.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Иқтисод

Тиҷорат ва маблағгузорӣ дар хатаранд!!!

Феълан гап сари мутахассис ва одамоне меравад, ки аз хориҷи кишвар мехоҳанд тиҷораташонро дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва ривоҷ диҳанд, вале билохира соҳибкорони фаъолияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ зарар мебинанд. Ҳоло бошад, мо мехоҳем, вазъияти ташкилоти МСР (Маркази содиротии Русия) дар Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, ки фаъолияташро соли 2015 дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Бо ба фаъолият оғоз намудани маркази мазкур мо – соҳибкорони ду ҷониб ҳам аз Русия ва ҳам аз Тоҷикистон умедҳои зиёде доштем. Вале ба назари мо, бо гузашти се сол умедҳоямон ҷомаи амал напӯшиданд.

Сабаб дар он аст, ки ба ин ташкилот ҷаноби Прохоренко Дмитрий Игоревичро ба ҳайси роҳбар ба кор даъват намуданд. Мегӯянд, ки «кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд», аммо натиҷа ва таҳлили фаъолияти кории ин роҳбар дар ин ташкилоти молиявӣ чандон натиҷаи хуб намедиҳад.

Прохоренко Дмитрий Игоревич соли 2013 ҳамчун яке аз соҳибкорони пешбар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буд ва фаъолияти худро дар гуруҳи ширкатҳои «АМА»  ба ҳайси директори иҷроия шурӯъ намуд. Вале дар натиҷа ӯ ба чизе ноил нагашт, ба ғайр аз муфлис кардани ин ширкат давоми ду сол. Бояд гуфт, ки ин ширкат то замони омадани ҷаноби Прохоренко Дмитрий Игоревич давоми 15 сол дар бозори миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи IT-технология ва телекоммуникатсия фаъолият ва рушд мекард. Мақсад аз даъват намудани банда ба ҳайси роҳбари нави ин ширкат танҳо рушди он буд.  Ва инак, соли 2015 гуруҳи ширкатҳои мазкур бо «мусоидати ин соҳибкори муваффақ» пурра аз байн рафт ва Прохоренко Д.И. дар ҷустуҷӯи манбаи дигари даромад дар ҷумҳурии меҳмоннавози мо афтод. Бо истифода аз боварӣ ва робитаҳое, ки миёни мансабдорон пайдо намуд, ширкати ҶДММ «АМАГРУП»  таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон машинаҳои назоратӣ-пулиро назорат мекунанд. Ин тиҷорат нисбат ба тиҷорати аввалӣ муваффақтар пеш рафта истодааст, зеро он системавӣ мебошад ва Кумитаи андози ҶТ онро дастгирӣ менамояд.  

Ҷаноби Прохоренко Д.И. бӯйи пул ва даромаднокии ин тиҷоратро ҳис карда, ба қароре омад, ки нисбати шариконаш рафтори разилона намояд, яъне онҳоро аз ҳаққи иштирок дар ин лоиҳаи муштарак маҳрум созад. Ҳарчанд шартномаи пешакӣ миёни шарикон ва ҷаноби Прохоренко Д.И. тамоман дигар буд. Ба ҷойи он ки ҳамкориро бо шарикони навбатиаш, ки ӯро ба ин вазифа пешбарӣ намуданд, ривоҷу равнақ бахшад, ӯ баръакс хост танҳо бошад. Зеро ба ақидаи ӯ, дар танҳоӣ метавонӣ маблағи бештар ба даст биёварӣ. Ва билохира, дар соли 2018, агар соддатар ва бо забони кӯчагӣ гӯем, ӯ ҳамкорони навбатии худро «кидать» кард.  

Имрӯз ҳамаи он ҳамкороне, ки аз ҷаноби Прохоров Д.И. пешпо хӯрдаанд, ба ғазаб омада, аз болои ӯ ба суд шикоят кардан мехоҳанд.

