.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Иқтисод

Паёми Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат бо хушнудӣ қабул гардида, баҳри иҷроиши он ҷаҳду талош доранд.
Дар Паём омадааст: «Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд дорад, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити боз ҳам беҳтару сазовор месозем».
Баҳри некӯаҳволии мардум, дастрасии маҳсулоти ниёзи мардум, таъминоти хоҷагӣ бо хӯрока бозорҳо хизмат мерасонанд. Дар соли сипаригашта бо фармони раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ раисони бозорҳои калонтарини шаҳр - собиқ «Шоҳмансур» ва «Деҳқон» аз вазифаашон канор рафтанд. Чунки дар бозорҳои номбурда сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ на он қадар хуб буд. Нарху наво дар бозорҳо боло рафта буд, тозагии бозорҳо ба талабот ҷавобгӯй набуд, одоби муошират риоя карда намешуд. Раисии бозори «Деҳқон» ба зиммаи марди чашми кордон, хушмуомила ва хоксор, нисбати камбудиҳо серталаб Назаров Сунатулло Алиакбарович гузошта шуд.
Қобили зикр аст, ки тӯли чанд муддат бо дастгирии раиси шаҳр дар бозори «Деҳқон» тағйироти назаррас ба амал омад. Дар даромадгоҳи бозор ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонӣ ташкил карда шудааст, ки нархи ҳар маҳсулот навишта шудааст ва ба он мудом назорат карда мешавад. Тартиботи кории бозор хеле хуб шуда, тозагиаш беҳ гардидааст. Нархи маҳсулоти ниёзи мардум нисбати дигар бозорҳо арзон аст. Одоби муошират беҳ гардида, деҳқонон озодона дар гӯшаи деҳқон фаъолият мекунанд, аксари маҳсулот нархномаи худро доранд ва аз рӯи сифаташон фурӯхта мешаванд.
Чанде пеш оид ба пешравиҳои кор дар бозори «Деҳқон» бо ҷонишини раиси бозор Мастон Шарипов ҳамсуҳбат гардидам. Номбурда қайд намуд, ки «мо масъулони бозор ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, то маҳсулоти бозор босифат бошанд ва бо нархи арзон фурӯхта шаванд. Барои деҳқонон шароит муҳайё сохта, кӯшиш мекунем, ки худи деҳқон маҳсулоташро фурӯшад. Ҳамрӯза нархи маҳсулотро назорат намуда, кӯшиш мекунем, ки маҳсулоти ниёзи мардум ҳарчи арзонтар дастрас гардад ва ба аҳолӣ фурӯхта шавад. Масалан нархи як килограмм гӯшт дар бозори мо вобаста ба сифаташ аз 26 сомонӣ то 36 сомонӣ фурӯхта мешавад ва дар ҳама нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ нархнома навишта шудааст. Картошка аз 3 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ аз 0,8 то 1,5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамаи маҳсулоти бозор нархномаи худро доранд ва аз болои он масъулон назорат мебаранд. Баҳри боз ҳам беҳ шудани кор, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва арзонии нарх дар бозор аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, умед дорем, ки талаботи муштариёнро қонеъ гардонем».
Боварӣ дорем, ки кормандони бозори «Деҳқон» нарху наворо нисбати бозорҳои дигари шаҳр ба танзим оварда, ба сифати маҳсулот диққат медиҳанд, одоби муоширатро сайқал медиҳанд, тартиботи муайянро ҷорӣ мекунанд, ба тозагии гирду атроф диққат дода, ба фурӯши маҳсулоти бесифат хотима мегузоранд.
Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳр, нишондодҳои Паёми Пешвои миллат ба кормандони бозор бурдборӣ ва комёбиҳо орзу дорем.

Ҷамолиддини ҶАЛОЛИЁН

Хонданд 441

Дар қисмати ҷанубу ғарбии пойтахтамон партовгоҳе мавҷуд аст, ки даҳсолаҳо ҳамчун куҳе зам шуда аст. Дар ин мавзеъ рӯзе садҳо тонна партов ворид мегардад, вале гӯё ин партовҳо нолозиму зиёдатианд. Аз ин партовҳо мо метавонем суди зиёде ба давлату ҷамъият биёварем. 

