.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Иқтисод

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ тӯли чанд соли охир таҳти сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани фишангҳои нави идоракунии самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, ки онҳо тадриҷан мавқеъ ва сохтори иқтисодии моро дар самти рушди низоми мустақил, худкифоя ва соҳибистиқлол таъмин менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нишондиҳандаи муътадили якрақама нигоҳ доштани меъёри таваррум ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли ҷорӣ дар тағйирёбии сатҳи нархҳо таъсири омилҳои ғайримонетарӣ асосӣ буда, ба он бештар омили пешниҳодот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ ва омилҳои мавсимӣ таъсир расонд. Дар баробари ин, тағйирёбии қурби асъор дар аввали сол дар натиҷаи сармоякунонии бонкҳои муаммодор то андозае фишорҳои таваррумиро зиёд намуд. Вале новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва фишорҳои қурбию таваррумӣ, татбиқи сиёсати шаффофи монетарӣ ҷиҳати ба эътидол овардани тағйирёбии қурби пули миллӣ, нигоҳдории қобилияти харидории пули миллӣ ва барқарор намудани фаъолияти солими низоми бонкӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда истодааст. Дар ин самт пеш аз ҳама фишангҳои монетарӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил истифода бурда шуда, сатҳи он то 16,0 фоизи солона муайян карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини мувозинатии талаботу пешниҳодот дар бозори асъор, танзими ҳаҷми пардохтпазирӣ ва кам намудани сатҳи долларикунонӣ меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ то 3,0 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ то 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок 133 музоядаи коғазҳои қиматнок баргузор карда шуда, ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматнок 6,0 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 млрд сомонӣ ё худ 2,0 маротиба зиёд мебошад.
Дар баробари ин, бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор ва кам кардани фишорҳо ба қурб, маҷмуи чораю воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, аз он ҷумла дахолатҳои бевоситаи асъорӣ анҷом дода шуд.
Дар натиҷаи андешидани сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, таъмини вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ва дар баробари ин афзоиши ҷамъоварии ҳосили тирамоҳии сабзавот ва пешниҳоди он, сатҳи таварруми солона дар моҳи сентябр то 6,7 фоиз коҳиш ёфт. Таҳлилҳо ва арзёбӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷамъбасти соли 2017 сатҳи таварруми солона дар доираи нишондиҳандаи якрақама ва мақсаднок то 7,0 фоиз нигоҳ дошта мешавад. Дар солҳои 2015 ва 2016 низ сатҳи таваррум мувофиқан 5,1 фоиз ва 6,1 фоизро ташкил дода, он дар маҷмуъ дар доираи нишондиҳандаҳои барои рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда таъмин карда шуд. (Тибқи мушоҳидаҳо, болоравии сатҳи таваррум дар ин солҳо дар баъзе давлатҳои ҳамсоя намоён буда, он то ададҳои дурақама, яъне зиёда аз 10 фоизро ташкил медод).
Қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 11,7 фоиз коҳиш ёфта, новобаста аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро арзёбӣ мекарданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил дод. Татбиқи чораҳои мазкур имконият дод, ки фарқияти назарраси дар байни қурбҳо мавҷудбуда ба маротиб кам шуда, хариду фурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад. Дар баробари ин, баландшавии қурби нақдии доллари ИМА ва зиёдшавии фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва мубодилавӣ боздошта шуд.
Дар ин давра ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда қаблан дар иқтисодиёти кишвар мушоҳида нашудааст.
