Бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз мушкилоти ташвишовари аҳли сайёра гардидааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкил бетараф нест. Ҳодисаи аввалини сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шудааст ва худи ҳамон сол ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолиятҳо дар самти пешгирии паҳншавии ин сироят Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва дар солҳои минбаъда зерсохторҳои он дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 то 30-юми сентябри соли 2019 ҳамагӣ 11762 нафар ҳамчун сироятёфтаи ВНМО ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон 7576 (64,4%) дар байни мардон ва 4186 (35,6%) дар байни занон дарёфт ва ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи роҳҳои сирояти ВНМО 6601 нафар (56,1%) бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, 3763 нафар (32%) бо роҳи тазриқӣ, 467 нафар (4%) аз модар ба кӯдак ва 931 нафар (7,9%) бо роҳи номаълум ба қайд гирифта шудаанд.

Аз шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО (11762) то 30.09.2019-ум сол 3149 нафар фавтидаанд, ки 2471 нафари онҳо мардон ва 678 нафар занон мебошанд.

То 30.09.2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 8613 нафар шаҳрвандон бо ВНМО зиндагӣ менамоянд, ки 73,3%-ро аз шумораи умумии бақайдгирифтагон ташкил медиҳад.

Мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили он мебошад, рӯ ба афзоиш овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати давлатҳои минтақа ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО нисбатан муътадил буда, паҳншавии он дар 100 000 нафар аҳолии кишвар ба 94,3 нафар баробар аст. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар Давлатҳои Муштаракул Манофеъ аз 200 то 800 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи таҳлилҳо, дар ҷаҳон нисбати сирояти ВНМО нашъамандони тазриқӣ, занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ва маҳбусон ҳамчун гуруҳи хатари баланддоштаи аҳолӣ ба шумор рафта, сироятёбӣ низ дар миёни намояндагони ин гуруҳҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Кӯдакон, ҷавонон, занони ҳомила ва муҳоҷирони меҳнатӣ нисбати ин беморӣ ҳамчун гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ба шумор мераванд.

Гарчанде дар ҷумҳурӣ солҳои охир шумораи дарёфти шахсони сироятёфтаи ВНМО зиёд шуда бошад ҳам, аз соли 2012 то 9-моҳаи соли 2019 фоизи ҳодисаҳои дарёфтшуда аз шумораи умумии шахсони муоинашуда аз 0,17% то 0,19%-ро ташкил медиҳад. Яъне ҳар қадар бештар шаҳрвандонро аз муоина гузаронанд, ҳамон қадар бештар ҳолатҳои нави сирояти ВНМО дарёфт карда мешаванд. Саривақт дарёфт намудани ҳодисаҳои нав имкон медиҳад, ки шахсони сироятшуда саривақт ба қайд гирифта, ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шаванд. Инчунин, дарёфти шумораи бештари сироятёфтагон аз беҳтар гардидани сифати муоина низ шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади муайянсозии сирояти ВНМО айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 320 ташхисгоҳҳо фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумора дар назди марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳру ноҳияҳо 64 адад ташхисгоҳҳо бо усули ташхиси фаврӣ ва 28 ташхисгоҳҳо бо усули ташхиси иммуноферментӣ фаъолият мебаранд. Инчунин бо мақсади назорат намудани самаранокии табобати зиддиретровирусӣ 11 дастгоҳи таҷзияи полимеразӣ (ПЦР) ва 7 дастгоҳи муайянкунии сатҳи масуниятии (иммунитет) шахсони сироятёфта дар сатҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Душанбе, Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и вилоятҳо, ноҳияҳои Ҷ. Балхии вилояти Хатлон ва Панҷакент ва Конибодоми вилояти Суғд фаъолият менамоянд, ки ин дастгоҳҳо мутобиқ ба меъёрҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд. Дар ташхисгоҳҳои марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО мутахассисони соҳибихтисос ва соҳибтаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.

