Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо  назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Шаҳристон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Перомуни вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Шаҳристон гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон Алиҷон Абдуназаров ва роҳбари шабакаҳои КАТС –и ҳамин ноҳия Нарзулло Абдурасулов омода гардидааст.

 

Тибқи маълумоти дастрасгардида айни ҳол шумораи аҳолии ноҳияи Шаҳристон 42426 нафар ро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10900 нафарро занҳои қобили таваллуд ва кӯдакону наврасони то 18 — сола 18161 нафарро ташкил медиҳанд. Ба аҳолии ноҳия дар маҷмуъ 20 адад муассисаҳои тандурустӣ хизмат мерасонанд, ки 165

кати он ба шабакаи госпиталӣ рост меояд.

Дар ҳамин ҳол тайи 6 моҳи соли 2019 шумораи бистаришудагон 2231 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳолат зиёд мебошад.

Нақшаи катрӯзҳои БМН дар 6 моҳи соли 2019-25542, иҷроиши катрӯзҳо 17334-68,0% -ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2018 -2,0% зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 53 нафар табибон, дар шабакаҳои КАТС бошад, 34 нафар табибон кор мекунанд. Зимнан дар муассисаҳои тандурустии ноҳия айни ҳол 346 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Минҷумла, коркунони миёнаи тибби госпиталӣ 192 нафар ва шабакаи КАТС 154 нафарро ташкил медиҳанд. Таъминоти духтурон ба 10000 аҳолӣ — 12,8,таъминоти коркунони миёнаи тиб-79,9 фоиз мебошад.

Дар ҳамин ҳол тавассути шабакаҳои КАТС дар давоми 6 моҳи соли 2019-35834 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки аз онҳо ба МСН 16248 нафар, ба бунгоҳҳои саломатӣ 12535 нафар, ба МСД Себзор 2513 нафар, ба МСД Ободӣ 4251 нафар беморон муроҷиат кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи 6 моҳи соли 2018 тавассути шабакаҳои КАТС-31570 нафар ва ба воситаи МСН 16686 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда буданд.

Қобили тазаккур аст, ки аз санаи 4 то 7 марти соли 2019 дар ҳудуди ноҳия корвони саломатӣ таҳти шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» гузаронида шуд, ки дар ин марҳила 213 нафар занҳои ҳомиладор бо иштироки намояндагони Раёсати тандурустӣ ва табибони оилавӣ, момодояҳои ноҳиявӣ бо таҳлилҳои умумии хун, пешоб, СБД, ТУС аз муоина гузаронида шуданд. Пас аз гузаронидани муоина аз тарафи мутахассисон 8 нафар занҳои ҳомила, ки бемориҳои гинеталӣ ва ғайригинеталӣ доштанд, дар шуъбаи амрози занонаи ноҳия бистарӣ гардонда шуданд.

Дар баробари ин, дар давоми 6 моҳи соли 2019 аз 9383 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 9262 нафарашон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Аз ин миён 2609 хонанда бемор дониста шуданд, ки барои муолиҷа ба назорати мутахассисони соҳавӣ вобаста гардиданд.

Ҳамчунин, дар давоми 6 моҳи соли 2019 дар КАТС 63 нафар кӯдакон хатна шуда, 191 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Дар ҳамин ҳол, феълан дар мувозинати соҳаи тандурустӣ 6 нақлиёт мавҷуд буда, аз онҳо 2 адад барои хизматрасонии Ёрии таъҷилӣ ва 4 нақлиёти боқимонда баҳри хизматрасонии тиббӣ вобаста гардидаанд. Нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ, ба монанди таҷҳизоти нафаси сунъӣ, дефибриллятор, асбоби сабти барқии дил, тонометр, юфонендоскоп, термометр, дастгоҳи оксигени портативӣ, шинаҳо, занбар ва дорувориҳои зарурӣ ҳангоми ҳодисаҳои садамавӣ таъминанд.

Мувофики ҳисоботи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон дар 6 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 483 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки фавти навзодони то 6 — рӯза 2 нафар (дар 6 моҳи соли 2018 – 5 нафар) –ро ташкил дода, фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст.

