб, Фархор ва Хуҷанд фаъол кард. То соли 1996 “Самар” ба бузургтарин ширкати минтақаи Кӯлоб табдил ёфт. Кор ба ин ҷо кашид, ки бо ибтикори Фазлиддинов таҷдиди фурудгоҳи Кӯлоб ва эҳдоси хати ҳаракати троллейбус аз Кӯлоб ба Восеъ низ тарҳрезӣ, ҳатто сутунҳои он барафрошта шуданд. Аммо, ба қавли Муслиҳиддин Фазлиддинов, мудири кулли “Самар”, бар асари дахолатҳои ҳукумати ноҳия ҷилави рушди он гирифта шуд, аз ин хотир, ширкат солҳои 1997 то 1999 қариб ки кор накард.
Пас аз соли 1999 - 2000 корҳои “Самар” рӯ ба беҳбудӣ оварданд, аммо корхонаҳояш бо иқтидори миёна мечархиданд. Буҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008, ки мӯҷиби бамаротиб коҳиш ёфтани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ шуд, тамоми нақшаҳои рушди ширкатро барбод дод, чун корхонаи пахта муҳаррики аслии тамоми корхонаҳои дигар буд. Соли 2010 ширкат 1 миллиону 800 ҳазор доллар зарар дид. Ба ҷуз корхонаҳои пахта, ресандагӣ ва равған, ТВ “Мавҷи озод” бақия аз фаъолият бозмонданд.
Соли 2012 асосгузори ширкат Самариддин Фазлиддинов дунёи фониро тарк гуфт. Фарзандонаш ба хотири идомаи роҳи ӯ пушти кор шуданд, вале ба монеа андар монеа дучор омаданд. Ба қавли Муслиҳиддин Фазлиддинов, аз “империяи бузург”-и “Самар” ҳоло танҳо ТВ “Мавҷи озод” пурра ва ҳам корхонаи коғаз бо иқтидори хеле поён фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, як хоҷагии тухмипарварии ширкат наметавонад ҳамаи заминҳояшро истифода барад. Ҳамчунин дар ширкате, ки солҳои вазнини 90-ум 2100 нафарро доимӣ ва дар вақти мавсим боз 3 ҳазори дигарро бо шуғл таъмин мекард, ҳоло 65 нафар кор мекунанд.
Маркази асосии ширкати “Самар” дар сари роҳи Душанбе - Кӯлоб воқест. Вақте аз шаҳраки Восеъ ба самти Кӯлоб меравед, аз канори чап овезаи бузурги он ба чашм мехӯрад. Вақте вориди корхона мешавед, ба крану таҷҳизоти бузурги коркарди пахта дучор меоед, ки бекор хобидаанд, ҳарчанд мавсими ҷамъоварии пахта аст, аммо аз шаҳомати қаблии он шаҳодат медиҳад...

“Файзи диёр”
Дар гӯшаи дигари Тоҷикистон - Мастчоҳ соли 2002 деҳқони оддӣ Раҳмоналӣ Шарипов як кооперативи истеҳсолиеро бо номи “Файзи диёр” ба роҳ андохт, ки ба ҷуз 94 гектар замин, ягон техникаи истеҳсолӣ, ҳатто бошишгоҳи саҳроӣ надошт, баръакс 72 ҳазор доллар қарздор буд. Дар як муддати кӯтоҳ мавсуф 3 чоҳи амудӣ кофт ва техникаҳои нави кишоварзӣ овард. Аз хориҷи кишвар говҳои зоти шведӣ ва ҳолландӣ ворид карда, соли 2010 тасмим гирифт як корхонаи шир ташкил кунад. Ба ин хотир, ӯ бо ҳамкории мутахассисони турк технологияи коркарди панири сохти Итолиёро овард.