Дар ташкилоти МСР шикоят аз ҷониби шарикони потенсиалӣ зиёд қабул карда мешавад. Аксарият аз рафтори ҳавобаландонаи ӯ, ваъдаҳои зиёди пулҳои афсонавӣ ва маблағгузорӣ аз рӯйи шартнома шиква мекунанд, ки дар натиҷа ягонтои онҳо амалӣ намешуданд. Аз рӯйи якчанд шикоятҳо маълум гардид, ки ҳар он нафаре, ки бо Прохоренко Д.И. ошноӣ пайдо мекард, дар натиҷа сахт пешпо мехӯрд, ки ин обрӯйи ӯро рехт ва ӯ аз боварии соҳибкорони калон, ки мехостанд бо МСР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошанд, мебаромад. Барои ташкилоти ҷавон баҳри ташаккул ёфтан дар дигар давлатҳо ин омили хеле муҳим мебошад. Бо назардошти он ки дар ҶТ институтҳои молиявии калони касбии сатҳи байналмилалӣ кам нестанд ва онҳо муваффақона дар ҶТ ва сар то сари ҷаҳон фаъолият доранд, назар ба МСР, ки дигар шахсони тасодуфӣ ва фиребгаронро ба ҳайси роҳбар таъин намекунанд. 

Тоҷикистон давлати чандон калон нест ва овозаҳо дар ин ҷо зуд паҳн мешаванд. Барои кор дар ин кишвар нафаре лозим аст, ки ин нозукиро дарк кунад, вале чунин фиребгарон ба кишвари Русия ягон манфиат намеоранд. Имрӯзҳо Русия мақсади содирот кардани моли худро ба кишварҳои хориҷа дорад, ки ин дар пешрафти иқтисодиёти он нақши муҳим мебозад. Русия барои амалӣ намудани ин мақсади худ тақрибан 10 млн доллари амрикоӣ ҷудо намуда, ва махсус ташкилоти МСР-ро ташкил намуд. 

Кадрҳои ин ташкилот бояд дипломат бошанд ва бо соҳибкорон муносибатҳои кории хубро ба роҳ андозанд, на ин ки як рӯз фаъолият карда, обрӯйи Русияро миёни ҳамкорон резонанд. Мувофиқи таҷрибаи институтҳои молиявӣ ягон роҳбар дар давлати бегона набояд тиҷорати худро дошта бошад, зеро дар акси ҳол диққати ӯ на ба кори давлат, балки ба тиҷорати шахсиаш равона мешавад. 

Дмитрий Игоревич дар аксар мубоҳисаҳо эълон медорад, ки ба наздикӣ ӯро ҳамчун роҳбари МСР ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мефиристанд. Ӯ рӯйи рост мегӯяд, ки дар Русия дар сатҳи «ҳарф ба ҳарф» (протоколӣ) гуфтугӯҳо дорад ва аз мақоми махсус бархурдор аст. Барои ҳамин, ӯ шарикон ва соҳибкоронеро, ки миёнашон нофаҳмиҳо ва низоъ, барои мисол дар масъалаи ҳиссатақсимкунӣ дар ширкати «АМАГРУП» ба миён омадааст, ба як пули сиёҳ намегирад.

Амалан маълум мешавад, ки дар сари вазифа нафареро гузоштаанд, ки давоми панҷ сол нони Ҷумҳурии Тоҷикистонро хӯрда, лаззат бурда истодаасту як гурӯҳи ширкати «АМА»-ро муфлис карда, соҳибкорони маҳаллиро дар лоиҳаи калон «кидать» кардааст. Аз мансабдории худ истифода бурда, Прохоренко Д.И. тиҷорати худро дар кишвари бегона рӯпӯш мекунад ва барои пешрафти МСР тамоман кӯшиш намекунад, зеро дар ин соҳа на саводи кофӣ дораду на таҷрибаи корӣ. Бояд гуфт, ки ҳамчун роҳбари ин ташкилот ӯ маоши хеле хуб мегирад, вале ба ин нигоҳ накарда, обрӯйи Русияро дар Тоҷикистон мерезонад. Ӯ ҳанӯз ҳам сари вазифа қарор дорад ва бо ифтихор мегӯяд, ки ба наздикӣ вазифаи баландтар мегирад. Адолат дар куҷост, роҳбарон ба куҷо мениганд ва кӣ ҳамаи инро назорат мекунад?! Бобати ин масъала бояд андеша кард! Метавон гуфт, ки дар курсии роҳбарии ин ширкат «Остап Бендер» нишастааст, ки ӯ ғайр аз худаш ва боигариаш дигар дар бораи касе ва чизе андеша намекунад ва андеша кардан ҳам намехоҳад. 

