Дар замони соҳибистиқлолии кишвар муассисаҳои хусусии тандурустӣ, ки дар замони Шӯравӣ мавҷудияташон роиҷ набуд, рӯи кор омаданд. Табиист, ки ин омил муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир буда, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои тиббӣ ин падидаи навро дастгирӣ намуд. Яъне, фаъол шудани муассисаҳои тандурустии хусусӣ бояд замина фароҳам оранд, то нафароне, ки имконоти молиявии густурда доранд, аз хизматрасониҳои онҳо дар шароити барояшон мувофиқ, ки шояд дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ на ҳама вақт дастрас аст, истифода намоянд. Аз ҷониби дигар, ин омил ба коҳиш ёфтани шиддати муроҷиати шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббии давлатӣ боис гардида, ҳамзамон, як идда мутахассисони соҳа соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мегарданд. Ҳамрадиф бо ин, мавҷудият ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии хусусӣ бояд дар заминаи рақобати солим ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат намоянд, на баръакс.

Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки баъзе муассисаҳои тиббии хусусӣ баробари «ба по рост шуданашон» бо муассисаҳои тиббии давлатӣ ва дар маҷмӯъ, бахши тандурустии мамлакат як навъ «сабқат»- ро шурӯъ намудаанд. Ин ҷо андешае пайдо мешавад, ки шояд пешравиҳои муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки дар заминаи таваҷҷуҳу дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, ба чашми масъулини муассисаҳои тиббии хусусӣ чун хор намудор шудаву онҳо бо истифода аз ҳама гуна василаҳо мехоҳанд ба аҳли ҷомеа фаҳмонанд, ки «дӯғи мо турш нест». Ҳол он ки ба ҳамагон маълум аст, ки дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодаанд.

Давоми 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон зиёда аз 1000 беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дастрас намуданашон барои мо — тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд. Нуктаи муҳим он аст, ки тибқи маълумоти дастрасшуда барои харидории чунин таҷҳизот миллиардҳо сомонӣ харҷ шудааст. Мушоҳида мешавад, ки баъзан фаъолияти тибби хусусӣ дар заминаи муболиға ташвиқ гардида, дастовардҳои муассисаҳои тандурустии давлатӣ сарфи назар мегарданд. Боиси таассуф аст, ки як идда журналистон ба «осиёб»- и чунин «бузургон» «об мерезанд». Кор ҳатто то ҷое расидааст, ки масъулини баъзе муассисаҳои тандурустии хусусӣ ройгон будани хизматрасонии тиббиро «зеҳнияти замони шӯравӣ» меноманд. Саволе пайдо мешавад, ки оё чунин андеша хилофи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ нест? Иқтисодшиноси машҳуре чунин гуфта буд: «Шахс барои манфиати худ кор карда, ҳис намекунад, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат овардааст». Овардани андешаи фавқуззикр барои тақвияти нукоти баёнгардида бобати дар мадди аввал будани фоида барои муассисони муассисаҳои тандурустии хусусӣ аст.

Ногуфта пайдост, ки дилхоҳ нафар, хоса шаҳрванди хориҷӣ зимни дар кишвари мо кушодани чунин муассиса ба даст овардани фоидаро мадди назар дошту дорад. Дар ин росто, оё дуруст аст, ки дастовард, самаранокӣ, дастрас будан ва касбияти кормандони муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва илми тибби тоҷикро зери суол баранд? Вақте бо матолиби тарғиботии баъзе аз чунин муассисаҳо дар воситаҳои ахбори омма шинос мешавем, аён мегардад, ки онҳо «пайи сайде шудаанд, ки дигарон онро кайҳо кабоб карда хӯрдаанд». Суханон ва «роҳнамоӣ»- и як идда кормандони чунин муассисаҳо бошад, шабеҳи дӯшизаест, ки «модар нашуда, ба модарон тарбия ва нигоҳубини фарзандро омӯзониданист». Баъзе аз масъулини чунин муассисаҳо аз он ифтихор мекунанд, ки гӯё аввалин маротиба дар риштаҳои ҷарроҳии дил, урология, бемориҳои чашм, асаб ва ғайра амалҳои ҷарроҳиро анҷом доданд. Инсоф куҷост? Чаро ин масъулин дарк намекунанд, ки анҷоми чунин ҷарроҳиҳо дар кишвари мо ба ҳеҷ ваҷҳ маънии «Амрикои нав кашф кардан»- ро надорад, зеро аксари он «дастовард»- ҳое, ки аз онҳо бо ифтихор ном бурда мешавад, хеле пештар аз ҷониби мутахассисони муассисаҳои тандурустии давлатӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба анҷом расидааст. Ворид намудани таҷҳизоти нави соҳа, ки қисмати аъзами масъулини муассисаҳои тандурустии хусусӣ бо он «ифтихор» доранд, низ падидаи нав набуда, имрӯз ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар беморхонаҳои дурдасттарин минтақаҳои мамлакат номгӯйи зиёди онҳо мавҷуданд. Ба андешаи инҷониб, вақте кормандони муассисаҳои хусусии тандурустӣ аз истифодаи стандартҳои безараргардонӣ, зиддиуфунӣ «ёдовар» мешаванд, оё бо ин амалашон гуфтанӣ нестанд, ки дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ чунин тарзи кор роиҷ нест?

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, то чӣ андоза ба меъёрҳои қонунгузорӣ мутобиқ будани арзиши табобат ва чунин тарзи тарғибро таҳлилу хулосабарорӣ намояд. Боло гузоштани худ дар заминаи паст задани дигарон, ки ҳоло амалкардаи баъзе намояндагони тибби хусусӣ дар ин зимн сурат гирифта истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул набуду нест. Тааҷҷубовар аст, вақте баъзе кормандони чунин муассисаҳо, ки худ чанде пештар аз курсии донишҷӯйӣ бархостаанд, ба аҳли тандурустии кишвар «Стандарти тиллоӣ»- ро талқин менамоянд.

Наход ин «алломаҳо» фаромӯш карда бошанд, ки хатм кардани ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маънои онро надорад, ки шахс ба маънои томаш табиб шудааст. Илми тиб ва раванди омодасозии мутахассисони ин бахш аз соҳаҳои дигар ба куллӣ фарқ дошта, вежагиҳои хоси худро дорад. Масалан, ҷавоне, ки донишгоҳро бо ихтисосҳои дигар, аз ҷумла иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, геолог ва ғайра хатм менамояд, имкон ва қудрат дорад, ки шурӯъ аз ҳамон замон фаъолияташро вобаста ба ихтисоси омӯхтааш пеш барад. Вале барои он ки хатмкарда ҳамчун табиби комил фаъолияташро шурӯъ намояд, 10 — 15 сол лозим аст. Ин марҳила замина ва шароит фароҳам меорад, ки мутахассисони ҷавон дониши назарӣ ва амалии хешро, ки дар донишгоҳ омӯхтаанд, такмил дода, бо «кулбор»- и ғанӣ ба табобати маризон оғоз намоянд. Биноан, «мутахассисон»- ро мебояд зимни «таҳлил» ва «баҳодиҳӣ» ин ҷиҳати масъаларо низ ба инобат гиранд. 

Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола дар ИМА, бинобар ба хатоӣ роҳ додани табибон, зиёда аз 225000 нафар ва Британияи Кабир зиёда аз 40000 нафар беморон оламро падруд гуфта, дар Федератсияи Россия аз се як ҳиссаи ташхиси табибон носаҳеҳ арзёбӣ мегардад. Дар ҷумҳурии мо бошад, ин нишондиҳанда бамаротиб пасттар аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки фавтидани беморон дар аксари маврид на ба хатоии табибон, балки бо сабабҳои дигар, аз ҷумла дер ба духтур муроҷиат намудан, бардоштани ҷарроҳати бениҳоят вазнин, хунравии зиёд ва ғайра рабт дорад. Боядэътироф кард, ки давоми солҳои охир сатҳу сифати дастрасии аҳолии мамлакатамон ба хизматрасонии тиббии давлатӣ бамаротиб беҳтар гашта, тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, имкони бархӯрдорӣ аз онро доранд. Далелҳо аз ҳокианд, ки ҳамасола дар ин қабил муассисаҳо зиёда аз 149000 амалиёти ҷарроҳӣ  сурат мегирад. Гуфтан бамаврид аст, ки муассисаҳои тиббии хусусие, ки бо сатҳи баланди хизматрасониашон ифтихор доранд, дар як сол ҳамагӣ ҳудуди 2000 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом медиҳанду халос… Қазоват кунед, ки 149000 куҷову ҳудуди 2000 куҷо? 

Зиёд мешунавем, ки баъзе шаҳрвандон аз хароҷот шудани як миқдор маблағашон барои табобати худ ва пайвандонашон изҳори «нигаронӣ» намуда, онро тарзе баён менамоянд, ки гӯё ин маблағҳо ба «боди фано» рафта бошанд, на барои табобат. Вале дар ҳамин ҳол, чунин ашхос аз хароҷоти зиёд дар муассисаҳои тандурустии хусусӣ барои бемориҳои ҷузъӣ «муҳри хомӯшӣ» ба лаб задаанд.

Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки тибби хусусӣ дар кишвари мо шабеҳи ҳалвоест, ки бо гуфтанаш ҳанӯз «даҳон ширин намешавад». Бинобар ин, масъулини ин бахшро мебояд, «пеш аз тӯй нағоранавозӣ накарда» пайи густурда намудани фаъолият ва дастрастар гардидани хизматрасониҳои тиббӣ камари ҳиммат банданд.

Далер МЕРГАНОВ, журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here