Оё исбот шудааст, ки аз модари бемор фарзанди солим ба дунё меояд? Оре, ин ҳолат дар ҷаҳон исботи худро ёфтааст. Ҳангоми дарёфт шудани зани ҳомилаи мубталои ВНМО аз тарафи мутахасисони соҳаи тандурустӣ занони ҳомила ба табобати пешгирикунандаи сирояти кӯдак фаро гирифта мешаванд. Ҳангоми истеъмоли доруҳо ва риояи истеъмоли он миқдори сарбории вирусӣ дар организми зан паст гардида, хатари сироятёбии кӯдак бо ВНМО хеле паст мегардад. Зани мубталои ВНМО агар ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои зидиретровирусиро саривақт истеъмол накунад, хатари сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак 30-40%-ро ташкил медиҳад. Ҳангоми фарогирии зани ҳомила ба чорабиниҳои пешгирикунанда ин хатар 2%-ро (танҳо 2% кӯдакон дорои хатари сирояти ВНМО мебошанд) ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо бо ташаббуси Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии фарогирии табобати пешгирикунанда барои занони ҳомила дар сатҳи баланд қарор дорад. Танҳо дар 9 моҳи соли 2019 зиёда аз 98% занони ҳомиладор саривақт ба ташхиси ройгони ВНМО фаро гирифта шуда, ҳамаи занони ҳомилаи бо сирояти ВНМО дарёфтшуда бо чорабиниҳои пешгирикунанда ба пуррагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар соли 2004 якумин маротиба зани ҳомилаи мубталои ВНМО ба қайд гирифта шуда, ба чорабиниҳои пешгирикунанда фаро гирифта шуда буд. То 30.09.2019 ҳамагӣ 1234 кӯдакон аз модарони бо сирояти ВНМО таваллуд шудаанд, ки аз онҳо 805 (65,2%) нафар кӯдакон бо натиҷаи таҳлили лаборатории “манфӣ” аз қайд бароварда шудаанд. Ҳамагӣ 39 кӯдаконе, ки аз модарони мубталои ВНМО таваллуд шудаанд, бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки сабаби сироятёбии онҳо саривақт фаро нагирифтани модарони онҳо бо ташхиси ВНМО мебошад. Инчунин, ҳамагӣ 290 (23,5%) нафар кӯдаконе, ки аз модарони бо ВНМО сироятшуда таваллуд шудаанд, айни замон таҳти назорат қарор доранд ва баъди 2-карата ташхиси иммуноферментӣ бо натиҷаи “манфӣ” онҳо танҳо дар синни 18-моҳагӣ аз рӯи алгоритми ташхисӣ аз назорат ва қайд бароварда мешаванд.

Бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) — ин бемории сироятӣ буда, фаъолияти масунияти (иммунитети) одамро суст мегардонад ва шахс зуд-зуд ба дигар бемориҳои сироятии ҳамрадиф гирифтор мешавад. Дар ҳолати саривақт аз ташхис нагузаштан ва ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта нашудан, шахси сироятёфта ба бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ-СПИД) гирифтор мешавад.

Вируси норасоии масунияти одам бо се роҳи асосӣ мегузарад:

Роҳи якум: Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, яъне ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори ин беморӣ мебошанд, дар вақти истифода набурдани маводҳои пешгирикунанда (рифола).

Роҳи дуюм: Аз хун ба хун, яъне аз хуни шахси бемор шахси солим ҳангоми гузаронидани хун, истифодабарии асбобҳои ҷарроҳӣ, ки бо хуни бемори ВНМО олудашуда, ки аз рӯи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ безарар гардонида нашудаанд, аз тариқи сӯзандоруҳо дар байни нашъамандони тазриқӣ, истифодаи сӯзанҳои оддӣ, асбобҳои халандаю буранда дар шароити хона ё кошонаҳои ҳусн шахс метавонад гирифтори ин беморӣ гардад.

Роҳи сеюм: Аз модари сироятёфта ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва бо воситаи шири модар.

Роҳҳои пешгирӣ чунинанд:

— Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони ношиносу тасодуфӣ, ки метавонанд гирифтори ВНМО бошанд, истифода аз маводҳои пешгирикунанда (рифола);

— Танҳо як шарики ҷинсӣ доштан ва ба ҳамсари худ вафодор будан;

— Шахсоне, ки ҳаёти ҷинсии бетартибона мебаранд, бо худ ҳамеша бояд рифола дошта бошанд;

— Дасткашӣ намудан аз истифодаи маводҳои мухаддир, хусусан бо роҳи тазриқӣ;

— Агар шахс аз истеъмоли маводҳои мухаддир дасткашӣ карда наметавонад,

сӯзандору ва дигар асбобҳо барои истеъмоли маводҳои мухаддирро яккарата истифода барад;

— Истеъмоли маводҳои мухаддир бидуни роҳи тазриқӣ ё муроҷиат кардан ба марказҳои наркологӣ барои табобат аз нашъамандӣ ё гирифтани табобати ивазкунандаи опиоидӣ;

— Истифодаи сӯзандоруҳо, асбобҳои бурандаю халандаи тиббӣ ва ғайритиббӣ (дар муассисаҳои тиббӣ, кошонаҳои ҳусн, утоқҳои стоматологӣ, дар шароити хона) яккарата ва безараргардонидашуда;

— Ҳангоми расмкашӣ дар бадан, гӯшсурохкунӣ, пирсинг ва ғайра истифода бурдани асбобҳои яккарата ва безараргардонидашуда;

— Истифодабарии теғ барои риштарошӣ ва браши дандоншӯии шахсӣ;

— Пеш аз банақшагирии ҳомиладорӣ ва дар давраи ҳомиладорӣ аз ташхиси ВНМО гузаштан;

— Ташхис, дарёфт ва табобати саривақтии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, аз ҷумла ВНМО;

— Агар шахс эҳтимолияти сироятёбии ВНМО дошт бошад, баъди 3 моҳ бояд аз ташхиси ВНМО гузарад;

— Агар шахс сироятёфтаи ВНМО бошад, бояд ба табобат пайравӣ намояд.

