Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар шаҳри Истаравшан гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотнома перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан, инчунин суҳбат бо роҳбари КАТС -и шаҳр Бобоҷониён Раҳмони Раҳмат омода гардидааст.

 

Зимни суҳбат Бобоҷониён Р.Р. иброз дошт, ки Муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарӣ»-и шаҳри Истаравшан дар асоси таҷдиди сохтори тандурустӣ таъсис дода шуда, ба зертобеияти он 2 Маркази саломатии шаҳрӣ, 18 марказҳои саломатии деҳот, 28 хонаҳои саломатӣ ва марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, бемориҳои ҳамбастагии кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шӯъбаи барқароркунии саломатӣ шомил мебошанд. Дар Маркази саломатии №1 аз соли 2010  шӯъбаи байниноҳиявии тибби оилавӣ фаъолият мебарад. Дар шӯъбаи мазкур омӯзиши давравии кормандони миёнаи тибби оилавӣ ба роҳ монда шудааст. Феълан дар маркази мазкур 94 нафар духтур ва 267 нафар кормандони миёнаи тиб курси такмили ихтисоси шашмоҳаро гузашта, бо дипломи тибби оилавӣ дар марказҳо фаъолият бурда истодаанд.  Маркази саломатии №1 бо 13 адад ва Маркази саломатии №2 бошад, бо 1 адад компютер таъмин карда шудаанд.

Таъминот бо духтурон дар сатҳи КАТС ба ҳар 10000 аҳолӣ  5,6 нафар буда, таъминот бо духтурони оилавӣ ба 10000 аҳолӣ 2,95 нафар мебошад. Дар ҳамин ҳол, таъминот бо ҳамшираҳои оилавӣ ба 10000 аҳолӣ  14,7 нафарро  ташкил медиҳад.

 

Фаъолияти  молиявӣ-хоҷагидорӣ

Муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарӣ»-и шаҳри Истаравшан аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Барои хароҷоти 6 моҳи соли 2019 дар асоси сметаи хароҷотӣ ба маблағи 5493997 сомонӣ тасдиқ карда шудааст. Аз он ҷумла барои музди маош 3127334 сомонӣ, барои ҳиссаҷудокунии кордиҳандагон 778819 сомонӣ, барои хароҷотҳои дигар 1587844 сомонӣ ҷудо гардидааст. Нақшаи шашмоҳа бо тағйиру иловаҳо 5493997 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Иҷроиши нақшаи панҷмоҳаи соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 3712703,49 сомонӣ хароҷот гаштааст, ки 67,58 фоизро ташкил мекунад. Асосан ин маблағҳо хароҷот карда шудаанд. Дар баробари ин, қобили тазаккур аст, ки қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Истаравшан оиди барномаҳои миллии хизматрасонии тиббӣ пурра маблағгузорӣ карда шудаанд.

Муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан аз санаи 25 феврвли соли 2017  таҳти №90 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» фаъолият бурда истодааст. Муассисаҳои КАТС дар ин раванд корҳои ташкилиро ҷамъбаст намуда, дар даромадгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ нусхаи қарор, дастурамал, нархнома, номгӯи шахсони имтиёзнок овехта шудаанд. Дар муассиса ҳуҷраҳои таҳлилӣ-ташхисии рентгенӣ, флюрографӣ, таҳлили клиникӣ, фаросавтӣ, СБД фаъолият мебаранд. Дар марҳилаи ҳисоботӣ ҳамагӣ 74098 амалиётҳо ва таҳлилҳо гузаронида шуд.

Тибқи нақшаи даромади маблағҳои махсус барои соли 2019 1620000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи маблағҳои махсус 668600 сомонӣ буда, иҷроиши нақшаи 5 моҳа 515352 сомониро ташкил кард, ки 77,08 фоизро ташкил медиҳад. Асосан маблағҳои воридшуда барои музди маош 21111-113016,71сомонӣ, барои ҳиссаҷудокунии кордиҳандагон 21211-28177,54 сомонӣ, маводҳои канселяри 22111-18291 сомонӣ, дорувори 22116-187604,00 сомонӣ, дигар хароҷотҳо 22191-113230,88сомонӣ, хариди таҷҳизот ва мизу курсӣ 28142-34810,00 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

 

Ҳифзи модару кӯдак

Дар 6 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 3801 нафар ҳомиладорон ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54 нафар кам мебошад. Баҳри паст кардани фавти модару кӯдак ва дарёфти саривақтии бемории экстрогениталӣ дар байни ҳомиладорон, ҳамчунин паст намудани фавти антинатали аз тарафи маъмурияти муассиса нақша-чорабинӣ таъсис дода шуда, фармоиш оиди аз муоинаи комплексии тиббӣ гузаронидани ҳамаи ҳомиладорон бо иштироки мутахассисони соҳавӣ, таҳлилгарон, таҳлили фаросавтӣ дар марказҳои саломатии деҳот аз рӯи нақшаи тасдиқшуда гузаронида шуда истодааст. Аз он ҷумла, ба 2917 нафар (4,2 %) занҳои қобили таваллуд кӯмаки контросептивӣ гузаронида шуд.

Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба наврасон 2 адад ҳуҷраҳои наврасон амал мекунад. 4,25 воҳиди корӣ ва дар он 4 нафар духтурон адои вазифа менамоянд.

 

Ташхиси тибби иҷтимоӣ

Дар давоми шаш мохи соли 2019 дар маҷмуъ ба Хадамоти давлатии ташхиси тибби иҷтимоӣ 721 нафар фиристода шуд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2018 83 нафар кам мебошад. Шумораи маъюб донисташудагон 709 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 85 нафар бори нахуст муроҷиат кардаанд. Аз рӯи нишондод аз ҳама зиёд дар шаҳр беморони руҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 814 нафарро ташкил медиҳанд. Дигар бемориҳо, ба монанди бемориҳои асаб — 150 нафар, бемориҳои чашм — 85 нафар, беморихои ғадудҳои дохилӣ — 90 нафар, бемориҳои осебӣ — 101 нафар, бемориҳои дил — 99 нафар низ нисбати дигар бемориҳо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд, ки сабабашро мутахассисон дар экспертизаи корношоямии ин намуди бемориҳо ва бо асоратнокии зиёд ба маъюбӣ расидан арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, феълан дар шаҳри Истаравшан 8 нафар иштирокчиёни ҶБВ,  31 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил, 208 нафар ҳуқуқи конститутсионӣ дошта, 310 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва 130 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ дар таҳти назорат меистанд. Дар давоми 6 моҳи соли 2019 ҳамаи иштирокчии ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробарҳуқуқ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Бо қарори Раиси шаҳр барои таъминот бо доруворӣ  ҳар моҳ ба маблағи 1200 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин давра ба 4 нафар дандони сунъӣ, ба 2 нафар аробачаи маъюбӣ тақдим гардида, ҳамзамон 3 нафар бо дастгоҳи шунавоӣ ва 6 нафар бо айнак таъмин гардиданд.

 

Пешгирии бемориҳои сироятӣ

Маркази иммунопрофилактикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда бо ваксинатсия  дар соли 2019 нақшаи  корӣ тартиб дод. Ҷиҳати иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  аз 07.08.2014 с., таҳти № 643 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда» ва амалисозии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016 с., таҳти №456 ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, паст намудани сатҳи бемории шикамравии кӯдакони хурдсол, нигоҳ доштани ҳолати давлати озод аз бемории фалаҷ, инчунин, қатъ намудани гардиши вируси фалаҷ, боназардошти тавсияьои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тартиб дода шуда, тибқи нақша кор пеш рафта истодааст. Сатҳи иҷроиши нақшаи иммунизатсия бо талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бояд на кам аз 95% иҷро шавад. Аз таҳлил маълум мешавад, ки иммунизатсияи кӯдакони таваллудшуда 100 % — ро ташкил медиьад

Дар ин росто рӯзҳои 15 — 16 марти cоли 2019 бо иштироки 62 нафар ваксинаторони муассисаҳои КАТС оиди «Иммунизатсияи бехатар»  дарси омӯзишӣ гузаронида шуда, ба оньо сертификат дода шуд.

 

Ҳимояи аҳолӣ аз  бемории сил

Кормандони  муассисаҳои  тиббии  шаҳри Истаравшан тибқи иҷроиши

«Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва инчунин дигар дастурамалҳо фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд. Вазифаҳои барномаи мазкур ин то соли 2020 таъмин намудани дастрасии умум ба ташхиси бармаҳал ва сифатноки ҳамаи шаклҳои  бемории сил, инчунин таъмин намудани дастрасии умумӣ ба табобати босифати ба бемор нигаронидашуда дар мисоли бемории сил, таъмин намудани кӯмаки зарурии зиддисилӣ ба гуруҳҳои таҳти хавфи зиёд қарордошта ва       тақвият  бахшидани  мубориза  бо  эпидемияи бемории  сил тавассути  таҳкими ҷалби  ҷамоатҳо, ҷомеаи  шаҳрвандӣ ва таъмини муҳофизат, фаъолияти иттилоотӣ-тарғиботӣ ва сафарбарсозии  иҷтимоӣ мебошад.