Айни ҳол бо дастгирии МИМҲД-и ноҳия дар деҳаи Себзор Маркази саломатии деҳот, дар деҳаҳои Истиқлол ва Ҳисор бошад, бунгоҳҳои саломатӣ сохта шуда истодаанд. Дар баробари ин муассисаҳои тиббии ноҳияи Шаҳристон дар маҷмуъ ба 24 нафар мутахассисон – табибон ниёз доранд, аз ҷумла, ба 16 нафар табибони тибби оилавӣ, табибони беҳискунанда ва эҳёгар, 2 нафар табибони амрози занона, духтури рентгенолог, саратоншинос, руҳшинос, нарколог.

Дар давоми 6 моҳи соли 2019 дар байни кормандони Маркази саломатии ноҳия ва Бунгоҳҳои саломатӣ машғулиятҳои омӯзишӣ оиди пешгирӣ, паҳншавии ВНМО аз модар ба кӯдак ва сироятёбӣ тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаронида шуд, ки дар он ҳамаи кормандон иштирок доштанд. Дар баробари ин дар кохи маркази ҷавонони ноҳия байни ҷавонон, мактаббачагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён оиди пешгирии ВНМО ва сироятёбӣ тавассути алоқаи ҷинсӣ суҳбатҳои машваратӣ барпо гардид.

Инчунин, дар маҷлисгоҳи ҷамоати Бунҷикат бо иштироки мақомоти қудратии ноҳия, фаъолони деҳаҳо ҷаласа оиди пешгирии аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ВНМО корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Оиди пешгирӣ ва саривақт дарёфт кардани ВНМО — 189 сарбозони қисми ҳарбии 03040 ба тариқи тести оҷилӣ аз муоина гузаронида шуданд. Хушбахтона, ягон нафар бемор дарёфт карда нашуд.

Дар шашмоҳаи якуми соли ҳисоботӣ ҳамагӣ 445 бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз он ҷумла, бемории сил — 7 нафар, сироятёфтагони бемории ВНМО бошад, 12 нафар аст, ки дар қайд мебошанд. Хурсандиовар аст, ки дар ин марҳила бемориҳои сӯхтанӣ, домана, вараҷа, исҳоли хунин, ҳорӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Мутобиқ ба рафти иҷрои Барномаҳои кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 дар соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон барномаҳои миллии эмтаъминкунӣ, мубориза бар зидди ВНМО, мубориза бар зидди вараҷа, мубориза бар зидди нашъамандӣ, осебшиносӣ, пешгирӣ аз бемории сил, рушди донории хун ва ғайра амалӣ шуда истодаанд. Ҳамзамон 191 нафар аз таҳлили умумии пешоб гузаронида шуданд, ки аз онҳо бемории Гепатит С дарёфт нашудааст.

Тавассути шабакаҳои КАТС тайи шаш моҳи сипаришуда ҳамагӣ 35834 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки аз миён 16248 нафарашон ба Маркази саломатии ноҳия рост меояд. Ҳамин тариқ, тавассути бунгоҳҳои саломатӣ 12535 нафар, МСД Себзор 2513 нафар, МСД Ободӣ 4251 нафар беморон ба табибон муроҷиат кардаанд.

Дар баробари ин, дар давоми 6 моҳи соли 2019 мутахассисони МСН ба бунгоҳҳои саломатӣ 46 маротиба ташриф оварда, 220 нафар ҳомиладоронро аз назорати духтурони амрози занона ва табибони оилавӣ ва мутахассисони дигар гузаронидаанд.

Бо вуҷуди ин дар соҳаи тандурустии ноҳия бархе мушкилиҳо ҷой доранд, ки асосан ба маблағгузорӣ нашудани саривақтии барномаҳо рабт мегиранд. Минҷумла, муассисаи КАТС ба таҷҳизотҳои флюрография, УЗИ ФГС, алкотест этиёҷ дорад, вале барои харидорӣ кардани ин таҷҳизотҳо имконият мавҷуд нест. Ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда муассисаҳои тиббии ноҳия талош ба харҷ дода истодаанд.

Дар интиҳои суҳбат ҳам сартабиби ноҳия Алиҷон Абдуназаров ва ҳам роҳбари шабакаҳои КАТС Нарзулло Абдурасулов бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда дар таъмини самараноки барномаи рушди соҳаи тандурустӣ, устуворсозии вояҳои моддию техникӣ ва беҳтаршавии сатҳу сифати хизматрасонии саривақтии самараноки тиб ба аҳолӣ, тансиҳатию некӯаҳволии мардум аҳамияти боз ҳам беҳтар дода, аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд, то солимии ҷомеаро таъмин намоянд. Зеро солимии миллат ин солимии давлат низ мебошад.

 

МТЖТ

Добавить комментарий