“Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст”, — иброз дошт зимни як суҳбати ихтисосӣ Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Ҷабборов Илҳом Пӯлодович.

 

Дар идома Илҳом Ҷабборов бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас аз бурду бохти соҳа, таъкид намуд, ки Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд нимсолаи аввали соли 2019 дар асоси қарору супоришномаҳо ва фармоишоту раҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насим Олимзода ва сардори Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Султонмурод Бекмуродзода Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2019 як қатор  корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Чунончӣ, дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2019 дар асоси қарору супоришномаҳо дар 92 муассисаҳои фармасевтӣ ва 105 МТП –и давлатӣ ва  ғайридавлатии  вилоят санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 200 номгӯй (ба миқдори 2794 адад) маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиении мӯҳлати истифодабариашон сипаригашта ва  378 номгӯй (ба миқдори  4782 адад) маводҳои доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиении бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот бароварда шуд.

Дар ин замина дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо тариқи сӯзонидан 1971 номгӯй (ба миқдори 186427 адад) ба маблағи 2074661,34 сомонӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд гардонида шуданд, ки аз инҳо тариқи мактуб 1575 номгӯй (ба миқдори 177132 адад) ба маблағи 2028505,74 сомонӣ, тариқи санад 396 номгӯй (ба миқдори 5295 адад) ба маблағи 46155,54 сомонӣ мебошанд.

Ҳамагӣ аз тарафи Сарраёсати Хадамот дар панҷ моҳи соли 2019 нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, МТП-ҳои давлатӣ, МТП-ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қарор гирифта 111-протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамагӣ ба маблағи  225340,00 сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷаи давлат ситонида шуд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ба 173 муассисаҳои фармасевтӣ, МТП-и давлатӣ ва МТП-и ғайридавлатӣ амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба монанди: риоя накардани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №523 аз 18.07.2014сол «Оид ба номгӯи ҳатмии дору ва маводи мавриди истифодаи тиббӣ  дар қуттии ёрии таъҷилии муассисаҳои тандурустӣ”, таҳти №644 аз 18.11.2008сол оид ба  тасдиқи «Қоидаҳои ба расмият даровардани дорухат ва  талабот нисбати он» ва таҳти №361 аз 03.06.2009сол «Оиди истифодабарии дорухатҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ», таҳти №375 аз 03 ноябри соли 2004 «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамали тартиботи ҳисоботи маводи дорувориҳо ва молҳои тиббӣ дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба роҳ мондан, риоя намудани талаботҳои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», таҳти №146 аз 30.03.2013сол “Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ” муоина ва муолиҷаи беморон аз рӯи протоколҳои клиникӣ, таъсис додани гӯшаҳои гиёҳдармонӣ дар муассисаҳо  ба роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ ирсол карда шуд ва сари вақт нисбати бартараф намудани камбудиҳо ҷавобҳо ворид гаштанд.

Пешниҳод нисбати чораҷуи интизомӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд нисбати 15 нафар кормандони тиб (4 нафар корманди миёнаи тиббӣ), оиди пас намудани дараҷаи тахассуси касбӣ нисбати 1 нафар табиб ва дар вазифа фаъолият бурдан нисбати 3 нафар кормандони тиб гузориш пешниҳод карда шуд. Пешниҳод карда шуд, ки 3 нафар кормандон бо такмили ихтисос фаро гирифта шаванд.

Бозодоштҳо: фаъолияти кории 3 нафар духтурони дандон (МСШ №4, МСД Унҷӣ ва МСД Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), ҳуҷраи сабти барқии кори дил воқеъ дар шуъбаи қабул то гузаштани такмили ихтисоси корманди миёнаи тиб Назарова Р.К. оид ба СБД, шуъбаи ҷарроҳии амбулатории МСШ ш.Панҷакент то ба танзим даровардани самти фаъолият ва сохтори шуъба, кошонаҳои ҳусни ш. Хуҷанд: Афранг, Ножнитса, Бурда, Шабнам, Шукрона, ҳуҷраи техникии дандон воқеъ дар суроғаи ш.Хуҷанд, кучаи К.Хуҷандӣ 53, дар таҳхонаи ҶДММ «Алмос», 2 адад ҳуҷраҳои устои дандонсозӣ воқеъ дар ш. Хуҷанд, хиёбони И. Сомонӣ 5а дар ошёнаҳои 2 ва 3 ҶДММ “Навбаҳор” боздошт карда шудааст.

Дар ин давра барои чораҷуии интизомӣ нисбати 3 сардухтур ба Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва нисбати 1 муовини сардухтур, 27 мудирони шуъба ва 3 сарҳамшираҳо ба сардухтурони муассисаҳои табобатию профилактикӣ пешниҳод ирсол гардид.

Инчунин аз тарафи роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ баъд аз ирсоли амрнома оид ба бартараф намудани камбудиҳо нисбати 19 нафар шахсони масъул муҷозоти  интизомӣ танбеҳ ва сарзаниш татбиқ гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон ҳамагӣ 36 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, сари вақт баррасӣ гаштаанд.