Бо мақсади ҷоннок ва васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ, инчунин ташаккул ва таъсирбахш намудани механизми фишангҳои фоизии сиёсати пулию қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти сохтории навро пайваста бо истифода аз таҷрибаи амалиётии муосири татбиқи сиёсати монетарӣ амалӣ намуда истодааст. Дар натиҷа, санадҳои меъёрии танзимкунандаи фишангҳои нав ва доимамалкунандаи монетарии бо пули миллӣ ифодаёфта, аз қабили қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзӣ (7 ва 14-рӯза) ва пасандозҳои шабонарӯзӣ ҷорӣ ва дар амал татбиқ карда шуд.
Вобаста ба ин, дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тавассути фишангҳои қарзӣ дар ҳаҷми 380,5 млн сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ҷудо гардид.
Бо мақсади табдил додани меъёри бозтамвил ба меъёри фоизи калидӣ ва нишондиҳандаи асосноки инъикоскунандаи мавқеи сиёсати монетарӣ дар бозори пулӣ, меъёрҳои фоизии ҳамаи фишангҳои болозикр бо меъёри бозтамвил пайваст карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки механизми трансмиссионии алоқамандии меъёри бозтамвил бо меъёри ниҳоии фоизӣ ташаккул дода ва пурзӯр карда шавад.
Ҳамзамон, истифодаи фишангҳои мазкур тавассути ташкили платформаи савдои электронии байнибонкии “Thomson Reuters”, пайвастшавӣ ва оғоз кардани кори низоми электронии савдо ба роҳ монда шуда, он барои таъмини шаффофият, фаврият ва дастрасии беҳтари ташкилотҳои қарзӣ ба фишангҳои монетарии ҷалб ва пешниҳоди пардохтпазирии Бонки миллии Тоҷикистон шароит фароҳам овард.
Ҷиҳати муайяннамоии самтҳои асосии пулию қарзӣ ва асъорӣ дар давраи миёнамуҳлат, “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба тасвиб расонида шуд, ки он масъалаҳои густариши ислоҳоти институтсионалӣ, таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ ва дигар ҷабҳаҳоро барои гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум ва ба ин васила ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳоро дар бар мегирад.
Бо мақсади таҳкими дараҷаи самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки танзимгар, инчунин таъсирбахшии сиёсати пулию қарзӣ, баланд бардоштани эътимоднокӣ ба он як қатор ислоҳот, аз қабили такмили раванди таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди воситаҳои нави азнавмаблағгузорӣ ва механизми истифодаи меъёри бозтамвил, идоракунии босамари пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ, ташкили низоми электронии байнибонкӣ бо пули миллӣ, оптимизатсияи сиёсати қурби асъор, идораи захираҳои байналмилалӣ ва диферсификатсияи он, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, татбиқи рукнҳои бонкдории нав ва шаффофи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, ҷорӣ намудани талаботҳои (BCBS II) Кумитаи Базел оид ба Назорати Бонкӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани услуби баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳои низом, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, такмили раванди шаффофият ва ахборотдиҳӣ, таҳия ва такмили моделҳои риёзӣ-иқтисодӣ ҷиҳати дурнамосозии нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ, такмилдиҳии фаъолияти Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ, Кумитаи инвеститсионии БМТ ва таҳкими идоракунии хавфҳо барои баҳодиҳии амалиётҳои асъорӣ, ҳавасмандкунии истифодаи пули миллӣ ва дедолларизатсиякунонии иқтисодиёт, иваз намудани низоми байнибонкии пардохтии амалкунанда ба Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) ва Палатаи автоматишудаи клирингӣ амалӣ шуда истодааст, ки ин аллакай самараи худро нишон дода истодааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ

Хонданд 566

Умед 88, ё ноумед 88?

Окт 25, 2017
Хонданд: 813

Обод кардани мавзеъе хеле мушкил аст, вале вайрон карданаш лаҳзаест. Ҳамчуноне, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон масъулини мақомоти қудратиро ҳушдор дода буданд, ки барои кадреро дар сатҳи баланди касбӣ тайёр кардан солҳои зиёд лозим меояд ва набояд ӯро барои як гуноҳ сад гуноҳи дигарро бар дӯшаш бор карда, зиндонӣ созем.

Дар бисёре аз давлатҳои дунё теъдоди ашхоси тоҷиру сарватмандаш беҳисоб аст, аммо дар мо ангуштшуморанд ва мутаассифона, ин ангуштҳои баршумор низ ҳамин ки соҳиби маблағ мешаванд, яке пайи дигаре пушти панҷараи зиндон меравад.
Имрӯз дар бозори тиҷорат рақобати пасту носолим ҳукмрон аст. Тоҷирони мо мушобеҳи парандаҳое ҳастанд, ки чун парвози баландро меомӯзанду бо болу пари хеш парвоз мекунанд, қурбон мегарданд…
Раҷабалӣ Одинаев зиёда аз бист сол аст, ки дар рушди тиҷорати ватанӣ заҳмат мекашад. Ӯ тӯли ин солҳо дар боло рафтани буҷаи давлат тариқи супоридани андоз ва боҷи гумрукӣ, таъмини ҷойи кор ва ҳамчунин дасти кӯмак дароз кардан ба хонаи пиронсолон ва ятимхонаҳову мардуми камбизоат саҳми хешро гузоштааст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз нисбати Раҷабалӣ Одинаев бо ҷурми 171 миллион қарзе, ки моҳи майи соли 2015 аз Вазорати молия барои рушди тиҷорати Ширкат гирифтааст ва барои сари вақт напардохтани маблағи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ҳабс гирифта шудааст. Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорем, Ширкати номбурда бо вуҷуди «ахбори носаҳеҳ» то имрӯз барои адо намудани қарзи Вазорати молия, ки 171 миллион сомониро ташкил медихад, фоизҳо ва ҷаримаҳои маблағи қарзиро дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ пардохт намудааст.
Бояд гуфт, ки ба ҳабс гирифтани нуқтаҳои сӯзишвории Ширкати «Умед 88», ки шумораашон зиёд аст, ба болоравии нарх оварда мерасонад, ки боз ҳам зарари ҳамин мардуми Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, ба маҳбас кашидани масъулини ин ширкат боиси руҳафтодагӣ ва навмед гаштани чандин соҳибкорони дигар мегардад.
Имрӯз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар таназзули тамоми соҳаҳои тиҷорат бараъло дида мешавад. Хотиррасон намудан ҷоиз аст, ки сабаби аслии сари вақт барнагардонидани қарзи дар боло зикршуда таъсири бевоситаи ҳамин буҳрон мебошад.
Мутмаинем, ки мақомоти дахлдор хизматҳои хуб ва чандинсолаи Раҷабалӣ Одинаевро дар пешравии соҳаи тиҷорат ба манфиати давлати соҳибистиқлоламон ба эътибор гирифта, чораи пешгириро тағйир дода, нисбати номбурда чораи ғайриҳабсиро раво медонад, зеро охирин дар вақти қарор доштан дар озодӣ метавонад ин ҳолати ногуворро ба танзим дарорад. Дар акси ҳол, гарчанде номбурда таҷрибаи воқеан хуби тоҷирӣ дошта бошад ҳам, вале аз маҳкама имкони ислоҳи ҳолати марбутаро надорад.
Бояд гуфт, дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ хабарҳои дурӯғ ва носаҳеҳ нашр шудаанд, ки гӯё Раҷабалӣ Одинаев бо аҳли хонаводааш фирор карда бошанд. Ин гуна хабарҳои бардурӯғ боиси нигаронии ҷомеа мегарданд. Рӯзноманигор набояд ахбори бе далел ва носанҷидаро дастраси мардум гардонад. Аз ин лихоз, аз дастдаркорони чунин расонаҳо хоҳиш мекунем, ки сухан санҷида бигӯянд ва ҷомеаву мардумро ба гумроҳӣ набаранд, зеро Раҷабалӣ Одинаев шаҳрванди Тоҷикистон буда, эҳтироми Қонун барояш воҷиб аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамвора дар андешаи осоиш ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз ва шаҳрвандонаш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, аз ин хотир боварӣ дорем, ки нисбат ба тақдири соҳибкори ботаҷрибае чун Раҷабалӣ Одинаев, ки фарзанди як деҳқони одист, бо чашми авф назар мекунанд, зеро бахшидан яке аз фазилатҳои неки бузургон аст.

Саодат ОДИНАЗОДА

Хонданд 813

Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар кишвар то 11.05.2017-ум 34 адад ташкилотҳои амонатии қарзӣ фаъолият мекунанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30-юми июни соли 2017 дар маҷмуъ 96 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 16 адад бонк, 34 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, 13 адад ташкилотҳои қарзии хурд ва 33 адад фондҳои қарзии хурд фаъолият менамоянд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ 354 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба охири соли 2016 то 83 адад филиал кам ба назар мерасад.

