.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Оё аз гиёҳҳои Тоҷикистон дору истеҳсол карда мешавад?

Авг 18, 2017 Диданд: 773
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Таманно Каримова - як зани солхӯрда вориди дорухона шуду аз доруфурӯш малҳами «Метрагел дента» пурсид. Чун аз ӯ пурсон шудем, ки «малҳами гирифтаатон дар ватани худамон истеҳсол шудааст?», бо тааҷҷуб ба мо нигариста, пурсид: Оё дар Тоҷикистон ҳам дору истеҳсол мекунанд?!

Тавре аз саволи Каримова фаҳмидем, зани номбурда дар бораи дар дохили кишварамон истеҳсол шудани дору маълумот надоштааст.

Мизоҷи дигар, ки худро Фирдавс Нарзуллоев муаррифӣ намуд, ба суоли «оё аз доруҳои истеҳсолшудаи мамлакатамон харидорӣ менамоед?», гуфт: «Медонам, ки дар ҷумҳуриамон корхонаҳои доруистеҳсолкунанда фаъолият мекунанд. Вале намедонам бо кадом сабаб табибон ба мо доруҳои ватаниро тавсия намедиҳанд. Бо ҳамин сабаб ҳоло ҳам ман аз доруҳои хориҷии нархашон баланд истифода мебарам».

Наргис Амонова, мизоҷи навбатии дорухона гуфт, ки як дӯсташ дар корхонаи дорусозӣ кор мекунад ва аз забони ҳамон дӯсташ фаҳмидааст, ки доруҳои истеҳсолкардаашон босифат буда, нархҳояшон ҳам барои аҳолии кишварамон дастрас аст. «Бо ҳамин сабаб, вақте корам ба дорухона меафтад, ҳатман аз фурӯшанда доруҳои дар ватанамон истеҳсолшударо талаб карда мегирам»,- гуфт ӯ.

Аз сӯҳбат бо чанд тан ниёзманди доруворӣ фаҳмидем, ки то ҳол муносибати аҳолӣ ба доруҳои ватанӣ якранг набудааст. Барои пурсидани андешаи мутахассисони соҳа ба ширкати дорусозии ватанӣ - ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» омадем ва бо фаъолияти он аз наздик шинос шудем.

ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» соли 2012 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аз замони таъсис ёфтанаш то имрӯз корхона ҳамагӣ 40 номгӯи дору истеҳсол мекунад. Дар соли аввали фаъолият дар корхона ҳамагӣ 8 нафар мутахассиси соҳаи тиб ба кор ҷалб шуда буданд.

- Ҳарчанд дар оғоз сафи мутахассисонамон чандон зиёд набуданд, мо фаъолиятамонро ба роҳ мондем,- гуфт роҳбари ширкат Абдушукур Сайфуллоев.- Ҳоло шумораи коргаронамон ба 16 нафар расидааст. Дар байни кормандонамон як нафар доктори илм, се нафар номзади илм ва боқӣ ҳама мутахассисони соҳа буда, дастпарварони риштаи дорусозии донишгоҳҳои Тоҷикистон мебошанд. Ғайр аз ин, 2 нафар мутахассисамон муддати 6 моҳ дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар риштаи технолог-фармасевт таҷриба андӯхта, ҳоло ба кори мо дар истеҳсоли дору кӯмак мерасонанд.

Тавре маълум шуд, ҳар сол қариб 200 нафар донишҷӯёни риштаи дорусозии донишгоҳҳои мамлакатамон дар ширкат таҷриба омӯхта, чанд муддат бо техникаю технологияи дорусозӣ ва нозукиҳои он аз наздик ошно мегарданд ва дониши омӯхтаашонро дар амал месанҷанд. Аз ҷумла, аз байни донишҷӯёне, ки дар ширкати дорусозӣ таҷриба омӯхта буданд, ҳоло 4 нафар баъди анҷом ёфтани давраи таҷрибаомӯзӣ дар корхона фаъолият карда истодаанд.

Роҳбари ширкат қайд намуд, ки ният доранд сафи ходимонашонро аз ҳисоби ҷавонони болаёқат пурра гардонанд.

Муслиҳиддин Сироҷиддинзода аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъд аз хатми факултаи дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ширкати ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» ба дорусозӣ машғул аст. Дар бораи манфиати таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ширкати тахассусии дорусозӣ андешаронӣ намуда, ӯ чунин гуфт: «Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати кишварамон рӯз аз рӯз ба масъалаи бунёди корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд. Дар натиҷа, тавре дида мешавад, дар баробари таъсис ёфтани корхонаҳои хурду бузург дар дохили кишварамон ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада, ба онҳо ҳарчи бештар ҷавонон ба кор ҷалб мегарданд. Вақте шахс пайи анҷоми иқдоме мешавад, қаблан ҳадафе ӯро водор месозад, ки ҷониби амалӣ намудани хостаҳояш роҳ пеш бигирад. Ман, воқеан, ифтихор менамоям, ки имрӯз соҳиби пешаи дӯстдоштаи худ ҳастам. Орзу доштам, ки дорусоз шавам ва ниҳоят ба мақсад расидам. Гарчанде мо имрӯз номгӯи ками доруҳоро истеҳсол менамоем, вале кӯшиш намуда истодаем, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дигар доруҳои мавриди ниёзи аҳолии мамлакатамонро тайёр кунем».

Муслиҳиддин Сироҷиддинзода боз аз он хурсанд аст, ки ба аксари доруҳои сохтаашон дар баробари номи лотинии он номи тоҷикӣ низ додаанд. Илова бар он, барои аҳолии русзабон хосиятҳои доруҳо бо забони русӣ низ тавзеҳ дода шудааст. Ширкат инчунин барои бозоргир шудани маҳсулоташ ба сифати борҷомаи доруҳо низ аҳамият медиҳад.

Имрӯз дар дохили кишварамон ба ғайр аз ин ширкат корхонаҳои дигари дорусозӣ, аз қабили ҶДММ «Ясмина Мед», ҶДММ «Тиб барои шумо» ва чандин корхонаҳои дигар низ фаъолият доранд ва ширкати дорусозии «Кӯҳҳои Тоҷикистон» бо ҳамаи онҳо дар асоси шартнома робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст. «Масалан, доруҳоеро, ки дар корхонаи мо истеҳсол мешаванд, бо мақсади ба фаъолияти якдигар халал нарасондан бояд корхонаҳои дигари дорусозӣ истеҳсол накунанд,- мегӯяд А. Сайфуллоев.- Илова бар он, бо мутахассисиони корхонаҳои дигари дорусозӣ барои омода намудани доруи босифат машварат менамоем».

Тавре маълум аст, одамоне, ки ба дору ниёз доранд, пеш аз ҳама ба сифати он аҳамият медиҳанд. Фурӯшандаи дорухонаи ҶДММ «Раҳмат-и-К» Зубайдулло Султонов дар мавриди сифати доруҳои ватанӣ чунин андеша дорад: «Дорухонаи мо бо корхонаҳои дорусозии ватанӣ ҳамкорӣ дорад. Бо вуҷуди он, бо сабаби дар кишварамон ба қадри кофӣ рушд накардани соҳаи дорусозӣ, тавре аз таҷрибаи худамон дида мешавад, ба сифати хуби доруҳои ватанӣ нигоҳ накарда, ҳоло талаботи мардум ба доруҳои ватанӣ кам аст. Барои дар дохили кишварамон рушд кардани соҳаи дорусозӣ хуб мешуд, ки табибон ба беморон доруҳои ватаниро тавсия диҳанд».

Ба андешаи фурӯшандаи дорухонаи ҶДММ «Шаҳдӣ» Мавлуда Қурбонова, аксари доруҳо дар ширкатҳои ватанӣ аз гиёҳҳои шифобахши кӯҳистони Тоҷикистон омода мешаванд ва сифати хуб дошта, нархҳояшон ҳам барои ниёзмандон дастрас аст.

Табиби Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат Алишер Алиев мегӯяд, ки дар фаъолияташ бештар аз доруҳои ватанӣ истифода мебарад ва ба дардмандон низ истифодаи онҳоро тавсия медиҳад. Зеро аз таҷрибаи худ медонад, ки доруҳои ватанӣ низ ба дарди беморон даво мебахшанд. «Барои боз ҳам рушд ёфтани соҳаи дорусозӣ дар кишвар табибон бояд ҳангоми муолиҷаи беморон аз доруҳои ватании худамон истифода намоянд. Дар ин сурат, ҳам корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд мешаванд ва ҳам манбаи даромад ба буҷети кишварамон фароҳам мегардад»,- мегӯяд номбурда.

Қобили қайд аст, ки роҳбари ширкати ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» Абдушукур Сайфуллоев худро дар Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ сабти ном намуда, ҳар моҳ ба маблағи 10 000 - 12 000 сомонӣ андоз месупорад ва дар ғановати хазинаи мамлакат саҳми худро мегузорад.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

P.S. Ба Тоҷикистон 90 фоизи доруворӣ аз хориҷа ворид мешавад. Оё ташхиси ин доруҳои воридшуда ба талабот ҷавобгӯст? Чаро аз ташхиси чунин доруҳо мардум пурра огоҳӣ надоранд? Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ташхисашон тариқи воситаҳои ахбори омма маълумот медоданд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ташхиси дору ва эҳёи саноати дорусозӣ дар кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2016 ёдрас кардаанд: «Кишвари кӯҳсори мо макони гиёҳу рустаниҳои шифобахш буда, барои таъсиси корхонаҳои дорусозӣ бояд омода бошад». Тибқи маълумоти олимони гиёҳшинос, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд буда, бештари онҳо барои табобати беморон истифода мешаванд. Аз ин сарвати бебаҳо босамар истифода кардан ба нафъи ҷомеаи кишварамон аст.

Тағйироти охир Ҷумъа, 18 Август 2017 15:20
Хонданд 773
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.