Таърихи мухтасари таъсисёбӣ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бузургтарин муассисаи миёнаи касбии тиббӣ буда, собиқаи тӯлонии фаъолияти пурсамар дар байни дигар коллеҷҳои ҳамсонро дорост.  Таърихи ин макони илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. 25 августи соли 1935 бо Қарори  Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт. Солҳои аввал омӯзишгоҳ душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Мутахассисон – омӯзгорони.маҳаллӣ намерасиданд, машғулиятҳо ба забони русӣ ва ба воситаи тарҷумонҳо баргузор мегаштанд, заминаи моддию техникии таълимгоҳ дар савияи паст қарор дошт. Қатъи назар аз ин, омӯзишгоҳ беш аз пеш рушду тараққӣ меёфт.

Асосгузор ва аввалин директори омӯзишгоҳ А.В. Тиханович буд. Ӯ то соли 1939 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузошт. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Ю. И. Додхоев, У. У Умаров, Ф. А. Абдураҳмонов, М. Қ. Қаюмова, М.К. Отаева, А.Ҳ. Ҳакимҷонов, Б.Ш. Гадоев ва Ҳ. И. Ибодов роҳбарӣ намудаанд. Айни замон роҳбарии Коллеҷро нлмзади илми тиб, бонуи ғамхору дилсӯз ва роҳбари кордону соҳибтаҷриба Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода ба ӯҳда дорад.

Имрӯзҳо Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” калонтарин таълимгоҳи миёнаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Марказҳои таълимӣ – табобатӣ ва истеҳсолӣ

Коллеҷ дорои зиёда аз 255 кабинетҳои таълимӣ, 10 толори лексионӣ, 3 синфъонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ,  1 маҷлисгоҳи бузурги муосир барои 300 нафар,  1 ошхона барои 80 кас мебошад. Айни ҳол сохтмони бинои нави замонавии Коллеҷ дар суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 идома дорад.

 

Заминаҳои моддӣ — техникӣ

Заминаҳои моддӣ — техникии коллеҷ зина ба зина такомул ёфта, бахусус, дар замони соҳибистиқлолӣ ба пешрафту дастовардҳо ноил шуданд. Феълан дар коллеҷ якчанд Марказҳои таълимӣ – табобатӣ ва истеҳсолӣ фаъолият доранд:

— Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ,

— Маркази таълимӣ-истеҳсоли доругӣ,

— Маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия,

— Маркази таълимӣ-табобатии стоматология,

— Маркази таъмири техникаи тиббӣ,

— Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш,

— Маркази таълимӣ – истеҳсолии “Дорусозӣ”,

— Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ,

— Маркази таълимӣ-ахборотии таълими фосилавӣ оид ба банақшагирии оила;

— 4 ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ);

— Осоишгоҳи таълимӣ – таҷрибавӣ ва фароғатӣ

 

Ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир

Дар Коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос “Кори табобатӣ”, “Кори ҳамширагӣ” – дар шакли таҳсили рӯзона ва шабона, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, “Кори ҳамширагӣ дар косметология”, “Кори момодоягӣ”, “Кори фарматсевтӣ” – дар шакли таҳсили шабона ва рӯзона, “Кори тиббию ташхисӣ”, “Кори дандонсозӣ”, “Кори тиббию профилактикӣ”, “Ташхис ва табобати нурӣ”, “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, “Кори тиббию офиятӣ”, “Кори табобати дандон” мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда мутахассисон омода карда мешавад.

Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ шуъбаҳои Шуъбаи кадрҳо, Шуъбаи илмӣ – методӣ, Шуъбаи таълим ва шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ, кор бо ҷавонон ва робитаҳои байналмилалӣ мавҷуд аст.

 

Шакли таълим ва факултетҳо

Шакли таълим дар Коллеҷ рӯзона ва шабона буда,  шумораи муҳассилини коллеҷ 6908 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо 1951 нафарашон писарон ва 4957 нафарашон духтарон мебошанд, 2560  нафар тариқи буҷавӣ ва 4348  нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ муҳассилин аз рӯи 17 ихтисос дар 14 факултети рӯзона ва 2 факултети таълими шабона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инҳо факултаҳои       Кори умумитиббӣ,   Кори ҳамширагӣ, Кори ҳамширагӣ дар косметология, Кори ҳамширагӣ (баъди хатми синфи 9), Кори момодоягӣ,          Кори фарматсевтӣ, Корҳои тиббӣ – ташхисӣ, Кори дандонсозӣ, Корҳои тиббӣ —  профилактикӣ, Ташхис ва табобати нурӣ, Техника ва таҷҳизоти тиббӣ, Офиятбахшии тиббӣ, Кори табобати дандон, Кори фарматсевтӣ (баъди хатми синфи 9 дар шуъбаи рӯзона ва ҳамчунин, Кори ҳамширагӣ ва Кори фарматсевтӣ дар шуъбаи шабона мебошанд.

Хотирнишин бояд кард, к ибо афзудани нуфузу эътибори Коллеҷ дар миқёси хориҷ аз кишвар ҳамакнун ба ин даргоҳи маърифат донишҷӯёни бурунмарзӣ низ талош меварзанд, то муҳассили он бошанд ва аз файзи донишу малакаи устодони соҳибтаҷрибаи он баҳравар гарданд. Ин аст, ки феълан дар Коллеҷ 24 нафар донишҷӯёни хориҷӣ — аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (7 нафар), Ҷумҳурии Туркманистон (15 нафар) ва Россия (2нафар) таҳсил менамоянд.

 

Ҳамкории пурсамар – баҳри болоравии сатҳу сифати таълим

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.

Аз он ҷумла коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ш. Душанбе нисбати омодасозии Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва ихтисосҳои алоҳида, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои алоҳидаи таълимӣ, таҳияи адабиётҳои таълимӣ, ташкил, омодасозӣ ва иштирок намудан дар конфронсу семинарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани Олимпиадаҳои донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон ва зерсохторҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳамкории пурсамар дорад.

 

Ҳамкориҳои байналмилалӣ – таҳрикбахши рушд

Ҳамчунин, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ

Дар доираи ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар хатмкардагони факултаи “Корҳои тиббӣ-офиятӣ” Сайфова Гулноза Турғуновна, Раҳимова Дилноза Алиевна, Шарипова Шоҳсанам  Ғаффорҷоновна, Раҳимова Некбахт Маҳмаднаимовна дар Донишкадаи MOBILITY INDIA шаҳри Бонголори Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки мутахассисонро оид ба реабилитатсияи тиббӣ омода менамояд бо маблағгузории ташкилоти мазкур таҳсил намуда истодаанд.

Агентии Швейтсариягӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ

Дар доираи Лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон” — нақшаи ҳамкориҳо бо ташкилоти мазкур барои соли 2018 тасдиқ карда шудааст. Дар доираи он чорабиниҳо оид ба чопи адабиёти таълимӣ оиди ихтисоси тибби оилавӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони коллеҷҳои тиббӣ, ба хориҷи кишвар барои такмили ихтисос сафарбар намудани омӯзгорон ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии мазкур лоиҳаи «Кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон» амалӣ гашта истодааст.

Ҷамъияти Ҳолмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ – GIZ

Дар ин раванд байни ҷамъияти мазкур ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамкорӣ байни лоиҳаи Мanagement4health баста шудааст. Омӯзгорони кафедраи тибби оилавии Коллеҷ аъзои гурӯҳи корӣ оид ба амалисозии Лоиҳаи «Беҳтарсозии ғизои модарон, навзодон ва кӯдакон” шомил мебошанд.

Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA)

Бо агентии мазкур Коллеҷ оид ба беҳтарсозии омодасозии мутахассисони ихтисоси техника ва таҷҳизоти тиббӣ ҳамкорӣ менамояд. Якчанд маротиба сӯҳбату вохуриҳо ташкил карда шуда, масъалаи омодасозии мутахассисони ихтисоси мазкур ва такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таъмири техника ва таҷҳизоти тибӣ пешниҳодҳо карда шудаанд. Дар соли 2019 дар нақшаи кории агентии мазкур чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ҷой карда шудааст.

 

Иштироки донишҷӯён дар  олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ

Донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни “Рафиқона” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшида ба Наврӯзи Аҷам ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки санаи 3 марти соли 2018 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд. Дар озмуни мазкур Ҳиҷрони Суҳроб — донишҷӯи бахши 3 – юми факултети “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Забони англисӣ” ҷойи 1 – ум, Лоиқова Таманно — донишҷӯи бахши 2 – юми факултети “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Биология” – ҷойи 1- ум, Ҷӯраева Тахмина — донишҷӯи бахши 2 – юми факултети “Кори момодоягӣ” аз фанни “Забони русӣ” – ҷойи 2 – юм, Шарипова Маҳина Шуҳратовна — донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Забон ва адабиёти тоҷик” — ҷойи 3 – юм, Шарифзода Маҳмадшариф Шамсиддин — донишҷӯи бахши 1 – уми факултети “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Химия” – ҷойи 3 – юмро ишғол намуда, аз тарафи тадорукоти озмун бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар байни донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултетҳои Коллеҷ озмуни дохилимуассисавӣ гузаронида шуда, 14 нафар донишҷӯёни болаёқат барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ пешниҳод карда шуданд. Дар баробари ин,  тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ш.Душанбе дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати забондонии наврасону ҷавонон ва ба ин васила ҷалб намудани онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз санаи 06.04 то 12.04 соли 2019 дар байни донишҷӯёни фаъоли факултетҳо озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” гузаронида шуд, ки ғолибони озмун ба унвони Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ш.Душанбе пешниҳод карда шудаанд.