Бояд гуфт, ки дар самти пешгирӣ, ташхис, табобат ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бепоён мебошад. Дар соли 2017 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзимдарорӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷаҳонӣ “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” тасдиқ гардид, ки яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ дар самти пешгирӣ ва табобати сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ мебошад. Бо мақсади пешгирии сирояти ВНМО бо роҳи аз модар ба кӯдак ва дарёфти саривақтии сироятёфтагони ВНМО ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 000 тестҳои ташхисӣ барои муоинаи занони ҳомила ва шахсони никоҳшаванда харидорӣ мешавад ва кӯдакони аз модарони сироятёфтаи ВНМО таваллудшуда бо шири сунъӣ таъмин карда мешаванд.

Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ нисбати ВНМО бо тариқи васоити ахбори омма, дар ҷойҳои серодами шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, инчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар ҳоло 64 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО таъсис ёфта, фаъолият доранд.

Тоҷикистон дар муқовимат ба эпидемияи ВНМО бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан Ҳукумати Федератсияи Россия ва Нақшаи фавқулоддаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мубориза бар зидди паҳншавии ВНМО ва бисёрҷониба (агентиҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид — Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба вируси норасоии масунияти одам (бемории пайдошудаи норасоии масуният), Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи Глобалӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ғайра) фаъолона ҳамкорӣ намуда истода, дар фаъолияти хеш дар ин самт, ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид, аз ҷумла эъломия оид ба пайравии фаъолият нисбати мубориза алайҳи ВНМО ва БПНМ аз соли 2001 ва эъломияи сиёсӣ оид ба ВНМО ва БПНМ таҳти шиори «Беҳтар намудани фаъолиятҳо баҳри нобуд сохтани ВНМО ва БПНМ» аз соли 2011-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 боз як ҳуҷҷати муҳим — Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021-ро, ки ба пурзӯр намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯбаи расидан ба Ҳадафҳои рушди босубот мебошад, қабул намуд. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат дастоварди 90/90/90 буда, он ба таври зайл маънидод мегардад:

— 90% сироятёфтагон то соли 2020 нисбати бемории худ огоҳӣ доранд;

— 90% сироятёфтагон, ки нисбати бемории худ огоҳӣ доранд, табобати зиддиретровирусӣ мегиранд;

— дар 90% сироятёфтагоне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад.

Барои саривақт ва ҳангоми зарурият бистарӣ гардонидани беморони бо ВНМО сироятшуда дар ҳолатҳои вазнин аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо шуъбаҳои махсус дар назди муассисаҳои тандурустии бемориҳои сироятӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин шуъбаҳо беморон бо роҳхати табибони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо бистарӣ карда мешаванд. Барои беморони бистаришуда аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ хӯроки севақта ва аз тарафи Хазинаи Глобалӣ ҳамаи доруҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чорабиниҳо нисбати пешгирии сирояти ВНМО, ташхис, назорат ва табобати ВНМО пурра ба роҳ монда шудаанд. Ҳамасола мутахассисони муассисаҳои ислоҳӣ ба чорабиниҳои омӯзишӣ нисбати ташхис ва гузаронидани машваратҳои то ба баъди ташхисӣ, табобати зидиретровирусӣ, назорати диспансерии беморон, табобат ва пешгирии бемориҳои оппортунистӣ фаро гирифта мешаванд. Мутахассисони марказҳои ВНМО-и вилоятҳо мунтазам кӯмакҳои амалию методӣ ба мутахассисони муассисаҳои ислоҳӣ мерасонанд.

Бемороне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, таҳти назорати қатъии табибон нисбати табобат, таҳлилҳои озмоишӣ дар вақти табобат ба хотири муайян намудани самаранокии табобат қарор доранд.

Дар сафи қувваҳои мусаллаҳ аз рӯи тартиботи сохторҳои қудратӣ шахсони бо ВНМО хизмат карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи даъватшавандагон ва кормандони мақомоти қудратӣ пеш аз оғози фаъолият аз ташхиси ВНМО гузаронида мешаванд.

Дар сиёсати пешгирии сирояти ВНМО ва дигар бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми январи соли 2018 дар баромадашон таъкид намуданд, “пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд”.

Тавре дар қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ омадааст, агар шахсе, ки дидаю дониста шахси дигарро ба хатари сироятёбӣ мегузорад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳоло якчанд нафароне, ки ба ин амал даст задаанд, аз тарафи мақомоти қудратӣ дастгир карда шуда, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тамоми ташхис ва табобат ройгон буда, маблағи он аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷаҳонӣ пардохт карда мешавад.

