Тавре ҳамагон медонем, имрӯзҳо қариб аксари мамолик ва халқи ҷаҳонро ташвиши бемории COVID-19 хор дар пой барин, музтариб намудааст. Дар пайи пешгирӣ ва дарёфти тадбири тозае аз он бешак тамоми табибону пизишкон ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи дахлдори ҷаҳон бо ҷаҳду талош ва заҳматҳои шабонарӯзӣ рӯи як пой қарор гирифтаанд, ки аз ин ҳама ошуфтагию парешонӣ халқу кишвари мо низ ором надорад. Маҳз туфайли ҷонбозӣ ва қаҳрамониҳои пайвастаи онҳо дар ин роҳ, ки ҳоло ҳам идома дорад, айни замон сатҳи нуфузи коронавирус паст гардида, ҳолат рӯ ба беҳӣ меоварад, ки ин хушбахтиест беназир.

Аммо имрӯзҳо ба назар мерасад, ки бархе аз аҳолии кишвар такя ба маълумотҳои охир, яъне пастшавии сироят карда, дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиёти мусофирбару бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои зиддиэпидемиро риоя накарда, фориғболона гаштугузор мекунанд. Ҳол он ки, ин гуна саҳлангорӣ нисбат ба вазъи андак беҳтаршуда теша ба решаи худ задан аст. Ё ин ки баъзе аз ҷавонону миёнасолон танбалию коҳилиро пеша намуда, дар ҳамин шароите, ки ҳастии инсон баробари ашки сари мижгон аст, гӯшаи хонаро ихтиёр намуда, падару модарони солхӯрда, қоматхамидаю хастаҳоли худро баҳри хариду овардани озуқа ва дигар молу маҳсулоти лозима ба мағозаю бозорҳо равон мекунанд. Ин магар дидаю дониста хок ба чашми худамон пошидан нест?

Бинед, ки онҳо дар он фосилаи вақт — равуойи мағозаю бозор ва ё дигар ҷойҳо чӣ ҳолеро аз сар мегузаронанд:

— Ҳавои гарм, офтоби тамузу оташафзо, замини пурҳарорату тафсон. Аз ҳар сӯ ҷӯшу хурӯши ояндагону равандагон ва шӯру ғавғои савдогару харидорҳо бо рӯзи растохез як себу ду кафон. Илова бар ин, болои ин манзара парвози вабои сайёри тезчангу хуношо ва чашмтангу ҳариси давр — куруно. Ана аз миёни чунин шароити ҷонсӯз, пиракии хамидақомат, ки об аз миёни ожангҳои ҷӯйсони чеҳраи рангпаридааш мешориду сару андомашро шип-шилта мекард, базӯр худро кашолакунон ба канорае аз саҳни беруни бозор кашонд. Бо лабони аз хушкӣ торс-торс кафида ба хараке наздик шуда, борхалтаҳои дасташро рӯи он гузошт. Асобағалҳои вазнини металиашро бошад, бар пояи он такя кунонд ва худ бо як азобу машаққат нишастанро ихтиёр намуд, то андаке тобу тавон пайдо карда, мадори роҳравӣ кунад…

Охир, кӯза доимо лаби об нав рафта намеояд-ку! Пас, биёед, андаке ҳам бошад, кӯшиш намуда, солимии тану ҷон ва қадру манзалати умри ҳам худамон ва ҳам дигаронро қимат дониста, дар сиҳатию бардамӣ ва солимии якдигар нақшгузор бошем. Нагузорем, то тут ба хости COVID-19 бипазад!

Алишер ҚУРБОНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here