Имрӯз дар кишвар ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ давои дарди мардум гаштаанд. Ин аст, ки мардум барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти худ ба ин ташкилотҳо боварӣ доранд ва ҳамарӯза мо шоҳиди он ҳастем, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд. Чун ин ташкилотҳои хурд барои мардум маблағи нақдро ба фоизи нисбатан паст ва қулай пешниҳод мекунанд. Иқтисодчиёни тоҷик низ бар он назаранд, ки имрӯз аз бонкҳо дида, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ (микрофинансовые организации) ба дарди мардум бештар мехӯранд, чунки фоизи ин ташкилотҳои хурд аз бонкҳои калон камтару шароитҳояшон афзалиятноктар аст. Агар фоизи бонкҳои калон то 60 дарсадро ташкил диҳад, аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ хеле кам аст, ки мардумро қонеъ мекунад.
Иқтисодшиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ташкилотҳои қарздиҳии молиявии хурд аслан барои кишварҳое ҳастанд, ки иқтисодашон заиф аст.
- Аҳамияти созмонҳои хурди қарзӣ хеле калон аст ва мушкилии мардумро осон мегардонад. Фоизи созмонҳои хурди қарзӣ баланд нест, чунки инҳо қарзи дарозмуддат ба монанди 1000 ё 500 доллар намедиҳанд. Вале муҳлатшон дароз нест, яъне метавонад қарзашон камтар бошад, ба ҳами хотир, ин пештар аст,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ин иқтисодшиноси тоҷик, созмонҳои хурди қарздиҳии молиявии хурд дар Тоҷикистон хеле зиёданд, вале аслан “Имон интернешнл” тавони молии ҳал намудани мушкилоти мардумро дорад ва нисбати дигар ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар кишвар ин ташкилот муваффақ ҳам аст.
Иқтисодчии дигари тоҷик Абдурақиб Қодиров бар он ақида аст, ки дар шароити ҳозира, ки Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо буҳрони иқтисодиро паси сар мекунад, фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурд иқтисодиёти Тоҷикистонро дар ҳолати устувор нигоҳ медорад. Ӯ мегӯяд: “Аслан, дар шароите, ки бо сабабҳои манфии иқтисоди беруна муассисаҳои молиявии бузургтар дучори мушкилии пардохтнопазирӣ гардидаанд, фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурд, ки ба додани қарзҳои калонҳаҷм ба муҳлатҳои кӯтоҳ пешбинӣ шудаанд, яке аз омилҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати устувор нигоҳ доштан аст”.
Ҳамзамон, ӯ мегӯяд, ки ин ташкилотҳои молиявии қарздиҳии хурд дар ҳалли мушкилоти ҷории иҷтимоии мардум, ҷиҳати дарёфти қарзҳои хурд, пешбурди рӯзгор, инчунин ҷиҳати дастгирии соҳибкорони хурд дар масъалаи дастрас намудани маблағҳои зарурӣ мусоидат менамоянд. Ба қавли ӯ, бонкҳо ҳамчун муассисаҳои калони молиявии бузург баҳри ҳалли ҳамаи мушкилоти ба миён омадаи аҳолӣ, дар масъалаи таъминот бо талаботи қарзӣ чандон коромад нестанд. Дар онҷо ҳатман тартиби ташкилоти гарав, барасмиятдарорӣ ва шартномаи қарзгирӣ аз дигар равандҳо хос аст, ки дар муассисаҳои молиявии қарзии хурд ин чизҳо осонтар аст.
Чунин ба назар мерасад, ки ташкилотҳои молиявии хурд дар Тоҷикистон нисбат ба бонкҳо фаъолтар ҳастанд ва теъдоди мизоҷонашон низ аз бонкҳо зиёд аст. Ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна амал мекунанд? Бо мардум то кадом андоза дар иртибот ҳастанд? Мушкилоти мардумро чӣ гуна осон мегардонанд? Суолҳоест, ки бояд ҳар яки мо аз ин бохабар бошем.
Муродов Шарифбой, раиси ташкилоти молиявии хурди “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо мо ба ин суолҳо посух дод, ки онро ба чанд қисмат ҷудо кардан мумкин аст:
1. Аҳамияти ташкилотҳои хурд дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хело баланд аст. Аввал ин ки, соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути ин бонкҳо ва ташкилотҳо на танҳо гирифтани пули нақд, ҳамзамон метавонанд кортҳои пластикӣ гиранд, амонату суратҳисоб, пасандоз ва дигар корҳои худро ҳал намоянд, ки мардум аз ин чизҳо хуб огоҳанд. Қариб 90 фисади соҳибкорон бо он ин усул бо бонкҳо кор мекунанд. Чӣ мубодилаи асъор, чӣ кушодани суратҳисоб, чӣ интиқоли маблағ, чӣ хел гирифтани қарз барои тиҷорати онҳо зарур аст... Шиносоӣ бо фаъолияти бонкӣ дар ҷумҳурӣ худ пешрафт аст ва саҳми ташкилотҳои қарзии хурд дар он аст, ки сатҳи рақобатпазирӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷалби мизоҷ, барои сифати хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ хеле баланд шуд.
2. Мардум агар аз гирифтани пули калон аз бонкҳо ҳарос дошта бошанд, метавонанд аз ташкилотҳои қарзӣ бемалол маблағ гиранд. Маблағ барои соҳибкорӣ, барои харидани хона, барои таъмини хона, барои дониши фарзандон, барои соҳибкорон, барои харидани мебел ва дигар мушкилиҳои рӯзгор. Дар ин мавридҳо ташкилотҳои мазкур хизмат мерасонанд.
3. Агар мардум бо бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ кор кунанд, ҳамнчун як шарики асосӣ барои тиҷорат, барои бартараф кардани камбудиҳо хеле кӯмак мерасонанд ва қарзгиранда худро муттаҳаму қарздор ва забонкӯтоҳ ҳис намекунад. Онҳо инро хуб медонанд, ки бо ташкилоти қарзӣ ҳамкории дуҷониба кунанд, ба ҳар ду тараф манфиатовар аст.
4. Бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон айни замон ташкилотҳои қарзӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии шаҳрвандон, мизоҷон дарсҳо гузаронида истодаанд. Албатта, ин чизҳоро мо дар донишгоҳҳо ва мактабҳо ва синфҳои болоӣ мегузаронем, то ин ки фаҳманд пул чӣ аст, чӣ хел муомила кардан даркор, қарз чӣ аст, тарзи дуруст бурдани ҳисоботи даромади худ, хароҷотҳоро чӣ гуна ба назар гирифтан даркор. Аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ин корҳо анҷом дода мешаванд, то ин ки сатҳи дониши молиявии шаҳрвандонро баланд бардорем.
Вале, агар мо Тоҷикистонро дар ин робита бо кишвари Русия муқоиса кунем, қарзи аз ҳама хурде, ки ташкилотҳои хурди қарздиҳии ин кишвар медиҳанд, аз 500 то 1000 ва қарзи аз ҳама баланд 60 000 рубли русиро ташкил медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон агар ташкилоти хурди қарздиҳии “Имон интернешнл”-ро намуна оварем, қарзи аз ҳама хурди ин ташкилот аз 1000 сомонӣ сар шуда, то 500 000 сомониро ташкил медиҳад.
Фарқияти дигари ташкилотҳои хурди қарздиҳии ин ду кишвар дар он аст, ки ин гуна ташкилотҳои хурди Русия нисбатан маблағи кам қарз медиҳанд ва танҳо барои дастгирии муҳоҷирон фаъолият мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ бо ҳамаи қишри ҷомеа ҳамкорӣ доранд.
Дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна, ба мисли Қазоқистон ё Қирғизистон бошад, қарзи солонаи бонкҳои тиҷоратиашон ба наздики 12 фисад мерасад, вале дар Тоҷикистони мо 60 фисадро ташкил медиҳад.
Аз ин хотир, таҳлилгарони тоҷик бар он назаранд, ки маҳз ба хотири баланд будани фоизи бонкҳо иқтисодёти кишвари мо пеш намеравад.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки имрӯз шумораи истифодабарандагони хизматрасонии муассисаҳои молиявии хурд назар ба бонкҳои бузург дар Тоҷикистон бештар аст. Мардум нисбат ба он, ки ба бонкҳои бузург муроҷиат кунанд, ба муассисаҳои молиявии хурди қарздиҳанда бештар мароқ зоҳир мекунанд. Зеро дар муаассисаҳои хурди молиявӣ нисбатан шарту шароити осонтар ё сабуктар вуҷуд дорад. Масалан, инҳо бегарав қарз медиҳанд, фоизҳои қарзии он ҳам нисбатан поёнтар аст. Дар бонкҳои бузург бошад, дарёфти қарз нисбатан мушкилтар аст.

