Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

 

Сарварии Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимов Мирзо Камолович бо собиқаи беш аз 20 – солаи роҳбарӣ бар уҳда дорад. Зимни суҳбат сардори Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тиббию санитарии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат — боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Мирзо Абдураҳимов дар идомаи суҳбат зиур намуд, ки дар тобеияти КАТС – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 7 маркази саломатии деҳот ва 52 бунгоҳи саломатӣ мавҷуд буда, ба 171407 нафар аҳолӣ хизмати тиббии босифат мерасонад. Дар Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 636 нафар кормандони тиб, аз он ҷумла духтурон — 74 нафар, кормандони миёнаи тиб-380 нафар, кормандони хурд -131 нафар ва кормандони хоҷагидорӣ-40 нафар, кору фаъолият менамоянд. “Сатҳи дараҷанокии касбии духтурон алҳол 85% ва дараҷанокии касбии кормандони миёнаи тиб 77 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ҳалли худро талаб менамояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари кормандони миёнаи тиб мутахассисони ҷавон буда, собиқаи кори то 5 сола доранд”, — андеша дорад Мирзо Камолович ва меафзояд: “Ба ҳар ҳол, зикр намудан бамаврид аст, ки Маркази саломатии ноҳия бо табибон ва ҳамшираҳои шафқат пурра таъмин мебошад. Норасоии мутахассисон асосан дар марказҳои саломатии деҳот аз ҳисоби духтурони кӯдакона, амрози дарунӣ, духтури занона ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳам дар ояндаи наздик аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҷавонони ноҳия он ҷо таҳсил доранд, ҳалли худро пайдо мекунад”.

Ба қавли М. Абдураҳимов, Маркази саломатии ноҳия аз соли 1989 ба кор оғоз намуда, айни ҳол дар як баст ба қабули 500 нафар ниёзмандон омода аст. 12 сентябри соли 2016 таъмири бинои МСН аз бомаш шуруъ гардида, соли 2017 ошёнаи 4-уми як қисми бино пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва дар соли 2018 ошёнаи 4-уми қисми дуюми бино пурра таъмир гардид. Дар баробари ин, инчунин системаи обтаъминкунии бино то ошёнаи якум таъмир карда шуда, ҳамаи тирезаҳои бинои МСН бо тирезаҳои ҳозиразамони пластикӣ иваз гардидаанд. Зикри ин нукта бамаврид аст, ки хатти озоди барқ ба МСН пайваст аст. Дар маҷмуъ, то имрӯз ба маблағи камтар аз 1200000 сомонӣ корҳои таъмир ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон, соли 2018 барои 6 бунгоҳи саломатӣ — бунгоҳҳои саломатии «Ҷовидон-1», «Сомониён», «Тӯрдиев», «Куҳдоман» ва «Обшорон» иморатҳои нав бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳаҳо сохта, ба истифода дода шуд. Соли ҷорӣ бошад, бинои Бунгоҳи саломатии Роҳи Сотсиализм-1 аз тарафи шаҳрванд Воҳидов Ш. Бунёд ва мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт. Инчунин, дар деҳаи Пушкин сохтмони иморат барои бунгоҳи саломатӣ дар арафаи анҷомёби қарор дорад. Дар деҳаи Пахтакор бошад, сохтмони бино барои бунгоҳи саломатӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Чунонки сардори КАТС зикр намуд, то имрӯз барои ҳуҷраҳои обнӯшонии МСН, МСД «Тоҷикистон» ва МСД «Яккатут» аз тарафи Лоиҳаи «Саломатӣ ва ғизо» 12 маҷмуи таҷҳизот (4 маҷмуӣ барои ҳар як ҳуҷра) дастрас гардидааст. Инчунин аз тарафи ин лоиҳа 3 бунгоҳи саломатӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, ҷойхоб, кондитсионер, гармкунаки барқӣ ва ғайра таъмин карда шудаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ободонӣ ва дарахтшинонӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла, дар замини пеши МСН зиёда аз 300 дона гулҳои лола, зиёда аз 500 дона гулҳои садбарг, дарахтони ҳамешасабз, инчунин, дар гирду атрофи МСД ва бунгоҳҳои саломатӣ беш аз 500 дарахту гулҳои садбарг шинонида шуданд.

Мутобиқи сметаи хароҷотӣ ба Маркази саломатии ноҳия бо тағйироту иловаҳо дар соли 2019-ум сметаи хароҷотӣ дар ҳаҷми 6492935 сомонӣ ҷудо карда шуда буд, ки иҷроишаш дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ мувофиқи нақша 1230063 сомонӣ, вале иҷроишаш 1600224 сомониро ташкил медиҳад, ки ин 130,1 фоиз мебошад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12 соли 2008 таҳти рақами № 600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарии пулакӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуъбаҳои ташхиси таҳлилгоҳӣ, шуъбаи физиотерапевтӣ, ҳуҷраҳои УЗИ, ташхиси рентгенӣ аз 9-уми ноябри соли 2012-ум ба хизматрасонии пулакӣ гузаронида шудаанд. Нақшаи солона оиди фармони мазкур 200000 сомониро ташкил медод ва он дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 28943 сомонӣ иҷро шудааст, ки 57,9% — ро ташкил медиҳад. Барои огоҳ намудани ниёзмандон вобаста ба нархи хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи ҳуҷраҳои хизматрасонӣ оиди нархнома ва қоидаҳои хизматрасонӣ овезаҳо насб шудаанд. Инчунин дар даромадгоҳи Маркази саломатӣ дар тахтаи эълонҳо ҳамин гуна маводҳои тартиботӣ овехта шудаанд. Дар суратҳисоби махсус тайи се моҳи соли 2019 56549 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки 94,8%-ро ташкил медиҳад. Маблағҳои зикршуда барои пардохти музди меҳнат, хариди таҷҳизоти зарурӣ, маводи хоҷагидорӣ, доруворӣ ва конселярӣ, инчунин барои таъмири косметикии шуъба ва ҳуҷраҳои дар боло зикршуда хароҷот гардидааст.

Дар мавриди фаъолияти Комиссияи тиббӣ барои наваскарон Мирзо Камолович мегӯяд, ки Комиссариати ҳарбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарафи КАТС бо 11 нафар мутахассисон — табибони касбӣ саривақт таъмин карда мешавад. Ҳуҷраҳои ташхисӣ дастгоҳҳои Ултрасадо, ЭКГ, таҳлилгоҳ барои таҳлили умумии хун, пешоб, RV ташкил фаъол ҳастанд. Даъватшудагон аз назорати диспансерӣ гузаронида мешаванд, ҷавонони бемор эътирофшударо дар Маркази саломатӣ ба қайд гирифта, оиди солимгардонии онҳо кори доимӣ бурда мешавад.

Дар баробари ин, дар Маркази саломатии ноҳия 4 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 22 нафар маъюбони садамаи атомии Чернобил, 11 нафар ҷанговарони интернасионалист, дар умум 64 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи эшон таҳти назорати доимии табибони мутасаддӣ қарор доранд.

Қобили тазаккур аст, ки тайи ду соли ахир сатҳи мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ дар ҷараёни муътадил қарор дошта, дар ин муддат ягон ҳодисаи гирифторӣ ба бемориҳои домана, малярия, Гепатити А, Гепатити В, батулизм, бурутселлез, таби хунин, фалаҷи канора ба қайд гирифта нашудааст. Сатҳи мубталоӣ ба бемории сил, бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, роҳи нафас ва сил дар шашмоҳаи солҳои 2018 ва 2019 мутаносибан 11 — 14, 56 — 74 ва 8 — 17 ҳолатро ташкил медиҳанд.

Бояд қайд, ки дар МСН аз моҳи марти соли 2018 дар базаи 2 шуъбаи тибби оилавӣ Маркази тибби оилавӣ ташкил карда шуда, 8 нафар табибони оилавӣ ва 21 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар моҳи феврал-марти соли 2019 17 нафар кормандони миёнаи тиб аз курси 1 моҳаи такмили ихтисос гузаштанд.

Сарвари КАТС – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мирзо Абдураҳимов бар ин назар аст, ки баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ як қатор нақшаву чорабиниҳоро, аз ҷумла, мунтазам ва тибқи нақша аз курсҳои такмили ихтисос гузарондани духтурон ва кормандони миёнаи тиб, дар сатҳи на камтар аз 90% таъмин намудани дараҷанокии касбии кормандони тиб, бо нақлиёти санитарӣ таъмин намудани МСН, таҷҳизонидани МСН бо асбобҳои ташхисии ултрасадоии замонавӣ, асбоби гастродоуденоскоп, дастгоҳи автоклав ва таъмини пурраи МСН бо системаи обгузаронӣ амалӣ намудан ногузир аст, ки ин ба сатҳу сифати кори соҳа таъсири хуб мерасонад. Ҳамчунин, барои беҳтар намудани фаъолияти ташхисиву табобатӣ таъмини МСН бо таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, гастроскоп, ЭКГ, дастгоҳи флюрографӣ, ФЭК, электроотсос, курсиҳои стоматологӣ дар навбати аввал зарур мебошад.

“Фаъолияти шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳия мутазам аз ҷониби маъмурият, комиссияҳои дахлдор дида баромада, таҳлил карда мешаванд. Бо тақозои замон барои куллан беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии госпиталӣ як қатор чорабиниҳоро амалӣ намудан айни муддао мебошад.

Зимнан дар оянда бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани базаи моддӣ-техникӣ, таъминоти муассисаҳои тиббии ноҳия бо мутахассисон, баланд бардоштани савияи дониши кормандон мутобиқ ба нақшаи тартибдодашуда фаъолияти босубот роҳандозӣ хоҳад шуд”, — мутмаин аст сардори Шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳимов Мирзо Камолович.

“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд”,  — бо итминон иброз намуд сарвари КАТС –и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ М.К.Абдураҳимов.

Добавить комментарий