Ашхоси бомаърифату худогоҳ ба хубӣ медонанд, ки дар натиҷаи ба вуҷуд омадани вулқон дар эволютсияҳои қадима, қабати болоии замин ба зер фуру рафта, дар тӯли миллионсолаҳо ва ё миллиардсолаҳо ба ангиштсанг мубаддал гардида аст. Дар натиҷаи истеҳсоли ангишт аз чуқурии 100 ва ё 200 метр нақбканон дар таркиби ангиштсанг ашёҳои рӯзгоре ёфтаанд, ки мавриди омӯзиши олимон қарор доранд. Таҷриба шуда аст, ки дар Олмон аз партовҳо бо воситаи илова намудани экстракт-иксирҳо дар тулии ду се соат ангиштсанги аълосифат истеҳсол менамоянд ва он хиштҳои ангиштиро дар корхонаҳои саноатӣ ва металлургӣ васеъ истифода мебаранд. Дар Федератсияи Русия низ аз таҷрибаи Олмон ибрат гирифта, технологияи олмониро барои истеҳсоли ангиштсанг аз партовҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Мавлонои Балхӣ дар солҳои 1200-ум гуфта буд, ки: Хок ба иксир расад, зар шавад. Ин башорати Мавлонои бузург барои шахсони худшиносу худогоҳ дарси ибрат аст. Тариқи телевизион дидем, ки дар давлати Исроил олиме аз хок ба воситаи иксир тиллои холис бо сифати баланд ҳосил мекунад. Он олим гӯё аз назария-теорияи Мавлонои Балхӣ бархӯрдор бошад.
Аз ин маълум мегардад, ки аз партовҳо бо воситаи илму технологияи муосир дар давоми ду се соат мо метавонем хиштҳои ангиштини аълосифат истеҳсол намоему дар корхонаҳои саноативу ташкилотҳо истифода барем. Бо ин васила, куҳҳои аз партовҳо ғарамшуда аз байн мераванду аз ин партов-материали табиат мо оқилонаву бошуурона истифода мебарем. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ин гуна таҷҳизот, садҳо нафар шаҳрвандони ватанӣ соҳиби ҷойи кору маоши хуб мегарданд. Ду сол қабл, ин андешаи судмандро ба ҳукумати шаҳри Душанбе пешниҳод намуда будам, гумон мекунам мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор нагирифт. Ашхоси мутассадиро мебояд як гуруҳи ҷавонони болаёқат, иборат аз панҷ ва ё шаш нафараро ба Олмон ва ё ба Русия, барои омӯзиш равона созанд ва дар муддати ду се моҳ чунин технологияро аз Олмон ворид созанду ин амали хайру совобро дар ҷумҳуриамон оҷилона роҳандозӣ намоянд. Дар мавриди ба роҳ мондани ин гуна таҷҳизоти замонавӣ иқтидори корхонаҳои коммуналӣ меафзояд ва барои сари вақт тозаю озода нигоҳ доштани партовгоҳҳои дохили шаҳр аз ҳисоби фурӯши ангишт, ба худ техникаҳои замонавӣ харидорӣ менамоянд. Дар айни ҳол, маоши кормандони соҳаи партовғундорӣ баланду саривақтӣ мегардад ва ҳавасмандгардонии кормандони ин соҳа меафзояд. Ҳамзамон, мо метавонем дар асоси он технологияҳои вориднамуда, технологияи замонавии худиро бисозем ва дар ҳар як шаҳру вилоятҳои ҷумҳуриамон технологияи ихтироъи худиро истифода барем, ки тақозои замона ҳамин аст.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ

Хонданд 528

Евробонд

Янв 20, 2018
Хонданд: 427

Бароришу фурӯши бетаъхири онҳо арзандаи ситоиш аст

Дар ҷаҳони муосир гирифтани қарз аз ин ё он давлат ва ё ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ падидаи маъмул маҳсуб шуда, маҳз дар ин замина давлатҳои рӯ ба инкишоф такомули хешро таъмин менамоянд.
Пайгирии масъалаи мазкур маълум намуд, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам низ аз гирифтани қарз дар канор набуда, дар муқоиса бо Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳаҷми қарзи хориҷиашон хеле зиёд аст. Барои мисол, қарзи хориҷии ИМА 18 триллион доллари ИМА, Федератсияи Россия 732,2 миллиард доллари ИМА, Белорус 34 миллиард доллари ИМА, Қирғизистон 3,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда бемайлон афзуда истодааст. Ду сол пеш Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон пешбинӣ намуда буд, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар шояд ба 3,7 миллиард доллари ИМА расад. Аз маълумоти тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет дастрасшуда бармеояд, ки нисбат ба ММД ҳаҷми қарзи ИМА 130 фоиз, Япония - 232, Португалия - 133, Ирландия - 123, Кипр - 112, Белорус - 53, 4, Қирғизистон 53 фоиз рост меояд.
Ҳамватанонамон иттилоъ доранд, ки чанде пеш Маҷлиси намояндагон ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дод. Тавре муовини вазири молия зимни рӯнамоии ин иқдом дар парлумони касбии мамлакат иброз дошт: «Қарори мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ аз бозорҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони иншооти стратегии давлат - Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳия шуда, барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатиро (евробондҳо) пешбинӣ намуда, аз чорабиниҳои Гуруҳи кори ваколатдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст».
Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли вомбаргҳо ба маблағи то 1 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал ба маблағи то 500 000 000 (панҷсад миллион) доллари ИМА ба муҳлати то 10 сол бароварда мешавад. Меъёри фоизи вомбаргҳо дар заминаи рейтинги қарзии давлат муайян карда шуда, дар марҳилаи муаррифии тарҳи барориш ба сармоягузорони инфиродӣ ва институтсионалӣ мушаххас карда мешавад. Зикр шуда буд, ки «паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатӣ дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда шуда, чунин тарзи қарзгирии берунаи давлатӣ таҷрибаи нахустини давлат дар ин самт ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷалби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматноки хориҷа, аз қабили андеррайтер, агентиҳои бақайдгиранда ва амсоли онҳо дар назар аст. Расмиёт ва давраҳои эмиссияи коғазҳои қиматнок тибқи тартиби қонунгузории ИМА ва давлате, ки дар он паҳнкунии вомбаргҳо дар назар аст, амалӣ карда мешавад».
Тибқи маълумоти дастрасшуда, евробондҳои мавриди назар шуруъ аз 31-уми августи соли гузашта дар чаҳор шаҳри бузурги дунё - Ню-Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон ба маърази сармоядорон ва харидорон гузошта шуда, “Роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ - Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил намуданд. Хурсандиовар аст, ки рӯнамоӣ ва фурӯши евробондҳо бомуваффақият амалӣ шуда, дар ин замина 500 миллион доллар ба муддати 10 сол, ки фоизи солонааш 7,125 дарсад аст, ба кишвар ҷалб шуд.
Коршиносони масоили иқтисодӣ ба он назаранд, ки фурӯши евробондҳои Тоҷикистон боз як муваффақияти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои охир буда, аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза аст.
Ҷанбаҳои мусбати евробонд зиёданд. Барои мисол, харидорони евробондҳо ба фарқ аз созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми қарз додан дар назди Ҳукумат шарт намегузоранд. Маъмулан созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва ё Бонки осиёии рушд қабл аз ҷудо кардани қарз шарти ислоҳотро матраҳ мекунанд, ки барои кишварҳое назири Тоҷикистон то андозае қобили қабул нест. Сониян, маблағ аз фурӯши евробондҳо зуд ба суратҳисоби дахлдор ворид мешавад ва ба траншҳо ҷудо намешавад.
Дар суҳбат бо мо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода барориш ва фурӯши бетаъхири коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
- Иқдоми мазкур замина фароҳам меорад, ки нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ чун шарики боэътимод болотар равад. Зеро ҷалби қарз дар ҷаҳони муосир падидаи маъмул буда, далели азми қавӣ доштан дар ҷодаи рушд мебошад. Вақте мо қарз ҷалб карда, онро дар муҳлати пешбинишуда бармегардонем, он гоҳ эътимоду таваҷҷуҳи давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфуз тамоюли афзоишро касб хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, фоизи қарзи мавриди назар низ баланд набуда, вобаста ба талаботи ҷаҳони муосир қобили қабул аст. Бо дарназардошти ин, Маҷлиси намояндагон ба Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дод,- гуфт номбурда.
Масъулини Вазорати молияи мамлакат ба он назаранд, ки дар раванди барориши вомбаргҳо, алалхусус дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ вақти барориши онҳо аҳамияти хос дорад. Зеро фоизи пешниҳодшаванда аз ҷониби эмитент аз зиёд ё кам будани талабот ба вомбаргҳо вобастагии калон дорад. Масалан, агар талабот ба вомбаргҳо зиёд бошад, эмитент метавонад барои вомбаргҳои худ фоизи паст пешниҳод намояд, ки ин ба
фоидаи эмитент мебошад.
Ба андешаи муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамшед Каримзода, феълан даромаднокии чунин евробондҳо боз рӯ ба баландшавӣ ниҳода, ба 4,6 дарсад баробар шудааст. Аз лиҳози вазъи бозор ин марҳала барои барориши евробондҳо хеле мусоид ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ ба фурӯш баровардани евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қарори санҷидашуда арзёбӣ мегардад.
Айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиарду 803 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ин таносуб нисбат ба ММД яке аз нишондиҳандаҳои камтарин дар минтақа аст.
Хеле муҳим аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии мамлакат дар муқоиса ба ММД сол то сол тамоюли коҳишёбиро касб намудааст. Барои мисол, чанде қабл ин нишондиҳанда ба 35-38 фоиз баробар буд. Соли 2015 кишвари мо қарзи худро дар назди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон пурра пардохт намуда, пардохти қарзи давлатҳои дигар ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ раванди муттасил аст.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ қисмати аъзами он - 1 миллиарду 980 миллион доллари ИМА қарзи давлатӣ маҳсуб шуда, бо кафолати Ҳукумати ҷумҳурӣ дастрас шудааст. Қарздиҳандаи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд ба ҳисоб рафта, ҳаҷми қарзи аз онҳо гирифташуда мутаносибан 950 миллион доллари ИМА, 325 миллион доллари ИМА ва 277 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Баъзан аз ҷониби як идда ба ном коршиносон ва иқтисодчиён вобаста ба ҳаҷми қарзи хориҷии кишварамон андешаҳое баён мегарданд, ки муғризона буда, аз «пашша фил сохтан»-ро шабеҳанд. Пешниҳоди далелу арқоми асоснок вобаста ба ин раванд ва муқоисаи ҳаҷми қарзи хориҷӣ бо давлатҳои ҳамҷавор шаҳодати он аст, ки ҳангомасозиҳо бобати масъалаи мавриди назар бепоя аст.

