.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Иқтисод

Далелу рақамҳои мавҷуда ва ҳолати кунунии роҳи Душанбе - Чаноқ аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмири роҳи мазкур махсус буда, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Ҳамасола дар масири мазкур садҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ ва зиёда аз 20 километр таъмири куллӣ гардида, ин раванд муттасил аст. Далели возеҳи ин гуфта таъмири куллӣ шудани роҳ аз километри 145 то 160-ум аст. Хотиррасон менамоем, ки қитъаи мазкур бар асари офатҳои табиӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои ҳамл аз ҷониби ронандагони автомобилҳои гаронвазн осеби ҷиддӣ дида, ба таъмири куллӣ ниёз дошт.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллии роҳ иқдоми саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёдро ба думбол дорад. Ба ибораи дигар, дар заминаи таъмири куллӣ роҳ батамом аз нав эъмор мешавад. Новобаста аз он, ки соли равон филиали Ширкат ибтикори зиёд, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалмекарда, харидории 10 техникаи пуриқтидори махсусгардонидашуда, таъсиси дастаи оташнишонҳо, харидории автомобили сухторхомӯшкунӣ ва ғайраро амалӣ намуд, роҳбарияти он ба таъмири роҳ минҳайси самти афзалиятноки фаъолият таваҷҷуҳи хос дошту дорад. Яъне, муносибат ба нигоҳдории роҳ ба ҳеҷ ваҷҳ дуюмдараҷа нест.
Нафароне, ки тариқи роҳи зикршуда сафар кардаанд, шоҳиди ҳол буданд, ки давоми чанд вақти охир аз километри 145 то 160-уми роҳ бо истифода аз техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмири куллӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дошт. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки барои анҷоми корҳо мутахассисони ҳирфаӣ ҷалб шуда, дар ин замина таъмини сифати баланди ибтикори фавқ масъалаи меҳварӣ маҳсуб мешуд. Барои пешбурди корҳо асфалти хушсифати истеҳсоли корхонаи марбут ба филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон, ки фаъолияти пурмаҳсул дорад, истифода гардид. Муҳимтар аз ҳама, барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани таъмири роҳ имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, 3 корхонаи истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор муҳайё аст. Дар маҷмуъ, умури назорати корҳои сохтмонӣ таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошт ва ин омил замина фароҳам овард, ки сатҳу сифати таъмир ҷавобгӯи талабот бошад.
Чанде қабл таъмир дар минтақаи мавриди назар анҷом пазируфт ва имкон фароҳам шуд, то монеаҳое, ки дар километрҳои зикршуда ронандагону мусофирон бо он қаблан мувоҷеҳ буданд, бартараф гардад. Новобаста аз ин, бетафовутии як идда ронандагон, филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст. Биноан, бо фаро расидани мавсими гармо дар чунин минтақаҳо таъмири куллӣ шуруъ гардида буд.
Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки барои анҷоми таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нест. Ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шуруъ гардида, дар ин замина қитъаҳои валангоршудаи роҳ бозсозӣ мегарданд. Зикри ин нукта ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз муътақид гарданд, ки амалӣ намудани корҳои сохтмонии ба бахши роҳдорӣ рабтдошта дар марҳилаи боришот самарбахш ва роиҷ нест.
Лозим ба ёдоварист, ки кашидани хатҳои уфуқӣ дар минтақаҳое, ки таъмири куллӣ шуданд, бо истифода аз техникаи махсусгардонидашуда сурат гирифт. Мутахассисон эътироф намудаанд, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷиҳатҳои мусбати хеле зиёд дошта, аз оғози фаъолият инҷониб, аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зимма доштааш таври мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонданд 506

