“Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд”. Ҳарчанд ин сухани пурмуҳтавои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро борҳо шунидаву дар пештоқҳои беморхонаву табобатгоҳҳои кишвар хондаам, аммо ба умқи гуфтаҳо замоне фурӯ рафтам, ки худ бемор шудаму ниёз ба табибон пайдо кардам.

Пандемияи коронавируси нави КОВИД-19, ки онро вабои аср эътироф кардаанду он оламро ба зону шинондааст, бори дигар собит кард, ки табибон воқеан ба қасами гипократии худ содиқанд, ҳеҷ як вабову ҷангу нобасомонӣ наметавонад онҳоро аз вазифаи ҷониашон – табобати беморон мунсариф кунад. Аз ин рӯ, вақте ки ин вируси малъун қадами шуми худро ба кишвари ман ниҳод, дар қатори ҳазорҳо нафар зиёбахшони миллат ман ҳам барои ҳимоя аз ҷони миллатам ба муқобили аду сина сипар кардам. Ман солҳои зиёд дар муассисаҳои тандурустии кишвар ҳамчун табиб-олерголог фаъолият кардам ва тақрибан аз рӯзҳои аввали оғози кор дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар муассисаи мазкур ба хизмати дардмандону муроҷиаткунандагон пардохтам.

Пандемияи КОВИД-19 сабаб гардиду Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ дар баробари дигар бимористонҳо Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро низ барои қабули гумонбарон ва мубталоёни коронавирус омода карданд ва банда ҳам дар муқобили ин вируси маргзо барои табобати беморон камар бастам. Бори нахустин бо чанд ҳамкасбам барои 14 рӯз дар “карантин” будем. Рӯзҳои аввал хеле сахту мушкил буд. Баъзе беморон бо вазъи бади саломатӣ ба бемористон ворид мешуданд. Барои табиб муоина, озмоиш ва муайян кардани ҳолати бемор дар қадами аввал меистад. Бархеи дигар аз муроҷиаткунандагонро, бо он ки ягон нишонае аз коронавирус дар онҳо мушоҳида намешуд ва танҳо аломатҳои шамолхӯрӣ дар шушҳову роҳҳои нафас доштанд, маълумоти каму нодуруст дар бораи вируси нав ва таҳлукаву воҳимаи маргу мир аз он дар ҳолати сахти руҳию равонӣ қарор дода буд. Ҳарчанд фаъолияти шабонарӯзӣ худи мо табибонро мондаву афгор карда буд, вале кӯшиш мекардем, ки ин ҳолатро ба беморон нишон надиҳем ва аз лаҳзаҳои аввал бо табъи хушу суханҳои нек руҳу равонашонро болида гардонем.

Ҳамин тавр, 14 рӯзи карантинро пушти сар кардам ва ба назди зану фарзандонам баргаштам. Пас аз чанд рӯзи истироҳат дар хона, мувофиқи нақша, рӯзи 8-уми май боз ба кор сар кардам. Пас аз 4 шабонарӯзи корӣ бо вазъи бади саломатӣ бемори солмандеро оварданд ва ману як ҳамкасбам дар қабулгоҳ ӯро муоина кардем. Дар ӯ нишонаҳои коронавирус мушоҳида гардид ва пас аз ташхис ӯ бистарӣ карда шуд. Фикр мекунам, ҳарчанд ҳамаи қоидаву меъёрҳои санитариро, ҳангоми муоинаи бемор, риоя карда будем, вале ду-се рӯз баъд худамро бад ҳис кардам. Ҳароратам каме баланд шуд, вуҷудамро беҳолию хастагӣ фаро гирифт ва сулфазанӣ пайдо шуд. Ман дар шуъбаи пулманологӣ, ки махсус аз ҷониби роҳбарияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» барои қабул ва табобати табибон ва мутахассисони ҳамаи муассисаҳои табобатии кишвар омода гардида буд, бистарӣ шудам. Санаи 14-уми май шуш ва роҳҳои нафасамро ташхиси рентгенӣ кардам ва муоина дар баданам нишонаҳои “бронхити музмин”-ро муайян кард. Илова бар ин, фишорам ҳам баъзан баланд мешуд. Бо кӯмаки ҳамкасбон ба табобат пардохтам. Муддати 14 рӯз ман дар шуъбаи мазкур зери назорат ва табобати табибони воқеан мушфиқ Акбарзода Саидаъзам, Зуҳуров Ҳасан Довудович, Алфия Қулмамадова, Аҳмадов Сулаймон ва ҳамшираи шафқат Зулхумор Гадоева қарор доштам. Дар ин муддат ғамхории самимии ҳамкасбонро нисбат ба худам эҳсос кардам. Доруву дармон аксаран аз ҷониби беморхона таъмин мешуд, аммо дӯстону рафиқон барои дарёфти баъзан доруҳои зарурӣ кумакам карданд.

Баъд аз табобати пурра аз шуъбаи мазкур мураххас шудам ва барои табобати фишорбаландӣ ва асаб ба шуъбаи кардиологии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» муроҷиат кардам. Давоми 5 рӯз табибони ҳозиқ Шодиев Беҳрӯз (номзади илми тиб), Рофиева Ҳалима Шариповна (номзади илми тиб, мудири шуъба), Асоев Усмон (асабшинос), Шарипов Насим (асабшинос), ҳамшираҳои шафқат Ҳақназарова Рухшона, Содиқова Хуморбӣ, Ҳабибуллоева Сафармо саломатиамро барқарор карданд. Иншоолоҳ, ният дорам, ки дар рӯзҳои наздик барои идомаи вазифаи ҷонии хеш, яъне табобати беморон ба ҷои кор баргардам ва то ҷон дар рамақ дорам, барои саломатии халқу миллати хеш донишу малакаи тиббии андӯхтаамро сарф созам.

Банда аз ин минбари баланд истифода намуда, сипосу миннатдории бепоёни худро қабл аз ҳама ба роҳбарияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ва табибони фавқуззикр, ки дар табобату барқарор кардани саломатиам хизматҳои арзандаву беминнат намуданд, мерасонам. Зиҳӣ, зиёбахшони дилу дидаи миллат!

Бо эҳтиром, табиб-алергологи

Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Абдукарим Юсупов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here