С. Раҷабов,

Б. Хоҷаев

Хонданд 152

Сохтмони аср

Нояб 29, 2018
Хонданд: 160
Сохтмони аср

Сохтмони иншооти бузурги аср НБО Роғун дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад, ки дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз боло дар қатори  9-ум ҷойгир буда, дар масофаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст. 

НБО Роғун аз 6 агрегат  иборат буда, иқтидори ҳар чарха 600 МВтро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз сатҳи замин (сарбанди гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта ба иқтидори 360 МВт (беш аз 17 миллиард кВт.ст) калонтарин  нерӯгоҳи барқӣ- обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО Норак якуним маротиба зиёд аст. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш бошад. Ин иншоот аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион кВт.ст нерӯи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 чархи НБО Роғун Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои минтақаро бо нерӯи барқ таъмин намояд. Алҳол дар ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18000 коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бархе аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд. Маврид ба  зикр аст, ки агрегати аввали ин иншооти аср 16 ноябри соли равон ба истифода дода мешавад ва иқтидори тавлидии нерӯи барқи аз ҷиҳати экалогӣ истеҳсолшуда 1000 МВт ташкил мекунад. 

Инчунин, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитӣ НБО Роғун гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО Роғун мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба нерӯи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, дар як қисмати ғарбии Ҷумҳури халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии нерӯи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард кВт.ст ба кишварҳои хориҷӣ нерӯи барқ содир менамояд. Таъмини аҳолии кишвар бо нерӯи  барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. 

Дар стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани нерӯи барқ, сохтмони чархаи дуюми НБО Роғун ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард кВт  нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Ин нишондод  дар қиёс бо соли 2015 се маротиба зиёд аст.

Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлидоти барқ ба ҳар як нафар аҳолии мамлакат ҳудуди 2000 кВт.ст ташкил медод, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 4 маротиба афзуда, ба 4000 кВт.ст. баробар мегардад. Он имконият медиҳад, ки таъминоти мардум бо нерӯи барқ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам дар пойтахти мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд гарданд ва ба ин восита рушди иқтисодиёти мамлакатро бамаротиб баланд бардошта, дар пешрафти ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд. 

Мусаллам аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии CASA - 1000 амалӣ мегардад. CASA - 1000 лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон, Афғонистон ба Покистон пешбинӣ гардидааст ва дар ин самт созишнома ба имзо расидааст. Ин созишнома имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард кВт нерӯи  барқӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир мешавад, ва аз он 3 миллиард кВт.ст ба Тоҷикистон рост меояд. Лоиҳаи CASA - 1000 - ро бештар аз 10 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ кардаанд, ки тибқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавлид, фурӯш ва содироти нерӯи барқ афзалияти бештар дорад. 

 

Умедҷони Лоиқшо,

Муовини декан оид ба корҳои таълимии факултаи филологияи тоҷики ДДОТ

Хонданд 160

Ягона литсейи роҳи оҳанчиён

Нояб 26, 2018
Хонданд: 179
Ягона литсейи роҳи оҳанчиён

Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар миқёси Ҷумҳурӣ ягона муассисаест, ки барои Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи Оҳани Тоҷикистон мутахасис тайёр мекунад. Дар тӯли фаъолияти дуру дарози худ муассисаи таълимии мазкурро зиёда аз 15 ҳазор мутахассисони соҳаи нақлиёти роҳи оҳан хатм намуданд, ки дар корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар Федератсияи Русия кору фаъолият карда истоданд.

