Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» (собиқ Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Исфара) дар асоси Қарори раиси шаҳри Исфара соли 2008 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи тандурустиро аз рӯи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» омода менамояд.

 

Заминаҳои моддию техникӣ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» аз 1 бинои асосии дуошёнаи таълимӣ иборат мебошад. Ин бинои коллеҷ ба ҶСШК «Тамохуш-ЗГМИ» мансуб буда, «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» ҳамчун истифодабаранда бо пардохти ғайриманқул фаъолият мебарад. Инчунин 1 бинои таълимии амалӣ дар заминаи БМШ мавҷуд мебошад.

Барои гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён байни коллеҷ ва муассисаҳои тандурустии Беморхонаи марказии шаҳрӣ, МСШ, осоишгоҳи «Зумрад» ва МНДСЭ оид ба ихтиёри коллеҷ вогузор намудани ҳуҷраҳои таълимӣ шартномаҳо ба имзо расонида шудааст.

Дар соли 2018 дар Коллеҷи тиббӣ 50 адад компютер, 21 адад нотбук, 1 адад нетбук, 9 адад принтер (дар соли 2017-ум 47 адад компютер, 21 адад ноутбук, 6 адад принтер) мавҷуд буда, ҳуҷраи фанни технологияи информатсионӣ бо 33 адад (14 адад ноутбук) компютерҳо, аз он ҷумла дар китобхона 6 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ба 100 нафар донишҷӯ 5 компютер рост меояд (меъёри муайянкунанда ба 100 нафар 6 дона). Аз 50 адад компютери мавҷудбуда 1 адад дар утоқи компютерӣ, 3 адад дар китобхона ва 3 адад компютерҳои дар ҳуҷраҳои корӣ буда, бо хати интернет пайваст мебошанд.

 

Шароити манзилию маишии донишҷӯён

Дар коллеҷ баҳри фароҳам овардани шароити маишиву истироҳатии донишҷӯён як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Майдончаи варзишии тобистона дар назди бинои асосии коллеҷ мавҷуд аст. Аз лавозимоти варзишӣ: шашка, шоҳмот, тӯб барои бозии воллейбол, тӯр, тенниси рӯйи миз бо лавозимоташ барои истифодаи донишҷӯён муҳайё мебошад. Инчунин ҳуҷраи беҳдоштӣ-санитарӣ мавҷуд аст, ки мавриди истифодаи донишҷӯён қарор дорад. Барои донишҷӯёни аз деҳоти дурдаст омада хобгоҳ вуҷуд надорад. Бинобар ин, маъмурияти коллеҷ дар ҷойгир намудани донишҷӯёни аз минтақаҳои дурдаст барои дарёфт намудани хонаҳои иҷора кӯмаки бевосита мерасонад. Зиёда аз 12 нафар донишҷӯён дар хонаҳои иҷора менишинанд. Маъмурият ҳамеша аз шароити зисту зиндагонии онҳо бохабар аст.

 

Таъминоти кадрӣ

Миқдори кормандони маъмурӣ ва ёрирасон дар соли 2018-ум 25 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Дар соли 2018-ум 23 нафар омӯзгори асосӣ ва 25 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд. Аз 25 нафар омӯзгорони асосӣ 11 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олии тахассусӣ ва 14 нафар дорои маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд. Дар коллеҷ 1 нафар дотсент ва 1 нафар номзади илм (Бобоева Г. В. — директори муассиса ва Яҳёев М. — омӯзгори фанни фалсафа) фаъолият мебаранд.

 

Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара фаъолияти худро мувофиқи нақшаҳои солона ба роҳ мондааст, ки дар шӯрои омӯзгорӣ тасдиқ гардидааст. Раванди таълим мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷадвали машғулиятҳо барои ҳар як нимсола тартиб дода шудааст. Реҷаи раванди таълим риоя карда мешавад. Ҳамаи барномаҳои таълимӣ мавҷуданд, ки шуъбаи илмӣ-методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудааст. Машғулиятҳои фанҳои таълимӣ дар нимсолаҳои пешбинишуда гузаронида мешаванд. Соатҳои дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда ба пуррагӣ истифода бурда мешаванд.

Фаъолияти омӯзгорону кормандон ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон” равон карда шудааст. Дар коллеҷ тарзи таълими лексионӣ-семинарӣ ва лексионӣ-амалӣ ворид карда шудааст. Ҳамаи устодони коллеҷ нақшаҳои фардӣ доранд, ки дар он тамоми фаъолияти таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва ғайра инъикос ёфта, тибқи он фаъолият менамоянд. Машғулиятҳои амалӣ дар кабинетҳои таълимии қабликлиникӣ, фаннӣ гузаронида мешаванд, ки ҷиҳозонидани онҳо қаноатбахш мебошад.

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара” танҳо шуъбаи «Кори ҳамширагӣ» ва 2 кафедра амал мекунад, ки дар он ҳамагӣ 395 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳамаи донишҷӯён дар шуъбаи рӯзонаи гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил намуда истодаанд. Аз ин миқдор 381 нафар донишҷӯ ҷинси зан буда, 14 нафарро ҷавонписарон ташкил медиҳанд.

 

6 мушкили ҳалталаб

  1. Бинои коллеҷ дар мувозинати ҶСШК “Тамохуш” буда, то ҳол бинои асосии худро надорад.
  2. Нарасидани мутахассисони соҳибихтисос ва соҳибтаҷрибаи омӯзгорӣ.
  3. Мавҷуд набудани хобгоҳ барои донишҷӯён.
  4. Кофӣ набудани маблағгузории буҷавӣ (идрорпулӣ).
  5. Нокифоягии китобҳои таълимӣ бо забони давлатӣ.
  6. Набудани толори варзишӣ.

 

9 нақша барои оянда

  1. Гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот.
  2. Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорони асосӣ.
  3. Идома додани мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникии коллеҷ.
  4. Дарёфти имконияти пардохти идрорпулӣ ба донишҷӯён.
  5. Идома додани таҳияи маводи таълимӣ, аз ҷумла китоби дарсиву коркардҳои методӣ бо забони давлатӣ аз тарафи омӯзгорон.
  6. Зиёд намудани теъдоди омӯзгорони асосӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси онҳо.
  7. Такмили ҷанбаҳои мазмунӣ ва технологияи раванди таълими коллеҷ.
  8. Идомаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои табобатии шаҳру деҳоти Исфара.
  9. Идомаи ҳамкорӣ бо коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ.

 

… Ва 1 пешниҳод

— Кушодани ихтисосҳои нав: ёрдамчии беҳдорӣ, дорусозӣ ва лабораторӣ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here