Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимни суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон Аҳмадуллоев Зикрулло Аҳмадуллоевич иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат — боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, — зикр намуд З.Аҳмадуллоев ҳангоми суҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи корӣ интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Захираҳои кадрӣ

Тавре Зикрулло Аҳмадуллоевич дар идомаи суҳбат маълумот дод, дар муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 78 муассисаи профилактикӣ — 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 1 Маркази тиббии оилавӣ, 1 Маркази солимии репродуктивӣ, 1 Маркази эмтаъминкунӣ, 1 Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 Маркази ҷавонон, 31 адад  марказҳои саломатии деҳот, 40 адад бунгоҳҳои саломатӣ ва 7 адад нуқтаҳои тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки дар онҳо 597 нафар кормандон кор ва фаъолият мекунанд. Аз ин миён 73 нафар табибони маълумоти олидор, 397 нафар кормандони миёнаи тиб, 103 нафар кормандони хурди тиб ва 31 нафар кормандони гуногункасбро ташкил медиҳанд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 7 нафар табиб ба кор қабул шуда, 5 нафар табиб аз кор рафтаанд. Дар ҳамин ҳол, кормандони миёнаи тиб бошад, 38 нафар ба кор қабул шуда, 39 нафар аз кор рафтаанд. Аз 73 нафар табибон ҳамагӣ 45 нафарашон дараҷаҳои касбӣ доранд: бо дараҷаи олӣ 17 нафар, бо дараҷаи якум 12 нафар, бо дараҷаи дуюм 17 нафар. Кормандони миёнаи тиб бошад, бо дараҷаи олӣ 149 нафар, бо дараҷаи якум 50 нафар ва бо дараҷаи дуюм 79 нафар фаъолияти кории худро самаранок пеш мебаранд. Аз 591 нафар кормандони муассиса 447 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 нафар табибон ва 29 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузаштаанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 57 нафар табибон ва 184 нафар ҳамшираҳои тиббӣ дар семинар-омӯзишҳо иштирок намуда, аз такмили ихтисос ва семинар-омӯзишҳо гузаштани кормандони ҳирфаӣ дар соли ҷорӣ идома дорад.

Маркази репродуктивӣ

Дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар ноҳия 5190 нафар навзод таваллуд шудааст, ки нишондоди таваллуд 22,7 %0 (промил) -ро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 21 нафар кӯдак дар хона таваллуд шудааст, ки нишондоди таваллуди хонагӣ 0,4 фоизро ташкил мекунад. Дар шуъбаҳои таваллудхонаи ноҳия 5169 нафар кӯдак таваллуд шудаанд, ки нишондоди таваллуди беморхонагӣ 99,6% -ро дар бар мегирад. Мутаносибан нисбати 9 моҳи соли 2018 таваллуди хонагӣ 6 нафар кӯдак кам шудааст.

Миқдори фавт бошад, маҷмуан дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 604 нафарро ташкил мекунад, ки аз ин миқдор 570 нафар калонсолон ва 150 нафар кӯдакони то 18 -соларо ташкил мекунанд. Аз 150 нафар кӯдакони то 18 — сола 104  нафарашон кӯдакони то 1-сола мебошанд. Нишондоди фавти умумӣ 2.6 (промил)%, кӯдакони то 1- сола 19,3 (промил) %ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 4150 дона тестҳои оҷили ВНМО аз тарафи шабакаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон харидорӣ карда шудааст. Ҳамагӣ дар 9 моҳ 5871 нафар аз муоина гузаронида шудааст. Гузаштани занҳои ҳомиладор аз муоинаи ВНМО 98%-ро ташкил мекунад. Захираи тестҳои оҷилӣ барои занони ҳомиладор айни ҳол 174 дона мебошад.

Тибқи омори Маркази солимии репродуктивӣ дар ноҳия 58166 нафар занҳои қобили зоиш мавҷуд буда, айни ҳол 4472 нафари онҳо дар қайд мебошанд.      Бақайдгирии занҳои ҳомиладори то 12 ҳафта 90,6% ташкил медиҳад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ муоинаи занҳои ҳомиладор аз тарафи табибони момодоя гузаронида шуда, занҳои ҳомиладор аз тестҳои оҷилӣ ва муоинаҳои лабораторӣ гузаронида шуда, ба беморони вазнин барои муолиҷаи беморхонавӣ гирифтан роҳхат дода шуд.

Маркази эмтаъминкунӣ

Маркази эмтаъминкунии ноҳия ҳамаи эмҳоро сари вақт таъмин намуда, нақшаи эмбандии эмҳои БСЖ, ОПВ, Пентивалент, АКДС, сурхакону гулафшонро ба миқдори 97,7 фоиз иҷро намудааст. Дар давоми 3 моҳ 1  маротиба оиди иммунизатсияи кӯдакон шӯрои тиббӣ гузаронида шудааст. Кӯдакони фалаҷ дар давоми 12 моҳ ба қайд гирифта нашудааст.

Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ҳар моҳ ҳисоботро оид ба бемориҳои кӯдакона ба қайд гирифта, дар ҳамаи муассисаҳо ҳуҷра ва нуқтаҳои обнӯшонии доимоамалкунандаро ба роҳ мондааст, ки фаъолияти худро давом дода истодаанд. Дар 9 моҳ маркази мазкур ба кӯдакони аз 0 то 5 – cола маводҳои аввалини дорувориро тақсим намудааст, ки  барои сари вақт пешгирӣ намудани бемориҳои кӯдакона ёрии муфид мерасонад. Аз тарафи Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ба 1723 нафар кӯдакони аз 9 — моҳа то 5 — сола ғилофакҳои витамини А тақсим карда шуда ва ба 800 нафар кӯдакони аз 6 — моҳа то 2 — сола ба миқдори 440 қуттича спринкелс барои 1 давр тақсим карда шуд.

Дастгирии ниёзмандон

Айни замон дар ноҳия 2216 нафар маъюб дар қайд буда, аз инҳо 1679 нафар калонсолон ва 537 нафарашон кӯдакон ва наврасони то 18 — сола мебошанд. Аз ин миён 876 нафарро занон ва 1340 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Дар 9-моҳи соли ҷорӣ 9 нафар маъюб солимгардонӣ карда шудааст. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошанд, 6 нафар буда, собиқадорони меҳнати ҷумҳуриявӣ 2 нафар, иштирокчиён-маъюбони садамаи Чернобил 8 нафарро дар бар мегиранд. Маъмурият ва кормандони КАТС-и ноҳияи Ёвон аз ҳоли ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар иду ҷашнвораҳо хабардор шуда, онҳоро ройгон аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд ва бо маводҳои аввалини доруворӣ таъмин менамоянд.

Қарори №600

Муассисаҳои шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 кор ва фаъолият намуда, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 3156 нафар хизматрасонии тиббӣ намудааст. Аз инҳо 3076 нафар пулакӣ буда, маблағи он 29317 сомонӣ ва ба 80 нафар ба таври ройгон хизмат расонидааст, ки маблағи он 904 сомониро ташкил мекунад.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ва доимии шаҳрвандон ба 8885 нафар, аз ҷумла бо таври пулакӣ маблағаш 159163 сомонӣ, ройгон 65 нафар, маблағаш 1580  сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 1780 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудааст. Муоинаи тиббӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва мактаби ҳамагӣ 7349 нафар, маблағи пулакӣ 285530 сомонӣ буда, хизматрасонии ройгон ба 99 нафар маблағаш 3845 сомониро ташкил медиҳад.

Маблағи умумии ҷамъшуда 444693 сомонӣ буда, ба 164 нафар хизматрасонии ройгон карда, маблағаш 5425 сомониро ташкил медиҳад.

Муоинаи ҳатмӣ

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” дар муассисаҳои КАТС –и ноҳияи Ёвон шахсони никоҳшаванда ба таври ҳатмӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ин ҳисоб 2058 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронида шудаанд, ки аз инҳо 984 нафарашонро мардон ва 1075 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ҳамаашон таҳлилҳои лозима гирифта шуда, бо онҳо суҳбатҳо гузаронида шудааст.

Амалиёти хатна

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.05.2018 сол №431 “Дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Маркази саломатии ноҳия, шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия ва 17-то марказҳои саломатии деҳот амалиёти хатнаи кӯдакон ба 945 нафар кӯдакон гузаронида шудааст, ки аз инҳо; аз 0-20 рӯза-109 нафар, аз 20 рӯза то 6 моҳа — 223 нафар, 6 моҳа — 3 сола 320 нафар, аз 3 сола боло 299 кӯдакро дар бар мегирад.

Корвони саломатӣ

Дар моҳи марти соли 2019 дар деҳаи Тутчашма ва ҷамоати деҳоти Даҳана ва ҳамчунин, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Маркази саломатии деҳоти Тағойобод таҳти унвони “Ғизо барои солимии оянда” лоиҳаи “Корвони саломатӣ”” гузаронда шуд. Моҳи апрел бошад, чунин як чорабинӣ аз тарафи табибони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Маркази саломатии деҳоти Ҳамза баргузор гардид. Дар баробари ин, бо фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модарон аз тарафи табибони момодояи Маркази солимии репродуктивии ноҳия ҳамаи 3 667 занҳои ҳомиладори ноҳия аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, беморон ба шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ карда шуданд. Дар моҳи сентябр аз тарафи табибони момодояи Маркази солимии репродуктивӣ муоинаи тиббии занҳои ҳомила гузаронида шуд. Барои гузаронидани корвонҳои саломатӣ ба миқдори 5000 сомонӣ маводҳои доругӣ ба аҳолӣ ба таври ройгон тақсим гардид.

Таъмиру тармим

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар як қатор муассисаҳо аз ҳисоби Лоиҳаи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи Бонки умумиҷаҳонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст. Дар ҳуҷраҳои Маркази саломатии ноҳия аз ҳисоби буҷаи маҳал ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, айни замон таъмир дар ҳуҷраҳои он давом дорад. Дар баробари ин, ба маблағи 28 ҳазору 940 сомонӣ маводҳои доруворӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Маркази саломатии деҳоти Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн аз ҳисоби Лоиҳаи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ ва сахту мулоим таъмин гардид. Дар моҳи март бошад, Бунгоҳи саломатии Заркамари ҷамоати деҳоти Даҳана бо тарзи ҳашар сохта ба истифода дода шуд, ки барои сохтмони он аз тарафи буҷаи маҳал 7500 сомонӣ масраф шудааст. Дар моҳи июл Маркази саломатии деҳоти Бӯстони ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд ва бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ ва сахту мулоим таъмин гардид. Дар моҳи сентябр Маркази саломатии деҳоти Чормағзаки ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд ва бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва сахту мулоим таъмин гардид. Инчунин дар моҳи сентябр Маркази саломатии деҳоти «Рӯдакӣ» -и ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо тариқи ҳашар ва Маркази саломатии деҳоти Даҳана аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.

Идомаи бунёдкориҳо

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар Бунгоҳи саломатии «Оби Мукӣ-1» аз ҷамоати деҳоти Обшорон ба тариқи ҳашар пеш рафта истодааст. Дар Маркази саломатии деҳоти Саъдии Шерозӣ бошад, сохтмони таваллудхонаи минтақавӣ ба тарзи ҳашар давом дорад ва дар соли ҷорӣ он ба истифода дода мешавад.

Сохтмон ва азнавсозии марказҳои саломатии деҳоти Меҳристон, Қуймот ва Бунгоҳи саломатии Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн ва Баҳори ҷамоати деҳоти Норин ба нақша гирифта шудааст.

Бунгоҳи саломатии «Саргаҳ» аз ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ва Бунгоҳи саломатии «Оби Мукӣ-2» аз ҷамоати деҳоти Обшорон  иҷоранишин буда, барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон маълумотнома пешниҳод карда шудааст.

Ба қавли Зикрулло Аҳмадуллоев, айни ҳол нарасидани табибони тибби оилавӣ, камбудии компютерҳо ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ, таъмирталаб будани муассисаҳои профилактикӣ, норасоии таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон дар муассисаҳои деҳот ва инчунин, ҷудо намудани маблағҳои буҷавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри харидории тестҳои оҷилӣ ба занҳои ҳомиладор ва никоҳшавандагон аз зумраи мушкилоти ҳалталаби муассисаҳои шабакаи КАТС-и ноҳияи Ёвон ба шумор мераванд, ки роҳбарияти муассиса дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи роҳҳои ҳалли саривақтии онҳо ҷаҳду ҷадал доранд.

Самти парвоз ҳам мушаххас аст…

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС – и ноҳияи Ёвон Зикрулло Аҳмадуллоев дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.

Зикрулло Аҳмадуллоевич бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Ёвон ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, КАТС – и ноҳияи Ёвон низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

МТЖТ

Добавить комментарий