Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дастгирӣ ёфт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрели соли ҷорӣ баён доштанд, фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои гузошташуда дар самти истифодаи самараноку мақсадноки заминҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда, корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Айни замон дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказӣ ва Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии “Насими Фархор” 44 нафар беморон бистарӣ гардида, ба онҳо 29 нафар кормандони тиб хизмат расонида истодаанд. Дар Клиникаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 5 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ мавҷуд буда, 20 нафар кормандон беморони гумонбарро ба ҷойҳои лозимӣ интиқол медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди ноҳия 28 адад марказҳои саломатӣ ва 25 бунгоҳҳои тиббӣ бо 213 нафар кормандон 307 нафар аҳолии дар карантини хонагӣ бударо таҳти назорати худ қарор дода, бо онҳо вобаста ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳия 4 адад асбобҳои нафасдиҳии сунъӣ ва 5 адад оксигенераторҳо мавҷуд аст. 5 адад оксигенератор дар шуъбаи бемориҳои сироятии назди беморхона ва 1 адад оксигенератор дар Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии “Насими Фархор” истифода бурда мешаванд.

Вобаста ба масъалаи безараргардонии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои безараргардонӣ рафта истодаанд. Аз ҷумла, муассисаҳои тандурустӣ, кӯчаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва манзили истиқоматии шаҳрвандоне, ки аъзои оилаҳои онҳо ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда буданд, аз тарафи Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаи дезинфексияи ноҳия ба воситаи мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва дорупошакҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ безарар гардонида шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия аз ҳисоби шахсони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ маводҳои доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ кумакҳои башардӯстона расонида шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор вобаста ба пешгирӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус аз ҳама имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, тамоми чораҳои судмандро меандешад.

Амри раиси ноҳия аз 20-уми марти соли 2020, №К-52 «Дар бораи таъсиси Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус» ба тасвиб расида, айни ҳол дар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситодҳо таъсис дода шуда, ҳамарӯза корбарию ҷаласаҳо гузаронида мешаванд. Ҳайати Ситод вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои омодагӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, ба тартиб даровардани ҳуҷраҳои ҷудошуда барои беморони сироятшуда, аз рӯи имконият ҷудо намудани маблағи зарурӣ барои харидории доруворӣ ва асбобу лавозимоти тиббӣ, дар байни аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи оддитарин талаботҳои гигиенӣ-санитарӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин, тибқи амри раиси ноҳия аз 24.04.2020, №К-71 ва №К-78 аз 14-уми майи соли 2020 айни замон дар ноҳия вобаста ба пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятии пневмония ва коронавирус, ҳифзи муҳити зист, инчунин самаранок истифодабарии заминҳои кишт аз хисоби вакилони вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар сатҳи маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ то ҳанӯз рафта истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2020, №2-1 «Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавируси нави 2019» дар ноҳия барои ҷойгир намудани беморони сироятёфта дар шуъбаҳои назди Беморхонаи марказӣ, Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии “Насими Фархор” ва беморхонаҳои рақамӣ 290 адад кати хоб омода карда шудааст.

Аз санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ дар шуъбаи бемориҳои сироятии назди Беморхонаи марказӣ ва Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии “Насими Фархор” то ин ҷониб 106 нафар шаҳрвандон бо синну соли гуногун – 3 нафар илтиҳоби қисми поёнии шуш аз тарафи рост, 3 нафар илтиҳоби қисми поёнии шуш аз тарафи чап, 37 нафар илтиҳоби шуши дутарафа ва 15 нафар илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас ба табобат фаро гирифта шуда истодаанд. Аз инҳо 17 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 2 нафари беморон аз шаҳри Душанбе, 1 нафар аз шаҳри Роғун, 1 нафар аз шаҳри Бохтар, 1 нафар аз шаҳри Кӯлоб ва 1 нафар аз ноҳияи Данғара ба ҳудуди ноҳия ворид гардидаанд. 1 нафар бемор соли таваллудаш 1955, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор гирифтори бемории илтиҳоби қисми поёнии шуш, ҳамзамон аз норасоии кори дил аз қайди ҳаёт гузашт. Дар бемороне, ки аз санаи 24-уми апрели соли равон дар шуъбаи бемориҳои сироятибуда ба табобат фаро гирифта шудаанд, айни ҳол нисбати саломатии 33 нафарашон беҳбудӣ дида мешавад.

Дар шуъбаи бемориҳои сироятии назди Беморхонаи марказии ноҳия 9 нафар ва дар Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии “Насими Фархор” 10 нафар кормандон дар ҳолати доимӣ дар ҷойҳои кори худ қарор дошта, 20 нафар корманд аз Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ айни замон бо 4 адад мошинаҳои ёрии таъҷилӣ беморонро ба ҷойҳои лозимӣ интиқол дода истодаанд.

Инчунин, Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия ва шуъбаи безараргардонӣ ба миқдори 468 киллограмм хокаи гипохлорид калсий (65 %-а) ва гипохлориди натрии моеъ ба миқдори 600 киллограмм (№25 %-а) дастрас намуда, бо навбат ташкилоту муассисаҳо, кӯчаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони беморро, ки айни замон дар карантин мебошанд, безарар гардонида истодаанд.

Дар даромадгоҳи ноҳия 7 нафар кормандони Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия барои безараргардонии мусофирон ва мошинҳои ба ноҳия воридгашта корбарӣ намуда истодаанд.

Ба Беморхонаи марказии ноҳия, Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии “Насими Фархор”, Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва Шуъбаи безараргардонӣ ҷиҳати таъмир, харидорӣ ва захира намудани маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва маводҳои хӯрокворӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии раиси ноҳия 33 360 сомонӣ, иҷрои барзиёдатии буҷети ноҳия ба маблағи 64 420 ва аз ҳисоби маблағҳои худии Беморхонаи марказии ноҳия 24 702 сомонӣ, Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 2200 сомонӣ, дар умум 122,482 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, тибқи ҷадвали пешниҳодшуда аз ҳисоби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маводҳои хӯрокворӣ барои омода намудани хӯроки гарм ба бистариён ва духтурони шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия ҳамарӯза дастрас карда мешавад. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 14.04.2020, №319 аз ҳисоби Фонди захиравии раиси ноҳия барои харидорӣ намудани маводҳои хӯрокворӣ, аз қабили орд ва равған ба 10 нафар кормандони шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия ва оилаҳои ниёзманди сироятёфта ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин, санаи 4-уми майи соли 2020 иштирокдорони маҷлиси васеи назоратии назди раиси ноҳия ва ҳайати Ситоди ноҳиявӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус бо мақсади расонидани кӯмак ба соҳаи тандурустӣ таклиф намуданд, ки маблағи 5- рӯзаи маоши худ ва кормандонашон боздошта шавад.

Шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои дохили ҷумҳурӣ ба ҳудуди ноҳия ворид мегарданд, дар Беморхонаи марказӣ 14 рӯз бистарӣ карда шуда, дар нигоҳубини духтурон қарор дода мешаванд.

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар самти пешгирии хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус пандемияи коронавирус дар ноҳия, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои нақшаи киштукори баҳорӣ, таъмини амнияти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон, президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ, қитъаҳои замини назди биноҳои кори ташкилоту муассисаҳо, мактабу масҷидҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, риояи ҳатмии таркиби кишти зироатҳо дар мавсими кишти такрорӣ, захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус орд, равғани растанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, майдони кишти картошкаро то 40 дарсад ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60% зиёд кардаанд.

Раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам мегӯяд, ки “бо шарофати роҳбарии хирадмандона ва саъю талошҳои ба нафъи мардуми Тоҷикистон равонагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида истода бошад ҳам, айни замон вазъи эпидемиологӣ ноустувор гашта, сироятёбии аҳолии кишварамон ба бемории пневмония ва коронавирус тайи рӯзҳои охир бештар ба қайд гирифта шуда, дар умум паҳншавии босуръати ин вирусҳои марговар тамоми ҷаҳониёнро ба ташвишу таҳлука овардааст. Суръати баланди паҳншавии вируси мазкур таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо намуда, бо мақсади пешгирии паҳншавии он зарурияти ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ба миён омадааст. Бояд гуфт, ки қабл аз пайдо шудани ин беморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳанӯз аз миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин вируси нав ба қаламрави ноҳия тадбирандешӣ намудем. Аз ҷумла, маҳдудсозӣ ва назорати махсуси равуои одамон, ташкили дидбонгоҳҳои назоратии шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ ва ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки аз дигар ҷойҳо ворид мегардиданд. Инчунин, гуруҳҳои корӣ пайваста ҷиҳати риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштии фардӣ, ҷамъиятӣ дар муассисаву корхонаҳо, маҳаллаҳо, деҳаҳо корҳои безараргардонӣ гузарониданд. Ҳамчунин, бо назардошти пурра қонеъ намудани эҳтиёҷот ба катҳои табобатӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат шуъбаи касалиҳои сироятии ноҳияро ҷавобгӯ бо талаботҳои давру замон таъмири асосӣ намуда, бо таъмини таҷҳизот ва доруворӣ омодаи қабули беморон намудем. Айни замон катҳои табобатӣ дар ноҳия барои ин беморон аз эҳтиёҷ зиёдтар аст. Зеро, мо тавонистем дар кӯтоҳтарин муҳлат осоишгоҳи ноҳияро бо 60 кати хоб мавриди баҳрабардории эҳтиёҷмандон қарор диҳем. Бо назардошти ҳама корҳои муҳими ташхисӣ, мо дар маҷмуъ тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Ҳамин буд, ки имрӯз шумораи гирифторон ба ин беморӣ аз 131 нафари рӯзҳои аввал ба се нафар омада расид”.

– Ман бори дигар аз Пешвои муаззамамон изҳори сипос мекунам, ки бо иқдоми наҷибонаашон дар ин лаҳзаҳои душвор ба мардуми ноҳияи мо дар ҳаҷми 48 тонна маводи ғизоӣ, маводи яккаратаи тиббӣ, маводҳои доруворӣ, маводҳои муҳофизавӣ ва безараргардонӣ тақдим намуданд. Ба ин иқдоми Пешвои миллат соҳибкорони ватанӣ пайравӣ намуда, дасти хайру саховаташонро ба мардуми ноҳияи мо дароз намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар оянда низ дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки айни замон ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд,- афзуд раиси ноҳия.

С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here