Муассисаи давлатии Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат (минбаъд ШШПҲШ ) дар назди Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз соли 1998 то инҷониб фаъолият дорад. Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат фаъолияти худро бо Низомнома ва нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда барои 80 кат, аз он ҷумла 20 кати  кӯдакона ва 12 кати кӯмаки паллиатив ба роҳ мондааст.

Кормандони асосии Муассисаи давлатии ШШПҲШ кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2019 шумораи ҳамшираҳои шафқат — 33 нафар, духтурон — 3 нафар, духтурони маслиҳатгар 3 — нафар, кормандони хурди тиббӣ 23- нафар, кормандони АХЧ-24 нафарро дар бар мегиранд. Кормандон мувофиқи шартнома фаъолият мекунанд. Мувофиқан, дараҷаи пурраи таъмин шудани мутахассисони асосӣ дар шаш моҳи соли 2019 100 % фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани маълумоти бетаваққуф тибқи барномаи МД ШШПҲШ ҳар моҳ Шӯрои тиббии ҳамшираҳо гузаронида мешавад. Дар онҳо масъалаҳои муҳим оиди нигоҳубини беморон, иҷрои саривақтии таъиноти духтурон, корҳои равшаннамоӣ-санитарӣ байни беморон мавриди муҳокима қарор меёбад.

Бо назардошти он, ки ба шахсони куҳансол, беморони танҳо ва бепарастор, ятимон, кӯдакони маъюб, ҳамчунин ба онҳое, ки гирифтори бемории дурудароз ҳастанд, мадад расонида мешавад, ба ҳар яки онҳо алоҳида муносибати фардӣ намуда мешавад. Дар ин шӯроҳо кормандон мавзуҳои муҳимро ҳимоя намуда, рефератҳо пешниҳод месозанд ва ба ин васила дониши касбии худ ва малакаи нигоҳубини беморонро афзун менамоянд.

Тамоми хароҷотҳо барои табобату нигоҳубинии беморону нафарони танҳо ва ятимону маъюбон пурра аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад ва таъминоту хизматрасонӣ ба беморон ба дараҷаи намунавӣ расонида мешавад.

Дар Шифохона 87 нафар кормандон фаъолият мекунанд аз онҳо 60 нафарашон аъзои ҲХДТ мебошанд.

 

Фаъолияти ташкили педагогӣ

МД ШШПҲШ базаи клиникӣ барои просесси таълим оид ба нигоҳубини ҳамширагӣ барои базаи Коллеҷи тиббӣ ва институти ташхиси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. МД ШШПҲШ бо таълимгоҳи мазкур оиди фаъолияти таълимӣ-педагогӣ шартнома дорад.

Дар просесси таълимӣ 3 нафар кормандон ба сифати ҳамшира-омӯзгор вобаста карда шудаанд. Дар таҷрибаи педагогии худ, аз барномаи таълимӣ тасдиқ шуда ва барномаҳои мувофиқ ба таълимгоҳҳо истифода мебаранд. Қисми назариявӣ ва то дармонгоҳӣ дар утоқи таълимӣ мегузарад, қисми назариявӣ бошад, дар ҳуҷраҳои беморон, дар сари бистарии беморон дар ҳамкорӣ ва роҳбарии ҳамшираҳои шафқат сурат меёбанд.

 

Фаъолияти муолиҷавӣ ва пешгирии бемориҳо

Дар Шифохона аз Марказҳои табобатӣ ва профилактикии шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳхати духтурони минтақавӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бистарӣ карда мешаванд. Дар шаш моҳи соли равон ин миқдор беморон қабул карда шуданд:

 

Дармонгоҳ

 

Шаш моҳи соли 2018

 

Шаш моҳи соли 2019
калонсолон кӯдак калонсолон кӯдак
МСШ №1 117 24 120 21
МСШ №2 5 3 27 6
МСШ №3 17 17 13 1
МСШ №4 21 5 25 5
МСШ №5 8 3 4
МСШ №6 15 3 16 2
МСШ №7 20 1 19 2
МСШ №8 9 4 4
МСШ №9 9 5 15
МСШ №10 15 4 20 3
МСШ №11 12 1 6 2
МСШ №12 33 8 61 2
МСШ №13 9 2 17 1
МСШ №14 3 5 2
МСШ №15 25 6 25 4
х/м 176 29 93 22
ноҳия 33 23 30 13
ВКД ш.Душанбе 1
 

МТ «Истиқлол»

    7 1
Маркази саратон 1
Ёрии таъҷилӣ 25   16
МТШ№1 1   3
МТШ№2 5    
МТШ№3 6   10
Маркази оилавӣ 2      
Вазорати тандурустӣ 2   2
МД ММТ «Шифобахш» 4 2 1  
Хонаи пиронсолон 2   1  
ШКВД 2   1  
Шуъбаи иҷтимоӣ      
Ташкилоти «Каритас» 3    
Ташкилоти «Спин-плюс» 1    
Пажуҳишгоҳи гастроэнторология      
Ҳамагӣ 578 137 543 87

 

Инчунин, дар шаш моҳи соли 2019 70 нафар маъюбон бистарӣ шудаанд:

— гуруҳи якум 14 нафар;

— гуруҳи дуюм 22 нафар;

— гуруҳи сеюм 4 нафар;

— маъюби модарзод 30 нафар;

— иштирокчии ҶБВ 1 нафар.

1 нафар бемори пиронсол ба Хонаи маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шуд.

Дар қатори ҳамаи кӯмакҳо Шифохона намудҳои зерини хизматрасониро анҷом медиҳад: табиатшифоӣ (муолиҷаи барқӣ: шумораи беморон- 418, шумораи муолиҷа-2195), (парафин: шумораи беморон-488, шумораи муолиҷа-2207), муолиҷаи варзишӣ (шумораи беморон- 161, шумораи муолиҷа-1227), маҳс (шумораи беморон-467, шумораи муолиҷаи маҳс- 3444), терапияи меҳнатӣ (дар як ҳафта 2 маротиба гузаронида мешавад), аз тарафи беморон дар шаш моҳи соли 2019 87 раҳматнома ба унвонии табибони Шифохона навишта шудааст.

 

Корҳои ташкилӣ

Барои саривақт омода намудани тайёрӣ ба фасли тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар Шифохона нақша тартиб дода шуд. Барои ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаи корӣ тартиб дода шуд. Оиди татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани «150 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шифохона чунин корҳо иҷро карда шудааст:

— Гирду атрофи Шифохона бо шиорҳо ва овезаҳои ороишӣ, оиди соли ҷавонон, «Об барои ҳаёт», тайёр карда шуд;

— Ҳуҷраи паллиативӣ пурра аз таъмири генералӣ бароварда шуд;

— Анбори доруворӣ, хӯрока ва либосворӣ ба тартиб дароварда шуд;

— Дар атрофии Шифохона 400 дона садбарги холландӣ , 30 адад дарахтони мевадиҳанда ва 900 гулҳои ороишӣ ва 10.40 м2 газон шинонда шуд;

Аз рӯи нақша аз буҷаи давлатӣ 250 000 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ аз комиссияи тендерӣ гузашт ва корҳои таъмирӣ дар ошёнаи 2-юм аз 13.06.19 сол оғоз ёфт.

 

Арзи сипоси беморон

Аз рӯи суханони модари яккаву танҳои 81-сола — Соҳибова Назокат, ӯро баъди фавти фарзандонаш келинҳояш аз манзили истиқоматияш берун карда, хонаро фурӯхтаанд, худ бошанд ба чор тараф фирор намуданд. Аллакай чандин сол боз табобат ва нигоҳубини ӯро Ҳукумати шаҳри Душанбе ба зиммаи Шифохонаи парастории ҳамширагии шафқат, ки роҳбарии онро зани оқилу донишманд ва роҳбари кордон Шукурова Зулфия бар дӯш доранд, вогузор намудаанд.

Ин зани солхӯрда дар суҳбат бо мо гуфт: “Ман, ки ба чандин беморӣ гирифтор мебошам, ин ҷо табобату нигоҳбинӣ, панҷ вақт хӯрок пурра ройгон буда, аз ҷиҳати шарту шароит фикр мекунам дар минтақа назир надорад ва мо пирону маъюбон доимо дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва раиси ҷавону кордони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки барои мо тамоми шароити лозимаро муҳайё намуданд, ҳамеша даст ба дуо буда, хоҳони сарбаландии онҳо мебошем.”

Бемори дигар Миников Владимир маъюби гуруҳи 2-юм, ки 12 моҳ боз ин ҷо табобат мегирад, мегӯяд: “Ман асосан шаҳрванди Русия мебошам, дар сохтмони НБО-и Сангтуда-1 пурра саҳм гузоштам, маъюби гуруҳи 2-юм гаштам, чанд сол боз дар ба дар мегаштам, ҳатто дар вагонҳо зиндагӣ намудам. Баъде, ки ранҷуру бемору нотавон гаштам, маро ба ин Шифохона оварданд, аз рӯзи аввал то инҷониб дар ин ҷо доимо аз ҳоли мо беморону барҷомондагон намояндагони раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ш.Душанбе доимо хабар гирифта, ёрии амалии худро мерасонанд. Ман махсусан аз хидмати роҳбари беморхона Шукурова Зулфия, ки воқеан аз намунаи беҳтарин роҳбарони замони муосиранд, махсус ёдовар шуда, таманнои онро дорам, ки чунин занону модарон ва роҳбарони зиндадил зиёд бошанд, чунки он кас ин шифохонаро ба як муассисаи тиббии беҳтарин дар миқёси ҷумҳурӣ табдил дода, тамоми кӯшишу ғайраташонро ба шифову зиндагии шоистаи беморону барҷомондагон равона намудаанд.”

 

Ба ҷои охирсухан

Шукурова Зулфия, сардори МД ШШПҲШ дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки вазъ дар соҳа нисбати солҳои пешин хеле тағйир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

— Дар сиёсати пешгирифтаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро самти афзалиятноки кишвар шуморидаанд. Сарвари давлат дар як суханрониашон иброз дошта буданд, ки: “Саломатии миллат — боигарии давлат аст”.

— Имрӯз Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат

дорои беҳтарин марказҳои тавонбахшии замонавиву муосир буда, кормандон дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷа ва шаҳрдори ҷавони Душанбе Рустами Эмомалиро сармашқи кори худ қарор дода, намегузоранд, ки ягон маъюбу барҷомонда ва пирони бекасу танҳо аз мадди назар дур монад ва ҳамаи кормандон садоқату хизмат ба Ватану миллатро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан мебошанд, — илова намуд Зулфия Шукурова.

Маврид ба зикри хос аст, ки Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат дар озмуни муассисаҳои тандурустии ш.Душанбе дар соли 2018-ум дар бахши госпиталӣ ғолиб дониста шудааст. Дар ин беморхона беморону пирон ва барҷомондагон аз тамоми ҷумҳурӣ табобати пурраи ройгон гирифта, аз хидмати табибон, ки ҳамагон устоди касби хешанд, саломатии худро барқарор менамоянд, миннатдоранд.

Ҳоло дар ин шифохона 85 нафар бемор табобат мегиранд, ки бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин муассисаи табобатӣ духтурон-машваратчиён ба таври доимӣ вобаста карда карда шуда, фаъолияти онҳоро шахсан сардори Раёсти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ш.Душанбе, номзади илми тиб, духтури дараҷаи олӣ Шарифзода Хушвахт Салим назорат мебарад. Асосан дар ин беморхона онҳое ба табобат фаро гирифта мешаванд, ки чанде пеш ба касе лозим набуданд. Беморони ин муассисаи тиббӣ аз муомилаи хуби табибон ва шарту шароити барои онҳо аз ҷониби давлат муҳайё намуда қаноатманданд. Дар ин муассиса танқисӣ аз лиҳози таъмини доруву даво ва маводи хӯрокворӣ дида намешавад ва кулли табобатгирандагон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе бархӯрдоранд.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here