.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Иқтисод

Шумо дар Иқтисод

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: Фаъолият ва дурнамо

Июл 30, 2018 Хонданд: 210
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев лоиҳаеро таҳти унвони “Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё” пешниҳод намуд,

ки мақсади он ҳамбастагии иқтисодии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, 10-уми октябри соли 2000 «Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё» таъсис ёфт ва 30-юми майи соли 2001 баъд аз тасвиби давлатҳо он фаъолияти пурраи худро оғоз намуд.

«Ҳамгироии иқтисодии Авруосиё» ташкилоти байналмилалии иқтисодии давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб рафта, ҷалб намудани аъзои иттиҳоди мазкур дар раванди ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ, инчунин, амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои дигари марбут ба таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитариро ба танзим медаровард. Аз давраи таъсисёбӣ ин иттиҳод панҷ давлат - Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Танҳо соли 2006 Ӯзбекистон ба ин ташкилот шомил шуда, баъдтар аз сабаби зери шубҳа мондани самаранокии фаъолияти ин ташкилот аз доираи он берун гардид.

Президенти Россия Владимир Путин доир ба фаъолияти ин ташкилот қайд намуда буд, ки дар замони мавҷудияти худ ин ташкилот яке аз вазифаҳои муҳимтарин - таъмини рушди ҳамгироии авруосиёӣ ва таъмини заминаи таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодии Россия, Белорусия ва Қазоқистонро иҷро намуд. Дар доираи ин ҳамгироӣ ҳамагӣ 215 шартнома ва созишнома дар бахшҳои мухталиф, ба мисли соҳаи савдо, сармоягузорӣ, технология ва робитаҳои гуманитарӣ баста шудаанд. Ҳамчунин, дар ин давра қоидаҳо дар бозори умумӣ ба роҳ монда шуда, фонди зиддибуҳронии ин ташкилот бо сармояи 10 млрд доллари амрикоӣ дар мубориза ба буҳрони иқтисодиву молиявӣ ба кишварҳои аъзо дар таъмини устувории молиявии давлатӣ таъсис дода шуд.

Баъд аз 14 соли фаъолияти «Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё», 10-уми октябри соли 2014 зимни нишасти сарони давлатҳои Россия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳуҷҷат оид ба барҳам додани ин иттиҳод ба имзо расид, вале бар ивази ин як созишномаи наверо бо номи “Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё” (ЕАЭС) ба имзо расониданд, ки он фаъолияташро аз 1-уми январи соли 2015 шуруъ намуд. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муқаррар шудааст. Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 - 4695,915 млрд доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд. Аъзои ин иттиҳод Арманистон (аз 2-юми январи соли 2015), Белорусия (аз 1-уми январи соли 2015), Қазоқистон (аз 1-уми январи соли 2015), Қирғизистон (аз 1-уми январи соли 2015), Россия (аз 1-уми январи соли 2015) мебошанд. Раиси иттиҳод ҳар сол аз давлатҳои узви он интихоб карда мешавад. Соли 2015 ба Белорусия раисии он пешниҳод шуда буд ва то моҳи декабри соли 2018 Россия роҳбарии ин иттиҳодро ба уҳда дошт.

Таъсири умумии макроиқтисодӣ аз ҳамгироии кишварҳои пасошӯравӣ ба чанд нуқта ҷудо мешавад:

- паст намудани нархи мол бо сабаби кам кардани хароҷоти интиқоли ашёи зарурӣ;

- баланд бардоштани арзиши музди меҳнат аз ҳисоби хароҷоти кам ва ҳосилнокии баланди истеҳсолот;

- афзоиши истеҳсолот бо сабаби зиёд шудани талабот ба молҳо;

- афзоиши ММД-и кишварҳои ИИА ҳадди ақал то 25 фоиз;

- аз сабаби васеъшавии ҳаҷми бозор бозгардонии технологияҳои такрор.

Тибқи талаботи ин ташкилот, аъзои он бояд қоидаҳои техникии онро риоя намоянд, ки истеҳсолкунанда метавонад барои истеҳсоли маҳсулот ҳар гуна стандарти дар талабот дохилшуда, яъне стандартҳои давлатӣ ё миллии давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукро интихоб намояд. Масалан, ширкати русӣ ҳуқуқ дорад, ки маҳсулоти худро аз рӯи стандартҳои Белорусия истеҳсол ва онро бе розигии иловагӣ амалӣ намояд. Инчунин, аз муҳоҷирони меҳнатие, ки шаҳрвандони давлатҳои аъзо мебошанд, гирифтани иҷозатнома (патент) оид ба кор дар ҳудуди Россия талаб карда намешавад, чун онҳо дар асоси ҳуқуқҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандони Россия баробаранд.