Дар ин раванд дар Беморхонаи марказӣ санаи 8 май Шӯрои ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуда, оиди  пешгирӣ ва саривақт дарёфт намудани беморони сил нақшаи чорабинӣ ташкил карда шуд, ки ҳоло дар амал мебошад. Беморони   бори аввал ба қайд гирифташуда дар давраи 1 (шадид) дар беморхонаи Деҳмой ва дар давраи  дувум (ёрирасон) дар муассисаҳои табобатии ноҳия зери  назорати ҳамешагии кормандони  КАТС қарор мегиранд.

Дар баробари ин, аз тарафи  директори  марказ дар якчоягӣ бо шахси масъули корманди КАТС дар марказҳои саломатии  шаҳр ва деҳот мувофиқи реҷа  гардиш гузаронида шуда, ба менежери  КАТС маълумот пешниҳод мегардад.

Дар ин самт аз тарафи гурӯҳи мониторинги вилоятӣ  6 маротиба  ва аз тарафи гурӯҳи мониторинги ҷумҳуриявӣ 4 маротиба мониторинг гузаронида  шудааст. Инчунин, дар шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва хонаҳои саломатӣ оиди бемории сил варақаҳои деворӣ бароварда шуда, бо кормандони КАТС, таваллудхонаҳо ва ихтиёриён семинару вохӯриҳо (волонтёрҳо) гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои миёнаи таълимии умумии шаҳри Истаравшан оиди бемории сил аз хонандагон диктант гирифта шуд, ки ин омил бешак ҷаҳонбигии насли наврасро перомуни огоҳияшон аз ин беморӣ сайқал медиҳад.

Дар  умум ҳоло 330 нафар беморон  зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

 

Пешгирии бемориҳои ишемиявии дил

Аз рӯи нақша-чорабинӣ, ки аз тарафи муассисаи КАТС тартиб дода шудааст, оиди пешгирии бемориҳои ишемиявии дил ва нуқсонҳои модарзодии дил корҳои тарғиботӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми 6 моҳи соли 2019-7218 маротиба СБД гузаронида шуда, 43 нафар бемориҳои ишемиявии дил дарёфт гардида, 43 нафар ба ҳисоби диспансерӣ гирифта шудааст. Бо кӯмаки духтурони таваллудхона ва оилавӣ 9 нафар кӯдакон бо нуқсони модарзодии дил дарёфт шуда, ба ҳисоби диспансерӣ гирифта шудааст.

Дар маркази дилшиносӣ бо сактаи дил 61 нафар табобати бистарӣ гирифта, бо БИД стенокардия 596 нафар табобати бистарӣ гирифтанд. 43 нафар беморон ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд, ҳоло 247 нафар ба қайди диспансерӣ меистанд. Фавт аз БИД 34 нафар буда,  8 ҳодиса аз сактаи шадиди дил мебошад.

Дар давоми шаш моҳ 6 нафар бемор амалиёти коронароангиографӣ, 3 нафар амалиёти стентгузорӣ ва 4 нафар кӯдак ҷарроҳии барқарорсозии нуқсони модарзодии дилро аз сар гузаронидаанд.

 

Муқовимат бо эпидемияи ВНМО  

Дар 6 моҳи соли 2019 дар маркази ВНМО шаҳрӣ ба таври пинҳонӣ 7837 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд. Аз ин миён аз ҷониби муҳоҷирон 98 нафар ба ВНМО хун супоридаанд, ки 1 нафар бо натиҷаи мусбат дарёфт гаштааст. Аз ҳисоби кормандони тиб 1649 нафар ба ВНМО хун супоридааанд, ки ҳамаи натиҷаҳо манфӣ мебошад. Ҳамзамон, 201 нафар нашъамандон баҳри таҳлили ВНМО хун супоридаанд, киҳама натиҷаҳо манфӣ баромадаанд. Дар ҳамин ҳол бо нишондоди клиникӣ 3 нафар бо натиҷаи мусбӣ муайян карда шудаанд.

 

Ташаккули тарзи ҳаёти солим

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ш. Истаравшан дар шашмоҳаи аввали соли 2019 вобаста ба иҷроиши «Барномаи миллии ТТҲС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сольои 2011-2020» тибқи нақша-чорабиниҳо фаъолият бурда истодааст. Дар ин иртибот, моҳи январи 2019 нақшаи шӯрои ҳамоҳангсозӣ тартиб дода  шуда, аз тарафи муовини раиси шаҳр – Нигора Ҳайдарзода тасдиқ кунонида шуд.