70 дарсади шири фурӯшии вилояти Суғд дар Мастчоҳ истеҳсол мешавад. Дар замони шӯравӣ ноҳия корхонаи шир надошт. “Файзи диёр” аввалин корхонаи коркарди шир буд, ки моҳи майи соли 2013 ба кор даромад. Аз шири тоза маҳсулот мебаровард ва тайи 6 моҳ дар бозор ҷойи худро ёфт. Санҷишгоҳи “Госстандарт” равғаннокии маҳсулоти корхонаро аз меъёр ду баробар зиёд нишон дод. Дар маҳсулоти корхона - панир, қаймоқ, карафс (кефир), ҷурғот, хоматурш (сметана) ягон нигаҳдоранда (консервант) ё хокаи кимиёӣ истифода намешуд.
Ҳамин тавр, солҳои 2013 - 2014 кори “Файзи диёр” сахт пешрафт кард. Маҳсулоташ таваҷҷуҳи соҳибкорони Афғонистону Қазоқистонро низ ба худ ҷалб намуд.
Корхона моҳона то 18 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат маблағ ворид мекард. 14 коргар дошт, ки аз 800 то 1400 сомонӣ маош мегирифтанд. Дар як рӯз 1,5 тонна шир коркард мешуд. 234 дӯкону мағоза аз Мастчоҳу Хуҷанд то Душанбе маҳсулоти “Файзи диёр”-ро мефурӯхтанд. Корхона худ ба дари мардум рафта, дар вақти мавсим як литр ширро аз 1 то 1,5 сомонӣ ва зимистон ба 1 сомониву 80 дирам то 2 сомонӣ харидорӣ мекард.
Аммо қиссаи “Файзи диёр” афсона нест, ки ба хушиву хурсандӣ анҷом шавад. Поёнаш хеле ғамангез аст. Беқурбшавии пули миллӣ дар соли 2015 кори худро кард. 10-уми сентябри соли 2015 “Файзи диёр” фаъолияти худро қатъ намуд.

“Се бало”
Вақте сухан аз “вазниниҳои соҳибкорӣ” меравад, дар миёни мушкилоте, назири “рейд” - тафтишҳои муназзами мақомот, бюрократия, қимати болои боҷи гумрукӣ ва мушкили убуру мурур аз посгоҳҳои марзӣ, аксари ҳамсуҳбатони мо қабл аз ҳама аз “се бало” - андозҳои ғайривоқеӣ, дарсадҳои баланди қарзи бонкӣ ва қимати нерӯи барқ шикоят мекунанд. Як соҳибкори хеле муваффақ ҳатто аз он оҳи сабук кашид, ки ниҳоят як иқтибос (ҳуҷҷати расмӣ дар бораи ширкат аз мақомоти андоз)-ро пас аз як моҳ ба даст овардааст.
Мудири кулли ширкати “Самар” мегӯяд, андоз мушкили аслии корхонаҳои коркарди пахта ва марбут ба он аст, зеро онҳо ҳам аз нахи соф, ҳам аз ришта, ҳам матоъ ва ҳам либос андоз месупоранд. Вай гуфт:
- Танҳо суҳулат (сабукӣ) ин аст, ки агар пахтаро дар дохили Тоҷикистон фурӯшанд, андоз намесупоранд. Андоз ҳудуди 5 дарсад аз маблағи умумиро ташкил мекунад, ки масалан, ба як тонна пахта, агар ба 4,5 ҳазор сомонӣ харида шавад, 225 сомонии дигар изофа мегардад.
Раҳмоналӣ Шарипов аз “андози мувофиқ” суҳбат мекунад. Ӯ бар ин аст, ки то қомат рост кардани корхона ҳукумат бояд андоз нагирад. Вай афзуд, чунин имтиёз имконият медиҳад, ки корхона бархе камбудиҳои худро пӯшад. Вай гуфт:
- Вақте маҳсулоти “Файзи диёр”-ро ба соҳибкорони Афғонистон ва Қазоқистон пешниҳод кардем, хеле хуб пазируфтанд, аммо гуфтанд, ки бастабандӣ (упаковка)-и он ба талаботи бозор ҷавоб намедиҳад. Агар мо дар андозсупорӣ имтиёз медоштем, метавонистем масъалаи бастабандиро ҳал карда, ба бозори берун мебаромадем, ки моро комилан худкифо мекард ва қарзи бонку дигар пардохтҳо бароямон осон мешуд.
Аз “андозҳои ғайривоқеӣ” на фақат соҳибкорони хурду миёна, балки андозсупорандагони бузург низ шикоят мекунанд. Тайи солҳои ахир баҳси ширкатҳои бузурге назири “Вавилон”, “Мегафон”, “Созидание” ва ҳатто ширкатҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Total ва Tetys Petrolium бо Кумитаи андози Тоҷикистон дар судҳои дохилӣ ва ҳатто байналмилалӣ ба баррасӣ гирифта шуд.
Фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ кори “Самар”-ро ба ҷое расонд, ки бо қарори суд ба хотири пардохти беш аз 129 ҳазор сомонӣ қарз қисме аз моликияти ширкат ҳабс шуд. “Самар” ҳамоно аз андоз (452 ҳазор сомонӣ) ва бонк қарздор аст.
“Файзи диёр” аз бонк 120 ҳазор доллар қарз гирифта, дар як муддати кӯтоҳ 30 ҳазор доллари онро баргардонда буд. Вақте қурби сомонӣ поён омад, бонк хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва ишораи дастҳои қавӣ (ба бовари Шарипов) талаб кард, ки фоизҳо бо доллар пардохт шаванд. Пас аз суқути корхона, бо қарори суд, бинои он, ки соли 1987 сохта шудаву 1400 метри квадратӣ масоҳат дорад ва ҳам таҷҳизоти хориҷиаш ба ҷои қарз супорида шуданд...
Ҳамсуҳбатони мо қимати сол ба сол афзояндаи барқро низ аз мушкилоти дигар медонанд. Масалан, қимати барқ бар як тонна нахи софи ширкати “Самар” ҳудуди 100 доллари амрикоӣ зам мекард. Ё барқ дар қимати маҳсулоти “Файзи диёр” ҳудуди 10%-ро ташкил менамуд. Ба қавли Раҳмоналӣ Шарипов, ҳарчанд корхонааш пули барқро ҳамеша пардохт мекард, пас аз хатми кор ширкати барқ корхонаашро 28 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ба суд дод. Вай мегӯяд:
- Мо ҳатто нафаҳмидем, ки ин қарз аз куҷо пайдо шуд. Ҳисобкунак ҳисобашро мекард, мо мепардохтем. Вақте эътироз кардем, кори моро ба суд доданд ва муваззаф шудем, ки 14 ҳазор супорем. Додем.
Зимнан, солҳои 2010 ба 2017 қимати барқ аз 17,1 ба 26,63 (2012) ва 40,99 дирам (2017) боло рафт. “Се бало”-и соҳибкорон аз ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон мушкил эҷод мекунанд, аммо ҳамоно ба он чӣ намерасанд, ки ҳоло хоҳем гуфт...

“Рақобатҳои носолим...”
10-уми июни соли 2015 парлумони Тоҷикистон барои ширкати “Ҷунтай - Хатлон Синсилу” имтиёзоти молӣ ва гумрукӣ дод. Бино ба он, ширкати муштараки Тоҷикистону Чин аз воридоти таҷҳизот барои обёрии заминҳои вилояти Хатлон аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ имтиёзе дар ҳаҷми $1,1 миллион доллар ба даст овард. Умеди Давлатзод, собиқ муовини вазири рушди иқтисоду савдо дар парлумон гуфт, ки ин ширкати муштарак барои истифодаи 49-солаи 15 ҳазор гектар замини навоҳии Ҷилликӯл, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён 200 миллион доллар сармоя ворид карда, пахта кишт хоҳад кард. Расонаҳо ба як ҷумла аз ӯ инро низ нашр карданд, ки ширкати мазкур дар ноҳияи Данғара як корхонаи коркарди нахи пахтаро низ бунёд мекунад. Аммо кам касе ба ин маънӣ рафт, ки ин ширкат ҳолу ҳавои корхонаҳои коркарди пахта дар Хатлонро ба куллӣ тағйир хоҳад дод.