Фарзонаи УМАРАЛӢ,
Фариза ФАЙЗИДДИНОВА

Хонданд 616

Шартномаҳои консессионӣ

Окт 04, 2017
Хонданд: 585

Чаро як идда бартариҳои онро «бо доман пӯшониданианд»?

Бидуни тамаллуқ ва муболиға метавон гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва дигар сохторҳои зидахл тавонистанд маҷмуи қонунгузории кишварро дар соҳаи соҳибкорӣ такмил дода, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва тақвияти ҳамкориҳои давлатро бо бахши хусусӣ таъмин намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» аз ҷумлаи ҳамин қонунҳо буда, муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд. Тибқи талаботи қонуни фавқ, фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои қонуният, фоидаи тарафҳо, дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи табиат, қаъри замин, об, ҳавзаи дарёҳо ва кӯлҳо, бехатарии экологӣ ва санитарию гигиенӣ, суғурта, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат сурат мегирад.

Тавре аз муҳтавои қонун бармеояд, консессиядор ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад, дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбат будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад ва барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд. Ҳамзамон бо ин, консессиядор уҳдадор аст, ки шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ намояд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя намояд ва дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур то ин замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ 2 шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Биноан, дар матлаби мазкур натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯйӣ менамоем.

Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати энергетики «Помир энержи» Шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона таъсири бузург бахшид. Яке аз мақсадҳои ин Шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди вилоят аз ҷониби Ширкати «Помир энерҷӣ» аз зердастгоҳ то барқароркунии хатҳои пастшиддату баландшиддат иборат буд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст. Тибқи иттилои дастрасшуда, то ба имрӯз 31 фоизи воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи соли 2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дар сади бандҳо ба иҷро мерасид.

Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси ин Шартнома аз 19-уми январи соли 2008 таҳти рақами №33-1 механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷорӣ гардид. Дарозии умумии лоиҳавии роҳи Душанбе-Чаноқ 354 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб (Майхӯра - 897 метр, Истиқлол - 4998 метр, Шаҳристон - 5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Ин роҳи мошингард маркази мамлакатро бо шимоли он мепайвандад.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат иқдомоти зиёд амалӣ шуданд. Яке аз чунин иқдомот, ки дар самти раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ саҳми бориз дорад, таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ мебошад. Ба шарофати пурра бозсозӣ шудани ин роҳ, ки дар ҷисми кишвар шоҳраг аст, хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бархӯрдоранд. Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

Муҳим он аст, ки IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Бояд гуфт, ки нигоҳдории роҳ аз лиҳози моҳият аз бунёди он камтар набуда, масъулиятшиносӣ, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Бо итминони комил ва дарки масъулият метавон гуфт, ки IRS омилҳои зеринро доро аст: Корҳои ба таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали IRS ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори куҳистон ҷойгир будан, шоҳроҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Табиист, ки ин омил масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро ҷиҳати рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ тақозо менамояд. Ибтикороти амалишуда то ҳадде самар оварданд, ки давоми ду соли охир аз ҷониби баъзе соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин нуқтаи назар, бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони IRS ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст.

