.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Иқтисод

Қазияи «Тоҷпромбонк»: Вазорати молия ё Солеҳҷон Ҷураев?

17 августи соли равон, Суди ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятии адвокати машҳур, Солеҳҷон Ҷураевро аз болои ду ниҳоди шинохтаи кишвар, - Вазорати адлия ва Вазорати молия, мавриди баррасӣ қарор дод. 

Ахиран соли равон, суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе изҳороти адвокати машҳури тоҷик Солеҳҷон Ҷураев, аъзои Раёсати адвокатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз болои Вазорати Адлия ва Вазорати молияи кишвар перомуни қатъи фурӯши амволи «Тоҷпромбонк» мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласаи шиносоии судӣ рӯзи 17 август баргузор гардид. 

Гуфта мешавад, ки саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» тӯли якунимсол боз инҷониб наметавонанд, ки маблағҳои дар ин бонк гузоштаи худро баргардонанд. Монеаи асосӣ дар ин роҳ мавқеи вазорати молия ҳисобида мешавад. Тасмим гирифта шуда буд, ки моликияти бонкро ба фурӯш гузошта, қарзи мизоҷонро бармегардонанд. Аммо Вазорати молия бо як қарори худ ин амалкардро рад кард ва ҳамин тавр, мизоҷон то кунун натавонистанд, ки маблағҳои худро баргардонанд. 

Қазияи ба бӯҳрон гирифтор шудани «Тоҷпромбонк» соле қабл расонаӣ шуда буд. Ҳукумат ваъда дода буд, ки  барои нигоҳ доштани бонки мазкур ба миқдори 450 миллион сомонӣ маблағ ҷудо хоҳад кард. «Тоҷпромбонк» дар навбати худ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи амволи худро дар ихтиёри Вазорати молия ба гарав гузошт. Аммо маблағи мазкур ба ҳисоби «Тоҷпромбонк» нагузашт.

 Охири моҳи феврали соли гузашта, Бонки миллӣ қарореро дар барои барҳам додани фаъолияти бонки мазкур қабул кард. Ҳуҷҷатҳои ба гаравгузоштаи бонкро бошад, вазорати молия то кунун баргардонидааст. 

Қабл аз ин, Вазорати молия бо ирсоли як номаи вижаи худ аз Вазорати адлия дархост карда буд, ки ба фурӯши моликияти «Тоҷпромбонк»  дар ҳама идораҳои нотариалии давлатӣ манъ карда шавад. Роҳбарияти Вазорати молия иддаои худро бар он асоснок карда буд, ки гӯё бонки мазкур ба миқдори 117 миллион сомонӣ аз Вазорати молия карздор аст. Шумораи объектҳое, ки фурӯшашон манъ карда шудааст ба 113 объект расида, нархи онҳо 572 миллион ҳисоб шудааст. 

Дар асоси ин, саҳмгузороне, ки моликияти бонкро дар натиҷаи музояда соҳиб шудаанд, наметавонанд тавассути идораи нотариалии давлатӣ амволро ба номи худ ба қайд гиранд. Вазорати адлия дар асоси мактуби Вазорати молия ба зерсохторҳои худ дар саросари кишвар амр дод, то аз нав бақайдгирии ҳамагуна моликияти «Тоҷпромбонк» худдорӣ намоянд.

Яке аз саҳмгузорон, Солеҳҷон Ҷураев талаб дорад то суд қарори мазкурро дар бораи манъи фуруши моликияти «Тоҷпромбонк» ғайриконститутсионӣ ҳисобад. Ба андешаи Ҷураев, ниҳодҳои мазкур бо ин амалкарди худ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба моликият поймол мекунанд. Бинобар ин, ӯ талаб кардааст то роҳбарияти ниҳодҳои мазкур бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд ва ҳамагуна ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба ин қазия ба Прокурори генералии ҶТ барои баррасӣ  ирсол карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар вохӯрии қаблӣ бо намояндагони суди ноҳияи Шоҳмансур намояндаи Вазорати молия иштирок накард. Намояндаи Вазорати адлия Давлат Раҷабзода гуфт, ки Вазорати адлия дар чаҳорчуби қонун амал кардааст. Ба гуфтаи ӯ 13 августи соли равон роҳбарияти Вазорати адлия фармони Пурокуроратураи генералиро қабул кард. Дар асоси ин қарори Прокуратураи генералӣ аз 15 август бо фармони вазири вазорати адлия монеаҳо барои ба фурӯш гузоштани  моликияти «Тоҷпромбонк» бардошта шуд. 

