.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

«Як камарбанд, як роҳ»

Дек 02, 2017 Хонданд: 637
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Иттиҳоди Аврупо ба потенсиалҳои транзитии Осиёи Марказӣ ниёз дорад!

Таърихи Тоҷикистони тозабунёд (1991) бо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, ба проблемаҳои сиёсию иқтисодӣ дучор гардид. Баъд аз ин давлат системаи «сиёсати дарҳои кушода»-ро ба роҳ монд. Мақсади ин сиёсат ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои хориҷӣ буда, самти афзалиятноки он давлатҳои Аврупо ҳисобида мешавад.
Солҳои аввали истиқлолият ҳамчун замони заифии равобити муштарак бо давлатҳои Аврупоро дар бар мегирад, зеро маҳз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва валангор шудани инфраструктураи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар боиси боэҳтиётона даромадани давлатҳои Аврупо ба минтақа гардид.
Айни замон Иттиҳоди Аврупо яке аз ташкилоти бузургтарини байналмилалӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои соҳибистиқлол дар Осиёи Миёна ва ҷаҳон шинохтааст ва онро ҳамчун кишвари калидӣ дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ меҳисобад. Ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо стратегияеро барои Осиёи Марказӣ ва бахусус пурра эътибор пайдо кардани Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро қабул намуд. Иттиҳоди Аврупо дар чунин бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ карда истодааст ва нақшабандӣ барои ҳамкориҳои оянда дорад: гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрока, технология, сохтмонҳои замонавӣ, бахши хизматрасонӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, таълимоти бизнесӣ, тайёркунии мутахассисон, туризм ва ғайраҳо. Дар самтҳои зикргардида Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯбаи се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар як теъдод барномаву лоиҳаҳои иқтисодиро таҳия карда, амалӣ менамояд.
Муносибатҳои сиёсии байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо бо кушодашавии намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо (Брюссел) соли 2001 фаъол гардид. Ҳамкориҳои давлати мо бо Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои сиёсату иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт гуногунҷанба буда, яке аз омилҳои аслии густариши кишвар гардидааст. Моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо бо Президенти комиссияи Аврупо Жозе Мануэлем Баррозо Жозе Мануэлем, намояндаи болоии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати беруна ва амният вохӯриҳо гузарониданд. Дар гуфтугӯи тарафҳо масъалаҳои рушди иқтисод, сармоягузорӣ ва алоқаи гуманитарӣ байни Тоҷикистону ИА-ро дида баромаданд.
Дар моҳи сентябри соли 2016 ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 225,753,4 доллари ИМА-ро ташкил кард, ки аз он 122,442,8 миллион доллари ИМА содирот ва 103,310,6 доллар воридотро ташкил медиҳад.
Иттиҳодии Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиёт ва молия дастгирии назаррасе карда истодааст. Як қатор лоиҳаю барномаҳо, ки ба рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд, дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ мавриди татбиқ ва қисмати дигараш дар марҳилаи омӯзиш қарор гирифтаанд. Масалан, барномаҳои рушди тарафайн бо маблағгузории 251 млн евро дар тӯли солҳои 2014-2020, ки барои дастгирӣ дар бахшҳои рушди хоҷагӣ, тандурустӣ, таълимот ва иқтисод пешбинӣ карда шудааст. Ҳамчунин, кумитаҳои алоҳидае дар доираи ИА ҳастанд, ки барои ҳамкорӣ ва рушд нигаронида шудаанд ва дар барномаҳои ҳамкориҳои тарафайн ҳиссагузор ҳастанд. Тибқи иттилои ин комитетҳо, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҷалб намудани шумораи бисёри ширкатҳои аврупоӣ барои сармоягузорӣ ба кишвар барои ИА муҳим арзёбӣ мешавад. Дастгириҳо аз тарафи Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон дар доираи якчанд лоиҳаҳо дида мешаванд. Барои мисол, лоиҳаи обтозакунӣ дар вилояти Суғд, ки бо ширкатҳои олмонӣ - “ГЕОС” ва “Висмут” пешниҳод шудаанд, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо бо 2,5 млн евро маблағгузорӣ карда мешаванд; лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ барои реформаи нафақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ин лоиҳа бо 251 млн евро дастгирӣ карда шуда, солҳои 2014-2020-ро дар бар мегирад ва ба мустаҳкамкунии системаи нафақавии ҶТ нагиронида шудааст.
Моҳи июли соли ҷорӣ дар ҶТ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои соҳибкорони тоҷик системае ташкил шуд, ки дар он қоидаҳои Ширкати тиҷоратии ҷаҳонӣ ба мисоли антидемпинг ва антисубсидия омӯзонида мешуданд. Бо ташрифи ин система соҳибкорон бо бизнеси Аврупо шинос шуда, дар ҳар як бахши иқтисоди мамлакат фоидаи потенсиалӣ меоранд.
Моҳи июни соли ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо бо Ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон лоиҳаи наверо оғоз намуд, ки сохтмони кӯпруки навро дар ноҳияи Фархор, таъмири роҳ ва мустаҳкамкунии соҳили дарёро дар бар мегирад. Он аз тарафи Бунёди Оғохон ва хазинаи ПАТРИП (Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон) амалӣ мегардад. Буҷаи лоиҳа 16 миллион евро буда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.
Аз ибтидои истиқлолият то ҳол саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон қариб як миллиард евроро ташкил кардааст.
Масъалаҳое, ки Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ мондааст, инҳо пеш аз ҳама масъалаҳои инфраструктура ва энергетика ба ҳисоб мераванд. Пӯшида нест, ки солҳои охир Хитой яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон чи дар сатҳи иқтисодиёт ва чи дар сатҳи сиёсӣ ҳисобида шуда, дигар мамлакатҳо онро ҳамчун ҳамкори сармоягузори якумдараҷа медонанд. Бо мақсади ҳамкориҳои дутарафа Иттиҳоди Аврупо дар яке аз стратегияҳои худ баён мекунад, ки барои осонгардонии роҳи тиҷоратии худ бо Хитой ба потенсиалҳои транзитии Осиёи Марказӣ ниёз дорад. Дар асоси ин масъалаҳо ин ниҳоди бузург бо Хитой як мегалоиҳаеро бо номи «Як камарбанд, як роҳ» ташкил карданд, ки мақсади ин лоиҳа рушди тиҷорати Аврупо дар бозори ҷаҳон мебошад.
Азбаски Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои зиёдеро маблағгузорӣ мекунад, ин пеш аз ҳама ба фоидаи даромади худи ин ташкилот мебошад. Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои аврупоиро ба худ ҷалб месозад, он гоҳ аз ташкилот ва корхонаҳои миллии худ қафо мемонад. Масалан, мутахассисон бештар ба ташкилотҳои хориҷа ба кор медароянд. Роҳҳое, ки байни давлатҳо сохта мешаванд, инҳо бо мақсади осон гардонидани сатҳи тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Дар баробари маблағгузории якчанд лоиҳаҳо аз ҷониби Аврупо, сатҳи рушди Тоҷикистон баланд шуда, муносибатҳои иқтисодии берунаи Тоҷикистон бо ташкилоти бонуфуз авҷ мегирад. Заминаҳо ва потенсиали ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хело зиёд аст ва айни замон зарур аст, ки дар таҳким ва густариши равобити дуҷониба аз ҷониби ҳукумати кишварҳо аз ҷиҳати қонунгузорӣ сабукиҳои боҷиву гумрукӣ пешбинӣ карда шаванд.
Фарида ҚУРБОНЗОДА,
корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Тағйироти охир Шанбе, 02 Декабр 2017 10:33
Хонданд 637
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.