Дар натиҷаи як назарпурсӣ, ки аз ҷониби МТЖТ гузаронида шуд, қисми зиёди пурсидашудагон аз директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” Шамсзода Хизматулло ҳамчун табиби беҳтарин ва аз худи ММТ ҳамчун муассисаи беҳтарини тиббӣ ном бурданд. Воқеан, чунин хулосабарорӣ беасос нест. Зеро, дастовардҳои маркази мазкур, ки таҳти сиёсати содиқонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва кордонии директори ММТ “Шифобахш”, муҳтарам Шамсзода Хизматулло насиби мардуми тоҷик гаштаанд, беназиранд.

Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” муассисаи калонтарини табобатии махсусгардонидашудаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки фаъолияти он ба ташхис, муолиҷа ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва нақшавию фосилавӣ ба беморони ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Маркази миллии тиббӣ соли 1964 сохта ба истифода дода шудааст. Он дорои 8 бинои сеошёна, як бинои дуошёна, 4 бинои якошёна ва аз қисми хоҷагидорӣ иборат мебошад. Марказ дорои 61 шуъбаҳои гуногун аст, ки аз онҳо 35 шуъбаҳои табобатӣ ва 26 шуъбаҳои ёрирасон мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соли 2019 шахсони ҷисмонӣ дар марказ ҳамагӣ 2581 нафарро дар бар мегиранд, ки аз онҳо 1468 нафарашонро (57%) занҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳайати кормандон 668 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 1059 нафар кормандони миёнаи тиб, 641 нафар кормандони хурди тиб ва 213 нафар дигар кормандони қисми маъмурию хоҷагӣ ва муҳосибот фаъолият намуда истодаанд. Аз шумораи умумии кормандон 130 нафарашонро кормандони дуҷоякор ташкил медиҳанд.

Айни ҳол дар Маркази миллии тиббӣ 69 нафар кормандони синну соли нафақа дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо табибон 27 нафар, ҳамшираҳои тиб 17 нафар ва дигарон 25 нафарро ташкил медиҳанд.

Нишондоди бастҳои корӣ

Аз рӯи ҷадвали бастҳои корӣ дар марказ 2078,25 адади корӣ ҷудо карда шудааст. Аз ин 2034,25 адади корӣ банд мебошад, ки 97,9%-ро ташкил медиҳад. Бастҳои холӣ аз ҳисоби табибони беҳискунӣ ва наҷоти кӯдакона,   кормандони миёнаи тибби навбатдор, кормандони хурди навбатдор ва қисми хоҷагидорӣ мебошанд.

Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 171 нафар хатмкунандагони соли 2019-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шуъбаҳои марказ интернатура гузашта истодаанд.

Имрӯз дар марказ 2 нафар доктори илмҳои тиб, 30 нафар номзади илмҳои тиб, 2 нафар дорандаи ордени “Шараф”, 2 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 1 нафар дорандаи медали “Шафқат” ва 97 нафар дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва СССР фаъолият менамоянд.

Дар ҳайати кадрии мутахассисони дорои маълумоти олӣ аз 668 нафар табибон  258 нафарашонро (37%) мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд. Тибқи Нақшаи гузаштани такмили ихтиссос айни ҳол аз 405 нафар 393 нафар табиб, ки 97%-ро ташкил медиҳад (дар соли 2018 — 93%), такмили ихтисос гузаштаанд. Дар ҳайати кормандони миёнаи тиб бошад, аз 1059 нафар 308 (29%) нафарро мутахассисони ҷавон ва 255 нафарро (24 %) донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии кормандони миёнаи тиб бояд 483 нафр такмили ихтисос гузашта, соҳиби дараҷанокӣ мегаштанд. Аз ин шумора 444 нафар дар панҷ соли охир такмили ихтисос гузашаанд, ки 92%-ро ташкил медиҳад (дар соли 2018-ум 88%). Панҷ соли охир ҳамагӣ 403 нафар ҳамшираҳои тиб соҳиби дараҷанокӣ шудаанд, ки 83%-ро ташкил медиҳад (дар соли 2018 — 76%). Ин нишондод баландтарин дар ҷумҳурӣ аст.