Далер МЕРГАНОВ, журналист

Хонданд 427

“Марг”-и корхонаи тилло

Янв 20, 2018
Хонданд: 1227

Ё бе нон мондани 10 000 нафар хӯранда

 Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат

Ба таваҷҷуҳи вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар муҳтарам Шавкат Бобозода

Ҳудуди 10 рӯз мешавад, ки калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон» оид ба коркарду истихроҷи тилло ва дигар маъданҳо аз кор бозмондааст. Дар ин бора гуруҳе аз кормандони ин коргоҳ ба «Фараж» иттилоъ доданд.

Сабаби аз фаъолият боздоштани заводи мазкурро соҳибназарону кормандон ба анҷом расидани иҷозатномаи Ҳукумати мамлакат дар мавриди истихроҷу коркарди канданиҳои зеризаминӣ марбут медоданд. Бино ба маълумоти як корманди КМ «Зарафшон», муҷаввизи коргоҳ ҳанӯз моҳи сентябри соли 2017 ба анҷом расида буд. Аммо то ин замон кормандон аз захираҳои ашёи хоми дар анбор буда чархаҳои заводро гардон мекарданд. Чанде аз кормандон гуфтанд, ки ҳатто маоши моҳи декабри соли 2017-ро нагирифтаанд.
Аз кор мондани КМ «Зарафшон» дар ҳолест, ки дар шаҳри Панҷакент натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Панҷакентро дар соли 2017 ҷамъбаст намуда, гуфтанд, ки қисми зиёди дастовардҳои саноатии шаҳр вобаста аз коргоҳи КМ «Зарафшон» аст.
Парвиз Шодизода, муовини раиси шаҳри Панҷакент дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2017 гуфт: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2017 ба 1 миллиарду 470 миллиону 465 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки баробари 121,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои соҳаи саноатии шаҳр бо сабаби фаъолияти ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки ҳаҷми бузурги истеҳсоли маҳсулоти саноатиро
ба дӯш дорад, дар маҷмуъ хуб аст, вале бо ин вуҷуд 7 намуди маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 2016 кам шудааст”.
Корхонаи муштараки «Зарафшон» калонтарин корхонаи коркарди метали рақами 1 дар кишвар буд ва дар он зиёда аз 2100 нафар корманд фаъолият доштанду аз он ҷо нон мехӯрданд. Коршиносон бар он андешаанд, ки агар ба ҳисоби миёна дар ин ҷо 2000 нафар саробони оила бошанду ҳар оила тақрибан 5-нафарӣ аъзо дошта бошад, мешавад 10 000 нафар шаҳрвандоне, ки аз пушти ин завод рӯз мегузаронанду зиндагӣ доранд. Ба замми ин, корхона яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини буҷети ҳам шаҳри Панҷакент, ҳам вилояти Суғд буда, дар рӯйхати андозсупорандагони азим қарор дорад.
Корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Хитой - "Зарафшон" калонтарин корхонаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, бахусус тилло, дар кишвар буда, 75%-и саҳмияи он ба ширкати "Зиҷин"-и давлати Хитой ва 25% ба Тоҷикистон тааллуқ
дошт.
Аммо, дар ҳамин ҳол, Маҳмудҷон Мӯсоев, муовини директори кулли КМ “Зарафшон” дар суҳбат ба “Фараж” аз кор мондани корхонаро рад карда, гуфт, ки «мо касеро ҷавоб надодаем, вале айни замон корҳои таъмирӣ идома дорад. Аммо дуруст аст, ки иҷозатномаи корхона барои истихроҷи маъданҳо аз конҳо тамом шудаасту дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди Ҳукумати мамлакат бо саҳомони ширкати “Зиҷин” идома дорад ва дар сурати ҳал шудани гуфтушунид, корро идома хоҳем дод».
- Аз кор мондани корхонаи мазкур метавонад чанд омили манфӣ ва зиёнҳои ҷиддӣ дар пай дошта бошад,- мегӯянд коршиносон. Аз ҷумла, дар аввали соли равон иҷро нагардидани нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷро нашудани нақшаи андоз, зиёдшавии қарзи маош ва нафақа аз ҳисоби воридоти буҷа, коҳиши воридоти молӣ ба буҷаи маҳаллӣ ва
навоқиси дигар.
Ба умеди танҳо як корхонаи бузург шудан чи барои ҷумҳуриву чи барои маҳалле, ки корхона дар он ҷойгир аст, ақида ва равия хатоест. Зеро чунин корхонаҳо ҳиҷ гоҳ, ба гуфтаи коршиносон, абадӣ нестанд. Агар бо ин ё он иллати фаннӣ ва ё омилҳи дигари табиӣ ин корхонаҳо мабодо аз фаъолият бозмонанд, дар он сурат зарбаи сахте ба иқтисоди маҳал ва вилояту кишвар ва кормандон хоҳад расид.
Тақрибан чунин таъкидҳоро борҳо роҳбарони вилояти Суғд ба раисони шаҳри Панҷакент расонида буданд, ки танҳо ба умеди КМ “Зарафшон” нашавед. Яке аз ҳамин гуна роҳбарон собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, имрӯза сарвазири мамлакат мебошад. Ӯ дар як ташрифаш ба Панҷакент гуфта буд, ки «қисмати зиёди буҷаи Панҷакент аз ҳисоби КМ “Зарафшон” аз рӯи нишондоди омор мебошад. Дигар корхонаҳои саноатӣ нақшаҳои хешро иҷро накардаву барои пур кардани буҷа ва андоз нақши назаррас надоранд. Ин амалиёт хато аст, зеро танҳо ба умеди як корхонаи КМ “Зарафшон” шудану корхонаи хурди истеҳсолии саноатиро бунёд накардан ва бо ин васила саноатро рушд надодан, дар минтақа боиси нигаронӣ ва иштибоҳи азим аст». Чунин буд пешгӯии сарвазир Қоҳир Расулзода.
Андешаи дигар ҳам дар байни коршиносон ҷой дорад, ки бояд Ҳукумати мамлакат масъалаи тақсимоти саҳмияро ба нафъи Тоҷикистон ҳал намояд, зеро тибқи қоидаҳои байналхалқӣ, дар бештар маврид соҳибони замин ва онҳое, ки соҳиби ашёи хоманд, бояд қисми зиёди саҳмро доро бошанд. Ба гуфтаи онҳо, ин корхонаи азимро, ки манфиату суди зиёде ба ҷумҳуриву вилояту Панҷакент меорад ва садҳо оилаҳоро нон медиҳад, бояд ҳарчи зудтар фаъол гардонанд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА,
Хуршед ФОЗИЛОВ,
МТЖТ 

Хонданд 1227

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.