Далелҳои мазкур баёнгари онанд, ки ибтикори Ҳукумати кишвар дар робита ба бастани шартномаҳои консессионӣ муҳиму саривақтӣ буда, натиҷаҳояш ба ҳама бараълост. Баъзан аз ҷониби баъзе коршиносон андешае баён мегардад, ки гӯё филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки ин андеша билкул хато аст. Давоми фаъолият аз ҷониби филиали ширкат ба буҷети давлатӣ пардохт намудани зиёда аз 31 миллион сомонӣ ба сифати андоз сафсатае беш набудани чунин андешаҳоро собит менамояд.

Таъмиру таҷдид меҳвари фаъолияти кормандони филиали Ширкат маҳсуб шуда, дар ин ҷода корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ширкати мазкур тӯли фаъолият ҳамасола зиёда аз 40 километри роҳро таъмири пурра ва зиёда аз 100 километрро таъмири ҷорӣ менамояд. Шоистаи зикр аст, ки аз оғози фаъолият то айни замон даҳҳо кӯпрукҳои масири роҳ низ таъмири ҷорӣ ва ду кӯпрук аз нав сохта, ба истифода дода шудааст. Ба ғайр аз ин, дар масофаи 8000 метр деворҳои ҳимоявӣ ва дар даҳҳо километр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шудаанд.

То имрӯз дар филиали ширкати мазкур зиёда аз 800 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин омил барои паст намудани шиддати бекорӣ дар мамлакат то андозае саҳмгузор аст. Дар баробари дигар омилҳое, ки моҳияти инсондӯстиро дар худ таҷассум намудаанд, аз ҷониби филиали Ширкат ба зиёда аз 3000 нафар аҳолии деҳаҳои ҳамшафати роҳ имтиёзҳо муқаррар шудааст. Ҳамрадиф бо ин, кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидори он дар бартараф ва пешгирӣ кардани офатҳои табиии ноҳияҳои ҳамшафати роҳ саҳми сазовор гузошта, ин омил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифтааст.

Боиси ифтихор аст, ки филиали Ширкат аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷи эътироф гардида, ҳамкориро бо Ассосиатсияи байналмилалии пулҳо, тунелҳо ва роҳҳои пулакии автомобилгард, Агентии ҷопонии кооператсияи байналмилалӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ, Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ ва ғайраҳо таври густурда ба роҳ мондааст. Бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 3 корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) бунёд гардид. Азми қавӣ ва нияти неки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ ин корхонаҳо мавриди истифода қарор гиранд.

Чанде пеш аз ҷониби IRS лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод - Нимич дар шоҳроҳи Душанбе - Рашт - сарҳади Қирғизистон дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба сомон расид. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ мешавад. Биноан, бо дарназардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат бунёди плазаҳои нави толлингӣ ба ҷойи плазаҳои айни замон мавриди истифода қарордошта, ки махсусисят ва бартариҳои зиёд доранд, аз дастовардҳои тозаи раванди фаъолият маҳсуб мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори куҳистон ҷойгир будан, шоҳроҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Масалан, сербориш будани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чорандешиҳои фавриро ҷиҳати рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ тақозо намуд. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, таври фаврӣ техника ва механизмҳои зарурии филиали Ширкат ба макони офати табиӣ сафарбар шуда, баҳри бартарафсозии пайомадҳои ногувори офати табиӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурданд ва ҳаракати муназзами нақлиёт таъмин шуд. Аз ин нуқтаи назар, бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони IRS ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст.

Аз моҳи январ то моҳи марти соли равон танҳо дар километрҳои 48-73 барои фаъолияти техникаҳои филиали Ширкат дар се баст ҳамарӯза 12000 литр сӯзишворӣ масраф гардид. Овардани ин нишондиҳандаҳо ба он хотир аст, ки хонандагони гиромӣ ба пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти кормандони филиали Ширкат муътақид гарданд.

Нуктаи дигаре, ки дар доираи ин мавод мехоҳем ба он рӯшанӣ андозем, ин танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и Ширкати «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи роҳҳо тариқи пардохти муайян аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Россия ва ғайра низ мавриди истифода аст. Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Афкори аҳли ҷомеа ва матолиби дар воситаҳои ахбори омма нашршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамватанони азизи мо ба воқеияти ин гуфта дар мисоли натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ ҳосил намудаанд.

Далер МЕРГАНОВ, журналист

Хонданд 585

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.