.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Густариши савдо миёни Тоҷикистону Полша

Нояб 11, 2017 Диданд: 526
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Полша ба рушди минбаъдаи ҳамкории судманд мароқ доранд

Чанде пеш дар шаҳри Варшава-пойтахти Полша ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Полша оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Полша дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардиданд. Хабарнигори тоҷик Марзия Саидова дар ин чорабинӣ иштирок дошт, ки бардошту мушоҳидаҳояшро манзури Шумо хонандагони гиромӣ мегардонем.

Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи мазкур Ятсек Михалски, мушовири шуъбаи пешбурди савдо ва сармояи Сафорати Ҷумҳурии Полша дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) иброз дошт, ки новобаста ба омилҳои беруна, ки ба рушди савдои кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад, шуруъ аз оғози соли 2017 дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Полша тамоюлҳои мусбат ба мушоҳида мерасанд.
- Агар дар давоми соли гузашта гардиши савдо байни ду кишвар дар қиёс ба соли 2015-ум 16 дар сад коҳиш ёфта бошад, пас дар шаш моҳи соли равон табодули мол байни Тоҷикистону Полша 1,6 дар сад афзудааст. Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии соли гузашта, ҳаҷми содироти мол аз Полша ба Тоҷикистон 11дар сад ё ба маблағи 9,9 миллион доллари ИМА коҳиш ёфта, дар аввали соли 2017 он ба андозаи 65 дар сад афзоиш ёфтааст. Воридоти мол аз Тоҷикистон ба Полша дар соли 2016 қариб се баробар кам гардида, дар соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 73 дар сад афзоиш ёфтааст,-қайд намуд Михалски.
Ҳамзамон, Ятсек Михалски афзуд, ки номгӯи хизматрасониҳо ва молҳои аз Полша ба Тоҷикистон содиротшаванда бетағйир монда, аз ҳаҷми умумии моли содиротшаванда, беш аз 18 дар садро маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои тайёр, 16%-ро таҷҳизот ва техникаи гуногун, 13%-ро маҳсулоти саноати кимёвӣ, 10%-ро маҳсулоти металлургияи ранга ва 6 дар садро равғани саноатӣ, маҳсулоти нафтӣ ва ғ. ташкил медиҳанд.
Ба иттилои ҷониби Полша, тамоми номгӯи маҳсулоти содиротии Полша ба Тоҷикистон дар маҷмуъ аз 16 бахш иборат мебошад. Асоси молҳои содиротӣ аз Тоҷикистон ба Полша пахта ва маҳсулоти аввалияи он- зиёда аз 61% аз ҳаҷми умумӣ, инчунин алюминий ва маҳсулоти аз металлҳои ранга истеҳсолшуда-беш аз 21% ва равғани чорву растанӣ (11%)-ро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон ба гуруҳи молҳои таҳвилӣ маҳсулоти аз пластмасса, каучук ва резин истеҳсолгардида, марбут буда, дар маҷмуъ номгӯи молҳои содиротии Тоҷикистон ба Полша ҳафт бахшро фаро мегирад.
Ба андешаи Ятсек Михалски, яке аз вазифаҳои калидии дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Полша мусоидат ба ҳифзи тамоюли мусбии савдои мутақобила ва вусъати афзоиши маҷмӯи маҳсулот ва номгӯи он мебошад, зеро иқтидори тиҷорати хориҷӣ миёни ду кишвар, ҳанӯз ҳам ғайриқаноатбахш боқӣ монда, вале мароқ ва таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳар ду давлат ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Полша хеле баланд аст.
Ятсек Михалски мегӯяд, ки ҳамкории фаъолона бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон дар робита ба рушди робитаҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар идома дорад.
- Нақши муҳим дар ин самт ба назари ман ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст. Бо мақсади беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Хатлон ва Суғд, дар соли 2016 ва нимаи аввали соли равон, ёддошт оид ба ҳамкории мутақобила ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин семинарҳои муштарак барои соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон гузаронида шуданд. Чунин семинарҳо моҳи июн дар вилояти Суғд ва дар моҳи сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Қӯрғонтеппа барпо карда шуд. Ҳамзамон намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҳамасола ба Полша сафар карда, дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои бонуфузи аврупоии маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ «POLAGRA» иштирок менамоянд. Натиҷаи сафари доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба намоишгоҳи «POLAGRA-2016»-и Полша қадами муассир дар роҳи ба имзо расонидани як қатор қарордодҳои ҳамкорӣ ва таҳвили маҳсулот ба Тоҷикистон гардид. Умед дорем, ки сафари намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Познани Полша ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи «POLAGRA-2017», ки соли равон доир мегардад дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт, - изҳор дошт Ятсек Михалски.
Гуфтан ба маврид аст, ки шакли хеле самараноки рушди робитаҳои иқтисодӣ байни ду кишвар иштироки намояндагони шуъбаи пешбурди савдо ва сармоягузории Сафорати Полша дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) дар бузургтарин намоишгоҳу ярмаркаҳое, ки дар Душанбе баргузор мегардад, маҳсуб меёбад. Ярмарка-намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон» ва ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии «Суғд» аз ҳамин қабиланд.
Ятсек Михалски дар ҷавоб ба суоли зер:
Рисолати шуъбаи пешбурди савдо ва сармояи Сафорати Полша дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон асосан аз кадом вазифаҳо иборат аст?, илова намуд, ки самти фаъолияти шуъбаи мазкур ба мусоидату рушд ва густариши савдо, муносибатҳои иқтисодӣ байни давлатҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, шиносоӣ бо бозори содиротии шарикон ба манфиати рушди ҳамкории иқтисодии тарафайн нигаронида шудааст.
Ятсек Михалски бар он бовар аст, ки ширкатҳои Тоҷикистону Полша имкониятҳои зиёд барои рушди ҳамкории мутақобила дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғдорӣ, истеҳсоли сабзавот, ғалла, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, маводи сохтмон, саноати сабук ва сайёҳиро доранд.
Дар фарҷоми ин матлаб гуфтан ба маврид аст, ки дар нимаи аввали моҳи октябри соли равон дар шаҳри Варшава баргузор гардидани ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша оид ба ҳамкории иқтисодӣ қадами муассире хоҳад гардид, дар самти густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Полша.

Марзия САИДЗОДА, махсус барои «Самак»

Тағйироти охир Шанбе, 11 Ноябр 2017 13:26
Хонданд 526
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.