.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Сарнавишти норӯшан

Нояб 11, 2017 Диданд: 667
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё густариш меёбад, ё барҳам мехӯрад?

Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё 29-уми майи соли 2014 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби се кишвар - Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил гардид. Баъдан 15-уми июн ба он Ҷумҳурии Арманистон пайваст ва моҳи декабри ҳамон сол Ҷумҳурии Қирғизистон низ ба он шомил гардид. Ҷумҳурии Молдова ба ҳайси нозир ба қайд гарифта шудааст. Инчунин, байни ин созмон ва Ҷумҳурии Ветнам созишнома оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ ба имзо расидааст. Зиёда аз 10 кишвар, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии шомил шудан ба онро эълон намудаанд.
Аз 1-уми январи соли 2015 фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуруъ гардид. Аз ҷиҳати масоҳат зиёда аз 20 миллион километри мураббаъро ташкил дода, дар ҷаҳон дар мақоми аввал ва аз ҷиҳати нуфус - 184 миллион нафар - дар ҷои 8-ум қарор дорад. Асоси онро муносибатҳои иқтисодӣ ташкил намуда, принсипҳои асосии он озодии ҳаракати коло, хадамот, ресурҳои меҳнатӣ ва сармоя мебошад.
Буҳрони ба вуҷуд омада байни ду кишвари аъзои иттиҳоди АвруОсиё ҳадсу гумонҳое дар бораи сарнавишти ояндаи онро ба вуҷуд овардааст. Вақте ки дар соли 2015 сарҳадоти ин иттиҳоди иқтисодӣ ба марзҳои Тоҷикистон расид, бисёре аз таҳлилгарони минтақа ва дохилӣ бар он буданд, ки эҳтимоли он меравад, то Тоҷикистон дар як ду соли оянда барои шомил шудан ба он омодагии худро эълон намуда ва ба он шомил гардад. Ин буҳрон, ки аввалҳои моҳи октябри соли равон, ки дар натиҷаи вохӯрии яке аз номзадҳои интихоботии раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Омурбек Бабанов бо раисиҷумҳури Қазоқистон ҷаноби Назарбоев, ки сабабгори бархӯрди шадид аз ҷониби раисҷумҳури Қирғизистон ҷаноби Алмазбек Атамбоев гардид ва онро ҳамчун дахолат дар умури дохилии кишвараш аз ҷониби кишвари ҳамсояаш Қазоқистон қаламдод намуда, суханони номувофиқ ба шаъни раисиҷумҳури Қазоқистон ҷаноби Назарбоев ироа намуд, ки он вокуниши сареъ ва эҷоди монеа дар марзҳои ду кишварро ба вуҷуд овард.
Албатта, асосҳое ҳам барои эҷоди чунин монеа аз қабл вуҷуд доштанд ва гоҳе ҳам ба ҳукумати Қирғизистон аз ҷониби ҳам кишвари Қазоқистон ва ҳам кишвари Русия барои бартараф намудани он камбудиҳо таъкид карда мешуд ва ҳукумати Қирғизистон набудани имконоти молиро баҳона меовард. Бо ин сабаб, соли гузашта Ҷумҳурии Қазоқистон маблағи 100 миллион доллари амрикоиро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун кӯмак ихтисос дода буд ва қарор буд то охири соли ҷорӣ бо ин кӯмакҳо камбудиҳои ҷойдошта, ки асосан қочоқи моли арзонсифати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз марзҳои Қирғизистон ба дохили Қазоқистон ва Русияро дар бар мегирифт, ислоҳ гардад, то аз зарарҳое, ки тавассути ин молҳои қочоқӣ ба иқтисоди дигар аъзои иттиҳод мерасад, ҷилавгирӣ гардад.
Мувофиқи омори гумруки Қирғизистон, соли 2016-ум аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба маблағи 1,5 млрд доллар коло ворид гардидааст. Аммо мувофиқи санадоти гумрукии Ҷумҳурии Чин ин воридот маблағи 4,2 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Яъне бо иддаои тарафи Қазоқистон маблағи колои ба тарики қочоқ воридгашта аз Ҷумҳурии Чин ба Ҷумҳурии Қирғизистон маблағи 2,7 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он баъдан дар қолаби қонунҳои ин иттиҳод вориди дигар аъзои кишварҳои иттиҳод гардида, хисороти зиёдеро ба онҳо ворид месозад. Бо иддаои кишвари Қирғизистон, молҳои қочоқӣ бештар тавассути марзҳои Қазоқистон ва Чин ба иттиҳод ворид мегарданд. Яъне мувофиқи омори гумруки Қазоқистон, воридоти коло аз Ҷумҳурии Чин ба Ҷумҳурии Қазоқистон агар бештар аз 7 млрд доллари амрикоӣ бошад, аммо мувофиқи иддаои тарафи Қирғизистон ин рақам мувофиқи омори гумруки Чин бештар аз 12 млрд доллари амрикоӣ ва қочоқи коло 5 млрд долларро ташкил медиҳад, ки қариб ду баробар нисбати Қирғизистон зиёд мебошад.
“Идеяи шомил гардонидани Қирғизистон дар ибтидо ба ин созмони иқтисодӣ ташаббуси Маскав буд, ки аз ҷониби Қазоқистон он қадар дастгирии ҳамаҷониба надошт ва бо як сардӣ мувоҷеҳ буд ва инро роҳбарони Қирғизистон ҳам медонистанд ва онҳо гумон мекарданд, ки Остона мехоҳад як монеаи сунъӣ барои ворид нашудани молҳои Қирғизистон ба бозори АвруОсиё бошад,- қайд мекунад сиёсатшиноси қазоқ Досим Сатпаев.- Аммо ҳадафи Маскав аз ин ташаббус на танҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ, балки таҳкими нуфузи геополитикии худ тавассути ин иттиҳод дар минтақа ҳам мебошад”.
Бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарон бар ин буданд, ки ин буҳрон дар фурсати наздик бо миёнҷигарии Маскав ҳалли худашро меёбад, хусусан дар мулоқоти сарони ин иттиҳод, ки 25-уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван, пойтахти Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид. Аммо раисҷумҳури Қирғизистон ҷаноби Атамбоев ба ин ҷаласа ҳозир нашуда, нахуствазири Қирғизистон ҷаноби Сапар Исҳоқов ба ҷои ӯ ширкат варзид, ки имконоти мавҷуди мулоқоти раисҷумҳури Қазоқистон ҷаноби Назарбоев ва ҷаноби Атамбоев, ки метавонист бо миёнҷигарии ҷаноби Путин сурат гирифта, шояд ҳам то андозае ба фурӯкаш шудани буҳрон меанҷомид, аз даст дода шуд.
Ин буҳрон то имрӯз идома ёфта, ҳатто дар мулоқоти нахуствазирони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ), ки 3-юми ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, бори дигар сабаби даъво байни нахуствазири Қирғизистон ҷаноби Сапар Исҳоқов ва нахуствазири Қазоқистон, ҷаноби Бакитжан Сагинтаев гардид.
Дар баробари ин Ҳукумати Қирғизистон аз 100 млн доллари кӯмаке, ки кишвари Қазоқистон барои ислоҳоти инфраструктураи гумрукӣ ва таъмини шароит барои бартараф намудани камбудиҳои он дар амри пешгирӣ аз қочоқи коло тахсис додаро ҳам рад намуда, созишномаи имзошуда дар ин бораро яктарафа қатъ намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки сардии муносибатҳо байни роҳбарони феълии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳанӯз баъди аз қудрат сарнагун кардани ҷаноби Боқиев дар соли 2010-ум, ки ҷаноби Назарбоев ӯро барои хориҷ шудан аз ҷануби Қирғизистон кӯмак намуда ва баъдан ба Ҷумҳурии Белорус барои рафтанаш шароит муҳайё намуд, шуруъ гардида буд. Он чизе, ки дар буҳрони имрӯза мушоҳида мешавад, бештар ҷанбаи сиёсии он намудор мегардад. Агар чунин набошад, бояд тафтиши коло дар марз саросарӣ ва бо эҷоди мушкилоти сунъӣ сурат намегирифт ва танҳо он колоҳое ба гумони қочоқӣ будан мавриди санҷиш қарор мегирифтанд, ки то ин андоза хараҷу мараҷро дар марзи ду кишвар ба вуҷуд намеоварданд.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки Маскав ҳам дар ин буҳрон хомӯширо риоя намуда, мисли ин ки мехоҳад бо дасти Қазоқистон роҳбарони гарданшах ва якрави Қирғизистонро адаб бидиҳад, зеро ҳукумати Қирғизистон баъд аз ин ки ширкати “РусГидро”-и Русия ба кашолкорӣ нисбати сохтмони нерӯгоҳҳои рӯдхонаи Норин роҳ дод, яктарафа қарордоди ин ширкати русӣ бо ҳукумати Қирғизистонро бекор намуд, ки албатта, наметавонад мавриди норозигии Русия нагардад.
Инчунин, молҳои қочоқии арзони чинӣ ҳам тавассути Қирғизистон ва ҳам Қазоқистон бештар ба Русия ва Белорус ворид мегарданд.
Ин буҳрон бештар умеди муҳоҷирини кории тоҷикро, ки бо шомил шудани Тоҷикистон ба ин иттиҳод бисёре аз мушкилоти онҳоро ҳал мекунад, то андозае ноумед мегардонад, зеро ба он шомил шудани Тоҷикистон бо ин шароит баъид ба назар мерасад ва ин буҳрон ба обрӯи ин созмон ҳам латма зада, ояндаи онро ҳам норӯшан мегардонад.

Давлат УСМОН

Тағйироти охир Шанбе, 11 Ноябр 2017 13:14
Хонданд 667
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.