Иттиҳоди гумрукӣ яке аз қисмҳои асосии бозори умумӣ буда, давлатҳои аъзои он тарифҳои умумии гумрукӣ ва дигар тадбирҳои танзимро дар тиҷорат бо давлатҳои сеюм истифода мебаранд. Шартнома оид ба Иттиҳоди гумрукӣ соли 1995 ба имзо расида, дар натиҷа ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё табдил ёфт. Аз 1-уми январи соли 2018 Кодекси гумрукии ИИА эътибори худро пайдо кард.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташкилоти навтаъсис буда, ҳамагӣ 3 сол фаъолияти худро пеш бурда истодааст. Дар тӯли ин солҳо сарони давлатҳои аъзо тавонистанд бо ҳам иттифоқи қавиро ба роҳ монанд. Аммо, ба ин муносибатҳои амиқи худ нигоҳ накарда, дар ин давлатҳо якчанд талафоти иқтисодӣ низ ба назар мерасад. Масалан, президенти Белорусия А. Лукашенко 3-юми феврали соли 2017 дар яке аз пресс-конференсияҳо дар Минск оид ба ин иттиҳод чунин гуфт: «Дар давоми ин муддат, аз сабаби нархҳои нобаробар ва шарту меъёрҳои нобаробар дар иттиҳод, Белорусия 15 млрд доллари амрикоӣ зарар дид». Ҳоло бошад, онҳо ба кишвар 5 млрд доллари амрикоиро ба таври қарз пешниҳод намудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, ҳукумати Белорусия ният дорад, ки соли 2018-ро бо натиҷаи мусбат ҷамъбаст намояд. Сарвазири Белорусия Андрей Кобяков афзоиши ММД-ро дар сатҳи на камтар аз 3,5 фоиз% пешбинӣ кардааст.

Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки аъзогӣ ба ин иттиҳод ба соҳибистиқлолии кишвар халал хоҳад расонд. Дар ин бора Президенти Қазоқистон Н. Назарбоев чунин гуфтааст:

- Як қатор иқтисодчиён ва сиёсатшиносон мегӯянд, ки Қазоқистон дар давоми дохилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз рӯи бахши иқтисод зарари калон дидааст. Бо рушди ҳамгироӣ бозори Қазоқистон барои истеҳсолкунандагони русӣ кушода шуда, аммо раванди баръаксро нишон намедиҳад. 

Масалан, соҳибкорон, ки дар доираи вориду содироти молҳои хитоӣ кор мекунанд, азият мекашанд, бахусус маҳдудиятро дар бозори молҳои спиртӣ, молҳои қаннодӣ ба тундӣ ҳис мекунанд. 

Ин мамлакат бештар бо бозорҳои Русия, Белорусия ва дигар давлатҳои ИДМ харидуфурӯш мекунад, назар ба бозорҳои ҷаҳон, ки ин ба пастравии воридоти технология аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои дигари ҷаҳон мебарад.

Яке аз афзалиятҳои ҳамгироии Белорусия дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - ин муҳофизати шароитҳои имтиёзҳо, кушодани роҳ дар молҳои хоми русӣ мебошад.

Дигар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Арманистон мебошад, ки ҳамроҳи дигар давлатҳо баробар ба он шомил шудааст. Тавре сарвазир ва вазири иқтисодии байналмилалии ҳамгироии Ҷумҳурии Арманистон Ваче Габриелян соли равон қайд кард, дар давоми ду соли охир содироти Арманистон афзуд ва нархҳо дар молҳои воридот арзон шуд, ки бо вуҷуди ин норасоии тавозуни пардохт ҳам кам шуд.

Бояд гуфт, ки содироти Ҷумҳурии Арманистон соли 2016 ба давлатҳои Иттиҳоди АвруОсиё ба ҳаҷми 53 фоиз афзуда, фурӯши молҳои арманӣ ба бозорҳои дохилии давлатҳои иттиҳодия аз 15,9 то 22 фоиз зиёд шуд. Дар баробари ин, Арманистон аз ҷиҳати суръати рушди ММД дар байни давлатҳои иттиҳод ҷои намоёнро ишғол менамояд.

Метавон гуфт, ки Қирғизистон таъсири бештари фоидаро назар ба дигар давлатҳои иттиҳод дидааст, ки дар ин масъала афзоиши ҷалби сармоягузорӣ дохил мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва дар навбати аввал таҷрибаи Қирғизистону Арманистон омӯхта мешавад, чунки иқтисодиёти ин кишварҳо аз нигоҳи сатҳ ба Тоҷикистон наздиктар аст.

Хулоса, пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, шарту шароит ва қоидаҳои мавҷудаи онро омӯхтан зарур аст. Бояд донист, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда шавад ва оё ин маҳсулоти пешниҳодшуда ба талабот ҷавобгӯ мебошанд ё не?!

 

Фарида ҚУРБОНЗОДА,

корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Хонданд 210
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.