Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо  назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш»”, ки дар забони мардум бо номи Беморхонаи Қарияи боло маъруф аст, дар кишварамон аз марказҳои табобатии дар самти фаъолияти худ камназирест, ки тайи солҳои мадид ба беморон кумаки амалии сифатнок мерасонад. Нуфузу эътибори табибон ва олимони синохисоли маркази мазкур аст, ки ба ин марказ на танҳо аз саросари ҷумҳурӣ, балки аз ҷамоҳири ҳамҷавор низ корафтодагон бо яу дили пур ва умеди сабз ташриф меоранд ва шифо меёбанд.

Тавре зимни суҳбат директори муассисаи давлатии маркази мазкур, номзади илмҳои тиб Шамсзода Хизматуллоҳ Амирхон иброз дошт,  “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш»” бо имкони дастрасӣ пайдо намудан ба таҷҳизоти нави ҳозиразамон ва сайқал ёфтани маҳорату малакаи касбии табибон сол ба сол дар самти ташхису табобати беморон ба нишондодҳои афзалиятнок ноил мегардад. Ин аст, ки марказ тайи чанд моҳи ахир қариб дар ҳамаи самтҳои ташхису табобат ба як қатор дастовардҳои соҳавӣ ноил гардид. Аз ҷумла:

 

Дастовардҳо дар соҳаи ҷарроҳии кӯдакона

* Усули ҷарроҳии Рейми ҳангоми чурраҳои эмбрионалӣ;

* Усули ҷарроҳии трансаналии Делаторе — Мандрагона ҳангоми бемории Гиршпрунг;

* Усули ҷарроҳии комбинатсионии Соаве — Ҷорсон ҳангоми бемории Гиршпрунг;

* Усули ҷарроҳии қафои сагиталии Алберто Пени ҳангоми нуқсонҳои аноректалӣ;

* Эхинококкектомияи узвҳои батн бо усули эндоҷарроҳӣ;

* Амалиёти ҷарроҳии Ру ҳангоми кистаҳои маҷрои умумии талхадон дар кӯдакон;

* Амалиёти ҷарроҳии холесистэктомия бо усули лапароскопӣ дар кӯдакон;

* Истифодабарии буриши миниторакотомӣ дар беморони эхинококки шуш ва буриши минилапаротомӣ дар беморони узвҳои батн;

* Бо усули видеоассистентӣ бартараф сохтани нуқсонҳои рӯдаи борик ва ғафс;

* Табобати тангии иззӣ ва сӯхтани кимиёвии сурхрӯда бо усули милзании роҳбаладдор;

* Бартарафсозии қафаси синаи қифмонанд бо усули Насс.

 

Дастовардҳо дар соҳаи ҷарроҳии асаб

Бо ибтикори маъмурият ва олимони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш»” бори аввал дар шароити Шуъбаи ҷарроҳии асаби №1 бемориҳои ҷарроҳии невралгияи асаби сегона ва конфликти нейроваскуляри асаби рӯй ба роҳ монда шуд. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 7 нафар бемор чунин ҷарроҳиҳо бо муваффақият гузаронида шуданд.

Ҳамзамон олимони соҳаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш»” дар қисми гардании сутунмуҳраи 2 нафар бемор ҷарроҳии кеҷҳои байни муҳрагӣ гузарониданд, ки ин таҷриба камназир мебошад.

Дар баробари инмаҳз ҳамин сол барои иваз кардани танаи муҳраи қисми гардании сутунмуҳра бо кейҷ нисбат ба 1 нафар бемор ҷарроҳи гузаронида шуд, ки он муваффақона анҷом ёфт.

 

Дастовардҳо дар соҳаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолон

* Эндопротезкунонии ҷоғи поён бо эндопротезҳои никелид титанӣ – иваз кардани буғумҳои иллатёфтаи ҷоғи поён ҳангоми омосҳо;

*  Аугментатсия – дар ҳолати харобшавии шохаҳои алвеолярии ҷоғҳо бартараф намудани ковокии устухонҳо (кистаҳои одонтошенӣ, атрофияи ҷоғҳо) бо усули сабзондани бофтаҳо бо маводҳои остеотропӣ (устухонҳосилкунанда).

 

Дастовардҳо дар соҳаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи кӯдакона

* Истифодабарӣ ва ба роҳ мондани лавҳачаҳои сахти комӣ барои хӯрондани кӯдакони дорои роғи модарзодии лабу ком;

* Бартарафкунии деформатсияи нӯг ва қаноти бинӣ бо истифодабарии тағояк аз суфраи гӯш;

* Истифодабарии устухони реофилизиришуда (устухони коркардшудаи буқача) дар беморони омосҳои хушсифати устухонҳои ҷоғ (остеобластокластома, кистаҳои ҳаҷмашон калон);

* Остеосинтези шикасти устухонҳои дарози найчашакл бо штифтҳои андармонкунанда, бо намуди ретроградӣ ва антиградӣ.

 

Дастовардҳо дар соҳаи ҷарроҳии умумӣ

* Адреналэктомияи лапароскопӣ;

* Спленэктомияи лапароскопӣ;

* Нефрэктомияи лапароскопӣ;

* Буриши лапароскопии ҳабобаи тухмдонҳо;

* Ампутатсияи лапароскопии бачадон;

* Фундоплектатсияи лапароскопӣ;

* Кардиомиотомияи лапароскопӣ;

* Буриши лапароскопии меъда;

* Чуррабурии бо усули лапароскопӣ.

 

Дастовардҳо дар соҳаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ

Бори аввал дар клиника баъди амалҳои риноҷарроҳӣ бо мақсади шустани ковокии бинӣ маҳлули дамобаи шалфейи давоӣ ва чойкаҳаки сӯрохбарг истифода бурда мешавад, ки барои барқароршавии пардаи луобӣ манфиати калон дорад. Ҳамчунин, дар баробари ин, аз тарафи кормандони кафедра ва клиника ҷарроҳиҳои эндоскопӣ дар бинӣ ва ҷафҳои назди бинӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Дастовардҳо дар соҳаи бемориҳои хуни калонсолон

* Истифодаи маводи энсифер, мегофер, интофер, сукрофер, ферсинол барои табобати камхунии камоҳанӣ;

* Истифодаи маводи Пауз ва Тугина дар бемориҳои тромбоситопенияи аутоиммунӣ ва идиопатикӣ;

* Дар бемориҳои лейкози шадид истифодабарии нақшаҳои нави кимиётерапияи ВРП, ЧОП, СОП, РАСОП, ВРП, ХЕЛСЕР;

* Дар табобати бемориҳои музмини миелоидӣ истифодабарии маводи гливек, гематиниб, иматиниб;

* Барои бемориҳои лейкози лимфолейкози музмин истифодабарии маҳлули мабтера ва бендамусин;

* Муайян намудани хромосомаи Филаделфӣ дар беморони гирифтори лейкози музмини миелоидӣ дар шароити лабораторияи иммунологӣ.

Ҳамчунин, мутахассисони шуъбаҳои Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш»” дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳои муассисаҳои таълимии дар заминаи шуъбаҳо воқеъбуда ба як қатор ихтироот ноил гардида, соҳиби патент гаштанд, ки онҳоро дар ташхису табобати беморон истифода мебаранд. Дар баробари ин, мутахассисони марказ дар ҳаммуаллифӣ соҳиби якчанд пешниҳодоти ратсионализаторӣ шуданд.

Бо зикри номгӯйи чанде аз дастовардҳои соҳа дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Шифобахш”” Хизматулло Шамсзода ҳамчунин таъкид намуд, ки: “Бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Шифобахш”” низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷащду талош меварзем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.”

МТЖТ

 

Муассисаи муосири тиббӣ барои кӯдакон

28 июни соли 2019 дар бинои 11 – и Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш» маросими ба истифода супоридани шӯъбаҳои нави кӯдакона баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур Насим Олимзода — вазири тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷаноби Найтхарт Хёфер – Виссинг — cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ Андреас Шнайдер, роҳбарияти вазорат, кормандони муассисаи мазкур ва доираи васеи хабарнигорон иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода чорабиниро оғоз бахшида, ин ҳама пешрафтро самараи сиёсати хирадмандона ва сулҳпарвари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд ва дар идома арзу сипоси бепоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли мушовирону мутахассисони ҷониби олмонӣ дар шахсияти ҷаноби Сафир ва роҳбарияти Намояндагии Бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ, ҳамзамон сохтмончиёну муҳандисони ватанӣ, тамоми кормандони марказ, муассисаҳои таълимӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иқдоми вазорат сараввал тибқи дастури Роҳбари давлат ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои бамиёномада ҳангоми сар задани ҳодисаҳои фалаҷ дар ҷумҳурӣ дар соли 2010 оид ба ташкили сохтори махсусгардонидашудаи ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сарчашма гирифта буд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ расман ҳамчун кишвари озод аз полиомиелит (яъне бемории фалаҷ) эътироф ва сертификатонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дорои хатари сар задани эпидемияи фалаҷ ҳаммарз буда, эҳтимолияти ворид шудани сирояти чунин бемориҳои хатарнок то ҳол вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ташкили шӯъбаи махсусгардонидашуда, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ба шӯъбаи карантинии бемории фалаҷ табдил мегардад, дастоварди назаррас гардид.

Дар раванди муҳокимаи ин масъалаи муҳим ташаббуси вазорат вобаста ба ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои таҷдид ва бунёди дигар шӯъбаҳои бино, ки иборат аз 6 шӯъба буда, дар маҷмӯъ заминаи асосии сохтори ҳозиразамони хизматрасонии кӯдакони навзод, аз ҷумла эҳёгарӣ ва табобати тифлони бо оризаҳои гуногун тавлидшуда муқаррар гардидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дастгирии худро ёфтанд. Бояд гуфт, ки марҳилаи оғози мувофиқасозӣ, баимзорасонии шартномаҳо, корҳои тендерӣ ва хариди хизматрасонӣ, молҳо, раванди корҳои таъмирию барқарорсозӣ, насбу васлкунии таҷҳизоту асбобҳо то марҳилаи баистифодадиҳии иншоот муддати 5 солро ташкил намуд.  Хароҷоти умумии барнома аз маблағҳои грантӣ 1 миллиону 900 ҳазор евро ва маблағгузории саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор евроро ташкил намудааст.

Шӯъбаҳои бино бо истифода аз технологияҳои нави меъморию сохтмонӣ таъмиру барқарор карда, бо таҷҳизотҳои ташхисию табобатии муосир ва истеҳсоли аврупоӣ, ба туфайли дастгоҳи рентгении модели «AGfA», таҷҳизоти нафасдиҳии сунъии Дрегер, маҷмӯи гуногунҷабҳаи физиотерапевтӣ, асбобҳои амалиётии бронхоскопӣ, мониторҳои назоратӣ, дастгоҳҳои дастраскунии кислород, мебелу лавозимоти тиббии махсус ва ғайра муҷаҳҳазонида шудаанд. Ҳамзамон, мутахассисони шӯъбаҳо дар шаҳри Улми Германия дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзонида шудаанд

Ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер ва директори Бонки олмонии рушд Андреас Шнайдер дар ҷамъомад баромад намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз ошёна ва ҳуҷраҳои муассисаи нав дидан намуда, ба шароити муосири бинои нав баҳои баланд доданд. Дар муассисаи нав шӯъбаҳои ташхису табобат бо дастгоҳҳои муосири тибби кӯдакона муҷаҳҳаз гардида, барои фароғати кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бо бозичаҳои шавқовар ташкил карда шудааст.

Оғози фаъолияти муассисаи нави сатҳи ҷумҳуриявӣ ба рушди соҳа таъсири назаррас гузошта, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ барои кӯдаконро бамаротиб боло мебарад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here