Литсейи мазкур 21 июни соли 1941 нахуст ҳамчун Омӯзишгоҳи роҳи оҳанчиёни № 1 ш.Сталинобод ташкил шуда, соли равон аз таъсиси он 77 сол пур мешавад. 13 январи соли 1990 омӯзишгоҳ ба номи Қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ Гордеев А.С. гузошта шуд. 

Аз соли 2012 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба Литсёйи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе табдили ном кард.

     

Ихтисосҳо

Литсейи касбии технкии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар замони истиқлолият фаъолияти худро пурра ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар мутобиқ намуд ва дар айни замон дар муассиса аз рӯйи 8 ихтисос мутахассисони КВД роҳи оҳанро тайёр мекунад:

1.Роҳбалади вагонҳои мусофиркаш,

2.Навбатчии стансияи роҳи оҳан,

3.Ёрдамчии машинисти локомотив,

4.Хазиначӣ-чиптафурӯш,

5.Назоратчии таъмиргари вагонҳо,

6.Челонгари таъмиргари автомобил,

7.Монтажчии барқ ва тамарқузи бонгзании ташкили ҳаракати қатора,

8.Ҳисобдор бо тавонистани кор дар компютер.

 

Инчунин Литсей курсҳои кӯтоҳмуддатро аз руйи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

1. «Ороиши муй, рӯй ва нохун»; 

2.«Дузандагӣ»;

3.«Ронанадаи дараҷаи «В»;

4.«Ҳисобдор бо донистани компютер»; 

5.«Омӯзиши компютерӣ»; 

6.«Забони англисӣ»; 

7.«Забони русӣ».

Дар литсей барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон доир ба фанҳои «Забони англисӣ», «Забони русӣ» дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ба хонандагон дарсҳои иловагӣ гузаронида мешавад. Омӯзиши фанҳои мазкур ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз пешрафти техника ва илму фанҳои муосир аз наздик шинос шаванд ва аз онҳо баҳравар шаванд.

Дар муасссиаи мазкур 465 нафар хонанда дар 18 гуруҳ таҳсил мекунанд. Аз инҳо дар заминаи таҳсилоти синфи «11» 200 нафар ва дар заминаи таҳсилоти синфи «9» 265 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки 79 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии гуруҳҳои таълимӣ 12 гуруҳ буҷавӣ ва 6 гуруҳ шартномавӣ мебошанд.

Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар самти омода намудани кадри коргарӣ бо Колеҷи техникӣ, Колеҷи мухандисӣ-омӯзгорӣ, Колеҷи технология ва информатика ва дар хориҷи кишвар бо Донишгоҳи олии касбии Пенза ва Рязани Федератсияи Русия ҳамкорӣ дорад.

Бинобар сабаби аз навсозии роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон 30 нафар мутаххасисони ҷавон аз давлати исломии Афғонистон барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос аз руйи касбҳои дар боло зикршуда, ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва дар баробари бозомӯзӣ аз омӯхтани забони русӣ бахравар шуда, соҳиби сертификат шуданд. Дар оянда барои ташкил намудани ихтисоси «роҳсоз» дар роҳи оҳан нақша ва барномаи таълими сохта шуда истодааст. Инчунин дар оянда ба роҳи барқӣ таъмин намудани роҳи оҳан баҳри тоза намудани  экология нақша ва барнома тарҳрезӣ шуда, аз тарафи ҷамъияти байналхалқии «GiZ» - и Олмон мавриди қабул қарор гирифт. 

Дар муассиса 58 нафар ҳайати кормандони муҳандисию омӯзгорӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 20 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумораи кормандон 2 нафар аълочии маориф, 2 нафар унвонҷӯ, 12 нафар дорои тахассуси олӣ, 13 нафар тахассуси якум мебошанд. Муассисаи таълимӣ пурра бо кадрҳои фанҳои тахассусӣ ва гуманитарӣ таъмин мебошад.

Дар соли 2017 18 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ ва омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби сертификат шуданд.

 

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Фаъолияти кори таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ тибқи нақша ва барномаҳои таълимии тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст. Раванди аз бар намудани соатҳои таълими истеҳсолӣ дар гуруҳҳо аз рӯи касбҳои «Роҳбалади вагони мусофиркаш», «Навбатчии стансияи роҳи оҳан», «Ёрдамчии машинисти локомотив», «Монтажчии барқ ва бонгзании тамарқӯзи сигналҳои идораи ҳаракати қатораҳо», «Хазиначӣ (чиптафурӯш)», «Назоратчии таъмиргари қатораҳо» ба роҳ монда шудааст. 

Ҷиҳати иштироки бевоситаи корфармоён дар раванди таълиму тарбияи кадрҳои коргарӣ Низомнома дар бораи шарики ҳамкор (ташкилоти заминавӣ) оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шудааст. Дар асоси Низомномаи мазкур роҳбаряти муассиса дар ин самт бевосита ба корфармо - Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон аз рӯи ихтисосҳои омӯхташаванда шартномаи ҳамкориро ба имзо расонид. Хонандагон ҳар сол таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар асоси шартномаи тарафайн дар зерсохторҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Душанбе, вилояти Суғд, Кӯлоб, Чиптура, Ҳисор, Турсунзода, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаронанд. Гузаронидани таҷрибаомӯзӣ замина барои бо кор таъмин гардидани хатмкунандагон дар Корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон мегардад.

Дар соли таҳсили 2017-2018 муассисаи талимиро 360 нафар хонанда хатм намуда, 60% -и онҳо ба муассисаҳои олӣ ва колеҷхо дохил шуданд. Муассисаи таълимӣ “Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе” ба ғайр аз корхонаҳои воҳиди “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон бо корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ “корхонаи хизматрасонии техникии ба номи Вайс, КВД “Обу коррез”, Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва ҳар сол тахминан 30-40 нафар дар корхонаҳои дар боло зикр гардида ба ҷои кор таъмин карда мешаванд. 

Дар литсей 30-нафар нимятим, 2-нафар ятими кул таҳсил мекунанд, ки аз тарафи маъмурият ба онҳо китобу лавозимотҳои дарсӣ ройгон ва кӯмакҳои молӣ расонида мешаванд.

          

Дастовардҳо

Соли 2017 литсей дар озмуни «Кабинети беҳтарин» дар байни муҳассисаҳои ибтидоии касбӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи намоён гардид. Хонандагони литсей дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ, инчунин  дар олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Муҳассилини коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ аз намуди «Гӯштини Дзюдо» ва «Футболи хурд» ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. 

Соли 2018 муассисаи таълимӣ дар озмуни «Китобхонаи беҳтарин» миёни литсейҳои касбӣ иштирок намуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Дар ду соли охир аз тарафи директори муассиса Маҳмудова Х.М, омӯзгорон Исмоилов Т, Садриддинов Ф, Холов П ва методист Азимов Хусрав стандарти давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисоси «Навбатчии стансияи роҳи оҳан», «Роҳбалади вагонҳои мусофирбар», «Назоратчии таъмиргари вагонҳо», «Ёрдамчии машинисти Локомотив», «Хазиначӣ», «Монтажчии барқ ва бонгзании тамарқӯзи сигналҳои идораи ҳаракати қатораҳо» барои муассисаи таъсилоти ибтидоии касбӣ таҳия гардиданд.

Моҳи октябри соли равон муассисаи таълимӣ барои иштирок дар озмуни «Кабинети беҳтарин» аз руйи ихтисоси «Роҳбалади вагонҳои мусофирбар» ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт. 

Дар муассисаи таълимӣ доир ба чорабиниҳо оид ба Конститутсия ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани ҳафтаи Рӯдакихонӣ ва Ҷ.Балхихонӣ, Иди муаллимон, Паёми Пешвои миллат, Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди модарон 8- Март, Иди Ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, чорабиниҳо бахшида ба даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028, Иди “Меҳргон”, Рӯзи Парчами давлатӣ, “Рузи Президенти” ба нақша гирифта, гузаронида шуданд. Роҳбарони гуруҳҳо гузаронидани соатҳои тарбиявиро доир ба мавзуъҳои «Касби ман-ифтихори ман», «Касби ояндаи ту», «Касби боифтихор», «Дар олами сухан», «Донишу ҳунар дар ҳаёт», «Дониш талабу бузургӣ омӯз», «Тоҷикистон - хонаи мо», «Рақобати коргар дар бозор» ва ғайраро ба ҳукми анъана даровардаанд.  ба нақша гирифта шуда, гузаронида мешаванд. 

Хонандагони муассиса дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дави миллӣ, расмкашӣ дар мавзӯи «Орзуҳои ҷавонӣ», бозиҳои варзишӣ дар байни литсейҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, чорабинии театрикунонидашуда, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мегардад , як қатор чорабиниҳои фаҳангӣ, ки дар боғҳои Парчами давлатии ҶТ, Ирам ва Рӯдакӣ, МД «Амфитеатр», Дӯстӣ ва майдони 800 солагии Москва гузаронида мешаванд ва озмуни дигар чорабиниҳо иштирок намуданд.  

Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе ягона муассисаи таълимие дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Довталабонро баъди хатми синфи 9 дорои маълумоти умумӣ ва тахассусӣ мекунад. Баъди хатми Литсей хонандагон аз руйи ихтисоси интихобкардаашон ба донишгоҳо дохил мешаванд ва дар коллеҷҳо тариқи суҳбат ба бахши дуюм дохил мешаванд.

 Кормандони муасссисаи таълимӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  барои дастгирии пайваста миннатдории хешро баён мекунанд. Муҳассилини Литсей низ аз ин дастгирӣ руҳбаланд шуда, барои рушду нумӯи кишварамон саҳми худро мегузоранд ва бо боварии комил гуфта метавоем, ки дар оянда литсей ба тайёр кардани кадрҳои ҷавон ҳамаи кӯшишҳои худро бар харҷ дода, барои хизмати Ватани азизизамон ҳамеша тайёранд.

 

Маркази тадқиқоти журналистӣ

Хонданд 179
Инъикоси истиқлолияти энергетикӣ

Истиқлолияти энергетикӣ ва инъикоси он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Осорхонаҳо ҳамчун боргоҳи маърифат дар баробари оне, ки дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва муаррифии арзишҳои таърихӣ-фарҳангии халқу миллатҳо нақши калидӣ доранд, нақш ва мақоми онҳо дар ташвиқу тарғиби арзишҳои миллии фаъолияти имрӯзаи давлатҳо низ басо назаррас аст.

Барои равшан намудани гуфтаҳои боло метавон фаъолияти яке аз осорхонаҳои бонуфузи кишвар, яъне Осорхонаи миллии Тоҷикистонро мисол овард. Осорхонаи миллии Тоҷикисон ҳамчун оинаи ганҷинаҳо, таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷикро комилан инъикос намуда, дар таблиғи шукуҳи давлатдории навини тоҷикон, яъне дар инъикоси дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Дар баробари инъикоси дигар давраҳои таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ толори махсуси даврони истиқлолият фаъолият мекунад, ки дар толори мазкур дастовардҳои даврони истиқлолият вобаста ба соҳаҳои гуногун муаррифӣ гардида, инъикоси истиқлолияти энергетикӣ низ дар ин толор мавқеи комил дорад. Пеш аз оне, ки ба шарҳи инъикосёбии истиқлолияти энергетикӣ дар Осорхонаи миллӣ ҳарф занем муқаддиман аз таърихи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар Тоҷикистон бояд ёдовар шавем.  