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ тӯли чанд соли охир таҳти сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани фишангҳои нави идоракунии самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, ки онҳо тадриҷан мавқеъ ва сохтори иқтисодии моро дар самти рушди низоми мустақил, худкифоя ва соҳибистиқлол таъмин менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нишондиҳандаи муътадили якрақама нигоҳ доштани меъёри таваррум ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли ҷорӣ дар тағйирёбии сатҳи нархҳо таъсири омилҳои ғайримонетарӣ асосӣ буда, ба он бештар омили пешниҳодот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ ва омилҳои мавсимӣ таъсир расонд. Дар баробари ин, тағйирёбии қурби асъор дар аввали сол дар натиҷаи сармоякунонии бонкҳои муаммодор то андозае фишорҳои таваррумиро зиёд намуд. Вале новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва фишорҳои қурбию таваррумӣ, татбиқи сиёсати шаффофи монетарӣ ҷиҳати ба эътидол овардани тағйирёбии қурби пули миллӣ, нигоҳдории қобилияти харидории пули миллӣ ва барқарор намудани фаъолияти солими низоми бонкӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда истодааст. Дар ин самт пеш аз ҳама фишангҳои монетарӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил истифода бурда шуда, сатҳи он то 16,0 фоизи солона муайян карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини мувозинатии талаботу пешниҳодот дар бозори асъор, танзими ҳаҷми пардохтпазирӣ ва кам намудани сатҳи долларикунонӣ меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ то 3,0 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ то 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок 133 музоядаи коғазҳои қиматнок баргузор карда шуда, ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматнок 6,0 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 млрд сомонӣ ё худ 2,0 маротиба зиёд мебошад.
Дар баробари ин, бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор ва кам кардани фишорҳо ба қурб, маҷмуи чораю воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, аз он ҷумла дахолатҳои бевоситаи асъорӣ анҷом дода шуд.
Дар натиҷаи андешидани сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, таъмини вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ва дар баробари ин афзоиши ҷамъоварии ҳосили тирамоҳии сабзавот ва пешниҳоди он, сатҳи таварруми солона дар моҳи сентябр то 6,7 фоиз коҳиш ёфт. Таҳлилҳо ва арзёбӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷамъбасти соли 2017 сатҳи таварруми солона дар доираи нишондиҳандаи якрақама ва мақсаднок то 7,0 фоиз нигоҳ дошта мешавад. Дар солҳои 2015 ва 2016 низ сатҳи таваррум мувофиқан 5,1 фоиз ва 6,1 фоизро ташкил дода, он дар маҷмуъ дар доираи нишондиҳандаҳои барои рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда таъмин карда шуд. (Тибқи мушоҳидаҳо, болоравии сатҳи таваррум дар ин солҳо дар баъзе давлатҳои ҳамсоя намоён буда, он то ададҳои дурақама, яъне зиёда аз 10 фоизро ташкил медод).
Қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 11,7 фоиз коҳиш ёфта, новобаста аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро арзёбӣ мекарданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил дод. Татбиқи чораҳои мазкур имконият дод, ки фарқияти назарраси дар байни қурбҳо мавҷудбуда ба маротиб кам шуда, хариду фурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад. Дар баробари ин, баландшавии қурби нақдии доллари ИМА ва зиёдшавии фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва мубодилавӣ боздошта шуд.
Дар ин давра ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда қаблан дар иқтисодиёти кишвар мушоҳида нашудааст.