Қобили тазаккур аст, ки баҳри иҷроиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ва нақша-чорабиние, ки аз тарафи Сарраёсати Хадамот тартиб дода шудааст, назорати муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ пурзӯр карда шуда, дар вақти гузаронидани назорат 2 нуқтаҳои ғайриқонунӣ, ки ба фаъолияти фармасевтӣ дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор гардид. Аз нуқтаи ғайриқонунии воқеъ дар шаҳри Истаравшан 10 номгӯй (ба миқдори 300 адад) маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат, 11 номгӯй (ба миқдори 37 адад) маводи дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва аз нуқтаи ғайриқонунии воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ 10 номгӯй (ба миқдори 76 адад) маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат, 4 номгӯй (ба миқдори 18 адад) маводи дорувории мӯҳлати истифодабариашон гузашта дарёфт карда шуданд, ки дар шароити ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуда нигоҳ дошта мешуданд.

Инчунин, аз 2 муассисаи фармасевтӣ нуқтаи дорухонагии ҶДММ “Исмоил Фарм”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент 10000 адад ва аз нуқтаи дорухонагии ҶДММ “Уфуқ” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд 11500 адад  ниқобҳои сиёҳи ба таври қочоқ ворид гардида дарёфт карда шуд. Нисбати шахсони масъули муассисаҳои фармасевтии мазкур ва шахсони ғайриқонунӣ ба фаъолияти фармасевтӣ машғул буда, маводҳои ҳуқуквайронкунӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуда, дастандаркорони ин амалҳои ғайриқонунӣ бо ҳукми суд маҳкум карда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар миқёси вилоят 910 дорухонаҳо фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 68 муассисаҳои фармасевтӣ дар ҳудуди муассисаҳои табобатӣ профилактикӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин муддат фаъолияти 6 дорухонае, ки дар ҳудуди беморхонаҳо ҷойгир буданд ва мӯҳлати амали иҷозатномаашон барои фаъолият ба охир расида буд, қатъ карда шуданд.

Дар баробари ин, тибқи феҳристи иҷозатномаҳои амалкунанда дар асоси иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар миқёси вилоят 247 адад муассисаҳо (105 адад шахсони ҳуқуқӣ, 107 адад шахсони воқеӣ ва 35 адад филиалҳо) ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул мебошанд.

Аз шумораи умумии муассисаҳои хусусии тиббӣ 51 адади онҳо дар дохили муассисаҳои давлатӣ ҷойгир мебошанд, ки аз онҳо 48 адад ба таври иҷоравӣ тибқи шартномаи сетарафа ва 3 адад муассисаҳои хусусӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки нисбати баровардани муассисаҳои табобатию профилактикии хусусӣ ва муассисаҳои фармасевтии дар ҳудуди беморхонаҳо ҷойгир шуда, ба роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии давлатӣ, ширкатҳо ва кумитаи амвол аз тарафи Сарраёсати Хадамот мактуб ирсол гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Ба гуфти сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳом Ҷабборов, дар нимсолаи аввали соли сипаршаванда ҳолатҳои ба таври бояду шояд риоя нагардидани талаботҳои маъмули соҳавӣ ва меъёрҳои санитарӣ ҷой доштааст. Баҳри иҷроиши талаботҳои фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №536 аз 31.10.2012 сол «Дар бораи тартиб ва мунтазамии гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ», таҳти №354 аз 17.07.2012 сол «Оиди беҳтаргардонии хизматрасонӣ дар самти пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ», Барномаи миллии «Пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ВНМО/БПНМ барои солҳои 2017-2020» ва риояи талаботҳои қоида ва меъёрҳои санитарӣ 2.1.2.015-2008 гурӯҳи корӣ   санаҳои 17-18.01.2019 сол санҷиши ғайринақшавии толорҳо ва кошонаҳои ҳусни шаҳри Хуҷанд («Афранг», «Ножнитса», «Клеопатра», «Нозанин», «Бурда», «Шабнам», «Шукрона» гузаронида шуд. Дар асоси камбудиҳои ҷойдошта  фаъолияти ҳуҷраи «Афранг»,  дар асоси қарори сартабиби МНДСЭ муваққатан боздошт карда шуда,  нисбати кормандони кошонаи ҳусни “Нозанин” Юсупова Шаҳло ва Саматова З.Ҳ. дар асоси моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.   Ҳамзамон дар толорҳои ҳусни «Сабрина», «Шукрона», «Томирис», «Ёсуман», «Шаҳзода» санҷишҳо гузаронида шуданд. Муайян карда шуд, ки дар толорҳои мазкур амалиётҳои нақшбандии бадан (татуаж), косметологӣ ва ғайра, ки боиси тазриқи пӯсти бадан мегардад, гузаронида мешавад  ва аксар кормандон  оиди талаботҳои пешгирии бемориҳои сироятии гепатитҳои «В», «С» ва ВНМО/БПНМ  маълумоти кофӣ надоранд. Вобаста ба ин бо кормандон ва роҳбарони ин муассисаҳо оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои дастурӣ ва фаҳмондадиҳӣ суҳбатҳои муфид гузаронида шуд.

Инчунин санаи 25.01.19 сол санҷиши ғайринақшавии ҳуҷраи стоматологии маркази саломатии деҳотии Унҷӣ, маркази саломатии деҳотии Ёва ва ҳуҷраи стоматологии соҳибкори инфиродӣ Дадобоев М.Т.–и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта нисбати соҳибкори инфиродӣ Дадобоев М.Т. дар асоси моддаи 110 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Илҳом Ҷабборов бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ҳамчунин бо итминон иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, Сарраёсати дар вилояти Суғд қарордошта низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, щифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷащду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

 

МТЖТ

Добавить комментарий