Оё вазир медонад?

Гарчанде дар мушкилтарин давра барои Тоҷикистон маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуда буд ва давоми 28 соли охир ба яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои ин вазорат табдил дода шуда бошад ҳам, ҳоло ҳам дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар нисбати ин вабои аср хунукназарӣ карда шуда, ба хатаре, ки ба сари инсоният ин беморӣ овардааст ва ҷони миллионҳо нафарро гирифтааст, аз паси панҷа менигаранд. Инро мо дар мисоли Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидии ВНМО дар шаҳри Ваҳдат мебинем. Дар суҳбат бо мо директори ин марказ Мирзошарифи Эмомалӣ иброз намуд, ки ӯ тӯли 1,5 сол инҷониб вазифаи директории марказро бар дӯш дораду чанд дафъа ба Раёсати молияи шаҳри Ваҳдат дархост оид ба ҷудо намудани маблағҳо пешниҳод карда бошад ҳам, касе аз мақомдорон ба доди ӯ нарасидаанд ва ҳамагӣ барои шаҳри Ваҳдат, ки дорои 460 000 аҳолӣ мебошад, 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд, ки ин аз талаботи марказ 40-50 маротиба кам аст. Мавсуф илова намуд, ки дар марказ 22 нафар кор мекунанд, ки аз ин 12 нафарашон мутахассисон мебошанд. Ҳамчунин, илова намуд, ки барои фаъолият намудан ба ӯ ваъда шудааст, ки боз як утоқи кории дигар аз ҳисоби беморхонаи марказӣ медиҳанд. Вале оид ба суоли он, ки барои чӣ одитарин шароити бехатарии санитарию эпидемиологӣ инҷо риоя намегардад, номбурда худро ба нофаҳмӣ зада, намехост мавзуро шарҳ диҳад. Ҳол он ки, табобати ин беморонро дар вагоне, ки саҳни ҳавлӣ меистод, ба таври статсионарӣ анҷом медиҳанд. Махфият ва режими табобатӣ умуман инҷо риоя намегардад. Иловатан ба мо маълум гардид, ки гарчанде роҳбари марказ аз МИҲД-и шаҳри Ваҳдат 300 000 сомонӣ маблағ барои ташхиси навхонадорон ва табобати беморон дархост намуда бошад ҳам, аз он маблағ ҳамагӣ 10 000 сомонӣ барои маркази ВНМО-и шаҳри Ваҳдат ҷудо гардидааст, ки то ба марказ расидан дар масофаи 300-400 метр “ғайб задааст”. Яъне, аз ин маблағи ҷудогардида ягон нафар бемор ва ё занҳои ҳомила, ки ба гуфтаи роҳбари марказ, гӯё шири сунъӣ гирифтаанд, баҳрае набардоштаанд. Иловатан, ба маълумоти вазири муҳтарам Олимзода Н. Х. мерасонем, ки шарту шароити корӣ дар ин муассисаи зери назорати эшон ба ягон меъёри санитариву эпидемиологии ҳатто дараҷаи миёна ҷавобгӯ набуда, инҷо ҳатто ҳоҷатхона ва ҷойи несткунии маводҳои истифодашуда вуҷуд надорад.

Мувофиқи иттилои бадастовардаи МТЖТ, маълум гардид, ки дар мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз санаи 24-уми сентябри соли 2019 таҳти №9-11 “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми феврали соли 2017, таҳти №89 “Дар бораи барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” ин ҷаноб барои ноуҳдабароияш дар баробари 18 нафари дигар аз вазифа сабукдӯш карда шудааст. Вале барои чӣ ӯ то имрӯз дар вазифаи худ фаъолият дорад? Гарчанде комиссияи салоҳиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар кори ин муассиса хатоҳои басо ҷиддиро ошкор намуда ва дар самти истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳое, ки тибқи хизматрасонӣ таҳти фармони №600 аз соли 2008-ум ба ин муассиса ворид гардидаанд, зиёд камбудиҳо ва амалҳои коррупсиониро ошкор намуда бошад ҳам, барои чӣ ин ҷаноб то имрӯз дар вазифаи худ кор карда истодааст? Агар ҷаноби Мирзошарифи Эмомалӣ пуштибони зӯре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё болотар аз он надошта бошад, оё метавонад бо як фармони менеҷери сохтори госпиталии шаҳри Ваҳдат аз 21-уми июли соли 2018 таҳти №531 фаъолият намояд? Ҳол он ки, бояд ба ин вазифа танҳо ва танҳо бо фармони Маркази миллии ВНМО таъин мегардид.

Инҳо суолҳое ҳастанд, ки мо посухашонро аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва МИҲД-и шаҳри Ваҳдат интизорем.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий