.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Ҳамгироӣ ба рафъи бетаъхири мушкилот мусоидат мекунад

Янв 12, 2019 Хонданд: 104
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Ҳамгироӣ ба рафъи бетаъхири мушкилот мусоидат мекунад

Ба тасвиб расидани фармоиши вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёт «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ» аз муҳимияти масъалаи мавриди назар ва хоса будани таваҷҷуҳ ба он шаҳодат медиҳад

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз 8-уми октябри соли равон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ боридани барф оғоз гардида, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки дар ҷода комёбем, зеро омодагии филиали Ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст.

Дар намояндагиҳои филиали Ширкат зиёда аз 10 ҳазор метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ, 85 тонна ангишт ва дигар маводи зарурӣ захира шуда, ин омил замина фароҳам меорад, ки фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шавад.

Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хохем дод, то рафтуомади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тариқи роҳи автомобилгарди мавриди назар таъмин бошад, вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестем, ки ҳамватанони мо ба сафар бароянд, зеро ҳифзи ҳаёти онҳо бароямон аз дигар омилҳо болотар ва авлотар аст.

Айни замон, сарфи назар аз бардавом ва бошиддат будани бориши барфу борон дар роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин буда, кормандони мо муназзам будани ин раванд ҷаҳду талош доранд.

Чанде пеш дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №147 аз 27-уми марти соли 2018 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019» ва талаботи банди 33-и моддаи 3-юми Шартномаи Консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ» ба тасвиб расид. Тибқи талаботи он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад, дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе - Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ (км 95) ва аз км 136 ноҳияи Айнӣ то км 181 ноҳияи Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 тонна буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад.

Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ - аз мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб то деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ ва аз мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Айнӣ то мавзеи «Охтанги»-и ноҳияи Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт - рӯзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғдро ба роҳ монанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Сардорони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар ноҳияи Варзоб тибқи ин фармоиш муваззафанд, ки дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои муваққатиро дар километри 100-уми роҳи автомобилгарди номбурда аз ҳисоби кормандони ШБДА РВК дар шаҳри Душанбе, дар километри 44 ва 62-юм аз ҳисоби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШВКД дар ноҳияи Варзоб, аз километри 62 то км 72-юм патрулӣ автомобилӣ аз ҳисоби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар километри 82-юм (мавзеи «Зимарғ»-и ноҳияи Айнӣ) ва дар километри 100 (деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ) аз ҳисоби ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар дар ноҳияи Айнӣ, дар километри 136 аз ҳисоби кормандони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, дар километри 181 (Нуқтаи вазнченкунии филиали Ширкат) аз ҳисоби ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон ташкил намуда, қувва ва воситаҳои заруриро аз ҳисоби кормандони БДА ва дигар хадамоти милитсия сафарбар намоянд.

Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин дидбонгоҳҳо ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз он ҷумла ба лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будани онҳо назорати ҷиддӣ мешавад.

Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми мазкур, ки идомаи мантиқии ибтикори амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешавад, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти охир Шанбе, 12 Январ 2019 11:27
Хонданд 104
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.