«Фариштаҳои сафедпӯши Ватан». Ин ҷумла алҳол вирди забони тамоми мардуми тоҷик аст. Бо як ихлоси бепоён, бо як тасаллои руҳбаландкунанда ва бо як умеде ба ояндаи осуда. Имрӯз мардум тамоми ҳаёту мамоти худро баъд аз Худованд ба дастони муъҷизаосои ин «Фариштагон» супурдаанд ва месазад, ки исми эшонро бо ҳарфҳои бузург ва ифтихори баланд сабт намуд.

Зиндагӣ аҷиб аст. Рӯзе хабари ба дунё омадани нафареро мешунавему рӯзе хабари маргашро. Аз ин лиҳоз, бисёриҳо дунёро бевафо меноманд. Чунки умри одам гузаро аст. Вале ҳамаи мо инсонҳо бо ҳама бевафоиҳо зиндагиро дӯст медорем. Мехоҳем зиндагӣ кунем, ба ҳадафҳои хеш бирасем ва хушбахт бошем. Ва ҳангоме, ки хатареро нисбати саломатии худ эҳсос намоем, зуд ба табибон муроҷиат мекунем. Барои барқарор намудани саломатии хеш, барои идомаи зиндагӣ ва роҳ ба сӯи талошҳо.

Табибони тоҷик аз азал дар ҷаҳон маълуму машҳур буданд. Саркардаи онҳо Абӯалӣ ибни Сино аст, ки китобҳои эҷодкардааш тӯли солҳо боз болои мизи табибони Амрико ва Аврупост.

Алҳол, ки ҷаҳон дар мубориза бар зидди пандемия қарор дорад, муборизони асосии ин роҳ табибон ба ҳисоб мераванд. Махсусан дар Тоҷикистон табибони тамоми бемористонҳо шабонарӯзӣ баҳри муҳофизати ҷони аҳолии кишвар талош меварзанд. Дар ин рӯзҳои мушкил онҳо сипари халқ гашта, барои халқ аз хобу хӯроки худ гузашт кардаанд. Ҳатто баъзе аз онҳо тӯли ҳафтаҳо ба хона ба назди оилаашон нарафта, дар бемористонҳо ба табобати беморон машғуланд. Ҳамаи ин нишондиҳандаи ҷасорату матонат ва ҷоннисории табибон аст.

Ҳукумати кишвар албатта ин хизматҳои табибонро беҷавоб нагузошта, барои фаъолияти пурсамари онҳо тадбирҳои муассир андешида истодааст. Дар тамоми беморхонаҳои ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо барои табобати беморони гирифтори коронавирус муҳайё буда, бо супориши раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони чандин табобатгоҳҳои дигар бо суръат идома дошта, дар камтарин фурсат мавриди истифода қарор мегиранд.

Барои бо лавозимоти зарурӣ, махсусан либосҳои муҳофизатӣ таъмин намудани табибон бо дастгирии ҳукумат чандин корхонаҳои дӯзандагӣ ба дӯхтани ниқоб ва либосҳои муҳофизатӣ машғул мебошанд. Инчунин, корхонаҳои истеҳсоли маводҳои антисептикӣ низ фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд.

Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши кормандони соҳаи тандурустиро то се моҳи оянда баланд бардошта, маоши якмоҳаи худро баҳри беҳтар намудани шароити табибон ҷудо карданд, ки ин амал намунаи ибрати кормандони дигар сохторҳои мамлакат гардид. Аз ҷумла, кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисфи маоши якмоҳаи худро дар ин самт равона сохтанд. Бояд қайд кард, ки ин шахсони наҷиб дар баробари табибон тавонистанд дар солимии ҷомеаи худ саҳм гузоранд.

Пас, мо низ бояд дар роҳи мубориза бо пандемия ҳамрадифи табибон бошем. Ҳама бояд якдилу яктан гашта, ба ояндаи нек умед бандем. Ин рисолати худро метавон бо роҳи гӯш кардан ба тавсияҳои табибон ва иҷрои онон адо намоем. Имрӯзҳо сардухтурони бемористонҳо тавассути барномаҳои телевизионӣ баромад намуда, роҳҳо ва усулҳои муҳофизати худ аз гирифторшавӣ ба ин бемориро ба мардум фаҳмонида истодаанд. Пас, моро мебояд ин тавсияҳоеро, ки тибибон вақти пурқиммати худро дареғ надоштаву барои мо пешниҳод сохтанд, амалӣ намоем. Барои осонии кори табибон ва ҳифзи саломатии худ ва наздиконамон бояд дар хона бимонем.

Ҳамаи инро ба инобат гирифта, мардуми тоҷик табибони кишварро «Фариштагони сафедпӯши Ватан» унвон додаанд. Ва тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза изҳори сипосу миннатдории худро ба табибон баён месозанд. Ҳамаи ин натиҷаи фаъолияти пурсамари табибон ва натиҷаи мусбати кори онҳост, ки ҳар яки мо шоҳиди он гашта истодаем.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки табибони мо хеле пуртавонанд ва аз уҳдаи бартараф сохтани ин мушкилӣ низ баромада метавонанд. Умед дорем, ки бо камтарин талафот ба ин вирус ғалаба хоҳем кард. Зеро табибони мо исбот карданд, ки рисолати хешро дар назди ҷомеа даҳчанд ба иҷро расонида истодаанд. Чунки онҳо ворисони Синои бузург ҳастанд.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here