 

Дастовардҳо ва ихтирооти устодону шогирдони Коллеҷ дар соли 2018

Озмун – фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтирокорони наврас ва ҷавон» санаи 12 октябр то 13 октябри соли 2018 таҳти шиори «Ҷавонон — созандагони Ватан» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин озмун 7 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо пешниҳоди 8 лоиҳаи ихтироъкорӣ иштирок намуданд. Боиси сарфарозист, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯёни факултети «Техника ва таҷҳизоти тиббӣ», бахши дуюм Тошбекова Мафтунахон (лоиҳаи дастгоҳи равшандиҳанда аз офтоб), Мардонова Азиза (лоиҳаи дастгоҳи қувватдиҳанда аз офтоб), Саидов М., (лоиҳаи стендӣ — донишатро бисанҷ), Назаров Х., (лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ), Ашурализода З. (лоиҳаи дастгоҳи хабардиҳанда) ва Исломзода Ҷ. (лоиҳаи дастгоҳи ҳавософкунанда) дар озмун сазовори диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

 

Гирандагони стипендияи номӣ

Соли таҳсили ҷорӣ 9 нафар донишҷӯёни Коллеҷ дар озмунҳо иштирок намуда, сазовори унвони гирандагони стипендияҳои номӣ гаштанд, аз ҷумла 1 нафар гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар гирандаи стипендияи раиси шахри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, 4 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳияи Сино ва ҳамчунин, ду нафар донишҷӯён сазовори гирандагони стипендияи Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

 

 Хобгоҳи муҷаҳҳаз ва замонавӣ

Хобгоҳи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ 28/1 ҷойгир буда аз 4-ошёна ва 126 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Айни замон дар хобгоҳ шумораи умумии истиқоматкунандагон 512 нафарро дар бар мегирад. Шумораи духтарон- 279 нафар, писарон — 233 нафар мебошанд. Дар хобгоҳ 12 нафар ятимони кулл истиқомат доранд, ки аз онҳо 7 нафар духтарон ва 5 нафарашон писарон мебошанд. Пеш аз оғози таҳсил хобгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, гирду атрофи он бо дарахтони сояафганд ва гулу гулбуттаҳо оро дода шуданд. Дар давраи зимистонгузаронӣ 127 ҳуҷраи истиқоматии хобгоҳ бо воситаи гармидиҳии барқӣ таъмин карда шудаанд. Дар ҳавлии хобгоҳ гармхона ташкил карда шудааст, ки дар он бо кӯмаки донишҷӯён сабзавот, лимон ва гулҳои мавсимӣ кишт карда шудаанд. Нархи маблағи солонаи хобгоҳ 477 сомониро ташкил медиҳад.

 

Устодони дорои унвонҳои илмӣ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  айни замон 517 – нафар кормандон фаъолият доранд. Аз он ҷумла 300 нафар омӯзгорони  асосӣ ва 80  нафар омӯзгорони соатбайъ.

То имрӯз 34 нафар омӯзгорони Коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии “Аълочиии тандурустии Тоҷикистон”, 15 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар бо нишони сарисингагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 9 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08 соли 2018, №1080, сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот дар Коллеҷ Мазабова Нуқра Илназаровна бо медали Шафқат сарфароз гардонида шудааст.

Дар Коллеҷ 4 нафар доктори илмҳои тиб, 14 нафар номзади илми тиб, 1 нафар номзади илмҳои филология фаъолият менамоянд. Шумораи омӯзгорони асосии дорои дараҷаи тахассусии олӣ 78 нафар, якум 55, дараҷаи дуюм 48 нафар дар маҷмуъ соҳиби дараҷаи тахассусӣ 181 нафарро ташкил медиҳад.

 

Аҳамияти дарсҳои таҷрибавӣ дар такмили дониши муҳассилин

Таълими амалии донишҷӯён дар зиёда аз 100 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин, дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонхонаҳо,  амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси  шартномаҳо гузаронида мешавад. Шумораи ҳуҷраҳои таълимии амалӣ зиёда аз 119 ададро ташкил медиҳанд, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудаанд.

 

Дасти сахо ба донишҷӯёни эҳиёҷманд

Донишҷӯёни ятиму бепарастор таҳти назорати доимии раёсати коллеҷ қарор доранд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳурияӣ» айни замон ҳамагӣ 44 нафар ятим, ки 42 нафари он ба тариқи буҷавӣ, 332 нафар бепарасторон – 44 нафари онҳо ройгон ва 12 нафар маъюб дар факултаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, 12 нафар ятим бо ҳуҷраҳое, ки дар хобгоҳ барои ятимони кул бо тамоми лавозимот ҷиҳозонида шудаанд, ройгон таъмин карда шудаанд.

Донишҷӯёни ятиму бепарастор бо идрорпулии ҳармоҳа таъмин шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи маъмурияти Коллеҷ пайваста ба ятимону бепарасторон маблағҳои буҷетӣ ва хайриявӣ ҷудо карда мешаванд. Аз ҷумла,  дар соли 2017 ба 162 нафар ва дар соли 2018 ба 174 нафар мутаносибан дар ҳаҷми 6431 сомонӣ ва 5983, 86 сомонӣ кумакпулӣ расонда шудааст. Дар баробари ин, аз ҳисоби Иттифоқи касабаи донишҷӯён дар соли 2017 ба 44 нафар ва дар соли 2018 ба 42 нафар донишҷуёни ниёзманд мутаносибан дар ҳаҷми 13600  сомонӣ ва22500 сомонӣ, аз ҳисоби Бахши ҷавонони Коллеҷ бошад, тай иду соли охир дар маҷмуъ наздики 20 ҳазор сомонӣ ёрдампулӣ расонда шудааст.

Ҳамзамон, ба Раҳимова Шоиста — донишҷӯи бахши 4, факултаи “Кори момодоягӣ”, ки ҳамчун  ятими кул ба қайд гирифта шудааст, дар тӯйи арӯсиаш аз тарафи Иттифоқи касабаи донишҷӯён ба маблағи 2000 сомонӣ ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд. Инчунин мутобиқи банди 59 и Қоидаҳои қабул 2 нафар ятимони кулл ва 2 — нафар маъюби гурӯҳи 2 – юм бинобар сабаби холҳои мусбӣ ба даст оварданашон берун аз озмун ба сафи донишҷӯён қабул карда шуданд.

 

Дараҷаи тахассус ва бо кор таъминкунии хатмкунандагони Коллеҷ

Ҳамасола мутобиқи Тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани тақсимоти мутахассисони ҷавон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст, тақсимоти фардии хатмкунандагони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” гузаронида мешавад.

Дар соли таҳсили 2018 – 2019 низ бо иштироки гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Коллеҷ таъсис дода шудааст ба 281 нафар хатмкунандагон  тақсимоти фардӣ гузаронида шуд.

 

Китобхонаи коллеҷ

Фаъолияти китобхона тибқи нақшаи корӣ ва Низомномаи китобхона, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Қироатхона иборат аз 60 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамарӯза  донишҷӯён  дар  толори  китобхона  ба  мутолиаи адабиёти  таълимӣ,  тахассусӣ ва  ва адабиёти мухталиф машғул гашта, ҳамчунин аз китобхонаи электронӣ  истифода  мебаранд.

Айни замон хазинаи  китобхонаи Коллеҷ ба  62 738 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 12 196 ададро китобҳои тахассусӣ, 37 645 ададро таълимӣ, 20 80  ададро методӣ ва 8 882 ададро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳад Адабиёти сиёсӣ, фарҳангӣ бошад, дар ҳаҷми 1935 адад мебошад.

Моҳи апрели соли 2018 дар Коллеҷ аксияи ҷамъоварии китобҳои бадеӣ байни омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он ба хазинаи китобхонаи Коллеҷ 6 405 адад китоб ворид гардид.

Миқдори умумии адабиётҳо ба ҳар як донишҷӯ 10,1 адад ва таълимӣ тахасусӣ бошад, 8,1 ададро ташкил медиҳад.

Дар давоми 3 соли охир шумораи умумии китобҳо ба 19 526 адад, аз ҷумла адабиёти умумтаълимӣ ба 8 234, тахассусӣ ба 2 688, бадеӣ ба 6 790 адад, ва адабиёти сиёсӣ-фарҳангӣ ба 1814 адад зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар Коллеҷ китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки бо 15 адад компютер ва 1 адад принтер таъмин мебошад. Компютерҳои китобхона бо хати Интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 2 500 адад китобҳоро дар шакли электронӣ, филмҳои таълимӣ, маводи лексионӣ дар шакли презентатсияҳои ва модулҳои таълимӣ, маҷмуи саволҳои тестӣ иборат мебошад, ки донишҷӯён ҳамарӯза аз он васеъ истифода мебаранд.

Мудири китобхона ва китобдор, якҷоя бо роҳбарияти Коллеҷ  барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, зиёд намудани аъзоёни китобхона ва хазинаи китобхона, таъмири китобҳои кӯҳнаву фарсудашуда ва маҳфуздории сифатноки китобҳо мунтазам кор мебаранд.

М. Мақсадуллоҳ

Добавить комментарий