Аммо дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Ҷураев аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки роҳбарияти ниҳодҳои мазкур то кунун қонуншикании худро идома медиҳанд, вале касе дар ин бора ҳарфе намегӯяд. Ба қавли номбурда 4 майи соли равон ба муроҷиати ӯ муовини вазири Вазорати адлия Ҳаким Мирсайдзод такроран тасдиқ кард, ки ба фурӯш гузоштани моликияти «Тоҷпромбонк» қатъият манъ карда шудааст. 

-Агар ин амалкарди вазорат қонунӣ бошад, пас чаро имрӯз роҳбарият қарори муовини худро бекор кард? Аз ин рӯ, талаб дорам, ки ин қазия бояд ҳалли худро ёбад ва суд бояд қарори одилона барорад. Назди қонун бояд онҳое ҷавоб диҳанд, ки ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандонро вайрон кардаанд, -мегӯяд Солеҳҷон Ҷураев.

Дар номаи дархостии худ адвокат Солеҳҷон Ҷураев талаб кардааст то дар ҷаласаи навбатии суд, ки дар назар аст 29 август баргузор гардад, муовини аввали вазири Вазорати адлия Абдуманнон Холиқзода ва муовини вазири Вазорати адлия Хаким Мирсайдзод бояд иштирок варзанд. 

Ҷураев фармони Прокурори генералӣ дар бораи лағв кардани фурӯши моликияти «Тоҷпромбонк»-ро оғози баҳси судӣ меҳисобад. 

Ӯ гуфтааст, ки «ман тӯли ду сол аз болои ин чиновникҳо ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардам, аммо ҳамаи ин бенатиҷа монд. Роҳбарияти ин ниҳод ба ин диққати ҷиддӣ надод. Акнун, вақте 2 август ба суд муроҷиат кардам, Прокуратураи генералӣ бо як фармони худ манъи фурӯши моликияти «Тоҷпромбонк»-ро бекор кард, - мегӯяд Ҷураев.

Суди ноҳияи Шоҳмансур дархости Солеҳҷон Ҷураевро қабул кардааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки суд барои иштироки роҳбарияти Вазорати адлия ва Вазорати молия дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар назар аст рӯзи 29 август баргузор гардад, мусоидат кунад. 

Гуфта мешавад, ки қазияи мазкур соле қабл, дар паи як номаи Солеҳҷон Ҷураев ба унвони Президент оғоз гардида буд. Дар номаи худ ба унвони роҳбарияти кишвар Солеҳҷон Ҷураев навишта буд, ки Ҷамшед Зиёев собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» маблағи зиёдеро барои сохтмони бесифати як қатор соҳибкорон аз ҳисоби бонки мазкур ҷудо кардааст. 

Бояд гуфт, ки соли 2013 Ҷураев маблағи 45 ҳазор доллари амрикоӣ ба бонк гузошта буд. Аммо дар қатори дигар мизоҷон ӯ натавонист, ки маблағи худро баргардонад. 

- Тӯли ду соли охир 79 маротиба ба роҳбарияти бонк муроҷиат кардам, аммо натавонистам, ки маблағҳои худро пас гардонам. Ҳамроҳи ман садҳо фиребхӯрдагони дигар низ дар остонаи дари «Тоҷпромбонк» ҳиссаи худро талаб доштанд»,- гуфта буд соле қабл Солеҳҷон Ҷураев.

Ҷураев таваҷҷӯҳи судро ба он ҷалб кард, ки вазорати молия бо мақсади тиҷорат ба ҳисоби «Тоҷпромбонк» 100 миллион сомонӣ бо фойидаи 18 % барои як сол гузошта будааст. Номбурда талаб дорад, ки ба суд шартномаи Вазорати молия ва «Тоҷпромбонк» дар бораи қонунӣ будани ин доду гирифт пешниҳод шавад. 

Гуфта мешавад, ки Ҷамше Зиёев, собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» рӯзи 24 апрели соли равон ба ҳабс ва 16 май ба боздоштгоҳи муваққатӣ ирсол дода шуд. Ба навиштаи Солеҳҷон Ҷураев, собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев, маблағхои аз ҳисоби саҳмдорон ба даст овардаро ба манфиати худ, аниқтараш, барои рушди тиҷорати шахсии худ истифода бурдааст.