Бо мақсади ҷоннок ва васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ, инчунин ташаккул ва таъсирбахш намудани механизми фишангҳои фоизии сиёсати пулию қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти сохтории навро пайваста бо истифода аз таҷрибаи амалиётии муосири татбиқи сиёсати монетарӣ амалӣ намуда истодааст. Дар натиҷа, санадҳои меъёрии танзимкунандаи фишангҳои нав ва доимамалкунандаи монетарии бо пули миллӣ ифодаёфта, аз қабили қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзӣ (7 ва 14-рӯза) ва пасандозҳои шабонарӯзӣ ҷорӣ ва дар амал татбиқ карда шуд.
Вобаста ба ин, дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тавассути фишангҳои қарзӣ дар ҳаҷми 380,5 млн сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ҷудо гардид.
Бо мақсади табдил додани меъёри бозтамвил ба меъёри фоизи калидӣ ва нишондиҳандаи асосноки инъикоскунандаи мавқеи сиёсати монетарӣ дар бозори пулӣ, меъёрҳои фоизии ҳамаи фишангҳои болозикр бо меъёри бозтамвил пайваст карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки механизми трансмиссионии алоқамандии меъёри бозтамвил бо меъёри ниҳоии фоизӣ ташаккул дода ва пурзӯр карда шавад.
Ҳамзамон, истифодаи фишангҳои мазкур тавассути ташкили платформаи савдои электронии байнибонкии “Thomson Reuters”, пайвастшавӣ ва оғоз кардани кори низоми электронии савдо ба роҳ монда шуда, он барои таъмини шаффофият, фаврият ва дастрасии беҳтари ташкилотҳои қарзӣ ба фишангҳои монетарии ҷалб ва пешниҳоди пардохтпазирии Бонки миллии Тоҷикистон шароит фароҳам овард.
Ҷиҳати муайяннамоии самтҳои асосии пулию қарзӣ ва асъорӣ дар давраи миёнамуҳлат, “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба тасвиб расонида шуд, ки он масъалаҳои густариши ислоҳоти институтсионалӣ, таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ ва дигар ҷабҳаҳоро барои гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум ва ба ин васила ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳоро дар бар мегирад.
Бо мақсади таҳкими дараҷаи самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки танзимгар, инчунин таъсирбахшии сиёсати пулию қарзӣ, баланд бардоштани эътимоднокӣ ба он як қатор ислоҳот, аз қабили такмили раванди таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди воситаҳои нави азнавмаблағгузорӣ ва механизми истифодаи меъёри бозтамвил, идоракунии босамари пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ, ташкили низоми электронии байнибонкӣ бо пули миллӣ, оптимизатсияи сиёсати қурби асъор, идораи захираҳои байналмилалӣ ва диферсификатсияи он, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, татбиқи рукнҳои бонкдории нав ва шаффофи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, ҷорӣ намудани талаботҳои (BCBS II) Кумитаи Базел оид ба Назорати Бонкӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани услуби баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳои низом, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, такмили раванди шаффофият ва ахборотдиҳӣ, таҳия ва такмили моделҳои риёзӣ-иқтисодӣ ҷиҳати дурнамосозии нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ, такмилдиҳии фаъолияти Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ, Кумитаи инвеститсионии БМТ ва таҳкими идоракунии хавфҳо барои баҳодиҳии амалиётҳои асъорӣ, ҳавасмандкунии истифодаи пули миллӣ ва дедолларизатсиякунонии иқтисодиёт, иваз намудани низоми байнибонкии пардохтии амалкунанда ба Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) ва Палатаи автоматишудаи клирингӣ амалӣ шуда истодааст, ки ин аллакай самараи худро нишон дода истодааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ

Хонданд 430

Умед 88, ё ноумед 88?

Окт 25, 2017
Диданд: 759

Обод кардани мавзеъе хеле мушкил аст, вале вайрон карданаш лаҳзаест. Ҳамчуноне, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон масъулини мақомоти қудратиро ҳушдор дода буданд, ки барои кадреро дар сатҳи баланди касбӣ тайёр кардан солҳои зиёд лозим меояд ва набояд ӯро барои як гуноҳ сад гуноҳи дигарро бар дӯшаш бор карда, зиндонӣ созем.

Дар бисёре аз давлатҳои дунё теъдоди ашхоси тоҷиру сарватмандаш беҳисоб аст, аммо дар мо ангуштшуморанд ва мутаассифона, ин ангуштҳои баршумор низ ҳамин ки соҳиби маблағ мешаванд, яке пайи дигаре пушти панҷараи зиндон меравад.
Имрӯз дар бозори тиҷорат рақобати пасту носолим ҳукмрон аст. Тоҷирони мо мушобеҳи парандаҳое ҳастанд, ки чун парвози баландро меомӯзанду бо болу пари хеш парвоз мекунанд, қурбон мегарданд…
Раҷабалӣ Одинаев зиёда аз бист сол аст, ки дар рушди тиҷорати ватанӣ заҳмат мекашад. Ӯ тӯли ин солҳо дар боло рафтани буҷаи давлат тариқи супоридани андоз ва боҷи гумрукӣ, таъмини ҷойи кор ва ҳамчунин дасти кӯмак дароз кардан ба хонаи пиронсолон ва ятимхонаҳову мардуми камбизоат саҳми хешро гузоштааст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз нисбати Раҷабалӣ Одинаев бо ҷурми 171 миллион қарзе, ки моҳи майи соли 2015 аз Вазорати молия барои рушди тиҷорати Ширкат гирифтааст ва барои сари вақт напардохтани маблағи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ҳабс гирифта шудааст. Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорем, Ширкати номбурда бо вуҷуди «ахбори носаҳеҳ» то имрӯз барои адо намудани қарзи Вазорати молия, ки 171 миллион сомониро ташкил медихад, фоизҳо ва ҷаримаҳои маблағи қарзиро дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ пардохт намудааст.
Бояд гуфт, ки ба ҳабс гирифтани нуқтаҳои сӯзишвории Ширкати «Умед 88», ки шумораашон зиёд аст, ба болоравии нарх оварда мерасонад, ки боз ҳам зарари ҳамин мардуми Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, ба маҳбас кашидани масъулини ин ширкат боиси руҳафтодагӣ ва навмед гаштани чандин соҳибкорони дигар мегардад.
Имрӯз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар таназзули тамоми соҳаҳои тиҷорат бараъло дида мешавад. Хотиррасон намудан ҷоиз аст, ки сабаби аслии сари вақт барнагардонидани қарзи дар боло зикршуда таъсири бевоситаи ҳамин буҳрон мебошад.
Мутмаинем, ки мақомоти дахлдор хизматҳои хуб ва чандинсолаи Раҷабалӣ Одинаевро дар пешравии соҳаи тиҷорат ба манфиати давлати соҳибистиқлоламон ба эътибор гирифта, чораи пешгириро тағйир дода, нисбати номбурда чораи ғайриҳабсиро раво медонад, зеро охирин дар вақти қарор доштан дар озодӣ метавонад ин ҳолати ногуворро ба танзим дарорад. Дар акси ҳол, гарчанде номбурда таҷрибаи воқеан хуби тоҷирӣ дошта бошад ҳам, вале аз маҳкама имкони ислоҳи ҳолати марбутаро надорад.
Бояд гуфт, дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ хабарҳои дурӯғ ва носаҳеҳ нашр шудаанд, ки гӯё Раҷабалӣ Одинаев бо аҳли хонаводааш фирор карда бошанд. Ин гуна хабарҳои бардурӯғ боиси нигаронии ҷомеа мегарданд. Рӯзноманигор набояд ахбори бе далел ва носанҷидаро дастраси мардум гардонад. Аз ин лихоз, аз дастдаркорони чунин расонаҳо хоҳиш мекунем, ки сухан санҷида бигӯянд ва ҷомеаву мардумро ба гумроҳӣ набаранд, зеро Раҷабалӣ Одинаев шаҳрванди Тоҷикистон буда, эҳтироми Қонун барояш воҷиб аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамвора дар андешаи осоиш ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз ва шаҳрвандонаш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, аз ин хотир боварӣ дорем, ки нисбат ба тақдири соҳибкори ботаҷрибае чун Раҷабалӣ Одинаев, ки фарзанди як деҳқони одист, бо чашми авф назар мекунанд, зеро бахшидан яке аз фазилатҳои неки бузургон аст.

Саодат ОДИНАЗОДА

Хонданд 759

Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар кишвар то 11.05.2017-ум 34 адад ташкилотҳои амонатии қарзӣ фаъолият мекунанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30-юми июни соли 2017 дар маҷмуъ 96 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 16 адад бонк, 34 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, 13 адад ташкилотҳои қарзии хурд ва 33 адад фондҳои қарзии хурд фаъолият менамоянд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ 354 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба охири соли 2016 то 83 адад филиал кам ба назар мерасад.

Имрӯз дар кишвар ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ давои дарди мардум гаштаанд. Ин аст, ки мардум барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти худ ба ин ташкилотҳо боварӣ доранд ва ҳамарӯза мо шоҳиди он ҳастем, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд. Чун ин ташкилотҳои хурд барои мардум маблағи нақдро ба фоизи нисбатан паст ва қулай пешниҳод мекунанд. Иқтисодчиёни тоҷик низ бар он назаранд, ки имрӯз аз бонкҳо дида, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ (микрофинансовые организации) ба дарди мардум бештар мехӯранд, чунки фоизи ин ташкилотҳои хурд аз бонкҳои калон камтару шароитҳояшон афзалиятноктар аст. Агар фоизи бонкҳои калон то 60 дарсадро ташкил диҳад, аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ хеле кам аст, ки мардумро қонеъ мекунад.
Иқтисодшиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ташкилотҳои қарздиҳии молиявии хурд аслан барои кишварҳое ҳастанд, ки иқтисодашон заиф аст.
- Аҳамияти созмонҳои хурди қарзӣ хеле калон аст ва мушкилии мардумро осон мегардонад. Фоизи созмонҳои хурди қарзӣ баланд нест, чунки инҳо қарзи дарозмуддат ба монанди 1000 ё 500 доллар намедиҳанд. Вале муҳлатшон дароз нест, яъне метавонад қарзашон камтар бошад, ба ҳами хотир, ин пештар аст,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ин иқтисодшиноси тоҷик, созмонҳои хурди қарздиҳии молиявии хурд дар Тоҷикистон хеле зиёданд, вале аслан “Имон интернешнл” тавони молии ҳал намудани мушкилоти мардумро дорад ва нисбати дигар ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар кишвар ин ташкилот муваффақ ҳам аст.
Иқтисодчии дигари тоҷик Абдурақиб Қодиров бар он ақида аст, ки дар шароити ҳозира, ки Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо буҳрони иқтисодиро паси сар мекунад, фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурд иқтисодиёти Тоҷикистонро дар ҳолати устувор нигоҳ медорад. Ӯ мегӯяд: “Аслан, дар шароите, ки бо сабабҳои манфии иқтисоди беруна муассисаҳои молиявии бузургтар дучори мушкилии пардохтнопазирӣ гардидаанд, фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурд, ки ба додани қарзҳои калонҳаҷм ба муҳлатҳои кӯтоҳ пешбинӣ шудаанд, яке аз омилҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати устувор нигоҳ доштан аст”.
Ҳамзамон, ӯ мегӯяд, ки ин ташкилотҳои молиявии қарздиҳии хурд дар ҳалли мушкилоти ҷории иҷтимоии мардум, ҷиҳати дарёфти қарзҳои хурд, пешбурди рӯзгор, инчунин ҷиҳати дастгирии соҳибкорони хурд дар масъалаи дастрас намудани маблағҳои зарурӣ мусоидат менамоянд. Ба қавли ӯ, бонкҳо ҳамчун муассисаҳои калони молиявии бузург баҳри ҳалли ҳамаи мушкилоти ба миён омадаи аҳолӣ, дар масъалаи таъминот бо талаботи қарзӣ чандон коромад нестанд. Дар онҷо ҳатман тартиби ташкилоти гарав, барасмиятдарорӣ ва шартномаи қарзгирӣ аз дигар равандҳо хос аст, ки дар муассисаҳои молиявии қарзии хурд ин чизҳо осонтар аст.
Чунин ба назар мерасад, ки ташкилотҳои молиявии хурд дар Тоҷикистон нисбат ба бонкҳо фаъолтар ҳастанд ва теъдоди мизоҷонашон низ аз бонкҳо зиёд аст. Ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна амал мекунанд? Бо мардум то кадом андоза дар иртибот ҳастанд? Мушкилоти мардумро чӣ гуна осон мегардонанд? Суолҳоест, ки бояд ҳар яки мо аз ин бохабар бошем.
Муродов Шарифбой, раиси ташкилоти молиявии хурди “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо мо ба ин суолҳо посух дод, ки онро ба чанд қисмат ҷудо кардан мумкин аст:
1. Аҳамияти ташкилотҳои хурд дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хело баланд аст. Аввал ин ки, соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути ин бонкҳо ва ташкилотҳо на танҳо гирифтани пули нақд, ҳамзамон метавонанд кортҳои пластикӣ гиранд, амонату суратҳисоб, пасандоз ва дигар корҳои худро ҳал намоянд, ки мардум аз ин чизҳо хуб огоҳанд. Қариб 90 фисади соҳибкорон бо он ин усул бо бонкҳо кор мекунанд. Чӣ мубодилаи асъор, чӣ кушодани суратҳисоб, чӣ интиқоли маблағ, чӣ хел гирифтани қарз барои тиҷорати онҳо зарур аст... Шиносоӣ бо фаъолияти бонкӣ дар ҷумҳурӣ худ пешрафт аст ва саҳми ташкилотҳои қарзии хурд дар он аст, ки сатҳи рақобатпазирӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷалби мизоҷ, барои сифати хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ хеле баланд шуд.
2. Мардум агар аз гирифтани пули калон аз бонкҳо ҳарос дошта бошанд, метавонанд аз ташкилотҳои қарзӣ бемалол маблағ гиранд. Маблағ барои соҳибкорӣ, барои харидани хона, барои таъмини хона, барои дониши фарзандон, барои соҳибкорон, барои харидани мебел ва дигар мушкилиҳои рӯзгор. Дар ин мавридҳо ташкилотҳои мазкур хизмат мерасонанд.
3. Агар мардум бо бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ кор кунанд, ҳамнчун як шарики асосӣ барои тиҷорат, барои бартараф кардани камбудиҳо хеле кӯмак мерасонанд ва қарзгиранда худро муттаҳаму қарздор ва забонкӯтоҳ ҳис намекунад. Онҳо инро хуб медонанд, ки бо ташкилоти қарзӣ ҳамкории дуҷониба кунанд, ба ҳар ду тараф манфиатовар аст.
4. Бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон айни замон ташкилотҳои қарзӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии шаҳрвандон, мизоҷон дарсҳо гузаронида истодаанд. Албатта, ин чизҳоро мо дар донишгоҳҳо ва мактабҳо ва синфҳои болоӣ мегузаронем, то ин ки фаҳманд пул чӣ аст, чӣ хел муомила кардан даркор, қарз чӣ аст, тарзи дуруст бурдани ҳисоботи даромади худ, хароҷотҳоро чӣ гуна ба назар гирифтан даркор. Аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ин корҳо анҷом дода мешаванд, то ин ки сатҳи дониши молиявии шаҳрвандонро баланд бардорем.
Вале, агар мо Тоҷикистонро дар ин робита бо кишвари Русия муқоиса кунем, қарзи аз ҳама хурде, ки ташкилотҳои хурди қарздиҳии ин кишвар медиҳанд, аз 500 то 1000 ва қарзи аз ҳама баланд 60 000 рубли русиро ташкил медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон агар ташкилоти хурди қарздиҳии “Имон интернешнл”-ро намуна оварем, қарзи аз ҳама хурди ин ташкилот аз 1000 сомонӣ сар шуда, то 500 000 сомониро ташкил медиҳад.
Фарқияти дигари ташкилотҳои хурди қарздиҳии ин ду кишвар дар он аст, ки ин гуна ташкилотҳои хурди Русия нисбатан маблағи кам қарз медиҳанд ва танҳо барои дастгирии муҳоҷирон фаъолият мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ бо ҳамаи қишри ҷомеа ҳамкорӣ доранд.
Дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна, ба мисли Қазоқистон ё Қирғизистон бошад, қарзи солонаи бонкҳои тиҷоратиашон ба наздики 12 фисад мерасад, вале дар Тоҷикистони мо 60 фисадро ташкил медиҳад.
Аз ин хотир, таҳлилгарони тоҷик бар он назаранд, ки маҳз ба хотири баланд будани фоизи бонкҳо иқтисодёти кишвари мо пеш намеравад.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки имрӯз шумораи истифодабарандагони хизматрасонии муассисаҳои молиявии хурд назар ба бонкҳои бузург дар Тоҷикистон бештар аст. Мардум нисбат ба он, ки ба бонкҳои бузург муроҷиат кунанд, ба муассисаҳои молиявии хурди қарздиҳанда бештар мароқ зоҳир мекунанд. Зеро дар муаассисаҳои хурди молиявӣ нисбатан шарту шароити осонтар ё сабуктар вуҷуд дорад. Масалан, инҳо бегарав қарз медиҳанд, фоизҳои қарзии он ҳам нисбатан поёнтар аст. Дар бонкҳои бузург бошад, дарёфти қарз нисбатан мушкилтар аст.

Фарзонаи УМАРАЛӢ,
Фариза ФАЙЗИДДИНОВА

Хонданд 553

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Нигоҳи хос

  • ХОСта

    Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ…
  • Хоҳиш ва ҳадаф

    «Агар Шумо хоҳед, ки ҳаёти хушбахтона дошта бошед, бояд алоқаманд…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.