Муслиҳиддин Фазлиддинов мегӯяд, баробари вуруди “Ҷунтай - Хатлон Синсилу” ба майдони рақобати корхонаҳои пахтаи Кӯлоб, ки ҳудуди 15 ададро ташкил мекунанд, вазъ комилан тағйир хӯрд, зеро ин ширкат бар замми ин қадар имтиёзи давлатӣ, навтарин технология аз ширкатҳои ҷаҳоншумули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Шветсария, Олмон ва худи Чинро низ дар ихтиёр дорад. Вай афзуд:
- Ин ширкат ба ҷуз пахтатозакунӣ, корхонаи ресандагӣ ва дар ҳама кунҷу канори минтақаи Кӯлоб нуқтаи хариди пахта дорад. Дуюм, як тонна пахтаро бо нархи 5 ҳазор сомонӣ мегирад, ки барои мо тамоман қобили қабул нест. Мо бояд як тонна пахтаро 4300 сомонӣ харем, то фоида бинем. Сеюм, аксари корхонаҳои дигар бо таҷҳизоти бозмонда аз замони шӯравӣ кор мекунанд, ки барқи зиёд мехӯранд, аммо таҷҳизоти “Ҷунтай” ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, кам барқ харҷ мекунанд. Чорум, мо фақат нахи соф тайёр мекунем, аммо Ҷунтай ришта мебарорад ва онро то 2 ҳазор доллар мефурӯшад. Ва ин ширкат чанд бартарии дигар дорад, ки ҳоло гуфтанашро зарур намедонам. Аммо барои ман дарки ин ҷолиб аст, ки оё мо - корхонаҳои ватанӣ ҳам метавонем имтиёз дошта бошем, ки кору рушд кунем?
Ҳамасола бархе аз корхонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон имтиёзу суҳулатҳое аз ҳукумат ба даст меоранд, ки ба як фаъолияти озоди онҳо шароит фароҳам мекунад, аммо аксари корхонаҳо на фақат ин бартариҳоро надоранд, балки ба ҳар боб мавриди фишорҳои арбоб мешаванд. Муслиҳиддин Фазлиддинов мегӯяд, як тарҳеро ба Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ пешниҳод карда буданд, аммо қабул нашуд, ҳамчунин муроҷиатҳои онҳо ба бонкҳои “Эсхата” ва “Амонатбонк” дар мавриди ба даст овардани қарзҳои имтиёзнок натиҷа надоданд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти зидахл барои гирифтани қарзҳо аз андозу бонк тамоми фишорро сари ширкат ворид карданд, аммо муроҷиатҳои эшон барои ситонидани қарзҳои ширкат аз қарздоронаш чандон алоқае нишон надоданду намедиҳанд.
Раҳмоналӣ Шарипов, роҳбари кооперативи истеҳсолии “Файзи диёр” низ мегӯяд, ба як тарҳи ӯ барои сармоягузории фермаи ширу гӯшт аз соли 2001, ки дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзӣ омода шуда буд ва ҳам муроҷиатҳои такрории ӯ дар солҳои 2004 ба баъд дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ касе посухи рад ё мусбат надод. Вай афзуд, хилофи интизор соли 2015, пас аз ду соли фаъолияти корхонаи шираш, ба рақобатҳои носолим дучор омад, ки аслан дар гӯшаи хаёлу гумонҳои ӯ набуданду барои ҷилавгирӣ аз онҳо омодагӣ ҳам надошт. Вай афзуд:
- Вақте ба мағозаву супермаркетҳои Хуҷанд мерафтам, медидам, ки маҳсулоти мо на дар ғурфаҳои шишаӣ, балки таги онҳо, рӯи миз неву таги миз гузошта шудаанд. Дар фурӯш набуданд. Пурсидам, ки чаро намондед? Гуфтанд: “Супориш шудагӣ!”. Намегӯянд, ки аз куҷо? Дуюм, маҳсулоти маро аз яхдон берун мемонданд. Маҳсулоти ширӣ, ки тез турш мешавад! Сеюм, дӯконҳо аз мо талаб карданд, ки яхдони худамонро биёрем. Ман дар ҳайрат афтодам, ки чӣ тур мешавад барои 234 дӯкон яхдон харам? Дӯкон худ бояд ғуфраҳои яхдонии шишаӣ дошта бошад. Аммо маълум буд, ки онҳо дастур гирифта буданд. Чорум, тез - тез барқро хомӯш мекарданд. Агар шир нимҷӯш монад, зуд хароб мешавад. Зимнан, пас аз баста шудани корхонаи мо мушкили барқ аз миён рафт.
Раҳмоналӣ Шарипов аз ин гуна бозиҳои пасипардаӣ чунин рамз гирифт, ки агар бо “арбоб” ба ҳам наояд, дер кор нахоҳад кард. Ӯ ба рақибони худ пешниҳод фиристод, ки дар Мастчоҳ ҳамроҳ кор кунанд, аммо онҳо қабул накарданд. Вай мегӯяд:
- Ман ба ин хулоса омадам, ки ҳадафи аслӣ бузургтар аст - дар Мастчоҳ набояд корхонаи коркарди шир бошад! Вагарна ин чӣ мантиқ дорад, ки аз 70 километр рафта шир биёранд? Шояд ин иштибоҳи мо ҳам буд, ки қимати як литр ширро ба хотири рифоҳи мардум 1,5 сомонӣ кардем, ҳарчанд ширкатҳо ҳатто онро 1 сомонӣ мегирифтанд. Аммо ин сирф рақобати манфиатҳост ва решаи сиёсӣ надорад.
Аз ин қабил мушкилоти корхонаҳои Тоҷикистон то ба ҳол касе таърифи дуруст надодааст. Як падидаи инфиродӣ нест, балки саросарист. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод, мегӯяд, ин ҳама нишонаи он аст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз ҷодаи иқтисоди бозорӣ берун рафта, ба як нокуҷо меравад. Вай афзуд:
- Ҳукумат хуб мекунад, ки барои ширкатҳо имтиёз медиҳад, то онҳо беҳтарин технологияҳоро ворид кунанд, аммо имтиёзҳо бояд ба ҳадде бошанд, ки манфиатҳои дигар корхонаҳо поймол нашаванд. Як корхона агар технологияи ҷадид ворид мекунад, то корашро беҳбуд бахшад, хуб аст, зеро дигаронро ба ин таҳрик медиҳад, ки қафо намонанд, беҳтар шаванд. Аммо ҳеҷ яке набояд пеши ҳукумат авлавият дошта бошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо ба назар мерасанд. “Худӣ”-ву “бегона” набояд бошад. Рақобатро дар иқтисод бояд ҳифз кард, дар акси ҳол, ширкатҳои инҳисорӣ ба миён меоянд, ки хатарҳои сиёсӣ дар пай хоҳанд дошт. Фишорҳои ошкору пинҳон ба корхонаҳо чӣ аз сӯи рақибон ва чӣ мақомоти зидахл ҷуз ҷинояти иқтисодӣ чизи дигаре нест. Онҳоро бояд ба суд кашид.
Муслиҳиддин Фазлиддинов муроҷиат ба ҳама гуна марҷаъи расмиро як кори беҳуда меҳисобад, зеро ба тамоми мақомоти марбут ва ҳам судҳо сарукор дошт, аммо ба чизе даст наёфт. Ба қавли ӯ, ҳукумати маҳаллӣ аз оғоз то анҷом ба корҳои “Самар” халал мерасонд. Раҳмоналӣ Шарипов мегӯяд, ба шуъбаи зиддиинҳисори ҳукумати вилояти Суғд муроҷиат намуд, аммо касе ба додаш нарасид, аз ин сабаб, фикри судро ҳам накард, чун барбод додани вақти гаронбаҳо аст.

Соҳибкор ё гунаҳкор?
Муслиҳиддин Самариддинов ва Раҳмоналӣ Шарипов танҳо ду соҳибкор аз миёни чандин нафари дигар буданд, ки омода шуданд бо мо ошкоро суҳбат кунанд. Дар ин миён мо бо соҳибкорони хеле номиву муваффақ ва ҳам навкору шикастхӯрда низ ҳамсуҳбат шудем. Аз “эҳтиёткорӣ” ҳеҷ яке аз онҳо омодаи суҳбати аланӣ нашуд, аммо он чӣ онҳо аз таҷоруби худ ба мо нақл карданд, як манзараи хеле вахим аз фазои соҳибкориро пеши назар меорад. Муваффақҳо мегӯянд, дар қиёс бо 20 соли ахир майдони соҳибкорӣ барояшон тангтар шуда, дар ин фикр ҳастанд, ки чӣ тур бидуни талафоти зиёд ҳадди ақал тиҷорати худро ба ҷое кӯч диҳанд. Аз ин хотир, онҳо сармояи худро ба кишварҳои ҳамсоя, Ӯзбекистону Қирғизистону Қазоқистон ва ҳам Русия интиқол медиҳанд, аммо ҳанӯз бар ин умеданд, ки “дар ватан коре карда тавонанд”. Онҳое, ки навкору шикастхӯрдаанд, аз кори карда ва пулҳои ба бод рафтаашон ангушти надомат мегазанд. Як соҳибкори исфарагӣ ҳам гуфт, аз ноилоҷӣ корхонаи меваи хушкашро ба Қирғизистон кӯч дод...
Тибқи иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, тайи панҷ соли ахир дар кишвар 23 ҳазору 706 корхона - шахсони ҳуқуқӣ ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 7131 адад фаъолияти худро қатъ кардаанд. Теъдоди соҳибкорони инфиродӣ маълум нест, ё мақомоти андоз ин рақамро дар ихтиёри мо нагузоштанд.
Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёна, як ниҳоди ғайридавлатии Тоҷикистон, дар пайи як таҳқиқ эълом кард, ки танҳо соли 2017 ҳудуди 205 ҳазор соҳибкори инфиродӣ шаҳодатномаву патенти худро таслими мақомот кардаанд. Ба қавли ин манбаъ, ҳудуди 70 дарсади онҳо дар соҳаҳои тиҷорат ва хизматрасонӣ кор мекарданд.
Шарҳи сабабҳои қатъи фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистонро мақомот ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Дар посухе, ки бо имзои Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ба мо расид, се сабаби баста шудани онҳо оварда мешавад: аввал, иддае аз корхонаҳо бо истифода аз низомҳои содаи андозбандӣ фаъол мешаванд ва замоне, ки ба фоида даст ёфта, бояд ба низоми умумӣ гузаранд, қатъи фаъолият мекунанд. Ҳадаф пинҳон намудани даромад ва ба ин васила кам пардохт намудани андозҳо аст. Ин қабил корхонаҳо фаъолияти худро қатъ карда, бо номи дигар арзи вуҷуд менамоянд, то боз аз низоми содаи андозбандӣ суд бардоранд (тибқи иттилои Кумитаи андоз, тайи солҳои 2015 - 2017-ум 47 нафар бо ҷурми нақзи қонуни андоз, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд). Дуюм, қисмати бузурги ин рақамро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил мекунанд, ки аз мақоми шахси ҳуқуқӣ ба соҳибкории инфиродӣ гузаштаанд. Сабаби сеюм, буҳрони молиявӣ - иқтисодии имрӯза аст, ки таври маълум, мушкили зиёд халқ кардааст.
Коршиносон ва ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, Кумитаи андози Тоҷикистон аз мушкилоти дигар, аз ҷумла андозбандиву фоизҳои баланди бонкӣ, қимати барқ ва ҳам рақобатҳои носолим суҳбат намекунад, ба ин маънист, ки ё ба ин ҳама чашм мепӯшад, ё ҳамоно дар долонҳои ҳукумат ин воқеиятҳо таҳқиқу баррасӣ нашудаанд ва ба назар менамояд, ҳукумат аз ин мушкилот аслан хабар надорад ва аз ин сабаб, танҳо соҳибкоронро гунаҳкор меҳисобад.
