Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Ғалаба қайд карданд, “дар мубориза зидди СOVID-19 ҳеҷ кас набояд тамошобин ва бетараф бошад”. Ин гуфтаи Пешвои муаззами миллатро доираҳои васеи мардум сармашқи кори худ қарор додаанд. Имрӯзҳо шоҳидем, ки чӣ тавр шаҳрвандони қаторӣ, соҳибкорон ва хизматчиёни давлатии сатҳи гуногуни шаҳру ноҳияҳои кишвар дар пайравӣ ба Пешвои миллат саҳми худро бо роҳҳои гуногун дар самти мубориза бо СOVID-19 гузошта истодаанд. Талош барои пешгирии сирояти коронавирус дар ноҳияи Шаҳринав низ бараъло ба мушоҳида мерасад.

Бино ба иттилои дастрасгардида, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятии давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои муқаррароти нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, №АП-1365, барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2020, №265 ва барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми майи соли 2020, №24/10-19 тадбирҳои судманд андешида, як зумра корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Бо ин мақсад амри раиси ноҳия, нақшаи чорабиниҳо ва тақвими гузаронидани суҳбату вохӯриҳои гуруҳи кории муштараки тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроия таҳия ва дастраси масъулин гардидааст.

Баҳри пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо роҳбарии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гуруҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ ташкил гардида, оид ба риояи гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона суҳбатҳо доир гардида, ба ҳар як хонавода вараққаҳои иттилоотӣ тақсим карда шудааст. Гуруҳҳои корӣ аз 1 то 8, аз 19 то 23-юми апрел ва аз 2 то 6-уми майи соли 2020 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ташкил намудани зергуруҳҳо бо аҳолӣ суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ҳамарӯза гардиши хонаҳоро дар ноҳия ба роҳ монда, 17090 хоҷагии аҳолиро мавриди пурсишу муоина қарор додаанд.

Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирии бемории мазкур 201 кат барои бистарисозии шаҳрвандон дар ҳолати омодагӣ мебошанд. То 30-юми аперели соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ЛКТ, боғчаҳои бачагона, иттиҳодияҳои динӣ, толорҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуда, ин раванд идома дорад.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бозору марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, ошхонаҳо, корхонаю ташкилотҳо саддҳои безараргардонӣ (дизбарер) гузошта шудааст, ки барои пешгирии бемории коронавирус мусоидат менамояд.

Барои пешгирии бемории вируси COVID-19 лавозимоти тиббӣ дар амбори беморхонаи марказӣ нигоҳ дошта шудааст. Аз ҷумла, 400 кг гипохлориди калтсийи 63%, 500 адад бинт, маҳлули антисептикӣ — 500 фл, дока — 2500 метр, ниқоби тиббӣ — 1600 ҷуфт, дастпӯшаки тамизшудаи яккарата — 1700 адад, термометр — 100 адад, тонометр — 10 адад, термосканер — 2 адад, дастгоҳи нафаскашии сунъӣ — 5 адад, генератори оксигении тиббӣ — 5 балон, кардиомонитор — 7 адад, ларингоскоп — 10 адад, дорупошак — 2 адад, луобкашак — 7 адад, либосҳои махсуси тиббӣ — 180 адад ва маводҳои шустушӯӣ ба миқдори кофӣ вуҷуд дорад. Инчунин, дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ маҳлули калтсий хлор захира карда шудааст.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимӣ маводҳои зерин бо чунин миқдор омода гардидаанд:

— хлор — 800 кг;

— ниқобҳо — 25000 дона (дӯхтани ниқобҳо идома дорад);

— либосҳои муҳофизатӣ — 56 адад;

— айнакҳои муҳофизатӣ — 100 адад;

— мошинҳои дарздӯзӣ — 92 адад (барои дӯхтани ниқоб ва либосҳои махсус истифода шуда истодааст);

— монеагоҳи хлоркардашуда дар 62 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ;

— дорупошакҳо — 68 адад.

Баҳри пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо ҷалби аҳолӣ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринав 20 адад либоси махсуси безараргардонӣ, 1172 кг хлор, 10575 адад ниқоб, дар ҷамоати деҳоти Чуст 2070 кг хлор, 25902 ниқоб, 4 адад либоси махсуси безараргардонӣ, дар ҷамоати деҳоти Сабо 1037 кг хлор, 11137 адад ниқоб, 6 адад либоси махсуси безараргардонӣ , дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов 1860 кг хлор, 12000 ниқоб, 10 адад либоси махсуси безараргардонӣ, 2 адад дорупошак, 5 айнак, 40 адад дастпӯшакҳои махсус, дар ҷамоати деҳоти Истиқлол 5365 адад ниқоб, 870 кг хлор, 26 адад либоси муҳофизатӣ, 11 адад лавозимоти дорузанӣ, дар ҷамоати деҳоти Боғистон 3559 кг хлор, 13110 адад ниқоб, 5 либоси муҳофизатӣ ва дар ҷамоати шаҳраки ба номи М. Турсунзода 8100 адад ниқоб, 3310 адад дастпӯшаки резинӣ, 854 кг хлор ва 7 адад либоси махсуси безараргардонӣ, ҷамъ 11422 кг хлор, 91189 адад ниқоб, 74 ҷуфт либоси муҳофизатӣ ва 35 адад дорупошак захира карда шудааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои қадрдонии заҳматҳои шабонарӯзии кормандони шуъбаи бемориҳои сироятии муассиса ба 18 нафар, ба ҳар кадоме 50 кг орд, 5 литр равғани растанӣ, 2 кг гӯшт, 40 кг пиёз ва 40 кг сабзӣ кӯмак расонида шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 139 ҳазору 723 сомонӣ маводҳои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст. Ҳамчунин, барои дар ҳолати зарурӣ 20 адад кати хоб ва 100 адад штатив омода гардида, ба муассиса дастрас гардидааст.

Ба ҳолати 10-уми майи соли равон дар ноҳия 34 нафар шаҳрвандоне, ки аз давлатҳои осебпазир ворид шуда буданд, ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар давоми 14 рӯз зери назорати табибони оилавии ҷои истиқоматашон қарор дошта, ҳарорати бадани онҳо ҳамарӯза 2 маротиба санҷида мешавад, ки 32 нафарашон аз карантини хонагии 14-рӯза баромада, айни ҳол 2 нафар дар карантин қарор дорад. Дар беморхонаи марказӣ 11 нафар беморон бо ташхиси илтиҳоби шадиди дутарафаи шушҳо бистарӣ гардида, ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол аз 11 нафар бемороне, ки дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ буданд, 8 нафарашон ба хона бо забонхат зери назорати табибони оилавии ҷои зист ҷавоб дода шудаанд. Дар ҳолати имрӯз дар шуъбаи бемориҳои сироятии муассиса 3 нафар беморон бо ташхиси илтиҳоби шадиди дутарафаи шушҳо бистарӣ гардида, муолиҷаи зарурӣ гирифта истодаанд. Аз шумораи умумии бистаригаштагон 2 нафарашон дар ҳолати миёна вазнин, 1 нафар дар ҳолати миёна қарор доранд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳринав, муҳтарам Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин, оид ба роҳҳои пешгирии аҳолӣ аз бемории вируси COVID-19 тавассути баландгӯяк дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, тавассути 91 балангӯяк, ки дар деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот насб карда шудааст, пайваста баромадҳои мутахассисон ва табибон ба самъи аҳолӣ расонида мешавад. Безараргардонии биноҳои маъмурӣ, роҳҳои асосии маркази ноҳия, бозорҳо бо техникаҳои қисми сӯхторхомӯшкунӣ, обу қубурӣ ва муассисаи коммуналӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар ҳафтаномаи ноҳиявии “Файзи Пешво” чоп кардани мақолаҳо ва дар радиои мавҷии “Паёми Шаҳринав” гуфторҳои радиоӣ оид ба роҳҳои пешгирии бемории вируси COVID-19 ба роҳ монда шудааст.

— Масъалаи мазкур зери назорати қатъии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад,- афзуд раиси ноҳия.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here