Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Тавре аз суҳбат бо сартабиби Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шарипов Ф. Р. маълум гардид, феълан дар марказ 420 кати хоб мавҷуд мебошад ва дар шаш моҳи соли равон аз кулли ҷумҳурӣ 1556 ашхоси бемор дар марказ аз ташхису муолиҷа гузаштаанд.

 

Сохтор ва фаъолияти марказ

Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина яке аз сармуассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи хадамоти зиддисилӣ буда, мақсади ташкилёбии он расонидани кӯмаки баландихтисоси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илман ва амалан асосноки муосири пешгирӣ, ташхис, муолиҷа ва офияти нафаронест, ки гирифтори бемории сил ва шуш мебошанд.

Сохтор, соҳаи фаъолият ва миқдори катҳои табобатии марказро муассис дар асоси эҳтиёҷоти аҳолӣ ба кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ муқаррар кардааст.

Барои ноил шудан ба мақсади ташкилёбии худ марказ фаъолиятҳои зеринро анҷом медиҳад:

— бистарӣ намудани беморони алоқаманд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

— ташкилу гузаронидани ташхиси мукаммали клиникӣ, рентгенологӣ ва озмоишгоҳӣ;

— табобати беморон ва аз микобактерияҳои силӣ тоза намудани балғами  беморон;

— гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба беморони ба ҷарроҳӣ ниёздошта;

— гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории сил ва пешгирии сирояти бемории сил дар байни беморон ва хешовандони беморон;

— баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони алоқаманд;

— рушди иқтидор ва истифодаи босамари хоҷагии ёрирасон;

— расонидани ёрии ташкилию дастурии соҳавӣ ба муассисаҳо ва мутахассисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

— ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо кафедраҳои силшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон;

— анҷом додани фаъолияти дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои чунин муассисаҳо муқаррар намудаанд.

 

Комиссия оид ба назорати табобат

Дар марказ комиссияи гуруҳи корӣ оид ба назорати табобат (ВКК) ва комиссия оид ба тафтиши фавтидагон (КИЛИ) фаъолият доранд, ки аз тарафи онҳо мунтазам кори табобатӣ ва фавти беморон омӯхта, норасоӣ ва иштибоҳҳои мавҷуда ислоҳ мешаванд. Илова бар ин, дар марказ гуруҳи кории мутамарказонишуда оид ба ташхис ва табобати беморон фаъолият мекунад.

Ҳамаи таҷҳизоти ташхисию тиббие, ки барои ташхис ва табобат пешбинӣ шудаанд, бе нуқсон фаъолият карда истодаанд. Ташхисгоҳҳои бактериологӣ бо таҷҳизот ва доруҳои лозима муҷаҳҳаз шудаанд.

Дар беморхона маркази омӯзишӣ барои беморон дар ҳар як шуъба ташкил карда шудааст, ки дар байни беморон машғулиятҳо оид ба сил ва пайдоиши он ва роҳҳои пешгирӣ ва табобати он гузаронида мешавад.

 

Баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон

Барои баланд бардоштани савияи дониши табибон, ҳамшираҳои шафқат давраҳои омӯзишӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои дохиливу хориҷӣ мунтазам гузаронида мешаванд.

Ҳама қарору фармонҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказ ворид мешаванд, дар амал мавриди иҷроиш қарор дода мешаванд.

Баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар донишкада ва донишгоҳҳои такмили ихтисоси шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар гузаронида мешавад.

Ҳар як моҳ дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина машварати тиббӣ гузаронида мешавад, ки оид ба сари вақт ислоҳ намудани хатоиҳо ва оид ба ташхису табобати беморон гуфтугузор сурат мегирад.

 

Ҳамкориҳо бо шарикони дохилу хориҷ

Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина бо ин ташкилот ва муассисаҳо — Барномаи ҲОУП, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, марказҳои зидди силии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бонки рушди Олмон ҳамкории пурсамар дорад.

 

Дастовардҳои Маркази миллии бемориҳои сил

Дар шаш моҳи соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина чунин корҳо бо сатҳу сифати хуб ба роҳ монда шудаанд:

— ташхиси тести мутобиқати дорувориҳои қатори дуюм (моксифлоксатсин, протионамид, паск, линизолид, бедаквилин, деламанид) ва ташхиси генетикӣ барои муайян намудани ҳасосияти микобактерияи сил ба доруҳои қатори дуюм;

— дар сатҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Дастурамал оид ба ташхис ва табобати бемории сил дар байни кӯдакон;

— бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва лоиҳаи KNCV бо хӯроки серғизо мунтазам таъмин кардани шуъбаи мутобиқгашта ва шакли васеи мутобиқгаштаи сили марказ;

— дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ба роҳ мондани реҷаи нави кӯтоҳмуддати дорувориҳои зидди сили қатори дуюм.

 

Нишондодҳои ҷарроҳӣ

Номгӯй 6 моҳи  с. 2018 6 моҳи  с. 2019
Ҷарроҳӣ 151 193
Фавт аз ҷарроҳӣ
Осебдидагон баъди ҷарроҳӣ 2 1
Пунксияи қафаси сина 360 302
Пунксияи пайвандҳо ва шикам 129 180
Пунксияи пардаҳои мағзи миён 59 64
Малҳамбандӣ (перевязка) 621 549
Гаҷбандӣ 126 134
Мадҳушкунӣ (ҳамагӣ) 151 193
Эндотрохиалӣ 3 5
Мадҳушкунии дохили раги хунгард 148 188

 

Дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина дар муддати 16 сол ин миқдор бемор бистарӣ карда шудаанд:

 

2002 2003 2004 2005 2006 2007 2008 2009 2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016 6 моҳи

2019

966 1381 1430 1610 1856 1896 1381 1260 1160 1385 2136 1970 2010 2008 2131 1556

 

Дар шаш моҳи соли равон дар марказ аз 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин миқдор беморон ба табобат фаро гирифта шудаанд:

 

Ноҳия Миқдор
6 моҳи с. 2019
1 ш. Душанбе 278
2 Вилояти   Хатлон 521
3 Вилояти  Суғд 58
4 Вилояти  Бадахшон 40
  Воҳиди маъмурӣ  

 

Хулоса ва пешниҳодот

Дар Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ҳоло зиёда аз 20 дарсади беморони сил дар ҳолати вазнин бистарӣ мебошанд, ки ин беморон ба ғайр аз бемории сил осеби бемории хунқайдкунӣ, чиркгирии пардаҳои шуш, пайвандҳои дасту пой, сутунмуҳра, мағзи сар, варами ҷигар, норасоии шушу дил ва камхунӣ доранд.

Ҳоло дар марказ худсарона рафтани беморон аз табобат ҷои аввалро ишғол мекунад, ки ин ҳам бошад аз сабаби нарасидани доруҳои табобати патогенетикӣ ва нокифоя будани хӯроки серғизо мебошад.

Барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони марказ ва ёрии илмию амалӣ салоҳ аст, ки яке аз кафедраҳои бемориҳои сил (ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ё ин ки Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳудуди беморхона ҷойгир карда шавад.

Ба ҷои охирсухан

Сартабиби Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина Шарипов Ф. Р. бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки мутахассисони марказ новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда дар таъмини самараноки барномаи рушди соҳаи тандурустӣ, устуворсозии пояҳои моддию техникӣ ва беҳтаршавии сатҳу сифати хизматрасонии саривақтии сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ, тансиҳатию некӯаҳволии мардум аҳамияти боз ҳам бештар дода, аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд, то солимии ҷомеаро таъмин намоянд. Зеро солимии миллат — ин солимии давлат низ ҳаст.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий