Шукронаи даврони истиқлол, ки дар Истаравшани бостонӣ макони илм — Коллеҷи тиббӣ қомат афрохтааст. Муассисаи мазкур соли 1966 даставвал ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардида, соли 1991 бо ташаббуси академик Ҳ.М.Саидмуродов, ки он вақт вазифаи муовини сарвазири ҷумҳуриро ба уҳда доштанд ва инчунин, духтури шинохтаи шаҳри Истаравшан М.Ҳ.Фатҳуллоев, ки депутати халқии СССР буданд, ба омӯзишгоҳи мустақил табдил ёфт.

 

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан дар асоси фармони Вазорати тандурустӣ аз 24 апрели 1991, таҳти № 282 ҳамчун муассисаи таълимии мустақил фаъолият менамояд. Бо қарори ҲҶТ аз 3 марти соли 2014 таҳти № 148 ин муассисаи давлатии таълимӣ ба «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан» табдил дода шуд.

Муассисаи мазкур дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббии профилактикӣ», «Кори фармасевтӣ» ва «Кори тиббии ташхисӣ» фаъолият менамояд. Таълимгоҳ тӯли фаъолият садҳо мутахассисонро омода сохтааст ва аксари онҳо имрӯз ҳам дар соҳаи тандурусти шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва ҷумҳуриву берун аз он ифои вазифа доранд.

Қобили зикр аст, ки дар кори таълиму тарбия ва омода сохтани ин кадрҳо нақши устодони варзида, амсоли Муродбой Маҳкамов, Эргаш Маҳкамов ва дигар мутахассисони соҳаи тиб назаррас мебошад.

Кулли довталабон тавассути имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ ба коллеҷ қабул мегарданд. Таҳсил танҳо ба усули рӯзона буда, дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ сабақ меомӯзанд. Дар коллеҷ 4 шуъба амал карда, онҳо мутахассисони миёнаи соҳаи тандурустӣ — ҳамшираҳо ва бародарони шафқат, ёрдамчиёни эпидемиологҳо ва таҳлилгарони ташхиси лабораторӣ, дорусозиро тайёр мекунанд.

Хушбахтона, имсол коллеҷи тиббӣ донишҷӯёнро баъди хатми мактаби асосӣ низ қабул намуд, ки ин пешравиҳо ва талаботҳо сол аз сол афзуда истодааст. Вобаста ба талаботи замон ва тараққӣ кардани илму фарҳанг, шумораи донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 34 % зиёд аст, ки он 1100 нафарро ташкил медиҳад. Донишҷӯён асосан аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Спитамен, Зафаробод, Ашт, Масчо, Панчакент мебошанд. Маъмурияти коллеҷ дар оянда ният доранд, шуъбаҳои дандонсозӣ ва момодоягӣ кушоянд.

Бинои таълимгоҳ дуошёна буда, дорои зиёда аз 50 ҳуҷра, 43 синфхонаҳои фаннӣ ҷиҳозонида бо таҷҳизотҳои замонавӣ, 3 синфхонаи компютерӣ бо 80 адад компютер, 10 адад принтер ва дигар таҷҳизоти зарурии суҳбатдорию чопкунӣ, проектор, тахтаҳои электронӣ, китобхона бо дороии 500 асарҳои тахассусӣ, илмӣ ва бадеӣ ва китобхонаи электронӣ бо 15 ҷои нишаст буда, донишҷӯён аз истифодаи Интернет бархӯрдор мебошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёми худ оид ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тиб дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ба тарбияи мутахассисоне, ки қобилияти баланди азхудкунии техникаю технологияи муосир ва бо он кор карданро доранд, тадбирҳои муассир андешанд.

Аз ин рӯ, ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан қабл аз ҳама таваҷҷуҳи хосаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо, яъне омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ равона кардааст. Барои ин кор мо дар коллеҷ тамоми шароитҳои омӯзиш ва истифодабарии ҳамаи ин намудҳои техникаву технологияи ҳозиразамонро муҳайё кардаем, боз дар паси беморхонаи марказии шаҳр ва зерсохторҳои он 35 адад синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурии тиббӣ дорем. Гузашта аз ин мо ба таълими забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ медиҳем. Дар таълимгоҳ дастаҳои волейболбозон, баскетболбозон, тенниси рӯи мизӣ, шоҳмоту шашка дорем, варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию вилоятӣ борҳо дастболо шудаанд, — мегӯяд директории коллеҷ.

Коллеҷ 77 нафар омӯзгор, 2 корманди тандурустӣ, 8 нафар корманди хоҷагӣ, 105 нафар ҳамкор дошта, дар соли хониши 2018-2019 дар бахши якум 455 нафар, дуюм 375 нафар, сеюм 270 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 30 нафар дорои маълумоти олии тиббӣ, 47 нафар дорои маълумоти олии педагогӣ, 20 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 30 нафар тахассуси дараҷаи якум ва 5 нафар соҳиби дараҷаи дуюм мебошанд. Иштироки устодону донишҷӯён дар корҳои илмӣ низ назаррас аст. Аз ҷумла «Кори ҳамширагӣ дар педиатрия»-Махсудов А., «Момоӣ ва амрози занона»- Ҳакимов К., «Сотсиология» -Ғафуров С., «Таърихи халқи тоҷик» -Ғафуров С., дастури таълимии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» — Мустафоев С., аз чоп баромад. Дар байни донишҷӯён озмунҳои фаннӣ аз фанҳои биология, химия, таърих, забони тоҷикӣ ва забони русӣ гузаронида шуд. Дар ин озмун зиёда аз 100 нафар донишҷӯён иштирок карданд. Аз байни онҳо 5 нафар сазовори ҷои аввал гардида, роҳхати иштирок ба озмуни ҷумҳуриявиро гирифтанд. Аз байни онҳо донишҷӯи бахши 2-юм Эрнапасов Нуриддин аз фанни химия сазовори ҷои якум гашт.

Устодони коллеҷ ҷаҳд бар он лоранд, ки дарсҳои худро бо усулҳои нави замонавӣ гузаронанд. Дар соли хониши 2018-2019 3 синфхона, аз ҷумла таҳлилгоҳи лабораторӣ бо ҷиҳозаш, инчунин, синфхонаи лингафонӣ ташкил карда шуд, ки донишҷӯёни таълимгоҳ аз он самаранок истифода мебаранд.

Ҳамзамон, барои донишҷӯён бинои нави ошхона ба истифода дода шуд, ки аз гӯшаҳои хӯрокпазӣ, зарфшӯӣ ва толор барои 80 ҷой иборат аст ва ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

Айни ҳол 2 ятими кулл дар гуруҳҳои шартномавии муассиса таҳсил намуда, онҳо тибқи Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3.09.2007, таҳти №18/17 тасдиқ шудааст, аз пардохти таҳсил озод ҳастанд ва бо дастгирии Иттифоқи касабаи коллеҷ дар рӯзҳои ҷашнӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва стипендияи яквақта таъмин карда мешаванд, ки ин низ барои дилгармӣ ба касби худ нисбати ятимон аст. Ҳамасола донишҷӯёни буҷавӣ ва шартномавӣ баъди коллеҷи тиббиро хатм намудан бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд, ки ин иқдоме ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани эътибори кормандони соҳаи тиб мебошад.

Бешак фарҳанг ҳастии миллат аст. Ҳар як халқу миллат соҳиби фарҳанги бузург аст. Тағйирот ва пешрафти замон ҳамеша дар ҳамҷоягӣ бо дигаргуниҳои ҷамъият мавриди омӯзиш қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан дар баробари он ки ба кулли ҷавонони Тоҷикистон комёбиҳо таманно доранд, ҳамчунин ба ҳамаи довталабоне, ки оянда нияти таҳсил дар коллеҷи мазкурро доранд, муваффақиятҳо хоҳон ҳастанд.

Дар коллеҷ барои таҳсил ва фароғати муҳассилин беҳтарин шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Муассиса дар муддати фаъолияти начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил шудааст. Бахусус сатҳи баланди малакаи устодони соҳибтаҷриба аз он шаҳодат медиҳад, ки пайроҳаи интихобкардаи роҳбарияти коллеҷ аллакай ба шоҳроҳ наздик шудааст ва кафолати пурраи тарбияи кадрҳои баландихтисос ба муҳассилин дода мешавад.

Тавре дар суҳбат бо мо директори Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан Илҳом Раҷабов иброз доштанд, “ба довталабоне, ки нияти таҳсил дар Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшанро доранд, гуфтаниям, ки дар ҳама вазъият ҳаргиз ноумед набояд шуд ва барои ба мақсад расидан ҳамеша талош бояд кард. Ҳеҷ роҳе бе шебу фароз ва мушкилие нест, бинобар ин, аз мушкилӣ наҳаросида, бояд ҳар шахс дар пеши худ мақсад гузорад ва барои амалӣ шудани он талош варзад, то аз ӯ мутахассиси хуб барояд. Бигзор, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшанро дар ҷодаҳои шахсони барӯманд бибинему ҳамеша ифтихор аз онҳо кунем”.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here