Паҳншавии вабои Covid-19 ҷаҳонро дар як дам ба ларза даровард. Тамоми ҳамсоякишварҳо дарҳои худро ба рӯи якдигар бастанду пинҳони хонаҳои худ шуданд. Вабо чунон зуд паҳн шуд, ки ҷони ҳазорҳо нафарро даррабуд. Мардум аз тарси он ки ба ин вабо гирифтор нашаванд, хӯроквории худро ба тарзи яклухт харида.

Симои дунё ниқопӯш шуд. Ниқоби тиббӣ — дезинфексионӣ. Бештари корхонаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ пурра баста шуда, тӯли ним сол аст, ки фаъолияти худро қатъ намудаанд. Корпартоӣ, бекорӣ, бепулӣ зиёд шуд ва ин ҳолат ба иқтисодиёти бештар аз 200 мамлакати дунё зарари моливу маънавӣ овард. Дар ин вазъияти вазнини руҳиву ҷисмонӣ мардум донист, ки сиҳативу саломатӣ ва нафаси дурусти бадан аз ҳама муҳимтар будааст ва духтурон низ дар ин фазо қадру манзалати худро дарёфтанд. Онҳо чун обу ҳаво ба мардум кӯмакрасон шуданд, вале буданд духтуроне, ки аз ваҳми ин вабои аср аз баҳри касбу қасами гипократии худ гузашта, хонанишин гаштанд ва боз буданд духтуроне, ки ҷони худро аз даст додаву ҷони чандин нафаронро наҷот доданд. Ба чунин духтурон ҳамеша бояд сари таъзим фуруд биёрем ва хотири онҳоро як умр пос дорем.

Алиева Гулбаҳор аз зумраи он духутронест, ки дар чунин вазъияти ваҳим аз фаъолияти касбии худ даст накашида, садҳо нафарро табобат намуд. Ӯ дар ҳоле фаъолияти худро идома дод, ки кишвар дар авҷи вабо қарор дошта, бештари ҳамкасбону ҳамкорони ӯ шифохонаро тарк гуфта, бо баҳонаҳои бемории шахсӣ аз кор дурӣ меҷустанд. Ӯ дар Амбулаторияи тиббии оилавии №3-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳамшираи калон фаъолият мекунад. Азбаски ин амбулатория аз хонаи мо чандон дур нест, барои кӯмакҳои аввалин мо ба он ҷо муроҷиат мекунем. Бо сабабҳои таб доштанам чанд ҳафта пеш ба он ҷо муроҷиат намудам ва дар даст доруҳои лозимӣ аз ҳамшираи оилавӣ ҷустуҷӯ намудам, аммо касеро надидам. Дар як тараф занҳо бо кӯдаконашон интизори навбати худ менишастанд ва дохили ҳуҷраҳои тиббӣ ду-ду, се-се занҳову ҷавонписарон ба даст сӯзандору (капел) гузошта шуда, мехобиданд ва як нафар ҳамшираи миёнасол дар тан либосҳои махсуси дезинфексионӣ ба онҳо кумак мекард. Ман пурсидам, ки духтурони дигар дар куҷоянд, то ба дигарон сӯзандору гузаронанд? Ӯ ҷавоб дод, ки чанд рӯз боз худаш танҳо фаъолият карда истодааст ва аксари ҳамкасбон бемор шудаву бархеи дигараш корпартоӣ кардаанд.

Тӯли 10 рӯз ман ба ин шифохона мерафтам ва маҳз ҳамин ҳамшира, Алиева Гулбаҳор сӯзандору мегузаронду ҳатто боре ҳам пул талаб накард. Дар баробари ин, хеле бо як лаҳни хуб руҳияи беморони калонсолу ҷавононро мебардошт, ба онҳо боварӣ мебахшид, ки дар як муддати кӯтоҳ шифо хоҳанд ёфт ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ман дар муддати ду рӯз аз табу беқувватӣ раҳо ёфтам ва барои пешгирӣ кардан ҳашт рӯзи дигар барои гузаронидани сӯзандоруҳои витаминӣ ба назди ин ҳамшира мерафтам. Ҳар дафъае, ки мерафтам, медидам, ки чандин нафарҳоро аллакай сӯзандору гузоштаву омодаи гузоштани сӯзандоруҳои навбатӣ мунтазир меистод. Дар ин муддат боре надидам, ки барвақттар аз соати корӣ ба хонааш рафта бошад, балки, баръакс ҳамеша дертар, тақрибан соатҳои 18-и бегоҳ аз амбулатория мебаромад ва он ҳам бештар танҳо. Дар давоми ба шифохона рафтанам донистам, ки Алиева Гулбаҳор натанҳо дар шифохона, балки ба хонаҳои беморон низ рафта, ба онҳо доруву сӯзандоруҳо мегузаронидааст. Аҳсан ба ӯ. Ҳол он ки, ӯро низ дар хона шавҳару фарзандон интизоранд ва ҳар лаҳза дуои саломатии ӯро мекунанд. Вале дар ин ҳолат ӯ касбу вазифаашро аз ҷонаш боло мондаву баҳри кӯмак ба мардум кӯшиду боз ҳам мекӯшад.

Баъд аз якчанд рӯз ба амбулаторияи мазкур ҳамкасбони ӯ Қурбонова Зайнаб, Нурматова Рисолат, Нурматова Малоҳат, Нигмонова Шамсия, Раҷабова Гулрухсор, Абдуллоева Раъно, ки яке аз бистари беморӣ бархоставу дигаре ба ин шифохона интиқол ёфта буданд, барои кӯмаки мардум ҳозир шуданд.

Ба ин занҳои матинирода, ба ин духтурони ҷасуру ғамхор, ки моро дар ин лаҳзаҳои вазнини руҳиву ҷисмонӣ танҳо нагузоштанду то ҳол барои сиҳатии мо талош мекунанд, як ҷаҳон аҳсану сипос ва дар баробари ин, ба ҳамаи духтурони дохиливу хориҷӣ офарин мегӯем.

Фирӯз КОМИЛЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here