 Тибқи иттилои расида, айни ҳол Ҷамшед Зиёев қисми зиёди саҳмҳои худро дар як заводи истеҳсолкунандаи нушокиҳои сард аз даст додааст. Манбаъ мегӯяд, ки ҳоло аз Зиёев талаб доранд, ки ҳамаи моликияти ба даст овардаашро ба давлат супорад. Танҳо дар ин сурат метавонанд ӯро аз маҳбас озод кунанд. Тахмин меравад, ки ӯ ба ин шарт розӣ хоҳад шуд ва ба қазияи Зиёев нафарони дигари ба ин тиҷорат дастдошта, ҷалб хоҳанд шуд. 

Аммо ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки то куҷо нафароне, ки дар ин сохтакорӣ ва ба бӯҳрон гирифтор шудани «Тоҷпромбонк» даст доранд, ҳамроҳи Ҷамшед Зиёев ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Зиёев номи аксарияти шарикони худро ошкор кардааст. 

Ба ҳар сурат вақт нишон хоҳад дод, ки тақдири Зиёев бо чӣ хоҳад анҷомид: Озодӣ ё ҳабси дарозмуддат? 

Д. Салимов, МТЖТ

Хонданд 498

Биҳишт мехоҳӣ? Ба Тоҷикистон биё!

Авг 20, 2018
Диданд: 212

Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид ва феълан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба таври густурда гузаронида мешавад. Омӯзиши кӯтоҳи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон  нишон дод, ки иқдоми мазкур на танҳо аз тарафи соҳибкорон ва онҳое, ки бевосита дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд, хеле хуб истиқбол шуд, балки ҳар нафаре мехоҳад, дар рушди сайёҳӣ нақши худро гузорад ва дар пешрафти соҳа нақши арзандае дошта бошад. 

 

Рушди сайёҳӣ дар Суғд

Қаблан эълон шуда буд, ки ба ифтихори Соли Рушди сайёҳӣ давлат ба соҳибкороне, ки ширкатҳои нав мекушоянд ва ё дар бунёду сармоягузории инфрасохтори туристӣ саҳм мегиранд, имтиёзҳои зиёде дода, онҳоро аз андозҳои гуногун озод намудааст. Шояд маҳз ҳамин имтиёзҳои додашуда сабаб шуда бошанд, ки ширкатҳои зиёди сайёҳӣ ташкил шуда, бо пешкаши хизматрасониҳои гуногун, як таккони ҷиддие дар рушди соҳа ба вуҷуд оварданд. Чунин як пешравӣ ва як таккони ҷиддӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бахусус дар вилояти Суғд сахт эҳсос мешавад.  Дар ин вилоят бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон, бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Аҳмадзода чандин ширкатҳои сайёҳӣ ташкил шуда, тамоми идораҳои давлатӣ дар маҳаллҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо тартиб додани нақшачорабиниҳо дар хубу босамар гузаронидани соли рушди сайёҳи саҳм гиранд ва бо пуштибонӣ аз ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ, таваҷҷӯҳи асосиро пеш аз ҳама ба бунёди инфрасохтори нав ҷалб кунанд. Тасмим гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017, дар соли 2018 ба вилояти Суғд як баробар бештар сайёҳон ҷалб карда шавад.  Бо ин мақсад соли равон дар чор шаҳри вилояти Суғд:  - Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент шӯъбаи кор бо рушди сайёҳӣ ташкил карда шудааст. Вазифаи шӯъбаи мазкур ба роҳ мондани ҳамкории зичи хокимияти маҳаллӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон, инчунин ба роҳ мондани нақша чорабиниҳои гуногун барои рушди сайёҳӣ гуфта мешавад.  

 

Хатсайрҳои маъруфи сайёҳии Суғд

Нахуст бояд гуфт, ки бинобар асосан кӯҳсор будани табиати вилоят, дар Суғд ба Туризми кӯҳӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст ва сайҳон асосан маҳз бо мақсади сайри кӯҳҳои осмонбӯс ва дидани ҷойҳои таърихӣ меоянд. Бинобар ин соли равон дар баробари хатсайрҳои кӯҳнаи сайёҳӣ чандин хатсайрҳои нав мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки хеле диққатҷалбкунанда ҳастанд.

 Хатсайри “Шоми Душанбе” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб -Душанбе – Ҳисор - Хуҷанд); 

Хатсайри  “Искандаркӯл” (Хуҷанд - Истаравшан – Шаҳристон - Айнӣ – Искандаркул -Хуҷанд); 

Хатсайри “ Ҳафткӯли мӯъҷизаофар” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ -Панҷакент – Саразм - Ҳафткӯл - Хуҷанд) 

Хатсайрҳои мазкур аз маъруфтарин хатсайрҳои наванд, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудаанд ва аллакай мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии сайёҳон қарор гирифтаанд.  

Инчунин хатсайрҳои зиёди дигаре мавҷуданд, ки дар қаторкӯҳҳои Фон ва Рӯди Зарафшон ба нақша гирифта шуда, асосан худудҳои ноҳияҳои Панҷакент ва Айниро фаро гирифтаанд. Хатсайрҳои мазкур бо назардошти мӯҳлати сафари сайёҳон тартиб дода шуда, аз як ҳафта то як моҳро дар бар мегиранд. 

Хатсайри аз ҳама дарозтарин, хатсайри - «Искандаркӯл-Санги Сафед» буда, бевосита аз Искандаркӯл оғоз меёбад ва чунин тартиб дода шудааст: - Искандаркӯл – Саратоғ- дараи пули Малик - Суғурхона- Ағбаи Дугдон (баландиаш 3500м аз сатҳи баҳр) – дараи Арчамайдон (Сари Хаданг) - Пушти кӯл - Қайроқсанг – Ғазза - Ағбаи Ғӯйтан (баландиаш 2900м) – ағбаи Чуқурак (баландиаш 2400м) – ағбаи Кӯли Калон  (баландиаш 3260) – ағбаи Аловиддин (баландиаш 3840м) – Кӯли Аловиддин (баландиаш 2700м) - Кӯли хира ( баландиаш 3540м) - Дараи Санги Сафед (баландиаш 2300м) – пиряхи калонтарини кӯҳҳои Фон “Иммат” (баландиаш 3600м) - Санги сафед).

Хатсайри «Душанбе – Зимтуд» (Душанбе – Аловиддин – Кӯли хира - ба воситаи ағбаи Ловдан (баландиаш 3640м)  ба Кӯли калон- Чуқурак-Зимтуд-Душанбе).

Хатсайри «Шӯрмашк – Рашнаи Поён» (Шӯрмашк-Дуоба-ағбаи Ботхона(3500м) –Аловиддин – Кӯли хира– Аловиддин – ағбаи Ловдан - Кӯли калон –кӯли Чуқурак - Чормағззори Ғазза- Ғӯйтан - ё Зурмич (3700м) - Қайроқсанг- ба воситаи Пушти кӯл - ағбаи Манора (3540м) – Оби сафед - ағбаи Тобасанг (3320м)– Кӯли 7-ум ва 6-уми Ҳафткӯл - Рашнаи поён.

 Хатсайри мазкур дар Рашнаи поён ба итмом мерасад ва вобаста ба хоҳиши сайёҳон онҳоро аз Рашнаи поён то Душанбе, Хуҷанд ва ё Ҷартеппа, сарҳади Ӯзбекистон гусел мекунанд.

Хатсайри Ҷартеппа – пиряхи Чимтарға: - (Ҷартеппа (сарҳади Ӯзбекистон) – Лагери туристӣ- алпинистии Артуч - Кӯли Чуқурак - Кули калон - Кӯли Аловиддин- Кӯли хира - пиряхи Чимтарға (баландиаш 4800 м. аз сатҳи баҳр) - кӯли Алои бузург (Болшой ало) –Амшуд). 

Хатсайри мазкур дар дараи Амшуд ба поён мерасад ва сайёҳон аз ҳаминҷо то Хуҷанд, Душанбе ва ё сарҳади Ӯзбекистон гусел карда мешаванд. 

Баъзе гурӯҳҳое, ки ба мӯҳлати кӯтоҳ аз Самарқанд ба Панҷакент ворид мешаванд ва мҳлати 2-3 рӯзаи сафар доранд, онҳо сафари худро аз Саразм оғоз намуда дар Ҳафткӯл ба итмом мерасонанд. 

Инҳо хатсайрҳоеянд, ки асосан дар қаторкӯҳҳои Фон қарор доранд ва тамоми кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Фон, Анзобу Варзоб, Кӯлҳои Искандаркӯлу, Аловиддин, Кӯли калону Чукурак, Ҳафткул ва даҳҳо мавзеъҳои дигари биҳиштосои моро ба сайёҳон муаррифӣ мекунанд ва сайёҳони аз самти Сармарқанд, Хуҷанд ва Душанбе ояндаро тавассути ин хатсайрҳо ширкатҳои сайёҳӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Ҳисоботи омории солҳои охир нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон ба вилояти Суғд сол ба сол зиёд шуда истодааст. Бинобар ин роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, ки ба ин соҳа хеле бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳаи туризмро ба як соҳаи аз ҳама пешрафта дар вилоят табдил диҳад. 

 

Ҷангалбонҳо дигар аз сайёҳон пул намегиранд

Ба назар чунин мерасад, ки дар баробари додани имтиёз ба ширкатҳои сайёҳӣ инчунин баъзе монеаҳое, ки ба рушди соҳа халал ворид мекарданд, бартараф шуда истодаанд. Дар шаҳри Панҷакент, мо вақте бо Раиси хоҷагии чангали ноҳияи Панҷакент сӯҳбат мекардем, нахустин суол ин буд, ки Хоҷагии ҷангал хоҷагиест, ки бо сайёҳӣ хеле алоқамандии зич дорад ва ин хоҷагӣ алъон чи саҳме дар рушди сайёҳӣ гузошта истодааст? 

Нарзулло Лӯъмонов, Раиси хоҷагии чангали ноҳияи Панҷакент иброз дошт, ки воқеан Хоҷагии ҷангал аз муҳимтарин хоҷагиҳоест, ки бо сайёҳӣ ва сайёҳон сахт алоқамандӣ дорад. Зеро сайёҳон ба ҳар куҷое, ки меоянд, маҳз дар заминҳои ҳоҷагии чангал қарор мегиранд ва бо ҷангалбонҳо рӯ ба рӯ мешаванд. 

Барои он ки миёни ҷангалбонҳо ва сайёҳон нофаҳмиҳо сурат нагиранд, бо фаро расидани соли Рушди сайёҳӣ  Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 545 аз 02.11.2007 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» муваққатан боздошта шуда, гирифтани пул аз сайёҳон манъ карда шуд. Дигар ҳеҷ ҷангалбон ҳақ надорад, ки аз сайёҳон барои маскунат дар ин ё он минтақа пул ситонад. Ҷангалбонҳо танҳо назорат мебаранд, ки сайёҳон дарахтҳоро набуранд ва аз ҷангал самаранок истифода баранд. Мо бо ҷангалбонҳо семинарҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида тарзи дурусти муносибат бо сайёҳонро омӯхтем ва дастур додем, ки дар сурати зарурият кормандони мо ба сайёҳон кӯмакҳои худро расонанд. 

Тибқи гузориши Сармутахассиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷакент Адҳам Асров, масъулини Хоҷагии ҷангал ҳатто миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, ба онҳое, ки имконияти бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳиро доранд, пешниҳод намуда истодаанд, ки дар дараҳои сайёҳӣ  замин гиранд ва барои ҷалби сайёҳон иншоотҳои шахсӣ, аз қабили меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо бунёд намоянд. 

 

Ба ҷои хулоса

Тоҷикистони биҳишосои мо сарзамини дорои кӯҳҳои сарбафалаккашида, табиати сарсабзу дилфиред, обҳои мусаффову табобатӣ буда, дар сурати истифодаи босамар метавонад ба кишвар даромади зиёд орад. Боварии комил дорем, ки иқдомҳои пиёданамудаи давлат ва ҳукумат самараи нек меорад ва кишвари азизи мо дар ояндаиназдик ба як кишвари бузурги сайёҳӣ табдил меёбад. 

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 212

Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ мешавад. Бо ин мақсад филиали ширкат ҳамкории худро бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш бахшида, таҷриба ва технологияи ҷадиди онҳоро дар раванди фаъолият истифода намуда истодааст. Фаъолияти муштарак ва барои тарафайн судманд  имкон фароҳам меорад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд. 

Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони  воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нагардидани талаботи мавҷуда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе –Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали ширкат дар ин минтақаҳо таъмири куллии роҳро гузаронд. 

Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин падидаи номатлуб -  аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали ширкат тадбирандешӣ дошту дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. 

Сониян, нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол гардиданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки то ин замон дар километрҳои 39 ва 181 нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъолият доштанд. Бо мақсади тавсеа бахшидани чораандешиҳо ҷиҳати тамдиди муҳлати истифодаи роҳ роҳбарияти филиали ширкат тасмим гирифт, ки дар наздикии ҳар плазаи толлингӣ чунин нуқтаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. 

Иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 –ум нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шуруъ менамояд. Баҳри татбиқи ин иқдом ҳамкории филиали ширкат бо ширкати “Tecsidel” беш аз пеш густариш ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ширкати зикршуда таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Русия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳиндустон ва ғайра аз таҷҳизоту хизматрасониҳои он истифода намуда истодаанд.

Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39 зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониби ҳаракат баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаи нави вазнченкунӣ пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист 

Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти мо дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, бамаротиб зиёд аст. Эътироф бояд кард, ки табиати инсонҳо, хоса мардуми Шарқ аҷиб аст. Содир кардани кирдори номатлубе, ки пайомадаш муҷозот набошад, барои як идда падидаи маъмул буда, далели бебаҳси он аст, ки аксар маврид маҳз пешбинӣ нашудани ҷавобгарӣ боиси тамоюли афзоишро касб намудани қонуншиканӣ буда метавонад. Далел меорем: То фаъол гардидани маркази худкори «Шаҳри бехатар» қисмати аъзами ронандагон «шоҳу таъбашон вазир» буд. Чун қонунвайронкуниҳояшон боиси холишавии киса гардид, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муҷрим дониста нашаванд. 

Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти филиали ширкат ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ - бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо – Шаҳристон , Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол мешаванд. 

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби моликону истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад. 

Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои васитаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад». 

Бо дарназардошти нукоти зикршуда иловатан таъкид менамоем, ки иқдоми мазкур на ба хотири ҷамъоварии маблағи иловагӣ, балки ҷиҳати аз байн бурдани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд амалӣ шуд. 

Аз ҷониби дигар, чунин иқдом дар тамоми мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк намуда, талаботи ҷоришударо риоя хоҳанд кард.

Маркази матбуоти Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонданд 218

Самарқанд сайқали рӯйи замин аст…

Авг 11, 2018
Диданд: 514

(Гузориши тасвирӣ аз парвози нахустини ҶСК «Тоҷик Эйр» ба Самарқанд)

Рӯзи 28-уми июли соли равон ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустини худро дар хатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанбе бомуваффақият анҷом дод. 

Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ҶСК «Тоҷик Эйр» соати 9:00-и субҳ бо 144 мусофир аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба самти Самарқанди бостонӣ парвоз намуд. Дар парвози нахустин дар ин хатсайр Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», намояндагон аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорону мусофирон ҳамсафар буданд. Пас аз гузашти 35 дақиқа ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд фуруд омад. Мусофирони нахустхатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанберо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Самарқанд хуш истиқбол гирифтанд.

Бо роҳнамоии онҳо ҳайати ҳамсафарон аз Мақбараи Хоҷа Дониёр, Гӯри Мир, майдони Регистон, Осорхонаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик-Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд. 

Ин сафар гарчанде кӯтоҳмуддат буд, аммо хушу хотирмон поён ёфт. Чи хуш аст вақте дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанӣ, ҳама туро мефаҳманд ва бо ин забон бо ту вориди суҳбат мешаванд.

Ҳангоми бозгашт ба Душанбе аз Сайқали рӯи замин ҳар яке бо худ армуғоне ва албатта нони хушлаззати самарқандиро ҳамроҳ овардем.

Зимнан гуфтан бамаврид, аст, ки парвози дуюми ҶСК «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе-Самарқанд-Душанбе дар санаи 4-уми августи соли равон низ анҷом дода шуд. Минбаъд парвозҳо дар ин хатсайр шанбеи ҳар ҳафта анҷом дода мешавад. 

Муддати парвоз ба як тараф 35 дақиқа буда, чипта 684 сомонӣ арзиш дорад. Масъулини ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯянд, ки бо зиёду доимӣ шудани мусофирону парвозҳо дар ин хатсайр арзиши чипта низ арзон мешавад. Умедворем, ки ҳамин тавр мешавад. 

Суратгузориши мазкур аз рафти сафар ба Сайқали рӯи замин омода гардидааст, ки пешниҳоди хонандагони гиромии нашрияи «Самак» мегардад. 

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

Душанбе-Самарқанд-Душанбе

Хонданд 514
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.