Перомуни пешгирии бемориҳои ВНМО, зардпарвин, сил дар мактабҳои шаҳру деҳот диктант гирифта шуда, ҳамчунин оиди бемориҳои зуком, шабушк, зардпарвин, шамолхӯрӣ ва дарунравӣ дар байни кормандони боғчаҳои кӯдакона маърӯзаҳо хонда шуда, варақаҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

Аз санаи 04 то 07 марти соли 2019 дар марказҳои саломатии шаҳрӣ ва деҳоти Истаравшан корвони саломатӣ ташкил карда шуда, оиди ҳомиладорӣ ва аворизи он суҳбату маърӯзаҳо гузаронида, варақаҳои тиббӣ тақсим карда шуд. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Оби тоза, Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ, 12 май – Рӯзи байналхалқии хоҳарони шафқат,15 май — Рӯзи байналхалқии оила, 22 май — Рӯзи тибби оилавӣ, 25 май — Рӯзи пешгирии бемории вараҷа, 31май — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ, 1 июн — Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, 3 июн — Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати муҳити зист, 26 июн — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди  нашъамандӣ,13-14 июн — рӯзҳои хунсупорӣ эълонҳои радиоӣ ва телевизионӣ шунида шуд. Инчунин бахшида ба 7 апрел – Рӯзи саломатӣ, 1 июн -Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон дар МС№1 ва МС№2 дӯкони саломатӣ ташкил карда шуд. Озмунҳои шеърхонӣ, расмкашӣ, рақс бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” бахшида ба “Рӯзи оила” гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Фаъолият оиди иҷроиши «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим» давом дорад ва духтурони гуногунсоҳа ва оилавӣ пайваста барои пешгирии бемориҳо, дар ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр сӯҳбату маърӯзаҳо гузаронида истодаанд.

 

Пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ

Бо мақсади ба амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати ҶТ оиди пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ барои солҳои 2013-2023  ҳайати оид ба пешгири осеббардорӣ, такмили кӯмаки тибби ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар ҳайати 11 нафар шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст. Дар Беморхонаи марказӣ бошад, дар ҳайати 6 нафар ситод ташкил гардидааст.

Дар ин давра мувофиқи нақша 2 маротиба ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ситоди Беморхонаи марказӣ гузаронида шуда, масъалаҳои пешгирии осеббардорӣ дар сатҳи шаҳру деҳот, пешгирии осеббардорӣ ва зӯроварӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оиди татбиқи барномаи миллӣ дар Маркази саломатии №1 — 1 ҳуҷра бо 2 нафар табибон, дар Маркази саломатии №2-1 ҳуҷра бо 1 нафар табиб ва 2 нафар ҳамшираи шафқат фаъолият мебаранд. Дар нуқтаи осебшиносии беморхона 6 нафар табибон, 4 нафар ҳамшираҳои шафқат, 3 нафар бародарони шафқат кор бурда, ҳамзамон барои расонидани ёрии шабонарӯзӣ омода мебошанд. Нуқтаи осебшиносии Беморхонаи марказӣ бо шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ,  шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан робитаи хуби корӣ доранд.

Дар  ин муддат 1500 нафар сокинон бо осебҳои гуногун муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 нафар кам мебошанд.

Ҷароҳатбардорӣ аз газидани саг дар 6 моҳи соли равон 163 нафарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 21 нафар кам шудааст. Ба ҳуҷраи духтури чашм дар 6 моҳи соли 2019 – 1025 нафар беморон муроҷиат намуданд. 17 нафар бо бемории модарзодӣ ва 40 нафар беморони чашм ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд. Ба ҳуҷраи ғадудшинос бошад, дар ин давра 2287 нафар беморон муроҷиат намудаанд. Диабети қанд 535 нафар, ҷоғари паҳнгаштаи эндомекӣ 1562 нафар, гипотериоз 48 нафар, диабети беқанд 12 нафар дарёфт гардид. 13 нафар беморони диабети қанд ва 117 нафар ҷоғари паҳнгаштаи эндомекӣ ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд.

Тавре дар рафти суҳбат Бобоҷониён Раҳмони РАҳмат изҳор намуд, сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони КАТС дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа ва ҳукумати маҳал ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад.

“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони шаҳри Истаравшан низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд” — иброз намуд дар фароварди суҳбат роҳбари КАТС — и шаҳри Истаравшан Бобоҷониён Раҳмони Раҳим.

 

МТЖТ

Добавить комментарий