Хулоса, оморе, ки дода мешавад, баёнгари вахомати ин вазъ аст. Дар таъйиди ин, қиссаи ҳамон соҳибкореро, ки дар оғози матлаб оварда будем, идома медиҳем. Кормандони мақомот барои иҷрои нақшаи андоз дари ӯро, ки солона миллионҳо сомонӣ ба буҷаи давлат медиҳад, гирифта, шарт гузоштанд, ки ё андозро месупорӣ, ё мо даратро муҳр мезанем!
Соҳибкор, ки нахост номашро гирем, гуфт, барои мақомоти алоҳида аслан муҳим нест, ки мо чӣ вазъ дорем:
- Мақомот имрӯзро фикр мекунанду фардоро на. Ягон барномаи зиддибуҳронӣ вуҷуд надорад. Ман 20 сол аст, ки андоз месупорам. Миллионҳо доллар ба буҷаи давлат ворид кардаам. Як - ду соли ахир бо ҳар сабаб вазъамон харобтар шуда меравад. Кор ба ҷое расида, ки ҳатто омодаанд, ба истилоҳ, барои шир говро кушанд. Қарзи мо аз андоз 100 ҳазор сомонӣ аст. Онро то як ҳафтаи дигар месупорем, аммо инҳо мехоҳанд пулро ҳамин ҳоло ситонанд. Пулеро, ки нест. Сиёсат ҳамин - деҳ, деҳ, деҳ! Хуллас, соҳибкор як гови ҷӯшоӣ шудааст...
Як соҳибкори дигар чизе боз ҷолибтар гуфт, ки ба як “гови ҷӯшоӣ” табдил ёфтани корхонаҳоро барҷастатар мекунад. Ба қавли ӯ, корхонааш андози то як соли пешро ҳам пардохт кардааст...

Ба ҷои пасгуфтор
Ҳукумати Тоҷикистон эҷоди корхонаҳои навро як роҳи машғул доштани мардум бо кори доимӣ арзёбӣ мекунад. Бавижа, пас аз шуруъи буҳрони иқтисодии ҷорӣ, ки дар пайи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба миён омадааст, иқтисоди Тоҷикистон низ осебпазир шудааст. То шуруъи ин буҳрон маболиғи интиқолии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳудуди 45 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медод. Агар соли 2013 муҳоҷирини меҳнатӣ ба Тоҷикистон 4,3 миллиард доллар ворид карданд, дар соли 2016 ин рақам ҳудуди 2 миллиард доллар буд. Сеяки ММД. Ба болои ин, тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия, ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз ин кишвар ихроҷ шудаанд, ки бар сафи бекорон дар Тоҷикистон афзудааст. Тибқи иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 54 ҳазор нафар бекор дар кишвар сабти ном шудаанд. Аммо ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1 миллион ва ғайрирасмӣ, 2 миллион умдатан ҷавони Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири меҳнатиянд. Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, нерӯи кории Тоҷикистон 40 ҳазор нафар меафзояд ва то охири соли 2016 теъдоди афроди коршоям 5 миллиону 230 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз ин теъдод дар кишвар 2 миллиону 301 ҳазор кор доранд, ки 2 миллиону 247 ҳазору 4 нафари онҳо дар соҳаи иқтисодиёт машғуланд.
Дар ҳоле, ки артиши бекорон дар кишвар сол ба сол меафзояд, тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тайи 9 моҳи соли равон ҳамагӣ 125 ҳазору 165 ҷои корӣ эҷод шудааст, ки масъаларо ҳал намекунад. Худи Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, дигар ниҳодҳои иқтисодиву коршиносон умдатарин роҳи ҷилавгирӣ аз афзоиши бекорӣ дар кишварро маҳз эҷоди ҷойҳои кории нав мебинанд, ки қабл аз ҳама ба эҷоди корхонаҳои нав вобаста аст. Аммо бо ин шароите, ки барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон фароҳам шудааст, оё метавон ба ин ҳадаф расид?

Фахриддини ХОЛБЕК

Тадқиқот дар доираи лоиҳаи “Интернюс” сурат гирифтааст.

Тағйироти охир Ҷумъа, 26 Январ 2018 17:13
Хонданд 954
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.