Фаъолияти иқтисодию молиявӣ

Дар соли 2019 мувофиқи сметаи тасдиқгардида бо тағйиру иловаҳо барои ҳамаи моддаҳои хароҷотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба маблағи 29 миллиону 316 ҳазору 994 сомонӣ пешбинӣ гардида, хароҷоти ҳақиқии он маблағи 28 миллионну 360 ҳазору 834 сомонӣ ё ин ки нисбати нақша 96%-ро ташкил медиҳад. Маблағи истифоданашуда 956 ҳазору 160 сомонӣ мебошад.

Воридот аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии тиббии пулакӣ ба шаҳрвандон дар соли 2019-ум 15 миллиону 96 ҳазору 277 сомониро ташкил менамояд.

Дар давраи сипаришуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳои хизматрасонии тиббии пулакӣ ба маблағи 355 ҳазору 554 сомонӣ пардохт карда шудааст.

Тибқи созишномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҳаҷми воридоти маблағҳои махсусӣ хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон ба маблағи 373 ҳазору 596 сомонӣ пардохт шудааст.

Дар 12 моҳи соли 2019 дар Марказ мувофиқи маълумоти шуъбаи омор ҳамагӣ 31931 нафар бемор кабул шуда, аз ин 31617 нафар бемор ҷавоб шудаанд. Тибқи маълумотҳои хазина, ҳамагӣ 20907 нафар бемор аз рӯи ҷадвали нархи миёнаи бемории муолиҷашуда ба маблағи 9 миллиону 229 ҳазору 852 сомонӣ пардохт намуда, 4515 бемор дар шуъбаҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият намекунанд, табобат гирифта, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ба ҳисоби миёна ба маблағи 1 миллиону 806 ҳазору 000 сомонӣ ҳамчун ройгон хизматрасонии тиббӣ гузаронида шудааст.

Боқимонда 6195 нафар шаҳрвандони категорияҳои эҳтиёҷманд ба ҳисоб рафта, ба ҳисоби миёна ба маблағи 2 миллиону 385 ҳазору 374 сомонӣ хизматрасонии тиббӣ ройгон расонида шудааст.

Риояи интизоми меҳнат

Бо мақсади назорати иҷроиши уҳдадориҳои вазифавӣ, риояи интизоми меҳнат, иҷроиши фармоишҳои амалкунандаи мақомоти болоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодабарии протоколҳои клиникии соҳавӣ дар ташхису табобати беморон, маводҳои дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии полипрагмазия, дуруст ба роҳ мондани пур намудани таърихҳои беморӣ, дар марказ бо фармоиши директор комиссияҳои доимамалкунанда дар ҳайати муовинон, мутахассисони таҷрибанок ва олимон таъсис дода шудааст, ки мунтазам фаъолият дорад. Натиҷаҳои санҷишҳо бо пешниҳоди маълумотномаҳо дар ситоди таъсисёфтаи марказ ва маҷлисҳои назоратии назди директори марказ ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд ва хатову норасоиҳо дар вақташ бартараф карда шуда, гунаҳгорон ба таври ҷиддӣ огоҳонида мешаванд.

