Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи  тиббии шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбии даврони истиқлол буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 таҳти № 460 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис ва 3 марти соли 2014 ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Боздид аз коллеҷи мазкур нишон дод, ки муассисаи мазкур дар ошёнаи 5-уми бинои Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода воқеъ буда, барои таълимгоҳи тиббӣ хеле мувофиқ аст. Зеро бинои коллеҷ дорои 1 ошёнаи таълимӣ бо масоҳати таълимии 1448,90 м.м буда, мавқеи ҷойгиршавиаш ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки ҳамеша бевосита бо беморон сару кор дошта бошанд, аз наздик бо касби худ шинос шаванд ва таҷрибаи хуб гиранд. 

Ба истиснои он ки муассиса дар ошёнаи 5-и беморхона ҷойгир аст, инчунин тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳр, дар беморхонаи шаҳрии сироятӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пуст, таваллудхона, маркази саломатии шаҳр, беморхонаи шаҳраки Пахтаобод ва клиникаҳои шахсӣ 30 синфхона барои коллеҷ ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шуда, беҳтарин шароитҳо барои табиб шудан муҳайё карда шудааст. Коллеҷ дорои Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимии силсилаи ВТҲИА  ВМИ №0000007, аз 5.08 соли 2014, №30 буда, ба хатмкунандагон дипломи маълумоти миёнаи тиббӣ медиҳад.

Ихтисосҳо

Дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» таҳсил аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

«Кори ҳамширагӣ» — баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ;

«Кори ҳамширагӣ» — баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори лабараторӣ» — баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Беҳдошт, санитария, эпидем» — баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори момодоягӣ» — баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори дорусозӣ» — баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори дандонсозӣ» — баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

Кабинетҳои фаннӣ

Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Турсунзода дорои аудиторияҳо, дарсгоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда ва барои таълим махсусгардонидашуда буда, 14 кабинетҳои фаннии физика; информатика; кимиё; физиотерапия; асосҳои равоншиносии умумӣ; забони лотинӣ; педиатрия; таърих; забони тоҷикӣ; забони русӣ; забони англисӣ; кори ҳамширагӣ; фалсафа; гигиена; толори лексионӣ; қироатхонаро дар бар мегирад. Ҳамаи синфхонаҳо ва лабараторияҳо бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, забони тоҷикӣ, забони хориҷӣ, асосҳои кори ҳамширагӣ, таърих, фармакология, физикаи тиббӣ, кимиё, информатика, лабораторияҳои кимиё, физикаи тиббӣ — биологӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд буда, бо асбобу айёниятҳо ва овезаҳои таълимӣ таҷҳизонида шуда, ба талаботи барномаҳои таълимии имрӯза комилан мувофиқат мекунанд.

Сохтор ва таҷрибаомӯзӣ 

Дар асоси шартнома ва қоидаҳои амалкунанда Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ду ошёнаи собиқ сардхонаи БМШ Турсунзода ва як қисмати ошёнаи дуюми озмоишгоҳи беморхонаи марказиро ба тавозуни худ даровард ва дар заминаи бинои сардхона қисми иловагии коллеҷи тиббӣ ҳамчун маркази таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шуд. Масоҳати бинои мазкур 538 м.м. ташкил менамояд ва дар ин бино 1 маҷлисгоҳ дорои 60 ҷои нишаст, 10- синфхона, 2 кабинети корӣ, 2 ҳоҷатхона, 2 анборхона ҷой доранд. Дар синфхонаҳо мизу курсиҳои махсуси замонавӣ, ҷевонҳои махсус барои муляжу воситаҳои техникӣ, доскаҳои электронӣ, воситаҳои аёнӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ мавҷуданд. Маҷлисгоҳ ва ҳамаи синфхонаҳо аз ҷумла кабинети анатомия, кабинети педиатрия, кабинети биология ва микробиология, кабинети кори ҳамширагӣ; кабинети бемориҳои асабу руҳ, кабинети анатомия, кабинети бемориҳои занона, кабинети терапия,  бунгоҳо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин сохтори таълимгоҳ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, кабинети методӣ, лабаратория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ ва хазина иборат аст. Дар коллечи шаҳри Турсунзода барои тахсили донишҷӯен аз бар кардани нозукихои ихтисос тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудааст. Коллеҷ дар ихтиёраш 1 маркази таҷрибаомӯзӣ дорад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои дарсии он бо аёниятҳои тиббӣ таҷҳизотонида шудаанд. Инчунин ҳамаи ҳуҷраҳои дарсии дохили беморхонаи марказӣ бо дастгоҳҳои тиббии муосир, муляжҳо таъмин мебошанд.

Таълим бо истифода аз технологияи муосир

Дар коллеҷ раванди таълимро яке аз самтҳои муҳим шуморида, ҳайати омӯзгорон аз рӯи барномаҳои таълимие, ки аз тарафи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мегардад ба роҳ мондаанд. Баҳри ташаккули таъмини барномаҳои таълимӣ ва методӣ услубшинос дар мувофиқа бо маъмурияти таълимгоҳ бо коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии  мазкур ҳамкорӣ менамояд. Машғулиятҳо дар асоси ҷадвали дарсии тасдиқгардида бо роҳи инкишофи фаъолияти инноватсионӣ, истифода аз технологияи муосир гузаронида мешаванд. Машғулиятҳои таҷрибавӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн дар шуъбаҳои беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳр ҷараён мегирад. Барои мукаммалтар омӯхтани фанни забони хориҷӣ машғулиятҳои фанни мазкур дар синфхонаи лингафонӣ гузаронида мешаванд.

Шумораи устодон ва донишҷӯён

Дар Коллечи тиббии шахри Турсунзода 57 нафар омӯзгори асосӣ ва 56 нафар омӯзгорони хамкор фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 20 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ ва 10 нафар соҳиби тахассуси дараҷаи якум мебошанд. Инчунин дар ин ҷо се нафар омӯзгори хамкор номзади илми тиб Эркин Муродов, Хайринисо Ҳайдарова ва Юсуф Хушматов ба донишҷӯён сабақ медиҳанд. Омӯзгорони коллеҷ Абдуқодир Ҳаитов, Файзалӣ Холов, Сурайё Абдураҳмонова, Саодат Каримова аълочиёни маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонанд

Дар коллеҷ 2 ҳазору 41 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда аз ин 912 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва як ҳазору 29 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар коллеҷ 4 нафар ятими кулл таҳсил менамояд, ки онҳо ҳар моҳ бо маблағи 120 сомонӣ стипендия (идрорпулӣ) таъмин ва дар арафаи рӯзҳои ид аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Соли хониши 2017-2018 коллеҷро ҳамагӣ 333 нафар донишҷӯ хатм карданд, ки 167 нафари гуруҳҳои буҷавӣ ба ҷои кор тақсим карда шуд ва ҳоло кор карда истодаанд.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Дар асоси фармоишҳои вазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2007 таҳти № 330 «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гуруҳҳои назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2010 таҳти № 2460 «Оид ба истифодаи таҷрибавии Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоишҳои роҳбарияти коллеҷ дар таълимгоҳ “Бахши идоракунии сифати таҳсилот” таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки барои пешбурди кори гуруҳ Низомномаи гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба сифати таълими донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ки аз 3 бобу 14 банд иборат аст ва бо қарори шӯрои илми-педогогӣ аз 31 январи соли 2017 №1тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст, ки тамоми нақшаҳои корӣ ва ҷамъомаҳо дар асоси он ба роҳ гузошта шудаанд.

Натиҷаҳои мониторинги таълимӣ нишон дод, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта сатҳи донишандӯзии донишҷӯёни коллеҷ аз ҳамаи фанҳои тахассусию таълимӣ баланд гаштааст. Раванди таълим аз тарафи маъмурият мувофиқи нақшаи тасдиқгардида мунтазам назорат карда мешавад. Маъмурият бо ҳамроҳии роҳбарони иттиҳодияҳои методии фаннӣ дарсҳои назариявии омӯзгоронро дар асоси нақшаи тасдиқгардида ҳамаҷониба таҳлил намуда, натиҷаи онро дар Шӯрои омӯзгорӣ баррасӣ менамояд.

Ҳафтаҳои фаннӣ ва дарсҳои кушод мувофиқи нақша гузаронида мешаванд, ки дар он методҳои таълимӣ, маводҳои методӣ, методи истифодаи воситаҳои техникӣ ва аёнӣ, методи намоиши таҷриба, ҷамъоварии ҳамаи усулҳои кор дар давоми солҳо ва методи кори лабораторӣ нишон дода мешавад.

Хобгоҳ

Бо сайъу кӯшишҳои зиёди директори муассиса Хуршед Каримов рӯзи 16 сентябри соли 2018 дар коллеҷ як падидаи тоза ба миён омад. Бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф хобгоҳи донишҷӯён ба истифода дода шуд, ки дар он 50 нафар донишҷӯ аз шаҳру навоҳии дурдаст зиндагӣ менамоянд. Барои онҳо тамоми шароитҳои зист муҳайё карда шудааст. Ҳуҷраҳо бо ҷевон, рахти хоб, мошини ҷомашӯӣ, ташноб, ҳуҷраи оббозӣ, курпа, телевизори замонавӣ ва нуқтаҳои гармдиҳӣ таъмин мебошанд. Инчунин хобгоҳ дорои ошхонаи хуб буда, 80 ҷои нишаст дорад. Дар дохили хобгоҳ китобхона бо толори хониш барои 30 нафар мавҷуд аст, ки дар он тахтаи электронӣ насб карда шудааст. Гузашта аз ин дар ошёнаи якуми хобгоҳ 10 синфхона, як ҳуҷраи посбонон, як ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи кори декани факулта, хуҷраи ҷойи либосивазкунӣ вуҷуд дошта, бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Алъон дар шафати хобгоҳи донишҷӯён бо ташаббуси директори Коллеҷи тиббӣ Хуршед Каримов ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони боз як иншоот- толори варзишӣ идома дорад.

«Ворисони Сино» ва «Тибби Бӯалӣ» 

Бо ибтикор ва кӯшиши муовини директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» Абдуқодир Ҳаитов ва омӯзгори коллеҷ нависанда, мушовири адабии бахши иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Файзалӣ Холов (Файзалӣ Шукур) ду қисм китоби «Ворисони Сино» доир ба фаъолияти табибони шаҳри Турсунзода ба нашр расид. Дар назар аст, ки қисми сеюми китоби номбурда дар нимсолаи дуюми соли 2019 ба табъ расонда мешавад. Инчунин ин ду омӯзгор маҷаллаи рангаи «Тибби Бӯалӣ»-ро, ки дар БМШ Турсунзода бо ташаббуси сардухтур Тоҷиддин Ятимов нашр мешавад, роҳбарӣ мекунанд. Дар се соли фаъолияти маҷаллаи «Тибби Бӯалӣ» он бо чор ифтихорномаи раиси шаҳр ва 3 ифтихорномаи сардухтури БМШ қадрдонӣ гардидааст.

Ба ҷои охирсухан 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси шаҳри Турсунзодаро сармашқи кори худ намуда, баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи тиб ва солимгардонии ҷомеа ва баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи шогирдони соҳибмаърифат, ватандӯсту боистеъдод баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ дода, рисолати худро иҷро карда истодааст.   

МТЖТ

Добавить комментарий