Аввалин нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, ки таърихи ҳар яки онро метавон аз боздиди гӯшаҳои намоишии толори даврони шӯравии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ омӯхт. Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон соли 1937- нерӯгоҳӣ барқии обии “Варзоб-1”, соли 1948 - “Варзоб-2”, соли 1952 - “Варзоб-3”, солҳои 1951-1957 НБО-и “Қайроқум” (иборат аз 6 агрегат), солҳои 1961-1979 НБО-и “Норак” (иборат аз 9 агрегат), солҳои 1979-1985 НБО-и “Бойғозӣ” (иборат аз 4 агрегат) ва ғ. ба кор андохта шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон то истиқлолияти давлатӣ, дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ талаботи худро дар ҳаҷми то 48 - 49% аз ҳисоби захираҳои энергетикии дохилӣ таъмин мекарду халос. Қисми боқимонда, яъне зиёда аз 50% аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъмин мегардид. 

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон маҳз дар баробари устувор гардидани пояҳои давлатдории навин ба муҳимтарин самтҳои пешбарандаи ҷомеа, аз ҷумла энергетика диққати махсус зоҳир карда шуд. Маҳз фаровонии захираҳои обии кишвар имконият дод, ки дар даврони истиқлолият якчанд нерӯгоҳҳои пуриқтидор, аз қабили неругоҳи барқии обии «Помир-1» соли 2005 (иборат аз 4 агрегат), НБО-и «Сангтӯда-1» соли 2009 (иборат аз 4 агрегат), НБО-и «Сангтӯда-2» соли 2014 иборат (аз 2 агрегат) ба истифода дода шуда, сохтмони НБО-и «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург идома дорад. Боиси хушнудист, ки дар баробари ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии бузург дар дурдасттарин минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 2500 кВт сохта шудааст, ки дар маҷмуъ 315 ададро дарбар мегиранд.

Бузургтарин дастоварде, ки дар даврони истиқлолият дар самти энергетика ба мо муяссар гардидааст, ба истифода додани НБО-и Роғун мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки сохтмони НБО-и Роғун ҳанӯз соли 1976 ағоз гардида буд. Аммо бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони ин иншооти муҳими аср мавқуф монд. Соли 2008 корҳои сохтмону барқарорсозии НБО-и «Роғун» аз нав оғоз гардиданд ва бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони он то ҳанӯз идома дорад. Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун 3600 МВт буда, он аз 6 агрегат иборат мебошад, ки ҳар кадоми он иқтидори 600 МВт-ро ташкил медиҳад, баландии сарбанд 335 метр аст. Азму иродаи матин ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ва халқи Тоҷикистон ба мо имконият дод, ки агрегати якуми НБО-и Роғун 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор андохта шавад.  

Чуноне ки дар боло ишора кардем, дар толори даврони истиқлолти Осорхонаи миллӣ гӯшаи махсус ба соҳаи энергетикаи даврони истиқлолият бахшида шудааст. Дар ин гӯша аксҳои бузургтарин нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба монанди НБО-и «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба намоиш гузошта шуда, дар намоишгоҳ Роғун мавқеи муҳимро ишғол менамояд.    

Зикр кардан ба маврид аст, ки инъикоси дастовардҳо ва арзишҳои даврони истиқлолият махсусан истиқлолияти энергетикӣ дар Осорхонаи миллӣ дар таҳкими ифтихори миллӣ, омилҳои ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон бахусус насли наврас нақши бориз дошта, тамошобинро бори дигар бо дастовардҳои гузашта ва имрӯза шинос намуда, натиҷаи рушди ояндаи кишварро низ бозгукунанда аст. 

 

Ҳасан Нурматзода, ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Хонданд 91
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.