Такмили ихтисос

Аз тарафи роҳбарияти марказ нисбати баланд бардоштани савияи дониш, гузаштани такмили ихтисос, хусусан дар хориҷи кишвар ва гирифтани дараҷанокӣ аз рӯи ихтисос диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони марказ дар хориҷи кишвар Шартномаи дутарафа бо Институти  илмӣ — тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи Н. В. Склифосовскийи Раёсати тандурустии шаҳри Москваи Федератсияи Россия баста шудааст, ки мутахассисони марказ марҳила ба марҳила барои такмил додани донишу малакаи худ ба институт сафарбар карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 11 нафар мутахассисон баргашта, вобаста ба масъалаҳои мубрами фаъолияти худ, донишу малакаи азхудкардаи худро дар амал татбиқ карда истодаанд. Аз он ҷумла Наимов Р. — мудири шуъбаи рентген дар мавзуи  “Ташхиси компютери томографӣ дар ҳолатҳои таъҷилӣ”, хусусан дар ҳолатҳои садамаи сутунмуҳра ва системаи такягоҳу ҳаракат, садамаи косахонаи сар, узвҳои паренхиматозӣ, аорта ва рагҳои магистралӣ донишу малакаи худро такмил додааст. Шеров А. — ташхиси фаросавтии шуъбаи ташхиси функсионалӣ дар соҳаи “Ташхиси эхокардиографӣ дар бемориҳои дарғотҳои митралӣ ва аорталӣ” такмили ихтисос гузаштааст. Табибони анестезиолог-реаниматолог Абдусамадов Ҳ. ва Шодиев А. дар давоми 26 рӯз дар институти мазкур оид ба ташхис ва ёрии аввалини тиббӣ дар ҳолатҳои фаврӣ, истифода ва таъминкунии маводҳои лозима дар ҳолатҳои расонидани ёрии аввалиндараҷа донишу малакаи худро сайқал доданд. Ҷарроҳони асаб Давлатов М. ва Раҳимов Н. аз рӯи мавзӯи “Ҷарроҳии системаи рагҳои майнаи сар” такмили ихтисос гузашта, дар давраи таҳсил бо таҷҳизоти замонавии ҷарроҳии асаб, раванди ҷарроҳии рагҳои майнаи сар, нейроонкология, табобати интенсивӣ ва ҷарроҳии таъҷилии майнаи сар шинос шуданд. Асабшиносони марказ Улмасов Т. Р., Ҳакимов Т., Миршароб П., Шарофитдинов И. ва Бердиев Ш. Оид ба бемориҳои вайроншавии шадиди гардиши хун дар майнаи сар, сабабҳои пайдоиши онҳо, хавфи беморӣ, оризаҳо, усулҳои замонавии ташхис ва табобати ҳозиразамони ин беморӣ донишу малакаи худро такмил додаанд.

Ба ғайр аз ин, мутахассисони марказ дар алоҳидагӣ, бо мақсади сайқал додани донишу малакаи худ дар якчанд конфронсҳою симпозиумҳо ва семинарҳои дар хориҷи кишвар баргузоргардида иштирок намудаанд. Аз он ҷумла, мутахассисони Ташхисгоҳи марказӣ Бобоёров Д. ва Пирназаров М. дар Институти гемофилияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усулҳои нави муайян намудани гемофилия, яъне факторҳои VIII ва IX, фактори Вили -Бранта, гемофилияи А, В, МНО шинос шуданд. Дар ин самт мудири шуъбаи чоруми соматикии кӯдакона Боймирзоев А. низ дар вохӯрии мутахассисони соҳаи саратон дар шаҳри Тошканд иштирок намуд. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани кансер — регистр, яъне ба қайд гирифтани бемориҳои онко-гематологӣ, таҳияи протоколҳои клиникӣ барои ташхису табобати кӯдакони гирифтори бемории саратон ва гемобластҳо ва дигар проблемаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар мавзуҳои актуалии соҳаи ҷарроҳии кӯдакона мудири шуъбаи ҷарроҳии навзодон Раҳмонов Ш. Ҷ. дар якчанд семинарҳо ва ҷамъомадҳои олимон оид ба ҷарроҳиҳои минималӣ дар навзодон ва кӯдакони синну соли ширмак ва табобати атрезияи сурхрӯда иштирок намуд.

Ҳамчунин, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иштирок дар семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Принсипҳои расонидани кӯмаки бетаъхир ба кӯдакон” мутахассисони соҳаи эҳёгарии кӯдаконаи марказ ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафарбар карда шуданд ва донишу малакаи худро нисбати тактикаи мутахасис дар ҳолатҳои сирояти бактериалии вазнин дар кӯдакон, синдроми ҳароратбаландӣ, синдроми аспиратсионӣ ва дисфагия, гузаронидани эҳёгарии қалбу шуши кӯдакон, пневмония дар кӯдакон, статуси эпилептикӣ, норасогии шадиди гурдаҳо, заҳролудшавӣ  ва дигар ҳолатҳои вазнин дар кӯдакон такмил доданд.

Бо мақсади такмили ихтисос дар соҳаи осебшиносӣ ва раддодӣ мутахассисони марказ Наимов А. М., Ҳошимов Ю. Ғ. ва Назаров И. Р. дар конфронси байналмилалӣ оид ба “Эндопротезкунонии буғумҳои косу рон ва зону”, ки дар шаҳри Вапаи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Корҳои ободонӣ

Дар муддати 12 моҳи соли 2019 дар марказ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бо дастгирии худи мудирони шуъбаҳо ва мутахассисони марказ як қатор корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ баҳри ободонии марказ амалӣ гардида, як қатор корҳои ободонии дигар ҳоло идома ёфта истодаанд. Аз он ҷумла, таъмири капиталии ошхонаи марказ ба маблағи 656031 сомонӣ, таъмири капиталии ҷомашӯйхона ба маблағи 392412 сомонӣ. Инчунин, ҳуҷраи тамизгардонии асбобҳои тиббӣ (Автоклав) пурра аз таъмири капиталӣ ба маблағи 200000 сомонӣ бароварда шуда, шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Бинои маъмурият, қисми фасадӣ бо масолеҳи сохтмонии ороишии алюкобонд ба масоҳати 241 метри мураббаъ бо маблағи 105595 сомонӣ бо сифати баланд азнавсозӣ карда шудааст. Бинои 5 ва 7-и марказ бо маблағи 114201 сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, боми толори шуъба бо шиферҳои тунукагии ҳозиразамон болопӯш карда шудааст. Бинои озмоишгоҳи бактериологӣ ба маблағи 58000 сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти лозима таъмин карда шудааст. Пешайвони назди толори маҷлисгоҳ ба масоҳати 14 метри квадратӣ таъмир карда шуда, ба маблағи 5600 сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Фаввораи назди бинои маъмурият таъмир ва аз нав барқарор карда шуда, рангу сифати хеле зебо гирифтааст. Панҷараи қисми ғарбии марказ аз назди бинои №9 то бинои маъмурӣ ба масоҳати 122 метри мураббаъ бо маблағи 8500 сомонӣ рангубор карда шудааст. Насоси обкашии марказ таъмир карда шуда, ҳоло дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. Лифти биноҳои 2, 6, 9 таъмир карда шуда, генераторҳояшон барқарор карда шудаанд. Ошёнаҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юми бинои маъмурият дар сатҳи баланд аз таъмири капиталии ҳозиразамон бароварда шудаанд. Дар бинои шуъбаи алоқа қубури канализатсия ва қубури оби хунук бо андозаи 30 метр бо қубури пластикӣ иваз карда шудааст. Дар бинои №9 бо сабаби фарсуда шудан қубурҳои гармидиҳии пештараи оҳанин ба қубурҳои нави пластикӣ ба андозаи 24 метр иваз гардида, гармидиҳӣ барқарор карда шудааст. Дар бинои маъмурият хати оби гарм кашида, 8 дона батареяҳои куҳна ба батареяҳои нави ҳозиразамон иваз ва боми бино дар масоҳати 20 метри квадратӣ бо тунука маҳкам карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки корҳои ободонӣ, сохтмонӣ ва таъмирӣ дар бисёр шуъбаҳо, толорҳои марказ аз тарафи худи мудирони шуъбаҳо бо дастгирии сарҷамъонаи коллективҳои мутахассисони марказ дар давоми соли 2019 дар сатҳи баланд гузаронида шудаанд.

Таҷҳизоти тиббӣ ва фонди катҳо

Дар Марказ барои таъмини хизматрасонии баландихтисоси махсусгардонидашудаи тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ дар 12 моҳи соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсус ҳамагӣ 17 адад таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 661 300 сомонӣ харидорӣ шудааст.

Бо дастгирии намояндагии Бонки олмонии рушд барои бинои №11-и марказ ҳамагӣ 43 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 9 миллиону 255 ҳазору 147 сомонӣ ворид гардидааст. Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ 10 адад, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба 1 адад таҷҳизот ба маблағи 46500,0 сомонӣ, кӯмаки башардӯстонаи ИМА 1 адад таҷҳизот ба маблағи 54750 сомонӣ, дар маҷмуъ, ҳамагӣ 12 адад таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 1 миллиону 709 ҳазору 255 сомонӣ ройгон ворид гардидааст.

Фонди катҳои марказ 1070 катро ташкил менамояд. Аз онҳо дар хизматрасонии калонсолон 539 кат, аз он ҷумла катҳои ҷарроҳӣ 324 кат ва катҳои муолиҷавӣ 215 кат. Дар хизматрсонии кӯдакон 531 кат, аз онҳо 295 кати ҷарроҳӣ ва 236 кати соматикӣ. Дар 12 моҳи соли 2019 ба ғайр аз катҳои эҳёгарӣ (53 кат) дар марказ 1017 кат фаъолият намудааст.

Нақшаи кат/рӯз 314985 рӯзро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 20625 рӯз зиёд аст. Иҷроиши нақшаи кат/рӯз бошад, 289147 рӯзро ташкил додааст, ки нисбати соли 2018 ба 24461 рӯз зиёд мебошад.

Дастовардҳо

МД ММТ ҶТ “Шифобахш” пойгоҳи клиникии як қатор кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ буда, на танҳо дар бахши ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо, балки дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо дар самти таҳияи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, ихтирооти муфид низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Дар 12 моҳи соли 2019 дар марказ бисёр дастовардҳо ва корҳои ратсионилизаторӣ, ихтирооти муфид ба расмият дароварда шудаанд.

Аз ҷумла, дар шуъбаҳои бемориҳои чашм усули нави табобати ҷарроҳии (Фотокоагулятсия) дар беморони мубталои глаукомаи ҳадди дарднок, барои нигоҳдории чашм ҳамчун протези зинда ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи ҷоғу рӯи калонсолон амалиёти “артропластика — иваз намудани буғумҳои корношоями чаккаву ҷоғи поён бо эндопротезҳои никелид титанӣ”, бартараф намудани ковокии устухон бо усули сабзонидани бафтаҳо, аугментатсия дар ҳолати харобшавии шохаҳои алвеолаярии ҷоғҳо ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Дар самти ҷарроҳии асаб ду нафар табиб — Давлатов М. ва Раҳимов Н. дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар мавзуи “Ҷарроҳии системаи рагҳои майнаи сар”аз такмили ихтисос гузаштаанд. Аз тарафи давлати Шведсария як микроскоп ва як адад С-дуга (ЭОП) оварда васл карда шудааст. Ба таври эндоскопӣ ҷарроҳӣ намудани гематомаҳои музмини майнаи сар ба роҳ монда шудааст. Якумин маротиба дар шароити шуъбаи ҷарроҳии асаби №1 бемориҳои ҷарроҳии невралгияи асаби сегона ва конфликти нейроваскуляри асаби рӯй ба роҳ монда шуд, ки дар соли 2019 ба 7 бемор чунин ҷарроҳиҳо гузаронида шудаанд. Дар қисми гардании сутунмуҳра, кеҷҳои байнимуҳрагӣ ба 2 нафар бемор ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Иваз кардани танаи муҳраи қисми гардании сутунмуҳра, бо кейҷ ба 1 нафар бемор ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи директори МД ММТ ҶТ “Шифобахш”, номзади илми тиб Шамсзода Хизматулло, “соли 2019 барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳиму назаррас ноил гардид. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандона ва сулҳпарвари Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ Маркази миллии тиббӣ ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Аз он ҷумла, дар таърихи 15-уми июни соли 2019 “Маркази тавонбахшии маъюбон” бо иштироки бевоситаи ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Туркия, ҷаноби Раҷаб Тайиб Эрдоган — хонум Эмине Эрдоган ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чорабинии сиёсӣ дар сатҳи баланди расмӣ кушода шуд. Он, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ва Ҳукумати кишвар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро самти афзалиятнок шуморидаанд, аз хирадмандии он кас шаҳодат медиҳад. Имрӯз дар ММТ “Шифобахш”, ки махзани илму маърифати соҳаи тибу табобат мебошад, тамоми шарту шароит барои пешгирии бемориҳо ва табобати дилхоҳ беморӣ муҳайёст, ки ҳамагӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат аст. Мо — кормандони соҳаи тандурустии кишвар дастгириҳои беназирии Пешвои худро эҳсос менамоем ва дар навбати худ, вазифадорем, ки ба боварияшон содиқ бошем”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий